Tag Archives: Точикистон Чавонон. Реферат чавонон ояндаи миллат


захираи миллат ва ояндаи давлат

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.

Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.

Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».

Чи тавре маълум аст, аз сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оилаҳои зиёд вайрон, чанд ҳазор кӯдакон ятим монданд ва падару модарони зиёд ба хотири дарёфти сарчашмаи зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират бурданд, ки чунин вазъият хоҳу нохоҳ ба раванди солими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мушкилиҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бо сабаби набудани мактаб, шароити хуби зиндагӣ дар оилаҳои тоҷик шумораи муайяни наврасону ҷавонон ба ҷои ба таҳсил машғул шудан, ба аробакашиву савдогарӣ овора буданд.

Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат расонд. Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои хуб бор овард.

Чи тавре ки маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрӯи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рӯҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад.

Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилиҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Гурӯҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерӯи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рӯ ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл доранд. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дуюм набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.

Ҷавонон ва хатари ифротгароӣ

Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Чихеле ки муҳаққиқи тоҷик Шаъбонов Н.Н. қайд менамояд: «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳокимият ва ҳукумат метавонад ҳамчун қувваи ҳимоятгар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд». Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқуъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад.       Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилоти худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.

Зимнан, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилоти ҷавонон имрӯз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонуниву ғаёриқонунӣ ифода мекунанд.     

Ҷавонон ва маориф

Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро бе роҳандозии низоми нав, раванди таълими имрӯза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъди хатми мактаби миёна метавонад, боиси рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандӯстии онҳо гардад.

Имрӯз яке аз мушкилоти асосии ҷавонони тоҷик сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ дорад ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале баробари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Тибқи маълумот дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрӯзу фардои ватан иҷро намоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шароити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калони ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрӯза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.

Мутаассифона, яке аз мушкилоти мо ин аст, ки баъзе падару модарон ба ҷои он ки ҳоло захираҳои молӣ ва моликияти худро барои рушди ҷисмиву маънавии фарзандони хеш сарф бикунанд, баръакс молу мулки худро солҳо ҷамъ намуда, баъдан вақте фарзандонашон ба камол расиданд, онро барои оиладории онҳо, ба донишгоҳҳо дохил кардан ва ё барои хариди мошину манзил сарф мекунанд. Шояд камтар фикри онро мекунанд, ки вақте имрӯз кӯдакону наврасон дар раванди сабзишу ба камол расидан таълиму тарбияи дуруст нагиранд, баъдан дар вақти бузург шудан, онҳо қобилияти соҳиб будан ба мошину манзил ва ё ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо нахоҳанд кард, чунки натиҷаи рушди рӯҳиву равонӣ ва маънавии онҳо омодаи соҳиби моликият ва таҳсил карданро намедиҳад. Вале, баръакс, агар имрӯз падару модарон, ҳукумату давлат моликияту захираҳои иқтисодии лозимаро дар вақти зарурӣ дар раванди ба воя расидани наврасон сарф намоянд, дар оянда онҳо худ омодаи пайдо намудани ҳамаи он моликият мегарданд. Яъне, дар як ҳолат ояндаву шароит омода шудааст, вале ҷавон аз лиҳози рӯҳиву маънавӣ ва ахлоқӣ мутобиқ ба он шароит нест. Дар ҳолати дуввум ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рӯҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона дунболи орзуву мақсадҳояш меравад. Чунонки яке аз собиқ президентҳои ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, беҳтар ва хубтар он аст, ки имрӯз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.

Шуҳрат САИДОВ, дотсенти ДДҲБСТ

javonon.tj

МО, ҶАВОНОН, ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАСТЕМ ВА ХОҲЕМ МОНД

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

      Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мо, ҷавонони давлати Соҳибистиқлолро хеле хушнуд гардонид, ки боиси ҷонибдории самимонаи мо гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ дар ин мақом ҳақиқат арзанда аст. Зеро дар ин рӯзгор, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда аз туфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошаyд. 

     Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23 – юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ва­тан ва кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ киш­вари азизи Соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор до­рад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшон­тарин арзишҳои тамаддуни бузур­ги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.

     Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таъ­рихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебо­шанд.

     Агар ба саҳифаи 25 – солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва ди­гар табақаҳои ҷомеа ба даст овар­да шудааст.

     Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуъла­афшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ ба дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зар­фи 25 – соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфта­аст.

Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.

     Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд. Чунончи, шоири ширинсухан, зиндаёд, шодравон устод Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Дар миёни куҳсорон сахтҷонам зодаанд,

Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд?

     Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтаринро дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

     Инчунин бо дастгирии бевоси­таи Пешвои миллат Маркази мил­лии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида ис­тодаем”.

     Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намуда­ни меъёрҳои муосири таълиму тар­бия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозо­ри меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро са­фарбар намудааст.

     Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи оғози охири асри 20 – ум барои халқи тоҷик хадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод.

     Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи мил­лату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ ба­рои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дорад.

     Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти милла­тро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таъ­рихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб ме­равад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намеку­над, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ба­рои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маъ­навии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебо­шад, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпара­стии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.

     Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи де­мократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор до­рад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки дар роҳи расидани ба ин мақсад моро кумак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кар­дан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки оян­даи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар барома­дашон таъкид мекунанд, ки “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

     Дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17 – уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосӣ худ шуморид.

     Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси рав­шан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъ­сиргузор мебошанд. Таҷрибаи солҳои ав­вали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифо­даи неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа до­штаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода кардани мешаванд.

     Моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: “Мо ба масъа­лаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давла­танд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.

     Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир на­муда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда ба­рои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд. Вале дар замони муосир амалӣ гардидани якчанд мушкило­ти ҷавонон моро дар ҳолати бояду шояд қаноатманд карда наметавонад. Масалан, дар сатҳи маҳал мушкилоти бекорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мушкилоти манзилӣ ва тар­бияи ахлоқии онҳо ба миён меояд. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ, мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, таъминоти онҳо бо манзили истиқоматӣ, таъ­лиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиро муайян кардаанд.

     Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти­ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ ка­фолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.

     9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гуруҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирузӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳварӣ мутааллиқ ба Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд. Истиқлолияти миллию давлатӣ ҳодисаи бошарофат аст. 6 – уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиклолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳила ба марҳила меафзояд. Ҳарчанд эъмо­ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.

     Аммо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашми камбинону бадхоҳонашро тира сохт ва аз бахлу ҳасад шаҳрвандони моро ба ҳам муқобил гузош­та, ҷанги бародаркуширо таҳмил карданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад ва ин вазъият халқи мо, хоса равшанфикронро водор сохт, ки сарвари нави давлатро интихоб намоянд.

     Дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осо­ишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ва­килони мардумӣ, аъзои парламент, намо­яндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва ороми оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.

     Ба ҳамин хотир Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро бадурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии дав­лати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.

     Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.

      Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.

     Музаффариятҳои Истилолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давла­тро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 киш­вари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими киш­вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки месозад ва эҷод мекунад то ба ола­миён нишон диҳад, ки дари хонааш барои ҳама дӯстон кушодаю чеҳрааш хандон, меҳмондӯст асту дӯстию сулҳ шиори ягона­аш. Халқи муаззами мо мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин гардондаанд. Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.

     Дар он замони тақдирсози халқи тоҷик интихоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун Сардори давлат аҳамияти бузург дошт. Мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарвари оқил, ҷасур, савобҷӯй, хирадманд ва маҳбуби худ шу­данд. Ҳама фитнаю найранги душманони дохилию хориҷӣ дар бораи он, ки миллати тоҷик бе роҳбари оқил мемонанду давлати Тоҷикистон пош мехӯрад, барбод рафт.

     Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият иф­тихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиа­мон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Ху­довандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизи арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодаем, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар катра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созан­дагиву ободкории миллату давлат дар да­сти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватана­мон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем.

     Дар даврони 25 – солагии Истиқлоли­ят мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 25 сол халқамон ба шарофати меҳнати бу­нёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофа­ти сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва­ри азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо купурукҳои боҳашамат сохта ба ис­тифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра­вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳи медиҳанд.

     Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то­беъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё­на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпакараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам руш­ду нумуъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.

     Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду ну­мӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон бахусус донишҷӯёни зодаи Истиқлолият барои обо­дии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фар­зонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.

     Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” – ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмати арзанда хоҳем кард.

Шервони УМРИДДИН

котиби матбуотии АИ ҶТ

 

www.anrt.tj

Ҷавонон – захираи миллат ва ояндаи давлат

Details Published on Tuesday, 24 May 2016 11:07

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрўз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерўи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд.

Аз ҳамин рў, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт. Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерўи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерўи ҷисмонӣ нерўи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин 70% аҳолиро шахсони то 30 сола дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерўи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чуноне, ки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерўи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рў, нерўи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмўи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерўи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрўву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.

Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерў ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуввум –барномаи мушаххас, севум – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомўзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрўза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерўи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».

Чи тавре маълум аст, аз сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар садҳо оилаҳо вайрон, чанд ҳазор кўдакон ятим монданд ва падару модарони зиёд ба хотири дарёфти сарчашмаи зиндагӣ рў ба муҳоҷират бурданд, ки чунин вазъият хоҳу нохоҳ ба раванди солими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мушкилотҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бо сабаби набудани мактаб, шароити хуби зиндагӣ дар оилаҳои  тоҷик шумораи муайяни наврасону ҷавонон ба ҷои ба таҳсил машғул шудан, ба аробакашиву савдогарӣ овора буданд.

Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбии худро расонид. Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Ва қисме аз ҷавонон то имрўз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои неки худро ба бор овард.

Чи тавре ки маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрўи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рўҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе намуд бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад.

Имрўзҳо ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рў ба рў ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилотҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Ва гуруҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгароӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерўи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рў ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл дорад. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дувум набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.

Ҷавонон ва хатари ифротгароӣ

Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазирӣ ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурўҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурўҳ самаранок истифода менамоянд. Лозим ба зикр аст, ки инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқўъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои тундгароиву ифротгароии динӣ ва паҳн гардидани ифротгароӣ дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротгароии динӣ барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбати ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хоссатан бо дар назардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилотҳои зиёдро ба миён меорад. Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим мебошад. Имрўз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷўҳ хосса намуд шавад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сўи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кўшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад.           

Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрўз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд ва ниҳоят, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ин тақсимбандиҳо аз як тараф зинаҳои алоҳидаи камолоти ҷавонон буда, ҳар яки ин бахшҳо масъалаҳо ва мушкилотҳои худро доранд, ки ҳаллу баррасии ҷудогонаро мехоҳанд.

Зимнан, ҳалли мушкилоти як соҳа бевосита ё бавосита таъсири худро ба соҳаҳои дигар мерасонад. Агар мушкилотҳои ҷавонон имрўз қадам ба қадам ҳалли худро наёбанд, ҳукумат ба он диққат надиҳад, баъди чанд сол метавонад он ба сари ҷомеа мушкилоту масъалаҳои сангинро ба миён орад. Зеро, ҷавонон ва умуман инсонҳо, маъмулан вақте дар зиндагӣ муваффақ шуданд, дар бештари ҳолат худро сабабгор медонанд ва агар рафту соҳиби зиндагии хуб нашуданд, на худро, балки ҳукумату давлатро сабабгор мешуморанд ва қаҳру ғазаби худро бо роҳҳои гуногуни қонуниву ғаёриқонунӣ рўи ҷомеа берун мекунанд.   

Ҷавонон ва маориф

Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва дар донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Зеро, бе ба роҳ мондани низоми нав, раванди таълими имрўза натиҷаҳои нек ба бор нахоҳад овард ва заҳматҳои чандинсола барбод хоҳад рафт. Ҳамзамон хизмати ҳарбии ҳатмӣ дар муддати як сол бо ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ (хизмат дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, сохтмон, ободу зебокунии ин ё он минтақаи кишвар ва ғ.) барои ҷавонон баъди хатми мактаби миёна метавонад, боисии рушди солимии камолоти ҷисмиву руҳӣ ва ватандўстии онҳо гардад.

Имрўз яке аз мушкилотҳои асосии ҷавонони тоҷик ин сатҳи пасти дониш, бемарифатӣ буда, боқӣ дигар мушкилотҳо бо он сахт вобастагӣ дорад. Ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст. Вале, баробари ин ҳоло як қисми ҷавононе, ки соҳиби донишу саводи баланд ҳастанд, дар кишвар кори арзанда пайдо намекунанд ва ё аз сабаби паст будани маош дар ҷое адои вазифа намекунанд. Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф чизеро дареғ намедорад. Ва агар нигоҳ кунед, солҳои охир дар воқеъ сиёсати давлат дар соҳаи маориф беҳтару хубтар шуда истодааст. Тибқи маълумот дар замони шўравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рўи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рўи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷўёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Аммо, баробари ин то замоне агар мо низоми таълиму тарбияро ҷиддӣ ва сахт нагирем, ҳамаи ин меҳнатҳо натиҷаю самараи хуб ба бор намеорад, яъне масъулини соҳаи маориф ва устодони азиз бояд содиқона меҳнат намуда, вазифаи муқаддаси хешро дар назди насли имрўзу фардои ватан иҷро бинамоянд. Албатта, аз як нигоҳ ба роҳ мондани низоми нав кори бисёр душвор ва дар шароити кунунӣ номуносиб ба чашм мерасад, вале баъди амалӣ кардани он, натиҷаи кори низоми нав ҳатман ба манфиати давлату ҷомеа хоҳад буд. Ва ғайри он, дигар роҳҳо танҳо ин аз даст додани вақт, нодида гирифтани мушкилоти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар шароити торафт доман пахн намудани ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиқонаи давлат, аҳли ҷомеа, волидайн ба ҷавонон ин камтарин хизмат ба ин насл буда метавонад. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар дар Паёми имсола худ оиди дастгирии шогирдон (ҷавонон) аз ҷониби устодон ва насли калонӣ ҷомеа бисёр нуқтаи бомаврид ва саривақтист ва меарзад, ки насли бузургсол аз ин гуфтаҳо хулосаҳое дуруст бароварда бошанд, то насли имрўза дар оянда бо некӣ аз гузаштагони худ ёд бикунанд.

Мутаассифона, яке аз мушкилоти мо ин аст, ки баъзе падару модарон ба ҷои он ки ҳоло захираҳои молӣ ва моликияти худро барои рушди ҷисмиву маънавии фарзандони хеш сарф бикунанд, баръакс молу мулки худро солҳо ҷамъ намуда, баъдан вақте фарзандонашон ба камол расиданд, онро барои оиладории онҳо, ба донишгоҳҳо дохил кардан ва ё барои хариди мошину манзил сарф мекунанд. Ва шояд камтар фикри онро мекунанд, ки вақте имрўз кўдакону наврасон дар раванди сабзишу ба камол расидан таълиму тарбияи дуруст нагиранд, баъдан дар вақти бузург шудан, онҳо қобилияти соҳиб будан ба мошину манзил ва ё ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо нахоҳанд кард, чунки натиҷаи рушди рўҳиву равонӣ ва маънавии онҳо омодаи соҳиби моликият ва таҳсил карданро намедиҳад. Вале, баръакс, агар имрўз падару модарон, ҳукумату давлат моликияту захираҳои иқтисодии лозимаро дар вақти зарурӣ дар раванди ба воя расидани наврасон сарф намоянд, дар оянда онҳо худ омодаи пайдо намудани ҳамаи он моликиятҳо мегарданд. Яъне, дар як ҳолат ояндаву шароит омода шудааст, вале ҷавон аз лиҳози рўҳиву маънавӣ ва ахлоқӣ мутобиқ ба он шароит нест. Дар ҳолати дуввум ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рўҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона думболи орзуву мақсадҳояш меравад. Чуноне, ки яке аз собиқ президентҳои ИМА Франклин Рузвелт дар ин маврид фармудааст: «Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, беҳтар ва хубтар он аст, ки имрўз давлат, ҷомеа, падару модарон имкониятҳои иқтисодии хешро барои рушди маънавию ҷисмонии насли наврасу ҷавон сарф намоянд, то онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрўву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори налсҳои оянда бошанд.

Шўҳрат Саидов, н.и.с., дотсент, раиси шўрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

hakikati-sugd.tj

Точикистон Чавонон | Бахти Mиллат

Хамрох мо нерумандем, чавонон!

Хамрох мо нерумандем, чавонон!

Чавонон кувваи бузург хастанд ва хар миллат дар хар давру замон аз чавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, чавонон дар маркази хама гуна таъгироту табаддулотхои чидди ва хам нек дар кишварашон буданд. Таърихи инсоният аз гувохи ин гуфтахо саршор аст.

Аммо имрузхо ваъияти миллату кишвари мо новобаста аз баъзе пешравихо умуман вазнин аст ва чавонони Точик, ки агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро инчо ба назар гирем, муттаасифона, аз мактабу донишгох дилсард гашта дар кучаву бозорхо мегарданд ё бештарашон ба хаёти сангини мухочирати мехнати гаравгон гашта, аз оилаву фарзандон ва тахсилу такмили ихтисос дур мондаанд. Хол он, ки мувофики оморхои расми бештар аз нисфи ахолии чумхури ва инчунин, мухочирони мехнатии Точикистонро чавонон ташкил медиханд.

Вале, агар чавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории муносибе барои татбики илми худ дар Ватан надошта бошанд, пас чи гуна миллат аз чавонони дилсарду мухочиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад? Бале, мушкилихои чавонон то хол хеле зиёданд. Сар карда аз он, ки устодони мактабу донишгоххо маоши ночиз мегиранд ва бо ин сабаб ба сифати омузиш ахмияти кофи дода наметавонанд ва дар натича аксари чавонон саводи хеле кам мегиранд. Инчунин, бештари чавонон бекор ё мухочири мехнати хастанд чун мувофики илму касби худ коре пайдо карда наметавонанд, ки муздаш талаботи зиндагии оддиро хатто дар шароити имруза конеъ карда тавонад. Ин дар холест, ки дастраси доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофике ба касбу зиндаги шарти асосии муваффакияти хар як яъзои чомеа ва рушди милли аст.

Албатта, дар хама кишвархо холат ва имкониятхои дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои чавононаш гуногун аст ва агар чамъияти имрузаи мо чунин имкониятхои заруриро барои чавонон мухайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне, агар имконият ба суи мо наояд, мо ба суи имконият харакат бикунем.

Дар холе, ки чавонон кувваи бузург хастанд, ин кувваро танхо дар ягонаги ва хамрох будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, бо назардошти чунин акидахо, ки чавонони Точик имрузхо имкониятхои мувофик барои инкишофи илмиву касби кам доранд ва онро бояд бештар кард ва танхо дар ягчояги ва хамдасти мо куввае гашта метавонем, ки имкониятхои заруриро барои худ ва рушди чомеа биёрем, ба фикри мо тавсияи хамохангсози ва хамкории фаъолияти ниходхои давлати ва гайридавлати ба хотири бехбудии чавонон имрузхо зарурати чидди дорад.

Дар ин чодда пешниходи таъсиси як созмони наве бо номи Анчумани Чавонони Точик (АЧТ) пуштибони пайдо кардаат, ки кори худро ба наздики шуруъ хохад кард. Максади асосии АЧТ ин баёнгари масъалахову манфиатхои чавонони Точик будан ва пуштибони намудан аз эхё ва рушди фархангу иктисоду сиёсати Ватани мо – Точикистон аст. Бо хости худо, фаъолияти АЧТ соли 2009 шуруъ хохад гашт ва маълумотхои муфиду зарури оид ба барномаву накшахои он дар торнома http://www.ajtojik.wordpress.com ва идорахои созмон дастрас хоханд шуд.

Бинобарин, биёед хамрох бошем, ки хамрох мо нерумандем ва кувваи мо дар ягонагист. Ба сафи АЧТ бипайвандед ва барои ояндаи худ коре бикунед!

Рохбарияти АЧТ

bakhtimillat.wordpress.com

Паёми Пешво, одоби ҷавонон, фарзандон ва волидон

«Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуд.

Дар Паём аз ҷумла чунин омадааст: «Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба инғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъолтар бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро нерўи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон кувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, ҷавонон дар маркази ҳама гуна тағйироту табаддулотҳои ҷиддӣ ва ҳам нек дар кишварашон буданд. Масалан, ҷавонон ба мисли Сўҳробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатхои миллат ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Жанна д-Арк барои истиқлоли Ватанаш ҷонашро фидо карда буд.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ...

Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислатҳои ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурўтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфтааст:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумў низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омўхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳарчй аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирўз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўз маҳв мекунад.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷўҳи хосса зохир намуда, адабро ганҷи қимат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. икмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар aз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Адаб дар назари аҳли ҷуд бахту саодат, давлати ноёб, эьтибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рўи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кўчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.

Аз ин хотир, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем.  

Ҷавонӣ манзилест, ки мобайни масофаи кўдакӣ ва пирӣ воқеъ шудааст. Айёми салтанату комёбӣ дар он ҷо мегузарад. Ҷавонӣ ситораест, ки фақат як бор дар осмони умр тулўъ мекунад. Ҷавонон ниҳоли кўчаке ба ҳисоб мераванд, ки бо сабзидани ин ниҳолҳо ояндаи кишвари мо сарсабзу хуррам мегардад. Пас, ҷавонон ояндаи миллатанд. Аммо ба ҳамаи ин чӣ тавр бовар кард?

Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш бурда метавонанд, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеа, ки китобу китобхон набошад, он ҷо мисоли хонаест, ки чароғ надорад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рў, ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи нек буданд. Асарҳои бисёр ибратбахши худро барои мо ба ёдгор мондаанд. Аз он ҷумла, «Маснавии маьнавӣ»- и Мавлавӣ, «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ, «Қобуснома»-и Кайковус ва даҳҳо шоҳкориҳои ахлоқӣ дастури ибратбахше ҳастанд ба аҳли башар оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ.

Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Гарчанде ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе падару модаре ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамияти зоҳир менамоянд. Дар ин замина мутафаккири бузуги тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфтааст. «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчи хоҳад, кунад ва ба ҳарчи хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар барои тарбияи фарзандонашон бояд дар оила сар карда, аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода баранд. Фарзанд дар оила бояд ончунон ба камол расад, ки боиси на танҳо таҳсину офарин, балки номбардори падару модар ва ватану миллат гардад.

Соли 2017 эълон шудани Соли ҷавонон ҳар як ҷавони кишварро бояд ҳушдор диҳад, ки ба ин ғамхорӣ, меҳрубонӣ ва таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои рўзгори мо сахмгузор, пешсаф ва фаъол бошанд.

Ман ҳамчун корманди Китобхонаи миллӣ ифтихор аз он дорам, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намудаанд ва мо низ ин гуфтаро ҳақ шуморида, ҳамчун фардҳои комилҳуқуқ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин соҳа рушди ҳамаҷониба дошта бошад.

Масрура Мирзоҳасановакорманди шуъбаи абониментибайни китобхонаҳо

kmt.tj


Смотрите также