Искандари Мақдунӣ – (356 п. м. Пелла – 13. 06. 323 п. м. Бобул), шоҳи Мақдун аз соли 336, яке аз барҷастатарин сарлашкарон ва ходими давлатии дунёи қадим. Писари шоҳи Мақдун Филиппи II. Искандари Мақдунӣ аз соли 343 п. м. тарбияи файласуф Арастуро гирифта, таҷрибаи ҳарбиро аз падараш омӯхтЛашкаркашиҳои Искандари Македонӣ. Ба вуҷудомадан ва аз байн рафтани Империяи Бузурги он.
Нақша:1. Ба сари ҳокимият омадани Искандар.2. Оғози забткориҳои Искандар ба Шарқ.3. Ҷангҳои Искандар ба муқобили Эрон ва Осиёи Миёна.4. Парокандашавии Империяи Искандар.
Адабиёт:1. История Востока. Т.1. М., 2000.2. История древней Греции. М., 2005.3. Древня Греция. История, быт, культура. М., 1997.4. Новый энциклопедический словарь. М., 2000. 5. Исторический словарь. В. 2.-х.т. М., 1980. 6. История древного мира. под. ред. И.М. Диякнова. М., 1983.7. История древного востока. под. ред. Кузщина. М., 1979.8. История древного мира. под. ред. А.Г. Багшанина. М., 19829. История древного Рима. под. ред. В.И.Кузщина. М., 198110.Хрестоматия по история древного востока. под. ред. В.В. Струве.11.Хрестоматия по история древного мира. М., 197512.Хрестоматия по история древного Греции. М., 1964.13. Кишварҳои ҷаҳон. Душанбе – 2007 .14. Энсклапедияи советии тоҷик.15. Т. Отахонов. Тамаддун. Душанбе -2006.
Искандари Мақдунӣ – (356 п. м. Пелла – 13. 06. 323 п. м. Бобул), шоҳи Мақдун аз соли 336, яке аз барҷастатарин сарлашкарон ва ходими давлатии дунёи қадим. Писари шоҳи Мақдун Филиппи II. Искандари Мақдунӣ аз соли 343 п. м. тарбияи файласуф Арастуро гирифта, таҷрибаи ҳарбиро аз падараш омӯхт. Баъд аз вафоти падараш (Филиппи II) қисме аз давлатҳои Юнон мехостанд аз иттифоқи Коринф озод шавад, аммо Искандар онҳоро бо воситаи зӯри мутеъи худ намуд. Ғайр аз ин қабилаҳои дигар аз тарафи шимолии Юнон ба ин ҷо (Македония) лашкар мекашанд, онҳоро низ Искандар пароканда намуд. Искандари 20 сола ҳанӯз аз синни 16-солагӣ дар вақти лашкаркашиҳои падараш давлатро идора мекард. Дар синни 18-солагӣ бори аввал соли 338 дар муҳорибаи назди Херонея, ки Юнонро забт кардани Мақдун анҷом ёфт, ҷасорат ва истеъдоди ҳарбии худро зоҳир намуд. Искандари Мақдунӣ ҳукмронии худро аз юриши (335) ба муқобили қабилаҳои шимолӣ – ғарбии иллириягиҳо, трибаллҳо ва ғайраҳо сар карда, онҳоро маҷбур намуданд, ки салтанати мақдуниёнро эътироф кунанд. Шӯришҳои зиддимақдуниён соли 335 п.м. ки дар шаҳрҳои Юнон сар шуданд, Искандари Мақдуниро водор сохтанд, ки фавран аз Юнони миёна омада исёни бардоштаро ором кунад. Баҳори соли 334 армияи Юнонию Мақдунӣ ба воситаи Гелеспонт (Дарданели ҳозира) ба Осиёи Хурд гузашта ба муқобили давлати Эрон ҷанг сар кард. Ин ҷанг тезу тунд шудани зидиятҳои дохилии полисҳои (шаҳр-давлатҳои) юнонӣ ва эҳтиёҷоти Мақдуну Юнон ба бозорҳои нав ба амал оварданд. Қӯшуни Искандари Мақдуниро 30 ҳазор аскарони пиёдагард, 5 ҳазор савора ва отрядҳои сабук ва яроқи ёрирасон ташкил мекарданд. Ба қӯшуни Искандари Мақдунӣ Антипарт, Птолеймей Лаг, Парменион, Филота, Пердикка ба Рим лашкаркашони моҳир роҳбарӣ менамуданд. Моҳи майи соли 334 п.м. қӯшуни Искандари Мақдунӣ дар наздикии дарёи Граника армияи эрониёнро торумор кард. Сипас Искандари Мақдунӣ фавран Осиёи Хурдро, ки шаҳрҳои юнони он (ба истиснои Милет ва Галикарнас) бо умеди аз зулми эрониён озод шудан дарвозаҳои худро ба рӯи ӯ кушоданд, забт намуд. Вай шаҳрҳоро озод ва мухтор эълон карда, волиёни эронии онҳоро меронд. Тирамоҳи соли 333 п.м. шоҳи Эрон Дорои III кӯшиш намуд, ки дар наздикии Исса ба қӯшуни юнониву мақдуни шикаст диҳад. Аммо қатъи назар аз се баробар зиёд будани миқдори эрониён шикаст хурданд ва худи Дорои III гурехт. Искандари Мақдунӣ муқобилияти шаҳрҳои финиқии Тир ва Гозаро бартараф намуда, тамоми бандарҳои соҳили шарқӣ баҳри Миёназаминро ишғол кард ва бо ҳамин флоти эрониҳоро аз базаҳояш маҳрум, ҳукмронии худро дар баҳр таъмин ва алоқаи қӯшунашро ба ақибгоҳ бехатар гардонд. Зимистони солҳои 332-331 п.м. армияи Искандари Мақдунӣ Мисрро забт кард. Сипас қӯшуни Искандар аз Миср ба ҷониби Байнаннаҳрайн равона шуд ва 1.10.331 п.м. дар наздикии Гавгамел ба қӯшуни эрониён, ки миқдоран аз мақдуниҳо зиёдтар буд, зарбаи қатъи зад. Дорои III ин дафъа низ роҳи гурезро пеш гирифт, вале дере нагузашта аз дасти волиёни худ кушта шуд. Марги Дорои III боиси он шуд, ки Искандар худро вориси ӯ эълон кунад. Искандар дар атрофи худ ашрофи эрониро ҷамъ карда аз шарқиён ба қӯшунаш сарбоз мегирифт ва дар дарбор маросимҳои дабдабанок ҷорӣ менамуд. Ин ҳол эътирози атрофиёни юнонию мақдунии ӯро ба вуҷуд оварда, боиси як қатор сӯйқасдҳо гардид, ки аз тарафи он беҳрамона пахш карда мешуданд (қатли лашкаркаши моҳир Филот, кушташудани рафиқаш Клит). Искандари Мақдунӣ юриши худро ба шарқ давом дода соли 330 п.м. қисми марказии кӯҳистони эронро ишғол кард ва соли 329 п.м. ба сарзамини Осиёи Миёна зада даромад. Ин яке аз юришҳои мушкилтарини Искандар буд. Барои мутеъ кардани халқҳои Осиёи Миёна ӯ қариб 3 сол ҷидду ҷаҳд намуд. Халқҳои ин сарзамин, ки пеш дар ҳайати давлати Хахоманишиҳо буданд ба истилогарони Юнону мақдунӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Истилогарон ноҳияҳои ободу хурамми ин сарзаминро ба харобазор табдил дода, аҳолии онро нобуд мекарданд. Махсусан сокинони Бохтару Суғд, ки бо роҳбарии Спитамен бар зидди истилогарон муборизаи диловарона мебурданд, аз тарафи Искандар бераҳмона нест карда мешуданд. Барои пурқувват намудани ҳокимияти худ Искандар ба таъсиси шаҳр – қалъаҳои дорои гарнизони пурзӯр, ки ҳамчун Искандарияҳо (мувофиқи ривоятҳо қариб 70) шӯҳрат ёфтанд, мепардозанд. Сиёсати ба ҳам наздик намудани юнониёну мақдуниён бо аъёну ашрофи маҳаллӣ махсусан дар Осиёи Миёна пурра зоҳир мегардад. Искандари Мақдунӣ Рухшона ном духтари бохтариро ба зани гирифта, ҷанговаронашро ба духтарони маҳалӣ хонадор мекард. Ба сакоиҳо, масагетҳо мулоқот ва намояндагони ин қабилаҳоро пазирои менамуд. Шоҳи Хоразм меҳмони Искандари Мақдунӣ шуда бо ӯ иттифоқи ҳарбӣ таклиф кард. Баҳори соли 327 п.м. Искандар аз низоъҳои байни ҳамдигарии ҳокими Ҳиндустон, Пор ва ҳокими шаҳри Таксила истифода намуда ба Ҳиндустони ғарбӣ (Панҷоб) лашкар кашид. Дар муҳорибаи назди дарёи Гидасп (шохоби дарёи Ҳинд) Искандари Мақдунӣ бо душворӣ қушуни Порро шикаст дод (дар ҳайати қӯшуни Пор 200 фили ҷангӣ буд, ки Мақдуниён онҳоро бори аввал медиданд). Искандар мақсад дошт юриши худро бо водии дарёи Ганг идома диҳад, вале аскаронаш, ки дар натиҷаи ҷангҳои дурру дароз ва касалиҳо хаставу беҳол шуда буданд, муқобилият нишон доданд. Ба ғайр аз ин дар қӯшуни Искандар сарбозони кирояи аз музофоти забтгардида ба хизмат ҷалб карда шуда зиёд буданд ва онҳо низ ба ин мақсади ӯ зид баромаданд. Дар наздикии дарёи Гифасис (шохоби шарқӣ дарёи Ҳинд) Искандар маҷбур шуд, ки дар бораи бозгашт фармон диҳад (соли 326 п.м.). Кӯшун ба ду тақсим шуда бо роҳи хушкию оби ба ғарб ҳаракат кард. Искандар Бобулро пойтахти худ қарор дод ва дар айни ҷӯшу хурӯши тайёрӣ ба юришҳои нав ногаҳон соли 323-пеш аз милод баъди касали вафот мекунад. Дар зарфи 10 сол Искандари Македонӣ дар натиҷаҳои забткориҳо давлати бузургеро ташкил намуд, ки он аз нимҷазираи Балкан то Панҷоби Ҳиндустон дар ҷануб ва шимол бошад, аз наздикиҳои дарёи Дунай то назди Баҳри сиёҳ, аз ғарб то Уқёнуси Ҳинд ва нимҷазираи Араб аз он ҷӯмла Миср ва Афина дохил мешуд. Ғайр аз ин ӯ давлати бузурги Форсҳоро низ мутеи худ намуда буд. Ин давлат аҳолии гуногунро дар бар мегирифт ва ба подшоҳони Форс тақлид намуда мегуфт, ки барои ман шароити пурдабдаба мӯҳаё намоед. Давлати ӯ давлати марказиятнок набуд. Ӯ писари калон ҳам надошт, ки давлатро баъди вафоти ӯ идора намояд. Дар сини 33 солаги ҳанӯз ҷасади ӯро нагуронда дар байни сарлашкарони ӯ мӯбориза ба амал меояд ва ба тези давлат аз байн меравад.Империяе, ки дар натиҷаи истилои Искандар ба вуҷуд омад, аз Дунай то Ҳинд кашол ёфта, бузургтарин давлати дунёи қадим буд. Аммо ин давлат, ки аз дарун пойдор набуд, баъди марги бунёдгузораш зуд пароканда шуд. Дар ҳудуди он як қатор давлатҳои эллинӣ ба вуҷуд омаданд.Давлатҳои элинӣ1. Шоҳигарии Птоломейҳо2. Шоҳигарии Селевкиён3. Шоҳигарии Антигониҳо4. Шоҳигарии Пергам ва Родос5. Бохтар, Суғд, Хоразм
Ба охир расидани паходҳои (ҳаракатҳои) Искандари Македонӣ, ба шарқ таърихи давраи охирони Юнон сар мешавад. Ин давраи Эллинизм мебошад, ки то омадани Римиҳо ба ҷазираи Балкан, Осиёи наздик ва Миср давом медиҳад. Дар ин давра (Эллинизм) тараққиёти сохти ғуломдорӣ пеш меравад. Дар сохти ғуломдорӣ якчанд таъғиротҳо ба миён меояд, ки ин алоқа байни шарқ ва ғарб ба вуҷуд меояд, ки ин маданияти Баҳри Миёназаминро хело бой мегардонад. Дар натиҷаи походҳои(ҳаракатҳои) Искандари Македонӣ дар ҳудуди шаҳр якчанд давлатҳои мустақил ташкил мешуд, ки сохти давлатдории онҳо-Манархия (якка ҳукмронӣ) мебошад. Ҳар яки онҳо аз тарафи македониҳо ё юнонониҳо идора карда мешуд. Аҳолии ин давлатҳо дар зери истисмори ду тараф монда буданд. Аз як тараф ашрофони маҳаллӣ аз тарафи дигар ашрофони Юнонӣ македонӣ истисмор мешуданд. Дар натиҷаи истисмори шарқ Юнониҳо тавонистанд, ки базаи иҷтимоии худро ташкил намоянд. Дар натиҷаи ин алоқаи Юнон бо давлатҳои шарқ мустаҳкам мегардид. Бисёр иншоотҳо аз Миср ёфт шуданд, ин иншоотҳоро дар рӯи папирус навиштаанд. Муалифони ин иншоотҳо, таърихшиносон Полибей, Диодори Сцилияги ва ғайраҳо мебошад. Аз рӯи гуфтаҳои ин таърихшиносон аз сабаби он ки Искандари Македонӣ ворис надошт аз рӯзи аввали вафоти вай дар байни сарлашкаронаш ҷанг сар мешавад. Дар натиҷаи ин ҷанг соҳиби қонунии ин тоҷу тахт бародари ӯгаи Искандар Аридей (Филиппи III) мешавад. Аммо дар ҳақиқат давлатро Пердикл идора мекунад. Дар Миср Искандар Македонӣ Птолемейро сардор таъин кард. Аммо сарлашкарони худро ба вазифаҳо интихоб кард. Сарлашкарони Искандари Македонӣ танҳо ҳоким буданд, ва ба Пердикл андоз медоданд. Птолемей дар Миср, Антигон дар Осиёи Хурд, Лисимах дар Фракия, дар Осиёи Миёна ва Ҳинд Селевк ҳоким буд. Аммо онҳо намехостанд, ки ба Пердикл итоат намоянд. Мубориза байни салашкарон 20-сол давом кард, ки дар таърих ин муборизаро муборизаи Диодохҳо меноманд, ки муборизаи сарлашкарон, аммо байни авлоди наздики ӯ низ мубориза мерафт. Аз рӯзи аввали вафоти Искандари Македонӣ мубориза байни Пердикл ва Птолемей сар мешавад. Пердикл ҷасади Искандари Македониро гирифта ба тарафи Македония раҳсипор мешуд. Птолемей ба маҷбурӣ ҷасади Искандарро гирифта бо тантана дар шаҳри Искандарияи Миср дафн мекунад. Пердикл ба Македония омада қушун ҷамъ карда ба муқобили Птолемей ба миср меравад. Аммо дар роҳ аз тарафи лашкари худ кушта мешавад. Баъди кушта шудани Пердикл Регенти Филиппи III Аридей ба ҷои ӯ Антипатор меояд. Дар давраи ӯ низ мубориза давом мекунад, ва ба ин мубориза Селевк низ ҳамроҳ мешавад. Аз ин ҷангҳо истифода бурда Антигон ва писараш дар Осиёи Хурд ва Сурия ҳукумронии худро паҳн менамоянд. Писари Антигон Диметрий инжинери ҳарби буд, барои ҳамин ба ӯ лақаби «Полиотек»-ро доданд. Ва ӯ тавонист, ки ҳудуди васеъро ишғол намояд. Парокандашавии Империяи Искандари Македонӣ баъди 20-сол анҷом меёбад. Дар муддати 20-сол Птолемей, Лисамах, Касандр, муттаҳид шуда ба муқобили Селевк мубориза мебурданд. Муҳорибаи ҳалкунанда соли 301-пеш аз милод дар назди деҳаи «Исп» ба амал меояд. Дар ин муҳориба Селевк Филҳои ҷангиро истифода мебарад. Дере нагузашта сулҳ байни онҳо баста мешавад ва онҳо якҷо шуда ба муқобили Антигон лашкар мекашанд. Дар ин мубориза, ки соли 301-пеш аз милод ба амал омад, Антигон ҳалок мешавад ва писараш ба тарафи шаҳри Арес мегурезад, ки он ҷо флоти баҳрӣ буд. Аз соли 301-пеш аз милод дар Империяи Искандари Македонӣ се давлати калони мустақил ташкил меёбад. Дар ҳар кадоми онҳо сулолаи алоҳидаи мустақил ҳукмрон буд:Сулолаи Птолемей дар Миср 1. Шоҳигарии Селевк дар Осиёи Миёна ва соҳилҳои шарқии Баҳри Миёназамин2. Шоҳигарии Антигон дар Юнону Македония, Пергам, ки дар Осиёи сағир ҷойгир аст.Сулолаи Птолемейҳо то солҳои 30-пеш аз милод, дар Миср ҳукумрони намуд, яъне то омадани Римиҳо. Дар солҳои аввали ҳукумронии худ Птолемейҳо ягон таъғирот нагузарониданд. Дар ин давра Мисри болои ва поёнӣ мавҷуд буд. Тағироти ягона ин буд, ки давлатро Юнониҳо идора менамуданд. Тамоми заминҳои Мисрро моликияти хусусии худ элон карданд, ва онро ба қитъаҳо ҷудо намуда ба ашрофони маҳаллӣ ба Юнониён иҷора медоданд, ва дар он замине, ки ашроф иҷора гирифта буд, ҳамаи зироате, ки Шоҳ иҷозат медод, ҳамонро кишт мекарданд.Птолемейҳо ба тарақиёти ҳаёти иқтисодиёти Миср аҳамияти калон медоданд. Дар давраи Птолемейҳо дар ихтиёри ибодатхонаҳо заминҳои калон буданд. Яке аз намояндагони сулолаи Птолемейҳо Птолемейи II Филоделф ба яке аз ибодатхонаҳо 3-ҳазор гектар замин тӯҳфа кард ба қӯшунҳои Македония ҳам заминҳо тӯҳфа карданд. Ин заминҳоро Клеруфия меноманд. Дар натиҷаи ин хел тақсимот аҳволи деқонон хело бад шуд.Аммо дар давраи Птолемейҳо аҳволи ҳунармандон ва савдогарон хело хуб шуд, чун ки онҳо ба ҳунармандон ва савдогарон аҳамият дода ба онҳо кӯмак мерасонданд. Шоҳибофӣ, коркарди оҳан, яроқсозӣ, равғанбарорӣ(зайтун), харидани ашиёи хом аз тарафи савдогарон зери назорати хизматчиёни давлатӣ буд. Ашёи хомро захира кардан мумкин набуд, бо мақсади тайёр кардани маҳсулоти хушсифат маоши ҳунармандон ҳам зери назорати давлат буд. Гузаштан аз як соҳаи ҳунармандӣ ба дигар ҳам бо иҷозати давлат қарор мегирифт.
Просмотрено: 5
lib.infopage.tj
Аз китоби «Тоҷикнома»
Боби 9. Искандари Макдунӣ ва ҷанги Юнон бо Ирон
(солҳои 356 — 323 то милод)
Чу Искандаре шоҳи Юнон шуд,Душоха мухофизи инсон шуд.
Вале шохи ӯ на зи ҳайвон буд,На аз меши кӯҳу зи говон буд.
Чунин ном ба ӯ дод мусалмони мо,Чаро зӯри ӯ буд чу ҳайвони мо.
Чу Зулқарнай(н)еро зи шоҳон буд,Магар аҳли Юнон на инсон буд?
Чаро номи таҳқир ба шоҳон шуд,Зи исломи аъроб ба Юнон шуд?
Тамаддуни орӣ ба Юнон рафт,Чу фарҳанги Эллин ба Румон рафт.
Бумеранги фарҳанг ба Ирон гашт,Тамаддуни Ашкону Сосон гашт.
Зи Сосон ба аъроб тамаддун расид,Тамаддуни Эллин ба гардун расид.
Тамаддуни ислом зи Эллин буд,Зи Сосону Ашкони дерин буд.
Чунин номи таҳқир ба шоҳон чаро,Ба аҷдоди Эллину Юнон чаро?
Сикандар зи шоҳони Макдун буд,Ки сарвар ба шоҳони гардун шуд.
Ва ин шуҳрати ӯ на афсона буд,Чаро марзи гардун ба ӯ хона буд.
Плутарх зи Юнон ривоят гуфт,Ки кохе зи Эфес Герострат сӯхт.
Сикандар дар он рӯз таваллуд шуд,Ва он рӯз ба Макдун чу мавлуд шуд.
Ва Филлипи Макдун падаршоҳ шуд,Ва Макдуни кӯчак шаҳаншоҳ шуд.
Сикандар ба сезҳдаҳ чу солаш расид,Арастуи устод ба ҳолаш расид.
Аз ин баъд Сикандар ба хониш буд,Чу ҷисмаш ба варзиши дониш буд.
Ҳеродот зи таърих ривоят бофт,Арасту зи мантиқ сиёсат сохт.
Сикандар зи таърих ривоят гирифт,Зи устоди мантиқ сиёсат гирифт.
Вале ҷангу кӯштан ривоят набуд,Сиёсат чу мантиқ ҳимоят набуд.
Филлип дод ба ӯ дарси кӯштанро,Буридан, кашидан ва сӯхтанро.
Буридан гиреҳро на мантиқ буд,Кашидан зиреҳро на мантиқ буд.
На кӯштан, на сӯхтан сиёсат буд,Чаро ҷанги тақдир — хиёнат буд.
Хиёнат ба умре, ки кӯтоҳ шуд,Хиёнат ба ақле, ки гумроҳ шуд.
Филлипро чу Павсаний кушт ногаҳон,Сикандар бишуд шоҳи юнониён.
Аз ин баъд Сикандар на хониш дошт,На варзиш ба ҷисму ба дониш дошт.
Чаро ҷангу сӯхтан чу дониш шуд,Буридан ва кӯштан чу хоҳиш шуд.
Ҳама марзи Юнон итоъат гирифт,Ва Балкан зи Юнон ҳимоят гирифт.
Шаҳаншоҳи Юнон ба қудрат расид,Чу киштии дарё ба суръат расид.
Ба Ирон Сикандар чу лашкар кашид,Сари Дори Ирон ба ханҷар кашид.
Ҳахома дар ин ҷанг муҳофиз буд,Сикандар дар ин ҷанг мубориз буд.
Марафони Юнон зи нав зинда шуд,Чу парчам ба Эллини оянда шуд.
Сикандар ҳама марзи Ирон гирифт,Шаҳаншоҳи Ирон ба Юнон гирифт.
На Дорои саввум дигар шоҳ буд,На Бесе чу қотил дигар шоҳ шуд.
Сикандар вале шоҳи Ирон накушт,Зи ғам пеши тобути Доро сӯхт.
Зи Лидо ба Ҳинду сари Мод рафт,Ба Мисру ба Портии аҷдод рафт.
Аз ин баъд ба Турон бизад лашкараш,Ба аҷдоди тоҷик бизад ханҷараш.
Ба Суғду ба Хоразму Бохтар расид,Сари кӯҳи Помири Ховар расид.
Кӯҳистони тоҷик чу Эллин шуд,Нигаҳдори фарҳанги дерин шуд.
Сикандар дар ин ҷанг ҷавонмарг шуд,Бишуд решааш хушку бебарг шуд.
Вале найзаи ӯ, ки рафт аз камон,Биафтид ба марзи ҳама ориён.
Дарахте бишуд сабз аз он дар замин,Чу рамзе ба фарҳанги олитарин.
(اسکندر مکدونی و جنگ یونان با ایران (سالهای 356 -323 تا میلاد
چو اسکندری شاه یونان شد،دوشاخه محافظ انسان شد.
ولی شاخ او نه ز حیوان بود،نه از میش کوه و ز گاوان بود.
چنین نام به او داد مسلمان ما،چرا زور او بود چو حیوان ما.
چو زولقرنی (ن) ی را ز شاهان بود،مگر اهل یونان نه انسان بود؟
چرا نام تحقیر به شاهان شد،ز اسلام اعراب به یونان شد؟
تمدّن عاری به یونان رفت،چو فرهنگ ایلّین به رمان رفت.
بومیرنگ فرهنگ به ایران گشت،تمدّن اشکان و ساسان گشت.
ز ساسان به اعراب تمدّن رسید،تمدّن ایلّین به گردون رسید.
تمدّن اسلام ز ایلّین بود،ز ساسان و اشکان دیرین بود.
چنین نام تحقیر به شاهان چرا،به اجداد ایلّین و یونان چرا؟
سیکندر ز شاهان مکدون بود،که سرور به شاهان گردون شد.
و این شهرت او نه افسانه بود،چرا مرز گردون به او خانه بود.
پلوترخ ز یونان روایت گفت،که کاخی ز ایفیس گیراسترت سوخت.
سیکندر در آن روز تولد شد،و آن روز به مکدون چو مولود شد.
و فیلّیپ مکدون پدرشاه شد،و مکدون کوچک شهنشاه شد.
سیکندر به سیزهده چو سالش رسید،ارسطو استاد به حالش رسید.
از این بعد سیکندر به خوانش بود،چو جسمش به ورزش دانش بود.
هیرادات ز تاریخ روایت بافت،ارسطو ز منطق سیاست ساخت.
سیکندر ز تاریخ روایت گرفت،ز استاد منطق سیاست گرفت.
ولی جنگ و کوشتن روایت نبود،سیاست چو منطق حمایت نبود.
فیلّیپ داد به او درس کوشتن را،بریدن، کشیدن و سوختن را.
بریدن گره را نه منطق بود،کشیدن زره را نه منطق بود.
نه کوشتن، نه سوختن سیاست بود،چرا جنگ تقدیر-خیانت بود.
خیانت به عمری، که کوتاه شد،خیانت به عمری، که گمراه شد.
فیلّیپ را چو پوسن بکُشت ناگهان،سیکندر بشد شاه یونانیان.
از این بعد سیکندر نه خوانش داشت،نه ورزش به جسم و به دانش داشت.
چرا جنگ و سوختن چو دانش شد،بریدن و کوشتن چو خواهش شد.
همه مرز یونان اتاعت گرفت،و بالکن ز یونان حمایت گرفت.
شهنشاه یونان به قدرت رسید،چو کشتی دریا به سرعت رسید.
به ایران سیکندر چو لشکر کشید،سر دار ایران به خنجر کشید.
هخامه در این جنگ محافظ بود،سیکندر در این جنگ مبارز بود.
مرفان یونان ز نو زنده شد،چو پرچم به ایلّین آینده شد.
سیکندر همه مرز ایران گرفت،شهنشاه ایران به یونان گرفت.
نه دارای سوم دیگر شاه بود،نه بیسی چو قاتل دیگر شاه شد.
سیکندر ولی شاه ایران نکُشت،ز غم پیش تابوت دارا سوخت.
ز لیدا به هند و سر ماد رفت،به مصر و به پارتی اجداد رفت.
از این بعد به توران بزد لشکرش،به اجداد تاجیک بزد خنجرش.
به سغد و به خوارزم و باختر رسید،
سر کوه پامیر خاور رسید.
کوهستان تاجیک چو ایلّین شد،نگهدار فرهنگ دیرین شد.
سیکندر در این جنگ جوانمرگ شد،بشد ریشهاش خشک و بیبرگ شد.
ولی نیزة او، که رفت از کمان،بيفتید به مرز همه آریان.
درختی بشد سبز از آن در زمین،چو رمزی به فرهنگ عالیترین.
misol.tj
Наќша
Сарсухан
Маданияти Хараппа. Соли 1875 бостоншиноси англис А.Канингҳем дар Хараппаном маҳалаи панљоби Ѓарбии Покистони имрўза мўҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаљот дошт. Ин бозёфт диќќати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он љо ҳарфиёт давом кард. Дар натиља шаҳрҳои Хараппа ва Мохенљо –Даро ёфт шуданд. Аз руи маҳали бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номиданд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои Балуљистон ва Синд ба даст омадаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтаќаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварї ва косибї Рушду нумўъ карда будааст.
Маданияти Хараппа хусусияти маҳалї дошта, зинаи баландтарини рушди маданияти ќадимаи Ҳиндустон меьошад. Дар рушди маданияти Хараппа наќши дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксарияти бошишгоҳҳои мансуби вокеъи гардидаанд. Маданияти Хараппа дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба љануби нимљазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100км ва аз ғарб ба шарќ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.
Умри маданияти Хараппа . умри маданияти Хараппаро олимон бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд.: ба воситаи солшумории ҳиндї, байнаннаҳрайнї, сумерї, муќоисаи бозёфтҳои бостонї ва роҳу усулҳои дигар. Ҳамин тариќ, оғози маданияти Харапаро соли 2300 пеш аз мило два хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муќарар намудаанд.
«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г
Шаҳрҳои Хараппа. Дар натиљаи ҳарфиёти бостонї якчанд шаҳрҳои калони маданияти Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо Хараппа ва Мохенљо –Даро мебошанд.
Шахрхои маданияти Хараппа аз рўи сохт ба ҳамдигар монандї доранд. Шаҳрҳои калон аз ду ќисми асосї иборат буданд. Қисми якум ќалъа, ки дар онљо ҳукумати шаҳр љойгир буд ва дуюми он: шаҳри поён: мебошад дар шаҳри поён: асосан хонаҳои истиќоматї љойгир будаанд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунља дошт. Қалъа Дао љои баланд шуда Буда, ќисми сокинонашро аз обхезї муҳофизат мекард. Вай ба шаҳри поён: бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд. Дар дохили ќалъа ҳуљраҳои ибодат кунї ва идораи шаҳр мављуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар ќалъаи Мохенљо-Даро ҳавзи калоне мављуд буд, ки он бо максади иљрои маросимҳои динї сохта шудааст. Тавассути ќубури махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маљлисгоҳ монанд воќеъ гардида буданд. Масолеҳи асоси бинокорї хишти пухта буд лекин бинокорон дар ин кор аз хишти хом ҳам истифода мебурданд. Шаҳрдору шаҳрсохо ба таъминоти об ва тоза нигоҳ доштани шаҳр диќќати калон медоданд. Қариб хар як бино (хона) чоҳи об мављуд буд низоми тоза нигоҳдории (канализация) –и Хараппа яке аз беҳтаринҳо дар тамоми Шарќи ќадим мебошад. Дар кучаҳо хавзчаҳои махсус сохта шуда буданд, ки ифлосиҳо дар онҳо такшин мешуд. Баъд аз ин оби тоза аз ҳавз ба љўйи умумї мерехт. Ин љўйборҳо аз хишти пухта сохта шуда, болои онҳо тахтасангҳо пушонида мешуд.
Машғулияти ахолї. Ќисми зиёди аҳолии Хараппа дар деҳот зиндагї мекард ва ба чорводорию кишоварзї машғул мебуд. Водии дарёи Ҳинд яке аз марказҳои зироаткори Хараппа Буда ќадимтарин дар Шарќ мебошад. Ҳафриёт нишон дод, ки аҳолии Хараппа бо навъҳои гуногуни гандум, љав, кунљид, лубиё, нахуд, наск, мушунг, ва ғайра шинос будааст.
Энциклопедияи совети тољик Душанбе 1983 с ќ IV
Мардуми инљо ба шоликорї машғул будаанд. Аз Мохенљо –Даро порае начандон калоне гозворҳам ёфт шудааст, ки он ҳам мављудияти пахтакорї дар инчо шаходат медиҳад. Аҳолии Хараппа ба боғи токпарвари низ машғул буд. Барои зироаткаории оби кишоварзон ва боғдорон аз мадди дарёи Ҳинд хуб истифода мебурданд. Дар зиндаги мардуми Хараппа чорводорї аҳамияти калон дошт. Аз ҳайвоноти хонагї бузу гусфанд, гову гурба ва саг ба онҳо маълум будаанд. Дар ҳамин давра ҳиндуҳо филро ром карда будаанд. Косибони Хараппа аз мисс ва биринљи олоти меҳнат, зарфҳо, силоҳ ва аз тилою нуќра маснуоти заргари тайёр мекарданд. Ба маснуоти заргари аъёну ашрофи Хараппа эҳтиёљи калон доштанд. Косибони Хараппа инчунин ба бофандагї, кандакорї дар филизу устухон ва кулолгари машғул буданд.
Дини Хараппа. Дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои динии давраи маданияти Хараппа бисёр ёфт шудаанд. Ҳайкаалҳои Худоҳои ҳиндухои ќадим симои мардона доштаанд. Яке аз Худоҳои Хараппа Шива буд. Дар рўи яке аз муҳрҳои аз Хараппа ёфта шуда Худои серўя инъикос гардида аст, ки мўйи сараш мисли мўї сари шоҳ оро дода шуда буд. Дар ду тарафи тасвири Худо Ким-чи хел ҳайвонҳои ваҳшї истодааст. Мувофиќи тасаввуроти динии ҳиндуҳои он ваќта Худоҳо дар шакли хайвонҳои алоҳида инъикос карда мешуданд. Худо Шива ва барзагове, ки «Нандин» ном дошт, монанд ҳисобида мешуд.
Хат. То замони мо зиёда аз 1000 адад муҳрҳо маснуоти сафолию килизии навиштаљотдоре ёфт шудааст, ки ба маданияти Хараппа тааллук доранд. Дар болои ашёҳои номбурда ќариб 400 аломат истифода шудааст. Ҳиндуҳо барои ифода раќамҳо низ аломатҳо доштаанд. Онҳоро бо воситаи хатчаҳои гуногун ифода мекарданд. Хатти Хараппа аз тарафи рост ба чап навишта ва Хонда мешуд. Мутаасифона олимон то ҳол хатти Харапаро Хонда натавонистанд.
Бобби II
Дар бораи дар Ҳиндустони ќадим паҳн гардидани ќабилаҳои ориёи ёдгориҳои маданияти хаттии ҳиндустон ва махсусан «Ригведа» маълумот медиханд. Дар 1000 солаи II пеш аз милод ќабилаҳои ориёї аз Ѓарб ба љониби шимол ва Шарќи Ҳиндустон ҳаракат мекунанд. Ин раванд давраи дуру дарозро дар бар гирифтааст. Солҳо ва асрҳо мегузаштанд. Дар ин давра ќабилаҳои ориёї дар Ҳиндустони ќадим сокин шудан гирифтан. Дар Панљоб ќабилаҳои Дравидҳо, ќабилаҳои дигари ориёї дар маҳалҳои Ҳиндустони Шимолї Шарќї сокин шуданд. Ќабилаҳои маҳҳалї ва муҳољирони ориёї муќобилияти сахт нишон медоданд. Дар ин сурат ориёихо маљбур мешуданд, ки аз ќувва истифода баранд. Дар ноҳияҳои шарќии мамлакат ќабилаҳои маҳаллии мундҳо сокин буданд. Онҳо ба муќобили ориёиҳо бархостанд дар ин љанг ориёиҳо дастболо шуданд. Онҳо мундҳоро ба љониби љангалзор танг карда буданд. Ќабилахои ориёї бо мурури замон ба ќабилаҳои маҳаллї омезиш ёфта, халќї ҳиндухоро ташкил намуданд.
Ин халќ минбад маданияти худро ба вуљуд овард.
Љомеъаи Ҳиндустони 1000 солаи II ва нимаи авали 1000 солаи I пеш аз милодро љомеъаи ведои меноманд, ки он аз руи ёдгории маданияти хаттии он давраги ҳиндуҳо-«Ведҳо» бармеояд.
Машғулияти аҳолї. Шуғли кишоварзї аз аҳолї талаб мекард, ки ба зиндагии муќими гузарад. Кишоварї инчунин ба истифодаи олоти кори бо ҳамин сабабгор шуд. Олоти кори аз оҳан сохта шуда нисбат ба олоти миссию биринљи мустаҳкамтар ва сермаҳсулоттар буд. Ба воситаи олоти оҳанин аз худ кардани заминаҳои серљангали води дарёи Ганг осонтар шуд. Оҳан, ғайр аз ин ба обёрии зироату боғҳо кумак мерасонад. Аҳолии давраи Ведои Ҳиндустон љав, гандум, шоли, зироатҳои лубиёги парвариш мекарданд. Шоли ба ориёиҳо то ба Ҳиндустон омаданашон маълум набуд. Парвариши онро ориёиҳо аз ќабилаҳои маҳали омухтанд.
Авдиев В.И «История деревного Востока» Москва 1953 с
Мардуми љомеаи Ведои ва чорводори, обчакори ва боғу токпарвари машғул буданд.
Давлатҳои аввалин. Нобаробарии молу мулки дар Ҳиндустон ба пайдоиши табаќаҳо сабаб мешавад. Пайдоиши табаќаҳо, дар навбати худ, давлатро ба вуљуд овард.
Ќабилахои ведои аввал дар ганҳо зиндаги мекарданд, ки онҳо љамоатҳои авлодию ќабилави буданд. Баътар онҳо дар љомеаҳое зиндаги мекарданд, ки хусусияти табаќави доштанд.
Ќиссаҳои ќадимаи ҳиндї, ки дар бори ба вуљуд омадани ҳокимияти шоҳи шаҳодат медиҳанд, љолиби диќќаттанд. Мувофиќи яке аз ин ќисаҳо дар љомеаи ведої аввал шоҳ вуљуд надоштааст, ҳама баробар буданд. Ахлоќро ҳама љиддан риоя мекардаанд. Сипас аксарияти аъзои љомеа ва хусусан одамони доро ахлоќро вайрон мекарданд. Одамони зуровар одамони камќуватро мехурдаги мешаванд. Баъди ин кор Худои асоси Брахма ҳокимияти шоҳ ва илми љазодиҳиро таъсис мекунад. Мувофиќи ќисаи дигар одамон худашон шоҳро интихоб мекарданд, ки онҳоро муҳофизат кунад.
Аз рўи ибтидоии матни ведои аввал рољаҳоро худи халќ интихоб мекардааст. Дар «Ригведа» ва «Атхарваведа» сурудҳое ҳастанд, ки ба интихоб гардидани шоҳ бахшида шудаанд. «Халќ туро интихоб мекунад, ки дар идора кунї», гуфта мешавад. Дар яке аз сурудҳои «Атхарваведа». Дар љомеъаи ведоии Ҳиндустон давлатҳои бисёре вуљуд доштанд. Кошала, Каши, видеха Магатҳа аванти аз ќабили давлатҳои ќадимтарини онҳо мебошанд.
Сохти кастагї. Гуруҳи одамонеро, ки дар дохили љомеа ҳуќуќҳояшон маҳдуд карда шудаанд, дар Ҳиндустони ќадим «Љати» меномиданд. Дар ончо инчунин табаќаҳо – Ватна (яъне каста)-ҳо ба вуљуд меоянд. Онҳо Барахманҳо, Кшатриҳо, Вайштҳо ва Шудраҳо мебошанд. Ҳар кадоми онҳо дар љомеаи ведои маќоми худро дошт. Ашрофи ҳарби Варнаи кшатриро ташкил мекарданд, коҳинон – Барахманҳоро, љамоатчиёни озод=вайшҳо ва варнаи шудраҳо зинаи аз ҳама пасти ин љомеаро ташкил менамуданд.
Мансаби шоҳиро танҳо намояндагони варнаи кшатриҳо ишғол карда метавонистанд. Дар он лашкар ва вазифаҳои муҳимтаринро кшатриҳо соҳиби мекарданд. Чи тавре ки дидед, бараҳманҳо ва кшатриҳо дар љамъият мавќеи имтиёзнок дошта, онҳо ҳар ду ба табаќаи ҳукумронро ташкил менамуданд. Онхо аз ҳисоби меҳнаткашон рўз мегузарониданд. Аз ҳама корҳои вазминтаринро шудраҳо иљро мекарданд. Ҳуќуќҳои ин табаќа нихоят паст буданд.
Маданияти давраи ведої. Матнҳои ведої имконият медиҳанд, ки ба дини давраи ќадими шинос шавем. Дини хиндуёни кадим дар тулии чандин аср ташакул ёфтааст. Мувофиќи нишондоди дини ведої мардуми ҳинду ба Худоҳои зиёде этиќод доштанд. Яке аз Худоҳои машҳуре, ки ба воќеаҳои табиат алокаманд аст, Индра мебошад. Худо Индра ҳимоятгари тартиботи љаҳони низ ба ҳисоб мерафт. Осмон дар ихтиёри Худо Варуна буд. Гуё ки у да руз ба аробааш савор шуда, дар осмон сайру гашт мекунад. Худоҳо ба некхоҳ ва бадхоҳ таќсим мешуданд. Худои раъду барк ва туфон Рудра хислатҳои манфи дошт. Ў бо Худоҳои дорои хислати мусбат муќобил гузошта мешуд.
Адабиёти ведои ёдгории ќадимтарини хаттии Ҳиндустон мебошад.Ба он матнҳои давраҳои гуногуни таърихи Ҳиндустон дохил карда шудаанд.Чанд маљмўаи онро ном мебарем.Маљмуаи сурудҳо-самхитҳо: «Ригведа»(маљмуаи сурудҳо), «Смаведа»(маљмуаи сурурўдхони), «Ячурведа» (маљмуаи усулҳои ќурбони кардан).Баъди ин «Бараҳманҳо»-шарҳи матни расму оинҳо ва самхит – «Араняки»(китоби љангали) ва «Упанишадҳо» — рисолаҳои динию ахлоќи дар охирҳои 1000 солаи II пеш аз милод тартиб дода шуда, аз 1028 суруд иборатанд. «Махабхарата» ва «Рамаяна» дар охирҳои асри IV пеш аз мелод ва то асри IV милодї офарида шудаанд.Дар «Рамаяна»воќеъаи Ҳиндустон ворид шудани ќабилаҳои ориёї инъикос ёфтааст.Ин ќиссаҳо хеле бузурганд. «Махабхарата» аз 100 ҳазор шлок «Рубої» ва «Рамаяна» аз 2400 шлок иборат мебошад.
Давлатҳои Ҳиндустон. Дар таърихи Ҳидустони ќадим яке давраҳои муҳимтарин оғоз меёбад.Давлатчаҳои сершумори он ба давлати марказиятноки ягона муттаҳид мешаванд.Он давраи Магаду Маврҳо ном дошта, ќариб 4 аср давом кардааст.
Давлати Магадҳо. Асосгузори сулолаи Хариакҳо Бамбисар дар нимаи дуюми асри VI-аввали асри V пеш аз милод давлати Унуро ба давлати худ мутаҳид кард.Дар давраи ҳукумрони писари Бамбисар Аљаташатра давлати магатҳо ба давлати пуриќтидортарини води дарёи Ганг табдил меёбад.Ба Аљашатра лозим омад,ки бар зиди давлати Личханҳо мубориза баранд.Аљаташатра оќибат ба он ғолиб мебарояд. Баъди ин навбат ба давлати дигари пурзур Аванти мерасад, ки дар Ҳиндустони ғарби вокеъ буд ва онро хам маглуб намуда ба мамлакати худ ҳамроҳ мекунад. Барои мустаҳкам кардани иќтидори давлатї Магатҳо писари Ачаташатра Удаин (солҳои ҳукумрониаш 461-446) пеш аз милод, ки шоҳи навбатии ин сулола буд, пойтахти давлатро аз Раљагриха ба Паталипутра кучонд. Ин шаҳр да оянда ба маркази калонтарини Ҳиндустони ќадими табдил ёфт.
Давлати Нандҳо. Дар давраи лашкаркашиҳои Искандари маќдуни дар паталипутра солҳои 345-317 сулолаи Нандҳо ҳукумрони мекард. Дар рафти лашкар каши Искандари Макдуни ба давлати ҳуљум кардани мешавад. Дар ин вакт дар Нанд Аграмас ном шоҳ ҳукумрони мекард. Ҳокимони маҳалие, ки мухолифони нандхо, буданд ба Искандар дар бораи ќувваҳои ҳарби он давлат хабар мерасонанд. Искандар аз ҳамин сабаб бе талафоти калон давлати Нандҳоро забт мекунад, вале дар он љо намемонад. Аграмас ҳукумрониашро дар нанд давом медиҳад. Нандҳо лашкари пурзури дорои ќариб 200 ҳазор пиёда Аскар, 20 ҳазор савора, 2 ҳазор аскари савори аробаи љанги ва 3-4 ҳазор фили љанги ташкил карда буданд. Чунин лашкарро таъмин карда кори осон набуд. Барои ҳамин Нандҳо ба халќ андозҳои вазмин бор карда , дар Айни замон бар зидди ҳокимони маҳалии саркаш мубориза мебурданд ва онҳоро мағлуб карда, ба итоати худ медароранд.mИн кор барои ба вуљуд омадани давлати нави марказиятноки ҳинди-маврҳо замина мегузорад.
Империяи маврҳо. Шоҳи аввалини сулолаи Маврҳо Чандра Гупта мебошад. Дар бораи давраи љавонии ў сарчашмаҳои буддої накл мекунанд. Гўц\ё ки љандра Гупта ҳангоми таҳсил бо устоди мушовири ояндаи худ –Чанак вомерурад. Чандра Гупта ҳамроҳи Чанак наќшаи соҳиб шудани тољу тахти Нандҳоро мекашад ва бо ёрии ў онро амалї мекунад.
Муборизаи Чандра Гупта бар зиди Нандҳо дуру дароз ва ниҳоят мушкил буд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда зиёда аз 1 милион љанговар, талаф шуд. Оќибат Чандра Гупта ба тахти подшоҳии давлати Маврҳо менишинад. Ў ин корро барваќтар карда метавонист, вале Искандари Маќдунї, ки ба Ҳиндустон ҳамла карда буд, халал расонд. Чандра Гупта дар империяи Маврҳо ҳукумро буд ва барои мустаҳкам кардани ин давлат љидду љахди бисёре кардааст. Баъд аз сари Чандра Гупта ҳокимият ба писари ў Биндусар мегузарад, ки ў солҳои 297-272 ҳукумронї кардааст. Дар давраи ҳукумронии Биндусар давлат ноором буд. Дар он шуришҳо Сар зада, ҳокимияти шоҳро суст мекарданд. Баъд аз вафоти Биндусар дар байни писарони ў барои тољу тахти давлатї мубориза Сар шуд. Оќибат дар Паталипура солҳои 272 пеш аз милод ба ҳокимият Ашок соҳиб мешавад. Салтанати ў дар империяи Маврҳо то соли 232 пеш аз милод давом мекунад. Дар давраи ҳукумронии Ашок давлати Маврҳо ба дараљаи баландтарини тараќиёти худ мерасад. Ба Ашок лозим омад, ки ба давлати пуркуввати Калинга, ки дар соҳилҳои халиљи Бангола вокеъ буд, љанг кунад. Дар ин љанг Ашок 150 ҳазори љанговари душманро асир гирифта, 100 хазори дигарро мекушад. Калинга ба давлати Маврҳо ҳамроҳ карда шуд. Бо ин Иаврҳо роҳи мухимтарини обиро ба даст дароварданд. Ашок дар давлатдорї маҳорати баланд дошт. Ў бо шоҳҳои давлатҳои бисёре, масалан, бо шоҳи Селевкиён Антиоҳ, ҳокими Миср Плотимей, шоҳи Македония Антигон Гонат ва дигарон муносибатҳои дўстона барќарор кард. Сафирони Ашок ба давлатҳои зиёди дуру дароз сафар карда, супоришҳои подшоҳро иљро мекарданд.
Давлати Маврҳо соли 206 пеш аз милод аз тарафи шоҳи Селевкиён Антиохи Бузург барҳам зада шудааст.
Љумҳуриятҳои Ҳиндустон. Дар давраи Магадаҳою Маврҳо давлатҳои љумҳуриявие, ки дар сарчашмаҳои ќадимаи Ҳиндустон бо истилоҳи «гана» ва «сингха» ишора шуданд, мављуд буданд. «Ганаҳо» ва «сингхаҳо» дар идоракунии давлат маќоми калон доштанд. Дар сарчашмаҳои ќадима якчанд намуди давлатҳои љумҳурияивии Ҳиндустон ном бурда мешавад.
Дар сарчашмаҳои хаттии будої дух ел давлат нишон дода шудааст-мутлаќият дар зери ҳокимияти шоҳ ва мамлакатҳое, ки ба воситаи «ганаҳо» ё худ «сингхаҳо» идора карда мешавад. Ганаҳо ва сингхаҳо тараќикардаи давраи Маврҳо давлатҳое буданд, ки дар онҳо ҳокимияти ягонаву мутлаќи шоҳ вуљуд надошт, яъне онҳо љумхурї буданд. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти шоҳї мероси набуд. Сардори давлат интихоб ва ё аз тарафи «гана» ё «сингха» -ҳо таъин карда мешуд. Барои интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаи шоҳї меъёри асосї хизматҳои номзад буд. «Гана» ё «сингха» дар сурати зарури метавонист шоҳро аз вазифааш озод кунад.
Иљрои ќарорҳои ќабулкунандаи ганаҳо ва сингхаҳо аз тарафи ҳама ҳатмї буд. Ба онҳое, ки ќарорҳои Гана ё сингхаро иљро намекарданд, љаримаи калон меандохтанд.баъзан дар ҳаќќи гунаҳгор ҳукми ќатлро ба кор мебурданд. мансабдорони давлатиро ҳам Гана ва сингха таъйин мекард. Бинобар ин, онҳо намояндаи Гана ва сингха ҳисобида мешуданд.
Хулас, идоракунии давлатҳои љумҳуриявии Ҳиндустони ќадим давраи Магадҳо ва Маврҳо дорои унсурҳои демократии идоракунї бўд. Лекин, чи тавре ки дидем, он унсурҳои ғайридемократї ҳам дошт.
Бобби III
Маданияти Ҳиндустон. Дар замони Магаду Маврҳо дар Ҳиндустони ќадим маданият хеле инкишоф ёфт. Он дар пешравии маданияти халќҳои љаҳон саҳми арзанда гузоштааст.
Хат. Хате, ки дар Ҳиндустони ќадим ба вуљуд омада буд, махсусан, дар асри III пеш аз милод ба таври васеъ пахн мегардад. Дар ин бора навиштаљоти давраи шоҳи ашок, ки дар ҳудудҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ёфт шудаанд, низ шаҳодат медиҳанд. Онҳо ба хатҳои брахмї, арамеї, кхароштҳї, юнонї ва бештар бо хатти брахмї навишта шудаанд.
Ёбарои навиштан барги дарахти нахл ҳамчун коғази истифодаи бурда мешуд. Ёдгориҳои хаттии дар барги ин дарахт навишташуда то замони мо омада расидаанд. Навиштаљоти асри II пеш аз милод шоҳиди он аст, ки дар ин давра ҳам якчанд намуди хатти брахмї вуљуд доштааст. Дар китоби буддоии «Лалитавистара», ки ба ибтидои солшумории милодї таалуќ дорад, 64 намуди ин хат ёдоварї шудааст. Онҳо дар асоси хатҳои маҳаллии будої ва хориљї тартиб дода шуда буданд. Хат дар хаёти ҳиндуёни ќадим маќоми баланд дошт. Китобҳои муќќаддаси динї ба воситаи он навишта мешуданд.. шоҳону амалдорон ва тољирон барои доду гирифт ва мукотиба аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.
Донишҳои илмї. Дар замони Магаду Маврҳо риёзї, ситорашиносї, тиб ва забон ба вуљуд омаданд.
Яке аз олимони бузурги Ҳиндустони ќадим Панини, ки дар асрҳои V-IV пеш аз милод зиндагї кардааст, оид ба забон «Аштадхияи» («Ҳашткитоб») ном китоберо талиф намудааст. Сифати таҳлил ва сабки навишти асари ин олим хеле љолиб аст. Дар асри IV пеш аз милод «Аштахидяи»-ро олими дигари ҳинд Катяяна дар китоби худ шарҳ медиҳад. Дар асри II пеш аз милод Патанчали ном олими дигар граматикаи забони ҳиндиро таълиф мекунад. Ин асарҳои илмї барои инкишофи забон ва забоншиносї дар Ҳиндустони ќадим хизмати калон кардааст.
Дар давраи ҳукумронии Магаду Маврҳо Ҳиндустон китобҳои зиёди буддої офарида шудаанд. Ќонуни будої солҳои 80-ум пеш аз милод дар Сейлон талиф шуда буд. Дар худи ҳамин ваќт дар адабиёти ҳинд шеър ҳам пайдо мешавад, ки онро «кавя» меномиданд. Дар соҳаи усули идораи давлат низ асарҳои илмї навишта мешуданд. Яке аз онҳо «Артхашастра» ном дошт. Онро амалдори олимаќоми шоҳи маврии Чандра Гупта –каутил таълиф кардааст. Каутил дар китоби худ ќайд мекунад, ки давлат на ҳама вакт вуљуд дошт. Он барои ба низом даровардани тартибу интизом ва ќонуният ташкил карда шудааст. Каутил ба шоҳ мурољиат карда, менависад, ки ў бояд халќи худро аз беадолати бедодгарї ҳимоя кунад. Ошубҳои дохилї, менависад ў, нисбат ба хавфи хориљи хатарноктаранд, зеро онҳо имконият фароҳам меоранд, ки мардум ба шоҳ ва ҳокимияти мављуда бовар накунанд. Дар асри Каутил ба маќоми корҳои махфии давлатї диќќати калон дода мешавад. Ў дар идоракунии давлат љазоро хеле муҳим мешуморад. Он ваќт илм дар бораи давлатро «илм дар бораи љазо» меномиданд.
Илми ситорашиносї ҳам арзи вуљуд карда буд. Олимони Ҳиндустони ќадим ҳаракати офтобу моҳтоб ва ситораҳоро меомўхтанд. Дар натиљаи ин онҳо таќвими ќадимаи ҳиндиро сохтанд. Мувофиќи он соли борат аз 12 моҳу ҳар моҳ 30 рўзиро дар зарфи хар 5 сол як маротиба ба воситаи «моҳи 13-ум» ислоҳ мекарданд. Рисолаҳои ќадимтарини ситорашиносии ҳиндї ба асри VI пеш аз милод рост меояд. Ситорашиносони ҳиндї ҳанўз ҳамон ваќт муайян карда буданд, ки замин дар атрофии меҳвари худ давр мезанад ва моҳ рўшноиро аз Офтоб мегирад.
Ҳиндуёни ќадим дар инкишофи илми риёзї хам саҳми калон гузоштаанд. Ба ҳисоб дохил кардани «0» -«холї» («сифр») кашфиёти хеле муҳим буд. Ба раќамҳои 1,2,3,3,4,5,6,7,8,9 сифр ҳамроҳ карда, ин раќамаҳоро даҳ, сад, ҳазор ва миллион баробар зиёд мекарданд. Масалан, ба раќами 1 сифр ҳамроҳ карда, раќами «10», ду сифр ҳамроҳ карда, раќами 100, се сифр ҳамроҳ карда, раќами 1000-ро ба вуљуд меоварданд. Раќамаҳоро дар љойҳои сифрҳо ҳам гузошта, раќами заруриро ҳосил менамуданд.
Санъат. Дар давраи Магду Маврҳо дар Ҳиндустон ду намуди санъат меъмори ҳайкалтароши бештар тараќќї кард.
Биноҳоро дар ин давра асосан аз чўб месохтанд. Бинобар ин то замони мо танҳо харобаҳои онҳо боќї мондаанд. Онҳо дар бораи санъат баланди меъмори онваќтаи Ҳиндустон гувоҳї медиҳанд. Устоҳои ҳиндї дар сохтани бино батадриљ аз санг бештар истифода мебурданд. дар натиљаи ҳафриёт дар љои шаҳри Паталипутра харобаҳои ќасри шоҳ ёфт шудаанд, ки он 100 сутуни боҳашамат дошта, бо ҳайкалҳою кандакорї зебу зинат дода шудааст.
Меъмори Ҳиндустон дунявї ва динї буд. Ибодатхонаҳои буддої дар Санља ва Бпархута ёфта шудаанд. Онҳо тахминан ба асрҳои III-II пеш аз милод рост меоянд.
Биноҳо, ќасрҳо ва ибодатхонаҳо аз ҳайкалҳо пур буданд. Дар расм мебине, ки дар ќисмати болоии сутун ҳайкали чор Шер истодааст. Онҳо бо санъати баланд ва табъи хосаи ҳайкалтарошони Ҳиндустони ќадим офарида шудаанд.
Дини Ҳиндустони ќадим. Дини ҳиндуёни ќадим замони Магаду Маврҳо аз этиќодҳои динии ќадимтарини халќҳои Ҳиндустон оғоз меёбад. Онҳо дар он ваќт ќувваҳои табиатро мепарастиданд.парастиши оташ дар Ҳиндустон ҳам паҳн шуда буд. Оташро ҳиндуёни ќадим сардори муќќадаси хона меҳисобиданд. Баъдтар дар Ҳиндустон дини бараҳманї паҳн гардид. Мувофиќи таълимоти ин дин љамъият аз кастаҳои алоҳида иборат аст.
Дар асри VI пеш аз милод дар Ҳиндустон дини буддоия ба вуљуд омад. Дини нав минъбад дини бараҳмания ва динҳои дигарро танг карда баровард. Ин дин асри III пеш аз милод ќариб дар тамоми Ҳиндустон паҳн гардид. Сабаби ғалабаи дини будоия он буд, ки дини бараҳманї мардумро ба костаҳо људо мекард.
История уревного мира М.1989
Ҳиндустон кишварӣ аст дар қорраи Осиё. Ҷумҳурии Ҳиндустон дар мамлакати Чануби Осиё ҷойгир шуда, қисми зиёди онро нимҷазираи Индостан гирифтааст. Хиндустон аз тарафи ғарб бо Покистон, аз тарафи шимолу-шарқ бо Хитой, Непал ва Бутаном ва аз тарафи шарқ бо Бангладеш ва Мьянмой хамсархад мебошад. Гайр аз ин Хиндустон аз тарафи чануби ғарби бо сархадхои баҳри бо чазираи Мальдивски, аз тарафи чануб бо Шри-Ланка ва аз тарафи чануби шарқи бо Индонезия хамсархад мебошад. Масохати бахсталаби штати Ҷамму ва Кашмир бо Афғонистон хамсархад мебошад. Хиндустон дар чахон аз чихати ахоли чои дуюмро мегирад, ки дар он чо зиёда аз миллиард нафар одамон зиндаги мекунанд. Хиндустон дар чахон аз чихати масохат чои хафтумро ишгол мекунад. Дар Хиндустон индуизм, буддизм, сикхизм, ҷайнизм пайдо шудаанд.Мундариҷа [Пинҳон кардани]
Ҳиндустон то миёнаи асри XX дар итоати империяи Подшоҳии Муттаҳида буд. Баъд аз он ки Хиндустон соли 1947 сохибистиклол шуд, давлат аз чихати иктисоди ва инкишофи харби сохиби дастовардхои зиёд шуд, махсусан дар тули бист соли охир.
Ҳиндустон аз калимаи қадимаи «синдху» гирифта шуда, маънояш номи таърихии дарёи Инд мебошад. Сарқонун Ҳиндустон инчунин дигар номгуи давлатро эътироф мекунад, Бхарат ки он аз санскрити номи кадимаи подшох, ки саргузашти у дар Махабхарате навишта шуда буд. Номгуи сеюми Ҳиндустон, аз давраҳои Империяи Моголи Бузург истифода бурда мешавад, вале статуси давлати надорад.
Аз хама барвакттарин изхои хаёти инсон дар Хиндустон – ин сурати кухии асри Сангин дар Бхимбетке дар штати Мадхья-Прадеш мебошад. Аввалин маълумотхои хамавактаи ахолии дар 9000 сол пеш пайдо шуданд ва ба пайдошавии Тамаддуни водии дарёи хинд оварданд, ки бисёртарин гулгулшукуфии ин давлат аз соли 2600 пеш аз миллод то соли 1900 пеш аз миллод .Баъд аз тамаддуни Хиндуи тамаддуни Ведики омад.
Аз соли 500 пеш аз миллод сар карда дар сарзамини Хиндустон якчанд шохигарии сохибистиклол пайдо шуданд. Ба ташакул ёфтани маданияти Хиндустон сулолаи шимолии Маурья,. дар зери хукумронии шохи буддои Ашоки сахми худро гузошт. Аз соли 180 пеш аз миллод Хиндустон як катор тохтутозхое, ки аз тарафи Осиёи Миёна аз сар гузаронид, ки дар натича дар сарзамини Хиндустон шохигарихои Хинду-юнони, Хинду-скифи ва Хинду-парфяни, ва инчунин империяи Кушониён пайдо шуданд. Аз асри III сар карда дар таърихи Хиндустон давраи хукумронии сулолаи Гупта пайдо шуд, ки онро асрхои тиллоии Хиндустони кадима гуфтан мумкин аст.
аврупоихоро, махз, доруворихои хиндй ба худ чалб мекард. Аммо бо мурури замон ачнабиёнро дигар факат савдо конеъ намекард. Масалан, португалихоро, ки дар асри XVI дар обхои укёнуси Хинд хукмфармой мекарданд, дар микёси васеъ ба рохзании дарёй машгул шуда, молхои бештарро тавассути дуздиву горат ба Аврупо мебурданд. Агарчи онхо чандин кавй набуданд, аммо хукмронони Хиндустон, аз чумла хатто Темуриёни Хинд (1526-1761) хам дар давраи нашъунамои худ натавонистанд португалихоро ронда, хукмронй дар бахрро ба дасти худ бигиранд. Хокимияти португалихо на аз тарафи хиндухо, балки аз тарафи ачнабиёни дигар аз кабили голландихо ва инглисхо шикает дода шуд ва баъдтар фаронсавихо низ пайдо шуданд.
Стран мира: М.Политиздать 1980
Асрхои XVI-XVIII давраи хукуматдории Темуриёни Хинд буд. Салтанати вокей ва асили ин хонадон дар рУзгори Акбар нашъунамо ёфта, мустахкам гардид.
Дар соли 1606 ба чои Акбар писараш- Чахонгир ба тахти салтанат нишаст. Чахонгир «хам айшдУсти майпараст буд ва хам соддалавхе, ки ба каромати шайх ва дарвешхо боварй дошт. Бо вучуди ин дар доираи мамлакат тартиботи замони падари худро вайрон накард» (17, 14). Пас аз 21 соли хукмронии Чахонгир соли 1627 хокимияти Темуриёни Хинд 6а дасти писари У Шохичахон гузашт. Дар солхои аввали салтанати У мамлакат аз чангхои дохиливу хоричй эмин монда буд ва ин сабаб шуд, ки кисми муайяни бинохои таърихии Хиндустон дар замони У арзи вучуд намоянд. Шохичахон кисмати охири умрашро дар гаму кулфати пай дар пай гузаронидааст. Писарони У хар як барои ба даст овардани точу тахт талош варзида, ба хамдигар ва ба падарашон дар макоми душманй карор доштанд. Шохичахон барои хотима додани ин низоъ ва дасисабозии писаронаш хар якеро ба хукумат китъае аз мамлакат таъин намуд. Хукумати Кобул ва Мултонро ба Доро дод, Шучоъ ба Бангол фиристода шуд ва Аврангзеб ба хукумати Дакан ва Мурод барои Гучарот таъин гардиданд. Вале вакте ки Шохичахон дар охирхои умраш бемор гардид, писаронаш дигар аз итоати У сарпечй карданд ва накшахои чохталабонаи худро ба маърази амал гузарониданй шуда, ба фаъолият шуруъ карданд. Аз миёни бародарон Аврангзеб марде буд мухофизкор, ки кобилияти калони рохбарию идоракуни ва шучоати азим дошт. У дар аввал мисли дигар бародаронаш даъвои подшохй ва эълони талаби салтанат хеч ба забон нагирифта ва бо тамоми кувваташ ба бахонаи аёдати падар ба тарафи пойтахт рахсипор гашт. Аврангзеб бо сифатхои сахтгирию интизомхохй ва чангчуйии худ тавонист муваффакият ба даст оварад. У инчунин тавассути бо диёнатии хос ва низ таассубе, ки дар мазхаб дошт, тавонист эътикодмандону тарафдорони зиёдеро пайдо намояд. У хамаи бародаронашро, ки хори сари рохи У барои тасарруфи точу тахт буданд, аз байн бурда, дар мохи майи соли 1665 бо унвони «Оламгир» бар тахти салтанат нишаст ва точи императориро бар cap ниход.
Аврангзеб дар давоми хукмронии худ харчанд «аз ичрои вазоифи хеш оини гафлат надошт ва таколиф ва вазифаи ичтимоиро руйи вичдон ё илм ва иттилое, ки дошта анчом медодааст»(65, 63), аммо дар замони у хам исёнхои пай дар пай, чангхои дуру дароз, дуздй ва горатгарй идома меёфтанд, ки дар натича мамлакат хароб, хазина холй, ахолй ба нодонию бенавой гирифтор гардида, асбоби инкирози давлати феодалии Темуриён дар Хиндустонро мухайё месохтанд. Ин шохи неруманди ботадбиру дурандеш то дами охирин саъй кард то давлати Темуриёнро аз заволёбй начот дихад. Баъд аз муддате аз даргузашти Аврангзеб (1706) хукумати муктадири Темуриён заиф гардида ба чандин кисмат таксим шуд. Ба хамаи ин нигох накарда, шукУх ва азамати пешини Темуриён то андозае боки монда буд. Хол он ки аллакай дар чоряки аввали асри XVIII субадорон ва наввобони бузургтарин вилояти давлати Темуриёни Хинд хамчун хукмронони давлатхои сохибихтиёр намоён гаштанд. Аз чумла Саодат Алй (1723) дар Авадх, Муршид Кулихон (1707-1727) дар Бангола, Низомулмулк (1723) дар Хайдаробод.
Баъд аз даргузашти Аврангзеб низои сиёсй дар байни писарони У авч гирифт. Писари бузургаш Баходуршох дар Дехлй ва писари дуввумаш Аъзамшох дар Дакан худро подшох эълон карданд. Баъд аз муборизаи дусола афзалият ба тарафи Муаззам, ки ба номи Баходуршох (1707-12) хукмронй мекард, гузашт. У марди донишманд, рахмдил ва адолатпарвар буда, бо вучуди саъю КУШИШ дар муддати шаш соли салтанаташ вазъи мамлакатеро, ки солхо боз ру ба вайронй оварда буд, дуруст карда натавонист. Окибат у дар соли 1713 дар мубориза ба мукобили сикххо халок гардид. Ин хукмронро метавон охирин подшохи давлати Темуриён хисоб кард. Зеро ворисони вай аз Муизуддин Чахондоршох cap карда, хама дар дасти заминдорони кудратманд бозичае беш набуданд. Баходуршох чахор писар дошт, ки пас аз сари У барои сохиб шудан ба тахти падар ба ч.они хамдигар дарафтоданд. Аввал Азимушшаън худро подшох эълон кард, вале дере нагузашта У дар чанги бо Муизуддин шикает хУрд ва дар об гарк шуд. Баъд аз ин бародарони дигараш Хам ба мукобили Муизуддин баромада дар рафти муборизахои тахту точталаби халок ва шохигари ба Муизуддин Чахондоршох монд. У марди чохил, бадкахр ва маишатпараст буда, хамаи додарзодахояш ва дигар шохзодагони авлоди Аврангзебро ба истиснои Фаррухсияри писари Азимушшаън, ки дар ин вакт дар пайтахт набуд, нобуд месозад. Садриддин Айнй дар рисолаи «Мирзо Абдулкодири Бедил» салтанату салтанатдории ин шохро чу нин тасвир кардааст: «Айёми салтанати Муизуддин як масхарабозй буд. У бо Лолкунур ном маъшукаи худ шабу руз мастй мекард. Лолкунур филсавор бо соябони подшохй дар куча ва бозорхо сайёхат менамуд. Бародарон ва хешовандони у ба мансабхои калон сохиб шуданд. Хатто як дугонаи У хар руз филсавор ва дар рикоби худ ясавулони чУбдор дошта, ба дарбор рафту омад мекард ва дар кУчахои Дехлй, худ бо забои ва одамонаш бо чУб одамони баномусро тахкир ва зарбу лат менамуданд» (17, 19).
Муизуддин чун хамвора дар айшу мастй машгул буд, аз Ухдаи идора кардани салтанат намебаромад. У дар охирхои соли 1713 дар чанге, ки бо бародарзодааш — Фаррухсияр карда буд, шикает хУрда, аввал махбус ва баъди чанде кушта гардид. Дар натичаи чангхои нави дохилй хокимияти Дехлй ба дасти бародарон — Абдулло ва Хусайн гузашт. Онхо аввал Фаррухсиярро (1713-1719) бар тахт нишонданд ва чун диданд, ки У зидди акоиди онхо амал мекунад, Уро аз сари кудрат дур карданд ва ихтиёри мулку давлатро тамоман ба дасти худ гирифтанд. Фаррухсияр дар паи нест кардани онхо афтод. Ин ду бародар аз нияти У пай бурда, Уро дастгир ва махбус намуда, ба чояш Шамсиддин, писари Рафеъулкадрро (соли 1719) подшох карданд. У баъди се мох бо ачали худ мурд ва саидхо (ин ду бародар) хукмронии кишварро ба бародараш — Рафеъуддавла супориданд, ки У хам баъди муддате вафот намуд ва пас аз ин шохигарии сисолаи Абулфатх Носириддин Мухаммадшох огоз мегардад. Дар ин чо бояд хамин чизро хам зикр кард, ки дар вакти кашмакашихою муборизахо он ду бародар хамаи хазина ва дафинаи давлатро байни худ таксим карда, хатто канизакхои сохибчамоли харамсарои шохиро низ ба хонахои худ фиристоданд. Танхо Мухаммадшох тавонист, ки саидхоро бо дасти Низомулмулк Осафчох нест карда, хукуматро ба даст гирад. Окибат У аз ах ли илму адаб дури чу ста, даст ба айшу нУш зада, хазинаи давлатро, ки пештар хароб шуда буд, боз хам харобтар кард.
Чангхо ва шУришхои дохиливу беруни Хиндустонро хеле заифу нотавон гардонида буданд. Аз ин вазъи номусоид аввалан хамсоягони он истифода мекарданд. Наклу ривоёти зиёд оиди боигарии Хиндустон ва чавохироти беандозаи Темуриён таваччУхи шохи Эрон — Нодиршохро ба худ чалб накарда наметавонист. У дар соли 1739 бо лашкари зиёде иборат аз бодиянишинони Хуросон ва Озарбойчон ба Панчоб зада даромад. Низоъ ва номувофикатии ашрофони Темуриён ба Нодиршох имкон доданд, ки то Дехлй бе ягон монеъа харакат кунад. Хукмрони Хинд таслим шуда, дарвозаи пойтахташро барои Нодиршох кушод. Нодиршох ба лашкараш ичозат дод, то дар муддати шаш соат харчанд тавонанд горату тороч кунанд. Дар ин бесарусомонй зиёда аз 20 хазор нафар аз ахолии Дехлй кушта гардид. Тамоми сарвати чамънамудаи Темуриён ба дасти Нодиршох гузашт. Фоидае, ки у дар ин лашкаркашй ба даст овард, зиёда аз 700 млн.рупияро ташкил медод. Дар рохи бозгашт дар Панчоб сикххо ба лашкари Нодиршох хамла оварда, кисми хунармандонро, ки бо фармони Нодиршох бурда мешуданд, баргардонданд.
Баъд аз хамлаи Нодиршох шУриши сикххо, ки аввалин маротиба дар давраи шохигарии Мухаммадшох бо рохбарии дехкон Банда (1710-1715) cap зада буд, аз нав бархост. Сикххо баъд аз заиф гаштани давлати Темуриён кувваи асосии харбиро ташкил медоданд. Баъзе аз заминдорони Панчоб ба онхо боч мепардохтагй шуданд. Хатто як кисми феодалони хурд, ки аз Темуриён норозй буданд, ба онхо пайваста, динашонро хам Кабул карданд. Дар баробари сикххо маратхо хам то андозае cap бардоштанд. Онхо дар соли 1740 Бангола ва Авадхро ба бочдехи худ мубаддал карданд. Максади асосии онхо гирифтани Дехлй ва Панчоб буд. Аммо франсузхо, ки дар соли 1751 Хайдарободро тобеи худ сохта буданд, пеши рохи забткорихои ояндаи онхоро дар чануби Хинд бастанд.
Баъд аз фавти Нодиршох давлати нопойдори у таназзул ёфт ва дар заминай бокимондахои он давлати афгонхо ташкил шуд. Сардори он Ахмадшохи Дурронй (1747-1773) фавран ба истилои вилоятхои хамсоя шурУъ кард. Аллакай У дар соли 1748 ба Панчоб даромад, аммо мукобилияти куввахои муттахидаи Темуриён ва волиёни Панчобро мушохида карда, ба кафо гашт. Ба хар хол Ахмадшох дар муддати нисбатан кУтох тавонист тобеоти худро аз дарёи Хинд то Дехлй васеъ намояд. Дар соли 1751 афгонхо тамоми Панчобро 6а худ тобеъ карданд ва дар соли 1752 Кашмирро низ гирифтанд. Ахмадшох пойтахти Хиндустонро низ забт карда, соли 1757 ба Афгонистон баргашт. Маратхо ва сикххо аз вазъ истифода бурда, чандин дафъа шуриш бардоштанд. Сикххо гарнизонхои афгонхоро аз Панчоб дур карданд, маратхо бошанд онхоро аз Дехлй пеш карданд.
Дар соли 1759 Ахмадшохи Дурронй аз нав бо 40 хазор лашкар ба Хиндустон хамла карда, сарлашкарони маратхоро торумор намуд ва боз аз нав Дехлиро сохиб гашт. Дар соли 1760 дар нимчазираи Хиндустон артиши бузурги маратхо пайдо шуд. 14 январи соли 1760 калонтарин мухориба байни афгонхо ва маратхо 6а амал омад. Гарчанд Ахмадшохи Дурронй дар ин чанг голиб баромада бошад хам, аммо куввааш ба дарачае заиф гардида буд, ки дигар натавонист шуриши сикххоро шикает дихад. Дар соли 1764 сикххо истиклолияти давлати худро эълон карданд. Хамаи ин чангу чидол, забткорй ва вокеахо дар Хиндустон дар замони салтанати Мухаммадшоху писараш Ахмадшох ва дар замони фармонфармоии Иззуддин мулаккаб 6а «Оламгири сонй>> ба вукУъ пайвастанд.
Бар асари табдили пай дар пайи подшохон, чангу мунокишаи байнихудии мансабдорону заминдорон ва низоъхои мазхабй мамлакат хароб, бинохои маданй вайрон ва шахру дехахо ба харобазор мубаддал мегаштанд. Чун идоракунии хукумат чи дар марказ ва чи дар махалхо заиф шуда буд ва Хиндустон як холати парокандагии сиёсиро аз cap мегузаронд, ачнабиён ин мавкеи муносибро хеле мохирона истифода карданд.
Карл Маркс вазъи хаёти сиёсиву иктисодии миёнахои асри XVIII-и Хиндустонро чунин баён кардааст: «Хокимияти олии Мугулхои Бузург аз тарафи ноибонаш сарнагун гардид. Иктидори ноибон аз чониби маратхо заиф гардонда шуд. Кудрати маратхоро афгонхо шикает доданд ва дар холе, ки хама ба мукобили хама мубориза мебурданд, якбора бритонихо хамла оварданд ва тавонистанд бе ягон мушкили хамаро мутеи худ созанд» (77, 224).
Таърихнигор ва тазкиранависи машхур Озоди Билгиромй дар тазкирааш вазъи сиёсию ичтимоии ин даврро муфассал баён кардааст. У дар «Хизонаи омира» дар бораи хукмронони замон Наввоб Осафчох, амирулумаро Фируз Чанг, Наввоб Низомуддавла Шахид Музаффар Чанг, Наввоб Осафчохи Сонй, Наввоб Бурхоналмулки Нишопурй, Наввоб Абулмансур Сафдар Чанг, Умдатулмулк, Нодиршох, Ахмадшохи Дурронй, Шучоуддавла Оламгири Сонй, Шохи Олам Баходур маълумоти мухим додааст. У аз таназзулу заъфи салтанати Темурия бисер таассуф меху рад ва мегуяд: «Било Сафавия дар Ирон ва Темурия дар Хиндустон чй подшохие ба равнак ва шукУх карданд ва арсаи оламро ба оберни адлу эхсон гулзор сохтанд ва баъди Султон Хусайн Мирзо ва Фирдавс Оромгох ачдб харобихо ру дод ва амну осудагй аз хар ду мамлакат бархост»(б, 116). Мир Гуломалихон салтанати шохони мусулмонро дар Хиндустон ба некй ёдовар мешавад. Дар «Хизонаи омира» менигорад: «Кариб 700 сол аст, ки салотини Ислом бар мамолики Хинд мусаллат шудаанд. Дар боргохи худ мусалмонон ва хиндувон хар ду каринро чо доданд ва ба кадри кисмат хар ду тоифаро файз расониданд» (6, 117).
Мир Гуломалй дар бораи хамаи хамлахои забткоронаи Ахмадшохи Дурронй ба Хиндустон пурра маълумот додааст. Хатто у порчаи манзуми яке аз таърихнигорони он ахд Миравлод Мухаммад Зикоро, ки таърихи чулуси шохи Дуррониро ба риштаи назм кашидааст, овардааст: Чун шох муовадат намуд аз cap Хинд,
Бо чумла сипох,
Ал-минатулиллох шуд мусаллат бар Хинд,
Бо давлату чох.
Сар бар зада таърихи сарири орой,
Аз табъи Зако,
Фармуд чулуси Шох Ахмад дар Хинд,
Мир Гуломалихони Озод хамчун таърихнигор дар тазкирааш сабаби ба осонй тасхир карда тавонистани Хиндро аз чониби вилоятиён чунин ба калам додааст: «Хактаъоло дар миёни вилоят ва Хиндустон садди устувортар аз садди Искандари баста, яъне Кобул ва он тарафи мулк барф аст. Инсон ва дигар Хайвоноти Хинд тоби хавои барф наметавонанд овард ва аз ин чихат мардуми Хиндро тасхири вилоят мушкил. Мардуми вилоятро тасхири Хиндустон осон… Харчанд хавои тобистони Хинд ба имтизочи ах ли вилоят намесозад, аммо на мисли хавои зимистон бо мизочи мардуми Хинд… Хулосаи калом он ки мардуми вилоят хамеша голиб омад ва чандин салотини аввалй азм аз вилоят касди Хинд карданд, мисли Султон Махмуди Гозй ва
Султон Шихобиддини Гурй ва Амир Темур ва Фирдавсмакони Бобуршох ва Нодиршох ва гайра хам подшохи ин замон ва умаро, ки салтанати Хиндро ба ёд доранд… Дар вакте ки ин нома навишта будам, асло хабари омадани шохи Дурронй ба Хиндустон набуд…» (6, 118). Ин пешгУии Мир Гуломалихон рост баромад.
Т.Зиёев «Таърихи умуми »Душанбе «Сарпараст» 2005 с
Аврупоихо дар баробари он ки байни худашон барои вусъати доираи нуфуз мубориза мебурданд, дар айни замон хокими ягон вилояти Хиндустонро бозичаи дасти худ карор дода, бо хиллахои дурандешона ва яроку пул чангхои дохилиро тавсиа медоданд.
Окибати муборизаи давлатхои мустамликави барои хукуки монополиявии торочи Хинд дар давраи чанги хафтсола дар Аврупо (1756-1763) хал гардид. Сулхи Париж (1763) мавкеи хукмронандаи Англияро дар Хиндустон муайян кард. Инглисхо бар дигар аврупоихо пешй чуста, хамаи бандархои Хиндустонро ба дасти худ гирифтанд ва барои худ дар дохили Хиндустон рохро боз карданд. Онхо то тамоман ишгол кар дани Хиндустон бо номи «Ширкати Хинди Шаркй» фаъолият мекарданд.
Адабиётҳо
«История Востока I Вотстока в деревности» Л.В.Негря В.А Якобсон Москва издательская фирма «Востокафирма» ран 2000г
Таърихи умумї
univer.tj
Арриан (III, 28, 9-10) воқеаро ба қарори зайл нақл мекунад: «Вақте ки ба Бесс наздик расидани Искандарро хабар доданд, ӯ аз дарёи Окс (Амударё– Б.Ғ.) убур намуд: киштиҳоеро, ки онҳо аз дарё гузашта буданд, сӯзонид ва худ ба сарзамини Суғд, ба Навтоқ рафт. Спитаман, Укборт бо савораҳои суғдӣ ва дойӣ аз Танаис гузашта, аз паси ӯ равон шуданд». Ин ҷо аввалин бор дар сарчашмаҳо номи қаҳрамони муборизаи зиддимақдунӣ Спитаман зикр гардидааст .Искандар дар зарфи панҷ рӯз қувваи аскари худро аз дарёи Аму гузаронид . Воқеаҳое, ки сарчашмаҳо дар ин маврид баён кардаанд, ниҳоятдараҷа мубҳам ва пурихтилоф аст . Бесс аз тарафи Спитаман ва дигар ҳамсафони худ ахз гардида, ба дасти Искандари Мақдунӣ супурда мешавад. Сабаби чунин рафтори ҳамроҳони Бесс маълум нест. Шояд дар ҳамин лаҳзаи мубориза аз худ аҷзу нотавонӣ зоҳир кардани Бесс ва ба ин нигоҳ накарда мавқеи роҳбариро ихтиёран ба каси дигар додан нахостанаш боиси маҷбуран аз миён бардоштани ӯ гардида бошад. Вақте ки Искандар ба Бохтар бозгашт намуд, шӯрои саркардагони ҳарбии мақдунӣ ва амалдорони ба тарафи ӯ гузаштаи форсро даъват кард ва дар ин шӯро Бесс ҳамчун қотили шоҳи «қонунӣ» ва ғосиби унвони подшоҳӣ айбдор карда шуд. Искандар амр кард, ки бинӣ ва гӯшҳои Бессро бурида, ӯро ба ҳамин сурат ба Экботан бибаранд ва дар пеши назари мидиҳо ва форсҳо ба қатл расонанд. Бояд гуфт, ки Искандар қатли Бессро чун интиқом бар ивази ғасб намудани ҳокимияти шоҳ дониста, бо ҳамин мехост аъёну ашрофи форсро ба тарафи худ ҷалб намояд.Искандар пас аз ишғол кардани Навтоқ ба маркази Суғд Мароканд равона шуд ва онро забт кард . Аз афташ, дар ноҳияи Мароканд, ба муқовимат дучор омад. Ба қавли Квинт Куртсий (VII, 6, 10), «Искандар дар шаҳр гарнизон гузошт ва деҳоти атрофро сӯхта, ба харобазор табдил дод». Сипас, ӯ бо лашкари юнонӣ ба самти шимоли шарқӣ ҳаракат намуд. Лекин дар ин роҳ ба мушкилоти бузурге дучор гардид. Суғдиҳо ҳама чун як тан ба муқобили истилокорони юнону мақдунӣ сар бардоштанд. Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватанашон ба миён омад, онҳо бо тамоми мардонагӣ барои мудофиаи кишвари худ бар зидди истилогарони юнонӣ чунон мубориза бурданд, ки ин мубориза дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи қадимаи халқҳои Осиёи Миёнаро фароҳам овардааст. Яке аз аввалин намунаҳои ин мубориза бархӯрдани таҷовузкорони юнонӣ бо тоифаҳои суғди вилояти кӯҳистонии Уструшан мебошад, ки дар вақти аз кӯҳсори байни Мароканд ва Киропол гузашта истодани аскарони Искандар рӯй дода буд.Чанд даста аскарони юнонӣ барои мусодира кардани озуқа ва хӯроквории ҳайвонот ба тарафи қишлоқҳои Уструшан фиристода мешаванд. Аҳолии озодихоҳи ин маҳалҳо бар зидди бедодгариҳои истилогарон сар мебардоранд. Искандар аз ин аҳвол хабардор шуда, ба муқобили онҳо лашкар мекашад. Шӯришгарон бо фишори қӯшуни юнону мақдунӣ маҷбуран ба кӯҳсор фирор карда, дар он ҷо камин мегиранд . Задухӯрд дар кӯҳсори серхарсанги душворгузар ба амал меояд. Суғдиҳо то охирин қувваи худ муқобилат мекунанд ва чи навъе ки Арриан хабар медиҳад, аксари онҳо ба дасти душман афтоданро нахоста, худро нобуд месозанд. Ниҳоят, Искандар муқовимати суғдиёни кӯҳистонро бо машаққати зиёде фурӯ менишонад, вале дар натиҷаи ин лашкаркашӣ 22 ҳазор нафар аз халқи маҳаллӣ кушта мешавад. Лашкариёни юнону мақдунӣ ҳам талафоти зиёде медиҳанд. Худи Искандари Мақдунӣ сахт ярадор мешавад (Арриан, III, 30, 10-11).Искандар пас аз ин ваҳшонияте, ки нисбат ба суғдиёни Уструшан зоҳир намуд, ба сӯйи Сирдарё равона гардид. Дар ин вақт дарёи Сир ҳудуди байни дашти бодиянишинон ва водиҳои зироатӣ ҳисоб мешуд: дар соҳили рости дарё сакоиҳо зиндагӣ мекарданд ва дар тарафи чапи он як қатор шаҳрҳои калону хурд воқеъ гардида буданд. Искандар ба лаби дарёи Сир омада қарор гирифт ва аз юнониёну мақдуниҳо дар ин шаҳрҳо гарнизон гузошт. Лекин дере нагузашта ба муқобили юнониён шӯриши халқи маҳаллӣ сар шуд ва ба зудӣ тамоми ҳафт шаҳри соҳили чапи Сирдарёро фаро гирифт. Дар дигар соҳили дарё сакоиҳо қувваҳои худро ҷамъ намуда, расидани фурсати мусоидро интизорӣ мекашиданд, ки аз дарё гузашта ба шӯришкунандагон ёрӣ расонанд. Дар худи ҳамин вақт дар Суғд ва Бохтар низ ошӯбҳои калоне ба амал меоянд. Искандар ба як вазъияти душвор дучор мешавад. Вай, пеш аз ҳама, қарор медиҳад, ки мавқеи худро дар соҳили дарёи Сир мустаҳкам намояд. Ба ин мақсад, ӯ дар муддати ду рӯз панҷ шаҳрчаи наздисоҳилиро ишғол намуда, бо аҳолии он ҷойҳо ваҳшиёна рафтор мекунад. Юнониён бо амри Искандар тамоми мардҳоро ба қатл расонида, зану бачаҳоро ба ғуломӣ мефурӯшанд (Арриан, IV, 2, 4).Аҳолии Киропол, ки маркази шӯриш ба шумор мерафт, ба муҳосираи юнониён сахт муқобилат нишон медиҳад. Худи Искандар маҷбур мешавад шахсан дар гирифтани шаҳр иштирок намояд. Ӯ як даста аскарро гирифта, бо маҷрои хушкшудаи рӯде, ки аз байни шаҳр мегузашт, ба даруни шаҳр медарояд ва дарвозаи онро барои дохил шудани қӯшуни худ боз мекунад. Дар кӯчаҳои шаҳр ҷангҳои хунин давом намуда, дар натиҷа 8 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ кушта мешавад. Талафоти юнониён низ кам набуд. Дар ин муҳориба худи Искандар ва баъзе сарлашкарони бузурги ӯ захмдор мешаванд.Пас аз муҳорибаи шадид ва ҳуҷуми қатъӣ охирин такягоҳи шӯришиён забт карда мешавад. Бо ин тариқа, шӯрише, ки ба муқобили истилокорони юнонӣ дар соҳилҳои дарёи Сир ба амал омада буд, хобонида шуд. Арриан мегӯяд, ки аз аҳолии ба шӯриш иштирокдоштаи ин ҳафт шаҳр як нафар ҳам боқӣ намонд – ҳамаи онҳо кушта ва ё ба ғуломӣ фурӯхта шуданд.Шӯриши солҳои 329–327 пеш аз милодБа муборизаи баҳри истиқлолияти Суғд ва Бохтар сипаҳсолори маҳаллӣ Спитаман, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик буд, сарварӣ мекард. Дар соли 329 Спитаман бо қувваи зиёди аскар, ки ба он аҳолии осоишта низ ҳамроҳ шуда буданд, шаҳри Марокандро ишғол намуд. Бештарин қисми гарнизон кушта шуда, боқимондаи аскарони юнонӣ дар интизори расидани қувваҳои имдодӣ ба арки қалъа паноҳ бурданд.Искандар пас аз пахш кардани шӯриш дар Сирдарё барои кӯмаки муҳосирони қалъаи Мароканд 3 ҳазор нафар пиёданизом ва 800 нафар аскари савора фиристода, худ дар канори дарёи Сир (аз эҳтимол дур нест, ки дар байни Ленинобод ва Бекободи ҳозира ё худ дар ҳудуди шаҳри Ленинобод бошад) ба сохтмони қалъа-шаҳри Искандарияи Ақсо (Искандарияи Дур) машғул гардид . Ба қавли Квинт Куртсий (VIII, 6, 25–27), «Искандар ба канори дарёи Танаис» (яъне Сирдарё – Б. Ғ.) баргашта, тамоми паҳноиро девор кашид ва қароргоҳи аскар сохт. Девор 60 стадий (10–11 км.– Б. Ғ.) дарозӣ дошт. Фармуд, ки ин шаҳрро Искандария номанд. Бинокории шаҳр чунон ба зудӣ анҷом ёфт, ки рӯзи ҳафтдаҳуми сохтани истеҳком иморатҳои шаҳр ҳам буд шуданд… Ба ин шаҳри нав асиронро ҷой доданд». Ба гуфти Арриан (IV, 4, 1), дар муддати 20 рӯз атрофи шаҳр аз нав девор кашида шуд, Искандар «дар он ҷо сарбозони кирояи юнонӣ, ҳамсоягони барбарии истиқомат ихтиёркарда ва ҳамаи аскарони ба хизмати ҳарбӣ ношоями мақдуниро сокин намуд». Юстин (ХII, 5, 12) низ тасдиқ мекунад, ки сохтмон (аз афташ, сухан аз оғози корҳои асосии сохтмон меравад) 17 рӯз давом кард. Давродаври девори шаҳр 6000 «ҷуфт қадам», яъне қариб 9 км меомад . Ба шаҳри навбунёд, аз рӯйи қавли Юстин, сокинони дигар шаҳрҳоро кӯчонданд ва ҳамчунин аскарони аз боварӣ баромадаи Искандарро гузоштанд. Ин шаҳр мебоист нуқтаи муттакои истеҳкоми ҳудуди шимоли шарқии давлат мегардид. Корҳои Искандар, хусусан сохтмони қалъашаҳр боиси хавотири сакоиҳои он сӯйи Сирдарё гардид. «Подшоҳи скифҳо (яъне сакоиҳо.– Б.Ғ.), ки давлати ӯ сарзамини он тарафи Танаисро фаро гирифта буд, шаҳри дар соҳили дарё бунёдкардаи мақдуниҳоро юғе бар гардани худ ҳисоб менамуд»,– менависад Квинт Куртсий (III, 7, 1). Сакоиҳои бодиянишин аз он сӯйи Сирдарё бо камонҳои худ юнониёнро тирборон мекарданд. Искандар ба туфайли тирпаронӣ кардан аз манҷаниқҳо (асбобҳои ҷангии сангандоз) онҳоро қадре ақиб ронд ва пас фавран бо амадҳо аз дарё гузашта, ба ҳуҷум сар кард ва скифҳоро маҷбур намуд, ки ба тарафи дашт ақибнишинӣ кунанд. Лекин кӯшиши тамоман торумор кардани скифҳо қариб ба ҳалокати аскарони юнонӣ анҷом ёфт. ҳарорати баланди ҳаво, набудани об, бероҳии биёбон ва дар чунин шароит ҳамлаҳои пайдарпаи сакоиҳои ҷанговар бо сардории бародари подшоҳашон (Квинт Курций, VII, 7, 1) истилокоронро ба вазъияти тоқатфарсое дучор намуд. Аскарони юнонӣ гӯё ба сабаби бемории Искандар маҷбур шуданд аз таъқиб кардани сакоиҳо даст кашанд (Арриан, IV, 4, 8,9).Вақте ки қӯшуни юнону мақдунӣ дар такопӯйи ишғол кардани Уструшан ва Фарғонаи ғарбӣ буд, оташи шӯру исён тамоми мамлакати Суғд ва як қисми Бохтарро фаро гирифт. Искандари Мақдунӣ миқёси шӯришро дарк накарда, ба кӯмаки гарнизони муҳосирашудаи Мароканд қӯшуни начандон калон (тақрибан 2500 нафар) фиристод. Вақте ки дастаи аскарони пештар фиристодаи Искандар ба Мароканд наздик расид, Спитаман шаҳрро аз муҳосира озод намуда, зиракона ақиб нишаст. Аскарони юнонӣ ин аҳволро дида, суғдиёнро таъқиб карданд. Спитаман фурсати мусоид пайдо намуда, якбора пас гашт ва ба сари юнониён тохт. Арриан (IV, 5, 8) мегӯяд, ки юнониён «рӯ ба гурез ниҳода, ба як ҷазирачаи байни дарё (дарёи Зарафшон дар назар дошта мешавад.– Б.Ғ.) паноҳ бурданд. Лекин дар ин ҷо скифҳо ва аскарони савораи Спитаман онҳоро ба муҳосира гирифта, парронда маҳв карданд».Чунон ки муаррихи маъруфи Германияи ғарбӣ Ф. Алтхайм ба таври ҳаққонӣ менависад: «Спитаман ба коре муваффақ шуд, ки касе аз ӯҳдаи он баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд».Спитаман, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳимоят медид, дубора гарнизони мақдуниро дар Мароканд муҳосира намуд. Вақте ки Искандар бо қувваҳои асосии худ ба Мароканд омад, Спитаман ҷанг накарда, аскарони худро боз ба тарафи саҳро ақиб кашид. Азбаски Искандар дар муҳорибаи бо скифҳои бодиянишин кардаи худ дарси ибрат гирифта буд, дигар Спитаманро дар саҳро таъқиб накарда, бо ҷазои сахт додани аҳолии осоиштаи водии Зарафшон қаноат намуд. «Ӯ фармон дод, ки қишлоқҳоро сӯзанд ва ҳамаи калонсолонро кушанд» (Квинт Курций, VII, 9, 22). 30 нафар суғдиёни маҳкуми марг чунон хунсардие нишон доданд, ки мақдуниҳо ангушти ҳайрат газиданд: онҳо сурудхонон ба сӯйи қатлгоҳ мерафтанд (Квинт Курций, VII, 10, 4).Талафоти лашкари юнонӣ ниҳоятдараҷа зиёд буд. Аз ин рӯ, Искандар бо саросемагӣ ба ҷангҳои баҳори соли 328 тадорукот медид. Ӯ зимистонро дар Бохтар гузаронида, бо пешвоёни сакоиҳо ва хоразмиҳо гуфтушунид намуд ва барои бо қувваҳои тоза пурра кардани лашкари худ машғул шуд. Дар ин вақт халқи қаҳрамони Суғд ҳам, бо вуҷуди додани талафоти зиёд, мутеъ шуданро ба хотир наоварда, дар таҳти роҳбарии Спитаман барои муҳорибаҳои навбатӣ омода мегардид. Спитаман як рӯз ҳам ба душман осойиш намедод. ӯ бо дастаҳои савораи «парвозкунанда»-и суғдиён ба сари истилогарон ҳуҷум оварда, ба онҳо зарбаҳои ҳалокатовар мезад. Чи навъе ки Арриан хабар медиҳад, «аксарияти суғдиҳо ба ҷоҳои мустаҳкам гурехта, ба волии таъинкардаи ӯ (Искандар.– Б.Ғ.) итоат намуданро намехостанд» (IV, 15, 7). Дар ҳақиқат, мамлакати тамоман толон ва харобгаштаи суғдиён боз аз сари нав ба муқобили таҷовузкорони аҷнабӣ қиём намуд. Искандар ба мақсади фурӯ нишондани шӯриш лашкари 20 ҳазорнафараи худро ба панҷ даста тақсим намуда, аз як гӯша ба гӯшаи дигари Суғд ҳаракат кард ва ҳар як одами рӯ ба рӯ шударо аз дами теғ гузаронид. Чунон ки муаррихи Юнони Қадим Диодори Ситсилӣ (ХII) хабар медиҳад, «Искандар суғдиёни шӯришгарро таъқиб карда, аз онҳо беш аз 120 ҳазор нафарро ҳалок менамояд». Дар натиҷаи ин ҷазодиҳии мудҳиш ва хунхорӣ мамлакат ба дараҷае холӣ гардид, ки Искандар ба яке аз саркардаҳои ҳарбии худ супориш дод, то «ба ҷойи Суғд дубора шаҳре таъсис намоянд» (Арриан, IV, 16, 3). Зоҳиран, дар ин маврид ба ҷойи шаҳрҳои вайрон ва холишудаи суғдиҳо ба вуҷуд овардани шаҳрчаҳои ҳарбии юнонӣ, ки барои маъмурият ва лашкари юнону мақдунӣ ҳамчун такягоҳ хизмат мекарданд, дар назар дошта мешуд .Дар чунин вақте ки истилокорони юнонӣ Суғдро ба хун оғушта мекарданд ва сарлашкари дар Бохтар гузоштаи Искандар барои дар итоат нигоҳ доштани мамлакат ва танбеҳ додани шӯришиён ҳар гуна чораҳо медид, Спитаман бо 600 нафар аскари савораи худ ба ақибгоҳи Искандар, яъне ба Бохтар гузашта, бо тамоми ғайрат ва шуҷоат муборизаро бар зидди аскарони юнонӣ давом дод. Дар тирамоҳи соли 328 ӯ бо 3 ҳазор аскари савора боз ба пойтахти Суғд раҳсипор гардид. Спитаман пас аз ҷанги сахте, ки аз ду тараф бисёр одамон кушта шуданд, ба тарафи саҳро ақиб нишаст, вале дар он ҷо сардорони баъзе қабилаҳои бодиянишин хоинона ба ӯ ҳуҷум намуда, сарашро аз тан ҷудо карданд ва чӣ навъе ки Арриан мегӯяд, «онро ба Искандар фиристоданд, то ки ба ин васила хавфу хатари ба сари худашон таҳдидкунандаро бартараф намоянд» (IV,17,7).Ҳалокати Спитаман ҳеҷ гоҳ тамоман зафар ёфтани истилогарони аҷнабӣ ва комилан сари таслим фуруд овардани суғдиёнро ифода намекард. Вазъияти мамлакати Суғд мисли пештара барои таҷовузкорони юнонӣ хатарнок буд. Искандаре, ки қувваи давлати ҷаҳонии ҳахоманиширо ба осонӣ дарҳам шикаста тавонист, ҳоло маҷбур гардид, ки зимистони соли 328/27-ро дар кишвари итоатнопазири Суғд гузаронад.Лекин Искандар аз тирамоҳи соли 328 пеш аз милод бо нияти дар дохили мамлакат пайдо кардани қувваҳои пуштибони мубориза бар зидди аҳолии шӯришгари Суғд сиёсати худро нисбат ба аъёну ашрофи маҳаллӣ ва коҳинони зардуштӣ ба куллӣ тағйир дод. Масалан, баҳори соли 327 пеш аз милод, ҳангоми ба даст даровардани якчанд истеҳкоми кӯҳистонии суғдиҳо, ки барои муҳофизаи «онҳо аз аъёну ашрофи суғдӣ – Уксорт, Сисимитр ва Ҳуриён» роҳбарӣ мекарданд, Искандар ононро на фақат бубахшид, балки тамоми молу мулкашонро ба ихтиёри худи онҳо гузошт. ӯ на танҳо ба он намояндагони аъёну ашрофи маҳаллӣ, ки ба вай кӯмак мерасониданд, инчунин, ҳатто ба ононе, ки дар муборизаи юнониён ва суғдиҳо бетараф меистоданд, ба тариқи ҷоиза пул медод ва молу мулки шӯришиёнро байни онҳо тақсим мекард.То чӣ андоза тағйир ёфтани равияи Искандар нисбат ба аъён ва ашрофи маҳаллӣ аз гуфтаҳои сарзанишомези Каллисфен ном таърихнигори дарбори ӯ, ки Арриан ба тариқи зайл нақл кардааст, аён мегардад: «Искандаро, агарчанде мегӯянд, ки дар кишвари барбарӣ аз худ кардани ахлоқи барбарӣ лозим аст, бо вуҷуди ин, ман аз ту хоҳиш мекунам, Элладаро ба хотир ор, ки аз барои вай ту ба ин сафари ҷангӣ иқдом намудӣ, то Осиёро мутеи Юнон кунӣ».Искандар бо табақаи фавқонии Суғд алоқаи хешутаборӣ ҳам пайдо мекунад. Вай духтари Уксорт Руксона (Рухшонак)-ро, ки асир афтода буд, ба занӣ гирифта, ақрабои ӯро ба тарафи худ ҷалб менамояд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати Искандар аъёну ашрофи Суғд боварӣ ҳосил мекунанд, ки ӯ на ба муқобили онҳо, балки фақат бо халқ мубориза мебарад. Аз ин сабаб, онҳо бо вай ҳамдастӣ намуда, манфиати мамлакати худро ба душман мефурӯшанд. Чунончи, Сисимитр қӯшуни сершумореро ба ихтиёри Искандар дода, дар мутеъ намудани қабилаҳои сакоӣ ба ӯ мадад мекунад.Рафтори Уксорт ҳам яке аз мисолҳои равшанест, ки нисбат ба манфиати халқи худ хиёнат кардани гурӯҳҳои ашрофияи маҳаллиро нишон медиҳад. Ӯ пас аз он ки бо Искандар алоқаи хешӣ пайдо кард, дар роҳи ба асорат гирифтор намудани кишвари худ бо тамоми қувват ба истилокорон кӯмак расонид. Баҳори соли 325 пеш аз милод, вақте ки аскарони дар Бохтар таваққуфкардаи юнонӣ бар зидди Искандар исён намуданд, Уксорт, ба ҷойи аз ин фурсат истифода бурда ба муқобили истилогарон сар бардоштан, Искандарро аз ин воқеа хабардор кард. Искандар, ки он вақт дар Ҳиндустон буд, баробари воқиф шудан аз ҳодиса фавран чорае ҷуста, исёнро фурӯ нишонд ва Уксортро волии музофоти Паропамис (воҳаи Кобул) таъин намуд. ҳангоме ки дар ин музофот ҳам бар зидди таҷовузкорони аҷнабӣ шӯриш сар зад, Уксорт бо ташаббуси худ онро хобонид ва шӯришгаронро ваҳшиёна ҷазо дод.Ҳамин навъ, ба сабаби қувваи марказиятноки ҳарбӣ доштани истилокорон ва инчунин дар натиҷаи хиёнати аъёну ашрофи маҳаллӣ шӯриши қаҳрамононаи халқи Суғд пахш карда шуд. ҳамаи заминҳои шохаи рости дарёи Омуро мақдуниҳо ишғол намуданд. Мувофиқи афсонае, Искандар гӯё то саргаҳи дарёи Зарафшон омада будааст, ки дар он ҷо вуҷуд доштани кӯле бо номи Искандар (Искандаркӯл) низ ба ин гувоҳӣ медиҳад.Дар даврае, ки Осиёи Миёна мавриди истилои Искандар қарор гирифта буд, фақат Хоразм тавонист истиқлолияти худро нигоҳ дорад. Арриан «нақл мекунад: вақте ки Искандар зимистони соли 329/28-ро дар Бохтар мегузаронид, шоҳи Хоразм Фарозмон бо 1500 савора ба зиёрати ӯ омада, бар зидди колхҳо ва амазонҳо муттафиқона амал карданро пешниҳод намуд» (IV,15,1-6).Аҷдоди тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар зарфи се сол истиқлолияти кишвари худро муҳофизат намуда, бо истилогароне, ки империяи бузург ба вуҷуд оварда буданд, мубориза карданд. Агарчанде онҳо дар ин мубориза мағлуб шуданд, вале ба ҳар ҳол бо муқовимати диловаронаи худ ба Искандар чунон зарбае ворид оварданд, ки иқтидори ҷангии лашкари ӯ сахт заиф гардид.Шикасти давлати ҳахоманишӣ ва ба истилогарони юнону мақдунӣ тобеъ шудани Бохтар, Суғд ва соири кишварҳои Осиёи Миёна аҳволи вазнини оммаи заҳматкаши ин мамлакатҳоро қадре ҳам беҳтар накард. Табақаи ашрофияи маҳаллӣ, ки дар шахсияти истилокорон такягоҳи мустаҳками худро пайдо карда буданд, чи барои афзудани сарвати худ ва чи ба манфиати истилогарони аҷнабӣ аҳли меҳнатро боз ҳам сахттар истисмор мекарданд. Ин аст, ки дар тамоми давраи ҳукмронии истилокорони мақдунӣ халқҳои Осиёи Миёна бо нияти аз дӯш барандохтани бори гарони зулму тааддии аҷнабиён дам ба дам сар мебардоштанд.
zarowadk.ru
Авесто — Авасто, Абасто, қадимтарин асари адабиёти форс-тоҷик, китоби муқаддаси зардуштия — оини халқҳои эронинажоди кадим.
Авесто — яке аз қадимтарин ёдгориҳои адабиёти бостонии халки точик китоби мукаддаси Авесто мебошад. Аввал он ба тарзи шифохи аз чониби мубадони зардушти аз дахон ба дахон мегузашт. Забони авестои аз қадимтарин ва мухимтарин забонхои кадими эрони ба шумор меравад. Аз сабаби ба ин забон эчод гардидани Авесто онро забони авестои меноманд. Нахустин бор Авесто дар замони Дорои I (522-486 пеш аз милод ) тахрир гардида, ба кайди китобат дароварда шуда буд. Аммо аз он тахрир то замони мо осоре намондааст. Бинобар маълумоти китоби пахлавии Шахристонхои Эрон бо фармони шох Виштос Зардушт Авесторо дар 12000 пусти гов бо хати тилло навишта, онро дар хазинаи оташкадаи шоханшохи чой дода буд. Онвакт Авесто ба 1200 фрагард, яъне 1200 боб чудо мешуд. Искандари Макдуни соли 331-и кабл аз мелод хангоми истилои Форс он нусхаро сузонда, хокистарашро ба об партофт нусхаи дигари Авесто дар тахтачахои тилло навишта шуда буд. Онро Искандар ба ватани худ бурда,. матнашро ба юнони тарчума кунонд.
Нихоят, дар охирхои аҳди Хусрави Парвиз (590-628) тахрири тозаи Авесто ба майдон омад, ки он Занд, яъне шарху тафсир номида шуд. Пеш аз ин дар асри IV барои сабти Авесто дар асоси хати ороми хати махсус ихтироъ гардида буд, ки хати авестои номида мешуд. Он 44 харф ва 3 шакли ду харфи чуфтовоз ва монанди хати араби аз рост ба чап навишта мешуд. Ба хамин тарик, Авесто дар тули кариб як хазору дусад сол чандин бор тахрир хурда, суфта гардида, тагйирпазируфта, шакли мавҷудаи ҳозираро гирифтааст.
Тарзи навишту талаффузи Авесто дар асли пахлавии он Апастак буда, маънояш асос ва матн мебошад. Ин китоби мукаддас мачмуаи асотир, матнхои дини мазхаби ва масъалахои илму ахлок ва фалсафа буда, ба арзиши бузурги дини, адаби ва фалсафи молик аст. Авесто бар замми усули дин ва ахкоми ойини зардушти, русуму вочиботи он дуову ниёишхо руйдодхои таърихиро низ фаро мегирад. Аз ин чихат он ба курби бехамтои таърихи низ сохиб аст. Тамоми Авесто бо шеъри хичои эҷод гардида, хар мисраъ аз панҷ то понздах ҳиҷо буда, ағлаби фикрахо аз бандхои 3-5 сатри таркиб ёфтаанд, ки аксари ин сатрхо аз 10-11 ҳиҷо иборатанд. Унсурҳои қофия низ дар он шеърхо ба назар мерасанд. Аммо санъатҳои шоирони бадеӣ , хусусан, тазод он ҷо зиёд аст
Таҳрири якум дар замони Сосониён муназзам гардида, ба 348-боб таксим шуда, дар 21-китоб гирд оварда шуда будааст. Ин 21 китобро наск мегуфтанд, ки аз 350 000 калима иборат будаанд. Ин тахрир то ба замони мо омада нарасидааст. Нусхаи кадимтарини тахрири дуввуми Авесто, ки соли 1278 рунавис шуда, то замони мо боки мондааст, чоряки тахрири сосонии онро фаро гирифта, тамоми илми авестошиноси ва дониши инсоният дар хусуси ин ойин дар пояи хамин тахрири Авесто карор гирифтааст. Ин тахрир ба панч бахши мустакил чудо шуда, такрибан ховии 83 хазор калима аст. Ин бахшхо чунин ном доранд:
Ясно, ки маънояш гироми доштан, ситоиш ва парастиш буда, вожаи ҷашни имрузаи точики низ аз он реша ба вуҷуд омадааст. Қисми муҳими Ясно аз Готҳо, яъне сурудҳо ва гимнҳое иборат аст, ки дар Авестои мавҷуда қисмати аз ҳама қадимтарин мебошад. Зардушт эҷодгари Готҳо дониста мешавад. Готро аввал госа мегуфтанд. Госа маънои сурудро дорад. Гот-гос-гох-суруду оҳанг буда, он дар таркибҳои Дугох, Сегох ва ғайра имруз ҳам зинда аст. Дар готҳото доир ба пайдоиши неки ва бади, ҳамчунин муборизаи доимии онҳо бо якдигар, дарбоисти асосии дини зардушти дар бораи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек», Равони Гов ва Офаридагони Гов. зиндаги он Дунё, офариниши инсони нахустин, ситоиши об, кӯхҳо, дархости маглубияти девҳо ва дигар масъалаҳои оёину ахлоқ Сухан меравад.
Готҳо баробари дуоҳо вазъи иҷтимоии чомеаи онрузаро низ хабар медихад. Таркиби иҷтимоии зардуштионро ба се гурӯҳи зайл ҷудо мекунад; 1) Рӯҳониён ба сардори пешвоиёнашон мубадон. 2) Авлод, ки дар чомеа ва дар нохияе қабиларо ташкил мекунад. 3) Иттиходи қабилаҳо, ки чун қавм бо сардори пешвоёнашон ва сипахсолонро дар сарзамини ё кишваре сукунат доранд. Беҳтарин тартиботе, ки ба васлия Ясно тагиб мегардад, арта вахишта ном дошта барои нерумант гардидани чомеаи базгарону чорводорони мукими, ободии кишвар, ривоҷи кишт, тарикки, додани чорводори бар гардонанд. ҳуҷумҳои бодия нишони роҳзан ва зидди дурӯғ нигаронда шудааст. Шоҳи одил аз ибтидои ҷамъияти синфи орзуи халқ буд. Ҳамаи нерӯҳои ки барои он офарида шудаанд, ки бо ҳидояти мубадони покниҳод ва сипахсолорони кавмҳо ба парастиши Ахурамаздо, мадад чустан аз фариштагони некукор ва манфиати барзгарону чорводорон машғул бошанд, бо Ахриман, Ажи Дахок (Заххок), мубадони дурӯғгу,ки карападхо ном доштанд, ба муқобили зулм мубориза баранд, барои инсони пок роҳи расидан бо орзуро наздик намоянд.
Яштҳо аз ҷиҳати мазмун ва сабк ба Ясно рақобат доранд. Аммо Фарқи асоси он аст, ки ҳар як яшт ба як йазат (Яздон, Эзит) мансуб буда, ба Аҳура Маздо, Ардвисура Анахито, Мехр (Хуршед), Бахром ва амсоли инҳо хос аст. Яшт калимаи хоси авестои буда, маънои ситоиш ва ниёишро дошта, ҳамагӣ 21 яшт то ба замони мо омада расидаанд. Дар ин қисми Авесто низ аз осотиру ривоятҳои кавмҳои эрони зиёд карда мешавад. Дар он зикр мегардад; « Худои бузург Урмузд (яъне Хурмуз.-А.А.) ин ҷаҳонро офаридааст.».
Вандидод аз калимаи форси миёнаи видевдат, ки аслан шакли вайроншудаи «ви даево датем» мебошад, ба вуҷуд омада, маънои қонуни зидди девонро дорад. Он аз 22 боб ибарат буда, ин бобҳо фаргард номида шуда , ба тариқи муколама иншо гардидаанд. Ин қисмати Авесто пурсишҳои Зардушт ва посухҳои Ахура Маздоро фаро мегирад. Дар вандидод роҷеъ ба Ахриман,бод,борон, сармо,гармо,кишварҳои офаридаи Ахура Маздо, асотир дар бораи Ҷамшед, Каюмарс ва ғайрахо нақл карда мешавад.
Ба фармудаи Ахура Маздо «Кассе ,ки гандум мекорад, тухми неки мекорад, вақте ки гандумро барои кӯфтан омода месозад, девонро арак пахш мекунад,вақте ки онро ба осиёб мебарад, девон безобита мешавад, вақте ки хамирро барои пухтан тайёр мекунад, девон аз тарс ба доду фигон меояд».
Виспарад аз калимаи авестои висператаво гирифта шудааст, ки маънояшро бо тоҷики имруза « ҳамаи доварон» гуфтан мумкин аст. Аз ҷиҳати мазмун ин қисман ба Ясно каробат дорад. Он дуоҳоеро фаро мегард, ки дар ситоиши Яздон ва ниёиш ба даргоҳи он хос буда, ҳангоми тоату ибодати зардуштиён тиловат мегардид. Виспарад аз 24 боб таркиб ёфта, он бобҳо карда номида мешавад. Ин қисмати Авесто нисбат ба Ясно ва Яштҳо хеле баътар танзим гардидааст. Дар виспарад Готҳо чун сурудҳои муқаддас ситоиш ёфта , хар чо-хар чо мисраъхо ва бандҳои алоҳидаи Готҳо иқтибос оварда мешавад.
Хурдак – Авесто аз Ду калимаи Авестои хвартак ( хурдак ) ва апастак (Авесто) таркиб ёфта, баргузидаи тамоми авесто мебошад. Онро дар замони Шопури II Сосони (309-379) мубади мубадон Озарбади Махраспандонт дар 21 наск тартиб дода буд. Он ба ҳашт баҳш ҷудо мешавад. Хурдак –Авесто дуоҳоеро фаро мегирад, ки ҳар як пайрави дини зардушти онҳоро бояд бидонад ва ҳангоми ибодат ба забон ронад. Хамчунин, доир ба таквим, ҷашнҳо, одоби пушидани сару либос хабар медихад. Хурдак_ Авесто фушурдаи донишҳои ачдоди Моро аз таърих, ҷугрофия, ҳуқуқ, тиб ва монанди инҳо фаро мегирад. Метавон Хурдак-Авесторо қонуни ойини зардушти номид.
Авасто боқимондаи сурудҳо, достонҳо, ривоятҳо ва гуфтаҳои бузургони гузаштаи мо мебошад, ки таърихи бисёрхазорсолаи ориёиҳоро таҷассум менамояд. Авасто маҷмуаи маълумотҳои дини, фолклори, ҷугрофи, астраноми, биологи, ботаники, табиатшиноси, тибби, фалсафи, адаби, шеъри ва таърихист. Маънои калимаи Авасто чандон равшан нест. Дар адабиёти таърихи номи китоб Авасто, Асто, Усто, Апастак, Вистак ва ғайра навишта шуда ва авастошиносон онро китоб, илм, дониш маъни карданд. Авасто барои мо, тоҷикону эрониён, мукаддас аст, на барои он ки китоби динист, балки барои он ки осори қадимтарини хаттии гузаштагони мо ба ҳисоб меравад.Агар муаллифи наски (китоби) аввали он Зардушт бошад, пас муаллифони китобҳои боқимонда дигар бузургони мо буданд.
Ҳеч миллате дар ҷаҳон чунин асри гаронбаҳои таърихи надорад. Мо аз ин мефахрем, меболем ва бояд пайваста аз панду андарзхои он бахравар бошем, зеро маънавиёти миллати мо аз он сарчашма гирифтааст. Матни пурраи Авасторо дар замони забткорихо Искандари Макдуни сухтанд. Мувофики ахбори таърихи Авасто дар ду нусха дар 12 хазор пусти гов бо оби тилло навишта шуда буд ва яке дар хазинаи шохи дар Персеполис ва дигаре дар маъбад нигох дошта мешуд. Макдунихо касри шохро горат карда,баъд оташ заданд ва Авасто хамрохи дигар китобхои хазина сухт. Нусхаи дуюмро ба Юнон бурданд ва ончо нобуд гашт. Мувофики гуфтаи муаррихи юнони Плини, Авастои Зардушт китоби бузургтарин дар чахон ва аз 2 миллион байт иборат буд. Тахмин меравад, ки Плини ин маълумотро аз хамон нусхаи ба Юнон бурда гирифта аст. Баъди юнонихоро аз Ориёшахр рондан Портхо ба гирд овардани Авасто пардохтанд ва ин кор ба анчом расида буд ё не, мо намедонем.Ба хар холл Авасто дар замони Сосониён аз нав мураттаб мешавад. Аммо ба Сосониён аз 1200 боб 347 бобро баркарор кардан муяссар гардид. Азбаски Авасто бо лахчаи мардуми Бохтар навишта шуда буд, барои фахмидани вай лугати тафсирие тартиб дода шуд, ки он «Занд» ном дошт.Дар замони Сосониён мубадон Авасторо мувофики шархи Занд мефахмиданд. Тафсири пахлавии Занд аз 2094200 вожа иборат буд.
Авасторо дубора арабхо сузониданд.Дар асрхои VII-IX арабхо точиконро ба бефарханги таъна мезаданд ва ба иззати нафси онхо мерасиданд. Дар мукобил гурруи миллии онхо бедор шуд ва номи миллати худро точик-точдор аз нажоди пок муаррифи сохтанд ва ба тарчимаи осори хатти худ ба араби шуруъ намуданд.Дар замони халифа Маъмун, ки модараш аз точикони балх буд мубохисае байни диндорони мусулмон, насрониён ва иброниён ташкил карда шуд,ки дар он мубади зардуштибо Номи Озарфаранбаг ширкат дошт.Дар ин мубохиса Озарфаранбаг нисбат ба хамаи намояндагони динхои дигар дастболо шуд ва халифа ба у ичозат дод, ки дар бораи Авасто ва ойини Зардушт китобе мураттаб кунад. Озарфаранбаг ба навиштани китобе ба номи «Динкард» Сар мекунад, лекин онро тамом карда наметавонад, зеро уро динжорони исломи куштанд. Навиштани «Динкард»-ро мубад Озарбод давом дода, ба охир мерасонад «Динкард» мухтасаран дарбораи бахшхои Авасто, аз чумлаи 21китоби замони Сосониён маълумот медихад.
Дар хамин давра якчанд китобхои дигар монанди «Ардовирафнома», «Минуи хирад», «Бундахишн» ва дигар адабиёти зардушти навишта шуданд, ки мо аз онхо дар бораи ойини Маздаясно маълумот мегирем.
Алифбои авестои зоҳиран дар асри VI – аниқтараш дар замони Хусрави I (531-579) ба вуҷуд оварда шудааст. Матнҳои бозмондаи “Авесто”, ки қадимтарини онҳо ба асрҳои III ва IV таалуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.
Китобати “Авесто” ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақш лафзи он сурат ёфтааст. Худи номи “Авесто” аз калимаи форсии миёнаи – apastak-, баъдан – abastav- ба маънии “асос” (ва ё мувофиқи тафсироти дигар “гузариш”, “дастур”, “қиёси”) ва ғайра аст, ки бевосита ба матни маҳфуз мондаи “Авесто” дар зарфи мавҷудияти чандин асраи худ борҳо кодификатсия шудааст.
Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавии наздики забони “Авесто” бо забони қадими хуб омeхта шуда ва аз рӯи бисёр ёдгориҳои маълуми ҳиндӣ – ведоӣ (бо ин забон) “Ригведа” ва санскрит исбот гардид. Ҳамчунин пайдо шудани мифтоҷи дуввумии забони машҳури эронии қадим, форси қадим, мутоила ва барасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пас аз авестоӣ ва истифодаи васеъи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст.
Омeзиши забонҳои Эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва забонҳои зиндаи Эронии Шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии “Авесто”-ро ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва мeътабартарин мутахасисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими “Авесто”-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд.
“Авесто”, ки аз маxмeи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор Зардуштиён зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан порсиён меноманд. Порсиён на танҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.
Дар миёнаҳои асри ХVIII – Анкетил Дюреррони Франсавӣ, ки нисбат ба омeзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба ҳиндустон сафар намуд. E назди мубадони порсӣ маросими дини ва хондани матнҳои қадмиро (ба дараҷаи мубадони баланд буданд) омeхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан у тарҷумаи Франсавии “Авесто”-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод. Ба воситаи ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи “Авесто” дастраси аҳли илми Европа гардид.
Муддатҳои зиёде “Авесто” мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ, ба таври шифоҳӣ, ки ягона нақш дақиқан маҳфуз мондан буд, нақл карда мешуд.
То ба вуҷуд овардани алифбои авестои ҳозиразамон матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI – V пеш аз милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмоли ороми таълиф ёфта буданд.
Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне Аслан вуҷуд доштани “Авесто”-и замони хахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии “Авесто” ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран “Авесто”-и хаттӣ дар нимаи дуввуми давраи Гюрт (Парфия) ва яқинан оғози давраи сосонӣ вуҷуд дошт.
Баъдтар “Авесто” бо алифбо, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хаттӣ-паҳлавӣ (яъне, ҳуруфи китобҳои зардушти форси миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хатти ороишасос ба ҳисоб меравад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбо бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои “Авесто” ба нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии ҷӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгори хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад.
“Авесто”-и имрӯза аз китобҳои “Ясно” – “Назр” – “Ниёз”, маxмeи матнҳои маросимӣ; “Яштҳо” (“Яшт” – “Ниёиш” – “Ситоиш”), сурудҳо дар васфи худоёни дини Зардуштӣ; “Видевдат” – “Қонун” ба муқобили “Девон” (шакли баъдинаи нодуруст ҳоли “Вандидод”). Ғайр аз ин ба “Авесто” як чанд қисматҳои ҳаxман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд. Ҳамин тавр “Авесто” на танҳо доир ба дини зардуштӣ, балки доир ба баъзе оину мазҳабҳои эронии қадим ва русумоти қабилавие, ки ба замони умумияти ҳинду- аврупоӣ дахл доранд, маълумот медиҳад.
Ба хамаи ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, “Авесто” муҳимтарин ва ягона маъхазест барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ, яъне мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар шафати Осиёи Миёна воқеъ гардида аст.
Мачмуи нисбатан комилтари маълумоти «Авесто» дар масъалаи тавсифи чамъият асари В. Гейгер «Маданияти Эрони Шарқи дар аҳди бостон» мебошад 25. дар муддати пас аз соли 1882 и асар аз бисёр ҷиҳат кӯҳна шудааст, вале, мутаасифона, асаре хаммонанди он аз ҷиҳати дарбаргирии материал холо ба миён наомадааст. Ба ғайр аз диди нави филологи – лингвисти дар чунин асар маълумоти «Авесто»-ро мумкин аст аз назари комёбиҳои нави археологи тадқиқ кард. Умед аст, ки эроншиносон ва бостоншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари заруриро ба вуҷуд меоранд.
Мухаккикон хусусияти чамъияти авестоиро тадқиқ намуда, чахорзина будани онро кайд намудаанд. Дар «Яшт»-и X, 115 оварда шудааст: «Сарвари динии хонадон «нманйа»: сарвари динии авлод – «висйа»; сарвари динии қабила – «зантума»; сарвари динии мамлакат – «дахйума»: сарвари олии дии – «заратуштротэма» номида мешавад26.
Ба хамин тарик, оила «нмана» ном дошт. Сарвари чунин оилаи патриархали кадхудо – «нманопати», яъне «худованди хона» буд, заи калони дар оила «нманопати» – «кадбону» омида мешавад. Мавкеи зиёдро ишгол кардани зани калони дар оилаи точикон, махсусан сокинони махалхои назди Помир, бо хукмронии хазорсолаи ислом нигох акарда то замони мо боки мондааст. Материалхои этнографие, ки дар мавзеъхои гуногуни Помир чамъовари шудаанд ба ин шаходат медихад.
Як далели дигар, вале гайримустакиме оид ба роли баланди занон дар Осиёи Миёнаи кадим мавчуд аст чунон ки маълумот аст, дар замонхои кадим хукмронии нохияхои Осиёи Миёна – Уструшон ва Сугд лакаби «афшин» доштаанд27. Таҷзия ва тахлили таърихию этимологии ин истилоҳро В. И. Абаев анҷом додаст. У тафсирхои кӯҳна ва дар ҳақиқат беасосро рад намуда, ин истилоҳро бо калимаи дар забони осетини бокимондаи afsin – «кадбону» макоиса намуд28.Ба акидаи В. И. Абаев занон – сарварони қабилаҳои сакои – массагети бояд хамин унвонро медоштанд. Аз онҳо ин истилоҳ баъдтар ба нохияҳои ҳамсояи Осиёи Миёна гузашта, нисбат ба мардони сарвар истифода шудааст29. Ба хамин тариқ, истилоҳе, ки дар байни осетинҳо маънии кадбонуро дошт, дар Осиёи Миёнаи қадим тадриҷа нисбат ба мардони ҳукмрон истифода гардид.
Дар матнҳои авестои калимаи «майа» аъзои оиларо ифода менамояд, дар баробари ин чунон ки И. Гершевия исбот кардааст, истилохи мазкур эзиди нигахбони хонадорониз ифода мекунад, ки мувофики тасаввуроти кадимии мардуми рус оми «парии хонаги»- ро гирифтааст. Хамчунин эзидони кабилави мавчуд буданд, ки онхоро «висйа» меномиданд30. амали ин эзидо кисман бо амалиёти фравашихо – фариштахои нигахбон вар ухи тамоми мавчудот мутобик мебошад31.
Ба хайати оила узвхои окисулхукук – вира, вайса ва парийатар низ дохил мешуданд. Вира маънии «мард», «сарбоз» — ро дорад, вале маънии «гулом» — ро из метавонад ифода кунад. Масалан, дар «Яшт» — и X, 28 оид ба Митра Сухан меравад, ки вай ба он хонадоне, ки хайрхох аст «галаву рама ва вирахои зиёд» яъе гуломонро такдим медорад. Умуман, хангоме, ки дар «Авесто» номбурда ва мукобилгузории чорпоён ва вира оварда мешавад, вира одатан гуломро ифода мекунад. Вайса ва парийатар тибки баъзе матнро ба хайати оила хамчун узвхои хурд дохил мешудаанд32. Иттиходияхои нисбат ба оила калонтар аз риштаи падари «нафа» ном доштанд. Онхо сохиби замини кишт, чарогох ва дигар дороии дигари умуми буда, моликияти аъзои иттиходияро риштахои хамраъи ва кафолат ба хам мепайваст. И гуруххо хеле бузург буданд ва наздики 100 марди комилхукук ба он дохил мешуд. Оид ба мавкеи чунин гуруххо, аз чумла, гилаи Зардушт шаходат медихад: «Бизоатмандон ва муттафикон аз ман ру тофтанд, чамоа нисбат ба ман номехрубон аст, хамчунон ки шахриёрони дуругпарасти кишвархо номехрубонанд» («Ясно»-и 46,1)33.
Кабила («вис») аз якчанд гуруххои бизоатманд иборат буд, сардори кабила «виспати» ном дошт. «Вис» на танхо кабила, балки маскани ахли кабила – дехро низ ифода мекард дар аввал, зохиран, ин макони зист аз якчанд хонадон иборат буд. Баъдтар вай батадрич хусусиятхои чамоаи кашоварзиро сохиб шудааст34.
Чавонон хангоми ба камол расида (овони 15 – солаги) маросими иртикаро ба дин ва чамоа мегушатанд. Дар мачлиси гурухи бизоатмандон ба онхо камарбанд ва пирохани мукаддас бахшида мешуд. Ба ин амал хамчун таваллуди дувуми» инсон назар мекарданд. Танхо пас аз ин чаввон узви комилхукуки чамоа мегардид, дар маросимхои дии иштирок менамуд, ухдадориро гирифта ва акди никох баста метавонист.
Аксари масъалахои хонаводаро шурои кабила, ки сарварони гуруххои бизоатманд ба он дохил мешуданд, хал мекард. Шуро масъалахои хаёти дохили, истехсоли ва чамъиятии марбут ва анчоми вазоифи дини ва хукуки, гайр аз ин масъалахои муносибат бо кабилахои дигарро хал менамуд.
Мувофики матнхои “Авесто” дар чамъияти онзамона тафрикаи ичтимоию молумулки хеле васеъ инкишоф ёфта буд.Дар боло мо ба ғуломон ишорат кардем. Дар қисматҳои муҳталифи “ Авесто” ба катхдоёон ва шахсоне ишора мешавад,ки галаву рамаи фаровониро сохибанд.Чорво боигарии асоси ба хисоб мерафт, вале маълум аст, ки боигарии дороён натанхо чорво, балки замину сарватхои дигар низ буд.
Дар “Авесто” гуруххои “ ичтимои-касби “ ба монанди рухони ,сарбозу дучархасавор, ва (як бор) хунарманд номбар мешаванд. Баъзе олимон акида доранд, Ки таксимоти ичтимои ба давраи умумияти хиндуэрони дахл дорад ва аз ин сабаб кобили таваччух нест ; дигарон бошанд ,ба даври асоснок муътакиданд ,Ки он инъикоскунандаи хакакати (дар замони пайдоиши «Авесто» ва баъдтар ) вучуддоштаи таърихи мебошад,аз ин ру ,хангоми тачдиди чамъияти «Авесто» бояд ба мадди назар дошта шавад.
Дар баробари мардуми одди чамъият дорои «родмардон» ва «ашрофон»буд.Яке аз истилохот ба маънии «родмард», «ашрофон» — «азата» («асилзода») аст.Аксари вай сарвари виса (кабила ) ва оилаи худ мебошад. Тахлили тачзияи комили этимология ва эволюцияи калимаи «азата»-ро Г.Бейли анчом додаст.Дар забони форси миёна –пахлави он маънои «озодаи хонадони шох» , «родмард» , «озодасл»-ро дошт.
Аз хамин чо калимахои точикии «озод» ва «озода» сар задааст ,Ки яке аз маънихои он «род» , «начиб» аст. Истилохи дигари «Авесто» барои ифодаи «ашроф» «асна» мебошад.
Кабила – занту ,зохиран,мавкеи нисбатан хурдтарро ишгол менамуд .Дар баробари ин баъзе порчахоро аз шурои «бехтарин мардумон» иттилоъ медиханд .Истилохи ифодакунандаи ин гунна шурохо «ханчамана» буд ,Ки дар забони точики ба шакли «анчуман» боки мондааст.
«Вилоят» ва «мамлакат» , ки аз якчанд нохия иборат буд ,дар «Авесто» «дахйу» ном дорад. И.М.Дяконов дуруст кайд мекнад, ки «равшан кардани маънии ин истилох мушкил аст» . Аксаран дар кисматхои кадимтарини «Авесто» «дахйу» ба маънии хамон гуна «давлатчахое» буд ,ки тибки манбаъхои ошури , дар мидия вучуд доштанд ,яъне иттиходияхои минтакавие буданд, ки на хамчун давлат ,балки хамчун ташкилотхои бузурги кабилави амал мекарданд В. А. Лившиц хаккони хотиррасон мекунад , ки дахйу «пеш аз хама ,мафхуми худуди ва географист,Ки дар он умумияти этники хеле зиёд аст, вале он холо дар таркиби давлати ташакулёфта вохиди маъмури нест» .
Дар сари «дахйу» «дахйупати» меистод. Аз шахсони дигаре, ки хокимият дар дасташон буд, «састар»(«хукумрон», «хоким»)-ро ном бурдан мумкин аст, Ки хукмаш ба ин ё он махал равон буд.
Дар «Авесто» барои ифодаи маънии иттиходияи нохияхо истилохи «дахайусасти»- «хокимият бар нохияхо» мавчуд аст.
Сардори чунин иттиходия «дахйупатии тамоми дахйухо» -« Хокими тамоми нохияхо» буд ; вай хукуки яккахокимияти надошт , чунки ба гайр аз у «дахйунам фратэмадато» — «шурои бузургон»-и иттиходияи нохияхо низ фаъолият мекард. Зохиран , хокимияти «дахйупати» -хо ва ,хатто «хокими тамоми нохияхо» махдуд буд ва шуро бар хокимияти онхо назорат мекард.
Тахлили «Готхо» аз ҷихати ичтимои –сиёси ( дар ин бобат корхои В.И. Абаев ва И.М. Дяконов мухиманд ) нишон медихад,ки онхо инъикоскунандаи холату авзои ҷамъияте мебошанд, ки дар остона ва ё дар огози офариниши давлат аст.
Чамоаи дар «Готхо» тасвир шуда аз торочгари , тохтутози вахшиёнаи хамсоягон, горат шудани чорпоён ба дод омадааст. «Готхо» ба зиндагии орому осоишта ва мавчудияти маконхои гул –гулшукуфон бо сарварии шохони «хуб» , даъват мекунанд .Хамаи ин тагироти бузурги ичтимоиро талаб мекард ,ки чараёни онхо дар он замон хеле тезутунд буд .Ин холатро низ ба назар гирифтан зарур аст.ки «дар давраи авали чамъияти синфи мавкеи халкунандаро дар байни синфи хукумрон хамеша аъёну ашрофи кабила – пешвоён ва рухониёне ,ки дар заминаи сохти чамоати ибтидои ба миён омада будаанд, ишгол мекард. Аммо давлати муттахида танхо анъанахои кабилави ва хукумронии олигархиро ,ки бо решахои махлли ва чамоавии худ пуркувват буда ва аз ин вачхо доимо чудоиталаб аст ; аз миён бардошта , ба вучуд омада метавонад».
Ба хамин тарик , муносибатхои ичтимои – сиёсии давраи мазкурро дар Осиёи Миёна хамчун муносибатхои гузариш аз сохти ибтидоии чамоати ба сохти чамъиятии синфи маънидод кардан мумкин аст. Чамъоати кабилави аз байн рафта , чамъоати дехот ба миён меомад . «Оилаи чудогона вохиди хочагии чамъият шуда мемонад»- гуфтааст Ф.Энгелс. Асоси чамъоати дехотро бар хилофи чамоати кабилави ,на муносибатхои кабилави ,балки алокахои хочаги ва территорияви иашкил мекарданд .Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна чамъоати дехот роли калоне бозида ,асархои аср пояндаву баркарор будааст. « Истибдоди шарк ива хукумронии истилогарони бодиянишине ,ки чои якдигарро мегирифтанд,дар давоми хазорхо сол бо ин чамоахои кадими ягон коре карда натавонистаанд» ,- кайд мекунад Энгелс «Анти –Дюринг» .
Дар дохили обшина тадричан нобаробарии молумулки меафзуд .Гуломдории патриархали инкишоф меёфт . Дороён ва камбагалон пайдо мешуданд. Мавкеи сипахсолорон хамчун шахсони доиманд сохибмансаб баланд мегардид. Вале хокимияти онхоро шурои кухансолон ва мачлиси кабилави махдуд мекард. Зарурати иттиходияи кабилахо ба миён меомад .
Чунон ки Ф.Энгелс кайд мекунад ,лашкаркашихои горатгарона мавкеи сипахсолорон ва пешвоенро боз хам баланд менамуд. Чанг бо максади горатгари касбу кори доими мегардад. Сипахсолори Оли ва дастёрони вай аъёну ашрофи мероси шуда мемонанд, «демократияи табиии сохти ибтидои ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардид.
Мутобики шароити мухталифи истехсолот дар минтакахои сахрои ва водихо дар огози хазораи I пеш аз милод ду намуди хочаги –кучманчиги, чорводори дар сахро ва мукимнишинии, заминдори дар вохаву водихои сероб ташкил гардиданд. Ба хамин тарик,аз даврахои кадимтарин дар Осиёи Миёна холате баркарор гардида буд ,ки дар бораи он К .Маркс навиштааст: «Дархамаи кабилахои Шарк аз сарогози таърих дар байни мукими будани як кисми онхо (кабилахо .-Б.Г.) ва кучманчигии давом кардаистодаи кисми дигар таносуби умумиеро дидан мумкин аст).
univer.tj