Дар моддаи 35 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад». Барои таъмини иҷрои ҳуқуқи мазкур ҳар як шаҳрванд меҳнатро чун эҳтиёҷоти табии худ дарк намояд ва дар интихоби касбу кор ва дар фаъолияти меҳнати бошуурона иштирок намояд.Нақша:
Касби омўзгорӣ дар системаи касбҳои \”Инсон – Инсон\”. Хусусиятҳои ба худ хоси касби омузгорӣ.Мавқеи касби омузгорӣ дар ҷомеа ва талоботҳо нисбат ба касби омўзгорӣ.Хусусиятҳои фаъолияти омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимиву-тарбиявии гуногуншакл (гимназия, литсей, мактабҳои хусусӣ, коллеҷ ва диг.).Тавсифномаи касбии омўзгор – асоси тайёрии касбии омўзгори оянда.Дар моддаи 35 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки «Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад». Барои таъмини иҷрои ҳуқуқи мазкур ҳар як шаҳрванд меҳнатро чун эҳтиёҷоти табии худ дарк намояд ва дар интихоби касбу кор ва дар фаъолияти меҳнати бошуурона иштирок намояд.Меҳнат – ин фаъолияти амалиест, ки дар натиҷаи он неъмати моддӣ ва ё маънавӣ офарида мешавад.Меҳнат – воситаи асосии инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият мебошад. Дар маънии муайян инсонро меҳнат офарида бошад, инчунин меҳнат инсонро чун шахси баркамол ба воя мерасонад. Танҳо дар ҷараёни меҳнат инсон мавқеи маънавии худро дар силсилаи муошироти ҷамъиятӣ муайян менамояд. Дар шароити муосир фаъолияти меҳнатӣ хусусиятҳои зерини ба худ хосеро дорад: гуногуншаклии меҳнат, нисбат ба муносабати мулкдорӣ; оммавӣ, хусусӣ ва фардӣ; характери ҷамъиятӣ; тақсими меҳнат нисбат ба мулкдорӣ; ҳавасманкунии моддӣ ва маънавии натиҷаи меҳнат ва ғайраҳо. Фаъолияти меҳнати омўзгор ин дохилшавии он ба олами ботинии тағйирёбанда, муборизона ва инкишофёбандаи шахс мебошад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол системаи тайёрии касбӣ ба вуҷуд омадааст, ки унсурҳои зеринро дарбар мегирад:
Муассисаҳои таълимию тарбиявии касбӣ-техникӣ.Мактабҳои махсуси миёна: омўзишгоҳ, коллеҷ ва ғайраҳо.Мактабҳои олии касбӣ: донишкада, донишгоҳ, коллеҷ, академия, бакалавриат, магистратура.Муассисаҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи зиёда аз 600 номгўи касбу ҳунарҳои гуногун тайёрии махсус ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои касбӣ-техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо толибилмон таҳсил мекунанд.Мутобиқ ва инкишофи ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа бо ба ҳисобгирии эҳтиёҷоти истеҳсолоти Ҷумҳурӣ аз рўи ихтисосҳои нав тайёрии касбӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии касбии мутахассисон бо мамоликҳои хориҷа ҳамкорӣ мекунад. Ҳар соли хониш зиёда аз 200 хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Ҷумҳурӣ барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристода мешавад. Инчунин, шаҳрвандони мамолики хориҷа ба муассисаҳои таълимию тарбиявии касбии Тоҷикистон барои таҳсил қабул карда мешаванд. Ҳоло дар мактабҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 толибилмони хориҷа таҳсил карда истодаанд. Касб – фаъолияти меҳнатӣ буда, аз шахс тайёрии махсуси амалӣ ва мутобиқан дорои дониш, маҳорат ва малакаҳои муайянро талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир зиёда аз 50 000 намуди касбу ихтисосҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон шаҳрвандон аз рўи зиёда аз 3000 касбу ихтисосҳо фаъолияти амалӣ мебаранд. Касбҳо дар мавқеи худ ба ихтисосҳо ҷудо мешаванд. Масалан, касби омўзгорӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: муаллими фанни математика, муаллими фанни физика, муаллими синфҳои ибтидоӣ ва ғайраҳо. Касби духтурӣ ихтисосҳои зеринро дарбар мегирад: духтури чашм, духтури ҷарроҳ, духтури бачагона ва ғайраҳо. Мутобиқ ба объект (предмет)-и меҳнат касбҳо ба панҷ гурўҳ ҷудо карда мешавад:
«Инсон – инсон» – предмети меҳнат одамон мебошанд. (омўзгор, духтур, коркунони соҳаи хизматрасони)«Инсон – техника» – предмети меҳнат васоити техникӣ мебошад (ронанда, тракторчӣ, машинист)«Инсон – табиат» – предмети меҳнат замин, об, наботот ва ҳайвонот мебошад (геолог, чорводор, агроном)«Инсон – силсилаи нишонаҳо»– предмети меҳнат нишонаҳои шартӣ, формулаҳо, калимаҳо мебошад (муҳосиб,барномасоз, мусаҳҳеҳ)«Инсон – образи бадеӣ»– предмети меҳнат образи бадеӣ ва унсурҳои он мебошад (рассом, санъаткор, заргар).Омўзгорӣ касби бошараф мебошад. Аз ибтидои ба вуҷуд омадани одам эҳтиёҷоти омўзиши ҷавонон ба таҷрибаи ҷамъиятӣ ва азхудкунии бошуурона ва бо мақсади таҷрибаи ҳаётӣ ба вуҷуд пайвастааст.Я.А.Коменский менависад: «Ба омўзгорон вазифаи олиқадр супорида шудааст, ки дар зери офтоб аз он баландтаре нест». К.Д.Ушинский: «Кори омўзгор зоҳиран хоксорона бошад ҳам – бузургтарин кор дар таърих аст».Бузургон гуфтаанд:Ҳаққи устод аз падар беш аст,В-аз падар устод дар пеш астОмўзгор алоқамандии ҷомеа бо насли наврасро таъмин менамояд. Ҷомеа мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияи ҷавононро муайян мекунад ва вазифаи ҳалли онро ба дасти омўзгор бо боварии комил месупорад. Ҷараёни азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ аз тарафи ҷавонон дар зери роҳбарии омўзгор амалӣ мегардад.Омўзгор ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва инкишофи маънавии онҳоро таъмин менамояд.Омўзгор вазифаи масъултарини ҷомеаро ба ўҳда дорад. Ба ў ояндаи ҷомеа, дар айни ҳол аз ҳама нозуктарин неъмати табиат супорида мешавад. Омўзгори имрўза бояд дарои чунин хислатҳою сифатҳо дошта бошад:
Содиқ будан ба давлат, ҷамъият, ба идеяҳои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ;Бояд ҳаматарафа маълумотнок бошад, ихтисоси худро пурра ва чуқур аз худ карда бошад. Маданияти баланди донишандузӣ дошта бошад;Омўзгори имрўза бояд устоди касби худ бошад. Педагогика, психология ва услуби таълими фанни ихтисосро пурра донад ва тавоно бошад;Нисбат ба бачагон меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад ва ин эҳсосотро бо муҳаббат нисбат ба касби худ якҷоя намояд;Омўзгор одоби касбӣ дошта бошад.Дигар хусусиятҳои зарурии омўзгор инҳоанд: маҳорати дурусти баҳодиҳӣ; симои намунавии зоҳирӣ; васегии ҷаҳонбинӣ; интизомнокӣ; худфаъолиятӣ; мутобиқати гуфтору рафтор; қавииродагӣ; мардонагӣ; зиндадилӣ; ростӣ; худдорӣ ва ғайраҳо.Дар замони муосир омўзгор бояд дар бораи иқтисодиёти бозоргонӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Бо васоитҳои техникии нави замонавӣ кор карда тавонад.
Омўзгор пайвандгари авлодон дар ҷомеа мебошад. Ў таҷрибаи ҷамъиятиро ба насли наврас дастрас менамояд.Касби омўзгорӣ яке аз касбҳои паҳнгашта аст.Мутобиқи вазифаҳои ҷамъият ҷараёни педагогиро ба роҳ мемонад ва идора мекунад.Фаъолияти омўзгор ба ояндаи ҳар як фард ва ҷомеа равона карда шудааст. Яъне, ў имрўз инкишофи моддиву маънавии ояндаи шаҳрвандон ва ҷомеаро таъмин менамояд. Ҷавононро ба ҳаёт, ба фаъолияти касбию амалӣ омода менамояд.Омўзгор ҷараёни аз ҳама мураккабтарин – инкишофи шахсиятро идора мекунад. Мураккабии ҷараён дар тағйирёбии олами маънавии ҷавонон мебошад. Дар фаъолияти меҳнатии омўзгор амалӣ гаштани меъёрҳои муайян карда шуда хело душвор аст. Чун дар урфият мегўянд, дар назди мураккабии олами маънавии инсон мураккабии олам ҳеҷ аст. ҳар як фард хусусиятҳои ба худ хосе дорад, ки такрорнашаванда аст. Омўзгор идоракунандаи таъсирҳои гуногуни мусбию манфӣ нисбат ба шахсияти насли наврас мебошад. Ба шахсияти тифлон омилҳои гуногун, аз ҷумла, муҳити зист таъсир мерасонад.Омўзгор идоракунандаи ҷараёнҳои тарбия, худтарбиякунӣ ва аз нав тарбиякунӣ мебошад.Ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва интихоби касби шаҳрвандон дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст ва амалигардӣ ва ҳимояи он аз тарафи ҷомеа таъмин карда мешавад. Системаи тайёрии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба эҳтиёҷоти ҷомеа ба вуҷуд оварда шудааст ва ба он аксари аҳли ҷомеа ҷалб карда шудаанд.Олами касбҳо хело гуногунанд. Барои омўзиши онҳо ва ташкили корҳои касбинтихобкуни он ба гурўҳҳо ҷудо карда мешавад. Касби омўзгорӣ ояндаи ҷомеа ва шахсиятро меофарад. Омўзгор ҷараёни инкишофи маънавии инсонро идора мекунад.Тавсифномаи касби омўзгорӣ – ин ҳуҷҷатест, ки дар он талоботҳои асосӣ нисбат ба соҳиби касб мутобиқи стандарти давлатӣ муайян карда шудааст. Тавсифномаи касбӣ асоси муайян намудани мундариҷаи таълиму тарбия дар мактабҳо касбӣ мебошад. Инчунин, дар мавриди банақшагирии эҳтиёҷоти ҷомеа нисбат ба касбҳои гуногун истифода бурда мешавад. Тавсифномаи касби омўзгорӣ унсурҳои зеринро дарбар мегирад:
Ҷои кори мутахассисТалаботҳои умумӣ нисбат ба соҳиби касбСилсилаи донишҳое, ки соҳиби касб бояд азхуд карда бошадСилсилаи маҳорат ва малакаҳое, ки соҳиби касб дорои онҳо бошадИмкониятҳои инкишофи соҳиби касб дар иҷрои вазифа
Просмотрено: 4
lib.infopage.tj
Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!
1.Педагогика ва пайдоиши он. 2. Мафҳумҳои асосии педагогика. 3. Педагогика ва вазифахои он. 4. Қонуниятҳои ҷараёни тарбия. 5. Инкишоф, тарбия ва ташаккули шахс. 6. Мақсади тарбия. 7. Системаи илмҳои педагогй. 8. Алоқаи педагогика бо дигар илмҳо. Педагогика ва пайдоиши он.Педагогика дар ҳаёти имрӯза ба ҳамаи манбаҳои шндагй оҳиста-оҳиста ворид мегардад. Ин фанро ҳоло дар мактабҳои ҳамагонии равияҳои педагогй дошта (гафриқавй, синфҳои педагогй), омӯзишгоҳҳои касбй, коллеҷҳои педагогй, дар ҳамаи макотиби олй меомузанд./Таҷрибаи ҷомеа нишон дод, ки омӯзиши педагогика танҳо пас аз инқилоби Октябр ибтидо пайдо накарда, балки ҳамчун таҷрибаи халқӣ аз рӯзхои пайдоиши одам то ин дам вуҷуд дораду торафт инкишоф меёбад. Вай ҳамчун фанни кӯҳнанашаванда, аз руи принсипи дидактикии аз байн рафтани кӯҳна ва тавлиди нав амал мекунад. Яке аз хусусиятҳои педагогика ҳам дар ҳамин аст, ки инсон аз рӯзи тавлид то нафаси охирини умраш ба тарбия муҳтоҷй мекашад ва хусусияти фарқкунанддагии тарбия аз таълим дар ҳамин зоҳир мегардад.
Олимон бо воситаи педагогика ақидаҳои гуногуни худро ифода намуда онро яке илм, дигаре санъат, сеюмин илми эпикй номидаанд. Илм номидаанд, барои он, ки вай чун объект тадқиқ карда мешавад. Барои он санъат номидааанд, ки аз тарбиятгар маҳоратро талаб мекунад. Илми эпикй барой он гуфтаанд, кй таҷрйбаи тарбиявии халқ аз насл ба насл мегузарад. Аз ҳамин лиҳоз педагогикаи халқй пецагогикаи тачрибавӣ номида шудааст.
Мафҳуми педагогика ба ҷамъйяти ғуломдорй тааллуқ дорад. Пайда (лот.бача), гогос (бонй кардан),
яъне бачабониро мефаҳмонад. Ғуломе, ки фарзанди хӯҷаинашро (ғуломдорро) ба мактаб мегуселонду баъд онро қабул карда бо ӯ вақти зиёди худро мегузаронд, педагог меномиданд.
(Албатта, педагоги имрӯза аз гузашта ба куллй фарқ дорад, яЪне педагоги имрӯза дорои маълумоти касбй буда, яке аз институтҳои тарбиявӣ-педагогиро хатм кардааст, инчунин дар ягон муассисаи таълимй-тарбиявй фаъолият мебарад.
2. Мафҳумҳои асосии педагогика:
Инкишофи шахс ин ҷараёни ба шахсият табдилёбии инсон дар зери таъсири факторҳои зоҳирию ботинй, идорашаванда ё идорашавандаи сотсиалию табии мебошад.
Тарбия ҷараёни мақсадноки ташаккули интеллектуалй, ҷисмонӣ ва-рӯҳии шахс, тайёрии вай ба ҳаёт, иштироки фаъол ба фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ аст. Аниқтараш — таъсири доимӣ ва мақсадноки тарбиятгар ба тарбиягиранда бо ҳадафи ташаккули муносибати дилхоҳ дар шахс нисбати одамон ё муҳити иҳота мебошад.
Маълумот натиҷаи дониши азхудшуда ва инкишофи шахсӣ конкретӣ аст, ки бо роҳи хондан, шунидан, дидан, аз сар гузаронидан ҳосил мешавад. Вай дар ҷараёни таълим ва тарбия дар муассисаҳои таълимй дар таҳти роҳбарии омӯзгорон ба даст оварда мешавад. Боз як роҳи маъмултарини он худомӯзй ва мустақилона азхудкунии дониш мебошад.
Таълим ҷараёни мақсадноки дутарафа буда, аз фаъолияти омӯзгор ва донишандӯз оид ба донишомӯзонӣ ва донишомӯзй ҷараён мегирад.
3. Педагогика ва вазифахои он.
Ҳлр як насл асосан се вазифаро ҳал мёрамояд:
I. Гаҷрибаи насли гузаштаро меомӯзад;
Гаҷрибаи омӯхтаашро ғанй мегардонад;
* Гаҷрибаашро ба насли оянда меомӯзонад.
Илме, ки қонуниятҳои ба насли оянда омӯзонвдани ыҷрибаи калонсолонро таъкид менамояд, педагогика иомида шудааст.
Вазифахои асосии педагогика. Вазифаҳо дар назди фаини педагогика ниҳоят зиёдавд, аммо муҳимтарини опҳо инҳоянд:
конуниятҳои тарбияро тадқиқ кардан; моҳияти тарбияро ба давраҳою ҳолатҳо бо тарбиятгирандагони синну солашон гуногун муайян кардан;
— алоқаи байни мазмуну мақсад ва шаклҳою методҳои гарбияро омӯхта роҳҳои нави ҳалли тарбияро муайян кардан;
— қонуниятҳои ҷараёни азхудкунии дониш, маҳорату малака, ташаккули хислатҳои шахсро тадқиқ кардан;
— алоқаи байни қисмҳои таркибии тарбияро нишон додан;
— системаи тарбияро бо дурнамои он (принсипҳо, шаклҳо, методҳо) равшан
гардондан;
— фаъолияти тарбиятгар ва тарбиягирандаро омӯхтан;
— талаботро ба тарбиятгар, бо сифатҳои шахеии тарбиятгар омӯхта меъёри
онро муайян кардан;
— кори тарбиявии ташкилотҳои талабагӣ, муносибатҳои байни тарбиятгаронро бо муҳассилин ба низом даровардан; .
— омузгоронро бо дониш мусаллаҳ кардан, маслиҳат ва иҷрои кори амалй ва маҳорати касбй омӯзонидан.
Предмети недагогика аз вазифаҳои дар боло зикрёфта муайян мегардад, ки ҳамчун илм яке аз шаклҳои шуури инсон дар радифи санъату дин аст. Илм ҳам соҳаи фаъолияти тадқиқотие, ки барои эҳёи дониши нав, ба низом дароварии он, мураттаб сохтани назария дар сохаи фанни мазкур аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як илм усулҳои тадқиқотии соҳаи худро дорад. Предмети тадқикотии илми педагогика — тарбия мебошад.
Тарбия бо мазмуни васеъи сотсиалй — ин таъсир расонидан ба шахсу ҷамъият аст, бо маънои маҳдуд — фаъолияти мақсадноки ташаккули системаи сифатҳои шахсй, ақидаҳо ва эътиқод дониста мешавад.
Тарбия чун мафҳуми душвори сотсиалй объекти якчанд илмҳо ба ҳисоб меравад. ФалсаФа асосҳои антологй ва гносеологии тарбияро тадқиқ намуда мафҳумҳои тарбияро дар бораи мақсад ва қимати он мураттаб месозад. Сотсиология масъалаи сотсиализатсияи шахсро меомӯзад, инкишофи онро, муайян менамояд. Этнография қонуниятҳои тарбияи халқҳои ҷаҳонро дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихие, ки ҳар як халқият “қонунҳои” тарбияи худро дошт, бо хусусиятҳои хосаи онҳо меомӯзад. Илми ~ иктисод роли тарбияро дар инкишофи самараноки истехсолоти ҷамъиятй, захираҳои нулй ва молй-техникй, ки барои сохтани системаи қулайи зерсохторҳои тарбия хизмат мекунанд, муайян менамояд. Психология хусусиятҳои инфиродй, синнусолй ва қонуниятҳои инкишофу рафтори одамонро меомӯзад, ки ҳамчун асос
йирои муайян намудани роҳҳо ва воситаҳои тарбия хпамат мекунад. Педагогика тарбияро тадқиқ
мекунад, қонуниятҳои тар.бия, самтҳо ва дурнамои ппкишофро меомузад, назария ва технологияи тарбияро | айёр мекунад, принсипҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳои онро муайян менамояд. Тарбия мафҳуми кокретӣ- гаърихист. Вай ба дараҷаи сотсиалӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании ҷамъияту мамлакат зич алоқаманд мебошад.
Щар замони қадим тарбия ва ҷомеа бо ҳам омехтаю яклухт нигоҳ дошта мешуд, яъне бачагон дар ҳаёти калонсолон иштирок менамуданд^(кори истеҳсолй, ҷамьиятӣ, анъанаҳо, бозӣ). Мақсад — шиносонидани хурдсолон бо ҳаёту меҳнат, аз омӯзонидани таҷрибаи ҳаёт иборат буд.’
Бо душвор гаштани меҳнат ва ҳаёт ҳаҷми донишу малака ҳам васеъ шуда, азхудкунии он ба инсон вазнинй овард, ки. тарбия мебоист ба соҳаи махсуси ҳаёти ҷамъиятй ҷудо карда шавад.
Д>о инкишофи муносибатҳои истеҳсолй тарбия чун яке аз заруртарин функсияи давлатй ҷудо шуд. Дар-назди тарбия вазифаҳои ташаккули самаранок гузошта шудЛ Инкишофи системаи тарбияи ҷисмонй аз асри XVIII чун инкишофи илм дар бораи тарбия-педагогика дар қатори дигар илмҳо тез вусъат ёфт.
, Илми педагогикаи замонавй бо тадқиқоти мазмун, шакл, методҳои тарбия, технология машғул шуда, дар маркази диққат инкишофи шахсро дар асоси қимати умумиинсонӣ гузоштааст. /
Функсияи муҳимтарини тарбия — ба насли нав омӯзонидани таҷрибаи ҷамъкардаи инсонй бо воситаи маълумот мебошад.
Чараёни тарбия — ҷараёнест, ки мо худро ба ҷомеа мувофиқ мегардонем, ба ҳаёт тайёр мекунем, ба ҷомеа фоида меорем ва талаботи худро низ қонеъ мегардонем. Дар ҷараёни тарбия дар бисёр мавридҳо зарурати аз нав тарбия кардан, ислоҳот дар муносибат, муомилот пеш меоянд. Одатан дараҷаи баланди ҷараёни тарбия ба худтарбиякунӣ мебарад, ки он барои ташаккули шахс мадад мерасонад.
Ҳаёти иҷтимоии одамро фаъолият ва муносибат бо одамони диғар муайян мекунад, яъне фаъолият ва муносибат асоси ҷараёни тарбия мебошанд. Худи фаъолият дар ташаккули одам бебаҳо аст,чунки маҳз дар фаъодият одам меъёри ҳастии ҷамъиятиро азхуд мекунад, бо боигарии моддй ва маънавии халқ муносибат пайдо мекунад. Дар фаъолият мақсади меҳнат, таълим, рафтори мадании ҷамъйят аниқ меғардад, баҳодиҳшо мулоҳизаронӣ мураттаб мешавад, рафтору кирдор,одат устувор мешавад ва амалиёти зарурй такмил меёбад, қобилияту қувваи эҷодй тараққй мекунад.
Зимни муносибат бошад робитаҳои зиёд бо одамон пайдо мегардад: робитаи корй, вобастағй бо ҳамдигар (ғамхорй, муҳаббат), робитаи ахборотй, этикй, эстетикй, споргй, санъат, маданият ва ғайра. Ба ғайр аз ин бо воситаи муносибат шавқу ҳаваси ҷавонон инкишоф меёбад.
4. Қонунияти ҷараёни тарбия:
1) Чи қадаре, ки фаъолияти фоиданоки ҷамъиятии тарбиягиранда ба мақсад мувофиқ бошаду муносибати байниҳамдигарии онҳо бошуурона ғардад, ҷараёни тарбия ҳамон қадар самаранок мешавад.
Барои ипкишофи одам тарбия, муҳит, муносибату фаъолият таъсири калон мерасонад. Дар навбати худ одам дар муҳит фаъолона рафтор мекунад ва барои муҳити иҳотаро тағйир додан, аз нав сохтан мекӯшад. Таъсири муҳити иҳота бо воситаи таҷриба, талаботи шахсй вобаста буда, бо баробари он ҳиссиёти )Мотсионалй ва интеллектуалй ғанй мегардад, боигарии ҳаётии шахс мешавад.
2) Чй қадаре ки таъсири ҷараёни тарбия дар ботини шахс зиёд бошад, натиҷай он ҳамон қадар баланд мешавад.
Дар ҷараёни тарбия инкишофёбии нобаробарро психологҳо Б.Г.Ананьев, Д.Б.Элконин мушоҳида кардаанд. Масалан, муваффақияти бача дар спорт ва [ абъи эстетикии ои асос шуда наметавонад. Бинобар он талаба ҳарчанд донишро хуб азхуд кунад ҳам, вале ноуҳцабарой мекунад ё дар иҷрои меҳнати оддй мушкилй мекашад, ё зебоии атрофро ҳис карда наметавонад.
Ҳамин ҳолат қонуни сеюмй ҷараёни тарбияро ба миён меорад:
3) Чӣ қадаре ки ҷараёни тарбия ба ҷараёни вербалию сенсорй (эҳсосй) — серҳаракатии тарбиягирандагон мақсаднок такя намояд, ҳамон қадар йнкишофи маънавӣ, меҳнатй ва ҷисмонии хонандагон самаранок мегардад.
Мавқеъи тарбиятгар ва тарбиягйрандадар ҷараёни тарбия
Тарбия ба тарбиятгар вобастагии калон дорад, чунки роли роҳбарй ба тарбия дар ӯҳдаи уст.
Бе мураббй зери гардун муътабар натвон шудан, Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Тарбиятгар мақсади иҷтимоии тарбияро дар шароити конкретӣ ва реалй тарбия тағйир дода метавонад. Ташкили тарбияи ғоявӣ-сиёсй, ахлоқй, меҳнатй, зебоипарастй ва ҷисмонй маҳз аз тарбиятгар вобаста аст. Вай дар ин ҷода аз воситаҳо: матбаа, садо, симо, тиётур, синамо, адабиёти бадей ё вазъияти мусоиди тарбиявиро ба вуҷуд оварда аз онҳо васеъ истифода мебарад. Инчунин ҷараёни худтарбиякунй ва азнавтарбиякунии мақсаднокро ташкил мекунад.
5. Инкишоф, тарбия ва ташаккули шахс
Объекти тарбия — одами инкишофёбанда ва ба тарбия муҳтоҷ аст. Инсон дар тамоми тули зиндагиаш ба инкишоф мансуб буда, дар вай дигаргуниҳои ҷисмонй, руҳй, миқцорию сифатй ба вуҷуд меоянд.
Инкишофи шахс — ҷараёни басо душвор аст, ки ба вай таъсироти беруна (шароити зиндагӣ, муҳити иҳота, таъсири тарбиятгарон) ва қувваи ботинй (зиддиятҳо) дохил мешаванд.
Дар инкишофи шахс роли ирс ҳам эҳсос карда мешавад.
Ирс
биологи: тағйироти зоҳирй, ботинӣ, генетикй (ҷусса; ғурӯҳи хун; ранги — мӯи, пӯст, чашм; устухони сар; асаб), касалии хун (гемофилия), шизофрения, касалии қанд. ҷисмонӣ: ҷусса, қаду қомат, норасоиҳои ҷисмонй. кобилият, истеъдоди махсус: илм, мусиқа, забон, риёзй, техника.
кобилияги интеллектуалй: консепсияи таълими инкииюфсбапда мураттаб мешавад, ки бо ин роҳ тарбияи бачагони соҳибис геъдод шояд мумкин бошад. Ин мактаб дар дасти шахсони давлатманд буда, зери фишори онҳо монда мазмуни яктараф мегирад.
Сифатҳои ахлок, ва психика: Педагогикаи илмй ҳамаи сифатҳои психикии одамро маҳсули ба даст овардашаванда меҳисобад. Одамизод тавлид меёбад, инкишофи вай аз сифер оғоз меёбад.
Олимони буржуазй Г.Спенсер, Ч.Ломброзо овозаҳо паҳн карданд, ки баъзе кудакон аз хурдсолй бо майли бадкирдорй, нафрат, сангдилй ба дунё меоянд. Чунин ақидаҳо беасос ва бедалел будадатои маҳз мебошанд.
6. Мақсади тарбия — та,,С ли инсонй комил аст. Мақсади тарбияро хаёл карда баровардан ва пешбарӣ кардан мумкин нест,лунки вай ҳамеша талаботи ҷомеаро инъикос мекунад. Ин талаб дар навбати худ дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолй ва характери муносибатҳои истеҳсолиро муайян менамояд. Бинобар он мақсади тарбия ҳамеша ба усули истеҳсолот мувофиқат мекунад, бо баробари дигаргуншавии он низ дигар мешавад.
Бо инкишофи ҷамъият тарбия низ характери худро иваз менамояд. Масалан, дар ҷамъияти ғуломдорӣ тарбия карданй ғуломдор ва ғулом ба меҳнат, дар ҷамъияти феодалй — аз тайёр кардани феодалҳо ва косибону деҳқонон, дар ҷамъияти капиталистӣ — истисморгар ва истисморшаванда вобастагӣ дошт.
Мақсади тарбияи инсони комил дар ҳама давру замон, дар халқҳои гуногун бо ҳам наздик мебошанд, ки дар эҷодиёти даҳанакии халқиятҳо вохӯрдан мумкин. Масалан, дар афсонаҳои халқии тоҷик — қаҳрамонон Лаку
Пак, Кали зирак, Рустам ва Суҳроб, Афандӣ ва ҳок., дар русҳо Добрый молодец, Красная девица, Иванушка- дурачок, дар қафқозиҳо — джигит, дар Чувашҳо — умницы и красавицы ва диг. Ҳамаи қаҳрамонони афсонаҳои халқй ақл, меҳнатдӯстй, зебой, одоби инсонй, маънавиёти баланд, пурқувватй, тобоварй ба душвориҳо, ҳақиқатпарастй, сифатҳои муборизи ҳақиқй барои озодиро тараннум мекунанд.
Тарбия дар шароити имруза ба сифати асосй- ғоявии системаи тарбиявй бояд аз руи принсипи гуманизм амал намояд. Гуманизм (лот. инсондустй), нармй дар маносибати инсонй, ҳурмат ба шахс ва қиматҳои дигари инсонй аст. Амалӣ гардидани принсипи гуманизм дар ҷараёни тарбия ба кимати умумиинсонй вобастагй дорад, ки он аз ду фаҳмиш иборат аст:
1. Аҳамияташ на барои фақат гурӯҳи сотсиалй. синф, ҳизб, давлат, балки барои ҳамагон аст.
2. Қимати транссенденти дорад (аз ҳудуд берун), яъне қиматҳои умумй — абадй. Барои диндорон — табиати ҳамеша бо Худо будан, кй дар асоси он зикри Худо — некй, ҳақйқат, зебой ва хок. инъикос меёбад: дар система дини буддой васиятҳои қатл макун, на дузд, бутпарастй макун ва ҳоказо.
Ҳамин тариқ, мафҳуми гуманизм дар худ ватанпарастию эҳтироми баланди ҷомеаро таҷассум мекунад. Умумй карда гӯем, гуманитарикунонии тамоми ҷабҳаҳои ҳаётии макотиби миёнаю олиро оиди тайёр кардани кадрҳои бачандихтисос барои хоҷагии халқ дар бар мегирад. Нақшаҳои таълимию тарбиявй бояд ҳавасу дархости донишандӯзонро ба назар гирад, на ҳаваси ин ё он кафедра, макотиби олй ё давлатро. Инчунин муносибати устодон бо донишандӯзон низ аз аҳамия! холӣ набуда, вай дар асоси хамкории педагогӣ ба роҳ монда шавад.
tj.allinweb.ru
Омўзгор бо тарбияи одобии худ дар назди толибилмон бояд намунаи ибрат бошад ва ба дуруштмуомилагӣ, ҳавобаландӣ, тезфеълӣ роҳ надиҳад. Омўзгор бояд дар ҳама ҳолатҳо пурбардошт бошад. Ў бояд ботамкин буда бо хонандагони бетарбия ва бадфеъл низ ботамкин бошад, зеро бо шахси дағал дуруштмуомилагӣ кардан натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Бараъкс вазъияти вазнин ба амал омада, шароити низоӣ пайдо мешавад, ки дахолати маъмурият ба миён меояд.Нақша:
Маданияти меҳнати -таълимӣ, ҳамчун хусусияти касбии омўзгор.Қобилиятҳои корӣ ва шартҳои нигаҳдории он дар рўзи меҳнат ва истироҳат.Роли корҳои мустақилона дар раванди таълим.Омўзгор бо тарбияи одобии худ дар назди толибилмон бояд намунаи ибрат бошад ва ба дуруштмуомилагӣ, ҳавобаландӣ, тезфеълӣ роҳ надиҳад. Омўзгор бояд дар ҳама ҳолатҳо пурбардошт бошад. Ў бояд ботамкин буда бо хонандагони бетарбия ва бадфеъл низ ботамкин бошад, зеро бо шахси дағал дуруштмуомилагӣ кардан натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Бараъкс вазъияти вазнин ба амал омада, шароити низоӣ пайдо мешавад, ки дахолати маъмурият ба миён меояд.Омўзгор дар навбати худ бо хонандагон боадабона рафтор намуда, табъи хира ва эҳсосоташро худдорӣ намуданаш, шарти муҳим мебошад.Дар одобӣ омўзгорӣ ҷои махсусро талаботҳои ба монанди: намуди беруна аз ҷумла сару либос, ки ба зебоипарастӣ алоқаманд аст ҷои намоёнро ишғол мекунад.Либоси номувофиқ ва бемаврид, мўйҳои бетартиб, зару зевари зиёд диққати толибилмонро ба худ ҷалб менамояд. Бинобар ин бояд омўзгор ба қоидаҳои этикию эстетикӣ риоя намояд.Муаллим бояд пайваста дониши худро аз ҳисоби осори нави илмиву тадқиқоти вусъат бахшад.Бинобар он дар адабиёти педагогӣ мафҳумҳои «маълумоти муттасил», «такмили ихтисос», «худомўзӣ» вомехўранд.Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳои махсус шоҳид аст, ки кўшишҳои худомўзӣ, маҳорат ва малакаҳои азхудкунии мустақилона дар мактабу донишгоҳҳо ташаккул меёбанд. Миқдор ва сифати дониш ба маҳорату малакаҳои худомўзӣ пайваст мебошад. 40% толибилмон аз қаноатманд набудани худ оид ба таҳсил, маҳорати мустақилона кор карда натавонистани худро изҳор менамоянд. Барои омўзгорони оянда мунтазам пурра кардани дониши худ на фақат зарур аст, балки аҳамияти ихтисосию касбӣ дорад. Зеро, ки омўзгор мунтазам савияи дониши худро баланд мебардорад (бо воситаи мустақилона худомўзӣ) аз он ҷумла, маданияти меҳнатии таълимиро ба хонандагон меомўзонад. Мафҳуми маданияти меҳнати – таълимӣ дар адабиёти педагогӣ гуногун маънидод карда шудаанд: Гигиенаи меҳнати фикрӣ ба монандӣ: донистани қоидаҳои нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани қобилияти корӣ: аз ҷумла, дар амал иҷро кардани он, инчунин услуби меҳнати фикрӣ ва донистани усулҳои самарабахши фаъолияти фикрӣ ва маҳорати иҷрои он мебошад.Таҷрибаи омўзгорони пешқадам, мушоҳидаҳои бисёрсолаи дар донишгоҳҳо гузаронидашуда шаҳодат медиҳанд, ки маданияти ба нақша гирифтани фаъолияти таълимӣ, кўшишу ҳаракатҳо ба таҳсил мансубанд.Таҳсил дар мактаб меҳнати зиёду саъю кўшиши ҳар як толибилмонро металабад. Бинобарин, кори самараноки толибилмон на танҳо ба ташкили ҷараёни таълим, балки ба қатъӣ риоя намудани реҷими меҳнату истироҳат низ вобастагӣ дорад. Тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки қобилияти корӣ низ ба риояи тартиби рўз алоқаманд аст. Рўзи кории толибилмон 8 – 10 соатро ташкил медиҳад ( яъне 6 соати дарсӣ ва 2, 5 – 3 соати кори мустақилонаи берун аз аудиторӣ). Бо ин мақсад тартиби рўзро мувофиқи мақсад истифода бурдани толибилмон аҳамияти калон дорад. Мўҳлати аз хоб бархестан ва ваҳти машғулиятҳоро муқаррар кардан барои кори мустақилона, истироҳати маданӣ, истеъмоли хўрок ва хоб вақт ҷудо кардан зарур аст.Олимон М.В. Антропова А.Г. Хрипкова К. Киямов Н. Ивазов реҷими (тартиби) тахминии рўзи кории толибилмонро таври зерин пешниҳод намуданд: Вақти аз хоб бархестан ва гимнастикаи пагоҳӣ – 600-700, ба машғулият рафтан – 730-800, машғулияти дарсӣ – 800-1300, истеъмоли хўроки нисфирўзй, сайр дар ҳавои тоза – 1300-1500, кори мустақилона -1900, хўроки шом – 1900-1930, истироҳати маданӣ, такрори материалҳо- 1930-2200, сайру гашт дар ҳавои кушод- 2200-2300, вақти хоб – 2300-600.Барои ноил шудан ба қобилияти баланди корӣ дар фаъолият, намудҳои машғулиятро бо навбат давом дода пас аз ҳар соати машғулият 10-15 дақиқа танаффус ё истироҳати кўтоҳмуддат зарур аст. Барои хуб нигоҳ доштани қобилияти корӣ ҳавои хонаро тез – тез нав карда истодан, сайру гашт карда бо варзиш машғул шудан судбахш аст. Ба назар гирифтан лозим аст, ки дараҷаи фаъолияти амалиётҳои фикрӣ, қобилияти корӣ дар давоми рўз як хел набуда, тағйир меёбад. Қисми аввали рўз (аз соати 8 то соати 15) хеле самарнок мегузарад, дар айни ҳол, қобилияти баландтарини корӣ аз соати 10 то 13 зуҳур меёбад, пас аз он, аз соати 16 то 19 ва шабонагоҳ аз соати 20 то соати 24 дараҷаи диққат, қувваи ҳофиза, хотира суст шудан мегирад. Комёбиҳои толибилмон на фақат ба самаранок ташкил намудани ҷараёни таҳсил, риоя намудани реҷими меҳнату истироҳат, инчунин ба дуруст риоя намудани тартиби хўрокхўрӣ низ алоқаманд аст.Лексия яке аз шаклҳои асосии ташкили таълим дар донишгоҳ ва мусаллаҳ намудани толибилмон бо системаи донишҳо ва маҳорати амалӣ, воситаи муҳими тайёр намудани муаллимони оянда ба фаъолияти касбӣ ва дар онҳо ташаккул додани малакаҳои мустақилона маълумотгирӣ мебошад.Материали лексия комёбиҳои илм ва техникаро дар бар гирифта, толибилмонро на танҳо бо ахбори навин, шинос менамояд, балки ба онҳо дар шакли тайёр низ дастрас мегардад. Лексия толибилмонро ба олами адабиёт шинос мекунад, онҳоро ба кори системаноки эҷодӣ, раҳнамо месозад. Тайёрии толибилмон ба лексия чиҳоро дарбар мегирад? Пеш аз лексия толибилмон бояд бо мақсади пайдо кардани тассавурот дар бораи мазмуни умумии лексия ва онро дуруст дарк намуда тавонистан, фарқияти байни материали дар китоби дарсӣ дода шуда ва материали аз тарафи омўзгор дар лексия дода шударо дуруст пай барад. Толибилмон бо мазмуни лексияи оянда шинос шуда, саволҳои бисёре пайдо мекунанд. Бинобар ин, бояд саволҳои душворро навишта гиранд ва ҳангоми лексия онҳоро бо ёрии устод ислоҳ намоянд.Дар рафти тамоми лексия бодиққат будан зарур аст. Аз аввали саршавии лексия аз суханони аввалини устод ба дарки моҳияти он шурўъ кунанд. Диққатро танҳо ба қабули материали лексия равона намуд. Масъалаҳои асосии лексияро навишта гиранд. Самаранок гўш кардани лексия инчунин ба алоқамандии материали омўхташаванда бо дарсҳои гузашта, ба онҳо баҳо дода тавонистани толибилмон ва таҷриба ҳосил намуда масъалаҳои асосиро дар хотир дошта тавонистан аст. Ҳамин тавр, ҷараёни таълим шакли ягонаи тайёр намудани мутахассис набуда, танҳо дар пайвастагӣ ба корҳои мустақилонаи илмию таълимӣ проблемаи тайёр намудани мутахассисон ҳал карда мешавад. Ҳаминро низ бояд қайд кард, ки барои мукаммал аз худ намудани касб ҳамчунин корҳои зеринро ба сомон расондан лозим аст: мушоҳида намудани ҷараёни педагогӣ дар мактабҳо, омўхтани адабиёти соҳавии ватанӣ ва хориҷӣ, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва ғайра.
Просмотрено: 3
lib.infopage.tj
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони у, аз тамоми хастии вай нур меборад. Ин нур рохи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда,аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад. Мехри бехамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли чашмахои пурчушест,ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.Модар! Зимни ин панч харф чи кадар мехру мухаббат, хушгуфторию хушрафтори, бузургиву мучассамаи хоксори нихон аст. Дар олам мукаддастар аз модар мавчудоте нест. Оре, тамоми хастии вучуди мо аз модар аст, махз бо туфайли чонкохонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин чост, ки мо уро мукаддас мешуморему дар лахзахои душвортарин номашро ба забон мегирему мегуем: Модар! Модарчон! Мехру мухаббати самими модар ва шабзиндадорихои модар-ин хамаро бо хеч чиз баробар натавон кард. Модар хаст,ки мо хастем. Кист он кассе, кисуруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди у бахра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи хаёти инсон хасти ва хаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонхои чахон якхел оханги навозишкорона дорад. Сини инсон чанде ки набошад, хох 5 хох 50, барои у модар-навозишу нигохи вай зарур аст. Ва хар кадаре,ки мухаббати касс ба модарзиёд бошад, хаёт хамон кадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту хеч бахоре зебо ва хеч тирамохе пурфайз нахохад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне хасти,ки рохи фарзандатро равшан месози.Модарам ту ягона вучудаму рафикам, эхсону дастгирам дар парешонхолию шарикам дар гаму андух, лаззатам дар хаёту рохатам дар мамот, ту табассуми хаётбахши сари гахвораю суруди чахонгири сахаргохам. Ту худ чон ба каф гирифта, маро ба дунё оварди, хаммаслаки ситорахо гардида, дар сари гахвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуди, бо чашмони хастаат бониям кардию бод или афсудаат химояаам.Модар-зан аст. Зан бошад олихаи хусну малохат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханхои мехрбор гуфтаанд:Хамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавчудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имруз сохае нест, ки дар онхо занхо кор накунанд ва дар чамъияти имруза занхо дар баробари мардхо истода кору мехнат мекунанду мамлакат аз дасти онхо гул мекунад.Хамаи касбхо хубанд, лекин аз хамааш хам касби омузгориро меписандам, зеро дар оилаи омузгор ба дунё омадаам.Омузгор! Барои тасвири симои ботини ва зохирии сохиби ин касб калами хеч суханвар ва хеч рассом кудрат надорад, зеро дар чехраи омузгор хатхои ноаёне мавчуданд, ки мухаббати у нисбат ба касбу хонанда ваватан акс ёфтаанд. Омузгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошики касби хеш буда, маънии хаёташ хизмат ба мардум аст. У шахсест, дилсузу мехрубон ва хакикатгуву захматкаш мебошад.Агар замину растанихо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд аз нкри пурмехри омузгор бахра мегиранд, ба куллахои баланди бахту саодат ва орзухо мерасанд. Устод дар дили шогирд машъал меафрузад, барои ба даст овардани бахту толеъ рохи уро мунаввар месозад.Дар симои чунин модари дилсузу гамхор, устоди азизу мехрубон, ман муаллимаи худро, ки маро мисли фарзандашон дуст медоранду ба ман ва ба хамсабаконам дарси ибратбахш ва тарбияви меомузанд, Бобоева Гулнорахон мебинам. Он кас соли 1998 донишкадаи факултаи забон ва адабиёти рус-и шахри Хучандро хатм намудаанд. Фаъолияти омузгориашонро хамчун муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус аз соли 1998 дар МТУ №33-и н.Б.Гафуров огоз намуда, сипас соли 2002-юм дар гимназияи №3-и ш.Хучанд фаъолияти кориашонро давом доданд. Холо бошад аз соли 2009-ум то инчониб дар яке аз мактабхои бонуфузи шахри Хучанди бостони, гимназияи «Кавсар» кору фаъолият бурда истодаанд. Муаллима хамеша мекушанд, ки мехнаташон самараи хуб ба даст орад, Мо шогирдонашон аз он касс панди судманд мегирем. Новобаста аз чавони ва душворихои ру ба ру омада устоди азизам рухафтода нашуда, аз паи таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Эчодкор хастанду бисёр дарсхояшонро шавковар мегузаронанд. Ба чехраи пурхандаву зебояшон менигарам аз чашмонашон нур меборад, калби бекарорашон мондашавиро хис намекунад. Чунки онкас богбони маърифат ва ошики касби хеш мебошанд.Аз тарафи он касс дар мактаб бисёр дарсхои кушоди намунавию тарбияви, шахрию вилояти дар сатхи баланд баргузор гардидааст. Вакте ки дар дарси муаллима менишинам, худро дар чое хис мекунам,ки гуё модарам дар наздам истоданду ба ман сабак меомузанд. Оре, он кас барои манн мисли модарам азиз мебошанд, зеро бо хар як шогирдонашон мисли фарзандашон муносибат мекунанд. Хамеша ва дар хама маврид шогирдонашон, яъне фарзандонашонро дастгири мекунанд. Ман хам устоди азизи хешро мисли модарам дуст медорам ва мекушам, ки муаллимаи манн хамеша чехрахандон бошандБузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хуши ва рушнои вучуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароги хонадонанд.» Бале, агар модари азизи мо дар хона шамъу чароги хонадони мо бошанд, сипас муаллимаи азизамон дар мактаб, дар синфамон хамчун чароги фурузон ва равшангари дилхои мо-толибилмон мебошанд.Ман аз чунин омузгоронам мефахрам , шукр аз он мекунам,ки дар давраи истиклолият зисту зиндагони дорам ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактабе ки тахсил дорам, чунин устодони гамхору дилсуз кор мекунанд.Манн минатдориамро ба хамаи омузгоронам мерасонам ва онхоро бо иди занону модаро ва бонувон табрик намуда, аз сидки дил бахрашон пирузихо, хушихои зиндаги ва ба корхояшон мувафакиятхои беназирро орзумандам. Дар охир харяки муаллимагонамро хамчун зани хоксору халим гуфтаниям, ки:
Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо,Зан набошад, нест дар руи замин накши хаёт-Дон,ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!
univer.tj