Пешвои миллат: “Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгарост...”. Реферат пешвои миллат


Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд — Tajikistan times

Қодирзода Диловар Баҳридин д.и.и., профессор, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар ҷомеаи имрӯза   дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ  мавқеи  ҷавонон  хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад  ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Махсусан, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии  ҷавонон  ва  таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.  Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона  дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад,  ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда,  афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри  ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.  Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар  пайваста талош меварзанд.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд.  Ҷавонони  мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд.  Устодони донишкада тарбияи  ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани  забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар мегарданд.

 

tajikistantimes.com

Пешвои миллат: “Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгарост...”

Дар остонаи ҷашни Наврӯз руҷуъе доштем ба чанд суханронии ахири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих ва суннатҳои аҷдодии Наврӯзи оламафрӯз.Ва ин чанд сатри мухтасарро баргузидем, ки ҳам ҳикматомезанду пандомӯз ва ҳам дархӯри ҳар давру замон. Суханҳое, ки куҳнагӣ надоранд: чӣ имрӯз бихонӣ ва чӣ сад сол баъд. 

Наврӯз ҷашни халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик буда, дар аслу ҷавҳари худ падидаи фаромиллиест, ки аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният дарак медиҳад.

****   ****    ****    ****

Бо дарки ин асл гузаштагони мову шумо заминаҳои ҷаҳонишавии ин ҷашни бузургро ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод гузошта буданд. Тавре ки аз ёдгориҳои Тахти Ҷамшед маълум мегардад, Наврӯз дар қаламрави 23 кишвари онрӯзаи ҷаҳон ҷашн гирифта мешудааст, ки ҳудуди бузургеро аз кӯҳҳои Ҳиндукуш то Мисру Юнон ва аз Русияву Қафқоз то Ҳиндустони кунунӣ дар бар мегирифт. 

****   ****    ****    ****

Сабаби пазириши ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои Авруосиё дар он будааст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногуни ин қаламрави паҳновару мутамаддинро таҷассум месохт. 

****   ****    ****    ****

Дар тӯли қарнҳо фалсафа ва фарҳанги наврӯзӣ, ки таҳаммулгароӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро дар худ ғунҷонидааст, ташаккул ёфта, пос доштани чаҳор нахустунсури зиндагии башар – обу замин ва оташу бодро дар мадди аввал қарор дод. Барои расидан ба ин ҳадафҳои волои инсонӣ гузаштагони мо таълимоти созандаи ахлоқӣ ва маънавиеро ба вуҷуд оварданд, ки он ҷавобгӯи тақозоҳои ҳама давру замонҳо буда, ҷавҳари он дар қолаби мафҳуми «паймону ростӣ» зуҳур кардааст. 

****   ****    ****    ****

Мутобиқи устураи бостонии мардумони ҳавзаи фарҳангии Наврӯз дар рӯзи шашуми ҷашн, ки дар солшумории хуршедӣ Хурдодрӯз ном дорад, «Наврӯзи бузург» таҷлил мегардад. Мегӯянд, ки дар ҳамин рӯзҳо асоси андешаи бузургии инсон гузошта шудааст. Ҳамин андешаи арҷгузорӣ ба мақоми инсон буд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон ҳуқуқи башар дар ҳавзаи фарҳангии Наврӯз аз тарафи Куруши Кабир ба ҳукми қонун даромад.Ӯ аз ҷумлаи нахустин сиёсатмадороне буд, ки суннати таҳаммулгароиро ба фарҳанги сиёсии аҳли башар ворид карда, ба намояндагони ҳама гуна халқҳо имконоти баробари мавҷудият ва инкишофро фароҳам оварда буд.

 

****   ****    ****    ****

Фарҳанги Наврӯз имрӯз низ ба мо кӯмак хоҳад кард, зеро Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд. 

****   ****    ****    ****

Дар аҳди Сосониён мардум субҳи Наврӯз ба канори наҳрҳо рафта, ба ҳамдигар чун пайғоми покиву садоқат об мепошиданд ва ширинӣ медоданд, ки ин анъанаи нек дар ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, минҷумла Тоҷикистон, имрӯз низ идома дорад. Дар чаҳорчӯбаи ин афкору ойинҳо асли ахлоқии «Ашо» ё худ ростӣ зуҳур кард, ки асоси фикр, сухан ва амали инсонро дар бар мегирад.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад. Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур кардааст.

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.

 

****   ****    ****    ****

Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.

Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.

 

****   ****    ****    ****

Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.

Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.

Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст.

 

****   ****    ****    ****

Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.

Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абӯрайҳони Берунӣ "пешонии соли нав" аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.

 

****   ****    ****    ****

Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.

Ҳатмӣ медонанд, ки дар вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Амре, ки барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чун обу ҳаво ҳаётист.

 

****   ****    ****    ****

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

 

****   ****    ****    ****

 Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.  Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

 

****   ****    ****    ****

Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.

Тӯли ин солҳо дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ҳисоби онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.

****   ****    ****    ****

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.

kmt.tj

«Забони миллат - ҳастии миллат» Муолоҳизоте атрофи китоби Пешвои миллат

Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст.

Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст.Ҳадафи аслии китобро муаллиф дар эпиграфи он чунин баён кардааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».Дар муқаддима зикр шудааст, ки мардуми куҳанбунёде бо номи тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлолият имкон пайдо карданд, ки дубора мероси гузаштаи чандинҳазораи худро эҳё ва соҳибӣ кунанд. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, бо шарофати Истиқлолият забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Муаллиф дар боби авали ин китоб - «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ», дар фасли аввал – «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо» қайд намудааст, ки «Забони тоҷикӣ дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархўрд ва рўёрўӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштаааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрўз мебошад».

Назар ба гуфтаи муаллиф миллати тоҷик аз нуқтаи назари таборӣ ва ирсияти забонӣ марбут ба шохаи қавмҳои ҳинду олмон ва ё ба истилоҳи дигар марбути шохаи ҳиндуаврупоӣ аст, ки аз нимҷазираи Ҳинд то Аврупо густариш дорад.

Дар фасли дуюми ин боб «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» қайд шудааст, ки таърихи ташаккули забонҳои эронӣ дар се садаи охир аз тарафи пажўҳишгарони эроншинос дар марказҳои илмии ҷаҳон мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифта, натиҷаи ин таҳқиқот дастарси умум гардидаанд.

Муаллиф бар ин ақида аст, ки бо ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ду гурўҳи бузурги эрониву ҳиндӣ масъалаи забони гуфтугўйии ин ду гурўҳ пеш омад. Дар китоб, барҳақ, зикр шудааст, ки муҳаққиқони таърихи забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ бар асоси далелҳо таъйид кардаанд, ки давраи мустақили рушди забонҳои ориёии ҳиндӣ ва ориёии эронӣ тақрибан ба охири ҳазорсолаи III ва ё оғози ҳазорасолаи II пеш аз мелод марбут аст. Аз ин давра қабилаҳои ориёии ҳиндӣ аз сарзамини Осиёи Миёна ба воситаи Афғонистони кунунӣ ба кишвари Ҳинд муҳоҷират намуда, аз қабилаҳои ориёии эронии худ ҷудо шуданд.

Дар боби аввали китоб даврабандии инкишофи забонҳои эронӣ оварда шудааст, ки тибқи он аввалин навиштаҳо бо забонҳои эронӣ ба се давра тақсим карда шудаанд: давраи забонҳои эронии бостон, давраи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ, давраи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ, ки то имрўз идома дорад.

Дар фасли сеюми боби аввали китоб, ки «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурўҳбандии забонҳои эронӣ» ном гирифтааст, муаллиф дар бораи забони авестоӣ, забони модӣ, забони форсии бостон, забони форсии миёна, забони портӣ, забони бохтарӣ ва забони суғдӣ муфассал маълумот медиҳад.

Хулосаи ин боб ҳамин аст, ки забони тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши онҳо ба вуҷуд омад, меросбари воқеии ин забонҳо ба ҳисоб меравад.

Боби дуюм «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ» унвон гирифта, аз панҷ фасл иборат аст. Дар ин боб масъалаи «тоҷикшиносӣ», пайдоиши калимаи «тоҷик», макон ва замони пайдоиши забони тоҷикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Фасли якум «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ» номгузорӣ шудааст. Ин фасл дар навбати худ ба чанд зерфасл ҷудо мешавад. Дар ин фасл бо такя ба пажўҳишҳои сайёҳон ва олимони дохиливу хориҷӣ дар бораи калимаи «тоҷик» маълумоти мухтасар ва мушаххас дода шудааст. Дар зерфасли аввал назари ховаршиносони аврупоӣ оид ба пайдоиши калимаи «тоҷик» ва марзу буми сукунати тоҷикон баррасӣ карда шудааст. Масалан, аз китоби «Таърихҳои шарқӣ», ки соли 1773 дар Порис чоп шудааст, чунин иқтибос оварда мешавад: «Ҳама шаҳрҳои Бухорои бузург ва Бухорои хурд то худи марзҳои Чин бухороӣ ҳастанд, ки… сокинони қадимиву бостонии ин диёр мебошанд. Онҳоро «тоҷик» ё «шаҳрнишин» меноманд. Дар тавзеҳоти китоб чунин омадааст, «тоҷик» маънои шаҳрнишинро дорад, ки бухороиҳоро чунин меноманд».

Фасли дуюм «Муродифҳои вожаи «тоҷик» унвон гирифта, он низ дар навбати худ ба чанд зерфасл тақсим мешавад. Дар ин фасл оид ба робитаи вожаи «тоҷ» ва «тоҷик» маълумот дода шудааст. Дар тасдиқи андешаҳои худ муаллиф ақидаи шарқшиноси машҳури рус Н.В. Ханиковро оид ба алоқамандии вожаи «тоҷ» бо «тоҷик» зикр намуда, минбаъд ин ақидаро тавассути фикру мулоҳизаи олимоне ба монанди А.А. Семёнов, А. Вамбери, Л. Будагов, Де Лагард, С. Айнӣ равшантар менамояд. Дар бораи ақидаи муҳаққиқи олмонӣ Де Лагард гуфта мешавад, ки муҳаққиқ истилоҳи «тоҷик» ва «тозӣ»-ро ба калимаи «тоҷ» нисбат дода, ин халқҳоро мардуми бумии Форс медонад, ки на арабанд ва на турк. Ҳамчунин, дар ин фасл андешаи устод С. Айнӣ оид ба ин масъала оварда шудааст. Ғайр аз ин, бо асноду далелҳои қатъӣ, бо такя ба сангнавиштаҳо, катибаҳо, сиккаҳо ва дастнависҳо дар бораи таърихи қадима доштани вожаи «тоҷик» маълумот дода мешавад. Дар маҷмўъ, дар ин ду фасл дар бораи пайдоиши калимаи «тоҷик», рўзгори аҷдоди тоҷикон, густариши ҷуғрофӣ ва маҳалли сукунати онҳо маълумот дода мешавад. Илова бар ин, доир ба маънои луғавии калимаи «тоҷик» назари муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ баён мешавад.

Фасли сеюми ин боб «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ» унвон дорад. Дар ин фасл оид ба маҳалли пайдоиши забони тоҷикӣ ва сайри таърихии он сухан меравад. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои гуногуни илмию адабӣ, таърихӣ ва фарҳангномаҳо пайдоиши забони форсиро ба давраи Каюмарс ва ҷойи дигар ба давраи Ҷамшед вобаста медонад. Нуқтаи ҷолибе, ки дар ин боб ба назар мерасад, навиштаҳои Маликушшуаро Баҳор дар китоби «Сабкшиносӣ» ба ҳисоб мераванд. Ў менависад: «Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст». Ҳамчунин, илова мекунад, ки забони форсии дарӣ аслан лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухорост, ки дар ин ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Назари Саид Нафисӣ низ дар ин маврид ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ватани аслии ориёиҳоро, ки тоҷикон аз он нажоданд доманакўҳҳои Ҳиндукуш, канори дарёҳои Ҷайҳуну Сайҳун медонад ва менависад, ки «мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрўз ба манзалаи хонаи дувуми мост».

Муаллиф ба сарчашмаи нисбатан қадимтар, яъне «Таърихӣ Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ руҷўъ мекунад, ки дар он омадааст: аҳли Бухоро дар масҷиди ҷомеи Бухоро, ки соли 713 Қутайба ибни Муслим онро дар ҷойи бутхона бино карда буд, дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехондаанд.

Дар ин боб дар асоси ақидаҳои мухталифи муҳаққиқини Шарқу Ғарб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар такя ба навиштаҳои адибони маъруфе амсоли Саид Нафисӣ, Садриддин Айнӣ, Евгений Бертелс, Маликушшуаро Баҳор, Забеҳуллоҳ Сафо, Ҷалоли Матинӣ, Абдулҳай Ҳабибӣ, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон чунин натиҷагирӣ карда мешавад, ки макони пайдоишу густариши забони адабиву китобии тоҷик Хуросону Мовароуннаҳр аст.

Дар охири ин боб муаллиф ба чунин хулоса омадааст, ки забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Ому мебошад ва осори боқимондаи илмиву адабӣ гувоҳи он аст, ки ин забон идомаи мустақими забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки он забонест, ки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд доштааст.

Фасли чоруми ин боб «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ» унвон гирифта, оид ба таърихи қадима доштани забони тоҷикӣ баҳс мекунад. Дар ин фасл бо далелҳои қатъӣ исбот карда мешавад, ки забони тоҷикӣ бешубҳа таърихи қадима дорад.

Фасли панҷум «Номи забони мо» унвон гирифтааст. Дар ин фасл баҳс рўйи вожаҳои «тоҷикӣ», «дарӣ» ва «форсӣ» меравад. Муаллиф аз навиштаи гимнҳои монавӣ, аз бозёфтҳои пайдошудаи ноҳияи Турфони Чин, ки дар он номи «тоҷик» дар шакли «тоҷикона» омадааст, ёдовар мешавад. Ғайр аз ин, муаллиф аз осори адибону олимон дохиливу хориҷӣ, ҳамчунин асарҳои сайёҳони хориҷӣ аз қабили «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд, асари Руи Гонсалес де Клавихо – «Сафар ба Самарқанд, ба дарбори Амир Темур» ва ғайра иқтибос меорад, ки дар онҳо вожаи «тоҷик» мушоҳида мешавад.

Боби сеюми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» аз 4 фасл иборат буда, риштаи таҳлили забони тоҷикӣ дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитаборро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Боби сеюми китоб, «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор», дар фасли аввали он «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин» аз зуҳури пайғамбари Ислом ва оини нав – Ислом ёдоварӣ мекунад. Дар ин фасл гуфта шудааст, ки дини Ислом бо даъвати худ ба бародариву баробарии мусулмонон қабилаҳои бадавии то ин дам ба ҳам душмани арабро зери ливои эътиқоди нав ба Худованди яккаву ягона муттаҳид сохта, ба онҳо нерўи тозаи рўҳонӣ бахшид ва заминаҳои истилои араб ва пирўзиро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлати Сосониён фароҳам овард. Бо ҳамин раванд, дар идомаи ин боб Сарвари Давлат дар бораи ҷангҳои арабҳо ва кишваркушоии онҳо ва охирин шоҳаншоҳи дудмони Сосониён – Яздигурди III муфассал маълумот медиҳад.

Пешвои миллат тазаккур медиҳад, ки сабаби аз байн рафтани давлати Сосониён ва дар зери тасарруфи арабҳо қарор гирифтани Эрону Мовароуннаҳр пеш аз ҳама ҷудоиву парокандагии сиёсӣ ва мазҳабӣ, набудани иттиҳоди мустаҳкам миёни давлатҳои хурди ин сарзамини паҳновар, мухолифат, ҷангҳои байни ҳамдигарӣ ва ҳатто хиёнату ватанфурўшии баъзе ҳокимони маҳаллӣ буданд, ки гузаштагони моро ба шикасти сиёсиву низомӣ мувоҷеҳ карданд.

Муаллиф дар идомаи ин боб аз муборизаи мардуми меҳанпарасти Бухоро, Самарқанд, Суғд, Хатлон, Хатлон ва навоҳии дигар алайҳи душманон қисса мекунад. Эмомалӣ Раҳмон, таъкид мекунад, ки забони миллӣ дар ҳама давру замонҳо шаҳпари боэътимоди ҳастии маънавии миллат аст. Дар баробари ин, забонро метавон ба шамшери тезу буррое шабоҳат дод, ки соҳибзабон ба василаи он ҳастии маънавии хешро аз ҳуҷуму ҳамлаҳои миллиятзудо ва фарҳангсўз муҳофизат мекунад.

Ба андешаи муаллиф, ҳар забоне, ки аз саҳнаи сиёсат ва қудрат хориҷ мешавад, ҳатман харобу камарзиш ва нотавону камзарфият гардида, тавони муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйиқи забони ҳоким аз даст медиҳад ва дар тангнои фано қарор мегирад, зеро забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумўи забон муҳити зисту амал фароҳам меоварад.

Дар фасли дуюми ин боб «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» Пешвои миллат аз шикасти забонҳои расмиву динии Эронзамин дар мубориза бо забони арабӣ ва роҳ ба сўйи фанои тадриҷӣ паймудани онҳо нақл мекунад ва мегўяд, ки дар баробари ҳамин гуна хатар дар ҳамон замони истилои араб мардуми кишварҳои дигар, аз қабили Миср, Ироқ, Сурия ва ғайра, ки дорои фарҳангу тамаддуни қадимӣ буданд, ҳувияти маънавии хешро аз даст дода, «араб» гаштанд.

Тавре бобати ин масъала дар саҳифаи 175 менависад: «Хушбахтона, чунин сарнавишти талх насиби гузаштагони огоҳу бедордили мо нашуд, зеро дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ омилҳое рўйи кор омаданд, ки ба тавфиқи талошҳои поймардонаи ниёкони огоҳу бедордили мо барои ҳифзи ҳувият ва асолати фарҳангу тамаддуни ориёӣ мусоидат карданд. Дар раъси ин омилҳои ҳастисоз забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он гузаштаи тоисломии халқҳои эрониро бо даврони исломии таърихи Эронзамин бипайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳила аз лиҳози ҷаҳоншиносии динӣ ба ҳам мухолиф фосила ва гусастагии маънавӣ пайдо шавад, ҳамон гуна гусастагие, ки мўҷиби «араб» шудани мардуми кишварҳои дигар гардид».

Сардори Давлат менависад, ки мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ҳанўз дар қарнҳои якуму дуюми исломӣ (асрҳои VII-VIII милодӣ) таровишҳои табъи шоиронаи худро дар қолаби забони дарӣ пайрезӣ мекарданд. Метавон ҳадси наздик ба яқин зад, ки теъдоди ин гуна ашъор дар вақташ ба маротиб зиёд будааст, вале ба сабаби забони гуфторӣ будани форсии дарӣ дар он даврон ва ҳанўз ба қайди китобат надаромадани он, ашъори мазкур низ ба тариқи шифоҳӣ истифода мешуданд ва бо гузашти айём аксаран аз байн рафтанд, меафзояд муаллиф.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ин фасл қайд мекунад, забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар давраи истилои араб ба ҳайси абзори муошират на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, Эрони марказӣ, балки дар шаҳрҳои бузурги хилофат – Макка, Мадина, Куфа, Басра ва Бағдод низ ривоҷи тамом дошт. Ва ҳамзистии забони тоҷикӣ бо арабӣ боис гардид, ки раванди доду ситад миёни ин дузабон дар марҳилаи мавриди назар густариш пайдо кунад.

Фасли саввуми ин боб «Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён» ном гирифтааст. Дар ин боб муаллиф дар бораи ташкили давлати Тоҳириён нақл мекунад. Ў мегўяд, ки Тоҳириён дар аҳди хилофати Аббосиён нахустин сулолаи подшоҳони эронинажод буданд, ки мустақилияти худро эълон карданд ва бештар аз панҷоҳ сол (солҳои 820-873) дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳукмронӣ намудаанд. Тавре Пешвои миллат қайд мекунад, бунёдгузори ин сулола Тоҳир ибни Ҳусайн мулаққаб ба «Зуляминайн» (тав. 775 – ваф. 822) зодаи мавзеи Пушанги Хуросон (наздики Ҳирот) буд, ки аз бузургтарин ёрону ҷонибдорони халифа Маъмун маҳсуб гардида, ба ў барои рафъи бародараш Амин аз хилофат, ки баъд аз сари падарашон Ҳорунаррашид ба тахти хилофат нишаст, кўмак кард.

Бо ҳамин раванд дар идомаи фасл Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадафу фаъолияти Тоҳир ва Талҳа ибни Тоҳир (солҳои ҳукмронияш 822-828) писараш, ки баъдан ҷойгузини падар гардид, нақл мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин фасл аз навиштаи Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварда, мегўяд, ки дар дарбори Тоҳириён дар баробари забони арабӣ забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳам мустаъмал буд.

Фасли чаҳорум «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ» ном дорад, ки дар ин фасл дар бораи бунёдгузори давлати Саффориён Яъқуби Лайс ёдовар шуда, Яқуби Лайсро, ки агарчи дар хонаводаи мисгари оддӣ ба дунё омада бошад ҳам марди силаҳшўру диловар хондааст.

Ҳамчунин муаллиф дар идомаи фасл аз набардҳои хунини Саффориён ва Тоҳириён нақл мекунад ва дар бораи ҷангҳои 10 солаи Саффориён ва давлатдории ин сулола ва чигуна саркўб кардани исёну шуришҳои дохилии кишвар маълумот медиҳад.

Хулосаи ин боб бо нақли даъвати набарди Амри Лайс бо амири Бухоро Исмоили Сомонӣ ва шикасти ў ба поён мерасад.

Боби чаҳоруми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» унвон гирифта аз чор фасл иборат аст. Дар фасли якум – «Кўҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ» аз намунаҳои хатҳои аввалин аз қабили хати тасвирӣ ва оромӣ сухан меравад. Сипас ба масъалаи таъриху таҳаввул ва вазъияти хатҳои забонҳои форсии қадим руҷўъ карда мешавад. Ин фасл дар навбати худ аз ду зерфасл таркиб ёфтааст. Дар зерфасли аввал – «Намунаҳои наср дар шакли вожа, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида» аз манбаъҳои гуногуни таърихию адабӣ аз ҷумла «Китобу-т-тоҷ фӣ ахлоқи-л-мулук», «Ал-маҳосин ва-л-аздод», «Номаи донишварон», «Ат-тадвин фӣ ахбори Қазвин», «Китоби амвол»,  дар қолабҳои калима, ибора ва ҷумлаҳои алоҳида намуна оварда мешавад. Дар зерфасли дуюм–«Намунаҳои назм» аз осори таърихию адабии арабию форсӣ порчаҳои шеърӣ оварда мешавад. Масалан, намуна аз китоби Табарӣ чунин оварда шудааст:

«Аз Хуталон омазиҳ,

Ба рў табоҳ омазиҳ.

Обор боз омазиҳ,

Хашак низор омазиҳ».

«Табарӣ дар се маврид аз ҳаводиси солҳои 108/730 ва 119/741 нақл мекунад, ки волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ба Хатлон лашкар кашид ва дар ин ҷанг шикаст хўрда, шармсору парешон ба Балх гурехт. Ин шеър аз ҷониби мардуми Балх ба ин муносибат суруда шудааст ва кўдакон онро дар кўчаҳои Балх мехонданд».

Ё аз «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ порчаи зерин оварда шудааст:

«Ҳужабро, ба кайҳон анўша бизӣ,

Ҷаҳонро ба дидор тўша бизӣ»

Сипас чунин шарҳ ёфтааст «Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и худ аз қавли Абўтоҳири Хотунӣ овардааст, ки дар аҳди Азудуддуни Дайламӣ ҳанўз қасри Ширин, ки дар Хониқин аст, пурра вайрон нашуда буд ва навиштаи мазкурро аз ҳамон қаср ёфтанд».

Дар маҷмўъ дар ин фасл бештар ба порчаҳои парокандаи осори манзуму мансур, ки ба фарҳанги мардум алоқаманд аст такя карда мешавад.

Дар фасли дуюм – «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ» оид ба кўҳантарин намунаҳои китобии тоҷикӣ (дарӣ) сухан меравад. Ин фасл низ аз ду қисмат таркиб ёфтааст. Дар қисмати якум сухан аз аввалин шоирони порсигў аз қабили Абўҳафси Суғдӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқ, Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Абусалики Гургонӣ, Фирўзи Машриқӣ рафта аз ашъори онҳо намунаҳо оварда мешавад.

Дар қисмати дуюми ин фасл дар бораи аввалин китобҳои осори мансур сухан рафта оид ба асарҳое ба монанди «Муқаддимаи «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Гаршоспнома» ва «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди Балхӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Тафсири Қуръон», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шуморнома»-и Муҳаммад Аюби Табарӣ, «Ҳидоят-ул-муаллимин фӣ-т-тибб»-и Абўбакри Ахавайнии Бухороӣ, «Таърихи Систон», «Китоб-ул-абнияи»-и Муваффақи Ҳиравӣ, «Синдбоднома» ва ғайра маълумоти мухтасар ва бархе номбар шудаанд.

Фасли сеюми боби чоруми китоб «Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ» унвон гирифтааст. Дар ин фасл заминаҳои густариши забон, вазъи сиёсӣ ва мавқеи он дар давраи истилои арабҳо ва баъди он шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Муносибати арабҳо бо мардуми форсизабонон, нисбат ба забони форсӣ низ бо мисолҳо инъикос ёфтааст. Аз Наршахӣ мисол оварда шудааст: Ҳамчунин Наршахӣ таъкид менамояд, ки Қутайба «аҳли Бухороро фармуд, як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб ба эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд».

«Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин иқдоми Қутайба ибни Муслим на фақат ба манзури омўзонидани шариати ислом, балки ҳамчунин ба мақсади густариши забони арабӣ низ буд…»

«Истилои араб ба ҳеч ваҷҳ натавонист истиқлоли забонии аҳли Хуросону Мовароуннаҳрро комилан аз байн бибарад. Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар ин сарзамин ба забони арабӣ пайваста рақобат намуда дар мақоми худ пойдору устувор монд».

Дар фасли чоруми ин боб, ки «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» номгузорӣ шудааст, аз китобҳои илмии соҳаҳои гуногун, ҳамчунин, аз китобҳои адабӣ ёдоварӣ мешавад, ба монанди «Шуморнома»-и Айюби Ҳосиби Табарӣ, «Ҳудуду-л-олам», «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Абуяъқуби Сиҷистонӣ, «Ҳидояту-л-муаллимин фӣ тиб(б)»-и Абубакри Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнӣ, «Китобу-л-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия»-и Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тўсӣ, «Рагшиносӣ» ё «Рисола дар набз» ва «Донишнома»-и Абуалӣ Сино, Китобу-т-тафҳим ли авойили саноат-ит-танҷим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Ҷомеъу-л-ҳикматайн»-и Носири Хусрав. Аз ҳар яки ин асарҳои зикргардида намунаҳо оварда шуда аз ташаккули забони илм дар он даврон қайд карда мешавад. Дар ин фасл намунаҳо аз осори бо хати мехӣ ва монавӣ-портӣ, паҳлавӣ, хати суғдии монавӣ ва бо хати бохтарии монавӣ навишташуда оварда мешаванд. Ҳамчунин намунаи сиккаҳои Кушониён, шоҳони бохтарӣ нишон дода мешаванд.

Боби панҷуми китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» аз 5 фасл иборат аст. Ин боб «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дорад. Дар фасли аввали ин боб - «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён», Эмомалӣ Раҳмон таҳлили таърихии забони тоҷикиро дар аҳди Сомониён, ки давраи дурахшонтарин саҳифаи таърихии давлатдории тоҷикон ва пурбортарин давраи шукуфоии забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) маҳсуб мешавад, баррасӣ намудааст.

Тавре дар аввали ин фасл муаллиф қайд мекунад бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ (849 - 907) дар таъмини бақои умри миллату давлат ва забону фарҳанги мо, тоҷикон, нақши муассир доштааст. Аз ҷумла дар бораи чигуна бар сари мансабҳо расидани хонадони Бобои Исмоили – Сомонхудот қисса мекунад.

Пешвои миллат дар идомаи ин фасл зикр мекунад, ки Исмоил ибни Аҳмад (849 - 907) маъруфтарин амири силсилаи сомонист, ки дар муддати давлатдориаш тадриҷан заминаҳои иттиҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт ва давлати бузурги Сомониёнро дар Хуросони бузург барпо кард ва бо ҳамин раванд Исмоил давлатҳои атрофро тобеи кишвари худ гардонид.

Сарвари Давлат дар бораи сиёсати адолати камназири амир Исмоил ва муҳаббату иродати ў ба забони модарӣ, ки дар кутуби таъриху адаби пешиниён дарҷ шудааст, дар идомаи таҳқиқоти худ менависад: «Аслан анъанаҳои девондорию девонсолории мардуми ориёинажод реша ба даврони Ҳахоманишиён дорад ва ин амири сомонӣ ин анъанаи деринро эҳё карда, ба он сару сомон бахшид». Ҳамчунин дар бораи тартиби нақшаи девонҳо ва чигуна будану фаъолият кардани масулини онҳо маълумоти дақиқ додааст.

Дар идомаи ин фасл Сарвари Давлат менигорад, ки ду омил боиси инқирози давлати мутамаркази Сомонӣ гардидааст:

- омили нахуст ба давлатдорӣ ҷалб кардани ғуломони турки асирафтодаи исломоварда ва ба зиммаи онон вогузор кардани сипоҳи Сомониён буд;

- омили дигари инқирози давлати Сомониён эътирози сахти мардум бинобар афзоиши андоз ва зиёд шудани ҷамъоварии андоз аз аҳолӣ маҳсуб мешавад, зеро туркони сипоҳӣ ва соҳибмансаб акнун дар ҳаққи мардум ҳар гуна ҷабру бедодро раво медиданд ва аз ин хотир дар ҳар кунҷу канори давлат шўришу нооромиҳо сар мезад. Сипоҳиёни муздури турк аз ин фурсати муносиб истифода бурда, барои саркўбии шўришчиҳову нооромиҳо маблағҳои зиёд талаб мекарданд, ки ин ҳама боиси холӣ шудани хазинаи давлат ва афзоиши ҳаҷми ситонидани андоз аз мардуми нодор мегардид.

Сарвари  Давлат дар идомаи таҳқиқоти худ забони тоҷикӣ (форсии дарӣ)-ро мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод гуфтааст: «Ин забон дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид, зеро амирони сомонӣ мисли Яъқуби Лайси саффорӣ ба забону адаби мардуми худ муҳаббати фаровон доштанд ва ба ҳимояту тарбияти шоиру нависандагони ҳамзабони хеш сахт камари ҳиммат баста буданд».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки таълифу тадвин ва тарҷумаи бештари осори арзишманди аҳли сомонӣ бо дастури амирону вазирони Оли Сомон анҷом гирифтааст. Аз ҷумла, осори рангину мондагоре назири «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Калила ва Димна»- манзуми Рўдакӣ, «Синдбоднома», «Таърих» ва «Тафсир»-и Табарӣ, «ас-Саводу-л-аъзам»-и Абулқосими Самарқандӣ, «ал-Абния ани-л-ҳақоиқи-л- адвия»- Абумансури Муваффақи Ҳиравӣ ва ғайра, ки дар ҳамин аҳд таълифу тадвин ва ё аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ тарҷума шудаанд, ба номи амирону вазирони сомонӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Фасли дуввуми ин боб «Вижагии забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён» ном дорад, ки дар бораи вожаҳои забони тоҷикӣ дар осори муҳаққиқу шоирон чун «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ, осори ба забони тоҷикӣ таълиф шудаи Абуалӣ ибни Сино ва дигарон мисолҳо оварда баҳс мекунад.

Фасли саввум «Забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиён» унвон гирифтааст. Сарвари Давлат мегўяд, ки дар рўзгори авҷи азамати Оли Сомон дар Хуросону Мовароуннаҳр ва дар сарзаминҳои дигари Эронзамин, аз ҷумла дар Ҷурҷону Табаристон Оли Зиёр, дар Ироқу Форс Оли Бўя ё Оли Бувайҳ ва дар Хоразм нахзуст хоразмшоҳиёни Оли Ироқ, баъдан Оли Маъмун мақому қудрат ёфтанд. Вале дар ин давлатҳо забони арабӣ бештар расмият дошт ва ҳокимони ин хонадони ҳарчанд эронии асил буданд, ба андозаи Сомониён ба забону адаби тоҷикӣ (форсии дарӣ) инояту муҳаббат надоштанд, аз ин хотир забони тоҷикӣ дар қаламрави онҳо ба таври шоиста рушду густариш пайдо накард.

Дар идомаи ин фасл Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кишваркушоии Сабуктегин ва Маҳмуди Ғазнавӣ нақл мекунад ва таъкид мекунад, ки аксари подшоҳони ғазнавӣ ба мисли Сомониён ба забони тоҷикӣ ва илму адаб алоқамандии зиёд доштанд, ҳарчанд баъзе аз онҳо дар замони салтанати худ забони коргузории девонро аз тоҷикӣ ба арабӣ баргардонида буданд. Ва дар дарбори ғазнавиён олимону адибон мақоми хосса доштанд.

Муаллиф мегўяд, ки подшоҳони Ғазнавӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ва бунёди мактабу мадрасаҳо низ мусоидат менамуданд ва бо овардани чанд номҳои шахсияти шоиру олимони ин давр фасли мазкурро ба анҷом мерасонад.

Фасли навбатӣ «Забони модарии мо дар аҳди Зиёриён ва ё Повандиён» ном гирифта, дар бораи хонаводаҳои подшоҳии эронитабори Зиёрӣ, маълумот медиҳад.

Ў мегўяд, ки Оли Зиёр ё Зиёриён аз хонадони қадими Гелон буда, аз ҳамин вилояти кўҳистон бархостаанд. Ва нахустин подшоҳи ин сулола Мардович ном дошт ва асли худро ба подшоҳони Эрони бостон нисбат медод.

Сарвари Давлат дар бораи ин хонавода маводи лозимӣ пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд мекунад, ки дар дарбори бузургтарин подшҳи ин сулола Қобус ибни Вушмгирд шоирони форсигўй аз ҷумла Абубакри Муҳаммад ибни Алии Хусравии Сарахсӣ, Абулқосими Ҷурҷонӣ ва дигар фозилон рафтуомад доштанд. Инчун Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ низ ба таъкиди муаллиф як муддат дар ин дарбор будаанд.

Тибқи таҳқиқоти Пешвои миллат подшоҳи охирини зиёрӣ, ки дар гиромидошти забони адаби форсӣ маъруф аст, Унсуралмаолии Кайковус мебошад, ки пас аз падараш Искандар ба тахти подшоҳӣ нишаст. Унсуралмаолии Кайковус муаллфи китоби панду андарзии «Қобуснома» мебошад, ки то замони мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирифтааст.

Муаллиф бар ин гуфтор аст аст, ки дар қаламрави давлати Зиёриён забонҳои табарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор доштанд, вале забони коргузорӣ ва номанигории дарбори Оли Зиёр забони арабӣ буд.

Фасли ахири ин боб «Забони модарии мо дар аҳди Оли Бўя» ном дошта, хонадони подшоҳии Оли Бўя мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Бино бо гуфтаи Сарвари Давлат хонадони Оли Бўя, Бувайҳиён ё Дайламиёнро се бародар: Алӣ, Ҳасан ва Аҳмад бунёд ниҳодаанд, ки аз моҳидорӣ ба тахти подшоҳӣ расиданд. Муаллиф тўли солҳои ҳукмронии ин хонадонро 120 сол гуфта, дар бораи чигуна фаъолият кардану ҳукмрон намудани онҳо далелҳои фаровон овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи авҷи эҷодиёти Шайхурраис Абуалии Синоро низ ба аҳди подшоҳони Оли Бўя медонад. Ў мегўяд: «Абуалии Сино баъд аз он ки даъвати Султон Маҳмудро барои ба дарбори Ғазна рафтан напазируфт, муддате ба дарбори Оли Зиёр ва баъдан дар дарбори подшоҳии Оли Бўя паноҳ ҷуст, ҳарчанд Маҳмуд ҳамвор дар таъқиб ва талаби дидори ў буд.

Осори форсии Абуалӣ ибни Сино «Донишномаи Алоӣ», «Меъроҷнома» ва «Рисола дар набз» низ дар ҳамин конун, дар дарбори ягона сарпарасти забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) аз подшоҳони Оли Бўя – Алоуддавла Кокуя бо дархости ў дар Исфаҳон таълиф шуданд». Бо ҳамин хулосаи ин боб ҳам ба анҷом расид.

Боби шашуми ин китоб – «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» 5 фаслро дар бар гирифтааст. Дар маҷмўъ дар ин боб густариши забони тоҷикӣ ва таъсиру нуфузи он ба забонҳои дигар дар давраҳои гуногуни таърихӣ таҳлилу баррасӣ мегардад.

Дар фасли якуми ин боб – «Густариши забони тоҷикӣ ба минтақаҳои дигари ҷаҳон» паҳншавии нуфузи забони тоҷикӣ дар сарзаминҳои Ҳинду Синд, Қафқозу  Осиёи Хурд, Ироқу Сурия нақл мешавад.

Фасли дуюми он «Забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён» унвон гирифтааст. Дар ин фасл сухан оид ба вазъи забони форсии тоҷикӣ дар қаламрави мамлакати Салҷуқиён меравад. Дар бораи вазъи сиёсӣ ва адабии даврон низ маълумоти мухтасару мушаххасе оварда шуда сипас намояндагони адабу фарҳанги ин давра зикр мегарданд, аз қабили Носири Хусрав, Хайёми Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдумалик Муизии Нишопурӣ, Анварии Абевадӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Қатрони Табрезӣ, Асадии Тўсӣ, Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фаридаддини Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ. Осори ин адибон ҳамчун намунаи беҳтарин ҳисобида мешаванд, ки ба забони форсии тоҷикӣ таълиф гардида, дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ саҳми назаррасе гузоштаанд.

Сипас ба зикри осори мансур пардохта мешавад, аз қабили «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Кимиёи саодат» ва «Насиҳату-л-мулук»-и Муҳаммади Ғазнавӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ, «Муҷмалу-т-таворих ва-л-қисас»-и муаллифи ношинохта, «Таърихи Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ, «Тазкирату-л-авлиё»-и Фаридаддини Аттор ва ғайра.

Аз осори ҳамаи ин муаллифони номбаршуда намунаи порчаҳои манзуму мансур оварда мешаванд.

Фасли сеюми боби шашум «Забони модарии мо дар аҳди Ғуриён» унвон гирифтааст. Дар ин фасл оид ба вазъияти сиёсии давлати Ғурриён маълумоти мухтасаре оварда шуда сипас аз адибони ин даврон, аз қабили Низомии Арўзии Самарқандӣ, Муҳаммад ибни Мунаввар (абераи Абўсаиди Абулхайр), Муиниддин Чиштии Ҳиравӣ, Фахриддин ибни Ҳусайн, Шамсиддин Муҳаммади Сагзӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ ва дигарон ёдоварӣ карда шуда вазъи забони тоҷикӣ дар ин даврон арзёбӣ мегардад.

Фасли чоруми ин боб «Забони тоҷикӣ дар аҳди Хоразмшоҳиён» унвон гирфтааст. Дар ин фасл маълумоти мухтасаре оид ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адбии давр дода мешавад. Ҳамчунин вазъи забони тоҷикӣ дар ин даврон маънидод шуда махсусан чунин қайд карда мешавад: «Дар ҳамаи ин айём забони расмии дарбор  ва забони бештари мардуми қаламрави Хоразмшоҳиён забони тоҷикӣ буд».

Ғайр аз ин, намояндагони илму адаби ин даврон, аз қабили Рашиди Ватвот, Баҳоиддин Валад, Наҷмиддини Кубро, Саид Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон зикр мегарданд.

Фасли панҷуми ин боб «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» унвон гирифтааст. Дар ин фасл таъсири забонҳои бегона ба забони тоҷикӣ баррасӣ мегардад. Таъсири забони арабӣ махсусан қайд карда шуда бо омилҳои иқтисодӣ, динӣ, низомӣ, сиёсӣ, илмию адабӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ марбут дониста мешавад.

Хулоса забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) то ҳамлаи муғул новобаста аз ҳаводиси рўзгор ва шебу фарози таърих вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта тавонистааст, ки дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву давлатии ин замон – забони арабӣ на танҳо истодагарӣ кунад, балки тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад.

Умед Пудинаев,Шоҳбегим Маликшоева,кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ»-иКитобхонаи миллии Тоҷикистон

kmt.tj

Ибрат аз Пешвои миллат

Details Published on Thursday, 20 July 2017 15:18

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад.

Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурўҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо - ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузургеро бар дӯш дорем.

Ҷавонон  идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба саҳифаи 25-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст.

Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зарфи 25-соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумӯъ ёфтааст. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд. Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва Сарвари тоҷикони дунё таъкид намуданд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”. Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Даҳсолаи охири асри ХХ барои халқи тоҷик ҳадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод.

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифат ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷўҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд.

Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкилии ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст. Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо - ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

Давлат ба ҷавонон таваҷҷўҳ зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда барои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумўи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватан-Модар ва миллатамон хизмат кунем.

Дар даврони 25-солагии Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 25 сол халқамон ба шарофати меҳнати бунёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо кӯпрӯкҳои боҳашамат сохта, ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешравии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфуз аз ҷумла, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миёна, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпайкараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд.

Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам рушду нумўъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт. Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯъ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад.

Мо – ҷавонон барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.

М.И.Каримова,сармуаллимаи кафедраикори бонкии ДДҲБСТ

hakikati-sugd.tj

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Президенти Тоҷикистон - President of Tajikistan - Президент Таджикистана

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз!

Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад.

Соли 2015-ум ба таърихи навини кишварамон, қабл аз ҳама, бо чорабинии муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ворид гардид.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки интихобот дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шуда, бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми Тоҷикистонро нишон дод.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми шарифи кишвар барои ширкати фаъолона дар муҳимтарин чорабинии сиёсии сол бори дигар миннатдорӣ баён менамоям.

Дар соли гузашта, ҳамчунин, як силсила маъракаҳои муҳим, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид - Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700 - солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори бостонӣ баргузор гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии хурду бузурги мамлакат, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд.

Соли 2015 – ум, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарафманди кишварамон рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48  миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 фоиз баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 фоизро ташкил кард.

Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд.

Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

Нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд дар панҷ соли охир 1,6 баробар ва фавти кӯдакон 2,5 баробар кам шудааст.

Соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Нишондиҳандаи қарзи давлатӣ соли гузашта нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,9 фоизро ташкил кард, ки ин рақам тибқи меъёрҳои байналмилалии вобаста ба идоракунии қарз нишондиҳандаи муътадил ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки соли 2015 аксари соҳаҳои иқтисоди миллии мо таҳти таъсири шадиди омилҳои берунӣ қарор гирифта, ин раванд ба вусъати робитаҳои тиҷоратӣ, тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ то андозае таъсири манфӣ расонид.

Барои пешгирӣ кардани чунин вазъ, Ҳукумат нақшаи чорабиниҳои иловагӣ қабул карда, дар доираи он ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкориҳо бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. 

Дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” қабул гардид, ки бояд дар асоси он беш аз  300  ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шаванд.

Соли гузашта бо сабаби идома ёфтани тамоюли манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи молу маҳсулоти асосии содиротии кишвар паст рафта, таъсири омилҳои берунӣ ба пули миллӣ зиёд гардид.

Илова бар ин, офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, як қатор ноҳияҳои водии  Рашт ва вилояти Хатлон ба  иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд.

Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд.

Соли 2015-ум гардиши савдои хориҷии мамлакат нисбат ба соли 2014-ум 18 фоиз, аз ҷумла содирот 9 фоиз, воридот 20 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 7 фоиз коҳиш ёфт.

Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ талаб менамояд, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли 2015 баёнгардида бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда иҷро шуд, вале бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия амалӣ нагардид. 

Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-уми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ бозҳисобӣ (индексатсия) карда мешавад. Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷети давлат дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад.

Мо дар даврае қарор дорем, ки муҳлати татбиқи як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ, аз ҷумла аввалин стратегияи миллии рушд ба анҷом мерасад.

Бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қатъӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем.

Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифатҳои нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву  дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Дар ин раванд, ба самаранокии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо афзалият дода мешавад.

Мо инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии кишвар дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем.

Вобаста ба ин, Ҳукуматро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои зикршуда тақвият бахшида, ҳамкории мақомоти марказӣ ва маҳаллии идораи давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намояд.

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо ва ноил шудан ба пешрафти саноати кишвар то ба имрӯз як қатор барномаҳои соҳавӣ татбиқ гардиданд, ки ба тавсеаи коркарди аввалияи ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла коркарди пурраи нахи пахта як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Илова бар ин, барои сохтмони аксари иншооти муҳим ва воридоти таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ низ як силсила имтиёзҳо муқаррар гардида, маблағи умумии онҳо дар шаш соли охир 20  миллиард сомонӣ ва танҳо дар соли гузашта 4 миллиард сомониро ташкил кард. Яъне ин маблағҳо бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар ихтиёри соҳибкорон гузошта шудаанд.

Татбиқи чунин тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад.

Вале ин нишондиҳанда барои пурра таъмин кардани бозори истеъмолии кишвар ва афзоиш додани содирот ҳанӯз кофӣ нест. 

Аз ин лиҳоз, моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст.

Илова бар ин, дар чандин ноҳияҳои кишвар бунёди минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори қариб 2 миллион тонна, се корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори беш аз 3 миллион тонна, корхонаҳои бофандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин,  сохтмони се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга бо иқтидори истеҳсоли 1400 килограмм тилло, корхонаи бузурги металлургӣ бо иқтидори 50 ҳазор тонна рӯҳ ва 50 ҳазор тонна сурб ва боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори 400 ҳазор тонна имсол ва соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Қобили таъкид аст, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, махсусан, корхонаҳои коркарди маъдан ва металлургияи сиёҳу ранга ба нерӯи барқ ва дигар шароити инфрасохторӣ вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ масъалаи ба манбаъҳои ашёи хом наздик ҷойгир кардани онҳо, ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад.

Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст.

Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт барномаҳои соҳавиро дар доираи афзалиятҳои муайяншуда таҳия карда, татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳоро таъмин намоянд.

Робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмин намудани  истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан  густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст.

Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти иқтисодии берунии мо бинобар номутавозин будани истеҳсолоти ватанӣ ҳиссаи воридот нисбат ба талабот то ба ҳол зиёд аст.

Аз ин лиҳоз, дар стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо аҳаммияти хосса дода шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро барои давраи миёнамуҳлат таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи барномаи зикршуда бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши  маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам  аз 20 номгӯи нави молҳои  ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад.

Тавре ки таъкид гардид, инкишофи соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз истеҳсоли нерӯи барқ вобаста мебошад.

Вале бояд гуфт, ки то ба имрӯз ҳаҷми нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда барои таъмин намудани инкишофи устувори иқтисодиёт кифоят намекунад.

Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи  барқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.

Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.

Ҳарчанд ки дар кишвари мо истихроҷи нафту газ ва коркарди маводи сӯзишворӣ хеле кам аст, вале захираҳои гидроэнергетикиамон ниҳоят бузурганд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад.

Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад.

Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Зеро дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳаммияти хосса дорад.

Дар ин росто, бар пояи татбиқ гузоштани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” аз аҳаммияти хоссае бархурдор хоҳад буд.

Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (300 мегаватт)ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад.

Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии ба нақша гирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад.  Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда тараққиёти воқеии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, дар даҳ соли охир қариб 2 баробар зиёд шудааст ва имрӯз ба ҳисоби миёна 23 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии моро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст.

Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Тоҷикистон аз 27 - уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар майдони 50000 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид.

Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Дар иртибот ба ин, зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад.

Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз ва дар соли 2015 - ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, мехоҳам ба тамоми кишоварзони мамлакат барои заҳмати софдилона ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намоям.

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Дар иртибот ба ин, Ҳукумати мамлакат бояд тамоми монеаҳои мавҷударо дар самти содироти меваю сабзавот, аз ҷумла меваи хушк аз байн бардорад.

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи  беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи  Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт.

Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ва ба маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон таъмин мегардад.

Мо дар замони истиқлолият беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд кардем.

Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи қариб 110 километр ва арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд. 

Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд.

Дар робита ба ин, бори дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид месозам, ки ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ эътибори доимӣ диҳанд.

Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Умуман, дар даврони истиқлолият бо ин мақсад дуюним миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бар асари буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи молиявии кишвар осебпазир гардидааст. Буҷети соли 2016 бо дарназардошти истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои афзалиятҳои миллии муайяншуда дар  ҳаҷми 18 миллиарду 300 миллион сомонӣ қабул шудааст, ки нисбат ба соли 2015 беш аз 3 миллиард сомонӣ ё 20 фоиз зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам аз омилҳои берунӣ ва андозҳои ғайримустақим вобастагии зиёд дорад.

Дар ин шароит моро лозим меояд, ки сарчашмаҳои даромади буҷетро аз ҳисоби васеъ гардонидани фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ ва дигар манбаъҳо таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ доир ба истифодаи самараноки қисми хароҷоти он чораҳои мушаххас андешем. 

Бинобар ин, Вазорати молия ва Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо дигар мақомоти давлатии дахлдор бо мақсади мустаҳкам намудани устувории молиявии кишвар ва кам кардани хавфи пайдоиши буҳронҳо дар бозори молиявӣ, таъмини пешрафти фаъолонаи бозорҳои сармоя дар доираи ҳадафҳои стратегӣ баланд бардоштани самаранокии тақсими захираҳо, сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои қабулшударо таъмин намоянд.

Инчунин, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назорати истифодаи шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳҳомиеро, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд. 

Солҳои охир мавқеи низоми бонкӣ дар самти пешниҳоди қарз ба бахши истеҳсолӣ, афзоиши шумораи муштариён, тавсеаи шабакаҳои қарздиҳии хурд, ҷалби сармоя ва амонатҳои шаҳрвандон беҳтар шуда истодааст.

Соли 2015 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 5 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки қариб 1 миллиарди онҳо ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд.

Шумораи мизоҷони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар давоми сол 15 фоиз зиёд шудааст.

Дар чунин шароит сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, инчунин, ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд.

Дар ин самт зарур аст, ки Бонки миллӣ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноку устувори низоми бонкӣ, ҷалби сармоя барои дастгирии бонкҳо ва қарздиҳӣ, беҳтар кардани сифати сандуқи қарзии бонкҳо ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ ба мизоҷон, таҳкими инфрасохтори низоми пардохт бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фаъол гардонидани бозори коғазҳои қиматнок тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вакилони муҳтарам!

Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад.

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ мо аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкориро таъсис додаем, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 26 фоиз зиёд аст.

Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ амалигардида мавқеи кишвари мо беҳтар шуда, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар давоми солҳои охир 3 маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.  

Дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ  татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ  амалӣ шуда истодааст.

Инчунин, танҳо дар соли 2015 ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиард сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.

Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд.

Илова бар ин, соҳибкоронро зарур аст, ки ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.

Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар баробари ин, бояд ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ чораҳои муассир андешида шаванд.

Масъалаи омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буда, онҳо вазифадоранд, ки заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо, бахусус марказҳои таълими калонсолонро таҳким бахшанд ва барои омода кардани кадрҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат соли 2015 дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтаанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шудаанд. Ин раванд бояд дар оянда идома ёфта, сатҳу сифати касбу ҳунаромӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Дар робита ба ин, роҳбарону масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои коллеҷу литсейҳои касбиву техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумӣ марказҳои таълими калонсолон, инчунин курсҳои омӯзиши касбу ҳунарро ҳарчи бештар  ташкил намоянд. 

Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф бомаром идома дорад. Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, фаъолияти низоми молиявӣ дар ин муассисаҳо ба танзим дароварда шудааст.

Вобаста ба ин, вазоратҳои молия, маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати давра ба давра ба маблағгузории сарикасӣ гузаронидани зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чораҷӯӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 - ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад.

Соли гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” қабул гардид, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд.

Бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем.

Бояд гуфт, ки муҳлати татбиқи Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд.

Дар баробари ин, масъулони соҳаи маориф вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани “Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016 – 2022” чораҷӯӣ карда, барои роҳандозӣ намудани чунин шакли таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки  дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд.

Инчунин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда, доир ба вазъи корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат ҳар сол гузориш диҳанд.

Ҳоло аз 170 ҳазор донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор  нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд.

Вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ 3600 нафар мебошад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.

Ҳукумат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад.

Академияи илмҳоро зарур аст, ки минбаъд низ тамоми нерӯи илмии олимонро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳимми марбут ба иқтисодиёти кишварро таҳқиқ намояд ва дар пешрафти устувори мамлакат саҳми худро гузорад.

Инчунин, олимони соҳаҳои геология ва табиатшиносиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табиии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории  зич дошта бошанд.

Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд.

Дар ин раванд муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза мутобиқ намудани мавзӯъҳои фармоишӣ чораҷӯӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд.

Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Яке аз ҳадафҳои Ҳукумат дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст.

Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанӯз хеле каманд.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайёр кардани чунин мутахассисон бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти роҳбарону  масъулони соҳа бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки то ҳанӯз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад.

Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад.

Дар баробари ин, Донишгоҳи тиббӣ, ки дар мамлакат ягона мебошад, масъалаи тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа пурра иҷро карда натавониста истодааст ва заминаи моддиву техникии он имкон намедиҳад, ки қабулро зиёд карда, талаботи кишварро вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар муқоиса бо ҳафтоду ҳафт соли пеш, яъне соли таъсиси донишгоҳ, ки аҳолии Тоҷикистон аз якуним миллион нафар камтар буд, қонеъ гардонад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд ва илова бар ин, ҷиҳати ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла истифодабарандагони таҷҳизоти электронии тиббӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ба Ҳукумат, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар бобати иҷрои пурраи талаботи Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, доир ба васеъ кардани пойгоҳи таълимӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ дар муҳлати кӯтоҳтарин хулосаи асоснокшударо ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005  14 баробар зиёд мебошад.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз мутахассисони соҳаи тибби мо бо истифода аз имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумат корро дар баъзе самтҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд. Дар натиҷа имрӯз барои ташхис ва табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мо хеле кам шудааст.

Инчунин, дар даҳ соли охир сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ба ҳисоби миёна 24 баробар, аз ҷумла нишондиҳандаи бемории сил 17 фоиз коҳиш ёфтааст.

Таҷрибаи дусолаи ҳамгироии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимгардонии маъюбон ва таъйину муқаррарсозии маъюбӣ, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти муассисаҳои будубоши доимӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб натиҷаҳои назаррас бахшид.

Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ҳарчанд вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ба маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат дар сатҳи маҳаллӣ хеле беҳтар шудааст, лекин кӯшиш бояд кард, ки ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани зиндагии гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа  шароити боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад.

Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Дар ин росто, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва донишманду соҳибмаърифат, инчунин ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вакилони муҳтарам!

Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти  худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Роҳбарони сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарбӣ ва касбии ҳайати шахсӣ ва кормандону хизматчиёни ҳарбӣ ба масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд.

Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доим ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир  ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумат зарур аст, ки маблағгузории сохтору мақомоти зикршударо аз буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд карда, таъминоти моддиву техникии онҳоро тибқи талаботи рӯз ва вазъи сиёсии ҷаҳон  ба роҳ монад.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар  санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.

Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ  халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву  бунёдкорӣ берун созад.

Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро  ҳифз ва таъмин намоянд.

Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи  минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои  ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад.

Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи  генералӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Бинобар ин,  Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда мешаванд, ки муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки риояи қатъии қонунҳо, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва тартибу интизом дар сохторҳои низомии кишвар бояд таҳти назорати доимии роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти прокуратура қарор дошта бошад.

Мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси  афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.

Аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна  героин  мусодира карда шудааст, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  бояд дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намуда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили  нашъаҷаллоб ва такмили тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз хатарҳои  дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи  он  дар арсаи  ҷаҳонӣ  таъсири манфӣ  мерасонад, коррупсия мебошад.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ  зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда  шавад.

Дар баробари ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вакилони муҳтарам!

Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯбарӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Мо имрӯз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

Дар ин росто, мо тавсеаи муносибатҳои созанда ва гуногунҷанбаи худро бо шарикони анъанавиамон, аз ҷумла Федератсияи Россия идома дода, дар раванди мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ҳамкориҳои муассири ду кишварро тақвият ва таҳким хоҳем бахшид.

Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ, бартараф карда шаванд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз!

Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон се ҳадафи стратегии дар наздамон қарордошта, яъне истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишварамонро таъмин кунем.

Дар ин раванд таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.

Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамари нерӯи инсонӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят, дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз қабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд. 

Соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Бо дарназардошти ин, аз аъзои Ҳукумат, ҳамаи роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар, аз ҷумла шумо - вакилони муҳтарам, тақозо мегардад, ки дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошед.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.

Ман ҳоло бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо бо такя ба нерӯи созандаи мардуми соҳибмаърифати худ ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем.

Дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созанда халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди кишварамон, инчунин ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар кишварҳои гуногуни олам кору зиндагӣ доранд, ҳамеша дастгиру пуштибони сиёсати давлат мебошанд.

Барои чунин дастгирии самимона ба хурду бузурги кишвари азизамон сидқан сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям. 

Дар амри амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созанда ва иҷрои  рисолати пурифтихори ватандорӣ ба кулли мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзумандам.

Ҳамеша саломату хонаобод бошед!

www.president.tj

Пешво - наҷотбахши миллат

Ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар менамоем. Суғду Рашт, Хатлону Бадахшон ва соири шаҳру навоҳии кишвар ҳамагӣ хонаи озоду оростаи мост. Аз чизе бим надорем. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми дар пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи ҳастии худ менамоем. Таровате, накҳате ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем. Хотири ҷамъу осуда аҷаб неъмати бебаҳоест. Чун ба маҳзари маҷмуи ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе аз мо посух меҷӯяд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад: Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу ваҳдат аст.

Инак қариб бист сол боз дар фазои сулҳу оромӣ миллати тоҷик дар пайроҳаи тақдир қадам мезанад. Фалсафаи ҳаёт аст, ки чун дар таҳлили андешаву фикре дармемонем, раҳоии нахустин бароямон аз ин печидагии андеша қиёс мебошад. Оғози солҳои навадумро бо ҷараёни ҳаёти имрӯза қиёс менамоем. Он давраҳо бо ҳарос ба манотиқи гуногуни кишвар сафар менамудем ё умуман аз сафар даст мекашидем. Чӣ ҷойи пӯшида, ки силоҳбадасту ғоратгар ҳам аз пеши роҳ мебаромад, маҳалгаро ҳам моро дар ҷое бо дилозорӣ пешвоз мегирифт ва аз ҳама асосӣ - эътимоди байниҳамдигарӣ вуҷуд надошт. Ҳар шахси солимфикр боре андешад, ки чӣ суд буд аз чунин як фазои пур аз ҳаросу ҳаром? Бо қазоват ва ҳукми виҷдону имон бояд иқрор гашт, ки феълан ин маризиҳову касифиҳо дар ҷомеаи мо нест. Шукр мегӯем, ки миллат бо сипари ваҳдат дар ҷодаи ваҳдат баъди садсолаҳо камоли нав меёбад. Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта раҳмати худовандӣ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон масъулияти саробонии миллатро бар дӯш гирифт. Он рӯзҳо мулки тоҷик дар коми оташ буд. Аз дарҳо садои оҳу фиғон меомад ва додгаре вуҷуд надошт. Ҳокимиятҳову ҳокимиятдорон зуд-зуд иваз мегаштанд. Ғаразмандҳое, ки дар сари ҳокимият қарор мегирифтанд, бо умри кӯтоҳи салтанати худ ҳатто ҷисман нест мешуданд. Миллатро бо силсилаи саҳнаҳои сохта бадхоҳони аҷнабӣ ба фанои комил бурдан мехостанд. Он айём нафари ҷонфидое барои наҷоти миллат лозим буд. Ин фард Эмомалӣ Раҳмон шуд. Аз забони муйсафедони рӯзгордидаву дар чанд сохт зиндагикарда мешунидем ва мешунавем: «Ин фарзанди як деҳқони хокпош дилу нияти пок доштааст. Ризои Худост, ки ӯ ба ин маснад сазовор гашт ва тавонист, ки кори хайр - миллатро сарҷамъ карданро анҷом диҳад». Ба андешаи боло ҳар яки мо бояд қоил бошем, ки дар ҳақиқат хости худовандист, ки ин фард рисолати бузургеро ба иҷро расонида тавонист. Ӯ миллат, давлат ва халқи овораву сарсонро наҷот дода тавонист. Садриддин Айнӣ бо сад озор дар асри гузашта оҳанги ҳастии миллатро баланд нигоҳ медошт, Бобоҷон Ғафуров ба ҷаҳониён ҳуҷҷати тоҷиконро пешниҳод кард ва ахиран Эмомалӣ Раҳмон ин миллатро аз миёни тӯфон наҷот бахшид. Ӯ мардонавор дар қавли худ истод. Дар давоми зиёда аз бист сол садҳо асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Аммо барномаи кории ӯ аз оғоз як ҷумла буд, ки дар иҷлосияи таърихии соли 1992 иброз гардид: - Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор намоям. Ӯ ин ваъдаи худро амалӣ намуд. Ба миёни обу оташ рафт, чандин бор ба пояш оташ ангехтанд ва аз баҳри худ, ки гузашта буд, аз чизе натарсид. Ҳама зинаҳоро бо ҷасорат паси сар намуд ва ба ҳадафҳои накӯву хайраш муваффақ гашт. Андешае дар қонунҳои сиёсатсозиҳо матраҳ аст, ки «зӯру тавон омили аслии ҳокимиятро дар даст доштан аст». Аммо аз ин шева болотар маҳбубият аст, ки вақте як нафар эътимоди як халқро сазовор мешавад. Дар таърих шахсиятҳое буданд, ки яроқу артиши тавоно ва захоири бузурги иқтисодиро дар ихтиёр доштанд. Бо ин ҳама натавонистанд, ки пойдории ҳокимияташонро таъмин намоянд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳое зимоми ҳокимиятро ба даст гирифт, ки на артиши комил вуҷуд дошту на имконияти иқтисодӣ, ки ба он такя намояд. Низом фалаҷ буду ба нестӣ расида буд. Ӯ бо дили поку нияти нек оташи ҷангро хомӯш намуда, миллатро ба ҳам овард. Душманони дохиливу аҷнабӣ тибқи сенарияҳо бояд ҳама чизро ба коми нестӣ мебурданд ва Тоҷикистонро ба Афғонистони дуюм табдил медоданд. Ҳамин ҷо қиёси дигар барои мо Афғонистони ҳамсояи ҷангзада аст. Халқи мазлуми Афғонистон дар ягон давру замон гунаҳкор нест ва ҷангу мухолифати дар ин диёр давомдошта ҳеҷ гоҳ ҷанги афғонҳо нест. Ангезаи оташи низоъ дар ин мулк аз берун аст, чунонки дар кишвари мо низ замоне ҳамин ҳадаф пайгирӣ мешуд. Ин миллати азияткашидаро низ дар роҳи сулҳу субот як чунин пешвое лозим аст, ки нахуст аз баҳри ҷону манофеи фардӣ гузашта бошад. Фарде бошад, ки ҳамаи мардумро ба ҳам орад ва ҳамаро дӯст дораду бо як чашм нигарад. Танҳо ин гуна дилу ният наҷоти онҳо буда метавонад. Имрӯз миллати тоҷик Пешвои худро эътироф дорад. Касе ӯро пешво насохт, балки ӯро сулҳу ваҳдати сохтааш пешво намуд. Як нигоҳ моҳияти мафҳуми пешворо ба мо собит менамояд. Миллати тоҷик дар миёни оташу даргирӣ қарор дошт ва ниёзманди сулҳу сафо буд. Сулҳ бо миллат ҷамъ гашту миллат сарҷамъ гардид. Ин сулҳро маҳз Эмомалӣ Раҳмон сабаб гашт. Баъди ин эъмори бинои ваҳдат ҷараён ёфт, ки он ҳам сиёсати пешгирифтаи ин абармард аст. Чун миллату сулҳу ваҳдат ба ҳам меояд, табиист, ки дар саргаҳи он як нафар бо номи Пешво қарор мегирад, ки ин пешво Эмомалӣ Раҳмон аст. Акнун ин Пешво миллатро ба сӯи қуллаҳои баландтари мурод мебарад. Мардуми Тоҷикистон бояд мутмаин бошад, ки файзи ин сулҳу ваҳдат давомдор аст. Марҳум Қаҳҳор Маҳкамов – аввалин Президенти Тоҷикистон ва чун як сиёсатмадори бузург ҳамагӣ як сол пеш аз марги худ дар яке аз маҳфилҳо иброз дошта буд, ки агар ҳамин ҷараёни сулҳу созандагӣ халалдор нагардаду идома ёбад, як-ду даҳсола баъд Тоҷикистони моро дар роҳи пешрафту тараққиёт шинохта намешавад. Ин таъбир умеди беканори ҳар як оилаи тоҷик аст. Татбиқи ғояҳои миллии мо дар дарки амиқи ҳамин сулҳу салоҳест, ки онро як нафар чун кафил бар дӯш дорад. Миллати тоҷик пешвои худро чун як шахсияти маҳбуби дилҳо эътироф менамояд. Ин миллат ҳанӯз ба ӯ ниёзмандиҳои зиёд дорад. Бахусус, дар чунин як шароити ҳассоси тираи сиёсатҳои ҷаҳонӣ, ки миллату халқиятҳои алоҳида ба осонӣ ҳама чизро аз даст дода истодаанд. Ғафлатҳо кишварҳоро ба нобудӣ бурда истодаанд, ки дар ин қисматҳои сохта аксаран роҳнамоёни бидуни масъулияти ин кишварҳо муҷриманд. Чӣ суд аз фирефташавиҳои бепоя, ки худ бо дасти худ мулки худро оташ мезананд... Аммо пешвои садоқатманди тоҷикон сулҳи тоҷиконро бо масъулияти том ҳифз намудааст ва менамояд. Андешаҳои пасипардагӣ дар бобати имону эътиқод нисбат ба Пешвои сарсупурда бесуботу бепоя аст. Ӯ садду монеаи ягон дину эътиқод нест, балки ӯ садди устуворест, ки намехоҳад ба мазҳабу дину эътиқоди аҷдодии ӯ халал ворид шавад ва дар зери сояҳо бори дигар ҳастии миллати тоҷик бо хатар мувоҷеҳ гардад. Ӯ фарди мусалмонест, ки ҳар кадом кору икдомаш бо «бисмиллоҳ…» оғоз меёбад ва аз баракати он «бисмиллоҳ» кори нотамом надорад. Акнун аз мо - ҳар як фарзанди миллати тоҷик танҳо як рисолат тақозо мешавад, ки эҳтирому ҳифзи ин ваҳдату сулҳи гаронарзиш аст. Он чи аз Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани як фазо вобаста буд, барои мо муҳайёст. Бояд мо ҳамагӣ дар таҳкими ин фазову ин бино, ки сулҳу ваҳдат ном дорад, мусоидат намоем. Дӯстиву рафоқату бародарии мо, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми қавмиву диниву мазҳабии мо ва меҳнати софдилонаву дилсӯзона садоқати мо нисбат ба пешвои миллату бақои ояндаи миллат аст. Миллати тоҷик ҷонибдори сулҳу ваҳдат аст ва ин сулҳу ваҳдатро як нафар кафил буда метавонад, ки ӯ Пешвои ин миллат аст.

Сангин ГУЛОВ, Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, муаллимони факултети журналистикаи ДМТ

javonon.tj

ТАРҒИБГАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

11.04.2018

Чанде пеш нашриёти «Ирфон» китоби сиёсатмадор ва сиёсатшиноси машҳури тоҷик муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сайфулло Саъдуллозода «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма»-ро ба табъ расонид. Дар маҷмӯа як қисми мусоҳибаҳои телефонӣ ва матбуотию телевизионии олими варзида бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ гирд оварда шудаанд, ки мавзӯи аслиашон ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Китоб мусоҳибаҳои дар солҳои 2003-2011 доиргардаро фаро гирифта, мавқеи устувори сиёсии муаллифро дар мубориза бо мухолифони сохти конститутсионии кишвар нишон медиҳад. Фаъолият дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ - муовини раиси ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳо Сафар Сайфулло Саъдуллозода дар маркази воқеаҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ қарор доданд. Вай дар мусоҳибаҳо, нишастҳои матбуотӣ, мулоқотҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба саволҳои муҳимтарини сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ сари вақт посух гуфта, мавқеи ҷумҳуриро нисбати масъалаҳои мухталиф шарҳу тавзеҳ медод.
Муфассал...
 
МАҚОМИ ОБУ НАВРӮЗ ДАР РӮЗГОРИ ТОҶИКОН

02.04.2018

Дар ин рӯзҳои тайёрӣ ба ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардум сухан рондан дар бораи Наврӯз ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи амали об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028 як фоли нек ва амали савобу гуворост. Зеро обу Наврӯз бо ҳамдигар пайвастагии наздик доранд ва бе об ҳам ҳаёт ва ҳам наврӯз тасаввурнопазиранд. Ҳазорсолаҳо пеш гузаштагони мо боварӣ доштанд, ки ҳама файзу баракат аз ҷумла об низ аз осмон ба замин нозил мешавад. Фариштаи Аноҳид тавассути борони найсон обро ба заминҳои ташналаб, дашту даманҳои фаррохдоман, боғзорҳову гулгаштҳо фаровонӣ медорад. Аз ин рӯ, боришҳои баҳорӣ табаррукӣ ва пурфайзу баракат маҳсуб мешуданд. Воқеан ҳам маҳз ҳамин боришҳои осмонӣ кишвари моро ба саргаҳи оби софу мусаффо, мавзеи дилрабову сабзазор ва оби зулол табдил доданд.

Олимони қадим нисбати об ақидаҳои ҷолиб доранд. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро оғози ҳама оғозҳо эълон карда буд. Таърихнависони қадим ҳаёти тоҷиконро вобаста ба дарёҳои ва қуҳҳои осмонбуси ин сарзамини куханбунёд шарҳу тафсир намудаанд. Масалан, олими юнонӣ Страбон, ки 17 китоби ҷуғрофиё таълиф намудааст ва ин китобҳо то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, арзишҳои бузурги

Муфассал...
 
СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

30.03.2018

28.03.2018 19:57, шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз!

Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент!

Имрӯз ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон - Наврӯзи байналмилалӣ гирди ҳам омадаем.

Ба ин муносибат кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, бо ифтихору хушҳолӣ хотирнишон месозам, ки Наврӯзи имсола барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни воқеан таърихӣ мебошад. Зеро тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, дар рӯзи фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид ва чорумин ташаббуси Тоҷикистони азизи мо дар давоми даҳ соли оянда дар миқёси олам амалӣ хоҳад шуд.

Муфассал...
 
СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028”

30.03.2018

22.03.2018 21:29, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Раис!

Муҳтарам Дабири кулл!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам ба Раиси иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” изҳори сипос намоям.

Чорабинии имрӯза ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об, ки ҳар сол дар минтақаву кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад, баробар омад.

Ин рӯйдод аҳаммияти чорабинии моро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал дучанд мегардонад.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ– МУАРРИФИКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ"

19.03.2018

Рӯзи 16 марти соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи" Наврӯзи байналмилалӣ–муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандони фарҳангшиносу мардумшинос, коршиносону хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва дар бораи моҳият, аҳамият ва ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон, халқҳои ориёӣ ва мардуми ҷаҳон суханронӣ намуд. Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло суханронии табрикӣ намуда ва аз эҷодиёти худ бахшида ба Наврӯз шеъре қироат кард.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ: РАМЗИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК"

19.03.2018

Рӯзи 16 марти соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи " Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ: рамзи дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муаррихону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ дар бораи мавзӯи дӯстиву рафоқати ду симои бузурги адабиёту фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, натиҷаи сафари бобарори давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои 27 созишнома ва қарордодҳои давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя, кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар масоили мубрам суханронӣ намуд.

Муфассал...
 

Иловаи мақолаҳо...

<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >> Саҳифаи 1 аз 62

www.mts.tj


Смотрите также