Забон пояи миллат реферат


Забон-шаҳпули тамаддунҳо

Details Published on Thursday, 04 October 2012 15:02

Мову шумо як моҳ пеш бисту якумин солгарди Истиқлоли диёрамонро бо сарбаландӣ истиқбол гирифтем. Яке аз хосиятҳои Истиқлол мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буд. Ҳамон давра як тоифа ғамхорона мегуфтанд, ки ин қадар олимон ва нависандагон ба ҳимояти забони тоҷикӣ хестаанд?

Аммо зиёиёни пешқадам ҳис мекарданд, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ торафт маҳдуд мегардад. Ҳатто, як воқеанигори мо дар мақолаи дар рӯзнома интишоргаштааш пешниҳод кард, ки ба ҷои вижаҳои семзавод, маслоширкомбинат ва ғайра номҳои тоҷикӣ гузошта шавад, ба номи муаллиф тамғаи миллатчигӣ заданд.

Шукри он, ки дар тӯли бисту як сол доираи истифодаи забони тоҷикӣ торафт вусъат ёфта истодааст. Ҳатто аз минбари баланди Ассамблеяи ООН он забон аз ҷониби Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ба густариши забони тоҷикӣ махсусан робитаҳои навин бо кишварҳои форсизабон - Эрону Афғонистон мусоидат кард.

Боз маҳдудназарон гоҳ-гоҳ ғавғо мебардоранд, ки забони тоҷикӣ бо вижаҳои ноошно ва ҳатто бегона пур гашт. Ҳазрати Бедил фармудаанд:

Шохи аз гулбун ҷудо масрафи гулхан мешавад, Зиндагӣ бо дӯстон айш асту танҳо оташ аст.

Дар тӯли ин қарнҳо чӣ қадар суханҳои халқҳои кишвари моро тасарруф карда, ба забони мо ворид гашта, бо мурури замон бадар гардиданд. Боз сабру таҳаммуле лозим аст, ки олудагиҳо тоза гарданд.

Дар тӯли ҳафтод соли шӯравӣ ба забони мо на танҳо вижаҳои русӣ ворид гардиданд, балки тарзи ҷумласозии мо, яъне синтаксиси мо хеле осеб дид. Ҳарчанд давру замона дигар шуда бошад ҳам, то имрӯз мо ин танқисиро дар забони рӯзномаву телевизиону рисолаҳои илмӣ мушоҳида мекунем. Ҳайратовараш ин, ки ҳатто дар навиштаҳои адибон, ки худро бонии забон медонанд, ин камбудиҳо ба назар мерасанд. Чун мо ба Истиқлоли хеш расидем, фарҳанги мо, аз ҷумла забон ва тарзи баён низ бояд тоҷикӣ бошад.

Аз тарафи дигар, дар забони ҷавонҳои имрӯза мо чизи дигарро мушоҳида мекунем. Хуб аст, ки онҳо бештар ба сарчашмаҳои ниёгон таваҷҷӯҳ доранд. Аммо дар навиштаҳои худ суханҳоеро мавриди истифода қарор додаанд, ки ба маънии аслии он чандон сарфаҳм нарафтаанд.

Мо, ки ба даврони Истиқлолият расидем ва дар ин айём забони мо густариши тоза гирифт, дар вақти тарҷума бояд такя ба забони ғании ниёгон дошта бошем.

Замоне мегуфтанд, ки забони тоҷикӣ қудрати пурра баргардонидани вижаҳои забонҳои аврупоро надорад ва махсусан дар соҳаи фалсафа ва техника.

Ман ба қарибӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ-форсии асари безаволи Афлотун "Ҷумҳур", яъне , "Республика" шинос шудам. Ношири матни форсӣ Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон соли 1335 шамсӣ-қамарӣ. Чопи ёздаҳум. Таҳияи С.Саҳҳоб ва Р.Ваҳҳоб (номҳоро пурра нагирифтан ҳам ба мо аз забони русӣ гузаштааст). Муҳаррири масъули он Ҷонибек Акобир, Нависандаи халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабии "Садои шарқ" мебошад. Нусхаи русиашро пештар хонда будам.

Хоҳед, ки аз ибтидои дунё огоҳӣ ёбед ва ҳама рукнҳои давлатдориҳоро шинохта бошед, ин китобро хонед. На танҳо аз фалсафаи амиқи он замон, хабардор мешавед, балки бо амиқӣ мефаҳмед, ки забони тоҷикӣ-форсӣ, чӣ қудратҳо доштааст. Боз як нуктаро ба диққати хонанда расонданиам. Талоши забони ноби тоҷикӣ-форсӣ чунин маънӣ надорад, ки мо табиатан маҳдуд ҳастем ва ба қадри забонҳои дигар намерасем.

Мо хуб медонем, ки ҳар як забон рисолати худро дорад ва дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмати шаҳпулеро адо мекунад. Боз ҳазрати Бедил маъниеро баён кардаанд, ки чун ба муҳит ворид гаштӣ, аз файзи он бебаҳра мабош. Агар забони русиро намедонистем, чӣ гуна аз тамаддуни Аврупо огоҳӣ меёфтем?! Агар забони англисиро наомӯзем, чӣ гуна аз илми ҷаҳон хабардор мешавем?!

Ҳикмати эътирофшудае мавҷуд аст: -Ҳар кӣ забони модарии худро хуб донад, дар омӯхтани забонҳои хориҷӣ душворӣ намекашад. Ҳикмати дигаре ба мушоҳида мерасад: Ҳар кӣ забонҳои хориҷиро омӯзаду забони модариашро фаромӯш кунад, шояд шахси варзида шавад, аммо аз асолати миллиаш дур хоҳад гашт. Боз ҳазрати Бедил гуфтаанд:

Бе реша парокандагии дона аён аст, Дили мо, донаи мо, нолаи мо, решаи мо.

Иқтисодро омӯхтан зарур аст, зеро рукни асосии таъмини неъматҳои зиндагӣ ва маишати инсон вобаста ба он аст. Робитаҳои байналмилалро донистан зарур аст, зеро ки омӯхтани таҷрибаи ҳар як халқу мамлакат мусоидат мекунад ба рушд ва пешравии дигарон. Аммо ин ҳама паҳлӯҳои зиндагиро чӣ ба ҳамдигар мепайвандад? Албатта, забон, албатта, фарҳанги миллатҳо!

Бори дигар, шумо дӯстони гиромиро бо иди забон табрик мекунам. Ҳамеша хушҳол ва аз соҳиби забони модарӣ буданамон ифтихор дошта бошем.

Муҳиддини ХОҶАЗОД, нависандаи халқии Тоҷикистон

hakikati-sugd.tj

Ҳафт сол бо "Миллат" - Рӯзномаи Миллат

Ҳафт сол бо "Миллат"

haft_soli_millatАндешаҳои соҳибназарон дар маҳфиле ба муносибати ҳафтумин соли нашри рӯзнома

1 сентябр аз чопи нашрияи мустақили сиёсии "Миллат" 7 сол сипарӣ шуд.

Дар ин рӯз ходимони сиёсӣ, рӯшанфикрон, ҳунармандону рӯзноманигорон барои муборакбодии таваллуди "Миллат" гирдиҳам омаданд. Ҳозирин ба он таъкид доштанд, ки ин нашрия дар эҳёи андешаи миллӣ, рушди забони форсӣ-тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ-фарҳангӣ нақши боризе дорад.

Зимнан, "Миллат" пас аз баста шудани як теъдод аз нашрияҳои ошкоргӯи тоҷикӣ дар ҳафт соли пеш сукути беш аз як соларо шикаст ва вориди саҳнаи матбуоти тоҷик шуд. Нашрия дар ду соли ахир маш­ғули баҳси додгоҳӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон буд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2010-ум алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ муроҷиат карда ва хостори пардохти 1 миллион сомонӣ барои ба гуфтаи ӯ паст задани шаъну эътибори вазорат ва ворид намудани зарари молӣ шуда буд. Дар соли 2011-ум додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ин даъвои вазири кишоварзиро қонеъ кард ва бо қарори худ "Миллат"-ро барои пардохтани 1500 сомонӣ ва нашри раддия муваззаф сохт. Додгоҳи ҳайати мунсифаи шаҳри Душанбе низ дар моҳи июни соли 2011-ум ин қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки судя Дилором Абдураҳимова бароварда буд, бетағйир гузошт.

Аммо дар моҳи марти соли ҷорӣ, зинаи назоратии додгоҳ, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва таъйиноти додгоҳи шаҳри Душанберо бекор намуд. Баъдан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ ин парвандаро комилан қатъ намуда ва бо ҳамин ба даъвои вазир Қосим Қосимов алайҳи нашрияи "Миллат" нуқта гузошт.

"Миллат" ҳам дигар даъвои 1 сомонӣ ҷарима аз вазорати кишоварзиро накард.

najmiddin_shoinbodНаҷмиддини Шоҳинбод, нависанда:

"Миллат" маро дубора зинда кард, аммо ман боз тоҷики "асил" шудам

Дӯстони азиз, ман бори дуввум вақте ҳамчун эҷодкор зинда шудам, ин таввасути  "Миллат" буд. Ман куллан навиштанро бас карда будам. Боре дар ҷавониам ба назди устод Нодир Шанбезода шеъре бурдам, ӯ ба ман гуфт, ки ман ба ҷуз ашъори Ҳофиз дигар ягон шеърро намехонам. Ман ҳам дар муддати 20 сол ҳеч чиз наменавиштам. Як рӯз устод Раҳматкарим ба Хуҷанд ба аёдати шодравон устод Тоҳири Абдуҷаббор омаданд, ки эшон аз беморӣ ранҷ мекашиданд. Ман баъзан назди устод Тоҳир мерафтам ва барояш ҳаҷву танзҳои сиёсиамро мехондам ва ӯ механдиду ман ҳам лаззат мебурдам. Рӯзе духтури дармонгоҳ ба ман гуфт, ки устод Тоҳирро бисёр нахандонам, ки хандаи бисёр ба ӯ зиён дорад. Гуфт, ки ту бо ханда ӯро мекушӣ. Устод Тоҳир дар ҳузури Раҳматкарим аз ман хоҳиш намуд, ки ҳамин танзҳоямро нависам ва дар "Миллат" нашр кунам. Ва тавссути раҳнамоии устоди зиндаёд ва дастгирии "Миллат" ман дубора зинда шудам. Боз ҳамин шабу рӯз навиштанро тарк кардам ва акнун тоҷики "асил" шудам, яъне кам- кам "взятка" гирифтанро ёд гирифтаам. Думболи пул мегардам.

JurabegҶӯрабек Назриев, Узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон:

Ҳама дурӯғ мегӯянд, шумо чоп накунед!

Дар бузургии шумо садқа. Ҳамаи шумо гулҳои сари сабадед. Дар ҳақиқат рӯзномаи "Миллат" вазифаи миллии худашро иҷро карда ва иҷро мекунад. Чунки инсонҳои хуб, бошарофат, донишманд, оқилу оқила дар он ҷо гирд омадаанд ва ормону хостаҳои миллатро бароварда месозанд. Ман росташро гӯям, назарам ба ҳама чиз дигархелтар аст, масалан, як вақтҳо теъдоди нависандагону қаламбадастон хеле зиёд буд, вале адибию шоирӣ қариб, ки аз байн рафт. Теъдоди аъзои Иттифоқи нависандагон он қадар зиёд шуд, ки ҳозир як мақола дорам, аз чоп кардани он метарсам. Касе ки ду- се ҷумла ё як китобчаи саргузашти бобову бибиашро навишт, аъзои Иттифоқи нависандагон мешавад. Касе ки як мақола навишт бояд узви Иттифоқи журналистон бошад. Ҳамин тавр шуда, ки ҳофизҳои ресторан ҳама бояд ҳофизи халқӣ бошанд. Шоирҳову адибон ҳама бояд унвони халқӣ дошта бошанд. Ман дар хидмати ҳама бузургон расида будам, устодон Турсунзода, Миршакар, Боқӣ, ҳар кадоме дар мақоми худ бузург буданд, як чизе доштанд. Аз ҳама муҳим боварӣ ба фардо доштанд. Мо ҳамдигарро фиреб намекардем, дурӯғ намегуфтем. Мо имрӯз китобҳои ҳазорсаҳифагӣ менависем. Дирӯз аз радиё шунидам, ки кадом як муҳаққиқ навиштааст, ки Хоҷа Камол умри пуразоб дидааст, дар ғарибӣ умр гузаронидааст. Гӯё Хоҷа Камол фақат дар ҳаёт ҷабр дида бошад. Ҳамаи ин дурӯғ аст, Хоҷа Камол дар ғурбат набуд, Табрез хонаи Камол буд. "Дил муқими кӯйи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб" он маъноро надорад, ки ӯ ба ёди Хуҷанд шабу рӯз месӯхт. Не, ин ғазал маънии ирфонӣ дорад. Дили Хоҷа ба ёди ҷононаш, ба ёди Худо буд ва ин орифи бузург васл мехост ва тан ин ҷо ғариб гуфтанаш ба ҳамин маънӣ аст. Бубинед,  ӯ дар бораи Табрез чӣ мегӯяд:

Табрез маро ба ҷой ҷон хоҳад буд.

Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

Яъне муҳаққиқонамон ҳам дурӯғ мегӯянд, шояд аз нодониашон бошад.

Аз ин рӯ аз "Миллат" мехоҳам, ки дурӯғи ин дурӯғгӯёнро ҳаргиз чоп накунад. Ҳамаи шуморо азизони ман ба солгарди таъсиси "Миллат" табрик менамоям.

Oynihol_bobonazarovaОйиниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос:

"Миллат" аст, ки моро бедор нигоҳ медорад

Мегӯянд, ки шахсро аз рӯи он мешиносанд, ки бо кӣ ҳамнишин аст. Имрӯз ман дар ин ҷо ин қадар азизонро мебинам, ки барояшон бисёр эҳтиром дорам. Салом алайкум барои ҳамаи шумо. Ростӣ, пеш аз он ки мо рӯзнома мегӯем, мо шахсиятҳое, ки он ҷо кор мекунанд, онҳоро дар назар дорем. Ман аз Раҳматкарим оғоз мекунам, ки ӯро ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣяш мешинохтам. Вақте ман декани факултаи ҳуқуқ будам, дар солҳои 1990 як мақолаи бисёр сахт навишт, ба унвони "Дар факултаи ҳуқуқшиносӣ киҳо мехонанд?" ва ростӣ он мақолаи бисёр сахти танқидӣ буд. Ӯ назди ман омаду гуфт, ки ман мехоҳам бидонам, дар факултети ҳуқуқшиносӣ киҳо мехонанд. Он вақт ба журналистон ахбор намедоданд, сирри давлатӣ гуфта, аз ин чиз дурӣ меҷустанд. Ман гуфтам, ки бароят маълумот медиҳам, бигир чизе, ки мехоҳӣ, бинавис. Вақте ки он мақола нашр шуд, ман ба факулта омадам, ки духтарам гиря дорад. Гуфтам, ки чаро гиря дорӣ? Гуфт, ки барои чӣ нагуфтаанд, ки духтари декани факултети ҳуқуқшиносӣ низ ин ҷо таҳсил мекунад. Баъд ман аз Раҳматкарим хоҳиш кардам, ки ҳатман як чиз бояд чоп кунем, ки духтари ман ҳам ин ҷо таҳсил мекунад, аммо ман фахр мекунам бо онҳое, ки аъло мехонанд ва бо заҳмати хеш мехонанд, аммо байни донишҷӯёни факулта ҳам шахсони тасодуфӣ низ вуҷуд доранд, ва ман бо муаллиф розӣ ҳастам. Як вақт шунидам, ки Раҳматкаримро, ки он вақт дар факултаи филология таҳсил мекард, мехоҳанд аз таҳсил маҳрум намоянд. Ман барояш гуфтам, ки "биё, ман туро дар факултаи ҳуқуқшиносӣ қабул мекунам". Ман Адолатро баъдтар шинохтам, вале Раҳматкаримро чуноне гуфтам, аз дер боз мешиносам. Воқеан ин ҷо шахсиятҳое мисли Барзу ва шахсиятҳое мисли Ҷӯрабеки Назрӣ ҳузур доранд, дар бораи Темури Варқӣ ҳоҷати гап ҳам нест, зеро мақолаҳои имрӯзиаш, ки бисёр хубу хонданианд, ӯро муаррифӣ мекунанд. Як чизро бояд бигӯям, ки Адолат газетаеро, ки роҳбарӣ доранд, матлабҳои олӣ менависад, дирӯз як хориҷӣ бо ман сӯҳбат кард, асосан агар аз хориҷиҳо бипурсед, ки кадом газетаро хондед, мегӯянд, ки "Азия- плюс"- ро хондам. Дар ҳақиқат он ҳам газетаи хуб аст. Вале ин хориҷӣ ба ман гуфт, ки забони тоҷикиро медонад, ва газетаи "Миллат" - ро мехонад, ман ҳайрон шудам. Чун газетаи "Миллат"- ро газетаи сахт мегӯянд, баъзан мегӯянд, ки миллатчӣ аст, аммо ман хурсанд шудам, ки як хориҷие дар Амрико газетаи шуморо писандидаву мехондааст ва ӯ ду се мақолаи охирини "Миллат"- ро номбар ҳам кард. Адолат, чӣ бигӯям, шумо як шерзан ҳастед. Вақте ки "Миллат" як матлаби сахт навишт, дар бораи он муҳоҷире, ки дар Русия сарашро аз тан ҷудо карда буданд, "Мо ғулом наем, ғуломон лоланд" ва он ҷо ишорае ба Гулрухсор шоири маҳбуби мо карда буданд, ки "Модари миллат" аз марги фарзанди миллат бехабар аст. Муаллифаш ба фикрам Толибшоҳи Сайидзода буд. Гулрухсор аз Адолат гиламанд шуд ва боре назди ман омаду Адолатро бад гуфт ва илова кард, ки агар ӯ некӣ медошт, андозаи пойафзораш 43 аст? Ба худ гуфтам, ки ё тавба, андозаи пойафзор ба шахсият чӣ иртибот дошта бошад? Баъди ду рӯз буд, ки Адолат наздам омад, гуфтам, андозаи пойафзорат чанд аст, гуфт, ки 37. Зуд ба Гулрухсор занг задам. Гуфтамаш, агар андозаи пойафзор майда бошад, соҳибаш одами хуб аст? Гулрухсор гуфт, ки бале, ҳамин тавр аст. Гуфтам, пас Адолат аз хубтаринҳо аст, зеро андозаи пояш 37 аст. Газетаи "Миллат" баъзан ҳамаи моро як такон медиҳад, баъзан моро бедор мекунад. Дар бораи ман ҳам ба наздикӣ як мақола навишта буд, ки Бобоназарова  мансаб гирифту фурӯхта шуд. Лекин ин чизҳо бисёр хуб аст. Дар ҳақиқат одам баъзан аз дарди ҷомеъа дур мешавад, ҳамин журналистони хуби мо ҳастанд, ки як чӣ менависанд ва боиси такон мешавад. Мақолаи охироне, ки ман хондам, ҷолиб буд, онро дар сомонаи "Миллат" хондам ба унвони "Ман помириям", бовар кунед, як навиштаи хеле хуб буд, ки аз хориҷа ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки онро бо забони инглисӣ тарҷума кунед ва барои мо равон кунед. "Миллат"-и азиз, рӯзи таъсисит муборак! Ин рӯзи таваллуди ҳамаи мост.

haydarsho_AkbarҲайдаршоҳи Акбар, собик вазири кишоварзи

Биёед сарнавиштамонро ҳамроҳ бо "Миллат" худ таъин кунем!

Рӯзномаи "Миллат" аз рӯзи аввали таъсис ёфтан бо андешаи "Биёед тафаккур бикунем", "Биёед сарнавиштамонро худ таъин кунем" фаъолияти худро шурӯъ карда буд ва то имрӯз дар ин масир қарор дорад. Ин масъалаи доғи ҷомеъаи мост, ки ҳама заъфу камбуди он аз ноогоҳии пасти мардуми мо сар мезанад.

Ва рӯзномаи "Миллат" дар ин мавзӯъи сарнавиштсози миллати мо талошҳои бузурге намудааст ва имрӯз ҳам идома медиҳад. Озодии андеша ва озодии иродаи фард ва ҷомеъа аз назари ин рӯзномаи воқеъан миллӣ ягона роҳ ва калиди рушди ҷомеъа аст. Асрори тамаддуни Юнон,-ба қавли Суқрот-озодии андеша, ҷомеъаи озоди юнонӣ буд. Агар онро аз Юнон бигирӣ, дар як замон ин кишвари тамаддунӣ ба кишвари пасттарин … табдил мегардад".

Фикр мекунам, ки андеша ва дониши башарӣ, ки то ин ҷо расидааст, натиҷаи он марҳилаҳои хеле кутоҳест, ки тафаккур ва сухан эҳсоси озодӣ кардааст ва боре чун шарорае пайдо шуда ҷаҳонро равшанӣ бахшидааст ва боз зуд фурӯ нишондаанд, вале ҷомеъаҳоро ҳатман такон додаст.

Имрӯз ҷомеъаи мо ҳам кам кам огоҳу фаъол ва гароишҳои худогоҳӣ ва худшиносӣ, ки пайдо мегардад, бешубҳа саҳми чунин рӯзномаи озодае чун "Миллат" ва хоҳари озодаву ҷасур ва андешаманде чун Адолати Мирзо дар сари ин рӯзнома қарор дорад. Бисёр андешамандон, соҳибназарон, зиёиён ҳамандешу иштирокчии бевоситаи фаъолияти ин рӯзномаанд, ки кори онро пурмаънитар ва бо таҳлили ҷиддӣ ба мардум мерасонанд. Ин рӯзнома бешак имрӯз дӯстдоштарарин рӯзномаи кишвар аст. Иншоаллоҳ, ки ин "Миллат" ҳамеша пойдор бошаду рушд кунад ва ҳамеша дар ободии миллат саҳмгузор бошад!

Tolibshohi_SaidzodaТолибшоҳи Сайидзода,мудири мактаб, сармуҳаррири собиқи "Миллат":

"Миллат" маро аз гумномӣ наҷот дод

Мехоҳам дар ин маҳфили нур чизе гуфта бошам. Соли 2007 дар Хатлон сармуҳаррири газетаи "Бомдод" будам, як рӯз Раҳматкаримро дидам, шӯхиомез гуфт, ки агар даҳ газет ҳам таъсис кунӣ, аз дунё гумном меравӣ. Гуфт, биё ин ҷо бо мо кор кун. Баъд омадам ба Душанбе ва ба ҳайси муҳаррир дар "Миллат" ба кор пардохтам. Агар як заррае ҳам, ки ҳам шинохта шудам, ин кор тавассути "Миллат" шуд. Дуъо мекунам, ки дар болои сари "Миллат" Раҳмати Карими якто доим бошад. Шукӯҳу шаҳомату ғуруру ҷасорату донишу инсофи Адолат мудаввом дар фазои "Миллат" побарҷо ва устувор боқӣ бимонад. Ва "Миллат" як газетаи хубу хонданӣ ва як газетаи миллӣ аст ва бори дигар ҳузури шумо дӯстони гиромӣ, шахсиятҳои касбу кори гуногун баёнгарӣ он аст, ки воқеъан "Миллат" дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар мақом ва ҷойгоҳи худро дорад. Ман ин ҷамъомадро, таъсиси ҷаридаи беҳтарини Тоҷикистонро, ки дар Рӯзи дониш таъсис ёфтааст ва чуноне ҳамагон огаҳед, дар Рӯзи дониш дарси нахустине, ки гузарондем, ин дарси Сулҳ буд ва ҳамин чизеро, ки "Миллат" рисолати худ медонад, яъне додани донишу пуштибонӣ аз сулҳу оромиро барои ҳамагон, барои ошиқону ихлосмандони "Миллат" таҳният мегӯям. Ман дар ҳамин маҳфили мурод дуъо мекунам, ки "Миллат" - и азизи мо, раҳбарияти мӯҳтарами "Миллат" солҳои зиёд болои сари "Миллат" бошанд ва ҳар ҳафта ин нашрияи хонданиро барои мо муштоқону мухлисон пешниҳод намоянд.

Muhabat_QanoatМуҳаббати Қаноъат, доктори илмҳои филологӣ:

Феномени аҷиби имрӯз он аст, ки занҳо аз мардҳо пешӣ гирифтаанд

Ман аз рӯзе, ки рӯзномаи "Миллат" пайдо шудааст, фақат ҳамин рӯзномаро мехонам. Чунки ба фаҳмиши худам он нуқоти зарурӣ, нуқоти бо ибҳом ва рамзомӯзе, ки дар рӯзномаю маҷаллаю суханварӣ бошад, дар рӯзномаи "Миллат" ин чиз мушоҳида мешавад. "Миллат" ҳамчун вожа ва номи як чиз нест, ба истилоҳ як этнос нест. Ин як орзуст, чунки тоҷик ҳанӯз миллат нашудааст, ки рӯзномае дошта бошад бо номи "Миллат". Ин орзуи хеле ширин аст ва як маҷмӯъаи танҳо ҳам нест, як маҷмӯъаи хеле ҳам пӯшидаи ширин ва орзуи нек аст, ки дардҳои мо, доғҳои мо, хоҳишҳои дарунӣ ва пинҳонии моро баён мекунад. Бисёриҳо ҳастанд, ки "Миллат"- ро намехоҳанд, лекин Худованд ба муассисони ин рӯзнома он қадар қудрат ва тавоноӣ додааст, ки пойдорӣ кардаанд то имрӯз ва онро аз дасисаҳою интиқодҳою бисёр тавтеъаҳои дигар нигоҳ доштаанд.

Ман дар бораи хоҳари азизам Адолат ҳамин чизро мехоҳам бигӯям, ки ин қудрати сухан ва баёне, ки доранд, кошкӣ, мо мардон дошта бошем. Ин хислат дар рӯзҳои мо хеле кам аст ва бисёр афроди маҳдуд ҳастанд. Ҳар сухане, ки ӯ мегӯяд, паҳлӯҳои гуногун дорад, он қадар мантиқие ҳаст ва он қадар дар ҷои худаш аст, ки одам ҷуръат намекунад, ки ин калимаро гирифта, ҷои дигар бимонад. Ва дар ин корзор ва саҳрои хушки мо Адолат ва онҳое, ки шабеҳи ӯ ҳастанд, як нури умед, як оташи рӯшан, ба масобаи ҳамин нур ҳастанд. Сухани Шанбезодаи марҳумро ин ҷо пештар ёдовар шуданд, ки гуфтааст, ман фақат Ҳофизро мехонам. Ҳофиз як байти бисёр ширин дорад:

Оташ он нест, ки аз шӯълаи он сӯзад шамъ,

Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.

Ана ҳамин хирмани парвона, ки шоир гуфтааст, ин ҳамин афкору ақидаю ишқ, сӯзишест, ки ин хоҳари азизи мо дорад. Рӯзномаҳое, ки имрӯз ҳастанд, мақолаҳои хуб чоп мекунанд, лекин рӯзномаи "Миллат" аз аввал то охираш хуб аст. Ҳатто мани мӯйсафед, ки пир ва чашмонам заъиф шуданд, худамро маҷбур месозам, ки ин рӯзномаро аз аввал то охираш мутолиъа кунам. Як шоир хуб фармудааст, ки;

Хавоси килки нодонон нишинад дар ҷамоси дил,

Талотуми хирадро сози дониш аз мақом афтад.

Ман ин байтро бад- ин манзур овардам, ки то чанд сол пеш мо як рӯзномаҳо, китобҳо ва маҷаллаҳое мехондем, ки ба мо таҳмил мешуд ва ҳич чизи дигар набуд, мутаассифона мағзи мо ба он хӯ гирифта буд. Хаёл мекардем, ки олитарин рӯзномаю китобу маҷаллаҳо ҳаминҳоянд. Лекин мардум, ки бо ин соддабаёнӣ ва каммазмунӣ одат карда буданд ва ғизои дигари маънавӣ набуд, ба ҳамин одат мекардем. Чунки мақоми сухан бисёр дар пояи паст буд ва як феномени аҷиби имрӯзи мо ин аст, ки занҳо дар баёни андеша, дар баёни ширинии сухан ва нотарсию ҷавонмардии сухан аз мардҳо пештар гузаштаанд. Аз мақолаҳои "Миллат", баъзе аз бародарону хоҳарон менависанд, вақте кас мехонад, лаззат мебарад.

Ин дар ҳолест, ки феномене, ки ман гуфтам, забони тоҷикӣ ҳич вақт мисли ин замон ғажд набудааст. Агар мушоҳида кунед ба суханронии мақомоти аз боло то поён, дар маҳфилҳо, дар нишастҳо, як ҷумлае мехоҳем, ки аз даҳ калима иборат бошад, мубтадоро шуруъ мекунем, то хабар нарасида, чандто иштибоҳ мекунем. Он ҷумла агар дар шакли катбӣ дар рӯзнома ё ҷумла чоп шавад, боиси истеҳзо ва шармандагист. Лекин дар баробари ин бародарон ва хоҳароне ба майдон омадаанд, ки забони ноби форсиро ҷорӣ кардаанд. Дар мақолоташон, дар гуфторашон ин қадар суханҳои нек мегӯянд ва ҷумлаҳою баёни ширин доранд. Теъдоди инҳо маҳдуд бошад ҳам, мояи умедворист. Умедвор ҳастам, ки тамоми рӯзномаҳои мустақил ба дараҷаи "Миллат" (хоҳиш мекунам, онҳо наранҷанд) худашонро бирасонанд, чунки яке аз мушкилоти имрӯзии мо заъфи забонии мост. Бо забони заъиф ҳич чиз сохта намешавад, на шеъри нағз, на романи нағз ва на мусиқии нағз, умуман ҳич чиз сохта намешавад. Забони мо, забони нашрияҳои мо мутаассифона заъиф аст, дар ҳоле ки мо сазовори заъф будани забон нестем. Лоақал ба он тарафи соҳили дарёи Панҷ нигоҳ кунем, ба бародарони иронии худамон нигоҳ кунем, худоро шукр, ки онҳо ҳастанд ва он сояи онҳо ба мо мерасад ва ин забони моро аз ин вазъият ба мартабаи боло мекашанд. Ҳамин панҷ рӯз дар Ирон саммити иҷлоси кишварҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд баргузор гардид. Ман диққат додам ба хабарнигороне, ки ин ҳамоиши хеле ҷиддиро пӯшиши хабарӣ медоданд. Мисли оташ буданд, аз пагоҳӣ то бегоҳӣ гузориш медоданду хаста намешуданд ва бо забони хеле ширин чи мард ва чи зан бо тавоноӣ ва қудрати аҷиб ба ҷаҳониён ироа мекарданд. Ва орзу мекунем, ки забони мо ҳам як рӯзе ба ҳамин мартаба ва ба ҳамин мақом бирасад, ки маъракаҳое, ки дар Душанбе доир мешаванд, мо бо ҳамин шеваи баён, бо ҳамин забони ширини форсӣ онҳоро пӯшиши хабарӣ диҳем. Ба ҳамаатон ташаккур арз мекунам ва мехоҳам хонадони ҳар яки шумо обод бошад ва ин гуна маҳофили рӯшангароӣ ва фарҳангӣ бештар баргузор шавад. 

barzu_abdurazoqovБарзу Абдураззоқов,ҳунарманди мардумии Тоҷикистон

Ман навиштанро бас кардам, аммо бояд навишт

Албатта ин ҷо, дар ин маҳфили аҳли фазл сухан гуфтан мушкил аст. Ман бори аввал вақте бо Раҳматкарим вохӯрдам, ки мақолаи нависанда Сурӯш нашр шуда буд, ки он ҷо банда интиқод шуда будам, агар ёдатон бошад. Ин аввалин мулоқоти ман бо ҳайъати эҷодии "Миллат" буд. Баъд бо ёрдами Рустами Ҷонӣ ман ҳам қалам гирифтаму шурӯъ кардам навиштанро. Бовар кунед, ба худо қасам мехӯрам, дар ҳамин рӯзномаи худ, дар ҳамин сумкаам ҳоло дақиқан 48 мавзӯъ дорам, ки мехоҳам дар бораашон мақола нависам, 48 мавзуъе, ки ҳар рӯз мепазаму мегудозаму асабӣ мешаваму мегӯям, ки ҳатман менависам. Се мақола навиштам, аммо ҷуръати ба ягон нашрия супоридан накардам. Як вақтҳо менавиштам, акнун бас кардам, ин ҳам танҳо ба хотири он ки модарам тарсид, дар ҳақиқат тарсид, гуфтанд, ки бачам, ман ҳастам, фарзандҳоят ҳастанд, агар моро дӯст дорӣ, дигар нанавис. Хуб, гуфтам ва як муддат бас ҳам кардам, аммо фикр мекунам, ки ин нодуруст аст. Ин ҷо бародарони азиз, хар рӯз ҳамаи шумо ин гапро низ мешунавед, ки бас кунед навиштанро, дигар фоида надорад. Аммо ман мегӯям, ки фоида дорад. Як қадам шумо, як қадам каси дигаре, як қадам ман, агар ба сӯйи ҳақиқат гузорем, рӯшанӣ пеш меояд. Ҳич мумкин нест, ки то абад ҳол инчунин бошад. Ҳич мумкин нест, ин беназмӣ то дер давом кунад.

Ҳар гоҳ, ки мо дар бораи интелегентсия гап мезанем, бояд бидонем, ки интелегентсия эътиқод ва боварӣ аст. Мо ҳама масъулияте дорем ва бояд тавре амал намоем, ки ҷомеъаро рӯшан созем, ба дилҳо умеду гармӣ бубахшем, зеро як нафаре, дар як гӯшае ба мо бовар дорад, ба суханҳоямон, ба андешаҳоямон, ба рафторамон, ба кору аъмоламон. Интелегентсия ин худ ба худ эътироз кардан аст. Одами зиёӣ ҳатто гоҳе бо андешаҳои хеш мухолифат мекунад. Бисёр вақт бародарҳое, ки бо ман баҳс мекунанд, ки чизе аз дасти мо, аз дасти як касу ду кас намеояд, ман барояшон мегӯям, ки дар қуруни вусто, дар Арабистон як марди оддии араб тавонист, ки низоми оламро дигаргун кунад, пайғамбар Муҳаммади пок танҳо буд. Ҳазрати Исо танҳои танҳо буд. Аммо он қадар боварӣ ба худ ва боварӣ ба Худо доштанд, ки тавонистанд, тамоми гардиши оламро, тафаккур ва андешаи оламро, тафаккури миллатҳоро дигар кунанд. Чӣ мо магар наметавонем? Мо магар инсон нестем? Вақте ман аз роҳгузари маҳаллаи 82 мегузаштам, ягон мошин роҳ намедод, як мард он ҷо буд, ки ман вайро намешинохтам, ба ман гуфт, ки «ман намедонам, ки ту афғонӣ, иронии ё тоҷикӣ, вале мегӯям, ки ҷоҳилтарин миллат тоҷик аст, бехабартарин ва беодобтарин миллат тоҷик аст, беимонтарин миллат ҳам шояд тоҷик аст. Бубин, ки роҳгузар аст, бубин, ки зан истодааст, бубин, ки чан муддат истодаем, як ронандаи худобехабар ва беинсоф намемонад, ки  аз он ҷое, ки мо ҳуқуқ дорем, бигузарем. Баъд менолем, ки милиса бисёр аст». Ин ҳам хеле мавзуъи дарднок ва доғ аст. Бародарони азиз, ман чи гуфта метавонам. Ҳар як соат, ҳар як лаҳза, чи қадаре, ки бузургтар мешавам, болои худ бештар масъулият эҳсос менамоям. Пас, чаро коре набояд кард, ки зиндагӣ барои инсонҳо зебо бошад? Биёед барои хушбахтии инсонҳо, барои зиндагии зебо доштан андеша кунем ва талош намоем.

Хушбахт бошед!

Muhammadsalom_MakhshulovМуҳаммадсалом Махшулов,ҷомеашинос:

Барзу рост мегӯяд, аммо мо бояд аввал шаҳри миллӣ бисозем

Барзу суханони ҷолибе дар мавриди сатҳи поини инфиродии иддаи зиёде аз масъулин ва мардуми оддии кишвар, дар мавриди вазъи номусоиди фарҳангӣ ва муҳити носозгори ҳунарии он иброз дошт. Ва бояд гуфт, ки ӯ ба воқеият аз мавқеи як намояндаи ҳунар, бо диди фарох ва амиқи миллатхоҳӣ ва орзуи иртиқои миллату Ватан менигарад. Bа ингуна бархурд аз ҳар лиҳоз шоистаи таҳсин аст.

Вале дар ҳар падидаи иҷтимоӣ ва қабл аз ҳама дар арзёбии фарояндҳои марбут ба вазъи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодию илмии қавм дар навбати аввал бояд ба асли равобити илмӣ ва маълулӣ такя кард.

Ва иллатҳои зиёдеро метавон баршумурд, ки мӯҷиби коҳиши сатҳи фарҳангии ҷомеаи мо гардидаанд. Аммо дар миёни ҳама ин иллатҳо набуди як шаҳри марказии миллӣ, ки таърихан ҳамсоли миллат бошад ва битвонад раванди таҳаввули ҷомеа ва рӯҳияи миллиро дар худ мутамарказ намояд ва баъд аз бозсозии зарурӣ ба деҳот мунтақил созад, ба унвони яке аз иллатҳои асосӣ бояд эътироф шавад. Чун таърих гувоҳ аст, ки танҳо қавме дар арсаи хасти муваффақ ва комёб мешавад, ки дорои шаҳрҳои аз лиҳози таърихӣ ва фарҳанги миллӣ бошад ва фарҳанги волои шаҳрнишинӣ дошта бошад. Дар раванди "табартақсиме", ки дар ибтидои даврони шӯравӣ сурат гирифт, аз "нармию тоҷикӣ"-и мо суистифода намуда, моро аз марокизи суннатии миллию фарҳангиамон маҳрум сохтанд. Мутаассифона, шаҳри Душанбе тайи даврони шӯравӣ натавонист чунин рисолатеро ба таври бояду шояд бар душ дошта бошад, чун бештари сокинони он мардуми урупоӣ буданд ва забони форсӣ (тоҷикӣ) дар он ба унвони забони бумӣ эътироф нашуда буд ё ҳадди ақал ба унвони забони расмӣ бо он бархурд карда намешуд. Гузашта аз он ин шаҳр дар як муддати кутоҳ ва аз лиҳози маънавию услубӣ ба наҳви урупоӣ сохта шуда буд ва дар он нисбат ба арзишҳои миллӣ то ҳадде фазои бегонагӣ ҳукмфармо буд. Яке аз илали боризи ривоҷи маҳалгароӣ миёни тоҷикон низ аз ҳамин омил сарчашма мегирад, яъне ҳар минтақаи ҷумҳурӣ дар он даврон аз диди фарҳангӣ ба истилоҳи роиҷ "дар деги худ меҷӯшид". Бубинед, масалан, ҳамин хонумҳои "мутамаддине", ки саъй мекунанд бо забони русӣ такаллум кунанд, бештар талошашон он аст, ки ба унвони "рустоӣ" ҷилва нанамоянд.

Аз ин дидгоҳ мутаминан метавон гуфт, ки агар шаҳри Хуҷанд (ягона шаҳри таърихие, ки дар он раванди "табартақсим" насиби мо шуд) аз диди ҷугрофиёӣ ва маъмурӣ дар мавқеи кунунии шаҳри Душанбе қарор медошт, мо ҳоло аз лиҳози фарҳангӣ қавми дигаре будем.

Ҳоло вазифаи ҳар нафаре, ки худро тоҷик мешуморад ва қабл аз ҳама рӯшанфикрон, иборат аз он аст, ки барои ба маънии комили ҳамин ибора "шаҳри миллӣ" шудани Душанбе ва шаҳрнишин (ба маънии комили ҳамин вожа) гардидани тоҷикон саҳмгирӣ намояд. Ва дар ин фароянд расонаҳои гурӯҳӣ (пеш аз ҳама услуб ва тарзи баёни онҳо) хеле муассиру омӯзанда хоҳад буд. Расонаҳои гурӯҳӣ на танҳо василаи маъмулии пахши ахбор, балки бояд воситаи тавонои таълими забон ва ба маънии комили ҳамин вожа мубаллиғон ва мушаввиқони фарҳанги суханварӣ ва мактаби ҳақиқии омӯзиши забони форсӣ дар шакли дуруст ва роиҷи он дар тамоми олами форсизабон бошанд.

Ва метавон гуфт, ки рӯзномаи "Миллат" (бидуни муболиға) дар иҷрои ин рисолати муҳим муваффақ аст. Ҳамзамон он масоили мубрамеро пешниҳод ва ҳаллу фасл менамояд, ки дар шаклгирии худшиносии миллии тоҷикон хеле муассиранд.

Bа рӯзномаро метавон комилан мустақил хонд. Зеро он бидуни риояти хотиру манофеи ҳар гуна гурӯҳҳои сиёсию фаромиллӣ ба таври хеле боризу рӯшан ва ҳирфаӣ ибрози назар менамояд. Ва мазеъгирии дурусти рӯзнома дар иртибот бо рӯйдодҳои ахири Бадахшон гувоҳ бар ин гуфтаҳост.

www.millat.tj

САРМОЯИ БУЗУРГ - Рӯзномаи Миллат

САРМОЯИ БУЗУРГ

Инак 17 сол аст, ки забони тоҷикӣ забони расмии коргузорӣ ва муошират маҳсуб меёбад. Аҳли зиё ва донишмандон дар ин амри муҳим аз худ сарсупурдагиҳо ва ҷоннисориҳо нишон доданд, то бузургтарин сармояи худро дубора эҳё намоянд. Равшанфикр ба василаи муборизоти шадиди худ пардаҳои ғафлатро шикофта ва худро ба марзи худогоҳӣ ва худҳушёрӣ расонданд, то ин забони мутамодиро ба балоғат бирасонанд.> То ҷое, ки маълумот дорем ва ҳамарӯза мебинему мушоҳида менамоем, расмиёти забони тоҷикӣ дар тули 17 сол ба ҷое нарасида ва наметавонад коми миллатро ширину шаҳдбор гардонад ва аҳдофи миллии миллатро дар худ инъикос намояд. Расмиётӣ забон ҳамоно рӯи коғаз мондааст ва то имрӯз тағйироти ҷиддие дар ин замина дида намешавад. Нутқ ва баён, ки яке аз бузургтарин ифтихорот ва нишонаҳое аз мавҷудияти миллат аст, ба костагиҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки барои муолиҷааш пизишки ҳозиқе мебояд, то ин забони беморро табобат намояд, то қолаби маонӣ мавриди ниёз гузида шавад. Мусаллам аст, ки пояи тамаддунҳо бар баёну забон ниҳода шудааст. Агар баён набуд, ин ҳама тамаддуну осоиш набуд, агар баён набуд, ин ҳама ихтирооту иктишофот набуд, агар баёну забон набуд, ин ҳама интиқолу табодули афкор ва андешаҳо набуд, агар баёну забон набуд таълиму ахлоқ набуд. Пас тамоми ин умур бо дасту василаи баёну забон сарчашма гирифтааст. Нуктае, ки қобили таваҷуҳ ва тазаккур аст ва набояд ҳаргиз аз зеҳнҳо дур шавад, ин матлаб аст, ки дар канори ҳар неъмати бузурге хатари бузурге орамида. Чунонки дар канори кӯҳҳои баланд ва сар ба фалак кашида, дарраҳои амиқ ва жарфе орамидааст, ҳар қадар кӯҳ баландтар, даррааш амиқтар аст. Забони тоҷики низ имрӯз дучори хатароте гаштааст, ки аз кӯтаҳназарӣ ва тангназарии қавме натавонистааст ба асли хеш баргардад ва расмиёту ҳукумати хешро намоиш диҳад. Коргузорӣ ва муошират дар аксари идороту муассисот ба забони ғайр сурат мегирад. Барои садрнишинон аҳамияте надорад, ки асноду мадорик ба кадом забон навишта мешавад. Бо забони русӣ навиштанро авлотар медонанд, зеро ба қавли онҳо баъзе нукоте ҳаст, ки онро наметавон ба тоҷикӣ ифода намуд. Ба назари банда чунин баҳона овардани соҳибзабонон аз надонистани забондонии онҳо буда, эҳтироме ба ин гавҳари гаронбаҳои миллӣ надоранд. Ин иддаои ғалат шаҳодат аз он медиҳад, ки мо нисбат ба забони худ бетафовутем ва эҳтироме нисбаташ надорем. Шумо шоҳидед, ки вузарову руасо вақте аз минбар суханронӣ мекунанд ва ё аз тариқи телевизион ва радио мусоҳибае анҷом медиҳанд, ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд. Мисли ин, ки тоза забон меомӯзанд ва ё тоҷик нестанд. Бадбахтона бо забони русӣ ҳам дуруст ҳарф зада наметавонанд, он чиро ки мехоҳанд бигӯянд, гуфта наметавонанд ва фикр норавшан боқӣ мемонад. Дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон пеш аз он, ки шахсе соҳибмансаб шавад, аз забони модариаш имтиҳон месупорад ва пас аз он ба кор қабул мегардад. Чаро, то имрӯз ин таҷрубба дар мо ҷорӣ нест? Вақте ки раиси Ҷумҳур ин қадар ба забони шево суханронӣ мекунад, чаро дигарон ин корро карда наметавонанд? Онҳое, ки нисбат ба забони модарии худ эҳтироме надоранд, ҳаққи маънавии болои мансаб омаданро ҳам надоранд. Аксари соҳибмансабони мо иддао доранд, ки забондонӣ вазифаи мо нест, ин вазифаи ҷонии филологҳову равшанфикрон аст. Ин иддаои ғалат ҳанӯз дар замони Шӯравӣ роиҷ буд ва ҳамон ҳокимони давр буданд, ки забони тоҷикиро ба ин қадар хориву залилӣ кашиданд. Вақте, ки Маҳкамову Набиев гоҳе ба забони тоҷикӣ суханронӣ мекарданд, мо ба хотире, ки фикри онҳоро бифаҳмем, маҷбур мешудем матни русии онро пайдо кунем, дар акси ҳол чизеро аз матолиби ироа намудаашон намефаҳмидем. Ҳатто дар маҷлисҳои оддӣ коргузорӣ ба забони русӣ сурат мегирифт. Он замонҳо дараҷаи саводнокии ҳар шахсро аз донистани забони русиаш муайян мекарданд. Ҳар касе кӯшиш менамуд, ки бештар бо забони русӣ ҳарф бизанад ва бо ин амр нишон бидиҳад, ки ӯ воқеан шахси босаводе аст. Натиҷаи ҳамин саҳлангориҳо буд, ки мақому мартабаи забони тоҷикӣ хеле поин омад ва ба забони кӯчагӣ табдил ёфт. Имрӯз забони миллат ба беморие гирифтор шудааст. Ташхиси дурусти пизишкӣ лозим аст, ки онро даво бахшад. Вақте ки забон бемор аст, тамоми умри миллат барбод хоҳад рафт. Забони солим метавонад миллатро ба иртифои хушбахтиҳо барад. Ҷомеа вақте солим аст, ки забони мардумаш махлут набошад, то ки дучори бадбахтиҳо нагардад. Ҳарчанд забони тоҷикӣ ба балоғат расидааст, ҳанӯз дар ба расмият даровардани он чораҳои лозимӣ андешида нашудааст. Иқдомоти сатҳие, ки сурат мегирад ба ҷуз хокпошӣ ба чашми миллат дигар чизе нест. Муошират ва коргузорӣ ба забони модарӣ вазифаи муҳимдараҷа аст. Аз ин ҷост, ки ворисони миллат ба тозагӣ, беолоишӣ ва фасоҳати забон ва забондонӣ таваҷуҳи бештаре зоҳир намоянд. Забон симои миллат аст ва соҳибзабонӣ нишонаи мавҷудияти миллатро муайян месозад.

Ибодулло Оқилпур

www.millat.tj

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Details Published on Wednesday, 21 September 2016 14:47

Танҳо миллати босавод метавонад, насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Халқи шарафманди тоҷик ҷашни бошукўҳ - 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳбаландӣ истиқбол кард. Дар тўли чоряк аср, ки дар назди таърих муддати хеле кўтоҳ аст, Тоҷикистон ба комёбиҳои намоёни сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гашт, ки ҷамъбаст ва хулосабарорӣ аз онҳо дар таҳкими дастовардҳо ва иқдоми навбатии рушди ҷомеа хеле муҳим аст. Дастоварди беназир дар соҳаи забони давлатӣ низ ба даст омад: дар Тоҷикистон сиёсати забон ташаккул ёфта, аз пай таҷрибаи пурарзиш овард.

Таҷрибаи таърихии расидан ба сиёсати устувори забон заминаи иҷтимоӣ дорад:

- масъалаи забон ҳамеша ба сиёсати давлатдорӣ дар робита қарор дошт, барои пешбурди сиёсати забон силсилаи қонуну қарорҳо, тадбирҳо андешида шуданд, кумита ва комиссияҳои кориву назоратӣ ташкил карда шуданд;

- қазияи забон дар кори давлатдорӣ ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт;

- асари бунёдии Сарвари давлат «Забони миллат - ҳастии миллат» тадқиқоти марҳалавие гардид, ки ба бисёр муаммоҳои баҳснок ва ҳалталаби амалкарди забони тоҷикӣ ва таърихи таҳаввули он рўшанӣ андохт. Ин омилҳо буданд, ки дар Тоҷикис-тон падидаи нодири сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ – сиёсати забон комилан ташаккул ёфт.

Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рўйи баҳои сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсии давлатдорӣ муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони баландпояи давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлат оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои онҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меорад.

Роҳи расидан ба сиёсати устувори забон дар кишвари мо нотакрор аст. Хоҳем, ки аз ин дастоварди нодир манфиатҳо бардошта бошем, аз ҷониби дигар, онро чун падидаи арзишманд ба халқият ва миллатҳои кишварҳои истиқлолхоҳ манзур намоем, роҳи тайкардаи Тоҷикистонро таҳқиқ бояд кард.

Заминаҳои бунёдии роҳи ташаккули сиёсати забон – боло гирифтани ифтихори миллӣ, бархўрди андешаҳои зиёиёни пешқадам, коркарди тадбирҳои стратегии давлатӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои давлат оид ба таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва рушди забон, ҳамчунин роҳу василаҳои гуногуни ба амал баровардани ин тадбирҳо мебошад.

Дар Тоҷикистон ташаббускори ин раванди сиёсию фарҳангӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Моҳият ва муҳимтарин масъалаҳои сиёсати забон дар гузориш ва баромадҳои Ҷаноби Олӣ иброз гаштаанд. Китоби тозанашри Сарвари давлат «Забони миллат – ҳастии миллат”-ро метавон марҳалаи тозаи хидмати Ҷаноби Олӣ дар соҳаи забон шуморид. Ин китоби пурмўҳтаво ба таърихи забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили зиёда аз чаҳорсад сарчашмаи илмии ватаниву хориҷӣ кўшидааст, ки ба печидатарин масъалаҳои баҳсноки давраҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ равшанӣ андозад. Аз он ҷумла, андешаҳои мухталиф оид ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ, ташреҳи моҳияти забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ҳиндуэронӣ, умумиэронӣ ва мафҳуми «ориёӣ» дар ин росто, муколамаи афкор дар хусуси истилоҳи «тоҷик» ва шарҳи саҳеҳи он, мақоми забони тоҷикӣ дар давраҳои ҳукмронии сулолаҳо, нақши забони тоҷикӣ чун забони байналмилалӣ, тамоюли таъсирпазирии забонҳо ба ҳамдигар ва монанди инҳо барои доираи васеи мутолиакунандагон, бахусус забоншиносон чун маводи мўътамад хидмат менамояд.

Хидматҳои бузурги Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷаҳонгароӣ дар назди халқи тоҷик рисолати нави таърихии Пешвои миллатро ба вуҷуд овард, ки он ҳамчун категорияи нави таърихию ҳуқуқӣ дар илми сиёсатшиносӣ ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ боби тоза боз менамояд.

Дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чун сухан аз бойигарии маънавӣ ва ифтихори миллӣ меравад, ҳат-ман аҳамияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ ёдовар мегардад. Ин масъалаҳо мукаммалтар марҳала ба марҳала дар суханрониҳои Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (20 марти соли 2004), суханронӣ ба муносибати Рўзи забон (22 июли соли 2008), суханронӣ ба муносибати Рўзи забони давлатӣ (5 октябри соли 2010), суханронӣ ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (4 октябри соли 2012), табрикоти Ҷаноби Олӣ ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2015) баён гаштааст.

Андешаҳои Сарвари давлат аз амалияи зиндагиву фаъолияти халқи тоҷик бармеояд, ки ин падидаи серҷабҳаро дар таърихи забон бояд аз дастовардҳои пурарзиши илми забоншиносии иҷтимоӣ шуморид. Алҳол метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ба туфайли ташаббус ва кўшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар як муддати кўтоҳи таърих дар фаҳмиши моҳият ва корбурди забони миллӣ нуқтаи назар ва таҷрибаи ғаноманди амалӣ ба даст омад, ки аз он, дар маҷмўъ, сиёсати забон пайдо мегардад. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит кард, ки сиёсати забон аз се масъалаи ба ҳам марбут фароҳам меояд:

1. Нуқтаи назари давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият. Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълом дошт. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Дарвоқеъ, чаро забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ бардошта шуд? Он дар қисмати халқи тоҷик чӣ нақши боризе дорад? Чанд масъалаи муҳими ҷавоби ин суолро номбар мекунем:

- забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рўйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд;

- забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст;

- забони модарӣ дар таърихи тўлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд;

- дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст;

- забони модарӣ яке аз чаҳор аломати шинохти миллати тоҷик мебошад.

2. Масъалаи дигаре, ки ба фаҳмиши моҳияти сиёсати забон марбут аст, андешидани тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо дар мамлакат мебошад. Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки дар асоси он фаъолияти забон ба роҳ монда шуд, Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Иҷлосияи даҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул карда буд. Қонун як забон – тоҷикиро забони давлатӣ эълон дошт.

Ҳаёт муттасил пеш меравад. Он дар назди ҷомеаву давлат ва рукнҳои он вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Ин буд, ки Сарвари давлат зарурати қабули қонуни нави забонро ба миён гузошт, ки он таълиф гашт ва пас аз муҳокимаву таҳрир 3 октябри соли 2009 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, бояд қонуни комилан нав ҳисобид. Қонуни мазкур ба мисли пештара на ба ҳамаи забонҳои роиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, балки он вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи танҳо забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Қонуни нав ба рушди забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон нигаронида шудааст. Он вазифаҳои навбатии давлат ва ҷомеаро муайян месозад. Истифодаи васеи забони давлатӣ дар соҳаи технология, компутеркунонӣ, интернет, такмили таълими забони давлатӣ дар гурўҳҳои тоҷикию ғайритоҷикии мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи ифтихори миллӣ аз забони модарӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ, таҳқиқи ҳарҷонибаи қоидаву қонунҳои забони давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими навбатӣ маҳсуб меёбад. Президент андешаҳои худро дар бораи густариши минбаъдаи забони давлатӣ ба таври мухтасар ва ҷамъбастӣ чунин баён кардаанд: «Мо барои равнақи забони модарии худ боз ҳам бештар ғамхорӣ хоҳем кард, онро ҳамчун гавҳари қиматбаҳои миллӣ ҳифз хоҳем кард».

Аз ин ҷост, ки барои татбиқи қонуни нав аз мақомоти давлатӣ сар карда, то муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд ва дар садади иҷро қарор доранд. Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Тоҷикистон бо воҳидҳои корӣ аз далелҳои равшани ғамхории Сарвари давлат дар рушду нумўи забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Алҳол доираи васеи мутахассисон аз рўйи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, таҳти №335 оид ба иҷрои дастуру супоришоти Президенти кишвар дар мулоқот ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон аз 5 октябри соли 2010 ба тасвиб расидааст, кор бурда истодаанд. Ба сатҳи талаботи илму техникаи муосир бардоштани забони тоҷикӣ, бо ин забон ба роҳ мондани технологияи нави соҳаи компютеркунонӣ ва шабакаи интернет, ҳамчунин таъмини таълими фанҳои замонавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ба шумор меравад.

Забон ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ ҳамеша ҳамқадами замон буда, дар баробари ҷамъият дар таҳаввулоти доимӣ қарор дорад. Сиёсати забон дар ҷумҳурии мо дигаргуниҳои воқеиро зуд дар худ инъикос менамояд. Чунончӣ, пас аз дувоздаҳ соли қабули Қонуни забон ҳаёт зарурати беҳтар донистани забони русӣ ва англисиро ба миён овард ва ин тақозои айём нақши худро дар сиёсати забон ёфт. Ба ин муносибат Фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз 4 апрели соли 2003 интишор ёфт, ки зарурати тасвиби он чунин арзёбӣ гаштааст: «Ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалӣ, ғанӣ гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқҳо, фароҳам овардани шароит барои суръатбахшии пешрафти илму техника, аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ такмили ҳамаҷонибаи таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шавад». Бо гузашти давраи фаъолият идомаи мантиқии кор бо назардошти талаботи айём дар қарори нави Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 3 июли соли 2014, №427 ба тасвиб расид. Бо мақсади иҷрои қарори мазкур қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» қабул гардид.

Заминаи объективии таҳаввулоти забониву забоншиносӣ, ки рўи кор омад, Истиқлолияти милливу давлатист. “Истиқлолият ба забон робитаи бевосита дорад, - гуфтаанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ 8 сентябри соли 2006. - Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва  комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо ба кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад.” Маҳз, Истиқлолият метавонад, ба таҳаввули объективии забони адабии миллат роҳи калон боз намояд. Истиқлолият ба забон асолат мебахшад, имконият фароҳам меорад, ки он дар заминаи қонуниятҳои дохилии худ инкишоф ёбад.

Истиқлолият дар соҳаи забон, пеш аз ҳама, гаравидан ба имкониятҳои дохилии забони миллӣ мебошад. Истиқлолият ҷанбаҳои миллии забонамонро ба ҳаракат овард. Нақши Истиқлолият дар таҳкими асолати забон дар таркиби луғавӣ низ калон аст. Гап на танҳо дар сари он аст, ки Истиқлолият боиси ба вуҷуд омадани садҳо калимаҳои нав, бо истилоҳи имрўза, наввоҷаҳо гардид, балки роҳи инкишофи таркиби луғавии забони тоҷикиро тағйир дод. Пеш аз ҳама он сарчашмаҳои миллии ғановату таркиби луғавиро фаъол гардонд, ки аз инҳо иборатанд:

1. Забони адабиёти классикӣ. Аз забони адабиёти классикӣ даҳҳо воҷаҳои нав ба забони адабии ҳозира дохил шуданд, амсоли “қомус”, “довар”, “муҷассама”, “маҷмаа” ва ғ.

2. Забони зиндаи халқ ё услуби шифоҳӣ, ба монанди “поғунда”, “тармарг”, “гўл”, “дайду”, “ношукурбанда” ва ғ.

3. Калимаҳои кўҳнашудаи архаистию таърихӣ, ба монанди “ҳизб”, “иҷлосия”, “шўро”, “пизишк”, “дабистон”, “ҳуҷра” ва ғ.

4. Сохтори калимаҳои нав дар забони адабӣ, ба мисли “миллатгароӣ”, “миллатзудоӣ”, “маҳалгароӣ” ва ғ.

5. Забони форсии ҳозира, амсоли “артиш”, “ситод”, “чипта”, “расона”, “музояда”, “парванда”, “садама” ва ғ.

Ба воҳидҳои насабсози миллӣ рўй овардан низ аз боло гирифтани завқи миллии тоҷикон дарак медиҳад. Ифодаи насаб бо ҳиссаи “-зод”, “-зода”, “-пур”, “–духт”, “-ӣ”, “-иён” (Аҳмадзод, Шарифзода, Олимпур, Сафардухт, Раҳимӣ, Бобоҷониён) ё бидуни морфема Усмон Олим, Салим Ҳайдар торафт зиёд шуда истодааст.

Аз ҳисоби забонҳои дигар ғанитар гаштани забони тоҷикӣ ҳодисаи маъмул мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пас аз Истиқлолият ба забони тоҷикӣ воридшавии воҳидҳои иқтибосии русӣ камтар, вале аз ҳамзабонон бештар гардидааст.

Алҳол дар маҳдуди ин мақола танҳо ҳаминро гуфтанием, ки аз забонҳои дигар ҳар чӣ зарур ва ба қоидаву қонунҳои забони модариамон хилоф набошад, иқтибос кардан мумкин аст. Дар назар бояд дошт, ки рисолати аҳли ҷомеа инкишоф додани забон аст. Офаридгори забон халқ аст, устодони сухан – шоирону нависандагон забонро сайқал медиҳанд, олимони суханшинос қоидаву қонуниятҳои забонро муайян менамоянд, ҳамагон ҳамҷоя аз рўйи меъёрҳои баён амал намуда, ҳамарўза дар рушди забон мусоидат мекунанд. Саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаҳои амалкарди забон аз вазифаҳои муҳими ҳамагон дар мақоми касбукори худ мебошад, ки дар ин бора Сарвари давлат дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябри соли равон таъкид доштанд: “Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”.

Аз ҷумлаи вазифаҳои ҷомеа, ки айём тақозо дорад, инҳоро ном бурдан мумкин аст:

1. Сифату самаранокии омўзиши забони тоҷикиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беҳтар намоем.

2. Забономўзиро аз таълими қолабӣ (шаклӣ) ба инкишофи воқеии нутқи хаттию даҳонӣ равона созем.

3. Забони тоҷикиро забони такягоҳии омўзиши забонҳои бонуфузи хориҷӣ, хосатан русию англисӣ қарор диҳем.

4. Бо назардошти такмили сатҳи забондонӣ, ки аз аломатҳои муҳими фарҳанг ва салоҳияти касбист, дастурҳои омўзишӣ ва луғатномаҳоро ба китобҳои рўимизии худ табдил диҳем.

5. Ба ҳусни баёни худ ҳамчун ҷузъи таркибии маданият ва ахлоқи ҳамида ҳамеша ва дар ҳама маврид эътибор диҳем.

Дар ҳамин сурат гуфтор ва навиштори мо ҳусни маънӣ пайдо мекунад, пояи забони модариамон таҳким меёбад, забони аҷдодиамон, ки дорои манзалати давлатист, рисолати иҷтимоии хешро ба хубӣ иҷро менамояд.

Абдусаттор Абдуқодиров,профессор, раиси КомиссияиДонишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номиакадемик Бобоҷон Ғафуров оид ба татбиқи Қонунизабони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

hakikati-sugd.tj

ИНҚИЛОБИ ЗАБОН - Рӯзномаи Миллат

Москов лабайк мегуфтанд ва дастуру фармонҳои болоро бечуну чаро иҷро мекарданд. Дар сурате, ки ҷамоҳири Қафқоз ва соҳили Прибалтика баракс асолатҳои миллии хешро бо пофишориҳои зиёд ҳифз мекарданд ва забону хати миллиашонро пойдор нигоҳ медоштанд.

Фарзандони фарзонаи миллат чун устоди бузург Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғаффуров бо навиштани рисолаҳои илмии худ оид ба забону адабиёти тоҷик ва фарҳанги оламшумули он, Маскав ва роҳбарони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мӯътақид месохтанд ва бо пофишориҳои зиёд тавонистанд тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди миллатро ҳифз намоянд.

Бо ин ҳама, ба забон ва тамаддуни мо таҷовузҳо, қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳои нобахшудание сурат мегирифт ва як муҳити носолиме эҷод гардида буд. Тавтиаҳои душманони миллат ҳамеша ба як сурат набуд, аз шеваҳои мухталиф истифода мекарданд, то огоҳии миллиро нобуд созанд. Бо баҳонаҷӯиҳои зиёд аҳли илму адабро, ки ба хотири пойдории забон лаб во мекушоданд, айбдор мекарданд, аз кор меронданд ва дар рӯйхатҳои "сиёҳ"-и худ сабт менамуданд. Агар сиёсати пантуркистҳо ҷисман аз байн бурдани аҳли зиё буд, коммунистҳо ва коммунистмаобҳо талош мекарданд дар омехтасозии фарҳангу тамаддунҳо саҳми фаъоле бигиранд ва худро назди хоҷагонашон вафодору содиқ нишон бидиҳанд. Дар ҷаласаи ҳизбие, ки фарзанди Раҳмон Набиев собиқ муншии аввали Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Рашид Набиев бояд ба суфуфи Ҳизби Коммунист дохил мешуд, аз тарафи устоди факултаи шарқшиносӣ Файзуллоев эътироз баён шуд, ки чаро маҷлис ба забони русӣ гузаронида мешавад, дар ҳоле ки ҳамагӣ тоҷикем. Дар маҷлис муншии ҳизбии донишгоҳ иштирок дошт ва дарҳол ӯро ба миллатгароӣ мутаҳам сохт ва масъалаи хориҷ намуданашро аз суфуфи ҳизб ба миён гузошт. Устоди забони арабӣ на танҳо аз ҳизб хориҷ гардид, балки дигар ба ӯ имконият надоданд, то аз забони арабӣ ба донишҷӯён дарс бигӯяд. Касе ба пуштибонияш барнахост ва ӯ маҷбур шуд факултаро тарк гӯяд. Ин воқеа зуд дар факулта пахш гардид, устодону донишҷӯён ин масъаларо байни худ муҳокима мекарданд ва касе аз тарси он, ки ба рӯйхати "сиёҳ" шомил нашавад, садо баланд намекард.

Худогоҳӣ ва хештаншиносии миллат аз солҳои 80-ум қарни гузашта оғоз гардид. Аҳли илму адаб дигар хомӯш нишастанро гуноҳи азим медонистанд. Дар рӯзномаву маҷаллаҳо хабару мақолаҳое оид ба забону адаби тоҷик интишор меёфт. Ҳунармандону овозхонҳо барномаву намоишҳое, ки хусусияти миллӣ доштанд, ба маърази намоиш мегузоштанд. Ташвиқу тарғиби забони тоҷикӣ беш аз пеш вусъат меёфт. Ба якборагӣ бархостани равшанфикрон ва аҳли илму адаб сабабҳои зиёде дошт.

Шаҳри Душанбе, ки пойтахти ватани азизамон аст, аз худ бӯи тоҷикона намедод. Сӯҳбатҳои кӯчагӣ, расмӣ ва ҷаласаву ҷашнҳое, ки доир мегардид, бо забони русӣ сурат мегирифт. Дар троллейбусу автобусҳо, ки воситаи асосии ҳамлу нақли мусофирон буд, банохост касе ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад, русзабонҳо сару садо баланд мекарданд ва мегуфтанд: "-хватит ругатся…" Тоҷикзабонҳо ҳама хомӯш буданд. Дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Абӯали ибни Сино, ки ақлҳои миллат ширкат доштанд, намояндаи кумитаи ҳизби коммунист бо русӣ суханронӣ кард ва Синоро фарзанди шарқ хонд ва ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Пас аз хатми маросим чашмам ба шодравон Назира Қаҳҳорова устоди адабиёти клоссики форсу тоҷик, ки дар факултаи филологияи тоҷик дарс мегуфт уфтод, ки оби чашмонашро пок мекард. Наздаш рафтам, матлабамро фаҳмид, дасташро рӯи китфам гузошт ва бо садои дардолуд гуфт: - Марг беҳтар аз он аст, ки забонатро гум мекунӣ ва тақдирашро ба дасти бегонае месупорӣ.

Мақолаҳои илмӣ ва пурмуҳтавое, ки миллатро ба хештаншиносӣ ва худогоҳӣ даъват мекард, дар сафаҳоти рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор мегардид. Мақолаи "Таърих гувоҳ аст", - Р. Мусулмониён, С. Қодирӣ, "То ба кай об аз таги ях меравад", Мирбобо Мирраҳим, "Ҳам дар наълу ҳам дар пошна", - Одили Исломӣ ва дигарон алангае буд, ки хомӯш карданаш амри маҳол буд. Шеъри маъруфи устод Бозор Собир "Забони Модарӣ" ба суруди миллӣ табдил ёфта буд. Гулрухсори Сафӣ, Лоиқ Шералӣ, Фарзона, Мӯъмин Қаноат ва дигарон бо ашъори баландпоя забону фарҳанги форсиро васф менамуданд. Аз ҳукумат тақозо доштанд, то забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ ва коргузорӣ эълон гардад. Гирдиҳамоиву намоишҳо, конфронсу нишастҳое, ки сурат мегирифт танҳо ба хотири ҳамин забон буд. Аҳли адаб, равшанфикрон ва уламо ба ҳукумати вақти каммунист фишор меоварданд ва қабули қонунро оид ба забон тақозо менамуданд.

Режими коммунистӣ бо сарварии Қ. Маҳкамов ва П. Лучинский бо ҳар василае қабули чунин як қонунро маътал мекарданд ва дасисаву тавтиаҳои тозае эҷод менамуданд. Русзабонҳоро алайҳи миллат муқобил мегузоштанд ва бо ин роҳу васила тавонистанд хуни мардуми бегуноҳро резонанд ва бо ном "миллатгароёнро" мутаҳам намоянд. Хушбахтона, миллати ҳушёргардида асири доми режим нагашт ва 22 июли соли 1989 қонун "Дар бораи забони тоҷикӣ" қабул гардид.

Мутаассифона, бо қабули қонун тағйироте ба амал наомад. Забони тоҷикӣ ҳамоно забони кӯчагӣ буд ва коргузориву муошират ба забони русӣ сурат мегирифт. Роҳбарияти онвақта бо баҳонаи ин ки маблағ нест, тавтиаҳои тозае эҷод мекарданд ва бо ҳар роҳу васила ба расмиёт даровардани забонро ба таъхир меандохтанд. Дар ин амр туркгароёни муосир, ки тоза вориди саҳна мегардиданд, ба режим кӯмак мекарданд ва бо истилоҳҳои тоза "форсича", "дарича", "иронча" (манзурашон забони форсӣ - дарӣ буд) миллатро гунаҳкор мекарданд, ки забони "бегонаеро" қабул мекунанд. Албатта, барои Маҳкамову Лучинский (ҳамон Лучинские, ки бо ба маснади раиси ҷумҳурии Молдова нишастан аввалин коре, ки кард, мақоми забони молдоваро боло бурд ва забони давлатӣ эълон кард.) забони тоҷикӣ аҳамияте надошт ва ҳиҷ вақте бо ин забон ҳарф ҳам намезаданд ва ин забон барояшон арзише ҳам надошт. Шоир хеле хуб гуфтааст:

Гавҳарфурӯши маънӣ ҳар хирасар набошад,

Ҷои гуҳарфурӯшӣ, бозори хар набошад.

Умеде ба кӯмаки ҳукумат намонда буд. Ақлҳои миллат ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мерафтанд, аз мардум кӯмакҳои пулӣ мехостанд, ки дар ин замина муваффақ ҳам шуданд. Мардум бо камоли хурсандӣ ба суратҳисоби тозатаъсисёфтаи забони тоҷикӣ маблағҳои худро интиқол медоданд. Ин дар ҳоле буд, ки Иттиҳоди Шуравӣ ба бӯҳрони азими иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва таварруми пул дар саросари кишвар боло мерафт. Кумитаи тоза таъсисёфтаи забон кори аз дасташ меомадаро иҷро мекард, чандин санаду дастурҳое таҳия гардид ва шароит фароҳам овард, то забони тоҷикӣ мавқеи худро пайдо намояд. Ҳамон Ироне, ки роҳбарони вақти Тоҷикистон бегонааш мехонданд, ҳавопаймоеро, ки пур аз маводи таълимии забони форсӣ буд, ройгон ба Тоҷикистон интиқол дод. Аммо, тангназарон ва туркгароён ин кӯмакҳоро таблиғоти исломӣ хонданд ва бо ҷурми он, ки ирониҳо шиамазҳаб ҳастанд, ҳатто иҷозати фуруди ҳавопайморо надоданд.

Ирон гаҳвораи тамаддуни ориёиҳост ва умеду ормонҳову ниёзҳои ҳамаи форсизабонони олам маҳсуб меёбад. Дар мушкилтарин лаҳазот Ирон ба кӯмаки Тоҷикистон шитофтааст. Сафари ахири раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дидорбиниву мулоқот бо Аҳмадинажод собит сохт, ки мо на танҳо ҳамзабонем, балки бародарони хуниву ҷонием, ки мушкилоти якдигарро бо ҳам мебинем. Дар он мулоқот Аҳмадинажод бо як дилсӯзӣ ва муҳаббату ишқи беандоза иброз дошт, ки мушкилоти Тоҷикистон ва мардуми тоҷик, мушкилоти тамоми Ирону Ирониҳост. Чунин як дилсӯзиро мо ҳеҷ гоҳе аз ҳамсояҳои худ нашнидаем, дар ҳоле ки тамоми раҳбарияти собиқ Тоҷикистон ҳушу гӯшашон ба онҳо буд ва аз онҷо дастуроти лозимиро касб мекарданд. Низоъҳои дохилӣ, ки кишвари моро ба даҳсолаҳо қафо бурд, аз ҳамонҷо тарҳрезӣ мегардид.

Дар тӯли 73 сол шимоли Тоҷикистон, ки қисмати аъзами кишварро ташкил медиҳад, аз тамошои телевизиони Тоҷикистон маҳрум буд. Мардум барномаҳои телевизион ва радиои Тошкандро тамошо ва гӯш мекарданд. Таблиғоти иттилоотӣ силоҳи хатарнок дар фасодсозии ҷомеа аст. Натиҷа ин шуд, ки аксари аҳолии шимол аз забони модарии худ дур шуд ва шеваи фикрронӣ ба қолабҳои узбакӣ омехта гардид. Суоле пеш меояд, ки чаро роҳбарони собиқ пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро дар шимоли кишвар таъмин накарданд? Ҷавоб оддист. Ба тоҷик буданашон шубҳа буд. Дар ҳоле, ки насби дастгоҳҳои пахш ва тақвияти амвоҷ дар он солҳо маблағи зиёдеро тақозо намекард.

Бо ин ҳама мушкилоти маснӯӣ, ки эҷод мегардид, мардуми шарифи шимол тавонист забони модариашро ҳифз намояд, бо ин забон гуфтугӯ кунад, асарҳо эҷод намояд ва фарзандони худро таълиму тадрис диҳад. Аз ҳама нахуст, фарзандони фарзонаи миллат Мирбобои Мирраҳим ва Тоҳири Абдуҷаббор, ки эшон намояндагони шимоланд, мардумро ба худогоҳӣ ва хештаншиносӣ даъват намуданд ва хидматҳои арзишмандеро дар ин замина анҷом доданд. Торих номи онҳоро ба ҳарфҳои зарин сабт намуда ва миллати тоҷик аз эшон миннатдор аст.

Барои расидан ба аҳдофи миллӣ зарур аст, ки дар зеҳни мардум шуури миллӣ ҷойгузин гардад. Вақте, ки инсон ақли фарҳангӣ, ҷаҳонбинии васеъ, шуури миллӣ ва ифтихор аз тамаддуни худ надорад, аз ӯ чизеро интизор будан нашояд ва ин гуна ашхосро "манқурт" мегӯянд, ки аз душмани рӯ ба рӯ дида хатарноктар аст. Ин падидаҳо дар ҳар давру замон буданд ва фаъолияти хешро идома медиҳанд.

Назари иддае аз донишмандон, ки имрӯз дар сафаҳоти васоити ахбори умум пайдо гардида, забони тоҷикиро аз форсиву дарӣ ҷудо мекунанд ва гузаштан ба хати ниёконро ғалат мепиндоранд, сафсатае ва жожгӯие беш нест. Ба ақидаи эшон гузаштан ба хати ниёкон мардумро ба коми бесаводӣ мебарад. Суол ин аст, ки чаро Ирон бо ин хат ба дастовардҳои азими фарҳангиву иқтисодӣ расид ва ба як кишвари абарқудрат дар минтақа эътироф гардид? Бадбахтии миллати тоҷик ҳам ҳамин буд, ки бо аз даст додани хати худ ба коми ҷаҳолат ва бесаводӣ фурӯ рафт. Ин мавзӯест, ки баҳси доманадорро тақозо дорад ва дар ин ҷо мисрае аз ашъори бузурги устоди шеър Мӯъмин Қаноат ба ёдамон меояд, ки мегӯяд: - Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯи варо, ҳарчӣ мегӯӣ бигӯ"… Банда ҳар серо забони модарии худ медонад ва дар маҷмӯъ онро забони форсӣ мегӯяд.

Бо ба сари қудрат нишастани Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи тозае барои тоҷику тоҷикистониён кушуда шуд. Тафаккур ва аҳдофи миллӣ боло рафт. Забон ва адаби тоҷик рӯ ба асли хеш овард. Забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ ва муоширати мардум баргузида шуд. Дар ин замина донишмандону забоншиносон дастурҳои таълимӣ эҷод карданд, ки имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Раиси Ҷумҳур пайваста аз донишмандону забоншиносон ва ақлҳои миллат даъват ба амал меорад, то покиву беолоишии забони тоҷикро таъмин намоянд. Суханрониҳои эшон бо забони ширини тоҷикӣ, ки бо як муҳаббат ва ишқи беандоза сурат мегирад, гувоҳи он аст, ки Раиси Ҷумҳур аз забону фарҳангу тамаддуни ғанои худ ифтихор дорад ва дигаронро ба ин таблиғу ташвиқ менамояд.

www.millat.tj


Смотрите также