Одамонро ба тарзи ҳаёти солимбовар кунондан – асоси саломатиихуб-яке аз вазифаҳои онҳоест, кидарди мардумро кам карданианд.
Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон
Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд.
Асоси мӯътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абӯали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва маслиҳатҳои Абӯалӣ ибни Сино мардум зарурати иҷрои талаботи бисёр қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тартиб ва аҳамияти парҳезгориро сарфаҳм рафтанд, инчунин мақом ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ, зарари машрубот, зарурати тоза нигоҳ доштани обу ҳаво, фоидаи риояи низоми хоб ва ғайраро мефаҳмиданд. Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули маорифи санитарӣ калон аст, инчунин нагуфта наметавонем, ки истифодаи бисёр тавсияҳо ва маслиҳатҳои олим дар он замон имконнопазир буд. Зеро ҳамватанони олим, ки аз тарафи аҷнабиён ва ҳакимони маҳалӣ истисмор карда мешуданд, дар бобати амалӣ гардонидани гуфтаҳои Абӯалӣ ибни Сино орзу ҳам карда наметавонистанд.
Бо вуҷуди ин, дар марҳилаҳои гуногуни тарақиёти иқтисодиёт ва маданият, инчунин инкишофи тибби шӯроӣ ва нигаҳдории тандурустӣ дар ҷумҳур шаклҳо ва усулҳои ташкили кори маорифи санитарӣ, мундариҷаи он тағйир ёфтанд. Онҳо дар ҳар як марҳила баёнгари муҳимтарин вазифаҳои нигоҳдории тандурустии мардум буданд. Дар марҳилаи аввали ташаккулёбии маорифи санитарии шӯроӣ (с.1917-1924) дар ҳудуди Тоҷикистон муассисаҳои муолиҷавӣ, дорусозӣ вуҷуд надоштанд, кадрҳои тиббӣ низ набуданд. Дар ҷумҳурӣ оид ба маорифи санитарӣ ягон-ягон сӯҳбатҳо ва ё тадбирҳои дигар гузаронида мешуданд, ки онҳоро асосан кормандони қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ мегардониданд. Ин тадбирҳо дар шароитҳои басе душвори давраи ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои касодии иқтисодӣ, қашоқию гуруснагии мардум сурат мегирифтанд.
Дар чунин шароити душвор тарзи ҳаёти солим воситаи муҳими мубориза бо табларза ва дигар касалиҳои сирояткунанда ҳисоб меёфт. Ба амалӣ гардондани тадбирҳои органҳои нигаҳдории тандурустӣ, хуруфотпарастии қисме аз одамон халал мерасонд. Мардумони бесаводи каммаданият ақида доштанд, ки табларза натиҷаи дар вуҷуди инсон ҷойгир шудани «балои бад» мебошад, ки танҳо бо хондани дуо берун кардан мумкин аст.
Тарғибу ташвиқи маорифи санитарӣ он вақҳо кори осон набуд, ба аввалин духтурон лозим меомад, ки дар ин роҳ мушкилоти зиёдеро рафъ намоянд. Барои пешрафти кор фаҳмондани моҳияти маорифи санитарӣ, пеш аз ҳама, боварии мардумро ба даст овардан, урфу одат ва суннатҳои чандинасраи онро эҳтиром кардан лозим буд.
Тарғибу ташвиқи донишҳои санитарӣ бояд бо усулҳои ба ҳама дастрас, фаҳмо, бо истифодаи аёниятҳо ва маънидоди оддитарин масъалаҳои беҳдошт гузаронида мешуд. Ба мақсади ба ташхису муолиҷаи амбулаторӣ ҷалб намудани аҳолӣ лозим меомад, ки дар байни мардум баромадҳои он одамоне ташкил карда шаванд, ки баъди муолиҷаи табларза, аз ҳар гуна амрози пӯст сиҳатӣ ёфта буданд. Ба бемороне, ки мунтазам табобат мекарданд ва аъзои силаи худро ба қабули духтурон меоварданд, дорую дармон ва маводи заҳмпеч бепул дода мешуд. Баъдтар, аз байни маҳз ҳамин гуна одамони баландшуури ҷамъият фаъолони кори санитарӣ берун омаданд, ки онҳо дар комёбиҳои минбаъдаи тибби ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштанд.
Марҳилаи дуюми инкишофи маорифи санитарӣ солҳои 1924-1929 давраи Ҷумҳурии мухтори шӯроӣ будани Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин марҳила диққати асосии маорифи санитарӣ ба амалӣ гардонидани тадбирҳои умумии ҳифзи саломатӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои мухталиф аз ҷумла сил, табларза ҳар гуна касалиҳои пӯст, дар он давра хеле зиёд буданд, равона карда шуда буд. Он вақтҳо тарғибу ташвики ҳифзи саломатии модар ва кӯдак аҳамияти хос дошт. Ҳанӯз дар марҳилаи аввали бунёдгузории нигаҳдории тандурустии шӯроӣ маорифи санитарӣ муҳимтарин қисми фаъолияти амбулаторияҳои занона, машваратхонаҳои модарону кӯдакон, зойишгоҳҳо, муассисаҳои бачагонаи навташкил ҳисоб меёфт. Тадбирҳои оиди беҳдоштӣ ин муассисаҳои аввалини ҳифзи модар ва кӯдак, ки дар ҷумҳурӣ соли 1926 шурӯъ карданд, барои модарон ҳамчун мактаби ҳақиқӣ хизмат кардаанд. Кормандони тиббии машваратхонаҳои бачагонаю занона фарзу суннати нигоҳубини атфолро ба таври васеъ тарғибу ташвиқ мекарданд, бар зидди касалиҳои бачаҳо ва марги нобаҳангоми онҳо мубориза мебурданд.
Имрӯз ба тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳтоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ бештар аз 10 ҳазор духтурон ва 26 ҳазор кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ иштирок мекунанд. Ба ҳамин тариқ дар ҷумҳурӣ ба тарзи ҳаёти солим шиносонидани аҳолӣ муваффақ шудаанд. Акнун вазифаҳои органҳо ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ иборат аз он аст, ки сифати тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ беҳтар карда шавад. Имрӯз доираи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим танҳо бо гузаронидани лексияҳо, сӯҳбатҳо бо гурӯҳи муайяни одамон маҳдуд нахоҳад шуд, ин кор бояд вобаста ба талаботи муҳимтарин вазифаҳои нигаҳдории тандурустӣ пеш бурда шавад, ба муборизаи кам ва ё тамоман нест кардани касалиҳо, кам кардани муддати табобати беморон, пешгирӣ намудани касалиҳо, такроран бемор нашудани одамон мусоидат намояд ва ба ин восита пайваста баланд шудани сатҳи маданияти санитарии мардумро, ки бе ин муваффақ шудан ба тарзи зиндагии солим имконнопазир аст таъмин гардонад.
Ба ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ меёбад. Вай омили пуриқтидори дароз гардонидани умри одамон, кам кардани ҳар гуна бемориҳо, марги аҳолӣ, инчунин беҳтару мустаҳкам гардидани саломатии мардум мебошад.
Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
www.maktab.tj
Одамонро ба тарзи ҳаёти солим бовар кунондан – асоси саломатии хуб-яке аз вазифаҳои онҳоест, ки дарди мардумро кам карданианд. Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷудОдамонро ба тарзи ҳаёти солим боваркунондан – асоси саломатии хуб-якеаз вазифаҳои онҳоест, ки дардимардумро кам карданианд.
Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон
Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд.
Асоси мўътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абўали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва маслиҳатҳои Абўалӣ ибни Сино мардум зарурати иҷрои талаботи бисёр қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тартиб ва аҳамияти парҳезгориро сарфаҳм рафтанд, инчунин мақом ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ, зарари машрубот, зарурати тоза нигоҳ доштани обу ҳаво, фоидаи риояи низоми хоб ва ғайраро мефаҳмиданд. Саҳми Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули маорифи санитарӣ калон аст, инчунин нагуфта наметавонем, ки истифодаи бисёр тавсияҳо ва маслиҳатҳои олим дар он замон имконнопазир буд. Зеро ҳамватанони олим, ки аз тарафи аҷнабиён ва ҳакимони маҳалӣ истисмор карда мешуданд, дар бобати амалӣ гардонидани гуфтаҳои Абўалӣ ибни Сино орзу ҳам карда наметавонистанд.
Бо вуҷуди ин, дар марҳилаҳои гуногуни тарақиёти иқтисодиёт ва маданият, инчунин инкишофи тибби шўроӣ ва нигаҳдории тандурустӣ дар ҷумҳур шаклҳо ва усулҳои ташкили кори маорифи санитарӣ, мундариҷаи он тағйир ёфтанд. Онҳо дар ҳар як марҳила баёнгари муҳимтарин вазифаҳои нигоҳдории тандурустии мардум буданд. Дар марҳилаи аввали ташаккулёбии маорифи санитарии шўроӣ (с.1917-1924) дар ҳудуди Тоҷикистон муассисаҳои муолиҷавӣ, дорусозӣ вуҷуд надоштанд, кадрҳои тиббӣ низ набуданд. Дар ҷумҳурӣ оид ба маорифи санитарӣ ягон-ягон сўҳбатҳо ва ё тадбирҳои дигар гузаронида мешуданд, ки онҳоро асосан кормандони қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ мегардониданд. Ин тадбирҳо дар шароитҳои басе душвори давраи ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои касодии иқтисодӣ, қашоқию гуруснагии мардум сурат мегирифтанд.
Дар чунин шароити душвор тарзи ҳаёти солим воситаи муҳими мубориза бо табларза ва дигар касалиҳои сирояткунанда ҳисоб меёфт. Ба амалӣ гардондани тадбирҳои органҳои нигаҳдории тандурустӣ, хуруфотпарастии қисме аз одамон халал мерасонд. Мардумони бесаводи каммаданият ақида доштанд, ки табларза натиҷаи дар вуҷуди инсон ҷойгир шудани «балои бад» мебошад, ки танҳо бо хондани дуо берун кардан мумкин аст.
Тарғибу ташвиқи маорифи санитарӣ он вақҳо кори осон набуд, ба аввалин духтурон лозим меомад, ки дар ин роҳ мушкилоти зиёдеро рафъ намоянд. Барои пешрафти кор фаҳмондани моҳияти маорифи санитарӣ, пеш аз ҳама, боварии мардумро ба даст овардан, урфу одат ва суннатҳои чандинасраи онро эҳтиром кардан лозим буд.
Тарғибу ташвиқи донишҳои санитарӣ бояд бо усулҳои ба ҳама дастрас, фаҳмо, бо истифодаи аёниятҳо ва маънидоди оддитарин масъалаҳои беҳдошт гузаронида мешуд. Ба мақсади ба ташхису муолиҷаи амбулаторӣ ҷалб намудани аҳолӣ лозим меомад, ки дар байни мардум баромадҳои он одамоне ташкил карда шаванд, ки баъди муолиҷаи табларза, аз ҳар гуна амрози пўст сиҳатӣ ёфта буданд. Ба бемороне, ки мунтазам табобат мекарданд ва аъзои силаи худро ба қабули духтурон меоварданд, дорую дармон ва маводи заҳмпеч бепул дода мешуд. Баъдтар, аз байни маҳз ҳамин гуна одамони баландшуури ҷамъият фаъолони кори санитарӣ берун омаданд, ки онҳо дар комёбиҳои минбаъдаи тибби ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштанд.
Марҳилаи дуюми инкишофи маорифи санитарӣ солҳои 1924-1929 давраи Ҷумҳурии мухтори шўроӣ будани Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин марҳила диққати асосии маорифи санитарӣ ба амалӣ гардонидани тадбирҳои умумии ҳифзи саломатӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои мухталиф аз ҷумла сил, табларза ҳар гуна касалиҳои пўст, дар он давра хеле зиёд буданд, равона карда шуда буд. Он вақтҳо тарғибу ташвики ҳифзи саломатии модар ва кўдак аҳамияти хос дошт. Ҳанўз дар марҳилаи аввали бунёдгузории нигаҳдории тандурустии шўроӣ маорифи санитарӣ муҳимтарин қисми фаъолияти амбулаторияҳои занона, машваратхонаҳои модарону кўдакон, зойишгоҳҳо, муассисаҳои бачагонаи навташкил ҳисоб меёфт. Тадбирҳои оиди беҳдоштӣ ин муассисаҳои аввалини ҳифзи модар ва кўдак, ки дар ҷумҳурӣ соли 1926 шурўъ карданд, барои модарон ҳамчун мактаби ҳақиқӣ хизмат кардаанд. Кормандони тиббии машваратхонаҳои бачагонаю занона фарзу суннати нигоҳубини атфолро ба таври васеъ тарғибу ташвиқ мекарданд, бар зидди касалиҳои бачаҳо ва марги нобаҳангоми онҳо мубориза мебурданд.
Имрўз ба тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳтоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ бештар аз 10 ҳазор духтурон ва 26 ҳазор кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ иштирок мекунанд. Ба ҳамин тариқ дар ҷумҳурӣ ба тарзи ҳаёти солим шиносонидани аҳолӣ муваффақ шудаанд. Акнун вазифаҳои органҳо ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ иборат аз он аст, ки сифати тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ беҳтар карда шавад. Имрўз доираи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим танҳо бо гузаронидани лексияҳо, сўҳбатҳо бо гурўҳи муайяни одамон маҳдуд нахоҳад шуд, ин кор бояд вобаста ба талаботи муҳимтарин вазифаҳои нигаҳдории тандурустӣ пеш бурда шавад, ба муборизаи кам ва ё тамоман нест кардани касалиҳо, кам кардани муддати табобати беморон, пешгирӣ намудани касалиҳо, такроран бемор нашудани одамон мусоидат намояд ва ба ин восита пайваста баланд шудани сатҳи маданияти санитарии мардумро, ки бе ин муваффақ шудан ба тарзи зиндагии солим имконнопазир аст таъмин гардонад.
Ба ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ меёбад. Вай омили пуриқтидори дароз гардонидани умри одамон, кам кардани ҳар гуна бемориҳо, марги аҳолӣ, инчунин беҳтару мустаҳкам гардидани саломатии мардум мебошад.
Просмотрено: 2
lib.infopage.tj
Одамонро ба тарзи ҳаёти солим боваркунондан – асоси саломатии хуб-якеаз вазифаҳои онҳоест, ки дардимардумро кам карданианд.

Саломатӣ асоси некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Барои тансиҳат будани худ ва фарзандонамон мо бояд кадом корҳоро анҷом диҳем?
Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанад, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни бемори зиндагӣ намояд. Албата дар ҳоле, ки ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ тарзи ҳаёти солимро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Ва инчунин волидонаш низ пеш аз ӯ чунин тарзи ҳаётро пеш гирифта бошанд.
Ба консепсияи «тарзи ҳаёти солим» рафтори иҷтимоӣ ва психологии инсон, шартҳои асосии гигиении ташаккули организми инсон дохил мешаванд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд.
Меҳвари тарзи ҳаёти солимро, фаъолияти иҷтимоии инсон метавон гуфт. Зеро он ба ташаббускорӣ вобаста буда, дар меҳнат, таҳсил ва муомилот ошкор мешавад. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимои мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад.
Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури Канадагӣ, профессор Ганс Селья яке аз асосгузорони назарияи стресс, гуфтааст: «Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат гузорем. Мо бояд чунин ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад – яке аз стрессҳои калонест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, гипертония ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад.
Чи бояд кард, ки фаъолияти иҷтимоии меҳнатиро бештар намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузошт.
Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгарди, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила – ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташшакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад. Агар ин масъаларо бештар бинем, бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаракат дар инсони даврони ибтидои ҳолати рӯҳиро ба миён оварда, дар инсони замони ҳозира бошад, дар моҳҳо ва солҳои аввали зиндагӣ тараққӣ мекунад.
Дар ҳаракат маънои ҳаёт нуҳуфта аст. Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида, раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад.
Пайваста фаъолияти мунтазам накардан, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро ба амал меоварад ва тонуси мушакҳо, кори фикронӣ ва ҷисмонӣ паст мешаванд, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд.
Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд бештар мушоҳида кардан мумкин аст, зеро шаҳрнишинонро зарур аст, ки дар воситаҳои нақлиёт, нишаста ба кор раванд, ки ин ҳолат ба организми онҳо фишори асабӣ ва мушакиро ба миён меоварад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз, мо аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гашту гузор ба бозору мағозаҳо иваз менамоем. Ва ҳамаи ин дар ҳолати норасоии вақт, саросемаги, ба қавле “шишта саросемаем”. Ва бо ҳамин тарзи зиндагӣ ба мушакҳоямон имконият медиҳем, ки онҳо мудати дароз беҳаракат ва суст бошанд, дар чунин ҳол рӯҳу асаб– мудати дароз фишор мебинанд.
Занҷири маъмулии тарзи ҳаёти камҳаракатро кандан душвор аст. Барои аз чунин мушкили баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмони машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табит ба ҷо оварад таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост.
Дар ҷойҳое, ки сард аст яъне дар онҷо ҳисси хунуки мушоҳида мегардад ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳмият холи нест. Зеро хунуки таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи балан ба танзим медарорад. Баръакси таъсири оромкунандаи гармӣ бояд таъсири мунтазами хунукӣ низ бошад.
Аз ҳад зиёд истифода намудани ғизо метавонад ба организм зарари ҷиди расонад.
Масалан вазни бадан, аз ҳисоби равғани шикам, сина, гардан ва рон зиёд шуда, барои фаъолияти мунтазамии шахс халали ҷиддӣ ворид менамояд. Дар урфият мегуянд: “Фарбеҳ шудан – пир шудан аст”.
Хулоса хурду хуроки дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҳаёти асосии инсон аз фаъолияти иҷтимоӣ, некуаҳволии мардум, ки ба кас муоширати кайфияти руҳи медиҳад иборат аст.
Муҳиддинова Лола Салоҳиддиновна. Табиби шўъбаи варзишдармонии қисми Ташхисгоҳ.
Аюбов Савзали Раҷабович. Мудири шўъбаи табиатшифоии кисми ҷароҳии кўдакона.
mti.tj
Сўҳбати тахассусӣ дар мавзўи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим»
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят ва ташкилоту муассисаҳои дигари соҳа дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи ҳифзи сиҳатии омма пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, ҷидду ҷаҳд ба харҷ дода истодаанд, ки ба сокинони вилоят хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрас бошад. Бо пешниҳоди Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Иҷлосияи чаҳоруми (даъвати панҷум) Маҷлиси вакилони халқи вилоят “Барномаи соли 2016-Соли фарди солим” қабул ва Соли нави мелодӣ дар қаламрави вилоят “Соли фарди солим” эълон карда шуд.
Хабарнигори ҷамоатии рўзнома бо сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят Абдусалом Ваҳҳобов доир ба паҳлўҳои барнома сўҳбати тахассусӣ анҷом дод. Фишурдаи онро пешкаши муштариёни арҷманд менамоем.
- Абдусалом Абдуқодирович, чӣ боис шуд, ки Барномаи “Соли 2016-Соли фарди солим” қабул гардад?
-Қабл аз ҳама, таъкид кардан бамаврид аст, ки дар солҳои охир ба шарофати барқарории сулҳу осоиштагии кишвар ва амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҳамаи соҳаҳо ба ҳифзи сиҳатии омма эътибори дучанд дода мешавад. Зеро, чуноне Сардори давлат бамаврид зикр кардаанд, “ҷомеаи солим аз фардҳои ҷисман ва рўҳан солим ташаккул меёбад” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷодаи амалӣ шудани ин суханони Президенти кишвар саъю кўшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Соли 2015-ум барои рушди соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят зиёда аз 307 миллион сомонӣ маблағ масраф гардид, ки назар ба соли 2005-ум 16 баробар зиёд мебошад. Таъминоти беморхона, маркази саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо таҷҳизоту лавозимоти ҳозиразамони табобатӣ аз масоили ҳалталаби соҳа маҳсуб гардида, дар ин бобат дар қаламрави вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки 4 сол инҷониб аз буҷети вилоят барои харидани таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ҳамасола илова ба нақша 1 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Дар ду соли охир аз ҳисоби буҷети вилоят ҳамагӣ ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ 174 номгўй таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харида, ба муассисаҳои нигаҳдории тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шуданд.
Дар солҳои 2014-2015 дар вилоят сохтмони 20 муассисаи тиббӣ ба маблағи 4,8 млн. сомонӣ ва таъмири 265 муассисаи нигаҳдории тандурустӣ ба маблағи 15 млн. сомонӣ, аз ҷумла беморхонаҳои минтақавӣ, шўъбаҳои беморхонаҳо, марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ ба анҷом расонида шуд.
Моҳи октябри соли 2015 дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтани масъала «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи- кистон аз 2 августи соли 2010, №368 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва қабули қарори мушаххас дар ин самт бамавқеъ буд ва бовар дорам, он дар пешрафти соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Қабул ва амалисозии Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» қадами устувор дар татбиқи қарори зикршуда буда, баҳри роҳандозии Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар солҳои минбаъда мусоидат менамояд.
- Мақсад аз қабули Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» дар чӣ зуҳур меёбад?
- Аслан, қабули Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли фарди солим» талаби замон аст. Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ 29 октябри соли 2015-ум, вақте дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №368 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди муҳокима қарор гирифт, ин пешниҳодро ба миён гузоштанд, вакилони Маҷлиси вилоятӣ онро якдилона пазируфтанд. Дар ин бора қарори № 62-юми иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳам қабул шудааст. Мақсади асосии қабули Барномаи вилоятӣ беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, инчунин фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолии вилоят мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои мушаххас дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд ва баҳри ҳалли онҳо бояд Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят, ташкилоту муассисаҳои дигари соҳавӣ ва масъулон чораҳои амалӣ андешанд.
Мақсади дигари Барнома ислоҳи камбудиву нуқсонҳои хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти расонидани кўмаки аввалияи таъҷилии тиббӣ ва ба ин васила, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ аст.
Барои амалӣ намудани Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» бояд тадбирҳои зиёд андешида шаванд. Номбар кардани баъзеи онҳоро зарур медонам. Пеш аз ҳама, таъмини маблағгузории саривақтӣ ва мақсаднок баҳри амалӣ шудани Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, ба нақша гирифтани сохтмон ва таъмири муассисаҳои соҳа, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавии тиббӣ таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои кўмаки аввалия, таъмини муассисаҳои тиббии вилоят бо кадрҳои болаёқату умедбахш аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони маҳаллӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кадрҳои ҷавон, аз ҷумла таъмини кормандони тиб бо манзил, бахусус, барои эҳтиёҷмандон ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ, мусоидат барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, амалан беҳтар кардани хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ бо роҳи харидани нақлиёти махсус ва таъмиру барқарор кардани нақлиёти мавҷудаи ёрии таъҷилии тиббӣ, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати кам кардани фавти модару кўдак, пеш бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо мақсади ташкили тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани гирифторшавии мардум ба бемориҳои хавфнок ва сироятӣ, ҷалби соҳибкорон барои бунёди клиникаҳои хусусӣ, беморхонаву бунгоҳҳои саломатӣ, ҳамчунин иҷрои амалҳои инсондўстона, минҷумла дастгирии беморони эҳтиёҷманд, ки ба кўмак ниёз доранд. Чанд масъалаи хеле муҳим, аз ҷумла андешидани чораҳои мушаххас бо мақсади муҳофизати аҳолӣ аз таъсироти манфии экологӣ, пўшонидани маҳфузгоҳи радиоактивӣ воқеъ дар минтақаи «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тадбирҳое мебошанд, ки дар асоси Барномаи вилоятӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
- Хуб медонем, ки пешгирии беморӣ аз табобат осонтар аст. Дар ин бобат кадом чораҳо андешида мешаванд?
- Коҳиш додани шумораи гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, зард-парвин, бемориҳои рўдаю меда, буғумдард, домана, ҳамчунин андешидани чораҳои пешгирии бемориҳои диабети қанд, касалии ишемияи дил, нашъамандӣ, бемории масъунияти одам ва ғайра аз мақсадҳои амалӣ гардонидани Барномаи вилоятӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки бо мақсади татбиқи беҳдошти хизматрасонӣ лоиҳаи ҳамкории техникии ДАD /006/ “Таъмини хизматрасонии нурафшонӣ дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд” тавассути истифодаи дастгоҳҳои ҳозиразамон ва бо роҳи омўзишу такмили ихтисоси кормандон, ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди бинои нави шўъбаи нурафшонии Маркази саратоншиносии вилоят, инчунин бо таҷҳизоти нави аврупоии нурафшонӣ ба маблағи 2 миллион евро таҷҳизонидани шўъбаи Марказ низ мақсади мо, кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ба шумор меравад.
Дар назар аст, ки доир ба мавзўъҳои мухталифи пешгирии бемориҳо ҳамаҷоя бо мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият бурда шавад. Инчунин, корбарӣ барои пешгирии барзиёдвазнӣ ва истеъмоли ғизоҳои парҳезӣ, ба ин васила баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ташкили чорабиниҳои оммавӣ оид ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии аҳолӣ, ташкил ва гузаронидани озмунҳо, чорабиниҳои дигар барои дарёфти мутахассиси беҳтарини соҳа ва ҳавасманд кардани ғолибон ба эътибор гирифта шудааст.
- Абдусалом Абдуқодирович, манбаи асосии маблағгузории Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» аз куҷо сарчашма мегирад?
- Чӣ хеле дар Иҷлосияи чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ иброз доштанд, алҳол буҷети вилоят хеле ғанӣ гардида, бинобар иҷтимоӣ будани он маблағгузориҳои соҳаи иҷтимоӣ торафт афзун гардидааст ва таъмини иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» асосан, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (нақшавӣ ва маблағи иловагӣ), сармоягузорҳо, маблағҳои буҷети маҳаллӣ (вобаста ба хароҷоти қисми даромади шаҳру ноҳияҳо), соҳибкорон, шахсони саховатманд ва накўкор, маблағҳои хайриявии аҳолӣ ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён мегирад.
Чуноне ишора рафт, маблағгузории давлатӣ ба соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сол ба сол афзун мегардад ва дар навбати худ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъминоти техникии беморхона, марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Чуноне Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар иҷлосия таъкид карданд, барои таъмини иҷрои Барномаи “Соли 2016 - Соли фарди солим” аз буҷети вилоят умуман 337 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Боиси зикр аст, ки дар доираи Барнома соли 2016 барои таъмиру тармими бинои беморхона, маркази саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 21,147 ҳазор сомонӣ, дастрас кардани таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ 7,200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда, барои харидани 10 адад мошини ёрии тиббии таъҷилӣ ва таъмири 24 адад нақлиёти мавҷуда маблағгузорӣ ҷараён мегирад. Дар заминаи таъмини иҷрои Барномаи вилоятӣ корҳое идома дода мешаванд, ки қаблан оғоз ёфта буданд. Аз ҷумла, барои таъмири куллии қисми боқимондаи бинои Беморхонаи вилоятии клиникавии ба номи Қутфиддинов 3 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад. Бояд гуфт, ки маблағҳои зикршуда маҳз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сурат мегирад ва маблағҳои ҷудошуда бояд мақсаднок истифода бурда шаванд. Албатта, ин самти кор зери назорати қатъии мақомоти дахлдор, минҷумла Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят қарор дода хоҳад шуд.
- Ба андешаи Шумо, татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» чӣ самара медиҳад?
- Барномаи вилоятӣ ба беҳдошти вазъи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма нигаронида шудааст ва ҷиҳати татбиқи нуктаҳои санади мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян ба иҷро расонида мешаванд. Дар вилоят тибқи индикатор (нишондиҳанда)-ҳои механизми татбиқи Стратегия иҷрои 37 индикатори барои солҳои 2015-2020 пешбинишуда ҷиҳати татбиқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ пешбининамудаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ, ба монанди таҳкими саломатии модарон, тифлони навзод, кўдакон ва наврасон, пешгирӣ ва боздошти бемориҳои сироятӣ, паст кардани сарбории ғайрисироятӣ ва музмин, рушди илм ва технологияи информатсионӣ, равнақи заминаи молиявии ҳифзи сиҳатии аҳолӣ таъмин карда мешавад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муайян норасогии мутахассисон - табибони силшиносу эҳёгар, наркологҳо, рентгенологҳо ва ихтисосҳои дигар нисбатан кам шуда, тарки вазифа намудани табибон назар ба солҳои қаблӣ коҳиш меёбад. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» аз 2 декабри соли 2008, № 600 қарори дахлдор ба тавсиб расида, дар ин самт фаъолият густариш меёбад.
Айни замон 66 муассисаи тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин 57 шўъбаи беморхонаҳо дар асоси ин қарор фаъолият мебарад. Маблағи иловагии воридшуда барои доруворӣ ва беҳтар намудани базаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, инчунин зиёд намудани музди меҳнати кормандони тиб равона карда шудааст. Аз ҳисоби маб-лағи суратҳисоби махсус дар соли 2015 барои харидории доруворӣ 8,7 миллион сомонӣ, таҷҳизоти тиббӣ 1,9 миллион сомонӣ ва таъмири иншооти тиббӣ 1,4 миллион сомонӣ масраф шудааст. Дар соли 2016 миқдори муассисаю шўъбаҳое, ки тибқи ин қарор фаъолият мебаранд, афзун гардида, маблағи воридшуда босамар истифода бурда, хизматрасонӣ ба шахсони имтиёзнок беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Умуман, иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» баҳри беҳдошти ҳолати хизматрасонии муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ, дар маҷмўъ ба беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Бовар дорам, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, шўъбаю сохторҳои вилоятӣ, ҳар як корманди муассисаҳои ҳифзи сиҳатии омма, кулли мардуми вилоят дар амалӣ шудани ин Барномаи муҳим, ки ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ мусоидат менамояд, саҳми муносиб мегузоранд ва дар интиҳои сол он натиҷаҳои назаррас медиҳад.
- Барои сўҳбати пурмазмун сипосгузорам ва орзу мекунам, ки ҳамеша муваффақ бошед! - Ташаккур!
Сўҳбатнигор Карим ШАРИФ
hakikati-sugd.tj
Ташаккул ва инкишофи ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон
Тарзи ҳаёти солим ҳамчун усули пешгирӣ кардани бемориҳо то соли 1920 вуҷуд надошт. Унсурҳои соддалавҳонаи риояи беҳдошт ҳамчун талаботи одат ва ё маросим ҳисобида шуда, аз насл ба насл дода мешуд. Зарурати иҷрои баъзе талаботи беҳдоштро асосан ягон-ягон намояндагони пешқадами тибби халқӣ-табибҳо, момодояҳо, шикастабандҳо ва монанди инҳо, ки дар асоси таҷрибаи худ оид ба ҳифзи саломатӣ дастуру маслиҳатҳои мувофиқ медоданд, ба мардум мефаҳмонданд.
Асоси мўътамади донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ, зарурати ҳифзи саломатӣ дар асарҳои машҳури Абўали ибни Сино «Ал-Қонун» ва «Урҷуза» гузошта шудааст. Усулҳо ва принсипҳои пешгирӣ кардани ҳар гуна бемориҳо, дастурҳо ва маслиҳатҳои оиди маорифи санитарӣ, ки дар ин асарҳо оварда шудаанд, дар муддати асрҳои зиёде дастурамали табибони шарқ ва ғарб буданд, ин асарҳо аввалин сарчашмаҳое мебошанд, ки ниҳоли маорифи санитарӣ аз онҳо шодоб гардидааст. Ба туфайли тавсияҳо ва маслиҳатҳои Абўалӣ ибни Сино мардум зарурати иҷрои талаботи бисёр қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тартиб ва аҳамияти парҳезгориро сарфаҳм рафтанд, инчунин мақом ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ, зарари машрубот, зарурати тоза нигоҳ доштани обу ҳаво, фоидаи риояи низоми хоб ва ғайраро мефаҳмиданд. Саҳми Абўалӣ ибни Сино дар ташаккули маорифи санитарӣ калон аст, инчунин нагуфта наметавонем, ки истифодаи бисёр тавсияҳо ва маслиҳатҳои олим дар он замон имконнопазир буд. Зеро ҳамватанони олим, ки аз тарафи аҷнабиён ва ҳакимони маҳалӣ истисмор карда мешуданд, дар бобати амалӣ гардонидани гуфтаҳои Абўалӣ ибни Сино орзу ҳам карда наметавонистанд.
Бо вуҷуди ин, дар марҳилаҳои гуногуни тарақиёти иқтисодиёт ва маданият, инчунин инкишофи тибби шўроӣ ва нигаҳдории тандурустӣ дар ҷумҳур шаклҳо ва усулҳои ташкили кори маорифи санитарӣ, мундариҷаи он тағйир ёфтанд. Онҳо дар ҳар як марҳила баёнгари муҳимтарин вазифаҳои нигоҳдории тандурустии мардум буданд. Дар марҳилаи аввали ташаккулёбии маорифи санитарии шўроӣ (с.1917-1924) дар ҳудуди Тоҷикистон муассисаҳои муолиҷавӣ, дорусозӣ вуҷуд надоштанд, кадрҳои тиббӣ низ набуданд. Дар ҷумҳурӣ оид ба маорифи санитарӣ ягон-ягон сўҳбатҳо ва ё тадбирҳои дигар гузаронида мешуданд, ки онҳоро асосан кормандони қисмҳои ҳарбии воқеъ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ мегардониданд. Ин тадбирҳо дар шароитҳои басе душвори давраи ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои касодии иқтисодӣ, қашоқию гуруснагии мардум сурат мегирифтанд.
Дар чунин шароити душвор тарзи ҳаёти солим воситаи муҳими мубориза бо табларза ва дигар касалиҳои сирояткунанда ҳисоб меёфт. Ба амалӣ гардондани тадбирҳои органҳои нигаҳдории тандурустӣ, хуруфотпарастии қисме аз одамон халал мерасонд. Мардумони бесаводи каммаданият ақида доштанд, ки табларза натиҷаи дар вуҷуди инсон ҷойгир шудани «балои бад» мебошад, ки танҳо бо хондани дуо берун кардан мумкин аст.
Тарғибу ташвиқи маорифи санитарӣ он вақҳо кори осон набуд, ба аввалин духтурон лозим меомад, ки дар ин роҳ мушкилоти зиёдеро рафъ намоянд. Барои пешрафти кор фаҳмондани моҳияти маорифи санитарӣ, пеш аз ҳама, боварии мардумро ба даст овардан, урфу одат ва суннатҳои чандинасраи онро эҳтиром кардан лозим буд.
Тарғибу ташвиқи донишҳои санитарӣ бояд бо усулҳои ба ҳама дастрас, фаҳмо, бо истифодаи аёниятҳо ва маънидоди оддитарин масъалаҳои беҳдошт гузаронида мешуд. Ба мақсади ба ташхису муолиҷаи амбулаторӣ ҷалб намудани аҳолӣ лозим меомад, ки дар байни мардум баромадҳои он одамоне ташкил карда шаванд, ки баъди муолиҷаи табларза, аз ҳар гуна амрози пўст сиҳатӣ ёфта буданд. Ба бемороне, ки мунтазам табобат мекарданд ва аъзои силаи худро ба қабули духтурон меоварданд, дорую дармон ва маводи заҳмпеч бепул дода мешуд. Баъдтар, аз байни маҳз ҳамин гуна одамони баландшуури ҷамъият фаъолони кори санитарӣ берун омаданд, ки онҳо дар комёбиҳои минбаъдаи тибби ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштанд.
Марҳилаи дуюми инкишофи маорифи санитарӣ солҳои 1924-1929 давраи Ҷумҳурии мухтори шўроӣ будани Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин марҳила диққати асосии маорифи санитарӣ ба амалӣ гардонидани тадбирҳои умумии ҳифзи саломатӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои мухталиф аз ҷумла сил, табларза ҳар гуна касалиҳои пўст, дар он давра хеле зиёд буданд, равона карда шуда буд. Он вақтҳо тарғибу ташвики ҳифзи саломатии модар ва кўдак аҳамияти хос дошт. Ҳанўз дар марҳилаи аввали бунёдгузории нигаҳдории тандурустии шўроӣ маорифи санитарӣ муҳимтарин қисми фаъолияти амбулаторияҳои занона, машваратхонаҳои модарону кўдакон, зойишгоҳҳо, муассисаҳои бачагонаи навташкил ҳисоб меёфт. Тадбирҳои оиди беҳдоштӣ ин муассисаҳои аввалини ҳифзи модар ва кўдак, ки дар ҷумҳурӣ соли 1926 шурўъ карданд, барои модарон ҳамчун мактаби ҳақиқӣ хизмат кардаанд. Кормандони тиббии машваратхонаҳои бачагонаю занона фарзу суннати нигоҳубини атфолро ба таври васеъ тарғибу ташвиқ мекарданд, бар зидди касалиҳои бачаҳо ва марги нобаҳангоми онҳо мубориза мебурданд.
Имрўз ба тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳтоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ бештар аз 10 ҳазор духтурон ва 26 ҳазор кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ иштирок мекунанд. Ба ҳамин тариқ дар ҷумҳурӣ ба тарзи ҳаёти солим шиносонидани аҳолӣ муваффақ шудаанд. Акнун вазифаҳои органҳо ва муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ иборат аз он аст, ки сифати тарғибу ташвиқи донишҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ беҳтар карда шавад. Имрўз доираи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим танҳо бо гузаронидани лексияҳо, сўҳбатҳо бо гурўҳи муайяни одамон маҳдуд нахоҳад шуд, ин кор бояд вобаста ба талаботи муҳимтарин вазифаҳои нигаҳдории тандурустӣ пеш бурда шавад, ба муборизаи кам ва ё тамоман нест кардани касалиҳо, кам кардани муддати табобати беморон, пешгирӣ намудани касалиҳо, такроран бемор нашудани одамон мусоидат намояд ва ба ин восита пайваста баланд шудани сатҳи маданияти санитарии мардумро, ки бе ин муваффақ шудан ба тарзи зиндагии солим имконнопазир аст таъмин гардонад.
Ба ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон тарзи ҳаёти солим ҳамчун як соҳаи муҳими нигаҳдории тандурустӣ сол то сол равнақу ривоҷ меёбад. Вай омили пуриқтидори дароз гардонидани умри одамон, кам кардани ҳар гуна бемориҳо, марги аҳолӣ, инчунин беҳтару мустаҳкам гардидани саломатии мардум мебошад.
Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:
avasto.tj
Одамонро ба тарзи ҳаёти солим боваркунондан – асоси саломатии хуб-яке аз вазифаҳои онҳоест, ки дарди мардумро кам карданианд.

misol.tj