СИЛ (Tuberculosis), бемории сироятии музминест, ки дар узвҳои гуногун, бештар дар шуш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти махсуси илтиҳобӣ мегардад. Барангезандаи он – микобактерияи С.-ро с. 1882 олими немис Р. Кох кашф намудСИЛ (Tuberculosis), бемории сироятии музминест, ки дар узвҳои гуногун, бештар дар шуш боиси ба вуҷуд омадани тағйироти махсуси илтиҳобӣ мегардад. Барангезандаи он – микобактерияи С.-ро с. 1882 олими немис Р. Кох кашф намуд. Мегӯянд, ки касалии С. баробари инсон аз қадим вуҷуд дорад. Ба ин гуфтаҳо далелҳои ҳафриёт ва ҳуҷҷатҳои одамони қадим шаҳодат медиҳанд. Мас., дар байни 10 скелети мумиёшудаи мисриҳо, ки ба а. 27 то м. тааллуқ дорад, 4 нафари он осори С.-и сутунмӯҳра дошт. Дар кодекси қонунҳои Ҳамурапа (а. 18 то м.) С.-и шуш тасвир ёфтааст, ки барои аз зани гирифтори С. ҷудо шудан ҳуқуқ медод. Дар солномаҳои русии а. 16 ва китобҳои тиббии нимаи дуюми а. 17 ин беморӣ бо номҳои гуногун ифода ёфтааст. Ба шароити зиндагии одам вобаста будани С. ва ҷараёни вазнину ба марг сабаб шудани он кайҳо маълум буданд. Дар бораи миқёси бадбахтиҳои иҷтимоие, ки С. ҳамчун яке аз бемориҳои асосии кураи замин сабабгори онҳо буд, маълумоти оморӣ гувоҳӣ медиҳанд; ҳанӯз дар ибтидои а. 20 дар Европа ҳар сол аз С. қариб 1 млн аҳолӣ вафот мекард. Дар Россия аз ҳар 10 ҳаз. сокини Петербург соле аз касалии С.-и шуш 30 наф. одам ҳалок мегардид. Ба он одамони ҳамаи синну сол, миллат ва касбу кор, алалхусус сокинони маҳалҳои коргарнишини шаҳрҳои калон ва аҳолии азиятдидаи гӯшаю канорҳои Россия гирифтор мешуданд. Вазъият дар қаламрави ҳозираи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ беҳ набуд. Бар асари С. дар шаҳру деҳот одамони зиёд мефатвиданд, аз ҷониби ҳокимон ягон хел тадбири пешгирии он андешида намешуд. Беҳтар гардидани шароити моддӣ ва гигиении зиндагӣ ва баланд шудани дараҷаи маданияти аҳолӣ, комёбиҳои илми тиб (таҳияи усулҳои ташхиси барвақтии касалӣ, табобати самарабхш ва пешгирии он) ва ҳифзи тандурустӣ дар давраи шӯравӣ (ваксинатсияи оммавӣ, ташкил намудани шабакаи махсуси диспансерҳои зидди С., табобати дарозмуддати ройгон ва ғ.) боиси он гардид, ки фақат аз с. 1960 то 1972 дараҷаи касалӣ ва фавти одамон аз С. беш аз ду маротиба, инвалидӣ қариб 5 маротиба кам шуд. Махсусан дараҷаи вусъатёбии С.-и кӯдакон ва наврасон якбора коҳиш ёфт; усули табобати С.-и милиарӣ (арзансор) ва сарсоми силӣ, ки пештар ҳатман боиси марг мегардиданд, дарёфт шуд. Бо вуҷуди ин С. ҳанӯз дар байни гурӯҳҳои синну солашон гуногуни аҳолӣ ҷой дорад. Ба С. ғайр аз одамон, ҳайвоноти хонагӣ, асосан чорвои калон ва паррандаҳо низ гирифтор мешаванд; онҳо дар деҳаҳо манбаи сироят аз ангезаи С. мебошанд. С. аз гови касал ба воситаи ширу ҷурғот ва аз мурғ ба воситаи тухм гузашта метавонад. Он ҳамчунин бо роҳи паҳн шудан, мас., ба говдӯш ё онҳое, ки ба мол нигоҳубин мекунанд, сироят менамояд. Манбаи асосии сироят одами бемор аст. ӯ ба воситаи балғам микобактерияи сершумори С.-ро ихроҷ мекунад (ҳомилини батсилла). С. ду навъ мешавад: возеҳ (кушода) ва ноаён (пӯшида). Ҳангоми С.-и возеҳ дар балғами бемор микобактерияи С. мушоҳида мешавад; агар бемор тадбирҳои гигиениро риоя накунад, атрофиён аз ӯ сироят меёбанд. Ҳангоми С.-и ноаён балғами бемор микобактерия надорад; чунин беморон барои атрофиён хавфнок нестанд, аммо дар сурати авҷ гирифтани беморӣ онҳо ба атроф ангезаҳои С.-ро хориҷ хоҳанд кард. Дар мавриди бо беморони гирифтори С.-и возеҳ робитаи тасодуфӣ ва кӯтоҳмуддат доштан, сирояти С. нисбат ба робитаи наздику бардавом камтар рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, шароити мусоиди санитарие, ки дар он гирифтори С. зиндагӣ мекунад, инчунин риояи тадбирҳои эҳтиётӣ барои сироят наёфтани дигарон ниҳоят зарур аст. Дар сурати ба ҷо овардани ҳамаи талаботи гигиенӣ одами гирифтори С. барои атрофиён тамоман безарар мебошад. С. бемории ирсӣ нест. Одатан, аз волидони бемор кӯдакони солим ба дунё меоянд. Аммо агар волидон дуруст табобат накунанд, худро эҳтиёт нанамоянд, дар он сурат кӯдак сироят ёфта, ба С. гирифтор мешавад.
С. бештар тавассути ҳавою қатраҳои балғам ва оби даҳон паҳн мегардад; ҳангоми сурфидан ва атса задан, қатраҳои хурди балғам ва оби даҳон, ки микобактерия доранд, ба ҳаво, фаршу деворҳои хона ва асбобҳои рӯзгор меафтанд. Микробҳо пас аз хушкидани балғам низ қобилияти ҳаётии худро дер гоҳ нигоҳ медоранд (махсусан дар ҷойҳои торик). Дар ин сурат ангезандаи С. ба одами солим ба воситаи зарф, сару либос, сачоқ, ҷойпӯш, китобу бозичаҳо ва ғ. сироят мекунад. Дар аснои рӯфтани хона ва афшондани ашёи бемор микобактерияҳои С. имкон доранд, ки ба роҳи нафаси дигарон ворид шаванд. Микобактерияҳои С. асосан ба воситаи шуш, баъзан ба воситаи роҳи меъдаю рӯда (вақти нӯшидани шири хоме, ки микобактерияи С. дорад), инчунин тавассути ҷойҳои харошхӯрдаи пӯст (дар говдӯшҳо, коргарони комбинати гӯшт) ба организм роҳ меёбанд. Микобактерияҳо ба организм ворид гашта, онро сироятнок мекунанд, аммо беморӣ мумкин аст инкишоф наёбад. Он дар мавриди суст шудани қобилияти муқовимати организм бинобар аз сар гузаронидани касалиҳои дигар, камхӯрокӣ (алалхусус дар аснои норасидани сафедаҳои ҳайвонӣ, витаминҳо), бад будани шароити санитарию гигиенӣ сар мезанад. Бештар онҳое, ки иммунитети заиф доранд, наврасон дар синни балоғатрасӣ (дар натиҷаи ноустувории танзими асабию эндокринӣ), инчунин кӯҳансолоне, ки муқобилияти организми онҳо ба сироят суст гаштааст, бемор мешаванд. Ангезандаи С. пеш аз ҳама ба шуш зарар мерасонад. Дар бофтаҳое, ки микобактерияҳои С. роҳ ёфтаанд, дар шакли доначаҳо ё манбаъҳои калон ҷойҳои газакгирифта ба вуҷуд меоянд; онҳо аввал ба некроз (таҷзия)-и казеозӣ мубаддал гашта, сипас гудохта мешаванд. Агар муқобилати организм ба қадри кофӣ баланд бошад, пас ин манбаъҳо ҷаббиш меёбанд; аксаран дар атрофи онҳо лифофа (капсула)-и ғафс ҳосил гардида, худи манбаъҳо бо бофтаи пайвандӣ пӯшида мешаванд, яъне манбаъ гӯё карахш баста, ҳамзамон намакҳои калсий такшон мешаванд. Дар шароити ногувор тағйироти хоси бофтаҳо авҷ гирифта, манбаи гудохтаи некроз дар ҷои худ холигӣ (каверна) ба вуҷуд меорад. Дар каверна микобактерияҳои С. меафзоянд ва тавассути нойчаҳои шуш дигар қисматҳои онро иллатнок мекунанд; ин ҳолат ҷараёни бемориро вазнинтар мегардонад. Дар балғами ин қабил беморон ҳамеша микобактерияҳо мавҷуданд; пайдоиши каверна боиси хунпартоӣ ва ҳатто хунравии шуш низ мегардад. Микобактерияҳои С. нафақат шушро иллатнок мекунанд, ҳамчунин онҳо ба воситаи рагҳои лимфа ва хунгузар (аз шуш ва уқдаҳои лимфавӣ) ба организм паҳн мешаванд, дар бандҳо, устухонҳо, қабатҳои мағзи сар ва гурда ҷамъ меоянд, бо балғам ба луобпардаи даҳон, ҳалқум, рӯдаҳо ворид мегарданд. Дар ҳамаи ин узвҳо низ манбаъҳои махсуси илтиҳоб пайдо мешаванд. Муолиҷа. С. зери назорати қатъии духтур аввал дар шифохона, пас дар шароити амбулаторӣ табобат карда мешавад. Доруҳои навтарини зидди силро вобаста ба навъу вазнинии касалӣ истеъмол мекунанд. Аз рӯи қоида ин доруҳо ба муддати дароз таъин карда мешаванд. Доруҳое, ки барои табобати С. пешбинӣ шудаанд, ба зудӣ аломатҳои касалиро бартараф менамоянд; таб мӯътадил шуда, сурфа қатъ меёбад, вазъи умумии бемор беҳ мегардад. Аммо ин чунин маъно надорад, ки бемор шифо ёфтааст. Аксар вақт беморон вазъи худро аз будаш беҳтар мушуморанд ва бар хилофи маслиҳати духтур доруҳоро истеъмол намекунанд. Онҳо бо ин роҳ ба худ зарари ислоҳнопазир мерасонанд. Фақат духтур муайян карда метавонад, ки бемор шифо ёфтааст ё на. Риоя накардани таъиноти духтур (мас., истеъмоли номунтазами дору) самараи табобатро паст мекунад, баъзан боиси инкишофи микобактерияҳои ба доруҳо тобовар мегардад. Тамокукашӣ низ таъсири номусоид мерасонад, майзадагӣ бошад, барои шифои бемор монеаи ҷиддӣ аст. Ҳангоми табобати С. ҳатман усулҳое истифода мешаванд, ки онҳо неруи муҳофизии организмро тақвият медиҳанд. Муолиҷа дар санатория ва истифодаи омилҳои табиӣ, хӯроки серғизо, кори ҷисмонии сабук (дар як маврид варзиши бадан ва обутоби организм, дар мавриди дигар оромӣ мефармоянд) аҳамияти калон дорад. Дар баъзе ҳолатҳо қисми аз С. осебёфтаи шуш, гурда ва ғ.-ро ҷарроҳӣ мекунанд. Табобати С.-и устухону бандҳо хусусиятҳои худро дорад. Пеш аз ҳама бемор, алалхсус кӯдакро ба зарурати муолиҷаи тӯлонӣ тайёр мекунанд, ба ӯ фаҳмондан зарур аст, ки ҳангоми С.-и устухону бандҳо табобат бояд то охир расонда шавад; қатъ кардани табобат ё пеш аз мӯҳлат вайрон намудани оромӣ сабаби авҷ гирифтани беморӣ мешавад. Ба бемор шароити мусоид муҳайё месозанд, ӯ набояд худро аз зиндагии муқаррарӣ дур ҳис намояд. Зиндадилӣ ва табъи болида гарави шифои бемор мебошанд. Барои оромии узви иллатнок табобати ҷузъӣ мебояд. Одатан, ба мӯҳлати бардавом гаҷбандӣ мекунанд ё аз усулҳои дигар истифода мебаранд; дар мавриди зарурат ба ҷарроҳӣ даст мезананд. Барои муолиҷаи кӯдакони гирифтори С.-и устухону бандҳо вақти зиёд лозим аст. Табобат, одатан, дар санаторияҳои махсус гузаронида шуда, кӯдакон дар он ҷо мувофиқи барномаи муқаррарии мактаб таҳсил менамоянд. Гоҳо кӯдаконеро, ки гаҷбандӣ карда шудаанд барои табобати амбулаторӣ рухсат медиҳанд. Дар чунин ҳолат волидон бояд тамоми таъиноти духтурро ба ҷо оваранд, назорат кунанд, ки кӯдак пояшро ба замин намонад (агар ин манъ карда шуда бошад). Барои он ки гачбанд накафад, бемор бояд дар бистари тахту ҳамвор хобад (одатан, ба кат тахта мегузоранд). Ҳангоми дуру дароз бо гачбанд гаштан дар пӯст доначаҳои римнок пайдо шуда, аз онҳо бӯи бад меояд. Бинобар ин ба ҷойҳои дастраси пӯст атр ва спирти сирко молида, ҳар замон бандинаро «шамол» медиҳанд (ба зери гач 5 – 10 дақ. бо ёрии чангкашак ё чизи дигар ҳаво мефиристанд). Тадбирҳои сари вақт ошкор намудани беморӣ, назорати доимӣ ва табобати беморон ба зиммаи диспансерҳои зидди касалии сил гузошта шудаанд. Диспансер гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро бо мақсади ошкор намудани С. муоина мекунад, барои беҳбудии манзилгоҳ (хусусан онҳое, ки микобактерия ихроҷ мекунанд) ва бо кор таъмин будани беморон ғамхорӣ зоҳир менамояд, барои ташкили низоми кор тавсия медиҳад. Таблиғоти санитарӣ ва якҷоя бо стансияи санитарию эпидемиологӣ андешидани тадбирҳои ҷилавгирӣ аз С. низ аз қабили вазифаҳои диспансерҳо мебошанд. Диспансер беморонро ба қайд мегирад, мунтазам ба саломатии онҳо назорат мекунад, тадбирҳои зарурии табобатӣ мегузаронад, инчунин маризонро бо дору таъмин менамояд. Диспансер беморонро дар касалхона ва санаторияҳои махсус мехобонад. Табобати С. ройгон аст. Гарави муолиҷаи босамари ҳама гуна шаклҳои С. риоя намудани тартиби муайянкардаи духтур, ғизои сервитамин, ҳавои тоза (шамол додани хонаҳо, сайругашт дар ҳавои тозаи иқлими мусоид), гузариши тадриҷӣ аз истироҳати пурра ё оромӣ ба кори сабук ва сипас ба кори муқаррарӣ мебошад. Муолиҷаи муштараки саривақтӣ барои шифои беморон имконият медиҳад. Пешгирӣ. Ҷилавгирии С. аз тадбирҳои иҷтимоӣ, санитарӣ ва махсус иборат аст. Пешгирии иҷтимоӣ аз маҷмӯи тадбирҳое иборат аст, ки ба беҳтар гардидани вазъи саломатии аҳолӣ нигаронда шудаанд: қонунгузории меҳнатӣ, муҳофизати модарон ва кӯдакон, сохтмони манзилгоҳ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин, беҳтар намудани шароити моддии ҳаёт, баланд бардоштани маданияти умумии аҳолӣ ва татбиқи донишҳои санитарӣ (ниг. Маорифи санитарӣ), инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт. Пешгирии санитарӣ тадбирҳои роҳ надодан ба сирояти С.-ро дарбар мегирад. Беморони гирифтори С.-и кушода то қатъ гардидани ихроҷи микобактерияҳо дар беморхона бистарӣ мешаванд. Хавфи сироят ёфтан махсусан дар оила бештар аст, аз ин рӯ ҳамаи онҳое, ки бо ихроҷкунандаи бактерия тамос доранд, таҳти назорати диспансери зидди С. гирифта мешаванд. Духтури маҳалла ҳар моҳ аз ҳоли бемор хабар мегирад, аз болои иҷрои таъиноти духтур назорат мебарад. Хоҳари шафқат ба бемор ва аъзои оилаи ӯ пешгирии шахсӣ ва малакаҳои гигиениро меомӯзонад, тарзи безарар гардондани балғам, зарф, ашёи истифодаи шахсиро нишон медиҳад. Бемор бояд барои ҷамъ кардани балғам туфдони сарпӯшдор дошта бошад. Ҳамин ки балғам то нисфи туфдон ҷамъ шуд, ба болои он (аз рӯи ҳисоби 2 г ба ҳар 10 мл) оҳаки хлорнок андохта, нағз меомезанд ва 2 соат дар ҳамин ҳолат нигоҳ медоранд. Ҳамчунин ба туфдон ҳаҷми дучанди маҳлули 5-фоизаи хлорамин низ андохтан мумкин аст. Пас аз безарар гардонидан ҳамаи онро ба канализатсия мерезанд, туфдон ва зарфро мешӯянд. Чизҳои бемор (алалхусус дастрӯймолча ва сачоқ)-ро дар халтаи алоҳида гирифта, пеш аз шустан шабона дар маҳлули хлорамин тар мекунанд ва 30 дақ. меҷӯшонанд; зарфҳоро ҷудогона мешӯянд (беҳтараш 15 дақ. дар маҳлули 2-фоизаи собуну сода меҷӯшонанд) ва бо сачоқи алоҳида пок мекунанд. Сару либоси беморро зуд-зуд дарзмол карда, офтоб додан лозим аст. Хонаро ҳар рӯз бо латтаи тар, фарши онро бо маҳлули гандзудо пок мекунанд. Нобуд кардани магасҳо шарти хеле муҳим аст. Агар беморро ба касалхона баранд, хонаи ӯро дезинфексия карда, ба дару девор маҳлули тамйизӣ мепошанд ва пас аз 2 соат пок мекунанд (девору сақфро сафед ё гулкоғази онро иваз бояд намуд). Барои дар давраи оғози беморӣ ошкор кардани С. муоинаи оммавии аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад муоинаи оммавии флюорографӣ (ниг. Флюорография) гузаронда мешавад. Он имкон медиҳанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тағйироти патологии шуш ошкор ва зарурати тадқиқи минбаъдаи рентгенологӣ муайян гардад. Ғайр аз ин тадқиқоти лабораториро низ истифода мебаранд. Барои сари вақт маълум кардани С.-и кӯдакон дар марказҳои саломатӣ, боғчаю мактабҳо озмоиши туберкулинии Манту гузаронида мешавад. Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ шахсоне, ки ба муассисаҳои бачагона, корхонаю муассисаҳои истеҳсолу фурӯши озуқаворӣ, муассисаҳои хизмати маишӣ (сартарошхона, ҳаммом, ҷомашӯйхона ва ғ.) ба кор даромаданианд, пеш аз дохил шудан ва ҳар сари чанд вақт аз муоинаи тиббӣ мегузаранд; беморони гирифтори шаклҳои фаъоли С. ба муассисаҳои номбурда ба кор қабул карда намешаванд. Пешгирии махсуси касалии сил ба тавассути ваксинаи БСЖ (кишти заифгардидаи микобактерия, ки олимони франсавӣ Калметт ва Герен ба даст овардаанд) сурат мегирад. Чунин ваксинаро бо иҷозати духтур ба ҳамаи навзодон ба тариқи ҳатмӣ мегузаронанд. Наврасон ва калонсолон низ ҳангоми натиҷаи манфӣ додани озмоиши дохилипӯстии туберкулинӣ моякӯбӣ карда мешаванд. Беморӣ дар байни кӯдаконе, ки моякӯбӣ карда шудаанд, нисбат ба онҳое, ки моякӯбӣ накардаанд, хеле кам аст. Давомоти таъсири ваксина 4 – 5 сол аст, баъди он муқовимат тадриҷан гум мешавад. Бинобар ин, то 30-солагӣ ҳар сари чанд вақт ваксинатсияи такрорӣ (реваксинатсия) зарур аст. Ба кӯдакону наврасоне, ки бо беморони С.-и кушода тамос доранд, инчунин ба одамоне, ки хавфи бемор гаштани онҳо зиёд аст, пешгирии кӯтоҳмуддати химиявӣ (то 3 моҳ) гузаронида, доруҳои зидди С.-ро истифода мебаранд.
Просмотрено: 1
lib.infopage.tj
1.Сил чӣ гуна беморӣ мебошад?
–СИЛ -бемории сироятӣ, яъне гузаранда мебошад. Боиси осеби шуш ва баъзан дигар узвҳои бадан мегардад. Сил аз қадимулайём вуҷуд дорад ва ба инсон маълум аст.
2.Сарчашма, манбаи пайдоиши сил аз куҷост?
–Сарчашмаи сироят шахси бемор мебошанд. Аз ҳама манбаи хавфноктарин беморе мебошад, ки микроб хориҷ мекунад. Ингуна беморон дар як шабонарӯз беш аз миллиард адад микроб хориҷ мекунанд ва агар микроб бо балғам хориҷ шавад, атрофиён зуд сироят меёбанд. Барангезанда, бавуҷудоварандаи бемориро микобактерия ё худ чӯбчамикроби Кох меноманд.
3.Сил бо кадом роҳҳо сироят меёбад?
— Роҳи асосии сирояти сил ҳавоӣ-чакраӣ мебошад. Микробҳои сил дар вақти гап задан, сулфидан, атса задан бо қатраҳои балғам ва оби даҳони шахси бемор ба масофаи то 1,5-2 метр ба атроф паҳн мешванд. Шахси солим аз ин ҳаво, яъне аз ҳавои олудаи микроб нафас кашида сироят меёбад, ба ифодаи дигар, бактерияҳои сил аз шахси бемори сили шадиди шуш ба одами солим ба воситаи роҳҳои нафас мегузаранд.
Роҳи дуюм –сили модарзод аст. Баъзе кӯдаконе, ки аз модари гирифтори бемори сили пошхӯрда ба дунё меоянд, дар батни модар ё ҳангоми таваллуд аз сил сироят ёфтанашон мумкин аст.
Роҳи сеюмро –сили тамосӣ гуфтаанд. Ин гуфта маънии онро дорад, ки микробҳои сил ба ин ё он ҷойи пӯсти захмдор афтида, касро ба сил мубтало сохтанашон мумкин мебошад. Аммо ин намуди сироят басо кам дучор меояд, зеро пӯст хосияти баланди бактериякушӣ дорад.
4.Аломату нишонаҳои бемории сил кадомҳоянд?
Аломату нишонаҳои бемории силро ба умумӣ ва ҷузъӣ ҷудо кардаанд. Нишонаҳои умумӣ инҳоянд:
Нишонаҳои ҷузъӣ:
Инро ҳам бояд донист, ки сил бидуни ҳеч аломати хосса низ метавонад касро ба «дом»-и худ афтонад. Одатан, дар ин ҳолат нафари мавриди «ҳамла» дар ибтидо худро бемор эҳсос намекунад, аммо тадриҷан нерӯ ва қувватро аз даст медиҳад, баъдтар беиштиҳоӣ, дамкӯтоҳӣ, шабонгоҳ арақкунӣ пайдо мегардад, инчунин таби на он қадар баланд –пагоҳӣ табби муътадил, бегоҳӣ то 37-37,5 дараҷа, дар аввал сулфаи хушк, баъд бо балғам мушоҳида мешавад.
5.Дар мавриди мушоҳида намудани аломату нишонаҳои бемории сил чӣ кор бояд кард?
–Бе таъхир, ҳатман ба муассисаи тиббии наздиктарини муроҷиат бояд намуд. Баъд аз пурсуҷӯву сӯҳбат, вобаста ба шароиту имконият амал карда хоҳад шуд: дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо шахси бемор дарҳол аз ташхис мегузарад. Сокинони деҳот вабаста ба шароит ё дар ҷойи истиқомат ва ё дар маркази ноҳия аз ташхис хоҳанд гузашт.
6.Ба бемории сил гирифтор шудан ё нашуданро чӣ тавр дақиқ муайян мекунанд?
–Барои дақиқ муайян намудани сил шахси бемор 3 маротиба балғам месупорад. Намунаи аввали балғам дар мавриди бори якум ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардан, намунаи дуюм- саҳари рӯзи дигар, баъд аз шустани дасту рӯй, намунаи сеюм-дар беморхона, баъд аз гирифтани натиҷаи намунаи дуюм супорида мешавад. Балғамро дар озмоишгоҳ (лаборатория) аз санҷиши микроскопӣ мегузаронанд.
7.Барои чӣ маҳз балғам санҷида мешавад?
–Санҷиши балғам яке аз роҳҳои беҳтарин, дақиқ муайян сохтани беморӣ ва ройгон мебошад. Дар балғам дарёфт кардани бактерияҳо-микробҳои сил осон аст. Агар микобактерияҳои сил ошкор карда шаванд, ин маънои онро дорад, ки бемор дар баданаш шакли гузарандаи силро дорад.
ТАВАҶҶУҲ: ташхиси балғам ройгон/бепул мебошад!
8.Сироят ёфтан оё маънии мубтало шудан ба бемории силро дорад ё не?
–Не, на ҳама сироятёфтагон ба бемории сил мубтало мешаванд. Агар одам ҳавои олудаи бактерияҳои силро нафас кашад, метавонад аз сил сироят ёбад. Ин гуфта маънои онро дорад, ки бадани инсон дорои намудҳои камҳаракат ва карахти бактерияҳои бемории сил мебошад. Чунин намуди бактерияҳо бемории силро ба вуҷуд намеоранд, одами сироятёфта микробҳои касалиоварро хориҷ намекунад ва атрофиён сироят намеёбанд. Микробҳо муддати дароз дар бадан «дар ҳолати хоб» зиндагӣ карда метавонанд, вале на ҳамеша бемориро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолатро «сироятёбӣ» мегӯянд. Муҳаққиқони соҳа ёдрас мекунанд, ки беш аз 1/3 қисми аҳолии рӯйи Замин аз барангезандаҳои сил сироят меёбанд, вале дар тӯли ҳаёт танҳо 5-10 дар сад аз ин беморӣ ранҷу азоб мекашанд. Ба тарзи дигар ифода намоем, аз 100 нафар мумкин аст 5-10 нафар ба бемории сил мубтало шавад.
Таъкидан ёдрас менамоем, ки шахси сироятёфта ҳоло бемори сил нест. Шахси бемор касест, ки дар ӯ аломату нишонаҳои бемории сил ошкор шудаанд.
9.Як нафар бемори хориҷкунандаи микробҳои сил дар давоми сол чанд нафарро метавонад сироят намояд?
–Мувофиқи омӯзиши мутахассисон як нафар бемори хориҷкунандаи сил дар давоми сол метавонад 10-15 нафар наздикон ва ҳамнишинони худро сироят намояд.
10.Оё мешавад, ки «бактерияҳои дар ҳолати хоб буда» баъд аз чандин сол «бедор» шуда, одамро ба сил гирифтор намоянд?
–Эҳтимол дорад. Агар шахси сирояёфта сусту нотавон, масуният/иммунитети баданаш заиф гашта бошад, бактерияҳои хобрафта шояд фаъол шаванд.
11.Сироят ёфтан ё наёфтанро муайян намудан имкон дорад ё не?
–Имкон дорад. Онро озмоиши Манту мегӯянд. Ин санҷиш маҳз барои муайян намудани шахсони сироятёфта ба амал оварда мешавад. Маҳлули махсусро ба мавзеи оринҷ равон мекунанд, ки он то муддати 3 шабонарӯз дар бадан таассур/реаксияро ба вуҷуд меорад. Ин намуди санҷиш танҳо ва танҳо барои муайян кардани сироятнок будан ва ё набудани шахси тадқиқшаванда гузаронида мешавад. Агар натиҷаи санҷиш «мусбат» барояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бадани инсон бактерияҳои сил вуҷуд доранд, вале дар ҳолати «хоб», ғайрифаъол мебошанд. Дар чунин мавридҳо аксаран кӯдакони сироятёфта бо мақсади пешгирии сил аз табобати махсуси кимёвӣ гузаронида мешаванд.
12.Кадом узви бадан аз ҳама бештар ба сил гирифтор мешавад?
–Аз ҳама бештар шушҳо ба бемории сил гирифтор мешаванд. Мувофиқи маълумотҳо аз шумораи умумии беморони сил 80-85 дар садро (фоизро) беморони сили шуш ташкил медиҳад. Микробҳои сил ба роҳи нафаси одами солим ворид гардида, баъд ба шуш мегузаранд. Вале пеш аз шуш гузаштан дар роҳҳои нафаскашӣ ба чандин монеаҳо дучор омада, қисман маҳв мешаванд. Микробҳои боқимонда ба бофтаҳои шуш дохил шуда, дар ҳубобчаҳои шуш афзоиш меёбанд, аз худ заҳр ҷудо мекунанд, ҳатто дар шуш шикофиҳо ба вуҷуд меоранд. Дар вақти дар шуш пайдо шудани шикофӣ бемор бо балғам микробҳои силро берун мебарорад ва атрофиёнро сироят мекунонад.
13.Оё сили шуш аломатҳои хоси худро дорад?
–Бале, дорад. Он аломатҳо инҳоянд:
14.Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш ба сил гирифтор шудан мумкин аст ё не?
–Аз либос ва дигар ашёҳои бемори сили шадиди шуш: либосҳо, сачоқ, рӯймолча, зарфҳо, китоб сироят ёфтан мумкин аст. Хеле кам бошад ҳам, ҳангоми вохӯрӣ кардан ва бӯсидан низ эҳтимоли сироятёбӣ мавҷуд мебошад.
15.Табобати бемории сил тақрибан чанд муддат давом мекунад?
–Табобати бемории сил аз 6 то 8 моҳ давом мекунад. Муҳлати табобатро ба ду давра ҷудо кардаанд:
16.Давраи дуюми табобат дар ҷойи истиқомат мегузарад. Шахси бемор дар ин давра чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад ва чӣ тавр рафтор намояд?
17.Наздикони бемор дар ин давра чӣ корҳо бояд кунанд?
18.Вазифаи кормандони тиб дар ин давра аз чӣ иборат аст?
–Вазифаи муҳимми кормандони тиб дар ин давра таъмини дорувориҳо ва назорати доимии истеъмоли доруҳо аз тарафи бемор мебошад. Одатан ин вазифа ба ӯҳдаи як корманди тиб гузошта мешавад.
19.Дар давраи дуюми табобат бемори сил метавонад ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавад?
–Ин пеш аз ҳама ба ҳолати бемор вобаста мебошад. Ба корҳои сабук машғул шудан танҳо ба фоидаи саломатӣ хоҳад буд. Бисёр хуб мешуд, ки чуқур нафас кашиданро машқ намояд. Чунин машқ ба шушҳо қувват мебахшад ва ба пурра шифо ёфтани онҳо мусоидат намояд.
20.Чаро истеъмоли ҳамаи намудҳои доруҳои зидди сил дар давраи табобат барои беморон зуруру ҳатмӣ мебошад?
–Мунтазам, то охир аз рӯйи нишондонди духтур истеъмол намудани доруҳо –роҳи ягонаи комилан шифо ёфатани бемори сил мебошад. Аз ин рӯ ҳатмӣ ва зарур дониста шудааст. Пас аз чанд муддат худро беҳтар ҳис кардани бемор ҳоло маънои онро надорад, ки ӯ пурра шифо ёфтааст. Бактерияҳо пурра нобуд нашудаанд, танҳо ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ ёфтааст. Баръакс, агар доруҳо мувофиқи нишондоди духтур истеъмол нашаванд, беморӣ имкон дорад шиддат ёбад, дар ҳолати вайрон намудани реҷаи муолиҷа бошад, хавфи он аст, ки беморӣ табобатнопазир гардад. Агар дар қабули доруҳо танаффус шавад, беморӣ метавонад шакли давомнокро гирад, агар зуд-зуд такрор гардад, муолиҷа бенатиҷа хоҳад монд.
ТАВАҶҶУҲ: ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ РОЙГОН МЕБОШАНД!
21.Маълум шуд, ки сироят ёфтан маънии мубтало шудан ба бемории силро надоштааст. Пас киҳо ба сил бештар гирифтор мешаванд?
–Одамоне, ки масуният/иммунитети баданашон сусту заифу нотавон аст, ғизои носолим мехӯранд, камқуввату бемадоранд, дар шароити бади иҷтимоӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва рӯҳафтодаю маъюс мебошанд, бештар ба «дом»-и бемории сил гирифтор мегарданд. Илова бар ин, сил ба наздикону атрофиёни шахси гирифтори сили шадид, маҳбусон, заноне, ки фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд, нафарони мубталои ВНМО (ВИЧ), майхорагону нашъамандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, бекорон, одамони бесарпаноҳ, кӯдакони то 6-сола, ба одамоне, ки бемориҳои музмин/кӯҳна, монанди диабети қанд, захми рӯдаю меъда, саратон доранд ва дар минтақаҳои аз нигоҳи вазъи эпидемологии сил пурхавф кору зиндагӣ мекунанд, таҳдид менамояд.
22.Бактерияҳои сил дар куҷоҳо бештар «манзил» мекунанд?
–Бактерияҳои сил дар хонаҳои зисти беморони сил, манзилҳое, ки ҳавояшон вазнину камҳаракат буда, соатҳо дару тирезаҳоро намекушоянд ва ҳаворо тоза намекунанд, хонаҳое, ки офтоб намедарояд ва пуррутубат мебошанд, «манзил» мекунанд. С.П.Боткин гуфта буд, ки сил қисмати сокинони таҳхонаҳо мебошад. Бактерияҳои сил инчунин дар хобгоҳҳои серодам, нақлиётҳои мусофирбар, ҳабсхонаҳо ва умуман ҷойҳои серодам соатҳо давр мезананд. Табиист, дар чунин ҷойҳо хавфи сироят хеле ва хеле зиёд хоҳад буд.
23.Аз хонаводае, ки бемори сил ошкор шудааст, боз киҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
–Ҳамаи кӯдакони то синни 14-сола ва калонсолон, ки дар як хона бо бемор зиндагӣ мекунанд, бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Зеро бинобар суст будани иммунитети бадан кӯдакон зуд сироят ёфтанашон мумкин аст. Ҳамчунин шахсоне, ки зуд-зуд сулфа ва атса мезананд, бояд ҳатман балғамро барои ташхис супоранд.
24.Барои чӣ «микобактерия» ва «чӯбачамикроби Кох» мегӯянд, инҳо чӣ маънӣ доранд?
— Маънии «микобактерия» -микробҳои занбӯруғмонанд аст. «Чӯбчамикроби Кох» аз номи донишманди олмонӣ Роберт Кох гирифта шудааст. Ӯ соли 1882 ангезандаи силро кашф намуд ва бо ин бозёфти хеш дар илми силшиносӣ гардиши азиме ба вуҷуд овард. Кох бактерияи тозаи силро ҷудо карда, дар таҷриба нишон дод, ки он шакли чӯбчаро дорад ва дар ҳамаи ҳуҷайраҳо ҷой мегирад. Ӯ бактерияҳои силро дар маҳлулҳои махсус парвариш карда, бо роҳи таҷрибавӣ силро ба вуҷуд овард. Роберт Кох баъд аз марг сазовори ҷоизаи Нобел гашт.
25.Бактерияҳо ба бадан ворид шуда, ба ғайр аз шуш боз ба кадом узвҳо зарар мерасонад?
–Бактерияҳо ба бадан ворид гашта, метавонанд ба узвҳои гуногуни инсон, ба банду устухонҳо, сутунмӯҳра, чашм, узвҳои дарунӣ, ғадудҳо, гурда, пӯст осеб расонад. Шумораи беморони ғайришуш тақрибан аз 25 то 30 дар садро ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз сили шадиди шуш дигар намуди силҳо, яъне сили банду буғумҳо, сутунмӯҳра ва ғайра ба атрофиён хатаре надоранд.
26.Оё силҳои ғайришуш аломату нишонаҳои хоси худро доранд?
–Бале, доранд. Аломатҳои бемории сил аз он вобата мебошанд, ки бактерияҳои сил дар куҷо ҷойгиранд ва ба кадом узв осеб расонидаанд. Масалан, агар сил дар сутунмӯҳра инкишоф ёбад, дар бемор ҳисси дарди сахти миён ва дигар шудани шакли сутунмӯҳра мушоҳида мешавад. Аммо ба замми он, аломату нишонаҳои умумӣ низ зоҳир мегарданд:
27.Микробҳои сил то кадом дараҷа тобоваранд?
–Бояд гуфт, ки микробҳои сил чандин намуд мешаванд, аз онҳо 3 намудашон барои инсон зарароваранд. Ин микробҳо бениҳоят тобоваранд –онҳоро хунукии беш аз 70 дарараҷа нобуд карда наметавонанд, дар мавриди хушконидани балғам онҳо то 3 моҳ зинда мемонанд. Вале дар мавриди ҷӯшонидани об пас аз ним соат нобуд мегарданд, ба нурҳои офтоб низ тобовар нестанд.
Микробҳои сил қобилияти зисти худро дар ҷавҳар (экстракт), ишқор, спирт, ҷойҳои торику серрутубат ва ифлос муддати дароз нигоҳ медоранд.
28.Наход бар зидди бемории сил ягон гуна дорую давое набошад, ки касро аз он ҳифзу ҳимоя намояд?
–Бар зидди бемории сил ваксина/эмгузаронии махсус мавҷуд аст, ки онро БСЖ (зидди касалии сил) меноманд. Онро соли 1919 донишмандони франсуз Калметт ва Герен пас аз 13 соли тадқиқу таҷриба кашф намуданд ва ваксинаи БСЖ номиданд. БСЖ кӯдаконро аз ду намуди бениҳоят вазнини бемории сил –сили пардаҳои сар ва сили пошхӯрдаи шадид ҳифз менамояд. Тифлон бори аввал дар рӯзҳои 3-5-уми таваллуд ба зидди сил эм гузаронида мешаванд. Мушоҳидаи муҳаққиқони соҳа нишон медиҳад, ки кӯдакони эмкардашуда ба бемории сил камтар гирифтор мешаванд, агар мабодо гирифтор шаванд ҳам, ба шаклҳои вазнини касалӣ мубтало намешаванд ва онро сабук мегузаронанд Ба тифли аз модари гирифтори бемории сил ба дунё омада низ эмгузаронӣ (БСЖ) ба амал оварда мешавад, вале то ду ҳафта аз модар ҷудо нигоҳ доштан лозим, модар метавонад бо ниқоб ба тифл шир диҳад. Маҳлули БСЖ-ро то соли 1962 ба даҳони тифли навзод мечаконданд, аз соли 1962 ба қабати пӯсти сари китф гузаронида мешавад.
29.Дар бораи шакли мутобиқгаштаи сил (ШМС) бисёр мегӯянду бисёр менависанд. Мехостем онро ба таври содатар фаҳмонед?
–Дар ҳақиқат, дар даҳсолаҳои охир дар бораи шакли мутобиқгаштаи сил бисёр мегӯянд, адабиётҳо низ фаровонанд. Аммо табиист, ки маънии ин истилоҳ ба мардуми аз тиббу табобат дур чандон мафҳум нест. Маънии ин истилоҳ чист? Мо дар боло аз микобактерияҳои сил ё худ чӯбчамикроби Кох, ки барангезанда, бавуҷудорандаи бемори сил мебошанд, ёдрас шудем. Шакли мутобиқгаштаи сил –шакли махсуси бемории сил аст, ки ана ҳамин барангезандаи сил –микобактерия ба доруҳои асосии зиддисилӣ тобовар мешавад, ба ифодаи дигар минбаъд доруҳо ба ҷараёни беморӣ бетаъсир мегарданд, аз он баъд хӯрдани ин доруҳо ба бемор фоидае намерасонанд.
30.Шояд мутобиқ шудани бадан ба доруҳо ва бетаъсир гаштани онҳо сабабҳо дошта бошад?
–Албатта, бетаъсир шудани доруҳо, одат кардани бадан бесабабу беасос нест. Ин ҷо сабабҳо бисёранд, агар он сабабҳоро омӯзем, мебинем, ки ба аксарияти онҳо маҳз худи шахсони гирифтори сил гунаҳгоранд ва ин ҳам аз амиқан дарк накардани чӣ гуна беморӣ будани сил ва оқибатҳои ногувори он сар мезанад. Чӣ тавр? Кам нестанд бемороне, ки бо эҳсос кардани каме беҳбудӣ гумон мекунанд, ки пурра шифо ёфтаанд, минбаъд ба рафти табобат бепарво мешаванд: доруҳоро дар вақташ намехӯранд, ба таври худ аз истифодаи баъзе доруҳо даст мекашанд, дар табобат танаффус мекунанд, ба як сухан, реҷаи табобатро вайрон ва то ба охир намерасонанд. Ана ҳамин сабабҳо боис мешаванд, ки одам ба шакли мутобиқгаштаи сил гирифтор шавад.
31.Оё аз бемори гирифтори шакли мутобиқгаштаи сил хавфи сироят ёфтан вуҷуд дорад?
–Бале, вуҷуд дорад. Шакли мутобиқгаштаи сил низ бо роҳи ҳавоӣ-чакраӣ сироят меёбад. Аломату нишонаҳои бемории ШМС низ монанд ба сили муқаррарӣ аст, ки онҳоро ёдовар шудем (нигаред ба саволи 4). Бадиаш он аст, ки аз бемори шакли мутобиқгаштаи сил шахси сироятёфта маҳз ба шакли мутобиқгаштаи бемории сил гирифтор мешавад ва лозим меояд, ки муддати дароз табобат гирад.
32.Тарзи табобати бемории ШМС чӣ гуна сурат мегирад?
–Табобати ШМС низ аз ду давра иборат аст –давраи табобати шиддатнок (фаъол) ва давраи табобати ёрирасон. Давраи табобати фаъол дар беморхонаи зиддисилӣ мегузарад, давомнокии табобат аз натиҷаи кишти балғами бемор вобаста мебошад. Маъмулан ин давра на камтар аз 8 моҳ давом меёбад, яъне то ба даст омадани 4 натиҷаи манфии кишти балғам (ҳар як натиҷаи манфии кишти балғам дар давоми 2 моҳ ба даст меояд). Давраи табобати ёрирасон дар ҷойи истиқомат мегузарад, муддати табобот на камтар аз 12 моҳ, агар ҳолати бемор вазнинтар бошад, то 18 моҳ давом мекунад. Танҳо муддати табобат ШМС нисбат ба муддати табобати сили муқаррарӣ тақрибан як баробар зиёдтар аст. Ин муддати кам нест, аз он пеш аз ҳама бемор ранҷу азоб мекашад, баъд наздикону пайвандон. Роҳи ягонаи гирифтор нашудан ба ШМС бе каму кост иҷро кардани нишондоди табибон ва то охир, пурра табобат намудани сили муқаррарӣ мебошад!
33.Маънии «кишти балғам» чист?
–Ҳамон тавр ки дар боло таъкид шуд, санҷиши балғам роҳи осон ва беҳтарини ташхиси бемори сил мебошад. Шарҳи содаи «кишти балғам» он аст, ки дар ҳар 2 моҳ аз бемор барои фаҳмидани натиҷаи табобат санҷиши балғам мегиранд, онро дар шароити озмоишгоҳ бо маводҳои махсус кишт мекунанд ва натиҷа пас аз 6-8 ҳафта тайёр мешавад Пас аз он аз таҳқиқи микроскопӣ мегузаронанд, сохт ва намуди микробҳоро муайян мекунанд. Аз натиҷаи таҳқиқ ҳолати бемор, рафти ҷараёни табоботро муайян менамоянд. «Манфӣ» дар истилоҳи тиб маънии беҳбуд ёфтанро дорад.
34.Ҳангоми табобати ШМС чӣ душвориҳо пеш меоянд, то ки бемор онро донад ва ба табобат тайёр бошад?
–Аз эҳтимол дур нест, ки аз доруҳо ҳиссиёти ногувор ба амал ояд, яъне таъсири манфии доруҳо эҳсос гардад, аз ҷумла:
Одатан таъсири манфии доруҳо дар 2-3 ҳафтаи аввал мушоҳида мегардад, баъзан дертар низ эҳсос мешавад. Вазифаи бемор он аст, ки аз пайдо шудани чунин ҳолат дарҳол табибро огоҳ намояд, худсарона аз хӯрдани доруҳо даст накашад. Аз ҳама муҳим босабру таҳаммул бошад ва рӯҳафтода нагардад.
35.Оё ба зани гирифтори бемории сил ҳомила шудан ва таваллуд кардан мумкин аст?
–Фарзанди солим аз модари солим ба дунё меояд. Агар ташхис муайян кунад, ки зан, дар ҳақиқат, мубтало ба сил аст, ба ӯ истифодаи доруҳои пешгирикунандаи ҳомиладорӣ тавсия дода мешавад. Баъди гирифтани муҳлати пурраи табобат, пас аз ташхису тадқиқ ва бовар ҳосил намудан, ки дигар бемории сил ба ӯ хавфу хатар надорад, ҳомила шудан ва таваллуд намудан мумкин аст. Вале боз беҳтар мебуд, ки як муддати муайян аз беморӣ гузарад, бадан баъд аз касалӣ «ба худ ояд», то андозае бошад ҳам, қуввату нерӯ ёбад, зеро сил дарди сабуку зудгузар нест, муддати дароз касро нороҳату ранҷур месозад, ҷисмро лоғару беҳолу бемадор мекунад.
36.Оё ба зани ҳомилаи гирифтори сил истифодаи доруҳои зиддисилӣ мумкин аст?
–Бале мумкин аст, вале бемор бояд ҳамеша зери назорати табиби занон ва силшинос бошад.
37.Оё модари мубталои сили шуш метавонад тифли ширмаки худро дар давоми муолиҷа, ҳангоми қабули доруҳои зиддисилӣ макконад?
–Беҳтар аст, ки модар дар давраи табобати шиддатнок, яъне дар даврае, ки ҷараёни микробхориҷнамоӣ хотима наёфтааст, кӯдакро намаконад. Доруҳои зиддисилӣ ба шири модар таъсири бад надоранд. Аммо, ба ҳар ҳол, тифл бояд ҳатман зери назорати духтур бошад. Ин ҷо донистан бисёр муҳим аст, ки тифл мабодо пеш аз табобат гирифтани модар сироят наёфта бошад. Ин кор танҳо ба хотири тансиҳатии кӯдак мебошад. Зан бояд ба қоидаҳои тозагии шахсӣ риоя кунад, даҳону биниашро бо ниқоб маҳкам намояд.
38.Модари гирифтори сили шуш метавонад тифлону кӯдаконро навозишу меҳрубонӣ намояд?
–Модари гирифтори сили шуш, ки дар ӯ ҷараёни хориҷшавии микроб қатъ нагардидааст, хубтар аст кӯдакони то синни 7-соларо навозишу меҳрубонӣ накунад, аз худ дур нигоҳ дорад, чунки масуният/иммунитети бадани кӯдакон сусту заиф мебошад. Онҳо осон ба сил мубтало шуданашон мумкин аст. Ба кӯдаконе, ки бо бемори сил дар як хона зиндагӣ мекунанд, дар фаслҳои тирамоҳу аввали баҳор доруҳои махсуси пешгирикунандаи сил додан ба фоидаи саломатии онҳо хоҳад буд.
39.Оё ҳангоми бемории сил бо ҳамсар ҳамхоба шудан мумкин аст?
–Бале, мумкин аст. Вале танҳо баъди се-чор ҳафтаи истеъмоли бонизоми доруҳои зиддисилӣ. Барои чӣ? Зеро дар ин муддат ихроҷи микроб қатъ мегардад, хавфи паҳншавии барангезандаи сил аз баён меравад.
40.Чаро муҳоҷирони меҳнатӣ ба бемории сил гирифтор мешаванд?
–Сабаби ба бемории сил гирифтор шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба чанд омил вобаста аст. Пеш аз ҳама таъсири номусоиди шароити корӣ. Маълум аст, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар сохтмон кор мекунанд. Сохтмон бе чангу ғубор, наму рутубат, моддаҳои химиявӣ намешавад. Зери таъсири чунин шароит, ки мумкин аст моҳҳо ва солҳо давом ёбад, ҷараёни кори шуш вайрон шуда, қобилияти муҳофизавии он ва умуман тамоми бадан паст мегардад. Дар чунин ҳолатҳо чӯбчамикроби сил ба бадан ворид гардида, дар шуш зуд инкишоф меёбад ва бемории силро ба вуҷуд меорад. Омили дигар ба хӯрду хӯроки муҳоҷирони меҳнатӣ марбут аст. Боз ҳам бинобар набудани шароити мувофиқу муносиб, истеъмоли ғизои носолим иммунитети бадан сусту заиф гашта, барои пайдо шудани бемории сил замина мешавад. Ниҳоят, маърифати тиббӣ надоштани муҳоҷирони меҳнатӣ, ба сиҳатии хеш бепарво будани онҳост.
41.Оё муҳоҷирони меҳнатии гирифтори сил депортатсия карда мешаванд?
–Аввалан, ба шахсоне, ки дар онҳо аломату нишонаҳои сил мушоҳида мешавад, сафар кардан ба кишварҳои хориҷа маслиҳат нест, агар сафар кунанд ҳам, дер ё зуд депортатсия хоҳанд шуд. Мабодо дар муҳоҷиарат ба сил гирифтор шаванд, дар сурати пардохтани харҷи табобат дар ҳамон ҷо табобат карда мешаванд, дар акси ҳол ба ҷойи истиқомати доимӣ фиристода хоҳанд шуд.
42.Беморони сил чӣ гуна ғизо бояд истеъмол кунанд?
–Дар шифоёбии беморони сил дар баробари доруҳо ғизоҳои босифат аҳамияти калон доранд. Таркиби ғизои беморон бояд аз сафеда бой бошад. Сафеда дар таркиби шир, гӯшт, тухм, моҳӣ форовон аст, бинобар ин хӯрадни ин неъматҳо ба тану ҷони бемор бисёр муфид хоҳад буд. Ҳамчунин хӯрадани чарбҳои тезҳалшавандаи дорои витамини А –равғани маска, қаймоқ, саршир ва чарбҳои растанигӣ –(аз 1/3 ҳисса) маслиҳат дониста шудааст. Дар беморони сил ҳангоми авҷи касалӣ хориҷшавии барзиёди намакҳои минералӣ–калий, калсий, фосфор, хлориди натрий ба вуҷуд меояд. Барои барқарор кардани ин намакҳо истеъмоли неъматҳои аз ин моддаҳо бой- шир, панир, ҳар гуна кашаҳо, тухм, анҷир, зардолуқоқ, мавиз, донагиҳо, маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ судманд мебошанд.
43.Табобати бемории сил то кадом дараҷа аз худи бемор вобаста аст?
–Муваффақият ва натиҷаи табобат, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, аз худи шахси бемор, аз дарки дурусти беморӣ, аз сабру таҳаммул, рӯҳия ва иродаи ӯ вобаста мебошад. Ба замми ин, ӯ бояд донад ва иҷро кунад:
44.Оё омилҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба зиёд ва ё кам шудани сил таъсир мерасонанд?
–Бале, таъсир мерасонанд. Беморӣ ва фавт аз сил дар айёми ҷангҳо, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва офатҳои табиӣ авҷ мегиранд. Масалан, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иқтисодӣ ва сатҳи зиндагӣ поин рафт, мардум моҳҳо, ҳатто солҳо зери асорати фашистон монданд, ҳазорони дигар дар конслагерҳо азобу ранҷ кашиданд. Бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил авҷ гирифт ва ҳазорон-ҳазорро ба марг расонид. Ҳамин ҳолат кам бошад ҳам, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба амал омад. Ниҳодҳои тиббӣ бинобар мухолифатҳо фалаҷ гаштанд, дар ин давра бемории сил ва дигар бемориҳои гузаранда якбора хурӯҷ ва авҷ гирифтанд. Бо саъйю талоши Ҳукумати кишвар ва дастгирии шарикони хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш дода шуд.
45.Чаро гирифторони ВНМО (ВИЧ) зуд ба бемории сил мубтало мешаванд?
–Сабаб он аст, ки вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) қобилияти муҳофзавии бадани инсонро, ки мухтасаран иммунитет меноманд, сусту заифу нотавон мекунад. Вақте ки иммунитети бадан суст аст, бемории сил зуд сироят меёбад ва бошиддат авҷ мегирад. Бинобар ин шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Ин нуктаро ҳам ёдрас менамоем, ки дар чунин шахсон бемории сил метавонад ба таври ғайримаъмулӣ, яъне бе пайдошавии аломату нишонаҳои беморӣ ҷараён ёбад. Аз ҳамин ҷост, ки ба ВНМО сироятёфтагон тавсия шудааст, ки дар як сол 2 маротиба ҳатман аз муоинаи рентгенӣ/флюрографии қафаси сина гузаранд.
46.Барои он ки сироятёфтагони ВНМО камтар ба бемории сил гирифтор шаванд, чӣ гуна амал бояд кунанд?
47.Дар кадом маврид мо гуфта метавонем, ки бемории сил «маҳв» шудааст?
–Агар сироятнокӣ дар байни кӯдакони синни то 14-сола камтар аз 1 фоиз бошад, яъне аз 100 ҳазор кӯдак 1000 нафар сироят ёфта бошад. Инчунин сатҳи беморшавии аҳолӣ камтар аз 20 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост ояд. Ин меъёри маҳви сил ҳисобида мешавад.
48.Омор аз чӣ шаҳодат медиҳад? Вазъи сил дар ҷаҳон дар кадом сатҳу поя аст?
–Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умимиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ҳар сол дар ҷаҳон 8-9 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мешавад. Мутобиқи нишондиҳандаҳои солҳои охир шумораи беморони сил дар ҷаҳон ба 30 млн расидааст. Ҳар сол аз ин беморӣ 1,5-2 млн нафар фавт мекунанд. Дар байни бемориҳои сирояткунанда сил чун сабаби фавт дар ҷойи аввал меистад.
–Аз рӯйи пешгӯйии коршиносони ТУТ дар тамоми ҷаҳон авҷ гирифтани бемории сил ба мушоҳида мерасад. Эҳтимол дорад 90 млн. нафар одамон ба бемории сил гирифтор шуда, 30 млн. нафар фавтанд. Ҳолати вазнин алалхусус дар ду қитъаи ҷаҳон –Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанубу шарқии Осиё дар назар дошта шудааст.
50.Оё муҳити хонавода ба шифоёбии беморони сил мадад мерасонад?
–Бале, мадад мерасонад, бениҳоят. Зикр шуд, ки табобати сил муддати тӯлониро дарбар мегирад, ин барои бемор хастакунанда, дилгиркунанда мебошад, ӯ ба дастгирӣ, ба муҳити гарми хонавода сахт эҳтиёҷ дорад. Бемор давраи дуюми табобат –давраи ёрирасонро зери назорати корманди тиб дар хона мегузаронад. Дар ин давра бисёр муҳим аст, ки аҳли хонавода худро аз бемор канор нагиранд, муҳаббату самимиятро дареғ надоранд, ӯро рӯҳбаланд намоянд, дилпур созанд, ки, албатта, шифо хоҳад ёфт;
51.Наздикон дар пешгирӣ ва табобати бемори сил чӣ саҳм гузошта метавонанд?
–Дар баъзе оилаҳо нисбат ба беморони сил нофаҳмиҳо ба мушоҳида мерасад, аз ҷумла:
53.Иштибоҳҳои наздикон нисбат ба беморони сил, ба ифодаи дигар поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба чӣ оқибатҳо оварданаш мумкин аст?
54.Мушоҳида кардаем, аз хонадоне, ки кадом вақте падар ё модар ба бемории сил гирифтор будаанд, арӯс намегиранд ва намедиҳанд. Оё ин дуруст аст?
–Мутаассифона, чунин ҳолатҳо мушоҳида мегарданд, онро ба забони илм тамғагузорӣ меноманд. Ин амал аз надоштани маърифати тиббӣ, аз надонистани бемории сил ибтидо мегирад. Дар ҳама адабиётҳо хоно ва равшан навишта шудааст, ки дар мавриди пурра табобат намудани сил он дигар ба атрофиён хавфнок нест. Бояд донист ва дар хотир дошт: СИЛ АВЛОДӢ НЕСТ!
55.Кадом фикру андешаҳо дар бораи бемории сил ғалат буданашон мумкин аст?
Агар гумон карда шавад, ки:
56.Паҳншавии бемории силро пешгирӣ кардан мумкин аст ё не?
–Бале, пешгирӣ кардан мумкин аст, аз ҷумла бо роҳҳои зерин:
57.Бартариҳои сари вақт муроҷиат кардан дар чист?
–Бале, табобат кардан мумкин аст. Ёдрас шудем, ки бар асари бактерияҳои сил дар шуш шикофиҳо пайдо мешаванд, ҳатто то пусидан мерасанд. Ҷарроҳӣ баъд аз табобат ва барҳам хӯрдани фаъолнокии беморӣ мумкин аст. Табиби ҷарроҳ шикофиҳо ва ҷойҳои пусидаи шушро бурида мегирад. Инҷо як хусусияти шушро зикр кардан бамаврид менамояд. Шуши инсон аз ҳиссаҳо, ҳиссаҳо аз қисматҳо иборат мебошанд. Агар як тарафи он бурида шавад, тарафи дигар вазифаашро бе душворӣ иҷро карда метавонад.
59.Тарзи ҳаёти солим ба пешгирии бемории сил мусоидат менамояд?
–Тарзи ҳаёти солим на танҳо аз бемории сил, балки аз аксар беморҳои дигар касро ҳифзу ҳимоя менамояд. Шахсе, ки ба тартибу низоми истеъмоли ғизо ва сифати он аҳамият диҳад; варзишро як ҷузъи зиндагии хеш донад, фаъолу серҳаракат бошад, баданро обутоб диҳад; аз мушкилиҳои зиндагӣ рӯҳафтодаву маъюс нагардад; шаробхӯру майзадаву нашъаманд набошад, аз сигору нос дурӣ ҷӯяд; гигиенаи шахсиро ҷиддан риоя намояд, ба тозагии бадану сару либос, хонаву дар аҳамият диҳад; дар зиндагӣ ҳадафу мақсади муайян дошта бошад; сатҳи дониш, аз ҷумла маърифати тиббии худро такмил диҳад, бе ҳеч шакку шубҳа худро аз бемории сил эмин нигоҳ дошта метавонад.
60.Оё ҳайвонҳо ба сил гирифтор мешаванд?
–Бале, мешаванд. Аз тадқиқотҳои донишмандон бармеояд, ки беш аз 50 хел ҳайвоноти ширхӯр ва 80 хел паррандаҳо ба сил гирифтор шуданашон мумкин аст. Барои одам зиёдтар аз ҳама сили гову буз хавфнок мебошад.
Фармон Ҷӯрақулов
moh.tj
Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад. Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст.
Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд.
БС аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо карда мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.
Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Нишонаҳои БС-и шушӣ
Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш - ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд.
Нишонаҳо ҳангоми БС -ғайришушӣ
Ошкор намудани бемории сили ғайришуширо, одатан, танҳо пас аз истисно кардани кулли бемориҳои дигар, ки онҳо низ дорои чунин нишонаҳо мебошанд, имконпазир аст. Нишонаҳои шакли ғайришушии БС бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.
Бемории сили мағзи сар ва пардаи мағзи сар: Ин беморӣ аксар вақт дар тӯли як-ду ҳафта инкишоф меёбад. БС системаи марказии асаб, аксар вақт, дар синни кӯдакӣ ва ё калонсолоне, ки системаи масунияташон заиф гардидааст, ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, хоболудӣ, бедорхобӣ, қаҳрангезӣ ва баландшавии ҳарорат мушоҳида мешавад. Аллакай пас аз як ҳафта беморро қайкунӣ ва дарди сар нороҳат месозад. Ҳамзамон, ҳангоми росткунии дасту пой ва ё моил кардани сар ба қафаси сина дар ҳолати дарозкашӣ, ҳиссиёти дард дар тахтапушт пайдо шуда, тарангшавии мушакҳои паси гардан зоҳир мешавад. Ғайр аз ин, иллати гуногуни асаб мушоҳида карда мешавад.
Бемории сили сутунмӯҳра, устухон ва пайвандон: инкишофи маҳдудшавии ҳаракат, шикасти ғайритабиӣ, ноустуворӣ, инчунин, эҳсос намудани дард дар ҷузъҳои осебёфтаи бадан. Фарқ кардани чунин патология аз дигар бемориҳои сершумори системаи такягоҳу ҳаракат хеле муҳим мебошад.
Бемории сили узви ҳозима: бо чунин нишонаҳо зоҳир мешавад, ба мисли: такрорёбии қабзи меъда ва исҳол (дарунравӣ), дамиши шикам, дарди шикам, хун дар наҷосат, баландшавии дуру дарози ҳарорати бадан. Инкишофи қабзияти рӯда дар эҳтимол аст.
Бемории сили пӯст: дар намуди ҷисмҳои сахт ва гиреҳҳо зери пӯсти бадан, ки бо мурури вақт калонтар шуда, бо даридани пӯст аз худ як нав маҳлули фаллашакли сафедрангро ҷудо мекунанд, зоҳир мегардад. Нишонҳои дигари ин патология низ вуҷуд доранд.
Бемории сили системаи олати таносул ва шоша (пешоббарор): метавонад дар узвҳои гуногуни таносул ва шоша, чӣ дар занон ва чӣ дар мардон, инкишоф ёбад. Аксар вақт гурдаҳо осеб меёбанд. Ба нишонаҳое, ки ҳангоми осебёбии гурдаҳо мушоҳида мешавад, инҳо таалуқ доранд: эҳсоси дарди камар ва тахтапушт, хун дар пешоб, инчунин баландшавии ҳарорати бадан. Кам дар кам чӯбчамикроби БС дар роҳи пешоб ва пешобдон инкишоф меёбад. Дар чунин ҳолат вайроншавии сершумори ҷараёни пешобронӣ инкишоф меёбад: пешоби оллудаи хун, ҳиссиёти дард, боздоштани пешоб ва ҳоказо. Ҳангоми осебёбии узвҳои таносул аз чӯбчамикроби Кох эҳтимоли инкишоф ёфтани чунин як патологияи хеле ҷиддӣ, ба мисли безурииётӣ низ вуҷуд дорад.
Ташхиси шакли шушии БС
Усулҳои техникӣ, лабораторӣ ва иммунолигии ташхиси БС фарқ мекунанд. Дар таҷрибаи тиббии муосир аз ҳамаи ин усулҳо баробар истифода мебаранд. Усули техникӣ
Флюорография (намуди нисбатан оммавӣ дар байни аҳолӣ), инчунин рентгенографияи қафаси сина ва томографияи компютерии мултиспиралӣ. Ин усулҳо имконият медиҳанд, ки тағйиротҳои «шубҳанок» дар шушҳо ва гиреҳҳои дохилии қафаси синаро муайян кунанд, инчунин ба сатҳи паҳншавии беморӣ ва шакли осебёбии шушҳо баҳо дода шавад.
Ғайр аз ин фибробронхоскопияро бо шустаҳо аз шохаҳои нойчаҳои нафаскашӣ ва биопсияи пардаи луобӣ истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои ҷудогона видеоторакоскопия ва биопсияи шушҳо ва (ё худ) пардаи шуш, гиреҳҳои дохилии қафаси синаро истифода мебаранд.
Табобат
Бемории сил бо вуҷуди ташхиси саривақта, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад.
Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (диспансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.
Реҷаи чоргонаи табобат
Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Бидуни чунин назорат ва дастгирӣ дар риоя намудани нишондодҳои тиббӣ, вобаста ба табобат, метавонанд душвориҳо ба вуҷуд оянд, ки асос барои боз ҳам фаро гирфтани беморӣ гардида, эҳтимол шаклҳои устувореро нисбати доруҳо ҳосил намояд.
Реҷаи паҷгонаи табобат
Дар аксарияти марказҳое, ки ҷиҳати табобати БС махсус гардонида шудаанд, ҳоло истифода бурдани реҷаи панҷгонаи табобатро авлотар меҳисобанд, бо роҳи илова намудани ҳосилшавандаҳои фторхинолон ба реҷаи чоргонаи табобат, ба мисли сипрофлоксасин. Ҳамроҳ кардани доруҳои насли дуюм, сеюм ва болотар аз он, мавриди табобати шаклҳои БС, ки нисбати доруворӣ пурҳассосанд, муҳим мебошад. Реҷаи табобат бо доруҳои насли дуюм ва болотар аз он, ҳадди ақал 20 ҳафтаи қабули рӯзмарраи доруҳоро дар назар дорад. Реҷаи мазкур назар ба табобат бо доруҳои қатори якум нисбатан гаронтар аст. Ҷиҳати хеле маҳдудкунанда инчунин мавҷудияти миқдори зиёди ҳаргуна таъсири манфӣ аз истифодаи доруҳои иловагӣ мебошад.
Гулноз
www.bonuvon.tj
Бино ба иттилои силшинос, сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ёқубов Ҷумъа Тоиров соли 2015 дар вилоят 541 нафар аз бемории сил сироят ёфтаанд. Дар нимсолаи соли 2016 бошад, ин таъдод ба 453 нафар расидааст. Ба гуфти номбуда шумораи умумии беморон дар марҳилаи аввали сил қарор дошта, ба хотири сари вақт бартараф кардани беморӣ ва сироят накунонидани атрофиён бистарӣ шудаанд.
Шарипова: Худам худамро касал кардам
Шарипова Ниёзбибии 28-сола тӯли 23 рӯз аст, ки дар беморхонаи “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и ноҳияи Мастчоҳ бистарӣ аст. Ин зан соҳиби се фарзанд буда, оғози моҳи июл ба бемории сил гирифтор шудааст: — Дар моҳи Рамазон ташна мемондам ва вақти ифтор оби аз сардро зиёд менӯшидам. Гоҳо дар нисфирӯзӣ, ки гармии ҳаво дучанд мешавад рӯймол ва либосҳоямро ба оби хунук тар мекардам. Пас аз моҳи мубораки Рамазон дар худам каммадорӣ ва баста шудани иштиҳоро эҳсос кардам. Танҳо дар давоми 15-20 рӯзи моҳи июл вазнам аз 60 кг ба 54 кг расид. Наздиконам тавсия доданд, ки ба духтур муроҷиат кунам. Баъди муоинаи тиббӣ муайян гашт, ки аз сабаби камғизову камқувват шудани организмам ба бемории сил гирифтор шудаам, — мегӯяд Шарипова.
Айни ҳол ҳар се фарзандонам ҳам доруҳои зиддисилиро пайваста истеъмол карда истодаанд, ки табобати онҳо 9 моҳ тӯл мекашад. Чун худам, ки баъди тамоми аломатҳои касалӣ дар организмам зоҳир шудан баъд ба беморхона омадам, мақоли “Пешгирӣ беҳ аз табобат”-ро ба ҳарду гӯшам ҳалқа карда, баъди ду-се рӯзи аз муоинаи тиббӣ гузаштанам фарзандонамро ба духтур овардам. Хушбахтона, онҳо сироят наёфтаанд. Баъди ба табобат фаро гирифта шудан дар худ бисёр сабукиҳоро эҳсос карда истодаам.
Бемории сил инфексионӣ ва иҷтимоӣ мебошад
Бемории сил инфексионӣ ва иҷтимоӣ мебошад. 68%-и бемории сил сили шуш аст, ки ҷузъ нохун ва мӯй дигар ҳама аъзои инсон метавонад мубталои ин беморӣ гардад. Ба гуфтаи Охунов сабабҳои дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории сил ин пеш аз ҳама сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба ин намуди беморӣ, тамғагузорӣ нисбати бемории сил, мушкилоти кадрӣ, шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон (шароити пасти зисту зиндагӣ, зичии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, маоши паст, майнӯшӣ ва проблемаҳои коммуналӣ), маҳдудияти дастрасии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, авҷи муҳоҷират, паҳншавии ВНМО ва проблемаҳо вобаста ба бемории сил дар маҳбасҳо мебошад — мегӯяд Мақсуди Охун, силшинос, номзади илмҳои тиб.
-Барои дарёфти усулҳои бемории сил мо масъулон аз санҷиши манту (ҳолати сироятшавиро нишон медиҳад), санҷиши балғам бо усули микроскопия, санҷиши балғам по усули мошинаи махсус, ки GeneXpert (ҷен эксперт) ном дорад — усули нави замонавии фаврӣ (2 соат), усули кишти балғам (бо 2 намуди усул: дар муҳитҳои сахт (Ливентейн — Йенсен) ва усули нави замонавӣ дар муҳитҳои моеъ (Бактек) ва санҷиши рентгениро истифода мебарем, — мегӯяд силшинос Мақсуди Охун. — Маҳз ба роҳ мондаи усулҳои номбурда шароит фароҳам овард, ки сатҳи бемории сил дар кишвар бамаротиб кам гардад.
Мафтуна: Аз тарси ҳамсояҳо пинҳонӣ табобат гирифтем
Тибқи моддаи 42-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи саломатии аҳолӣ» (1997) шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷувзон (лепра), ВНМО, таносулӣ ва дигар бемориҳои хавфнок вазифадоранд, ки бо талаби муассисаҳои тиббӣ муоина шаванд ва худро табобат кунанд. Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркашӣ намоянд, онҳо ба беморхона маҷбуран оварда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ ташхис ва табобат карда мешаванд. Аммо имрӯз ҷой доштани фикру гумони ғалат дар дилу сари бемор ва ҳам атрофиёнаш водор мекунад, ки ин талаботи қонунро нодида гиранд, яъне бемории худро пинҳон доранд, то дигарон ба онҳо рӯй турш накунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб аксарият он нафароне, ки баъди касалиро куҳна кардан ба духтур муроҷиат мекунанд ва ё баъди аз пои равон монда бистарӣ шудан ба бемории худ қоил мешаванд, побанди гумонҳои ботиланд.
Зимни баргузории тренниг (оид ба бемории сил) аз суҳбат бо беморони сиҳатёфта маълум гардид, ки имрӯз фикри хатои худи бемор ва атрофиёнаш боиси зиёдшавии намудҳои гуногуни бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил мегардад. Пас саволи мутлақ ин аст: кадом фикри хато?
Мафтуна Икромова (ном ба хоҳиши қаҳрамон дигар карда шуд) мегӯяд:
— Худам муҳассили коллеҷи тиббӣ будам ва оид ба пайдоишу нишонаҳои беморӣ маълумот доштам. Аммо бехабар аз он ки бемории сил кайҳост, ки дар тани ман меҳмон гардида будааст. Рӯзҳои таҷрибаомӯзӣ буд, ки ҳолатам каме бад шуд. Як-ду рӯз ба практика ҳам нарафтам. Рӯзҳои дуюму сеюми хонанишинӣ кор то ба ҷое расид, ки дигар маҷоли аз ҷой хестан накардам. То он даме, ки хунқаъйкуниро дар худ надидам, ҳеҷ гумон надоштам, ки гирифтори бемории сил ҳастам. Фақат баъди ҳамин ба духтур муроҷиат кардем. Муайян шуд, ки гирифтори бемории сил гаштаам. Бо тавсияи духтурон дар маркази силшиносии беморхонаи ҷамоати Деҳмой бистарӣ шудам. Чор моҳ маро табобат карданд. Аз сабаби он ки дар давоми беморӣ аллакай модар, хоҳар ва ҳам бародарамро сироят кунонида будаам, ҳамаи мо як-як аз паи табобат шуданд. Дар ҳамин ҳол хуб эҳсос кардам, ки муносибати атрофиён ва хешовандон бо ман нисбат ба пештара тағйир ёфтааст. Онҳо кӯшиши аз ман канорҷӯиро мекарданд. Маро гирифторӣ ба беморӣ не, балки дигаргун шудани муносибати хешовандон бемор ва дилгир мекард. Барои ҳамин вақти хоҳарамро бистарӣ кардан ба хешону ҳамсояҳо дурӯғ гуфтем, ки ба Душанбе хонаи холаам рафтааст. Додарамро бошад, ба лагер фиристодем гуфтем, аз тарси он ки рафтуояшонро бо мо канда накунанд.
Як нафар бемори сил чанд нафарро сироят мекунонад?
Сил, ки бемории сироятӣ аст, он бо воситаи роҳҳои нафас: Ҳангоми сулфа, атса, туф кардани балғам ва ҳангоми суҳбатҳои тӯлонӣ аз масофаи наздик дар фазои маҳкам бо бемори хориҷкунандаи сил МБТ-мегузарад. Як бемори сили хориҷкунандаи МБС дар як сол ҳангоми ба табобат фаро нагирифтанаш метавонад 10-15 нафарро сироят кунад. Силшиносон мегӯянд, ки аз одамони сироятёфта дар тӯли ҳаёташон метавонанд 5-10%-шон ба сил гирифтор шаванд, ҳангоми паст шудани масунияти баданашон (вазъи психологӣ, дигар бемориҳо).
Ба гуфти силшинос Охунов дар ҳоли сари вақт ба табобат фаро гирифта нашудани бемор он беморӣ ба шакли мутобиқгашта мубаддал мегардад. Табобати ШМС (шакли мутобиқгаштаи сил) аз 20 то 24 моҳ буда, табобат бетанаффус сурат мегирад, яъне натанҳо то беҳтар шудани аҳволи бемор, балки то пурра шифо ёфтани давраи табобат. Табобати ҳамаҷониба бо истифодаи якҷояи якчанд доруи зиддисилӣ, танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд барангезандаи силро нобуд созанд.
Кишварҳои силзада кадомҳоянд?
Сомонаи интернетии «Тубер-ез.com», кишварҳои аз ҳама беш силзадаро рӯйи варақи сомона овардааст, ки инҳоянд: Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Тайланд, Индонезия, Филиппин, Хитой, Бразилия, Мексика, Эфиопия, Амрикои Шимолӣ ва Русия. Ҳарчанд ба ин рӯйхати сиёҳ шомил нагардидани кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, боиси хушҳолист, вале вазъи бемории сил дар ҷумҳурӣ чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ташвишовар боқӣ мемонад.
ТАБОБАТ РОЙГОН АСТ, АММО…
Дар тафаккури мардум чунин андеша ҷой гирифтааст, ки имрӯз «салому алейк» бо духтурон пулакӣ аст. Яъне, аз қадамҳои аввал ба беморхона маблағсарфкунӣ оғоз мешавад. Аммо онҳо бехабар аз онанд, ки табобати бемории сил комилан ройгон аст. Новобаста аз он ки шароити иқтисодии бемор чӣ гуна аст, ӯ ҳуқуқ дорад бистарӣ шавад ва табобат гирад. Ҳатто аксарият, дар ҳоле ки нишонаҳои ин бемориро эҳсос мекунанд, кӯшиш менамоянд онро ба зукоми оддӣ рабт дода, ба беморхона нараванд. Яъне, аввалан хоҳиш надоранд, сониян аз сарфи маблағ ҳарос доранд. Вале ҳамон «зукоми оддӣ» касро аз силу фалаҷшавӣ то бемориҳои шадиду марг оварда мерасонад. Пас мебояд ҳар яки мо баҳри саломатии худ боэътибор бошем ва масали машҳури мардумии “Пешгирӣ беҳ аз табобат”- фаромуш накунем.
Фарзона Муродӣ,
шаҳри Хуҷанд
tajikistantimes.com
Дар урфият мегӯянд, ки «Тани гарм бе дард намешавад». Оре, нафареро пайдо кардан мушкил аст, ки дар ҳаёташ ба ягон дард ва ё беморие гирифтор нашуда бошад. Аммо боз ҳам чуноне халқ мегӯяд: «Худо дардро, ки дод, шифояшро ҳам медиҳад». Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир бемориҳои сироятӣ рӯ ба афзоиш буда, чун мушкилоти глобалӣ инсониятро ба ташвиш овардааст. Гарчанде табобати саривақтӣ ва риояи реҷаи табобат аксари бемориҳоро рафъ мекунад, мутаассифона, надоштани иттилооти лозима ва паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ сабаб мегардад, ки баъзе ашхос ба инсони гирифтори маризие тамғагузорӣ шаванд. Ҳамин гуна беморӣ, ки сироятшудагони онро дар тамоми давлатҳои дунё пайдо кардан мумкин аст, сил мебошад.
Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил аст, ки бо роҳи қатравӣ ва ҳавоӣ паҳн мешавад. Имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба микробактерияи сил сироят ёфтаанд, ки зиёда аз ду миллиард нафарро ташкил медиҳад. Аз даҳ нафаре, ки ба микобактерияи сил сироят ёфтаанд, як нафар тӯли ҳаёти худ бемори шакли фаъоли сил мешавад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории сил пайдоиши сирояти ВНМО, камбизоатӣ, авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ, бад шудани шароити маишию иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир (маҳбас, истеъмоли маводи мухаддир, тиҷорати шаҳвонӣ) ва муқовимати яроқноки дохилӣ мебошад. Тибқи иттилои сармутахассиси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сил Қурбонгул Зокирова, шумораи шахсони ба бемории сил гирифтор сол то сол афзоиш ёфта, айни ҳол беморони сили бори аввал бақайдгирифташуда дар ҷаҳон солона 8-9 миллион нафар мебошанд. Ҳаштод фоизи беморони силро ашхоси синнашон аз 15 то 50-сола ташкил медиҳанд.
Тавре Қурбонгул Зокирова афзуд, 30 фоиз одамони дорои ВНМО (СПИД) ҳамзамон гирифтори бемории силанд, ки аксарашон аз ҳамин сабаб мефавтанд. Барои чунин шахсон хавфи хурӯҷи шакли фаъоли сил дар қиёс бо онҳое, ки гирифтори ВНМО нестанд, 20-40 маротиба бештар аст. Номбурда гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4000 нафар гирифторони ВНМО ҳастанд ва аз онҳо 426 нафарашон ҳамзамон бемори сил мебошанд.
Қурбонгул Зокирова изҳор дошт, ки соли 2006-ум 1008 нафар гирифторони бемории силро ташхис кардаанд, ки аз онҳо 17 нафарашон ҳамзамон бемории ВНМО доштанд. Соли 2010 баъди аз ташхис гузаронидани 5356 нафар бемори сил 64 нафар ва дар соли 2012 аз 8851 нафар бемори сил 70 нафар беморони ВНМО-дошта пайдо шуданд. Аз 98 нафар беморони ВНМО, ки соли 2006 ташхис кардаанд, 12 нафарашон ҳамзамон гирифтори бемории сил буданд. Панҷоҳу як фоиз гирифторони бемориҳои ВНМО аз шумори нашъамандон, ҳафт фоиз маҳбусон, 11 фоиз муҳоҷирони меҳнатӣ ва 31 фоиз дигар гурӯҳи аҳолӣ мебошанд.
Ба кишварҳои дорои сатҳи баланди бемории сил Ҳиндустон, Хитой, Федератсияи Россия, Африқои Ҷанубӣ ва Бангладеш дохил мешаванд. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон, аз қабили сутунмӯҳра, устухон, буғумҳо, гурда, пардаҳои майнаи сар, чашм, пӯст ва ғайра, ба ҷуз аз нохун ва мӯйи сар, гирифтор мешаванд. Бештар ба ин беморӣ шуш гирифтор мешавад, ки хавфаш низ нисбат ба сили дигар узвҳо зиёдтар аст, зеро сирояткунандаи бемории сил аслан бо роҳҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳангоми суҳбат, атса задан ва туф кардани балғам ба инсони солим, мегузарад.
Бино ба гуфти мутахассисон, барои аз бемории сил пурра шифо ёфтан ва пешгирии паҳншавии он муроҷиати саривақтӣ ба табибон ва табобати пурраи бемории сил хеле муҳим мебошад.
Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, бемадорӣ, арақкунии шабона ва баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан (37-38 дараҷа) аст. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои мазкур инсонро зарур аст, ки ҳатман ба духтур муроҷиат карда, барои муайян кардани беморӣ ташхиси микроскопии балғамро супорад. Дар ҳолати бемории силро нишон додани натиҷаи ташхис, бемор бояд табобати дурусти саривақтиро қабул намояд, ки бетанаффус ва на камтар аз 6-8 моҳро дар бар мегирад. Баъд аз ду моҳи табобат дар беморхона беморро мебояд боз на камтар аз чор моҳи дигар табобатро дар муассисаи тиббии маҳалли зисти худ зери назорати доимии коркунони тиб давом диҳад. Ин амалҳо ба бемор шифои комил дода, ӯро аз такрории беморӣ дар оянда эмин нигоҳ медорад. Дар ҳолати акс, беморӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ниҳоят марги инсон шавад.
Имрӯз барои табобати бемории сил дар Тоҷикистон шароити лозима фароҳам аст ва шахси ба ин беморӣ гирифторро мебояд бо риояи реҷаи муайяншуда пурра табобат гирад. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сили Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабов гуфт, ки имрӯз марказ бо тамоми ташхисгоҳҳову лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин бо сифати баланд натиҷаи ташхисро муайян мекунад. Масалан, дастгоҳи рентгение, ки дар марказ насб аст, дар муддати як дақиқа натиҷаи рентгенро тавассути принтер чоп мекунад. Зикр кардан бамаврид аст, ки тамоми ташхисҳо ройгон гузаронида мешавад. Ҳамарӯза аз 25 то 50 нафар барои аз ташхисҳои гуногун гузаштан муроҷиат мекунанд, ки аз онҳо гоҳе як- ду нафар гирифтори бемории силро пайдо мекунем.
Мудири шуъбаи омори маркази зикршуда Ҷаҳонгир Исмоилов изҳор дошт, ки афзоиши бемории сил дар ҷумҳурӣ солҳои 2008-2011 дар як сатҳ қарор дошта, ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 80 нафар гирифтори бемории сил рост меомад. Ин нишондод дар соли 2012 коҳиш ёфта, ба 100 ҳазор аҳолӣ 70 нафарро ташкил дод. Чуноне мавсуф афзуд, 15 фоиз беморони бори аввал муайяншуда аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Мутаассифона, паст будани маълумотнокии аҳолӣ доир ба бемории сил сабаб шудааст, ки имрӯз онро чун дарди бедаво ва бемории ирсӣ ном баранд. Ин тамғагузорӣ беморро аз ҳаёт дилхунук карда, боиси аз табобат даст кашидан ва интизори марг шуданаш мегардад. Ин дар ҳолест, ки борҳо ирсӣ набудан, табобатшаванда будани сил ва пас аз давраи аввали табобат безарар будани нафари беморро тавассути воситаҳои ахбори омма мутахассисони силшинос таъкид кардаанд. Ҳамин гуна як нафаре, ки ба бемории сил гирифтор шудаву бо аз сар гузаронидани тамоми давраҳои табобат шифо ёфтааст ва нахост, ки номаш зикр шавад, (номашро шартан Қаҳҳор мегӯем) дар ибтидои дучори бемории сил шуданаш ҳолати зикршударо доштааст. Қаҳҳор мегӯяд, сил ба ӯ аз бародараш, ки бар асари ин беморӣ фавтида буд, сироят шуд. Ҳангоми муайян шудани беморӣ Қаҳҳор низ пурра умедашро аз зиндагӣ канда буд, вале чуноне худи ӯ мегӯяд, ёрии табибон ва иродаи мустаҳкам барояш шифои комил бахшид. Аз ҳама асосӣ иродаи мустаҳкам инсонро ба шифои комил мерасонад. Имрӯз шароит хуб ва доруҳои босифат дастрас аст. Табибон доимо болои сарам буданд ва раванди бетанаффуси табобатро назорат карданд. Барои мубориза бар зидди сил дастгирии духтурон кам аст, бояд тамоми халқ бо он мубориза барад. Шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ба фаҳмондадиҳӣ машғул шавед, бисёр кори савоб аст. Ҳамин гуна Қаҳҳор аз ҳолатҳои ногувори замони бемориаш, ки ҳатто умедашро аз зиндагӣ канда буд, ёдовар шуда, шукр мегӯяд, ки имрӯз чун пештара сиҳату саломат пайи кору зиндагист.
Ин ҷо ба хулоса меоем, ки сил бемории ирсӣ набуда, танҳо сироятӣ мебошад ва дар ҳолати гирифтор шудан ба он муроҷиати саривақтӣ ва гирифтани табобати муайяншуда ба инсон шифои комил мебахшад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
sadoimardum.tj
Дӯстони арҷманд, дар ин мавод оид ба намудҳо ва нишонаҳои бемории сил маълумоти муфид ва зарурӣ хоҳем дод.
Бемории сил ду намуд дорад: Сили шуш ва ғайришушӣ. Инчунин ҳарду намуди ин беморӣ боз ба ду навъ ҷудо мешаванд. Сили бо доруҳои зиддисилӣ ҳасосиятдошта ва сили мутобиқгашта. Фарқияти сили мутобиқгашта аз сили ҳасосиятдошта дар он аст, ки чӯбчамикроби бемор ба ду доруи асосии зиддисилӣ, яъне изониазид ва рифампитсин мутобиқат пайдо кардааст.Нишонаҳои Бемории сили шушНишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС (бемории сил) нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд.Нишонаҳои Бемории сили ғайришушӣ
Ошкор намудани бемории сили ғайришуширо, одатан танҳо пас аз истисно кардани кулли бемориҳои дигар, ки онҳо низ дорои чунин нишонаҳо мебошанд, имконпазир аст. Нишонаҳои шакли ғайришушии БС (бемории сил) бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.Бемории сили мағзи сар ва пардаи мағзи сар: Ин беморӣ аксар вақт дар тӯли як-ду ҳафта инкишоф меёбад. БС системаи марказии асаб, аксар вақт дар синни кӯдакӣ ва ё калонсолоне, ки системаи масъунияташон заиф гардидааст, ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, хоболудӣ, бедорхобӣ, қаҳрангезӣ ва баландшавии ҳарорат мушоҳида мешавад. Аллакай пас аз як ҳафта беморро қайкунӣ ва дарди сар нороҳат месозад. Ҳамзамон, ҳангоми росткунии дасту пой ва ё моил кардани сар ба қафаси сина дар ҳолати дарозкашӣ, ҳиссиёти дард дар тахтапушт пайдо шуда, тарангшавии мушакҳои паси гардан зоҳир мешавад. Ғайр аз ин, иллати гуногуни асаб мушоҳида мегардад.
Бемории сили сутунмӯҳра, устухон ва пайвандон: инкишофи маҳдудшавии ҳаракат, шикасти ғайритабиӣ, ноустуворӣ, инчунин, эҳсос намудани дард дар ҷузъҳои осебёфтаи бадан. Фарқ кардани чунин патология аз дигар бемориҳои сершумори системаи такягоҳу ҳаракат хеле муҳим мебошад.Бемории сили узви ҳозима: бо чунин нишонаҳо зоҳир мешавад, ба мисли: такрорёбии қабзи меъда ва исҳол (дарунравӣ), дамиши шикам, дарди шикам, хун дар наҷосат, баландшавии дуру дарози ҳарорати бадан. Инкишофи қабзияти рӯда дар эҳтимол аст.
Бемории сили пӯст: дар намуди ҷисмҳои сахт ва гиреҳҳо зери пӯсти бадан, ки бо мурури вақт калонтар шуда, бо даридани пӯст аз худ як навъ маҳлули фаллашакли сафедрангро ҷудо мекунанд, зоҳир мегардад. Нишонҳои дигари ин патология низ вуҷуд доранд.
Бемории сили системаи олати таносул ва шоша (пешоббарор): метавонад дар узвҳои гуногуни таносул ва шоша, чӣ дар занон ва чӣ дар мардон, инкишоф ёбад. Аксар вақт гурдаҳо осеб меёбанд. Ба нишонаҳое, ки ҳангоми осебёбии гурдаҳо мушоҳида мешаванд, инҳо тааллуқ доранд: эҳсоси дарди камар ва тахтапушт, хун дар пешоб, инчунин баландшавии ҳарорати бадан. Кам дар кам чӯбчамикроби БС (бемории сил) дар роҳи пешоб ва пешобдон инкишоф меёбад. Дар чунин ҳолат вайроншавии сершумори ҷараёни пешобронӣ инкишоф меёбад: пешоби олудаи хун, ҳиссиёти дард, боздоштани пешоб ва ҳоказо. Ҳангоми осебёбии узвҳои таносул аз чӯбчамикроби Кох эҳтимоли инкишоф ёфтани чунин як патологияи хеле ҷиддӣ, ба мисли безуриётӣ низ вуҷуд дорад.
Хонандагони гиромӣ, дар маводи навбатӣ доир ба ташхис, усули техникӣ ва роҳҳои табобати бемории сил, бахусус бо дорувории нав бо номи «Бедаквилин» маълумоти бештар ва зарурӣ хоҳем дод. Аз ин лиҳоз, Бахши «Мадади Сино»-ро пайгирӣ намоед!
tiroz.org
– (туберкулез – аз калимаи лотинӣ tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли «Кох» мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хуруҷ мекунад. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо карда мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба ин беморӣ бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон паст аст ва ё дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки барои сар задани ин беморӣ шароитҳо фароҳам ҳастанд, ба мисли шахсони дар зиндон буда, майзадагон, одамони бехонаву ҷой ва нашъамандон).
Бояд донист, ки бемории сил ирсӣ (авлодӣ) нест.
Нишонаҳои бемории сил чи гуна аст?
Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш – ин сулфа зиёда аз 2 ҳафта, бо балғам ва баъзан бо хун, дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё дар наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо ба табиби оилавии худ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ балғамро 3 маротиба супоранд
Чибояд карда, ки ба бемории сил гирифтор нашуд?
Бемории сил, ки иҷтимоист, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар ин самт ҳам муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиву хориҷӣ чораҳои мухталиф меандешанд. Барои онҳое, ки ба ин беморӣ гирифторанд, муолиҷа ва дорувориҳо ройгонанд. Ин иқдом боиси хушҳолист, ки рӯз аз рӯз дар бораи бемории сил маълумоти бештар дастрас менамоянд ва сатҳи огоҳиашон дар хусуси ин беморӣ меафзояд. Аслан, чунонки ҳамеша таъкид мешавад, пешгирии беморӣ аз муолиҷаи он осонтар аст.
Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизати бадан микробактерияҳои сил фаъол гашта, бемории силро ба вуҷуд меоранд. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбат ба бемориҳо чунинанд: шароити ногувори зист, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторони бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андӯҳ ва махсусан, сирояти ВНМО. Бояд гуфт, ки ВНМО қобилияти муҳофизатии баданро суст карда, сабабгори авҷи бошиддати сил мегардад.
Шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гурӯҳи зери хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Бемории сил дар чунин шахсон метавонад ба таври ғайриодӣ, ҳатто бе пайдошавии нишонаҳои беморӣ гузарад. Аз ин рӯ, барои дарёфти саривақтии онҳо дар як сол ду маротиба аз муоинаи рентгенӣ (флюрографӣ)-и қафаси сина гузаштан ҳатмист.
Барои баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Ба варзиш машғул шавад ва хуроки солимро истифода барад. Беморони гирифтори бемориҳои музмин дар 1 сол 1 маротиба аз муоинаи флюрография бояд гузаранд. Аз нушокиҳои спиртӣ, сигоркаши ва нашъамандӣ қатъиян даст кашанд.
Оё бемории сил табобатшаванда аст?
Натарсед, сил табобатшаванда аст!
– Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад, табобат бетанаффус бошад (на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад). Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст.
Пас аз ду моҳи табобат дар беморхона бояд табобаташро боз на кам аз чор моҳ дар муассисаи тиббии минтақавии худ, дар зери назорати коркуни соҳаи тиб давом диҳад. Чунин чораҳо ба бемор шифои комил мебахшанд ва ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин медорад. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.
Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, (яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд), ба табибон муроҷиат наменамоянд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии муборизаи зидди бемории сил ва табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад.
mti.tj