|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Для тех кто учится. Реферат дар бораи муаллимМуаллим – сарвару саркори инсонМуаллим сарвару саркори инсон,Муаллим номбардори азизон.Ба даҳри беҳудуду оламу даҳр,Муаллим ҷамьи ахбори парешон. Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омузандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. У бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд: Хаққи устод аз падар беш аст,В-аз падар устод дар пеш аст. Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт. Расад ҷон бар лаби бечора устод.Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд. Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост.Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон муаллимро омӯзандаи алфози бузург наномид. Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машаққатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад. Хулоса, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст: Сари таъзим меорам ба номат ман,Ки аз ту гаштаам шогирди донное.Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омузгори меҳрафзое. Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам… Ҳар кӣ накард ҳурмат устоди роҳнаморо,Аз ақлу дину имон ӯро хабар набошад. www.maktab.tj Табрикот бо «Рӯзи муаллим» | MAKTAB.TJ:Беҳтарин муаллимон бо қалбашон омӯзиш медиҳанд, на бо китоб. Тақдим ба қалби пурмеҳри Шумо Рӯзатон Муборак! Ҷашн доард ин замон дар мамлакат омӯзгор,Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.Пешгарду раҳнамою бофару заҳматқарин,Ҳамчу ӯ воломақоме нест дар рӯи замин.Садри мо аҳли маорифро намояд эҳтиром,Пояи давлат бувад Омӯзгори некном.Хонаободии мо – Омӯзгори пуршараф,Заҳмати ӯ мерасонад одамиро бар ҳадаф.Ҷашнатон бодо муборак, устодони азиз,Шодмон бошед доим , ғамгусорони азиз! Муаллими гиромӣ аз ту ташаккур мекунам барои хидояти мо ва аз инки беҳтарин рохро барои сохтани имрӯзамон нишон додӣ. Туӣ, ки моро аз «ҳеч» ба «ҳама чиз» расондӣ. Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.Панди ту бошад ғизои маънавӣ,Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,Каҷравӣ, – гуфти ба мо, – кори хатост.Аз ту илми маърифат омӯхтем,Ҳарфи ту барномаи рафтори мост.Чун Падар ғамхор ҳастӣ баҳри ман.Дар дили мо карди ҷо меҳри Ватан.Доимо фархундаву болида бош,Эй муаллим роҳбари волосухан. Беҳтар аз ҳазор рӯзи сахту кӯшишу мутолиа як рӯз будан бо як муаллим бузург аст. Муаллим Рӯзат Муборак! Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд неаст,Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест. Эй ҷаҳоне дар ҷаҳони зиндагӣ,Эй замину осмони зиндагӣ.Эй вуҷудат махзани илму адаб,Эй самои бекарони зиндагӣ.Муғчаҳоро бо сухан во мекунӣ,Сангҳоро дурру тилло мекунӣ.Сад ниҳоли хуби ҳосилдорро,Аз замини хушк пайдо мекунӣ.Шахси бесарват вале доро туӣ,Ҳокими ҳақпарвари дунё туӣ.Дар ҷаҳони пурфиреби тезрав,Хоксору аз ҳама воло туӣ. Муаллимро бахш кардам аввалаш муҳаббат охираш муҳаббат.Худо туро мехост ва интихоб ҳақи Худо буд. Донои Ишқ рӯзат муборак! Муаллим роҳбари илми замон бошад,Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.Кунад равшан ба мо имрӯз фардороХабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.Кунад парвоз инсон дар само нотарс,Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад.Расонад одамонро бар муроди хеш,Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад. Сипосгузори муаллиме ҳастам, ки андешиданро ба ман омӯхт, на андешаҳоро Аз падар гар қалбу тан ёфтемАз муаллим ҷони равшан ёфтем.Эй муаллим чун кунам тавсифи ту,Чун Худо Мушкил тавон таърифи ту. Омӯзиш ҳарфе аст, ки ҳарфҳои дигарро меомӯзад. Ва масъулияти ин бар уҳдаи муаллим аст. Рӯзат Муборак! Як падар бахшандаи обу гил аст,Як падар равшангари ҷону дил аст.Лек агар пурси кадомин бартаринОн кӣ дин омӯзаду илму якинРӯзу ҳафтаи муаллим бар ҳамаи муаллимон муборак бод! Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва оромишро дар як шахс пайдо кардам. Ва ӯ касе нест чуз Шумо. Муаллим рӯзат муборак! Агар дори ту ақлу донишу хуш,Муаллим ҳарчӣ мегӯяд бикун гуш!Муаллим чун падар воломаком астМуаллим ҳамчу модар хуш зи ҷон аст.Муаллимро маранҷон ҳаргиз аз хеш,Мазан бо ҳарфи беҷо бар дилаш неш! То Худо буду ҳаст, муллим будаву ҳаст ва ҳар рӯз, рӯзи муаллим аст. Муаллим ҳунар аст, Ишқ аст…. Осмони рӯзат муборак! Чӣ касе ҳарду лабамро ба алиф боз намуд,Чӣ касе ҷомаи тақво ба танам соз намуд.Эй муаллим, ки туро дониши бисёре буд,Ҷони шогирд ба фидоят, ки сазовор буд. Муаллими азиз аз Шумо Мамнунам чун аз мо чизе сохтед, ки имрӯз ҳастем шогирду дастбӯси Шумо. Андешаам аз ту сабзу обод шудаАз ҷаҳлу ғам ин фитратам озод шуда.Дар мактаби поку шодӣ устод бубинҒам рафта зи ҷонаму дилам шод шуда. Ҳадафи як муаллими расм тасвире аз оянда барои донишомӯз нест, балки роҳеро нишон хоҳад дод, ки донишомӯз тавонад расми тасвири ояндаи худро дошта бошад. Рӯзи муаллим муборак! Дар мактаби ту ҳамеша шогирдам манДур аз рӯҳи ту ҳамеша пурдардам манДар фасли баҳори рӯзи устод бубинБе нури муаллим инчунин зардам ман Мумтозу намуна шудан барои яксол аст. Ва мондагор шудан барои як умр. Салом бар муаллиме, ки ҳар сол намуна асту як умр мондагор. Муаллими азизам рӯзат муборак, ки ҷаҳоне аз нурат муборак гаштааст. Бо ин гаҷи ишқ тахтаи ҷонам занХатте зи каломи худ ба имонам занСад дарс дар ин синфи ту омӯхтам манЯк дарс зи ишқи ҷони вайронам. Саломат гуфтам паёмам додӣ паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳи ҳидоят кардӣ. Эй оинаи тамомнамои ишқу муҳаббат ҳар рӯзат муборак бод. Худои атласиҳо бо ту бошад,Паноҳи бекасиҳо бо ту бошад.Тамоми лахзаҳои хуби як умр,Ба чуз дилвопасиҳо бо ту бошад.Муаллими азизам рӯзат муборак! Муаллимӣ Шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст.Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ раҳояш кун ва агар ишқи туст муборак бод. Ҷунбандагони замин, моҳиҳои дарёҳо ва ҳар кӯчаку бузурге дар замини Худову Осмони ӯ барои муаллими хубиҳо, истиғфор менамоянд. (Имом Содиқ) Муаллимӣ, мӯҳре аст, ки аз рӯзи азал бо гили одами сиришта шуда, то мардум аз таълимоти ҷаҳл ба нури доноӣ раҳнамун шаванд. Муаллим шамъ шуди шӯъла шуди сӯхтӣ,То хунаратро ба ман омӯхтӣ«Муаллими азизам рӯзат муборак!» Садҳо шохаҳои гули марям тақдими Шумо бошад, ки барои ман дар ҷаҳон беҳтарин ҳастед. Рӯзи муаллим муборак! Нақши муаллим дар дилҳост дигаре ҷои ӯро намегирад,Он ки дилҳо ба ишқи ӯ зинда аст, дар дили ошиқон намемирад. Муаллими хубам равзанаҳои равшание, ки дар зеҳнам боз карди ҳанӯз дунболи нур мегардад…. Рӯзат муборак! Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.(Эмомали Раҳмон) Муаллим, то даме , ки зиндааст, мехонад: Ҳамин , ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад.(К. Д. Ушинский) Агар дар ҷаҳон набвад ОмузгорШавад тира аз бехирадон Рузгор.(Ҷомӣ) Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.(Халқ) Ҳар кӣ номӯхт аз гузаши рӯзгор,Низ номӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.(Рӯдакӣ) Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад.(Д. И. Менделеев) Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳзам ҳам пеш намерафт.(А. С. Макаренко) Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз Муаллимӣ нест.(Ҳусейн Мазоирӣ) Идат муборак, устод,Дилҳои мо аз ин шод.Ҳақгӯю нуктасанҷӣ,Монанди кони ганҷӣ.Хирадманду накӯкор,Раҳнамоӣ ба ҳар кор.Ҳамнишини мардонӣ,Марди фазлу эҳсонӣ.Табиби ҷонбахш туӣ,Устоди рӯҳбахш туӣ.Табиати обу хок,Хосили ангуру нок.Меҳри гулу лола,Чанори садсола,Мурғакони сухангӯ,Даррандаҳои ҷангҷӯ,Донаҳои гуҳаррез,Буттаҳои мушкбез –Ҳама аз ту шунидам,Дар кори ту бидидам.Марди суханвар туӣ,Тиллову гавҳар туӣ. www.maktab.tj шеърхо дар васфи муаллимМуаллими меҳрубон,Меҳратон дар дилу ҷон,Лафзи ширини равон,Мо аз шумо омӯхтем!!!Мо аз шумо омӯхтем!!!
Ҳар субҳи фирӯзХурсанду хандонБа сӯи мактабРавем шитобонҚабул намоядБо меҳри тозаДар саҳни мактабМоро ҳамешаМуаллими моМуаллими моСалом, муаллимГӯем аз одобСалом, баччаҳоГардонад ҷавобНисбат ба моёнМеҳри зиёдеБошад намоёнАз ҳар садоеМуаллими моМуаллими моҲаргоҳ ки бар синфПо мегузорамХизмати ӯроБа хотир оремДӯстӣ, рафоқатОмӯхт мороШамъи садоқатАфрӯхт мороМуаллими моМуаллими моМоро ягонаОмӯзгор астОмӯзгориБоэътибор астБа мисли фарзандМо бо муҳаббатХоҳем доимБошад саломатМуаллими моМуаллими мо Муаллиф: Убайд Раҷаб Дар базми ишқ шамъи фурузон муаллим аст,Мардум чу пайкаранд агар, ҷон муаллим аст,Он боғбони гулшани андешаҳои жарф,Парвардигори руҳи ҳакимон муаллим аст,Мардум маодини зару симанд дар сиришт,Ҷуёи ин хазоини пинҳон муаллим астҲаргиз газофа нест ки гуям пас аз Худой,Он кас ки халқ мекунад инсон муаллим аст,Зулмоти ҷаҳлро бишкофад ба нури илмХизри тариқ чашмаи ҳайвон муаллим астОре, муаллими ҳама ишқ асту сухтанОнро ки ишқ нест магу кон муаллим астГуянд будаанд муаллим паямбаронГуяд “Ҳаниф”и Изади Раҳмон муаллим аст. Шуои нури ҳудо дар муҳити зулмонӣҶамоли ақдаси ҳақ дар либоси инсонӣКалиди рамзи футуҳоти раббонӣАсоси муҳками илму камолро бонӣМуаллим аст, муаллими бузургвори вуҷудБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Муаллим аст ки ӯ лавси ҷаҳлро шуядМуаллим аст к-аз ӯ гулбуни адаб руядМуаллим аст ки ӯ нури кибриё ҷуядМуаллим аст ки ӯ роҳи анбиё пуядМуаллим аст к-аз ӯ роҳи илм равшан будБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Худо ки манбаи илму фазилату ҷуд астБа лафзи поки муаллим ҳабиб бистудастВаро “юаллимуҳумул китоб” фармудастКи он ки мунҷии олами башар будастМуаллим аст ки сар бар фалак зи фахр бисудБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Агар ба қаъри замин кону маъдане пайдостАгар суфоюни сангин ба паҳнаи дарёстВагар зи рӯи замин моҳворае ба фазостБувад ҳама зи муаллим, туро бигуям ростАгар набуд муаллим нишони илм набудБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Агар шумори умрат фузун зи ҳаштод астНадида хидмати устод лағву барбод астЗи рӯзгори куҳан ин сухан маро ёд астБасе зи меҳри падар беҳ ҷафои устод астГиреҳ ба нохуни дониш зи мушкилот гушудБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Ту офтоби дурахшони эй муаллими манҶаҳон чу ҷисму ту ҷони эй муаллимТу руҳи олами имкони эй муаллимТу парваришгари инсони эй муаллимЧу “Хушхабар” ба ту шеъри муаллимона сурудБа хоки пои муалим ҳазор бор дуруд Муаллиф: Козими Хушхабар Эй нури Худо дар назар аз рӯи ту мороБигзор ки дар рӯи ту бубинем ХудороТо накҳати ҷон бахши ту ҳамроҳи сабо шудХосияти Исист дами боди сабороҲар чанд ки дар роҳи ту хубон ҳама хокандҲайф аст ки бар хок ниҳи он кафи пороПеши ту дуо гуфтаму дашноми шунидамҲаргиз асари беҳтар аз ин нест дуороМехостам осуда ба кунҷе бинишинамБолои ту ногоҳ барангехт балороОн рӯз ки таълими ту мекард муаллимБар лавҳи ту нанвишт магар ҳарфи вафоро?Гар ёр кунад майл, Ҳилолӣ, аҷабе нестШоҳон чи аҷаб гар бинавозанд гадорро? Ҷуз ғубор аз сафари хок чи ҳосил кардемСафар он буд ки мо дар қадами дил кардемДомани Каъба чи гард аз рухи мо пок кунадМо ки ҳар гом дарин роҳ ду манзил кардемДаст аз он зулф бидоред ки мо бекоронУмри худ дар сари як уқдаи мушкил кардемБоғбон бар рухи мо гу дари бустон магшоМо тамошои гул аз равзанаи дил кардемОсмон буду замин, пиллаи шоди бо ғамҒаму шоди ҷаҳонро чу муқобил кардемЭй муаллим сари худ гир ки мо чун гирдобҚатъи умед зи сар риштаи соҳил кардемРафт дар кори сухан умри гироми СоибҶуз пушаймони азин кор чи ҳосил кардем? Метавон дар соя омухтанГанҷи ишқи ҷовидон андухтанАввал аз устод, ёд омухтемПас, сувайдои савод омухтемАз падар гар қолиби тан ёфтемАз муаллим ҷони равшан ёфтемЭй муаллим чун кунам тавсифи туЧун Худо мушкил тавон таърифи туЭй ту киштии наҷоти руҳи моЭй ба туфони ҷаҳолат Нуҳи моЯк падар бахшандаи обу гил астЯк падар равшангари ҷону дил астЛек агар пурси кадомин бартаринОнки дин омузаду илму яқинМуаллиф: Шаҳриёр Комментарииlife.ansor.info МУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН - Иншо - Иншо - Иншохо - ТопикиМУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН Муаллим сарвару саркори инсон, Муаллим номбардори азизон. Ба дахри бехудуду оламу дахр, Муаллим чамьи ахбори парешон. Муаллим, омузгор - вожахое, ки барои фарзанди инсон ошною мукаддас. Зери ин калимахои бузург омузандаи илму дониш, фархангу адаб ва пешвою оинаи миллат тачассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдй инсонро илму адаб омухта, уро ба воя мерасонад. У бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису гамхор касро олами маънй меомузонад. Тавре гуфтаанд: Хаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст. Муаллимро имруз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбех дих,ем, нуре гуем, ки чашмони шогирдонро равшанй мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили хамаро осон мегардонад. Хар киро устод набвад кор бар бунёд нест, Дар рахи маънй рафике бехтар аз устод нест. Сарчашмаи хамаи хушихо, ободии хамаи махфилхо, бузург гардидани х,амаи шогирдони баркамол махз ба омузгорон вобастагй дорад. Омузгорон вазифаи нихоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомузанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба кавли бузургон мухандиси рухии инсон аст. Тавре ки мухандис накша ё созмони ягон кореро ташкил медихад, муаллим низ аз рузи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онхоро ба хаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халк мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуксонхоро бартараф мекунанд. Яъне омузгор ибратомузест, ки хар калому хар нигоху хар кадамаш саропо ибрати сохибдилон аст. Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омузгорй касби нихоят пуршараф аст ва омузгор касест, ки хамеша дар чустучуи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию чамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонй муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънй хабаре надорад, олиме сохт. Расад чон бар лаби бечора устод. Ки харферо ба шогирде дихад ёд. Даме ки устод шогирди ба чон парвардаашро руи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, махсули захмати беандоза ва дастранчи захматталаби хешро бо бузурге пайваста. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани хар як шогирдаш кушиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обруманд мегардад, бевосита аввалиндарача номи муаллимашро мегирад ва аз у розист, ки алфози накуяш омухт. Устод ба рохи рост хидояташ намекард. хеч гох шарафманду комёб намегашт. Захмати беандозаи омузгорй бузург тавонист рохбалади шогирди пурзаковат гашта, сохибмаълумоташ гардонд. Дуруст аст, ки муаллим рохнамову нишондиханда, созкору ибратомуз ва мададрасони фарзанди инсон дар рохи ростиву росткорй ва омузишу бурдборихост. Наметавон бе мураббй алфозе омухт, наметавон бе рохнамо дониш андухт, наметавон худ бевосита ба чое бирасид, наметавон муаллимро омузандаи алфози бузург наномид. Муаллим аз хар як норасоиву носазоихо ва беахмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Куввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дарег намедорад. Мекушад, ки бо вучуди машаккатхои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва сохибмаълумот гардонад. Хулоса, муаллим касест рохнамою хидояткунанда, мунису гамхор, дусти бегаразу ислохкори хамон норасоиву нуксонхои инсон. Муаллим пешвою омузандаи алфози неку тачассумгари ростию росткорист, ки машхуртарин бузургони руи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омухтааст: Сари таъзим меорам ба номат ман, Ки аз ту гаштаам шогирди донное. Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар хама чое, Ки аз ту фахр дорам ман, кй буди солхо омузгорй мехрафзое. Барои чуброни мехнати пурмашаккату дили саршори мехру мухаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз каъри замин ганч бурун овардан, куххоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам... Хар кй накард хурмат устоди рохнаморо, Аз аклу дину имон уро хабар набошад. omuzgor.my1.ru Сурудҳо — МИСОЛКишварам Бо Ватан сарфарози ҷаҳонем,Бо Ватан ҷовидон, пуртавонем.Дар вафои Ватан устуворем,Насли фархундаи Ориёнем.Нақарот: Кишварам, модарам, ифтихорам,Маҳди ҷонпарварам, эътиборам. Парчамат то абад пар-парафшон,Дар канорат ҳама боғу бўстон.Ҳарфи қонуни бахтат муқаддас,Нури хуршеди рўзат ба ҷавлон.Нақарот: Кишварам, модарам, ифтихорам,Маҳди ҷонпарварам, эътиборам.Муаллим Муаллими меҳрубонМеҳратон дар дилу ҷон.Лафзи ширину равонМо аз Шумо омўхтем.Нақарот: Муаллим, муаллимҶон, муаллим. Ба ҳар савол ҷавобро,Донистани ҳисобро,Ҳам хондани китоброМо аз Шумо омўхтем.Нақарот: Муаллим, муаллимҶон, муаллим. Ҳифзи хоки Ватанро,Ба вай содиқ буданро,Васфи боғу чаманроМо аз Шумо омўхтем.Нақарот: Муаллим, муаллимҶон, муаллим. Зиёдулло Шаҳидӣ 4 майи соли 1914 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Композитори тоҷик. Артисти халқии Тоҷикистон (1974). Соли 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то соли 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошканд, Самарқанд ва Ста линобод кор кардааст. Солҳои 1939-1952 роҳбари ансамбли тарона ва рақси филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ў дар студияи назди ИК Тоҷи кистон (1943-1946) аз А.С.Ленский ва С.А.Бала санян дарси композиторӣ меомўзад ва соли 1949 Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи Москва, 1957 шўъбаи миллии консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Солҳои 1956-1960 вазифаи раиси Правленияи ИК Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.З. Шаҳидӣ аз аввалин оҳангсозонест, ки барои ташаккули мусиқии муосири тоҷик хизматҳои шоён кардааст. То солҳои 60-ум дар эҷодиёти Шаҳидӣ суруду романҳо мавқеи калон доштанд. Дар байни онҳо таронаҳои «Хонаи мо» (шеъри А.Лоҳутӣ), «Иди зафар» (шеъри Б.Раҳимзода), «Дарвоз» (шеъри А.Деҳотӣ), романсҳои «Зи сўзи сина» (шеъри Ҳилолӣ), «Эй сорбон» (шеъри Саъдӣ) машҳуранд. Ў муаллифи операҳои «Комде ва Мадан» (1960), «Ғуломон» (1948), опереттаи «Духтаре аз Душанбе» (1968) мебошад, ки бо мусиқии халқии тоҷик робитаи зич доранд ва бо шаклу мундариҷа, нафосату латофат ва рангорангии тобишҳои мусиқӣ дар байни алоқамандони ин соҳа маълуму машҳуранд. Асарҳои симфонии З.Ша ҳидӣ аз қабили достонҳои симфонии «Соли 1917», «Ба ёди М.Турсунзода» (1983) мусиқии касбии тоҷикро бою рангин кардааст. Дар достонҳои «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо» ў кўшидааст, ки навоҳои хуши «Шашамақом»-ро истифода намояд.З.Шаҳидӣ муаллифи мусиқии якчанд намоишномаҳои мусиқӣ ва драмавӣ мебошад: «Арўси панҷсўма», «Шаҳри ман» ва ғ. Ба қалами ў инчунин чор суита ва якчанд кантата тааллуқ дорад. Ў ба як қатор филмҳо, аз ҷумла «Дўсти ман Наврўзов» (1959), «Вақти зангирии писарам расид» (1960) ва ғ. мусиқӣ эҷод кардааст.З.Шаҳидӣ Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 1-4) буд. Ў лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (1985) буда, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.Зиёдулло Шаҳидӣ 25 феврали соли 1985 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.Иди зафар Омад хабар зи Маскав,Аз фатҳу нусрати нав,Халқи далер бишнав,Ин хушхабар муборак!Иди зафар муборак! Имрўз халқи кишвар,Марду зани диловар,Ҳар як сухан кунад сар,Гўяд: — Зафар муборак!Бахти башар муборак! Эй кишвари кабирам,Ҳам лашкари далерам,Сарбози беназирам,Ин хушхабар муборак!Иди зафар муборак! Эй халқи меҳрубонам,Урдуи қаҳрамонам,Васфи туро бихонам,Гўям: — Зафар муборак!Бахти башар муборак! Шоири ширинкалом Боқӣ Раҳимзода шаби 9 майи соли 1945 аз расидани Рўзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ, ки ба воситаи радио эълон гардида буд, хушҳол гашта, шеъри «Иди зафар»-ро иншо мекунад ва худи ҳамон шаб ба композитори шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ (онҳо дар ҳамсоягӣ мезистанд) занг зада, аз навиштани шеъраш ба ин муносибат, телефонӣ дарак медиҳад.Устод Шаҳидӣ ҳамон замон Б. Раҳимзодаро ба хонааш даъват мекунад ва ба эҷоди мусиқии он шеър шурўъ мекунад. То чашми шаб равшан шудан З. Шаҳидӣ сурудро эҷод карда, худаш онро ба Б. Раҳимзода иҷро мекунад. Рўзи дигар устод Шаҳидӣ овозхони хушсалиқа Шоиста Муллоҷоноваро ба хонааш таклиф карда, дар муддати кўтоҳ сурудро ба ў ёд медиҳад. Баъди як рўз суруди «Иди зафар» дар фонди радио сабт шуда, ба воситаи радио дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ шунавонида мешавад. Дере нагузашта ин суруд дар байни мардум машҳур мегардад.Бояд гуфт, ки суруди «Иди зафар» то имрўз дар Рўзи Ғалаба – 9 Май ба воситаи телевизон ва радио шунавонида мешавад ва яке аз сурудҳои беҳтарин ба шумор меравад. misol.tj Univer.tj. Реферат бо забони тоҷикӣ12 07 2017 admin Пока нет комментариев Кори семинарӣ Мавзуъ: Таърихи пайдоиш ва инкишофи бонк Иҷрокунанда: донишҷӯи бахши 4-уми шуъбаи менеҷменти (иҷтимои) Асалов.М Кабулкунанда: додсент муалимаи кафедраи иқтисоди Наимова.Д Рашт — 2014 Нақша: Сарсухан 1.Гардиши пул – асоси фаъолияти бонк 2.Қонуниятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк дар ҷомеа 3.Бонки миллии Тоҷикистон 4.Бонкҳои тиҷоратӣ – саҳҳомӣ Хулоса Сарсухан Дар ҷомеаи имрӯза...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Яке аз мушкилихои иктисодие, ки чахони имрузаро ба ташвиш дароварда аст ин камбизоати ба шумормеравад.Дар ин чараёниктисодиёт на он кадар устувор буда шумораишахсони камбизоат зиёд гарди дабарои худ чои кори мубофик намеёбанд, барояшон хизматрасонихои хаётанмухим дастраснест ва дар мачмуъ сатхизиндаги нихоят паст мегардад.Ингунабухронхо имрузхо кариб дар тамоми мамолики чахондида мешавад.Барои бартарафнамои он тамоми сохахои чахон кушишу харчи зиёд менамоянд , созмонхои махсус...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Хар киро дар зиндагй устодест. Имруз чи муаллиму чи духтур, чи ронанда ва чи коргару бофанда хама устодону шогирдони худро доранд. Хамаро дар хаёт касе омузонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безахмат, бемашаккату кадршиносии устоде ба авчи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами хастй мекушояд, албатта бо як хусну истеъдоди Худовандй тавлид мешавад, аммо худ танхо бесарвари, берохнишондихй ва беустоде сохиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст, Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст. Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим, Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра — қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Дар айёми чашни Навруз дар саросари чумхурй, дар мактабхову донишгоххо, муассисахои фархангй ва гайра барои пазироии соли нави таквими суннатй махфилхову маъракахои хурсандй барпо мекунанд. Яке аз унсурхои чашни Навруз оростани суфраи «хафт шии» ё «хафт син» мебошад, ки дар бисер базмгоххо барои намоиш гузошта мешавад. Мо дар солхои каблй шохиди он будем, ки донишчуёну мактаббачагон ба суфраи мазкур хар гизое, ки номаш бо харфи «с» ва «ш» огоз мешавад, мениходанд. Дар суфраи «хафт син»...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Орзуву омоли мардум на танхо шифохатан бо хондани суруду таронахо ва рубоихо, балки тавассути ичрои амалхои суннатй, расму ойинхо ва инчунин дар сурати ашё, чонварон, меваю гизохо, рангхо, аносири табиат ва амсоли инхо дар шакли рамз ё самбулхо низ баён мегарданд. Хар як чашну маросими точикон моломоли рамзу маънихои нухуфта. розхои таърихию асотирии бостонй ва мазмунх,ои печидаи хаётй мебошанд. Рамз як навъ баёни ичтимой мсбошад, ки дар шаклх,ои лафзй, хаттй, тасвирй, ичрой ва моддй...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Дар таърихи фарханги мардуми эронитабор хеч як анъана ва расму ойине чун чашни хучастапай ва фархуидаи Навруз азизу арчманд нест. Навруз пайвандгари насли имруз бо расму ойин, арзишхои эстетики, мехру садокат ва анъаноти ниёгон мебошад. Чашни Навруз аз кадимтарин ва густурдатарин идхои Мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панчхазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Навруз «рузи нав» маънй дошта, дар аввали соли нави хуршедй ба истикболи соли нав барпо мешавад. Навруз...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Баробари 9 сентябри соли 1991 соњибистиќлолияти давлати ба даст овардани Љумњурии Тољикистон дар њаети сиёси, иќтисодї ва иљтимоии мамлакат дигаргунии куллие ба амал омад, ки он тањаввулотест дар таърихи чанд њазорсолаи ин давлати куњан ва дар айни замон давлати љавони соњибихтиёр, озод дар дили кишвари Осиёи Маркази. Баъди аз њам пош хўрдани Љумњурихои Иттињоди Шўравї, ки дар як давлати абарќудрат ба номи СССР муттањид шуда буданду ба иљлосияи навбатии худро гузаронад ва таќдири...Давом » 12 07 2017 admin Пока нет комментариев Навруз — яке аз кадимтарин идхои точикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобхои таърихи омадааст. Аввалин касе ки уро чашн гирифт як подшохи форс бо номи Чамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони...Давом » 06 07 2017 admin Пока нет комментариев Дар Конститутсияи ( Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон махсус ќайд гирифтааст, ки «Рамзњои давлатии Тољикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллї аст». Барои њар як тољикистонї Ватан, миллат, забони тољикї, Парчам, Нишони давлатї, Суруди миллї муќаддасанд. Мо ба ќадри ин муќаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Љумњурии Тољикистон дар сафњои артиши миллиамон ќарз ва ифтихори њар як љавонмарди тољику тољикистонї дониста мешавад. Матни Суруди Миллї, шакли Нишони...Давом »univer.tj |
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|