Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Пешвои миллат реферат


Пешвои миллат ифтихори мост

 

      9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик  боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд.

      Лозим ба тазаккур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад. Дар робита ба ин масъала ҳайати кормандони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни фавқро баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ,  сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои  истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ,  дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона  ва рӯзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду  тамадунофари  фарҳангсолори тоҷик  амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамоянд.

     Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи   Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани  Академияи илмҳоро дар солҳои  баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дорад. Бо мақсади  рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои   зиёд зоҳир  гардида,  тамоми кӯшишу ғайрат  ва ҳидояти  ин абармарди миллат  ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ,  ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ  дар амал тадбиқ гардида истодааст.  Имрӯз  тамоми шароит барои  рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи  гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки  мардуми мо  сарвари худро Президенти  мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки ӯ худ аз байни халқ баромада ба дарду ғами халқ шарик аст.

      Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

      Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

     Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.

    Билохира  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи  ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.|

      Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд лаббайк гӯянд.

     Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

     Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

     Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

      Тӯли зиёда аз бисту  чор соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.                                   

                                      Барҳақ ӯ  Исмоили Сонӣ шуда,

                                      Фахри ҳар  як тоҷикистонӣ  шуда ,

                                      Некаъмол аст,  садри  бебаҳост,

                                      Як назар! Дар чеҳрааш  Нури  Худост!

                                   

                           Аъзоёни Ташкилоти ибтидоии

    ҳизбии «Илмпешагон»- и ҲХДТ

                                                                                                    дар АИ ҶТ

 

 

 

www.anrt.tj

Эмомалӣ Раҳмонов – пешвои миллат

Details Published on Thursday, 23 April 2015 14:36

Зи худафрўзиаш афрўхт аз нав ахтари тоҷик, Бишуд бо халқи худ болиданаш болу пари тоҷик, Бурун овард аз некў садафҳо гавҳари тоҷик, Зи нав бигзошт ў тоҷи “каёнӣ” бар сари тоҷик

Барои камина, ки як омўзгори оддияму вазифаам тарълиму тарбияи насли наврас аст, нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон – бузургмарди даврон, ки ба тоҷикон сулҳ овардааст ва аҳли ҷаҳон эътирофаш кардааст, бо самимияту муҳаббат ҳарф задан хушбахтии бепоён аст.

Аз ибтидо то имрўз роҳи паймудаи ў пеши назарам меояд ва аз чунин роҳбари тавоно, фарзанди диловару содиқ доштани халқи азизам ҳастиамро ҳисси ифтихор фаро мегирад.

Дар як сарзамини ҷангзадаи хароб, ки касе ҷуръати сарварӣ кардан надошт, бўйи хун ба димоғ мерасид, қатлу ғорат идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид. Дар ҳамин Иҷлосия Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ гуфта буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам.” Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуҳои мардуми кишвар, ташнагони сулҳу суботро бароварда гардонд.

Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ бо талошу мубориза ба муқобили душманони дохилию хориҷӣ тавонист, ки дар дохили мамлакат ҳама гуна низоъ ва душманиро хотима бахшад ва давлатро бо номи Тоҷикистон сарбаландона муаррифӣ намояд.

Он рўзҳои талху даҳшатбори ҷанги бародаркушӣ аз ёди мардуми тоҷик нарафтааст. Дар чунин вазъияти душвор сарварӣ кардан осон набуд.

Шоир А. Раҳматзод фармуда:

Қавирўҳе, Бузурге, Бовиқоре, Ҳодие, Зўре, Ватандори бузурге бар сари ин халқи мо омад! Кунун осуда бош, эй тифли фардоям, Ки марди покзоде, офтобо, ҷавонрўҳе, Ҳамчу ҳодӣ сарваре бар пешгоҳи ин Ватан омад!

Имрўз ифтихор аз он дорем, ки таҷриба ва фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф карда шуд.

Дар рўзҳои ҷашнгирии 1150- солагии маликушшуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ як намояндаи фарҳанги Афғонистон тавассути оинаи нилгун баромад намуда, чунин гуфта буд: “Шумо мардуми хушбахтед, ки мисли Эмомалӣ Раҳмон сарвари доною тавоно доред ва хушбахтона зиндагӣ мекунед.”

Бале, мо нағз дарк мекунем, ки Пешвои бузурги миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони оламро ифтихори тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мо гардид.

Солҳо сипарӣ шудаанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ душворию нокомиҳои гўшношунид дошт. Тақдири гурезаҳои иҷборӣ Сарвари давлатамонро ором намегузошт. Бо талошу муборизаҳои зиёд ҳамаи гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҷаҳду талош мекунад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар як фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дастовардҳои ин шахси барўманд ниҳоят зиёд буда, шоистаи ҳар гуна ситоиш аст.

Муҳимтарин дастоварди фарзанди накўноми миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кардааст, он аст, ки ў тавонист дар муддати кўтоҳ оташи ҷанги хонумонсўзро дар Тоҷикистон хомўш намояд.

Президенти азизи мо Эмомалӣ Раҳмон қалби бекинаву амалҳои созандаву ҷовидона дорад. Бо самимият ва муҳаббати беинтиҳо ба пайроҳаҳои тайнамудаи Сарвари азизи хеш менигарам ва онро тимсоли мардонагию шуҷоати як фарди ҷасуру тавоно мешуморам. Ба шогирдонам дар ҳар як дарси хеш аз нотакрор будани ин бузургмарди миллат ҳарф мезанам ва дар чашмони онҳо, ки ояндасози миллатанд, шўълаҳои умеду орзуҳои нек ва ояндаи дурахшон падидор мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки дар давоми солҳои истиқлолият бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибистиқлоламонро гузаштем ва ба корҳои бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавориро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем. Президенти ҷоннисори мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад, аҳли адабу маърифат, қувваҳои солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, аз фикру ақида, хулосаҳои илмӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳоди онҳо самаранок истифода мебарад.

Ташкил ва гузаронидани ҷашнвораи бузургони миллат анъанаи некест, ки аз қадрдонии Президенти ҷонфидои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҳамаи он чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ гузаронида шудаанду мешаванд, ҳисси худшиносию худогоҳии мардуми тоҷикро дучанд менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат бо занон ва ятимону маъюбон бетараф нест. Дар ҳар як суханронӣ онҳоро ситоиш менамояд. Ин аст, ки имрўз занон аксаран соҳибмаълумотанду сарвари бисёр муассисаҳо мебошанд.

Ятимону маъюбон дар симои ин марди бузургвор падари ғамхори худро дарёфтаанд ва ҳамеша шукру сипосаш мекунанд. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати тоҷик аст! Арзанда аст ба пешво будан! Роҳат сафеду иқболат баланд бодо, Пешвои миллати тоҷик!

Бибиҷон Раҳимова, омўзгори Донишкадаи омузгории шахри Панчакент

hakikati-sugd.tj

Пешвои миллат ва давлатдории миллӣ

Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро соҳиб нест. Миллатҳоро таърихашон месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди аввалин фурсати баъди сулҳ ба ин ҷабҳа рў овард. Гиромӣ доштани арзиши таърихии Давлати Сомониён алифбои худшиносиҳои фаррохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт.  

Нақш ва имкони иҷлосияи сарнавиштсоз

Тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» - қоидаи «боақлона» аст, аммо «ваҳдат сохтану бо он ҳукмронӣ кардан» болотар аз он аст. И.В.Ҳуте

Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон аз сангарҳои гуногун мегуфтанд: «… садҳо ҳазор тоҷик қурбон мешавад, ду миллион тоҷик ба гуреза табдил меёбад, давлат харобу миллат пароканда мегардад…». Ин «пешгўии сард» хато набуду ҳақиқати баъзе ҷузъиёти ин пешгўиро дидем ва эҳтимолияти комил дошт, ки нуқтаи ниҳоӣ – парокандшавии давлат низ ба миён ояд. Он ҳолат барои аксари шоҳидони он рўзҳо пўшида нест. Чанде пештар аз он дида будем, ки аз ғафлати ҳокимони ғофил давлати абарқудрате бо номи шўравӣ пароканда шуда буд. Вақте давлате бо ин бузургӣ фано шуда буд, барои «тарроҳон» пароканда сохтани ҷумҳурии хурде ҳеҷ душворие надошт. Аммо нотавонбинони дохиливу хориҷӣ аз як чиз бехабар буданд ва хато карданд. Онҳо намедонистанд, ки миллати роҳгум дар атрофи як фарзанди бонангу номус ва боҷуръати худ ҷамъ меояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияту фарзанди худфидову ҷасури миллат буд, ки дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари миллат қарор гирифту халқро дар атрофи худ сарҷамъ намуд. Аз дохилу аз хориҷ чӣ мегўянду намегўянд, аммо ин шахсият барои ҳазорсолаҳо чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонад. Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он арзиш шинохта мешавад ва эътироф мегардад, ки заминаи сулҳу ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварда буд. Аммо ин иҷлосия нуқтаи аввалину ниҳоии сулҳу ваҳдат ба ҳисоб намерафт. Душманони миллат гумон доштанд, ки ин иҷлосия низ чун иҷлосияҳои пешин танҳо назарфиребист. Ин гумон низ то ҳадде  ҳақиқат дошт ва саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки баъди баргузории он ва як навъ «оши оштӣ» низ ҳаммилатони мо боз ба майдони набардҳо рафтанд. Ин иҷлосия танҳо имконе буд, ки барои наҷоти миллат бо амри тақдир ба миён омада буд. Хушбахтона ин имконро миллати тоҷик бо роҳнамоиву устувории як нафар истифода бурда тавонист. Ин устувориву шуҷоат аввалин қадами Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ буд.

Худфидоӣ дар роҳи таҳкими давлату миллат

Дар иҷлосияи таърихии Хуҷанд қариб 30 нафар вакилон  иштирок надоштанд. Шоҳидон бевосита иброз медоранд, ки ду нафар собиқ роҳбарони ҷумҳурӣ, ки бо айби онҳо низоъҳои дохилӣ сар зада буд, дар иҷлосия ширкат накарданд. Баъзеҳо интихоби онрўзаи Эмомалӣ Раҳмонро чун дигар роҳбарони собиқ муваққатӣ мепиндоштанд. Ин гумон низ ҳақиқатҳо дошт ва бешубҳа барои Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то соли 1997 мушкилтарин давраҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки ба гумон буд, ки нафари дигар ба ҷои ў ин ҳама мушикилотро таҳаммул мекард. Сулҳофарию ваҳдатсозӣ кори осон набуд. Тамоми даври музокироти гуфтушунидҳои сулҳро назорат мекарду суръат мебахшид. Ҷон дар каф ба майдонҳои набард мерафту бо силоҳбадастон мулоқот менамуд. Дар он солҳо ва феълан низ ба Афғонистони ҷангзада ба миёни силоҳбадастону қумондонҳои саҳроӣ рафтан аз ҳар ҳар як роҳбари давлати ҷаҳон ҷуръату далериву аз баҳри ҷони худ гузаштанро талаб менамояд. Ин ҷасоратҳо қадами дигари Пешвои миллат ва миллати тоҷик дар роҳи таҳкими давлати миллӣ буд.

Имрўз собит гашт, ки тақдири миллат бештар аз хориҷи кишвар мавриди таъсиру бозиҳо қарор дода мешуд. Агар дар он солҳо як нафари камиродаву ноустувори дигар ба сари қудрат меомад, яқинан миллат ва давлати тоҷикон ба нобудӣ рафта мерасид. Ин шахсият буд, ки аз баҳри амнияту ҷони худ сарфи назар карда буд ва чун як пояи устувори давлатсозии милли тоҷикон бо амри тақдир оташи низоъ ва бархурдҳоро нест мекард. Таърих собит менамояд, ки танҳо он нафаре роҳбару пешвои як миллат гашта метавонад, ки агар аз ҷангу мухолифат пешгирӣ намояду онро барҳам занад. Ин омил дар таърихҳо бунёди давлат ва нигаҳдошти он номида мешавад. Дар ҳақиқат боз ҳам таърих таълим медиҳад, ки то фарде бо як истеъдоди Худодода аз баҳри ҷони худ дар байни як миллат нагузарад, наметавонад, ки он миллат сарҷамъ ояду ташаккул ёбад. Ин рисолатро Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда тавонист ва ин худфидоӣ омили дигари таҳкими давлатдории миллӣ то имрўз дониста мешавад.

Давлати миллӣ ва сулҳу дўстии давомдор

Орифе мегўяд, ки «ба сулҳ имкон диҳед, подоши онро хоҳед дид».  Миллати тоҷик бо Пешвои худ то имрўз бо мухолифони сулҳ мубориза мебарад. Дар ҳақиқат сулҳ аст, ки имрўз миллати мо ташаккулу такомул меёбад. Дар минбарҳо, майдонҳо, саҳнаҳо шарофати сулҳ аст, ки парчами миллии мо барафрохта мешавад ва суруди миллии мо тантана меорояд. Вақте муҳаббат ба ватан дар дили як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии милии мост, ки имрўз дар байни ҳамаватанон дарди маҳал нест гардид. Хусусияти давлати миллӣ забон ёфтан бо тамоми мардум ва қишрҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аст, ки онро Пешвои миллатамон муваффақона амалӣ кардааст. Пешвои миллат бо ҳимоя аз пуштибониҳо аз мавқеи мардум ва зиндагии шоистаи онҳо ин мақомро ёфтааст.

Маълум аст, ки «…барои ҳимояи давлат нерўи бузурги ҳарбӣ шарт нест. Дар ин роҳ нерўи бузург он аст, ки агар халқи ваҳдатдўст ба давлати худ муҳаббат дораду дар ҳимояи он талош мекунад.» Раванди имрўзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодаст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат кишварҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандўстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо табдил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварду силоҳе нест.

Худшиносӣ ин миллатсозиву нигаҳдории он аст

Халқе ки худшиносии миллӣ надорад ва бо гузаштаи худ ифтихоре карда наметавонад, ба партовгоҳе монанд мешавад, ки дар гирди он лошахурҳо ҷамъ мешаванд. Хушбахтона, худшиносиҳои миллии мо зеро роҳбарии як нафар вусъат меёбад. Миллатҳо гули худрў нестанд ва мисоли чашма яку якбора ташаккул намеёбанд. Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро соҳиб нест. Миллатҳоро таърихашон месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди аввалин фурсати баъди сулҳ ба ин ҷабҳа рў овард. Гиромӣ доштани арзиши таърихии Давлати Сомониён алифбои худшиносиҳои фаррохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии миллии мо гашт. Бо забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои байналхалқӣ имрўз муҳимтарин проблемаҳои рўи сайёра ироа мешаванд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрўзаи мост.

Андешаи дигаре ҳаст, ки бадбахт он миллатест, ки қаҳрамонони худро надошта бошад. Бо ибтикори хоси Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият Тоҷикистон қаҳрамонони худро шинохт. Чунин шароите дар кишвар ба миён омадааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа баланд равад.  Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Тоҷикистонро чун як миллати соҳибтамаддуну соҳибмулк дар чорчўбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, БРИКС ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ эътироф кардаанд, ки шаҳодати олии давлатдории миллии мост.

Қонунмандӣ низоми давлати миллист

Пешвое ки давлатро дар заминаи қонунҳо идора менамояд ва он қонунҳоро халқ пазируфтааст, ин маънии бақо доштани миллату давлатро дорад. Миллате ки ҷангу ихтилофро нест намесозад, ба он бо чашми нафрат наменигарад ва қонунҳоро поймол месозад, маълум, ки дар рух додани он мусоидат менамояд. Афкори солим қонунҳои имрўзаро ба вуҷуд оварда истодааст. Тариқи раъйдиҳиҳо ва тағиру иловаҳо такмилу таҳрири қонунҳо аз ҷониби халқ сурат мегиранд. Ба қавле дар кишвари мо қонунияти «инсон на барои қонун, балки қонун барои инсон аст» таҳким меёбад. Ҳанўз дар оғози фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон таҳкими давлатдории миллӣ бо вуҷуди мушкилотҳо бо низому ҷараёни хос сурат мегирифт. Парчам, Суруди миллӣ, Конститутсия, Асъори миллӣ дар даҳсолаи аввали мушкили давлатсозӣ поягузорӣ гашта буд, ки самари худро додаанд.

Ифтихори миллӣ - роҳ ба сўи фардои нек

Имрўз мо ифтихор аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллати худ менамоем. Бузургтарин ва эътирофгаштатарин ифтихорҳо ин ифтихори миллист, ки онро имрўз бояд ҳар як фарди тоҷикзабон соҳиб бошад. Ҳар як миллат гумон мекунад, ки аз дигар миллат беҳтар аст, ки ин омил аввалин қадам дар роҳи ватандўстист. Ҳеҷ гоҳ мавриди тамасхури миллати тоҷик набуд ва намебошад, ки дар ин ё он нуқтаи ҷаҳон як миллат дар гирдоби низои дохилӣ қарор дорад. Танҳо қаноатмандиву ифтихори мо он аст, ки оташи ҷанги дохилии худро нест кардем. Давлатсозиву таҳкими рукнҳои устуворсозандаи давлати миллӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат дар кишварамон бомаром ҷараён дорад. Имрўз ва аз оғоз низ таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ - вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ  ба шумор мераванд, ки симои давлати миллии мост. Яъне бо ифтихор ин миллат ҳадафмандона ба пеш қадам мениҳад.

Бахтиёри Қутбиддин,номзади илмҳои филологӣ

www.pitfi.tj

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУДАНИ ҶАНОБИ ОЛӢ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АМРИ ВОҚЕИСТ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУДАНИ ҶАНОБИ ОЛӢ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АМРИ ВОҚЕИСТ

Мо, аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди хешро нисбат ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаву созандаашон бо камоли қаноатмандиву иродат иброз медорем, шукри даврони озодиву истиқлолият мекунем ва аз дастовардҳои таърихии кишвар ва ободии диёрамон, ки ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори барҷастаи замон, таҷассумгари давлати навини тоҷикон – Пешво, раҳбар, раҳнамо, муршид ва сарвари муаззами Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имконпазир гардидаст, басо меболему мефахрем.Хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки Офаридгор чунин шахси шуҷову далер, равшанфикру маърифатпарвар, Пешвои ҷонсупору хидматпешаро насибаш гардонидааст. Хизматҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвар беназир аст. Ин шахсияти барозандаи таърих киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро ба соҳили мурод расониданд. Маҳз эшон нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварданд, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурданд. Бинобар ин аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 қабул намудани қонуни мукаммал дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат хеле амри воқеӣ буда, ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор пешниҳоди расман пешвои миллӣ номидани Президенти мамлакат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.Эъмори сулҳу ваҳдат ва Пешвои номвари миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намоянд, то ки аз шоҳроҳи он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва нерӯи солим дамад. Хидматҳои сиёсӣ ва раҳбарӣ ба давлати аз ҷониби ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва муассири ҷаҳон номи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мондагор кард.Корномаву ҷасорати хосаи Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи сохтмони банду басти давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани сулҳу суботи комил ва якпорчагии Ваҳдати миллат, беҳдошти вазъи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ривоҷу равнақи тамаддуни имрӯзаи тоҷикон, сохтмонҳои азим ва иншоотҳои пуриқтидори саноативу энергетикӣ чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти нерӯманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд. Чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи миллӣ ва олитарин намунаи тоҷикият ба намо меояд.Мусаллам аст, ки соҳаҳои гуногунҷабҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллат сол то сол рушду нумӯъ ёфта, мардуми шарафманди кишварамон дар фазои осоишта, ризоияти ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосатан маорифро соҳаи асосӣ ва афзалиятнок эълон намудаанд ва баҳри рушду нумӯи ҳамаҷонибаи мактабу маориф ва таҳсилоти олӣ, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар гардидани шароити зисти омӯзгорон пайваста ѓамхорӣ зоҳир менамоянд.Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2009 дар Рӯзи дониш ба донишгоҳи мо ташриф оварданд ва он рӯз Ҷаноби Олӣ бинои нави таълимиро кушода, дар баромади хеш ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи низоми кредитӣ баҳои баланд доданд.Аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ нисбати беҳдошти сифати таълим, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, мусаллаҳ намудани донишҷӯён бо технологияи навини компютерӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, мутобиқ намудани ҷараёни таълим ба талаботҳои байналмилалии таҳсилот, куллан беҳтар гардонидани тамоми зинаҳои таҳсилоти олӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи кишвари азизамон ҳамаҷониба талош дорад. Донишгоҳи мо минбаъд низ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти хирадпеша ва маънавиятсиришти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту меҳанпараст, хушахлоқу бомаърифат, ҷӯяндаву созанда, шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар хоҳад сохт.

Шарипов М.М.,ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

www.tguk.tj

Пешвои миллат-бахтофари миллат

Details Published on Wednesday, 30 December 2015 12:03

Дар тараққӣ ва пешрафти ҳар як давлату миллати алоҳида шахсиятҳое буданд, ки дар дастовардҳои бузурги он миллату халқиятҳо нақши босазо ва калидӣ гузоштаанд. Хусусан, барои рушди кишварҳои тараққикардаи имрўза низ замоне сарсупурдагоне буданд, ки саҳми бориз ва раҳнамоии худро доштанд. Барои мисол дар рушди Россия Пётри кабир, дар рушди ИМА падарони асосгузор – Ҷорҷ Вашингтон, Ҷеферсон, барои рушди Олмон Отофон Бисмарк, барои рушди Фаронса Наполеон, барои пешрафт ва озодиҳои халқи Ҳиндустон - Махатма Ганди, Ҷавоҳирлал Неҳру ва барои рушди имрўзаи Ҷумҳурии халқии Хитой Ден Сяо Пин саҳми бузурге доштанд. Онҳо тавонистанд бо кўшишу амалҳои наҷиби худ ва бо сарсупурдагияшон миллаташон ва давлаташонро аз ҳолати бўҳронӣ ва ақибмондагӣ, аз зулму ситам раҳонанд ва онро ба дараҷаи пешрафту абарқудрат бирасонанд.

Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта амир Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рўзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрўз Президенти кишвар ҳамеша кўшиш бар он намуда истодааст, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти кишварро зикр намоем. Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллатро аз ҳолати нобуд шудан ва ба коми фано рафтан наҷот бахшад. Расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кўшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвар Тоҷикистон аз бўҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан, зина ба зина сўи пешрафту тараққиёт аст. Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рўз аз рўз рў ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонид, ин раҳоӣ бахшидани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориямонро мустаҳкамтар созад. Имрўз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад ва Сарвари кишвар ҳарчи зудтар мекўшад, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварад. Кўшишҳои Сарвари кишвар барои баромадан ба бандарҳои бузург бозгўи ин гуфтаҳост. Дар умум Сарвари кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекўшад, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Дар сиёсати хориҷии худ низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои зиёдеро касб намуд ва бо ташаббусҳои сатҳи байналхалқии ў эътибору нуфузи кишвари азизамон афзуд. Дар ин замина метавон ташаббусҳои Сарвари давлатро оид ба эълони «Соли оби тоза» (2003), «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» (2005-2015), «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва ғайраро зикр намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он аст, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ ҳаст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии хуб гирифт. Маълум гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳам пиру ҳам барно ин иқдомро дастгирӣ менамоянд ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоянд, чунки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон арзанда мебошад.

Мунира Акмалова, дотсент, номзади илми сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

hakikati-sugd.tj

Пайравони Пешвои миллат | Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд. Калимаи дигар, яъне сўзанда баръакси ин гуфтаҳост. Яъне, шарҳаш чунин аст, ки ҷавонон аз илми ахлоқ дур бошанд ва ҳушу ёдашон ба майю қимор, дуздию ғоратгарӣ ва дигар рафторҳои бади инсонӣ равона бошад, пас кишвар аз дасти чунин нафарон месўзаду хокистар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ба чунин харобкориҳо наовардани давлат ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки саъю талош кунем, то руй ба илмандўзӣ биоварем. На номи худро дар ҷомеа паст кунем ва на номи давлати хешро.

Пайравони пешвои миллат ин ҷавононанд, бинобар ин ҷавонон нерўи созанда ва пешбарандаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият аз ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонони мо дорои ҳисси ватандўстии бештар бошанд, ҳамон қадар кишвари мо рў ба пешравӣ хоҳад овард. Бинобар ин бояд гуфт, ки замони муосир бо як қатор хусусиятҳои худ аз замонҳои дигар фарқ мекунад. Замони имрўзаро баъзе равандҳои мураккаб, ба монанди ҷаҳонишавӣ, омўзиши тамаддунҳо ва гузариш ба системаи наву тафаккури нав таъсиррасон аст. Албатта, ин хусусиятҳо ба омодагии равонӣ, ба тарзи фикрронӣ ва умуман, ба кулли хусусиятҳои психологии шахс, аз ҷумла ба ҷавонон таъсири худро мерасонад.

 Дар кадом сатҳ ва чи гуна будани ҳолати психологии ҷавонони имрўза аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Ба ин мисол шуда метавонад хусусиятҳои бевоситаи инфиродии шахс, ки ин ҳама новобаста аз давру замону макон таъсир мерасонад. Давраи гузариш, ки таъсири худро ба ҷавонони имрўз хеле расонидааст. Мо аз давраи Иттиҳоди Шўравӣ ба давраи Истиқлолият гузаштанро хуб дар ёд дорем. Ҷавононе, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ тавлид шудаанду таҳсил мекунанд, аз насли калонсол фарқ менамоянд. Аз ин рў, байни онҳо гуногунфаҳмию назарҳои ҳархела ба вуҷуд меояд. Аз ҷониби дигар, мо ҳис мекунем, ки то ҳанўз барои ҷавонони мо худшиносии миллӣ, фарқ кардани худ аз дигар миллатҳо то андозае мушкилиҳоро ба миён меорад. Бархе аз ҷавонон ба он андешаанд, ки мо тоҷикон аз ҷаҳони мутамаддин фарсахҳо дур мондаем, вале ба андешаи мо ҳамаи ин фикрҳо шахшудаву қолабӣ мебошад. Зеро дар замони муосир ахбор бо ҳар роҳ дар тамоми дунё зуд паҳн мегардад ва ҳар навигарие, ки рух медиҳад, оҷилан ба тариқи воситаҳои иртиботӣ ба ҳама дастрас мегардад ва ҳар як ҷавони бедордилу фаъол метавонад ба ин равандҳои пешқадам ҳамроҳ шавад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксар вақт дар масъалаи таҳсил кардани ҷавонон хусусан, духтарон нофаҳмӣ миёни волидону фарзанд ба миён меояд. Суоле ба миён меояд, ки дар ин ҳолат айб аз кадом тараф аст? Ба андешаи мо масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, ки нофаҳмиҳоро миёни волидайн ва фарзанд ба миён меорад, масъалаи хеле муҳим аст. Мо бояд ин нуктаро дарк намоем, ки агар арзандаи зиндагии шоиста шудан хоҳем, ба мо доштани донишҳои олӣ лозим меояд. Аз ин рў, таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ бисёр зарур мебошад. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки давраи таҳсил, дарёфти маълумот ва ё омодашавӣ ба ҳаёт ин давраи махсуси зиндагӣ аст. Барои касбомўзӣ ва интихоби касб бояд дар давраи ба худи наврас мувофиқ фаро гирифта шавад. Барои ҳар қадар самаранок шудани кор (дилбазан набудани касб, натиҷаҳои хуб ба даст овардани фаъолият ва ғайра) ҷавонон бояд се унсурро риоя намоянд: қобилият, имконият ва шавқу ҳавас.

Аввалан, ҳар ҷавоне, ки касберо интихоб мекунад, бояд қобилияти онро дошта бошад, баъдан бояд андеша кунад, ки ў имконияти ворид шудан ба ин касбро дорад ё не ва ахиран, ҳатто агар қобилият ва имконият дошта бошаду шавқу ҳавасе ба касби худ надошта бошад, ба муваффақият ноил намегардад.

Мушкили дигаре, ки мо ҳар лаҳза бо он рў ба рў мешавем, ин аз хондан дур мондани ҷавонон, хусусан донишҷўйён мебошад. Аз хониш дур мондани донишҷўйён унсурҳои зиёди худро дорад. Аз ҷумла, мушкили асосӣ ин маром доштани ҷавонон аст. Бояд ҷавононро ботинан ба таҳсил фаро гиранд. Дар ин ҷо нақши равоншиносон фаъол мегардад, аммо дар ҷомеаи мо равоншиносон ниҳоят камшумор ҳастанд, ҳарчанд нақши онҳоро то андозае худи устодон ба анҷом мерасонанд. Ҳангоми омода кардани кадрҳои омўзгорӣ ба тарзи дарсгузарӣ аз лавозимоти лозима истифода бурдани омўзгор, дарсро ба таври интерактивӣ гузаронидан, диққатҷалбкунанда будани дарс, ҷанбаи амалии дарсро хуб истифода кардан ва ғайра метавонад ҷавононро ба иҷрои кори мустақилона сафарбар кунад, ки дар натиҷа шавқи донишҷў ба дарс бедор хоҳад шуд. 

«Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерўи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерўи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерў метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сўзанда». Маълум гардид, ки қариб аз нисф зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медодааст. Аз ин рў, хато намекунем, ки нерўи пешбарандаи ҷомеаянд. Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд. Калимаи дигар, яъне сўзанда баръакси ин гуфтаҳост. Яъне, шарҳаш чунин аст, ки ҷавонон аз илми ахлоқ дур бошанд ва ҳушу ёдашон ба майю қимор, дуздию ғоратгарӣ ва дигар рафторҳои бади инсонӣ равона бошад, пас кишвар аз дасти чунин нафарон месўзаду хокистар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои ба чунин харобкориҳо наовардани давлат ҳар яки мо ҷавононро лозим аст, ки саъю талош кунем, то руй ба илмандўзӣ биоварем. На номи худро дар ҷомеа паст кунем ва на номи давлати хешро.  

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва дар яке аз мулоқотҳояшон Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат  қайд карданд, ки «Мо бояд аз нерўи ақлонии ҷавонони кишвар ба таври зарурӣ истифода барем. Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва муассисахои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки дар назди таълимгоҳҳои худ марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳҳо ва нуктаҳои маълумотдиҳӣ таъсис дода, фаъолияти кафедраҳо, кабинету лабораторияҳоро пурзўр намоянд ва барои дастгирии донишҷўйёни лаёқатманд ва боистеъдод замина фароҳам оваранд».

Бале, хушбахтона, имрўзҳо алалхусус бо дастгириҳои роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад.

Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҷойи худро дар ҷомеа муқаррар кардан мехоҳанд. Дар пеши онҳо интихоби касб, ба вуҷуд овардани оила, пайвастан ба ҷунбиши муайяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфтани мавқеи устувори шаҳрвандӣ барин, масъалаҳо пайдо мешаванд. Ҳамаи ин омилҳое ҳастанд, ки шахсиятро ташаккул медиҳанд. Бинобар ин ҷавонон маҳз, дар ҳамин синну сол ба дастгирӣ ва марҳамату маслиҳати калонсолон ва созмонҳои мухталиф эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин зарур аст, ки истеъдодҳои ҷавонро саривақт дастгирӣ кунем. Барои ташаккули шахсият, ба ҷавонон бовар карда, ба онҳо вазифаҳои масъулро супоридан лозим аст. Натиҷаи инро мо дар марҳалаи ҳозираи ҳаёти ҷумҳуриямон, дар фаъолияти кадрҳои ҷавону болаёқат ба хубӣ мушоҳида менамоем. Ҷавононро зарур аст ки бо қувваи дучанд кор карда, илму ҳунар ва дониш андўхта, таҷрибаи соҳаҳои гуногуни ҷаҳониро аз худ намоянд. Илова бар ин агар ҷавон ҳар қадар, ки қувват ва дониши худро саховатмандона сарфи халқу Ватан намояд, ҳамон қадар бойтару ғанитар шуда, обрўю мартабааш дар байни мардум афзунтар мегардад.

Ҷавонон ҳамчун нерўи созандаю бунёдкор дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои умда ва муҳим маҳсуб мешавад.

Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд. Дар ин робита, тарбияи ватандўстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳамзамон, мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин қишри ояндасоз бояд моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд. 

Давлат ва ҳукумати ҷомеаи имрўз корҳои зиёде баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати дониши ҷавонон ба анҷом мерасонанд. Имконияти тенхникӣ ва дастрасӣ ба маълумот ва васоити донишандўзӣ бештару беҳтар аз пештар аст.

Робита ва ҳамкорӣ бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҳукумат маҳсуб мешавад. Таъсис додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар, ташкили стипендияҳои президентӣ, ташкили ҷоизаҳои махсус барои олимону ихтироъкорони ҷавон далели муътамади ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар кишварамон 23-юми май Рўзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

Илова бар ин яке аз муҳимтарин чорабиниҳое, ки ба муносибати Рўзи ҷавонон баргузор хоҳад гашт, ин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонони фаъоли кишвар мебошад. Баргузории ин чорабинии муҳим бори дигар шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти кишвар ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус дошта, барои баровардани ниёзҳову ормонҳои онҳо мусоидат мекунад. Бинобар ин ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешқадам ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кўшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Дар ҳар давру замон ҷавонон ҳамчун гурўҳи иҷтимоии бонуфўз ва нерўи тавоно баромад намуда, масъулияти бузургеро бар дўш доранд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳўкумати кишварамон ҳамаҷониба кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тарбияи насли ҷавон шароитҳои боз ҳам муносибро фароҳам орад. Яке аз чунин имконоти муҳиме, ки дар замони муосир барои ҷавонон дода шудааст, таҳсил ва таҷрибаомўз дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳар сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ садҳо нафар ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд ва бо як ҷаҳон таассурот ва таҷрибаи пурарзиш бар мегарданд. Аз ин рў онҳо барои пойдории кишвар яке аз кадрҳои мустаҳкам ва лаёқатманд ба ҳисоб мераванд. Бояд як чизро қайд кунем, ки гарчанде мо барои таҳсил дар кадом гўшае канори ҷаҳон низ бошем, фаромўш насозем, ки мо аз насли тоҷик ҳастем ва фарҳангу ҳисси худшиносиву худогоҳии милиямонро аз даст надиҳем. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо ҷавонон истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фархангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст. Аз ин сабаб агар хостгори ояндаи дурахшон бошем, аз имрўз барои ободонии диёр камари ҳиммат бастанамон зарур аст. 

Хулоса, фаромўш набояд сохт, ки имрўзу фардо ва пасфардои ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавонон ҳаст.

 

 

РУХШОНА Каримова,сармутахассиси Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон

kmt.tj

Мо, ҷавонон, ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат ҳастем ва хоҳем монд » harakat.tj

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.Эмомалӣ РАҲМОН

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мо, ҷавонони давлати Соҳибистиқлолро хеле хушнуд гардонид, ки боиси ҷонибдории самимонаи мо гашт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ дар ин мақом ҳақиқат арзанда аст. Зеро дар ин рӯзгор, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, аз туфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошанд.

Бо дастгирии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд.

Агар ба саҳифаи 25-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст.

Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зарфи 25-соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфтааст.

Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.

Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи охири асри 20-ум барои халқи тоҷик хадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод.

Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.

Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

Дар нахуст анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.

Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъсиргузор мебошанд. Таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифодаи неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода кардани мешаванд.

Моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.

Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда барои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд. Вале дар замони муосир амалӣ гардидани якчанд мушкилоти ҷавонон моро дар ҳолати бояду шояд қаноатманд карда наметавонад. Масалан, дар сатҳи маҳал мушкилоти бекорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мушкилоти манзилӣ ва тарбияи ахлоқии онҳо ба миён меояд. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ, мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, таъминоти онҳо бо манзили истиқоматӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиро муайян кардаанд.

Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти¬ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гурӯҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирузӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳварӣ мутааллиқ ба Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд. Истиқлолияти миллию давлатӣ ҳодисаи бошарофат аст. 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиклолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳала ба марҳала меафзояд. Ҳарчанд эъмо¬ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.

Аммо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашми камбинону бадхоҳонашро тира сохт ва аз бухлу ҳасад шаҳрвандони моро ба ҳам муқобил гузош¬та, ҷанги бародаркуширо таҳмил карданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони сиёсӣ ба амал омад ва ин вазъият халқи мо, хоса равшанфикронро водор сохт, ки сарвари нави давлатро интихоб намоянд.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ва¬килони мардумӣ, аъзои парлумон, намо¬яндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва ороми оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.

Ба ҳамин хотир Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро бадурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.

Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.

Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 кишвари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими киш¬вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки месозад ва эҷод мекунад то ба ола¬миён нишон диҳад, ки дари хонааш барои ҳама дӯстон кушодаю чеҳрааш хандон, меҳмондӯст асту дӯстию сулҳ шиори ягонааш. Халқи муаззами мо мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин гардондаанд. Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.

Дар он замони тақдирсози халқи тоҷик интихоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун Сардори давлат аҳамияти бузург дошт. Мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарвари оқил, ҷасур, савобҷӯй, хирадманд ва маҳбуби худ шуданд. Ҳама фитнаю найранги душманони дохилию хориҷӣ дар бораи он, ки миллати тоҷик бе роҳбари оқил мемонанду давлати Тоҷикистон пош мехӯрад, барбод рафт.

Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Ху¬довандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизу арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушод, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватан-Модар ва миллатамон хизмат кунем.

Дар даврони 25-солагии Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 25 сол халқамон ба шарофати меҳнати бунёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва¬ри азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо кӯпрӯкҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра¬вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то¬беъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё¬на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпайкараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам рушду нумуъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.

Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон бахусус донишҷӯёни зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.

Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмат хоҳем кард.©Шервони УМРИДДИН, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аспиранти соли дуюми факултети журналистикаи ДМТ котиби матбуотии АИҶТ

www.harakat.tj


Смотрите также