Тоҷинисои, А. Зан, ҷомеа ва нашъамандӣ [Матн]. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 62 с.
Бо забони русӣ
Гуреки, С. В. Внимание родители: Наркомания [Текст]. – М.: Профиздат, 1989. – 128 с.
Блике, О. Заместительная терапия героиновой наркомании [Текст]. – М., 1995. – 178 с.
Виникова, М.А. Постабстинентние состояния при героиновой наркомании [Текст]. – М., 1999. – 243 с.
Иванец, Н.Н. Винникова, М.А. Героиновая наркомания [Текст]. – М., 2000. –121 с.
Назаралиева, Ж. Избавь и прости [Текст]: Записки врача – нарколога о встречах с полиций, наркоделцами, больными, медиками, политиками на пяти континента. – Москва - Санкт-Петербург: Медицин–скаяпресса, 2001. – 494 с.
Зоиров, Д.М. Противодействия незаконному образу наркотичес–ких средств и психотропных веществ в Республике Таджикистана [Текст]: Монография МВД РТ. – Душанбе: Ирфон, 2005 – 182с.
Матуботи даврӣ бо забони тоҷикӣ
Раҳмонов, Э. Ш. Пойдории давлат аз муборизаи қатъи ва оштинопазир, аллайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор вобаста аст [Матн]: Суханронии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналхалқии илмӣ бахшида ба муборизаи бар зидди маводи нашъадор // Ҷумҳурият. – 1999. – 2 январ.
Раҳмонов, Э. Ш. Пойдории давлат аз муборизаи қатъӣ ва оштинопазир алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор вобаста аст [Матн]: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи байналхалқии илмӣ бахшида ба мубориза бар зидди маводи нашъадор // Ҷумҳурият. – 1999 – 21 январ; Садои мардум. – 1999. – 22 январ.
Муинов, М. Нашъамандӣ ҷиноят ё беморӣ [Матн] // Қонун ва ҷомеа. – 2014. –10 июл.
Мулоқоти Коҳир Расулзода бо Виктор Иванов [Матн]: 27 май сарвазири ҷумҳурӣ Коҳир Расулзода бо директории Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия Виктор Иванов // Ҷумҳурият. – 2014. – 29 май.
Гулова, М. Нигаронии давлатҳои минтақа аз хатари қочоқи маводи мухаддир [Матн]: Ташвиши давлатҳои Осиёи Марказӣ аз қочоқи нашъа аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ // Қонун ва ҷомеа. –2014. –18 декабр.
Давлатов С. Нашъаҷалоб ба даст афтод. [Матн]: Мусоҳибаи рўзноманигор Д. Ҷўрақулзода бо Раиси суди н. Бохтар С. Давлатов // Қонун ва ҷомеа. – 2014. – 6 феврали.
Указ Президента Республики Таджикистан [Текст]: Об утверждении положение и структуры агенства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан // Народная газета. – 1999. – 22 июля.
Рахмонов, Э.Ш. Борьба с преступностью - общенородное дело [Текст]: Речь Президента на совешании с работниками правоохранительных органов и силовых структур 9 февраля 1999 // Народная газета. – 1999. – 5 март.
Рахмонов, Э. Ш. Я обрашаюсь ко всем таджикистанцам, кому не безразлично будущее нашей родины [Текст]: С призывом объединить наши усилия в борьбе с наркомафией // Бизнес и политика. – 1999. – №4 – 22 январ.
Корш, Г. Президент РТ объявил войну... наркотикам [Текст]: О прошедшей Международной конференции в г. Душанбе 16 января 1999 г. «Таджикистан без без наркотиков» //Бизнес и политика. – 1999. – 22 январ.
Джураев, С. Если ваш ребенок наркоман [Текст] // Вечерный Душанбе. – 2000. – 17 май.
Гайрат, П. Наташу и Свету потенуло к наркотику [Текст]: Рассказ судьи железнодорожного р-на З.Юсуповой //Вечерний Душанбе. – 2000. – 12 май.
Назаров, Р. У. Всем миром против зла [Текст]: Спид и норкомания // Народнаягазета. – 2000. – 18 май.
Исматуллоев, С. Год на передовой [Матн]: Борба с наркотиками// Бизнес и политика. – 2001. – 5 январ.
Враг не дремлет. Наркотик- враг человечества [Матн]: Открытий разговор о том, как спасти наше общество от чумы века // Авицена. – 2001. – 2 феврал.
Плугатарёв, И. 350 агентов пропив наркомафии [Текст]: Беседа с генералом милиции Р.И. Назаровым // Asia-plus. – 2001. – 15-21 января.
Опищенко, А. А. Наркомания, главный помощник сотрудничество [Текст]// Авицена. – 2001. – 26 января.
Абдулло, Р. Наркотрофик в Республики Таджикистан не только наша проблема [Текст] // Asia-plus. – 2001. – 22февраля.
Учёные против наркотиков [Текст]// Народная газета. – 2001.– 22 феврал.
Шарипов, Х. У вас есть что противопоставить мафии [Текст] // Asia-plus. – 2001. – 1 март.
Хасанов, К. Ловчую сеть надо плести с более крупными взятками [Текст]: Борьба с наркотиками // Вечерный Душанбе. – 2001.–9 март.
Буриев, Н. Общество и наркотики [Текст] // Народная газета. – 2001. – 23 март.
Саидшарипова, А. Особенности национальности наркоохоты в Таджикистане [Текст] // Asia-plus. – 2001. – 15 апреля.
Джураев, С. Миллиард наркоманов [Текст] // Бизнес и политика. – 2001. – 1 ноября.
Убайдуллоев, М. Никто и нигде не застрахован от терроризма [Текст] // Вечерний Душанбе. – 2001. – 23 ноября.
Исматуллоев, С. Таджикистан и Киргизистан за совместную борьбус международныим терроризмом[Текст] //Бизнес и политика. – 2001. – 7 июня.
Худойбердиев, Б. Наркотическая война против России [Текст]// Народная газета. – 2001. – 12 июня.
Эрик, К. Заслоны на пути героина [Текст] // Народная газета. – 2001. – 20 декабря.
Юсупова, У. Общая беда человечество. 26-июня международный День борьба с наркоманий [Текст] // Народная газета. – 2002. – 23 июня.
Закон Республики Таджикистан «О наркотических средствах, психотропных веществах и прекурсорах» [Текст] // Ахбори Маджлиси Оли Республика Таджикистан. – 2002. –№4. –С. 125-226.
Назаров, Р. Мир против наркотиков // Народная газета. – 2002. – 6 марта.
Боротся с наркотикамина международном уровне [Текст]: Пресс конференцияв Агенстве по контролю за наркотиками в Республики Таджикистан // Народная газета. – 2003. – 2 января.
Амелина, Я. Россия-Таджикистан как прекратить наркотрафик [Текст] // Народная газета. – 2003. – 3 сентября.
Контроль за наркотиками итоги года [Текст] // Народная газета. – 2005. – 16 март.
Мусоев, С. Предыстория формирование совремённой системы. Международного контрольнад наркотиками [Текст]: Известия Академии Наук Республики Таджикистан отделение общественных наук. – 2005. –№4 – С.8-12.
Таджикистан избран в комиссию ООН по наркотиками [Текст]//
Назаров, Р.В. Кантрол с кантробандами [Текст]: 26 июля международный борба с наркомание и не законными оборотом наркотиков // Вечерний Душанбе. – 2005. – 24 июля.
Назаров, Р. Таджикистан на пути наркотрафики[Текст] // Asia-plus. – 2006. – 18 января.
Юсупова, У. Наркомании бой! [Текст]: 26-июля-международный день борьбы с наркоманией // Asia-plus. – 2009. – 24 июля.
Рахмон, Э. Десят лет в строю боевом[Текст]: Выступлении Эмомали Рахмона в честь 10 летия со дня создания агенства по контролю за наркотиками при Президента Республики Таджикистан // Народная газета. – 2009. – 2 июня.
Назаров, Р. Наркотиков будет много ... [Текст]: О работа Агенство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан
// Asia-plus. – 2009 . – 27 мая.
Этапы создания и становления [Текст]: 10 лет агенству по контролю за наркотиками // Народная газета. – 2009. – 27 мая.
Сафарова, М. Героин нашего времени или наркобизнес и терроризм не имеет национальности[Текст] // Событие. – 2010. – 30 декабря.
Лекарник, И. Таможников учили мислить как кантробандисты [Текст]:Как лучше спрятать контробандуи как можно быстрее ее найти? // Asia-plus. – 2011. – 23 марта.
Хамрабаева, Н. Наркотики подорожают? [Текст]: Объём производство наркотиков в Афганистане прошлом году сократилься // Asia-plus. – 2011. – 31 января.
Бухориев, М. У нас есть восемь крупных наркобаронов [Текст] // Asia-plus. – 2011. 24 января.
Алиев А. Н. Незаконный оборот наркотических средств и психотропных веществ [Текст] // Молодой ученый. – 2012. – №4. – С. 264-265.
Чоршанбиев, П. Нам предсказывают рост контробанды [Текст]
// Asia-plus. – 2012. – 11 мая.
Расулзоде, Т. Кантробанды не избежать? Кто ввозит кантробанду и кто ее приобретает? [Текст] // Asia-plus.– 2013. – 7 январь.
– Бе такмили ихтисос, бе баланд бардоштани малака корро ҷоннок намудан ҳич маънӣ надорад. Ҳамасола, аз тарафи Маркази миллӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ ва пеш аз ҳама Вазорати тандурустии ҶТ дар ҳудуди кишвар ва берун аз он семинарҳои омӯзишӣ доир мекунем ва пайваста маҳорату малакаи кормандонамонро сайқал медиҳем, то аз усулҳои муосири таҳлилубаҳодиҳии вазъи нашъамандӣ бархурдор бошанд.
–Вақтҳои охир ба назар мерасад, ки ҳам кишварҳои Осиёӣ ва ҳам Аврупоӣ барои мубориза бо нашъамандӣ кушиш мекунанд даст ба дасти ҳам бидиҳанд. Фикр мекунед чаро?
– Ҳич як давлати дар алоҳидагӣ ба ин зуҳуроти номатлуб дастболо шуда наметавонад. Танҳо дар ҳолати дастаҷамъона муқовимат нишон додан, давлатҳо метавонанд ба натиҷаҳои дилхоҳ бирасанд. Агар ба таърихи нашъамандӣ назар андозем, аввалин чорабинии сатҳи байналмилалие, ки ба ҳамин мақсад гузаронида шуд, 100 сол қабл буд ва он бо қабули конвенсия оид ба муомилоти маводи нашъадор дар шаҳри Шанхай анҷом шуд. Баъдан, ба хотири пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чандин конвенсияҳои дигари байналмилалӣ баргузор гардиданд. Қабулшавии конвенсияҳо аз он далолат мекунад, ки бе ҳамдигар давлатҳо ё ин ки як ашхоси алоҳида бо ин беморӣ ва «вабо» муқовимат нишон дода наметавонанд.
Визиты: 1 179 Дебаты про СССР и новая тема на следующую игру2014-04-27T14:21:03+00:00 No Comment
Доброго времени суток, дорогие друзья и читатели блога Лиги Согдийских Дебатеров - объединения дебатеров Согдийской области - клуба молодых, креативных и активных ребят, объединенных единой любовью к дебатам! Как…
Чи тавре ки мухлисони футбол хабардоранд, аз тарафи президенти дастаи Барселона санаи 19 июли соли ҷорӣ оиди аз сабаби саломати аз кор рафтани Тито Виланова хабар расонид. Тито ба касалии…
Чи тавре ки ҳамаи мухлисони футбол огаҳи доранд таърихи санаи 25 майи соли ҷорӣ дар Англия финали лигаи чемпионҳо бо иштироки ду дастаи Олмон Бавария ва…
Уже в четвертый раз Золотой мяч получил аргентинец Леонел Месси. Он на данном этапе дейсвительно один из лучших и можно сказать лучший!!! Но многие говори если получит Иньеста будет справедливо…
Дар таърих 16 октябри соли ҷори ҳамчун яке аз санаҳои футболи дохил гардид. Маҳз баҳри он ки дар ин шом якчанд бозиҳои муҳим баргузор гардид. 20:00Руссия 1:0 Озорбойҷон 21:00Беларус 2:0…
В связи с открытой регистрацией, на нашем сайте периодически появляются спаммеры, плагиаторы и пропагандисты, чьи материалы обязательно будут сняты с публикации, а аккаунты заблокированы.
Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рӯи тирпарони аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебинисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.
Агар дар хонадон зани оқилаву порсо ва покдоману ҳалолкор вуҷуд дошта бошад, албатта, ҳама ашёҳо низ тозаву озода ва дар ҷои худ қарор мегиранд.
Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигоҳ доштани амволи хона низ муҳитро озода мегардонад. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад.
Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст.
Тозагии муҳити ӯ, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагӣ дорад. Бисёр мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва фарзандон саломату барҷо бошанд. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Бисёр мебояд ҷаҳд кард, то тансиҳат буд. Аммо барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд.
Пок дор аз ҳар губор оинаат! Гуфтаанд, ки ҳақу барҷост. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем.
Оре, ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд.
Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод.
Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем.
Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.
Хулоса, сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.
Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан - модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва хамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.
Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?Модар, зи бузургӣ сару пои my нигин аст.Бар гӯш расад аз my садое хушам он рӯз,Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Сарқонуни Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Сарқонуни давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 моябри соли 1994 ин конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Сарқонуки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб на 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.Сарқонун тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарқонун барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил - расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром намояд.
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматхои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд.
Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки шаҳрдорӣ ва ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ҷашни таърихӣ, 80-солагии шаҳри Душанберо чи тавр чашн гирифтанд. Ба ин муносибат якчанд иншоотҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои тозаю зебо бунёд гаштанд. Мо боз аз он ифтихор мекунем, ки Ду¬шанбе ҳамчун шаҳри сулҳ эълон гардидааст.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.
Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Ба ақидаи Бозор Собир:
Тоҷикистон, Тоҷикистон.Мекунам шукри каму бисёри my,Мекунам шукрона аз озарму аз озори my.Аз my ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Об асту ҳаёт пойдор аст,Об асту замину кишту кор аст.Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахее, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Зеро мегӯянд, ки:
Илм чандон ки бештар хонӣ,Чун амал дap my нест нодонӣ.
Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Қурғонтеппа мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд.
Инак, 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост. Дигар роҳи қафогардӣ набуд. Дар як вақти кӯтоҳ бо кӯмаки ҳамзабонон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар Нақби Анзоб корҳои асосӣ анҷом дода шуданд, ки рафтуомади солонаро миёни марказ ва шимоли кишвар таъмин менамояд. Таъмири ин роҳ низ муташаккилона идома дорад. Роҳи оҳани Кӯлоб- Қӯрғонтеппаро ба истифода доданд. Ба таъмири роҳҳои воҳаи Рашт диққати махсус дода мешавад. Роҳи автомобилгард ба ВМБК аз нав сохта шуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст - Россия ду агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда I ба истифода дода шуданд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ мебахшанд ва ояндаи давлати мо дурахшон аст. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз гардид ва дар сурати аз рӯйи нақша сурат гирифтани корҳо бояд то соли 2012 он мавриди истифода қарор гирад. Ин иншооти бузурги аср дар як сол то 17 миллиард киловат қувваи барқ тавлид менамояд ва мо метавонем ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯшем.
Мувафаққиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 10-15 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия корхонае мавриди истифода қарор гирифт. Коркарди пахта акнун дар дохили кишвар сурат мегирад.
Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Хулоса, кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ин қарзи шаҳрвандии мост.
География калимаи юнонӣ («гео»-Замин, «графо»-менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Вай аз илмҳои бо ҳам алоқаманди табиӣ -географияи табиӣ ва ҷамъиятии географияи иқтисодию иҷимоӣ иборат аст.
3.Географияи иқтисодӣ чист?Географияи иқтисоди аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, шароит, хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида ва инкишофи онҳоро дар миқёси ҷаҳон ва мамлакатҳои алоҳида меомӯзад.
4.Дар ҷаҳон зиёда аз чанд давлат (мамлакат) мебошад?Алҳол дар кураи Замин (дунё, ҷаҳон) зиёда аз 230 давлат мебошад, ки калонтарин давлат дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат Федератсияи Россия мебошад, ки масоҳаташ 17,1 млн км2 аст.
5.Қитъаи олам чист?Материк ё як қисми материкро бо ҷазираҳои ҳамшафаташ қитъаи олам меноманд. Дар кураи Замин 6-то қитъа ҷойгир шудааст.1.Осиё масоҳаташ 44 млн км22.Амрико масоҳаташ 42 млн км23.Африқо масоҳаташ 30,3 млн км24.Антарктида масоҳаташ 14 млн км25.Аврупо масоҳаташ 10 млн км26.Австралия масоҳаташ 7 млн км2
7.Уқёнуси ҷаҳонӣ чист?Тамоми обҳое, ки дар сайёраи Замин ҷойгиранд уқёнуси ҷаҳонӣ меноманд. Масоҳати уқёнуси ҷаҳонӣ 361 млн км2 буда 94%-и оби кураи Заминро ишғол кардааст. Уқёнуси ҷаҳониро ба чор уқёнуси дигар ҷудо мекунанд:1. Уқёнуси Ором масоҳаташ 180 млн км2, миқдори обаш 710,36 млн км32. Уқёнуси Аталантика масоҳаташ 95 млн км2, миқдори обаш 329,66 млн км33. Уқёнуси Ҳинд масоҳаташ 75 млн км2 , миқдори обаш 282,65 млн км34. Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ 13,1 млн км2, миқдори обаш 18,07 млн км3
8. Халқият чист?Одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бо як забон ҳарф мезананд ва маданияти умумӣ доранд, гурӯҳи устувори ташаккулёфтаи таърихиро ташкил мекунанд халқият ё миллат номида мешавад.
9. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км2 буда 93%-ро кӯҳҳо ва 7%-ро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Қариб 50%-и масоҳати ҶТ дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр (Балтика) ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки 7495 метр баландӣ дорад.
10. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон?Дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км зиёд мебошад шумораашон ба 947-то мерасад. Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 28 500 км мебошад. Яке аз дарёи дарозтарин ва серобтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, 921 км дарозӣ масоҳати обғундориаш (ҳавзааш) 114 ҳазор км2 мебошад.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Раванди инкишофи ин дигаргунӣ миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рўҳӣ, ақлонӣ хос аст.
Тараққиёт мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад.
Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.
Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ў бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар низоми иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеъа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.
Инкишофи одам-ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рўҳии одам айёми кўдакӣ ва ҷавонӣ бошидат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағийроти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ў алоқаманд нест. Алахусус мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он - нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ўро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонанд, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кўдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегўянд.
Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.
Для подготовки материала были использованы следующие веб-страницы:

Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгӯӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад.
Волонтёри дар Амрико дар киёс бо дигар кишвархои чахон хеле пешрафтааст ва месазад, ки имруз барои омузиш ва дар махалхои худ харчи бехтару бештар чори кардани тачрибаи пешрафтагон аз тамоми аксои олам ру ба Дунёи Нав меоварданд. Халолашон бод, ки савобчуёни он суи укёнус пайравонро бо камоли химмату чавонмарди бо огуши кушода истикбол карда, бо майли тамом донишу амали ибратпазирашонро манзури хамагон месозанд.
Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рӯзе боло мебарояд. Ростӣ, яъне ҳақиқат ҳамеша манбаи осудаҳолӣ, ободӣ, озодӣ ва салоҳият аст. Завол ёфтани ростӣ ба завол ёфтани дунёи азалӣ баробар аст. Яъне агар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, то даме, ки зиндагию ҳаёт вуҷуд доранд, он низ завол намеёбад.

Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тохаристон қабилаҳои даштнишини ҳафтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Точикистони ҳозира муносибатҳои феодалй бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кўҳна, нақши калони чамоат, ғуломдорй ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи аҳли хонадон мегардад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад.
Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст.
Тозагии муҳити ӯ, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу ҳаво маҳз ба худи инсон вобастагӣ дорад. Бисёр мебояд мулоҳизакор буд, то муҳит солиму озода ва фарзандон саломату барҷо бошанд. Бисёр мебояд кӯшид, то ҳамаи ҳастии ҳаётро пок дошт. Бисёр мебояд ҷаҳд кард, то тансиҳат буд. Аммо барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии муҳити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онҳоро ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азиз даъват намуд.
Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханўз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зўран чорй карда шудани дини ислом, забони арабй сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шўриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тўлонй буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолй андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборй чалб мекарданд.
Пок дор аз ҳар губор оинаат! Гуфтаанд, ки ҳақу барҷост. Агар мехоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори ҳаёти бофароғати хеш бошем. Ҳар як ҳастӣ ва ҳар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигоҳ дорем.
Оре, ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд.
Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст нахоҳад дод. Ростгӯӣ ва росткориро ягон амали дигар паноҳ карда наметавонад. Ҳақиқат дар ҳамаи мавридҳо рӯзе боло мебарояд. Ростӣ, яъне ҳақиқат ҳамеша манбаи осудаҳолӣ, ободӣ, озодӣ ва салоҳият аст. Завол ёфтани ростӣ ба завол ёфтани дунёи азалӣ баробар аст. Яъне агар ҳақиқат вуҷуд дошта бошад, то даме, ки зиндагию ҳаёт вуҷуд доранд, он низ завол намеёбад.
Тоҷикистон сўхт гар аз ҷаҳли тоҷик Фазли тоҷик- Тоҷикистонро биафрўзад.
Инқилоб ба Бухоро якчоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 чанги гражданй мерафт. Соли 1924 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон дар ҳайати РСС /збекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқй ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданй - Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади /збекистони Советй монданд.
Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг - идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст.
Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳард кард.
Моҳи маи соли 1992 гирдиҳамой ва гуфтушунидҳо дар Душанбе ба тақобули мусаллаҳона гузашта, баъдтар дар ноҳияҳо паҳн шуданд. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқўъ мепайвастанд, алалхусус дар чануби Точикистон. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосй (конститутсия) ва интихоби президенти нав гузаронида шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали соли 1995 интихобот ба Мачлиси Олй (парламент) барпо гардид.
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст.
Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем.
Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.
Хулоса, сулҳ армуғон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисёр болотар аст. Ҳеҷ як дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Сулҳ неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад.
Оре, зан беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳону инсонофарини зан - модар такя бар Яздони пок аст. Зан ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва хамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.
Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?Модар, зи бузургӣ сару пои my нигин аст.Бар гӯш расад аз my садое хушам он рӯз,Эй хуш, бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳукуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Сарқонун ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Сарқонуни Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумқурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Сарқонуни давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа 6 моябри соли 1994 ин конститутсия ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Сарқонуки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб на 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.Сарқонун тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарқонун барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил - расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Сарқонуни даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Инак Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарқонуни кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Сарқонунро эҳтиром намояд.
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чӣ муаллиму чӣ духтур, чӣ ронанда ва чӣ коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматхои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд.
Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, ки шаҳрдорӣ ва ҳамаи сокинони шаҳри Душанбе ҷашни таърихӣ, 80-солагии шаҳри Душанберо чи тавр чашн гирифтанд. Ба ин муносибат якчанд иншоотҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои тозаю зебо бунёд гаштанд. Мо боз аз он ифтихор мекунем, ки Ду¬шанбе ҳамчун шаҳри сулҳ эълон гардидааст.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонхои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.
Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Ба ақидаи Бозор Собир:
Тоҷикистон, Тоҷикистон.Мекунам шукри каму бисёри my,Мекунам шукрона аз озарму аз озори my.Аз my ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Об асту ҳаёт пойдор аст,Об асту замину кишту кор аст.Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,Аз ҳастии оби файзбор аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.
Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омӯхтани алфози наве бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаъи молу мулк.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо нерӯ мебахшад. Шахее, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Зеро мегӯянд, ки:
Илм чандон ки бештар хонӣ,Чун амал дap my нест нодонӣ.
Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Қурғонтеппа мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд.
Инак, 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост. Дигар роҳи қафогардӣ набуд. Дар як вақти кӯтоҳ бо кӯмаки ҳамзабонон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) дар Нақби Анзоб корҳои асосӣ анҷом дода шуданд, ки рафтуомади солонаро миёни марказ ва шимоли кишвар таъмин менамояд. Таъмири ин роҳ низ муташаккилона идома дорад. Роҳи оҳани Кӯлоб- Қӯрғонтеппаро ба истифода доданд. Ба таъмири роҳҳои воҳаи Рашт диққати махсус дода мешавад. Роҳи автомобилгард ба ВМБК аз нав сохта шуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст - Россия ду агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда I ба истифода дода шуданд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ мебахшанд ва ояндаи давлати мо дурахшон аст. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз гардид ва дар сурати аз рӯйи нақша сурат гирифтани корҳо бояд то соли 2012 он мавриди истифода қарор гирад. Ин иншооти бузурги аср дар як сол то 17 миллиард киловат қувваи барқ тавлид менамояд ва мо метавонем ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯшем.
Мувафаққиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 10-15 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия корхонае мавриди истифода қарор гирифт. Коркарди пахта акнун дар дохили кишвар сурат мегирад.
Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Хулоса, кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ин қарзи шаҳрвандии мост.
География калимаи юнонӣ («гео»-Замин, «графо»-менависам) буда, маънояш «тавсифи Замин» мебошад. Вай аз илмҳои бо ҳам алоқаманди табиӣ -географияи табиӣ ва ҷамъиятии географияи иқтисодию иҷимоӣ иборат аст.
3.Географияи иқтисодӣ чист?Географияи иқтисоди аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, ҷойгиршавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, шароит, хусусиятҳои соҳаҳои алоҳида ва инкишофи онҳоро дар миқёси ҷаҳон ва мамлакатҳои алоҳида меомӯзад.
4.Дар ҷаҳон зиёда аз чанд давлат (мамлакат) мебошад?Алҳол дар кураи Замин (дунё, ҷаҳон) зиёда аз 230 давлат мебошад, ки калонтарин давлат дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат Федератсияи Россия мебошад, ки масоҳаташ 17,1 млн км2 аст.
5.Қитъаи олам чист?Материк ё як қисми материкро бо ҷазираҳои ҳамшафаташ қитъаи олам меноманд. Дар кураи Замин 6-то қитъа ҷойгир шудааст.1.Осиё масоҳаташ 44 млн км22.Амрико масоҳаташ 42 млн км23.Африқо масоҳаташ 30,3 млн км24.Антарктида масоҳаташ 14 млн км25.Аврупо масоҳаташ 10 млн км26.Австралия масоҳаташ 7 млн км2
7.Уқёнуси ҷаҳонӣ чист?Тамоми обҳое, ки дар сайёраи Замин ҷойгиранд уқёнуси ҷаҳонӣ меноманд. Масоҳати уқёнуси ҷаҳонӣ 361 млн км2 буда 94%-и оби кураи Заминро ишғол кардааст. Уқёнуси ҷаҳониро ба чор уқёнуси дигар ҷудо мекунанд:1. Уқёнуси Ором масоҳаташ 180 млн км2, миқдори обаш 710,36 млн км32. Уқёнуси Аталантика масоҳаташ 95 млн км2, миқдори обаш 329,66 млн км33. Уқёнуси Ҳинд масоҳаташ 75 млн км2 , миқдори обаш 282,65 млн км34. Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ 13,1 млн км2, миқдори обаш 18,07 млн км3
8. Халқият чист?Одамоне, ки дар як ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бо як забон ҳарф мезананд ва маданияти умумӣ доранд, гурӯҳи устувори ташаккулёфтаи таърихиро ташкил мекунанд халқият ё миллат номида мешавад.
9. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳаз км2 буда 93%-ро кӯҳҳо ва 7%-ро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Қариб 50%-и масоҳати ҶТ дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр (Балтика) ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ мебошад, ки 7495 метр баландӣ дорад.
10. Шумораи дарёҳои Тоҷикистон?Дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км зиёд мебошад шумораашон ба 947-то мерасад. Дарозии умумии дарёҳои Тоҷикистон 28 500 км мебошад. Яке аз дарёи дарозтарин ва серобтарини Тоҷикистон дарёи Панҷ буда, 921 км дарозӣ масоҳати обғундориаш (ҳавзааш) 114 ҳазор км2 мебошад.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Раванди инкишофи ин дигаргунӣ миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ, биокимиёвӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рўҳӣ, ақлонӣ хос аст.
Тараққиёт мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад.
Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.
Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ў бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад. Одам ҳамчун шахсият дар низоми иҷтимоӣ бо роҳи мақсадгузорӣ ва тарбияи андешидашуда ташаккул меёбад. Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеъа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ зоҳир гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро ифшо диҳад.
Инкишофи одам-ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рўҳии одам айёми кўдакӣ ва ҷавонӣ бошидат тағйир меёбад. Инкишоф на бо ҷамъшавии тағийроти миқдории оддию хати рост, балки аз паст ба боло ҳаракат мекунад. Ҳамин тавр, хусусият ва сифатҳои рушди биологии инсон ба мафҳуми «шахсият» шомил намешавад. Мавҷудияти хусусиятҳои шахсият ба сифатҳои ҷамъиятии ў алоқаманд нест. Алахусус мафҳуми «шахсият» ин тавсифи моҳияти ҷамъиятии инсон, сифатҳои он - нутқ, шуур, захираи луғавӣ, одатҳои гуногуни рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ўро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонанд, дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз кўдаки навзод ва одами ақлбохтаро шахсият намегўянд.
Хусусияти шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст.
Для подготовки материала были использованы следующие веб-страницы:
e-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
GF
Уязвимые женщины, ЛЖВ, секс-работники
ОО «Джовидон»
Эргашева Мастона
Хатлонская област г. Куляб ул. Борбад д.14 кв.26
тел.: (+992) 90 414 7071
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
KPF
Наркопотребители
ОО «СВОН Плюс»
Файзов Насимчон
Хатлонская обл.,г. Куляб, ул. Шамсидина Шоина д.3. кв.1
тел.: (+992) 93 441 42 69
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
GF
ЛЖВ
ОО «Хаети нав»
Абдурахманов Абдухолик
Согдийская обл., г.Худжанд, 12 мик-он, д.17г
тел.: (+992) 92 702 47 00
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
PSI
Заключенные и бывшие заключенные
ОО «Вита»
Назаров Эрадж
г.Душанбе, ул.Дехоти, д.9/5
тел: (+992) 917 44 87 88
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
KPF, PSI
Наркопотребители,
Уязвимая молодежь
ОО «Гули сурх»
Камилова Севар
г. Душанбе, ул. С. Шерози д. 27 кв. 86
тел.: (+992) 98 506 87 19
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
GF
ЛЖВ
ОО «Рохи зиндаги»
Ишкуатова Альбина
Согдийская обл., г.Чкаловск
ул.Б.Гафурова д.1А
тел.: (+992) 92 784 10 31
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
GF, KPF
Уязвимые женщины, ЛЖВ, секс-работники
ОО «Судманд»
Толибджон Сайдалиев
Хатлонская обл., г. Куляб, ул. Худоера Назарова д.7
тел.: (+992 3322) 3 36 90
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.\\\">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
KPF
Наркопотребители
ОО «Бовари +»
Ахмедова
Парвина
г.Душанбе, ул.Дехоти 50
тел: (+992) 918 40 60 72
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
KPF
Уязвимые женщины, ЛЖВ, секс-работники.
ОО «Икболи нек»
Махмадрозик
Бобоев
Согдийская обл., Матчинский район, ПГТ «Бустон», ул.И.Сомони, д.48, кв.2
тел: (+992) 92 811 87 01
KPF
Наркопотребители
Представительство РОО «СПИД Фонд Восток Запад-Таджикистан»
Саитов
Абдумаджид
Хатлонская обл., г.Курган-Тюбе,
ул.Лохути, д.9
тел: (+992) 907 83 22 63
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
HIV, GF
Заключенные и бывшие заключенные
ОО \\\"Таджикистанская Сеть женщин живущих с ВИЧ\\\"