Рубрика: Назарияи Иктисод. Реферат аз фанни назарияи иктисоди


Назарияи Иктисод Рефератхо бо забони точики

Рукнхои асосии таълимот ва равияву мактабхои иктисоди

6. Рукнхои асосии таълимот ва                                равияву мактабхои иктисоди

Рукнхои асосии таълимот ва равияву мактабхои иктисоди:  Сарнахуст, Мукаррароти иктисоди дар шакли мактаби махсус мактаби савдогари (меркантилизм) таъсис ёфтааст. Намояндагони асосии он: Т. Мен, А.Монкретьен, У.Стаффорд, Кольбер дар Россия-Ордин-Нашокин, И.И.Посошков ва дигарон буданд. Читать далее Рукнхои асосии таълимот ва равияву мактабхои иктисоди

5. Афкори иктисодиву ичтимоии                                           халки точик

Афкори иктисодиву ичтимоии халки точик:                               Афкори иктисодии ниёгон, бино ба кисматхои такдир, нокисихову носозихо, бурдборихову нокомихои таърих, мушахассан, аз чониби ягон мутафаккирону бузургони гузашта мавриди тахлил карор нагирифта буд. Читать далее Афкори иктисодиву ичтимоии халки точик

Мархилахои ташаккул ва андешахои иктисоди

4. Мархилахои ташаккул ва                                                               андешахои иктисоди

Мархилахои ташаккул ва андешахои иктисоди:         Тафаккури иктисоди хамсолу хаммаслаки чомеаи инсони буда, баробари эхё ва ташаккули воситахои мехнат зина ба зина тўли карнхои зиёд инкишофу тахаввул ёфтааст. Афкори иктисоди, дар ибтидо, хамчун падидахои алохидаи хикмат ва андешахои гузашта ташаккул ёфта, аз чониби донишмандонва мутафаккирон ахёнан собит карда Шуданд ва онхоро дар шакли том муттахид кардан номумкин аст. Читать далее Мархилахои ташаккул ва андешахои иктисоди

Объект нишондиханда ва максади иктисод

3. Объект нишондиханда ва максади                                                 иктисод

Объект нишондиханда ва максади иктисод:                                         Аз андешахои дар боло зикр гардида хулоса бармеояд, ки иктисод бидуни объект, яъне мазмуни модди вучуд дошта наметавонад. Фаъолияти хочагидори махз дар мехвари иттисоли субъект ва объекти иктисоди ба вукўъ мепайвандад. Аз ин лихоз, дар адабиёти иктисодй ба хайси унсурхои асосии таркибии иктисод, ё худ объекти иктисод онхоро номбар мекунанд: Читать далее Объект нишондиханда ва максади иктисод

Субъект ва намояндахои иктисоди

2.Субъект ва намояндахои иктисоди

Субъект ва намояндахои иктисоди:                                           Новобаста ба шаклу намуд, меъёр ва хачму чойгирони, иктисод хамчун натичаи амалиётхои субъектхои иктисоди баромад мекунад. Дар шароити бозор шахсиятхое, ки кор ё худ амалиёти иктисодиро анчом медихад — субъектхои иктисоди номида мешавад. Читать далее Субъект ва намояндахои иктисоди

Назарияи иктисод заминахои густариш ва тахаввули онНазарияи иктисод заминахои                                             густариш ва тахаввули он

Накша:  Назарияи иктисод заминахои густариш ва тахаввули он. 1.Иктисод хамчун мафхуми хочагидори ва илми.2.Субъект ва намояндахои Иктисоди.3.Объект, нишондиханда ва максади иктисоди.4.Мархилахои ташаккул ва андешахои иктисоди.5.Афкори иктисодиву ичтимоии халки точик.6.Рукнхои асосии таълимот ва равияву мактабхои иктисоди.7.Тавсифи фанни назарияи иктисоди.                                                                Читать далее Назарияи иктисод заминахои густариш ва тахаввули он

whiteblog.ru

Фанни назарияи иктисоди ва асосхои методологии он(Бо мисолхояш) » Avasto

Фанни назарияи иқтисодӣ ва асосҳои методологии он.

 

Дарси якум: Мархилаҳои инкишофи  назарияи иқтисодӣ. Сатҳҳои омӯзиши назарияи иқтисодӣ

Иқтисодиёт (ойконмия – калимаи юнони)–ин қонуни хоҷагидорӣ.

Меркантилизм–аввалин мактаби назарияи иқтисодӣ дар ибтидои пойдоршавии капитализм дар Англия, Франсия, Италия ва дигар мамлакатҳо ба миён омадааст, ки дар онҳо савдои байналхалқӣ бо суръати тез тараққи кардааст. Меркантилистон ба назарияи иқтисодӣ як қатор масъалаҳои заруриро ворид кардаанд, ки чунин муаммоҳоро дар бар мегиранд: савдои беруна ва тавозуни савдои мамлакат; табиати пул ва сатҳи фоиз. Мувофиқи акидаи онҳо объекти омӯзиши илми иқтисодӣ ин соҳаи муомилот, хусусан соҳаи савдо (асосан савдои байналхалқи) мебошад. Инъикоскунандаи боигарӣ ба ақидаи меркантилистон ин пул (тилло) мебошад.

Физиократҳо – намояндагони мактаби иқтисодиёти сиёсӣ, ки дар Франсия дар миёнаи асри 18 ба миён омада, дар Италия, Британияи Кабир, Германия ва ғайра давлатҳо паҳн шуда буд. Физиократҳо сарчашмаи боигариро дар пул не, балки дар истеҳсолоти соҳаи қишлоқ медиданд. Онҳо муаммои таъсисёбии боигариро аз соҳаи муомилот ба соҳаи истеҳсолот гузарониданд. Намояндаи барҷастаи физиократия Франсуа Кэне ба шумор меравад.

Иқтисоди сиёсии классикӣ – ин мактаби барҷастаи иқтисодӣ ба назарияи иқтисодӣ характери илмиро дод. Классики барои он номгузори карда шудааст, ки айнан ҳамин мактаб категрияҳои иқтисодиро муайян намуд ва қонунҳои иқтисодиро аз амалия (аз таҷрибаи ҳаёт) ҳосил намуд. Кашфиётҳои бузурги ин мактаб: онҳо сарчашмаи аслии боигариро муайян намуданд – ҷараёни истеҳолот; иқтисоди сиёсии классики фаъолияти хоҷагидориро ҳамчун системаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот тадқиқ карданд; онҳо дар асоси тасвири ҳодисаҳо, қонун ва категорияҳои иқтисодиро кушоданд. Намояндагони барҷастаи ин мактаб У.Петти, А.Смит ва Д.Рикардо тарафдори афкори худтанзимшавии бозор буданд. Хусусан, мувофиқи ақидаи А.Смит бозор зер таъсири дастиноайён қобилияти худтанзимшавиро дорад (зери мафҳуми дасти ноайён, механизмҳои талабот, пешниҳод, нарх, рақобат дар назар дошта шудааст).

Марксизм – асосогузори ин равияи иқтисодӣ К.Маркс назарияи меҳнатии арзишро мукаммал намуда, ҷараёни таъсисёбии арзиши изофаро пурра нишон дод. Дар тадқиқотҳои К.Маркс, омӯзиши хусусиятҳои такрористеҳсолот мавқеъи хосаро дорад. 

Қонунҳои иқтисодӣ. Қонунҳои иқтисодӣ гуфта, қонунҳои идоракардани истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро меноманд, ки дар давраҳои гуногуни тараққиёти ҷамъияти инсонӣ амал намуда, робита ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти иқтисодии ҷамъиятро ифода менамоянд.

Фанни назарияи иқтисодӣ. Назарияи иқтисодӣ қонуниятҳои инкишофи қуваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолиро меомӯзад, ки байни субъектони иқтисодӣ оиди истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолоти неъматҳои модди ва маънавӣ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо ба миён меояд. 

Иқтисоди сиёсӣ–қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои истеҳсолӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, давраҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, такрористеҳсоли капитали ҷамъияти ва инфиродӣ, қонуниятҳои таҳаввули системаҳои ичтимои –иқтисодӣ, муносибатҳои арзишӣ, таърих ва табиати пулҳо, табиат ва механизми истеҳсоли арзиши изофа ва ғайраҳоро меомӯзад. 

Экономикс–хоҷагидории оқилонаро дар ҳолати маҳдудияти захираҳо меомӯзад. 

Микроиқтисод–қисми назарияи иқтисодии умуми, ки фаъолияти субъектони алоҳидаи иқтисодиро тадқиқ мекунад, ба монанди: ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳо, фирмаҳо, хоҷагиҳои хонавода ва бозорҳои алоҳида. Дар маркази таҳлили микроиқтисодӣ нархи молҳои алоҳида, талабот ва пешниҳоди молҳои алоҳида, хароҷотҳо, механизмҳои фаъолияти фирмаҳо, нархгузорӣ, ҳавасмандгардонии меҳнат.

Макроиқтисод–ин қисми назарияи иқтисодии умуми, ки иқтисодиётро ҳамчун чизи яклухт бо маҷмӯаи муаммоҳои он, дар сатҳи иқтисодиёт милли меомӯзад. Макроиқтисод ҷараёнҳои калони иктисодиро ба монанди чи тавр ҷойҳои кори бояд ташкил карда шаванд, сатҳи бекорӣ кам карда шавад, бартараф намудани таваррум, таъмини рушди иқтисодӣ, баланд намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва ғайраҳо меомӯзад.  

Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ–ин қисми назарияи иқтисодӣ қонуниятҳои инкишофи тақсимоти байналхалқии меҳнат, масъалаҳои фаъолияти самаранокии берунииқтисодии иқтисодиёти миллӣ, назарияҳои савдои байналхалқӣ, системаи асъори – молиявии байналхалқӣ ва ғайраҳоро тадқиқ менамояд.

 

Дарси дуюм: Методҳо ва вазифаҳои назарияи иқтисодӣ.

Методология имконият медиҳад, ки бо воситаи кадом тарзҳои дарккунии илми, назарияи иқтисодӣ ба маънидодкунии ҳақиқии фаъолият ва тараққиёти минбаъдаи ин ё он системаи иқтисодӣ имконият пайдо менамояд.

Усули материализми диалектики. Материализми диалектики имконият медиҳад, ки алоқамандии ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ ва пай дар пай вобаста будани онҳо дарк ва таҳлил карда шавад.

Усули абстраксия илмӣ (ба эътибор нагирифтан; истисно кардан). Ҳангоми тадқиқи вазъияти иктисодӣ, тадқиқотчӣ ҳодисаҳои дуюминдараҷаро ба эътибор намегирад, зеро ба эътибор гирифтани ин ҳодисаҳо, мантиқ ва мақсади тадқиқотро дигаргун сохтанаш мумкин аст. Яъне абстраксияи илмӣ фикран истисно намудани ҳодисаҳои (омилҳои) дуюминдараҷаро дар назар дорад, ки дар айни ҳол тадқиқ карда намешаванд.

Усули индуксия. Бо воситаи усули индуксия гузариш аз омӯзишҳои амалияҳои ягона ба хулосаю ақидаҳои умуми ба амал меояд. Дар натиҷаи истифодаи усули индуксия тафаккур аз амалия ба назарияи мегузарад. Мувофиқи ин усул ҳодисаҳои иқтисодӣ дар амал мушоҳида карда шуда, натиҷаҳои ин мушоҳида ба пайдоиши хулосаи мантиқӣ сабаб мегардад.

Усули дедуксия. Усули дедуксия имконият медиҳад, ки аз хулосаҳои умуми, хулосаҳои алоҳида бароварда шаванд. Усули дедуксия ҳаракати тафаккурро аз назарияи ба амалия дар назар дорад.

Усули таҳлил ва синтез. Ин усули тадқиқ ҳангоми омӯзиш ва таҳлили ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ васеъ истифода мешавад. Моҳияти ин усул дар он аст, ки ҳар як ҳодиса ва ё ҷараёни иқтисодӣ дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, натиҷаҳои ин таҳлилҳо омехта карда мешаванд. Истифодаи ин усул имконият медиҳад, ки оиди ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ тасаввуроти мантиқи ҳосил карда шавад.

Моделсозии иктисодӣ – математикӣ. Барои саҳеҳтар дарк намудани ҳодисаҳо ва ва ҷараёнҳои иқтисодӣ аппарати математики ниҳоят васеъ истифода мешавад, ки ба пешгӯикунии ҷараёнҳои иқтисодӣ имконият медиҳад. Инчунин моделсозии иқтисодӣ – математикӣ бо воситаи истифодабарии графикҳо, схемаҳо, диаграммаҳо, формулаҳо имконияти соддатар дарк намдунаи ҳодисаи иқтисодиро фароҳам меоварад. Дар ҷараёни истифодаи моделсозии иқтисодӣ – математикӣ омилҳои гуногуни ба ҳодисаҳои иқтисодӣ таъсиррасонанда бо назардошти таъсири функсионалӣ ба эътибор гирифта мешаванд. 

Муқоисакунӣ. Усули муқоисакунӣ имконият медиҳад, ки ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ бо воситаи факту рақамҳои аниқ таҳлил карда шуда, ҳолатҳои гуногун ва тамоюли тағйирёбии ин ҳодисаҳо ва ҷараёнҳо баҳо дода шавад.

Усули аналогия–имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи ҳолатҳои ҳаётӣ ва монандкунӣ омӯхта шаванд.

Усули фарзият–имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи мисолҳои хайёлӣ дарк карда шаванд.    

Назарияи иқтисодии позитивӣ. Дар асоси тасдиқҳои позитивӣ назарияи иқтисодӣ маҷмӯаи қонуниятҳо, категорияҳо ва принсипҳоро коркард мекунад, ки бо назардошти онҳо системаҳои хоҷагидорӣ тараққи мекунанд. Назарияи иқтисодии позитивӣ механизм ва хусусиятҳои амали қонунҳои иқтисодиро мефаҳмонад. Назарияи иқтисодии позитивӣ бо мафҳумҳои «чи ҳаст», «чи шуд» ва ғайрҳо сару кор дорад.

Назарияи иқтисодии нормативӣ. Назарияи иқтисодии нормативӣ бо мафҳумҳои «бояд», «зарур аст», «чунин бояд бошад» сару кор дорад. Назарияи иқтисодии нормативӣ баҳодиҳии маънавӣ ва арзишии ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодиро дар бар гирифта ба дониши позитивӣ такя мекунад.

Вазифаи дарккунии назарияи иқтисодӣ – шахсе, ки илми иқтисодиро меомӯзад, ҷихатҳои асосии ҳайти ҷамъиятиро (истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро) дарк мекунад.

Вазифаи танқидӣ – назарияи иқтисоди имконият медиҳад, ки афкорҳои мухталифи пешравии ҷамъият омӯхта шуда, тарзи беҳтарини инкошофи он интихоб карда шавад. Чунин интихоб дар натиҷаи танқидҳои ақидаҳои мавҷуд буда, имконпазир аст.  

Вазифаи амалӣ – ҳар як роҳбар (давлат, фирма ва дигар субъектони хоҷагидорӣ) дар фаъолияти худ ба принсипҳо ва қонунҳои иқтисодӣ такя мекунад.

Вазифаи пешгӯикунанда – назарияи иқтисодӣ ба субъектони хоҷагидорӣ имконият медиҳад, ки оиди дурнамоии тараққиёти худ пшгӯи намуда, барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошта кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 Вазифаи методологӣ – назарияи иқтисодӣ асоси (базиси) омӯзиши дигар илмҳои иктисодӣ (молия, муомилоти пулӣ ва қарз, омор, менеҷмент, маркетинг ва ғайраҳо) ба ҳисоб меравад.

 

Дарси сеюм: Фанни назарияи иқтисодӣ ва асосҳои методологии он.

Омӯзиши таҳаввули афкорҳо оиди фанни назарияи иқтисодӣ

 

б/т

Мактабҳои асосии иқтисодӣ

Фанни назарияи иқтисодӣ

Хулосаҳои асосии назариявӣ

1

Меркантилизм

Боигарии миллӣ

Сарчашмаи боигарӣ - соҳаи муомилот

2

Физиократҳо

Боигарии миллӣ

Сарчашмаи боигарӣ - хоҷагии қишлоқ

3

Классикӣ

Боигарии миллӣ

Сарчашмаи боигарӣ – истеҳсолоти моддӣ

4

Марксистӣ

Муносибатҳои истеҳсолоӣ

Сарчашмаи боигарӣ – арзиши изофа

5

Таърихӣ

Қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба онҳо болосохт низ дохил мешавад

Азбаски қувваҳои истеҳсолкунандаи миллат ҳар як мамлакат нотакрор аст, бинобар ҳамин ҳар як мамлакат иқтисодиёти нодир дорад ва бинобар ҳамин бояд илми иқтисодии махсус доштанаш лозим аст. 

6

Неоклассикӣ

Рафтори субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ

Зарурияти коркард ва асоснок намудани сиёсати иқтисодии фирма ва рафтори оқилонаи истеъмолкунанда.

7

Кейнсӣ

Механизми фаъолияти иқтисодиёти миллӣ

Зарурияти танзими давлатии иқтисодиёт бо воситаи ҳавасмандгардонии маҷмӯаи талаботи аҳолӣ ва соҳибкории хусусӣ

8

Синтези неоклассикӣ (экономикси муосир)

Боигарии миллӣ ва асосҳои рафтори инсон дар ҷаҳони захираҳои махдуд

Зарурияти аоснок намудани рафтори субъектони иқтисодӣ. Имкониятҳои истифодабарии пешниҳодҳои иқтисоди сиёсии классикӣ, неоклассикӣ, кейнсӣ,  ки дар таҷриба арзиши илмӣ ва амалии худро нишон додаанд.

9

Институтсионализм (иқтисодиёти нав)

Тағйирёбиҳои институтсионалӣ ва техникӣ-иқтисодӣ дар ҷамъият ва рафтори одамон аз ҳамин сабаб

Зарурияти ба эътибор гирифтани хусусиятҳои сохторҳои институтсионалии мамлакатҳо дар тараққиёти иқтисодӣ

10

Монетаризм

Идоракунии иқтисодиёт бо воситаи сиёсати пулию қарзии давлат

Маҳдудкунии нақши давлат бо назорати массаи пул

11

Назарияи иқтисодии охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI

?

?

 

Маводҳо барои санҷиш доир ба мавзӯи

«Фанни назарияи иқтисодӣ ва асосҳои методологии он».

1.Мафхуми калимаи иктисодиёт – ин:

а) Конуни хочагидори;

б) Сарфакори;

в) Истифодабарии захирахо;

г) Хамаи чавобхо дуруст аст.

2.Якумин мактаби назарияи иктисоди ин:

а) меркантилизм;

б) физиократхо;

в) иктисодиёти сиёсии классики;

г) марксизм.

3.Мохияти меркантилизм дар чи зохир мегардад:

а) сарчашмаи боигари ин сохаи хочагии кишлок;

б) объекти омузиши илми иктисоди ин сохаи истехсолоти модди мебошад;

в) иктисодиёт ин илм оиди муомилоти пули;

г) объекти омузиши илми иктисоди сохаи муомилот, хусусан сохаи савдо мебошад.

4.Кадоме аз акидахо ба мактаби физиократхо хос аст?

а) объекти омузиши илми иктисоди ин истехсолот аст, хусусан сохаи хочагии кишлок;

б) объекти омузиши илми иктисоди ин сохаи истехсолоти модди мебошад;

в) иктисодиёт ин илм оиди муомилоти пули;

г) объекти омузиши илми иктисоди сохаи муомилот, хусусан сохаи савдо мебошад.

5.Асосгузори мактаби физиократхо кадом иктисодчи ба шумор меравад:

а) Франсуа Кэне;

б) Антуан Монкретен;

в) К. Маркс ва Ф.Энгелс;

г) А. Смит.

6.Кадом иктисодчи аввалин маротиба истиллохи «иктисоди сиёсиро» истифода бурдааст:

а) Франсуа Кэне;

б) Антуан Монкретен;

в) К. Маркс ва Ф.Энгелс;

г) А. Смит.

Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:

avasto.tj

Саволнома аз асосҳои иқтисодиёт

1 ) Калимаи иктисодиёт чиро мефахмонад ? Калимаи юнони буда,коидаи хочагидориро мефахмонад. 2) Назарияи иктисоди хамчун илм чиро меомузад? Истифодаи захирахои махдудро дар холати талаботхои номахдуд. 3)Усули омузиши дедуксия ин; Аз кисми умум ба том. 4) Кадом аз инхо ба вазифахои назарияи иктисод дохил намешаванд ? Аз нав таксимкуни.1 ) Калимаи иктисодиёт чиро мефахмонад ?Калимаи юнони буда,коидаи хочагидориро мефахмонад.2) Назарияи иктисоди хамчун илм чиро меомузад?Истифодаи захирахои махдудро дар холати талаботхои номахдуд.3)Усули омузиши дедуксия ин; Аз кисми умум ба том.4) Кадом аз инхо ба вазифахои нахзарияи иктисод дохил намешаванд ?Аз нав таксимкуни.5) Кадом аз инхо ба усулихои омузиши назарияи иктисоди дохил намешаванд ? Усули молияви6)Вобаста ба хусусиятхои ичтимои кадом аз инхоро ба конунхои иктисоди дохил намудан мумкин нест? Конунхои тагирёбанда:7) Кисми назарияи иктисоди,ки проблемахои иктисодиро дар сатхи давлат меомузад ин: Макроиктисод8) Обектхои омузиши мегаиктисодро чудо намоед?Содироти сармоя ва куваи кори9) Кисми назарияи иктисоди,ки сохахои алохида ва иктисоди нохияхои кишоварзирро меомузад –ин: Мезоиктисод10) Аввалин маротиба мафхуми иктисод( окономия,аз тарафи ки истифода шудаас ? Ксенафонт11) Аввалин мактаби иктисоди ин: Меркантелизм12) Томас Мен кадоме аз ин сиёсатхои иктисодиро аввалин маротиба пешниход намудааст? Протексионизм13) Кадоме аз инхо намояндагони мактаби меркантилизм хисобида намешаванд? Фома Аквински14)Мактабе,ки боигарии чамиятро дар сохаи кишоварзи мебинад ин:Мактаби физиократхо15) Асосгузори мактаби физиократхо киба хисоб меравад ? Франсуа Кенэ16) Кадоме аз ин мутафакирон ба мактаби классики таалук надоранд ?Франсуа Кенэ17) Мафхумхои иктисодиро ба кадом груххо чудо кардан мумкин аст ?Мафхумхои хос,махсус ва умуми.18)Кадом аз ин мактабхои назарияи иктисоди таърихан якум буд?Мактаби Савдогарон.19) Се гурухи калони субекхои иктисодиро нобар кунед ?Хонавода,Фирма,Хукумат.20) Кадоме аз ин омилхои зеринро ба омилхои истехсолот дохил кардан мумкин аст? Замин,мехнат сармоя ва фаолияти сохибкори .21) Кадоме аз мактабхои иктисоди рушди башариятро дар истехсолот медиданд ? Мактаби физиократхо.22) Махдудият захирахоро мефахмонад,ки: Дар чамият онхо дар хамон микдор вучуд дорад,ки он барои истехсоли молхои зарури ва хадамот нокифоя аст :23) Методология чист ? Мачмуи принсип ва усулхои омузиш мебошад.24) Назарияи иктисоди чиро меомузад ? а) Куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсолиров) Интихоби одамонро дар шароити махдуд будани ресурсхои иктисодис) Талаботи беохири одамон ва нодир будани нематхо(d) Хамаи чавобхои оварда шуда дуруст мебошад 25) Агар ба фаолияти субекхои иктисоди давлат дохил кунад,ин: Ин низоми иктисодии фармони – Маъмури аст26) Эксперимент чист ? Натичаи хочагидори бо равишу услубхои гуногун хамчун мизони муаянкунандаи иктисоди:27)Обекхои иктисодиро муаян намоед ? Табиат,Сармоя,Предменхои истехсоли,инсон,иттилоот:28) Тахти абстраксия чиро мефахмед ? Ходисахои таткикшаванда дар шакли алохиди меомузад.29) Ходисахои иктисоди ин : Тадбир,амалиёт ё худ муносибатхое мебошад,ки байни субекхои иктисоди сурут мегирад.30) Ба захирахои иктисоди дохил мешаванд : Нематхое,ки дар чамият нодир ва камёфтанд.31) Омилхои истехсолотро номбар кунед ? Замин, сармоя мехнат ва фаолияти сохибкори32) ”Дасти ноаён” чист ва ин акидаи кист ? Дасти ноаён-конуни иктисоди аст акидаи Адам Смит мебошад.33) Дедуксия чист ? Услубест ки назарияро бо факту ракамхо мустахкам менамояд.34) Индуксия чист ? Услубест ки тахлили ходисахоро аз факт огоз карда ба назария мегузаронад.36) Давраи Фаолияти мактаби классикхоро нобар кунед ? Асрхои ХIX-XX.37) Истехсолот-ин : Раваанди ба вучуд овардани неъматхои модди ва гайри модди.38) Вобаста ба таъиноти махсулоти тавлидшуда истехсолотро ба шаклхои зерин чудо мекунанд: Истехсоли воситахои истехсолот ва предметхои истеъмоли:39) Вобаста ба шумораи шуглдоштагон дар сохахои кишвар истехсолотро ба чанд гурух чудо мекунанд ? Саноати ва Аграри40) Кадоме аз инхо ба омилхои истехсолот дохил намешавад ? Тилло .41) Мактаби марксисти кадом омилхои истехсолотро аз хамдигар чудо мекунад ? Омилхои модди ва шахси.42) Амалиёти бошуурона ва максадноки одамон,ки тавассути он неъматхоро ба даст оварда талаботхои худро конеъ мегардонад- чи ном дорад ? Мехнат

43) Фаркияти зухуроти мусби ва манфии моликияти хусусиро муаян намоед:а) Сахт вобаста будани некуахволии сохибмулкон аз натичахои фаолияти истехсоли б) Ба инкишофи ташабускори мусоидат менамоед .с) Ба шиддат ёфтани муборизаи ракобати меоварад.(д) Хамаи чавобхо дуруст аст

44) Чизхое,ки мехнати инсон бевосита ба он равона шудааст-ин: Предмети Мехнат.45) Якчояшавии воситаи мехнат ва Предмети Мехнат – инВоситаи Мехнат. мебошад46)Кадоме аз нобаршудагон ба воситаи мехнат дохил намешавад?(а) Замин б) дастгох с) арра д) теша 47) )Кадоме аз нобаршудагон ба Предметхои Мехнат дохил мешаванд ?а) мошин б) дастгох с) арра (д) Замин48) Раванди мехнат аз кадом унсурхо иборат аст ? Мехнат, Предмети Мехнат.Воситаи Мехнат,49) Заводу фабрикахо ба кадом намуди захирахои иктисоди дохил мешаванд ? Захирахои Табии50) Мутахасисони сохаи биалогия ба кадом намуди захирахои иктисоди дохил карда мешаванд ? Захирахои Мехнати.51) Ахборот оиди навоварихо ба кадом намуди захирахои иктисоди дохил мешаванд? Захирахои Мехнати.52) Тарафхои итехсолоти чамияти –ин: Куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли.53) Тилло ба кадом намуди захирахои иктисоди дохил мешавад?Захирахои Молияви54) Чумхурии Точикистон аз назари истехсолот ба еадом гурухи кишвархо дохил мешавад ? Аграри.55) Тибки акидаи К.Маркс тартиби истехсолот иборат аст,аз: Модди,гайримодди ва хизматхо.56) Истехсолот самаранок аст,агар : Дар он пура истифода шудани захирахои мехнати таъмин шудааст.57) Воситахои мехнат ин : чиз ва гурухи чизхое мебошад,ки бо воситаи онхо ба предмети мехнат таъсир расонида мешавад.58Классикони иктисоди истехсолотро ба кадом гурухо чудо карданд?Ба истехсолоти модди , гайримодди ва хадамот.59) Асосгузори мактаби меркантилистонро нобар кунед? Томас Менн,60) Асосгузори мактаби физиократхоро нобар кунед ? Франсуа Кенэ.61) Асосгузори мактаби маржиналистонро нобар кунед ? Д.К.Менгер.62) Асосгузори мактаби мактаби классиконро нобар кунед ? Адам Смит.63) Кадом аз мактабхои иктисоди тахлили мавзуи худро аз чараёни истехсолот корор додаанд,на аз сохаи муомилот ? Физиократхо64) Хукуки моликият – ин:а) Хукуки назорати чисмонинамудан аз болои неъматхои модди :в) Хукуки барои худ гирифтани манфиатбахши неъматхо:с) Хукуки хал намудани к ива чи тавр истифодаи неъматхоро таъмин намудан(д) Хамаи чавобхо дуруст аст.65) Кадоме аз инхо хамчун усулхои гайридавлати гардонии моликият хисобида мешавад ?а) Харидани корхонахои давлати аз тарафи колективхои мехнатив) Фурухтани моликияти давлати таввасути музояда ( ауксион )с) Табдил додани корхонахои давлати ба чамиятхои саххоми(д) Хамаи чавобхо дуруст аст.66) Агар дар чамият хамаи ресурсхои истехсоли зиёд шавад, пас ин шаходати он ки: Иктисодиёт имконияти бештар истехсол кардани молхова хизматхоро дорад .67) Синтез хамчун методи тахлили иктисоди ин :Зехнан ба хам пайвастани кисмхои таркиби ва унсурхои ходисахои иктисоди дар раванди омузиш.68) Анализ –Хамчун методи тахлили иктисоди ин :Зехнан ба кисмхо таксим намудани ходисахои иктисоди,мавриди омузиш ва омухтан дар алохидаги хар яки ин кисмхо .69) Натича – хамчун методи тахлили иктисоди ин : Дар асоси тадкикоти якчанд хислатх,ои х,одисод хислати умумии онро дарёфтан.70) Низоми иктисодии анъанави ин: Манбаи хоси мавчуда тибки анъана муаян карда мешавад.Талабот аз руи мерос таалук ба ин ё он табакаи чомеа муаян карда мешавад.71) Низоми иктисодии бозори ин : Кобилияти харидориро худи бозор муайян мекунад. Талабот аз руи мерос таалук ба ин ё он табакаи чомеа муаян карда мешавад.72) ) Низоми иктисодии фармони : Хамаи карорхои масоили иктисодиро давлат кабул мекунад.73) ) Низоми иктисодии омехта ин : Бозор бо дахолати фаъоли давлат фаолият мекунад.74) Пул чист ? Моли махсусест ки эквиваленти тамоми молхо шуда метавонад.75) Вазифахои пулро нобар кунед.Ченаки арзиш,воситаи пардохт,воситаи муомилот,воситаи андухт, пулхои чахон.76) Намудхои муосири пулхо инхоянд : Пулхои карзи когази ,пулхои электрони,кортхои пластики.77) Истехсолоти модди чист ? Мачмуи муносибатхои иктисоди оиди ташкил ва истифодаи захирахои иктисоди бо максади ба вучуд овардани молу махсулот ё адои хизмат. 78) Истехсолоти гайримодди чист ? Хамчун комплекси сохахои халк ки мустаъкиман дар тавлиди махсулот иштирок надорнд тасаввур карда мешавад.79) Сохаи хадамот ин : Хамчун ягонагии сохахои истехсолоти модди ва гайримодди дар кисмати истехсолот хизматрасонихо ва истесолоти хизматхои гайримодди фахмида мешавад.80) Тахти низоми иктисоди фахмида мешавад : Конун коида ,тартиб танзим,ва механизми амалии-ходисахои иктисодию ичтимои дар як давра муаяни таърихи.81) Пайравони мактаби мерлантилистон акида бар он доштанд.ки:Асоси пешрафти иктисодиёт дар тичорат ва гунн кардани тилло мебошад.82 ) Пайравони мактаби физиократхо пешрафти иктисодиётро дар чи медиданд ? Асоси пешрафти иктисодиётро дар истехсолот медиданд.83) Пайравони мактаби классикон пешрафти иктисодиётро дар чи медиданд ? Пешрафти иктисодиётро дар тичорати озод ва махдудияти дахолати давлат дар сав мехисобиданд.84) Пайравони мактаби марксисти пешрафти иктисодиётро дар чи медиданд ? Пешрафти иктисодиётро дар баробар ва афзалияти моликияти чамияти медиданд.85) Хар як чамият бояд масъалаи зеринро хал намояд ?а) Чи бояд истехсол кард в) Чи тавр истехсол кард. с) Барои ки бояд истехсол кард (д) Хамаи чавобхои оварда шуду дуруст.86) Иктисодиёт самаранок аст агар : Хам шугли пурра ба даст дароварда шудааст ё хам ресурсхои истехсоли ба пураги истифода бурда мешаванд.87) Вакто,ки проблемахои иктисоди кисман аз тарафи бозор кисан аз тарафи хукумат хал карда мешаванд,пас иктисодиёти Омехта. МебошадМахдудияти захирахо мефахмонад, ки : Ин захирахо танхо барои молхои зарури мерасанд.

Просмотрено: 14

lib.infopage.tj


Смотрите также