Реферат рузи дониш


Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш

Ҳамватанони азиз!

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Нахуст бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ҳамаи шумо ва тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи дониш табрик намоям. Баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад.

president-tj-454587Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъй мекунад, ки мақоми хосаи илму маориф ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгор дар ҷомеа таъмин карда шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад.

Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ зуҳур мекунанд. Бинобар ин, агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама, бо китобу хомааш мешиносанд. Осори беш аз ҳазорсола ва аз ин ҳам қадимтари илмиву таърихӣ ва фалсафию адабии аз гузаштагонамон меросмонда саҳми бузурги миллати мо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ мебошад.

Маҳз ҳамин асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг мову шуморо водор месозад, ки дар шароити имрӯза ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба сатҳи баланди таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шавем, то оянда низ чунин ворисони номбардори миллатамонро ба воя расонида, рушди босуръату устувори илму донишро дар кишвар таъмин созем.

Имрӯз мо ба идомаи анъанаи нек ҷашни Рӯзи донишро дар яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор менамоем. Бинои таълимие, ки ҳоло мулоқоти мо дар он доир мегардад, барои беш аз 3000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Шумораи озмоишгоҳҳои умумитехникӣ ва тахассусии дар бинои навсохт ҷойгиршуда 22 ададро ташкил медиҳад.

Бино ҳамчунин дорои ошхона барои 300 ҷой, ду толори компютерӣ ва китобхонаи электронӣ, китобхона бо толори хониш, ду толори дарсии бузурги ҳар кадом барои 200 ҷой ва толори варзишӣ мебошад. Яъне бинои факултет бо риояи тамоми стандартҳои муосири ҷаҳонӣ барои таълим сохта шудааст. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиён барои бунёди чунин иморати муҷаҳҳази замонавӣ, ки дар он ҳамаи шароити зарурии таълим барои тарбияи кадрҳои оянда муҳайёст, изҳори сипос менамоям.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун маркази асосии омодасозии муҳандисон ва рушди фарҳанги техникӣ маҳсуб ёфта, дар тӯли беш аз 55 соли фаъолият қариб 50000 мутахассиси дорои таҳсилоти олиро тайёр намудааст, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишварамон ва берун аз он фаъолият менамоянд. Аз байни хатмкардагони донишгоҳ олимони номдор, аз ҷумла академикҳо, докторҳои илм, профессорон ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд.

Агар соли 1956, яъне замони таъсисёбии Институти политехникии Тоҷикистон танҳо се факултет - энергетика, сохтмон ва технологӣ ташкил шуда, ҳамагӣ аз рӯи ҳашт ихтисос 200 нафар донишҷӯ қабул карда бошад, ҳоло дар ҳашт факултаи донишгоҳ зиёда аз 11 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда, аз рӯи 60 ихтисоси муҳандисиву техникӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Бо ифтитоҳи бинои навсохти имрӯза донишгоҳ имкон пайдо мекунад, ки тибқи барномаи рушди худ таълимро аз рӯи ихтисосҳои нав ба роҳ монад. Ҷиҳати ҳарчи бештар омода кардани кадрҳои муҳандисӣ мо солҳои охир дар кишварамон Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи кӯҳии металлургиро дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таъсис додем, ки имрӯз садҳо нафар ҷавонони моро ба таълим фаро гирифтаанд.

Вале ин ҳанӯз кам аст, зеро талабот ба кадрҳои муҳандисиву техникӣ дар кишварамон хеле зиёд мебошад. Дар ин давра бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалии макотиби олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи техникӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои гуногун ва кишварҳои хориҷӣ то имрӯз 17 созишнома ба имзо расонида шудааст, ки яке аз муҳимтарини онҳо “Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо” мебошад.

Мақсади асосии ин ҳуҷҷат, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расидааст, эътирофи таҳсилоти олии касбии кишвари мо дар бозори таҳсилот ва меҳнати Аврупо буда, барои ворид шудани соҳаи маорифи кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Ҳар сол дар доираи 80 созишномаҳои бо давлатҳои хориҷӣ баимзорасида барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шумораи муайяни квотаҳо ҷудо мегарданд.

Аз соли 2008 инҷониб зиёда аз 10 ҳазор ҷавонон тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат “Дурахшандагон” аз рӯи 52 ихтисосҳое, ки иқтисодиёти миллии мо ба онҳо бештар ниёз дошта, дар кишварамон омода карда намешаванд, ба 25 давлати хориҷӣ барои таҳсил фиристода шудаанд. Танҳо соли ҷорӣ беш аз 2300 нафар ҷавонони мо барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ рафтанд.

Илова бар ин, дар кишварамон тӯли солҳои охир таъсис додани филиали муассисаҳои бонуфузи таълимии давлатҳои пешрафта, бахусус дар самти рушди ихтисосҳои техникӣ ривоҷ дорад.

Имрӯз дар мамлакати мо филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи хӯла ва фӯлоди Москва, Донишкадаи энергетикии Москва, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ ва факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд.

Дар филиалҳои кушодашуда ҳар сол ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи 20 ихтисоси техникӣ ва технологӣ, ки дар муассисаҳои олии кишвар омода карда намешаванд, қабул мегарданд. Дар баробари ин, мо бояд корро тадриҷан тавре ба роҳ монем, ки таҳсилоти олии мо низ барои хориҷиён ҷолиб бошад ва аз кишварҳои дигар донишҷӯён ҳарчи бештар ба мамлакати мо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки базаи моддиву техникии мусоиду мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин омода кардани устодони соҳибтаҷрибаву донишманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ, китобҳои мувофиқи дарсӣ, барномаҳои таълимию дастурҳои методӣ, таҷҳизоти аёниву техникӣ ва амсоли инҳо шарти муҳим дар ин самт мебошад.

Бо мақсади такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав ва махсусан рушди соҳаи саноат дар кишвар, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави мутахассисони илмҳои дақиқ Ҳукумати Тоҷикистон соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуд. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ мебошад, ки таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад.

Ҳукумати кишвар дар ин муддат якчанд иқдомеро амалӣ намуд, ки онҳо бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ ва ба ин васила муваффақ шудан ба дастовардҳои техника ва технологияи муосир равона гардидаанд.

Дар натиҷа мо имрӯз дар рушди тафаккури техникӣ ба натиҷаҳои муайян ноил гардидаем, аммо ин дастоварду натиҷаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки Нақшаи ташаккул ва рушди тафаккури техникиро дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод созанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи маориф натанҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Гузаштагони мо беҳуда таъкид накардаанд, ки:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Аз ин лиҳоз, аз оғози истиқлолият то ба имрӯз давлат ҳама сайъу талоши худро барои рушду инкишофи ин соҳаи муҳими ҷомеа равона кардааст. Ҳоло соҳаи маорифи мамлакат доираи васеи аҳолиро фаро гирифта, дорои шабакаи рушдёфта ва гуногуншакли муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар ин давра, илова ба зерсохторҳои соҳаи маорифи давраи гузашта, дар кишвар инчунин асосҳои модели нави таълим гузошта шуданд, ки пеш аз ҳама, барои ҷавобгӯи талаботи замони муосир гардонидани соҳа ва мусоидати он ба баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидааст.

Ҷиҳати расидан ба муҳимтарин ҳадафи маорифи давлати соҳибистиқлол, яъне тарбияи шахсияти фаъол ва созанда ба мо зарур буд, ки корро аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ оғоз карда, маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарасторро таҳти назорат ва сарпарастии доимии Президент ва Ҳукумати кишвар қарор диҳем.

Дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои асосии миллии меъёрии ҳуқуқӣ, ки меъёрҳои нави соҳаи маорифро ба танзим медароранд, таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамзамон бо ин, стандартҳои нави таълимӣ доир ба таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, китобҳои дарсӣ ва барномаву нақшаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳия ва дар амал ҷорӣ гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” ва дигар ҳуҷҷатҳои расмиро қабул намудааст, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат хоҳанд кард.

Илова бар ин, барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ дар мамлакат дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, раванди гузариш ба идоракунии электронӣ босуръат идома дорад.

Хотирнишон месозам, ки дар ин самт низ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ ва умуман аҳли маорифи кишвар бояд саҳми фаъол дошта бошанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас минбаъд низ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими рушди кишвар ба шумор меравад. Нерӯи таҳсилоти миллӣ, бешубҳа, ба пешрафти ҷомеа, аз ҷумла ба иқтисодиёту фарҳанги он иртиботи ногусастанӣ дошта, ба устувор гардидани мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалли проблемаҳои дохилӣ мусоидат мекунад.

Ҳукумат ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, донишу малака ва хулосаву пешниҳодҳои илмии онҳоро зимни ҳалли масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ мавриди истифода қарор медиҳад. Бо дарки аҳамияти аввалиндараҷаву ҳаётии ин масъала давлат маблағгузории соҳаи маорифро сол ба сол афзоиш медиҳад.

Аз ҷумла соли ҷорӣ маблағгузории соҳа ду миллиарду 131 миллион сомониро ташкил мекунад, ки ин рақам ҳатто дар муқоиса бо соли 2000-ум 57 баробар зиёд мебошад. Дар соли 2012 музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз ва стипендияҳо 50 фоиз зиёд карда шуд.

Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ супориш дода шудааст, вобаста ба амалӣ намудани барномаи давлатии дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ дар марҳалаи аввал аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ, яъне аз ҳамин рӯз, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, аз ҷумла илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, инчунин ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф дар тӯли як сол қариб ду баробар баланд бардошта шудааст. Мақсад аз ин чорабиниву ғамхориҳо фароҳам овардани шароити ҳарчи мусоидтар барои беҳсозии вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар баробари ин, яке аз самтҳои фаъолияти соҳаи маориф кашф ва тарбияи шогирдони лаёқатманд мебошад. Фарзандони лаёқатманду боистеъдод фонди тиллоии миллатро ташкил дода, рушди давлат ва бақои миллат аз таълиму тарбияи онҳо вобастагии ҷиддӣ дорад. Маҳз аз ҳамин хотир, солҳои охир давлат ба таълиму тарбияи ин қабил фарзандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҳоло дар минтақаҳои гуногуни кишвар шабакаи васеи мактабҳо ва литсей-интернатҳои Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд ташкил шудааст, ки дар онҳо беҳтарин истеъдодҳо аз саросари кишвар фаро гирифта мешаванд. Ҳадафи ниҳоии мо ин аст, ки ҳар як истеъдод бояд ба таври шаффофу одилона дастгирӣ ва такомул ёбад, зеро ҳар як кӯдаки соҳибистеъдод худ сарвати миллӣ мебошад.

Дар бораи кӯдакону наврасони лаёқатманд сухан гуфта, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи ҷиддӣ дар ин самт ҷалб намоям. Барои кашфи ҳарчи беҳтари истеъдодҳо аз ҷумлаи хонандагон зарур аст, ки низоми гузаронидани олимпиадаҳо ё озмунҳои фанние, ки ҳар сол баргузор мегарданд, пурра таҷдиди назар карда шавад.

Аз як тараф, бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ худи тартиби омода намудани хонандагони болаёқат аз тарафи Вазорати маориф ва Академияи таҳсилот аз нав таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод гардад. Аз тарафи дигар, барои шаффофу объективӣ арзёбӣ кардани натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ ба ҳайати комиссияҳо бояд мутахассисон аз Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва институтҳои соҳавии илмиву таҳқиқотӣ низ ҷалб карда шаванд.

Яке аз зинаҳои муҳимтарини соҳаи маориф, ки масъулияти тарбияи кадрҳоро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба зимма дорад, таҳсилоти олӣ мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам амалӣ мегарданд, дар кишвар зинаи таҳсилоти олӣ низ бомаром рушд мекунад. Ҳоло дар мамлакат дар 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос зиёда аз 156 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил намуда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Шумораи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар дар давоми солҳои истиқлолият зиёда аз панҷ баробар афзуда, теъдоди хатмкардагони мактабҳои олии ҳам дохили кишвар ва ҳам хориҷ аз он ба беш аз 650 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳаёти ҷавонони мамлакат муҳим будани мавқеи таҳсилоти олиро исбот мекунад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти воқеии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба мутахассисони дорои донишу малакаи муосири сатҳи байналмилалӣ нақшаи дурнамои тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хориҷ аз он таҳия гардида, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар рушди илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мактабҳои олӣ ва институтҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамчунин робитаи доимии илм ва истеҳсолот мебошад. Дар раванди тарбияи кадрҳо ва пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ бояд ҳамкории зичи кафедраҳои макотиби олӣ ва институтҳои соҳавии таҳқиқотӣ ба роҳ монда шавад.

Маҳз муттаҳид намудани нерӯи илмӣ ва кадрии ин муассисаҳо метавонад самаранокӣ ва пайванди устувори илмро бо истеҳсолот таъмин намояд. Аммо эътироф бояд кард, ки барои рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва ба натиҷаҳои сазовор расидани онҳо ҳоло на ҳамаи озмоишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ шароити мусоид доранд.

Ҳанӯз моҳи августи соли 2006 ба хотири таъмини муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳо “Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ” таъсис дода шуда буд. Вале фаъолияти муассисаи мазкур то имрӯз маълум нест ва қариб ҳамаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо аз нарасидани таҷҳизоти зарурӣ душворӣ мекашанд.

Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо зарур аст, ки фаъолияти муассисаи мазкурро дар сатҳи лозим ба роҳ монад. Вазорати маориф ва дигар вазорату муассисаҳои дахлдор барои бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои дар ихтиёр доштаашон чораҳои муассир андешанд.

Зеро равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти муосири илму техника ва технология талаботро ба ихтирооти нав ва мутахассисони дорои дониши пухтаву малакаи баланди касбӣ торафт афзунтар мегардонад. Ин ҳадафҳо танҳо дар сурате амалӣ мегарданд, ки агар шаҳрвандон, махсусан ҷавонони кишвар аз донишҳои техникӣ бархурдор гардида, нерӯи техникиву технологии кишвар ҳарчи бештар тақвият бахшида шавад.

Имрӯз қобилияти рақобати давлатҳо бештар аз рӯи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки донишҳои навро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба таври самаранок амалӣ месозанд, арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд илму дониш ба соҳаи муҳиме табдил меёбад, ки он ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, нерӯи зеҳнии ҷомеа дар ҷаҳони муосир ба меъёри муҳим ва муайянкунандаи рушд табдил ёфта, хароб гардидани он дар навбати аввал ба амнияти кишварҳо ва истиқлолияти онҳо таъсир хоҳад расонид. Хусусияти хоси замони муосир ин дигаргуниву таҳаввулоти куллӣ дар ҷаҳонбинӣ, тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳои маънавӣ мебошад.

Тамоюлҳои имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳо дигаргунии куллиеро ба вуҷуд овардаанд. Ҷавонони муосир роҳҳои сабуктари зиндагиро ҷустуҷӯ менамоянд ва муносибати онҳо ба илм, ки соҳаи хеле заҳматталаб мебошад, чандон чашмрас нест.

Аз ин лиҳоз, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ дар бисёр кишварҳо аз сабаби ба илм чандон таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон мушкилот доранд. Масалан, бо вуҷуди он, ки дар кишварҳои тараққикарда маблағгузорӣ барои соҳаи илму маориф хеле баланд аст, лекин теъдоди ками ҷавонон ба ин соҳаи заҳматталаб таваҷҷуҳ доранд, яъне ин раванд ҳоло хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ зарур аст, ки барои нигоҳ доштан ва рушди захираҳои зеҳнӣ дар кишвар тадбирҳои иловагӣ, аз ҷумла чораҳои ҳавасмандсозӣ андешида, барои ба соҳаи илм ва таълиму тарбия ҷалб намудани ҷавонон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Дӯстони азиз!

Чун мо дар остонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, мехоҳам мухтасар дар бораи робитаи маориф ва истиқлолият ибрози ақида намоям. Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст.

Дар татбиқи ин ҳадафи стратегии давлат маориф нақши муҳим дорад. Зеро дарки чунин масъалаҳои мураккаб аз тарафи шаҳрвандон бо баргузории чанд вохӯрӣ ё ба миён гузоштани шиорҳои сиёсӣ ба даст намеояд, балки он ба як барномаи фарогири тарбиявӣ ва таълимӣ эҳтиёҷ дорад.

Мо ҳамчун давлати миллӣ бояд аз рӯи андешаи «миллати огоҳ» пайравӣ намуда, маърифат ва огоҳии сиёсии мардуми кишвари худро ба сатҳи зарурӣ боло бардорем. Дар ин самт маҳз низоми маориф метавонад, ки дар замири ҳар як сокини кишвар тафаккури давлатӣ, рӯҳияи давлатмеҳварӣ ва ватандӯстиро аз синни хурдсолӣ ташаккул диҳад.

Низоми маорифи мо бояд ба он ноил гардад, ки ҳар як сокини Тоҷикистон таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи он, аҳамияти истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлату ҷомеа, оқибатҳои эҳтимолии чунин таҳдидҳо ба пояҳои давлатдории миллӣ ва монанди инҳоро хуб дарк намояд.

Зеро мардуми огоҳ ва дорои маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок фирефта наметавонад ва огоҳии мардум худ ба яке аз пояҳои асосии амнияти миллии кишвар табдил меёбад. Ноил шудан ба ин ҳадаф аз бузургтарин хизматҳои низоми маориф дар ҳифзи давлатдории миллӣ хоҳад буд.

Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди мо қарор дорад, ин эҳёи мақоми тоҷикон ҳамчун миллати огоҳ ва мардуми босавод мебошад, ки ин иқдом низ фақат тавассути низоми муосири маориф имконпазир аст. Дар суханронии соли гузашта ба муносибати Рӯзи дониш ва умуман дар бисёр мулоқоту вохӯриҳои худ борҳо зикр карда будам, ки мардуми тоҷик дар тӯли тамоми таърихи худ ҳамчун миллати фарҳангӣ, халқи соҳибкитоб ва мардуми босавод маҳсуб меёфт.

Вориси чунин аҷдоди соҳибилму соҳибмаърифат будан аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки барои эҳёи мақоми баланди таърихии худ чун миллати огоҳу соҳибтамаддун ҷиддан талош намоем. Дар замони муосир аҳамияти илму савод рӯз аз рӯз болотар рафта, он барои ҳастӣ, рушд ва зиндагии саодатманди халқу миллатҳо моҳияти ҳаётӣ гирифтааст. Акнун тавоноии давлат ва миллатро маҳз сатҳи донишу маърифати онҳо муайян мекунад.

Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин ҳадафҳои давлати мо дар оянда фарогирии кулли ҷомеа бо маърифату ҷаҳонбинӣ ва илму донишҳои муосир хоҳад буд. Дар робита ба ин, бори дигар изҳор медорам, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқи ҳам барномаҳои таълимиву илмӣ ва ҳам барномаҳои тарбияи ахлоқии ҷавононро пайгирона вусъат мебахшад.

Ба ибораи дигар, давлат таълим додан ва тарбия намудани насли нави огоҳу соҳибмаърифат ва ояндасозу худшиносро дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба насли наврас, ба ҷавонони азизи кишвар бо чанд сухани падарона муроҷиат намоям.

Наврасон ва ҷавонони азиз!

Орзуи муҳимтарини ҳар як падару модар ин аст, ки рушду комёбӣ ва хушбахтии фарзанди худро бо чашми худ бинад ва аз ояндаи фарзанди худ нигарон набошад. Ва ҳамаи талошҳое, ки падару модар дар тӯли зиндагии худ анҷом медиҳад, маҳз барои хушбахтиву таъмини зиндагии осуда ва фардои сазовори фарзанд аст. Давлат ҳам мисли падару модар аст. Насли калонсоли имрӯз тамоми зиндагӣ ва фаъолияти худро дар талошу мубориза барои рафъи буҳрону мушкилот ва бунёдкориву созандагӣ гузаронида истодааст.

Насли калонсоли имрӯз бо ҳамаи камбудиву мушкилоте, ки дошт, давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод, дар кишвар сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллиро таъмин намуд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонид. Акнун насли калонсол, яъне падару модарон фақат як орзу доранд, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми ин давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинанд. Шумо таҷрибаи дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро аз насли калонсол омӯзед.

Ба шумо фарзандони азизам - ояндаи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бори дигар муроҷиат менамоям, ки омӯзеду огоҳ бошед, соҳибмаърифату донишманд бошед, нисбат ба сарнавишти давлату миллати худ бетафовут набошед ва худро барои масъулияти бузург, яъне соҳибӣ кардани давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди хеш омода намоед. Огоҳ бошед, ки агар шумо як қадам аз замона, аз асри пуршӯри худ қафо монед, кишвару миллати худро ҳимоят ва соҳибӣ карда наметавонед.

Шахсан ман, ҳамчун Сарвари давлат ҳамеша талош хоҳам кард, ки барои рушду ташаккули шумо ҳамаи шароит муҳайё гардад. Ва мехоҳам, ки шумо низ ҷавобан ба ин ғамхориву дастгирии падаронаи роҳбарияти давлат ворисони сазовори гузаштагон, фарзандони номбардори падару модарони худ ва ифтихори сарзамини аҷдодӣ бошед. Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз кунед ва гиромӣ доред.

Онро самимона дӯст доред, бо кору рафтори худ исбот кунед, ки шумо барҳақ ворису соҳиби ин Ватан ва ин давлат ҳастед. Соҳаи илму маориф ва самти таълиму тарбияи насли наврас фақат як рукни сиёсати давлатӣ нест, балки он ҷавҳари тамоми сиёсати давлат аст. Аз ин рӯ, мо ҳар кореро, ки ба нақша мегирему ба анҷом мерасонем, маҳз ба хотири осон кардани мушкилот ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии шумо, наврасон ва ҷавонони азиз иҷро мекунем. Даъвати «Рӯ ба ҷавонон», ки соли гузашта дар ҷашни бистумин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ин як шиори хушк нест, балки оғӯши бози давлат ба сӯи шумост.

Пас, шумо низ дар навбати худ бо масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону аҳли ҷомеа ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро исбот намоед. Ватан рӯи шонаҳои ҷавону қавии шумо истодааст ва онро ҳаргиз ба замин нагузоред!

Дар охир мехоҳам иброз намоям, ки мо дар раванди озмоиши таърихӣ - татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ қарор дорем, ки яке аз самтҳои асосии онро омода намудани наслҳои ояндасози давлату миллат ташкил медиҳад. Озмоише, ки аз мо шинохт ва диди амиқ, масъулият, талошу заҳмати шабонарӯзӣ, ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳадафмандиву ҷасоратро тақозо менамояд.

Итминони комил дорам, ки бо нерӯи созанда ва эҷодгари шумо - омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз ин озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи устувору қавӣ гузашта, насли нав ва ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.

Давлату Ҳукумат аз шумо, устодону омӯзгорони арҷманд, умед ва ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ чунин хоҳанд монд. Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:

Тарбия чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост. Ва мо аз шумо - омӯзгорону устодон, умед ва бовар дорем, ки ин рисолати таърихии хешро сидқан ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқу вафодор саҳми муносиб мегузоред. Дар иҷрои ин амри хайр ба шумо сарбаландиву барори кор орзу дорам.

Бори дигар ҳамаи хонандагону донишҷӯёни мамлакат, ҳамватанони азиз ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи дониш ва ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

President.tj

www.ruzgor.tj

Суханронӣ бахшида ба рӯзи дониш

Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!Ҳамватанони гиромӣ!Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям.Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад ва ҳамчунин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд.Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст.Бинобар ин, имрӯз сокинони сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳу субот ниёз доранд.Дар ин марҳалаи ҳассос мо бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, эктремизм ва радикализмро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем.Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад.Бинобар ин, мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, ваҳдати миллиро ҳамчун яке аз дастовардҳои бисёр нодир ва бузурги халқамон эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳким ва решадор шудани он равона созем.Ҳамчунин мо бояд тибқи суннату анъанаҳои гузаштагонамон таҳаммулгаро бошем.Дар баробари ин, зарур аст, ки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои неки тамаддуни башарӣ арҷ гузорем, нисбат ба проблемаҳои инсоният бетараф набошем ва хусусан дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзандаи худро гузорем.Дар ин раванд афзалият додан ба омӯхтани илму дониш, кушодани роҳи васеъ ҷиҳати азхуд кардани касбу ҳунар ва хулоса, муҳайё намудани тамоми шароити мусоид барои насли наврас ва ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки дар назди мо қарор дорад.Мулоқоти имсолаи мо ба муносибати Рӯзи дониш дар саҳни бинои нави хушсохту замонавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.Яъне дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.Ин махзани илму адаб яке аз аввалин муассисаҳоест, ки дар давоми зиёда аз ҳаштод сол меъморони маърифату маънавиёт-омӯзгоронро ба камол мерасонад.Имрӯз дар ин донишгоҳ дар 13 факултет мутахассисони ояндаи соҳаи маориф аз рӯи 56 ихтисос таҳсил менамоянд ва бо заҳмати устодони ин даргоҳ захираи кадрҳои омӯзгории мамлакат таъмин мегардад.Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоёни муаллим дар рушди илму маориф Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани низоми таълим боз як бинои нави таълимиро, ки дар он фаъолияти ду факултет ба роҳ монда мешавад, ба омӯзгорону донишҷӯёни ин донишгоҳ ҳадя намояд.Дар кори бунёди ин бинои таълимӣ меъморону сохтмончиён заҳмати зиёд кашида, барои фарзандони мардуми диёрамон туҳфаи дар ҳақиқат идона омода карданд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён менамоям.Бинои зебои имрӯза барои беш аз 1000 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардида, бо дарназардошти ҳамаи меъёрҳои муосири таълим сохта шудааст.Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маркази асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаб дар кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ, соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллии кишварамон ва берун аз он фаъолият доранд.Танҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин махзани илму маърифатро қариб 31 ҳазор нафар хатм кардаанд.Аз байни хатмкардагони донишгоҳ олимону зиёиёни номбардори халқи тоҷик, аз ҷумла академикҳо, докторҳои илм, профессорон ва ходимони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд.Бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва шахсиятҳои барҷастаи мамлакат дар ин муассисаи бонуфузи илму маърифат кору фаъолият намуда, ба халқу мамлакат хизматҳои шоиста кардаанд.Даҳҳо адибони номдор таҳсилкардаи ҳамин донишгоҳ мебошанд.Аксари донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, Донишкадаи санъат, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи омӯзгории Рашт дар заминаи ҳамин донишгоҳ таъсис ёфтаанд.Худи ҳамин далел нишонаи возеҳи он аст, ки ин муассисаи бонуфузи маърифатӣ ҳамчун манбаи тайёр кардани кадрҳои илмиву омӯзгорӣ хизмати шоистаеро ба анҷом расонидааст.Баъди истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба ин донишгоҳ хеле зиёд гардид.Бинобар самимият ва ҳурмату эҳтироме, ки шахсан ба муаллим ва пешаи омӯзгор дорам, дастур додам, ки вазъи пойгоҳи таълимӣ ва техникии муассисаро омӯхта, доир ба он маълумотнома манзур намоянд.Дар натиҷа барои таъмири асосӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии донишгоҳ солҳои 2006-2008 беш аз 5 милион сомонӣ ҷудо карда шуд ва қисми зиёди биноҳои таълимӣ, ки беш аз сӣ сол рӯи таъмири асосиро надида буданд, аз нав тармиму навсозӣ карда шуданд.Ин дар замоне буд, ки буҷети давлат ҳамагӣ 400 миллион сомониро ташкил менамуд, вале бо вуҷуди ин, мо ба хотири рушди донишгоҳ чунин қарорро қабул кардем.Баъдан ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар муддати як сол бинои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2012 барои сохтмони боз як бинои таълимӣ дастур дода шуд.Ин бино низ дар муддати ду сол ба маблағи 11 миллион сомонӣ бунёд гардид ва имрӯз мавриди истифода қарор гирифт.Баробари ин, донишгоҳ бо 800 компютер таъмин гардид ва ҳоло китобхонаи электронӣ бо теъдоди сад компютер дар хизмати устодону донишҷӯён қарор дорад.Ҳамаи ин имкон дод, ки пояи моддиву техникии донишгоҳ то ба дараҷаи меъёрҳои байналмилалӣ таҳким ёфта, бо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳои муосир ва дигар дастгоҳҳои иттилоотиву иртиботӣ таъмин карда шавад.Бо дастгирии бевоситаи Президент ва бо қарори Ҳукумати мамлакат соли 2013 “Барномаи давлатии рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ то соли 2019” қабул гардид, ки маблағи он беш аз 15 милион сомониро ташкил медиҳад.Бовар дорам, ки бо амалӣ гардидани ин барнома вазъи моддиву техникии донишгоҳ ба куллӣ тағйир ёфта, ин махзани илму дониш ба яке аз муассисаҳои пешсафи кишвар табдил меёбад.Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат шумо, устодону омӯзгорон ва масъулону кормандони донишгоҳ, вазифадор ҳастед, ки тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи худро ҷиҳати ҷиддан баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқу одоби ҳамида равона созед.Вале тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад.Махсусан, паст будани сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, ки онро бори дигар имтиҳонҳои қабули марказонидашуда аз тарафи Маркази миллии тестӣ нишон дод, гувоҳи ин гуфтаҳост.Натиҷаи имтиҳоноти қабул натиҷаи кори омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумист, ки аксари онҳо хатмкардагони ин даргоҳ мебошанд.Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ки ҳамчун манбаи асосиву пойгоҳӣ дар самти омода намудани омӯзгорон барои муассисаҳои таълимии кишвар муайян шуда, вазифаи таъмини методии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ихтисоси омӯзгориро ба дӯш дорад, вазифадор аст, ки дар ислоҳи ин камбудиҳо чораҷӯӣ намояд.Вазорати маориф ва илмро низ зарур аст, ки доир ба таъмини сифати таълиму тарбия, таҳияи нақшаву барномаҳои нави таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, махсусан барои ихтисосҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намуда, дар самти ҷорӣ кардани усулҳои наву фаъоли таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба донишгоҳ мусоидат намояд.Дар ин раванд зарур аст, ки дар нақшаҳои таълимӣ бо мақсади омӯзонидани маҳорату малакаи касбӣ соати дарсҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва педагогӣ зиёд карда шуда, ба сифати гузаронидани машғулиятҳои амалӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.Ҳамчунин нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон таҷдиди назар гардида, фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари муаллимон ба ин курсҳо таъмин карда шавад.Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки аз оғози соли таҳсили 2014-2015 аттестатсияи пурраи омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро ба роҳ монад.Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд.Бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф ва илми кишвар маҳсуб меёбад.Барои расидан ба ин ҳадаф сатҳи касбии муаллимон ва тарбиятдиҳандагон дар ҳамаи бахшҳои низоми маорифи мамлакат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошад, яъне муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ ба сатҳи байналмилалӣ расонида шаванд, то ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ дар асри иттилоотиву иртиботӣ қобилияти баланди рақобат дошта бошанд.Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд.Соҳаи маориф дар марҳалаи муосири инкишофи инсоният ба яке аз соҳаҳои муҳимму ҳалкунандаи ҳаёт мубаддал гардидааст.Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд. Алалхусус, дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷамъиятӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ торафт вусъат мегиранд, масъалаи тарбия ва инкишофи ҳамаҷонибаи инсон беш аз пеш аҳаммият пайдо мекунад.Вобаста ба ин, соҳаи маорифи кишвар бояд на танҳо ба тайёр намудани қувваи корӣ, инчунин ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия.Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад.Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд.Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст.Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.Устодони муҳтарам ва фарзандони азиз!Ҳукумати Тоҷикистон раванди босуръати низоми маорифи ҷаҳониро ба инобат гирифта, оид ба мутобиқгардонии низоми маорифи мамлакат ба ин раванд то имрӯз як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонид.Аз ҷумла татбиқи Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки имрӯз барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дарёфти хонандагону донишҷӯёни болаёқат мусоидат карда истодаанд.Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат бо 47 ҳазор компютер, ҳафтуним ҳазор принтер таъмин гардидаанд, ки 99,1 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.Яъне барнома асосан ба анҷом расида истодааст, вале самаранокии он ва бо муаллимони фаннӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ чандон назаррас нест. Ҳадаф аз амалигардонии ин барнома баланд бардоштани фарҳанги техникии хонандагон ва истифода аз технологияҳои муосири иттилоотиву иртиботӣ мебошад.Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе масъулони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ танҳо аз теъдоди компютерҳо дар мактабҳо гузориш пешниҳод карда, ба масъалаи истифодаи мақсаднок ва самаранокии онҳо дар низоми таълим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намекунанд.Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки доир ба вазъи истифодаи воситаҳои техникии таълим мониторинг гузаронида, сатҳи истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотиро дар раванди таълим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад ва дар ин самт чораҳои мушаххас андешад.Дӯстони азиз!Ҳарчанд ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар муқоиса бо солҳои пешин норасоии омӯзгорон кам гардидааст, вале то ба ҳол қонеъкунанда нест.Дар давраи хатми соли таҳсили 2013-2014 талабот аз рӯи як воҳиди корӣ тибқи пешниҳоди шӯъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 3687 нафарро ташкил медод.Тибқи тақсимот шумораи хатмкунандагони ихтисоси омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, яъне коллеҷҳои омӯзгорӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илм 3824 нафарро ташкил дод.Дар сурати ба ҷои кор ҳозир шудани ин миқдор мутахассисони ҷавон норасоии касбӣ дар мактабҳо бояд пурра бартараф мешуд.Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат набудани низоми муайян ва назорати доимӣ аз ҷониби тарафҳои масъул мебошад.Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои фароҳам овардани шароити зист ва дигар навъҳои дастгирии мутахассисони ҷавон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.Бинобар ин, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷараёни ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.Бояд гуфт, ки татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2011-2015» низ ташвишовар мебошад.То анҷоми барнома вақти кам мондааст ва дар сурати харидорӣ нагардидани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ иҷрои қарор дар муҳлати муқарраргардида ғайриимкон мегардад.Бинобар ин, ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таҳкими асосҳои моддиву техникии муассисаҳои зикршуда, аз ҷумла ҳалли масъалаи харидорӣ кардани таҷҳизот барои озмоишгоҳҳо ва ташкили утоқҳои фаннӣ чораҳои фаврӣ андешанд.Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфт ва тарбияи хонандагони лаёқатманд дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то имрӯз 8 мактаби Президентӣ таъсис дода шуд.Соли ҷорӣ ҳамчунин Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020”-ро қабул намуд.Татбиқи барномаи мазкур имконият медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шавад.Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки дар доираи барномаи зикршуда дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳоро таъсис диҳанд.Устодон ва толибилмони азиз!Имрӯз тибқи талаботи бозори меҳнати дохилу хориҷи кишвар мо бояд кадрҳоеро омода созем, ки касбу ҳунари омӯхтаи онҳо харидор ва бозори ҷаҳонӣ ба он ниёз дошта бошад.Таъкид намудан зарур аст, ки мо имрӯз аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои саноати сабук, маъдану энергетика, заминшиносӣ, муҳандисони роҳу нақлиёт, сохтмончиёну геологҳо, нақбканон, табибон, меъморону наққошон, технологҳо, муҳандисони барномасоз, ки омода намудани онҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, инчунин садҳо номгӯй ихтисосҳои коргарӣ ниёз дорем, ки тайёр кардани онҳо бояд дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сурат гирад.Дар ин раванд махсусан ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии равияи техникиву технологидошта бояд аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад.Ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ин муассисаҳо, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамову китобҳои дарсӣ ва монанди инҳо омили дигари пешрафти соҳаи мазкур мебошад.Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷоннок намудани фаъолияти шабакаи Марказҳои омӯзиши калонсолон зарур аст.Масъалаи мазкур бояд дар ҳамкории судманд байни Вазорати маориф ва илм ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷараён гирифта, барои ба равандҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мазкур чораҳои дахлдор андешида шаванд.Талаботи ҷомеа ба маснуоти суннатии миллӣ моро водор месозад, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, заргариву зардӯзӣ, кандакориву гаҷкорӣ, наққошиву мисгарӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳои суннатӣ ва дар айни замон касбу ҳунарҳои замонавӣ, аз ҷумла таъмиргарони таҷҳизоту технологияҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар намоем.Бо ин мақсад бояд заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии ҳунаромӯзӣ тақвият дода шаванд.Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки доир ба ҳалли як силсила масъалаҳо, аз ҷумла тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақшаи чорабиниҳо таҳия намояд ва дар давоми соли таҳсили ҷорӣ барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас андешад.Дар ин замина таъкид бояд кард, ки ҳангоми таҳияи стандарти давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳо барои гузариш ба низоми нави таҳсилоти кредитӣ, пеш аз ҳама, ҳувият ва арзишҳои миллии халқамон ба инобат гирифта шаванд.Устодони муҳтарам ва шогирдони азиз!Имсол аввалин бор дар кишвар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳоноти марказонида дохил шуданд.Бақайдгирии довталабон аз 1 марти соли ҷорӣ оғоз гардида, то 30 апрел идома ёфт.Ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти гуногуни довталабон аз минтақаҳои кишвар дар 11 шаҳру ноҳия 20 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд.То 30 апрел 52521 нафар довталабон номнавис шуданд, ки аз онҳо 35023 нафар ё 67,6 фоизро писарон ва 17498 нафар ё 32,4 фоизро духтарон ташкил доданд. Аз ин ҳисоб 126 нафарро маъюбон ва 151 нафарро ятимони кулл ташкил медиҳанд.Бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди қабули имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар синфхонаҳои интихобшуда видеокамераҳо насб гардида, пахши мустақими ҷараёни имтиҳон дар маҷлисгоҳи марказҳои имтиҳонӣ бо иштироки падару модарон ва дигар шахсони хоҳишманд ба роҳ монда шуд.Таҳлили пешакии натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон дод, ки аз 45909 нафар довталабон ҳамагӣ 29694 нафар аз ҳадди муайяншуда (холи гузариш) бештар хол гирифтанд, ки ба 64,7 фоиз баробар мебошад.Таҳлили фарогирии довталабон вобаста ба минтақаҳо нишон дод, ки аз 29694 нафари холи мусбатгирифта 13,3 фоиз аз шаҳри Душанбе, 17,2 фоиз аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 30,2 фоиз аз вилояти Суғд, 34,1 фоиз аз вилояти Хатлон ва 5,2 фоиз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.Муқоисаи таҳлили мазкур бо шумораи хатмкунандагони синфи 11 нишон медиҳад, ки ба таври умумӣ таносуби минтақаҳо риоя шуда, фаъолнокии бештари хатмкунандагон аз шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чашм мерасад.Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст.Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулияти зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд.Ҳамчунин хонандагони имрӯза дар интихоби касб на ҳамеша озод буда, дар ин самт бештар ба орзуву ҳаваси волидайн такя мекунанд.Аз ҷумла имсол аз 52 ҳазору 406 ҳуҷҷати воридшуда қариб 31 ҳазори он ба ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ рост омада, ба ихтисосҳои барои кишварамон зарурӣ таваҷҷуҳ ниҳоят кам буд.Ғайр аз ин, донишу малакаи довталабон аз фанҳои табииву риёзӣ ва информатика дар сатҳи хеле паст қарор дошта, бо ин сабаб беш аз 16 ҳазор довталабон ҳадди поёнтарини муайяншударо гузашта натавонистанд.Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки барои бартарафсозии камбудиҳои зикршуда чораҳои таъхирнопазир андешида, якҷо бо Маркази миллии тестӣ фаъолияти худро дар ҷодаи интихоби касб тақвият бахшанд.Ташкили Маркази миллии тестӣ ва танзими имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ дар замони муосир барои соҳаи маорифи кишвар ҷаҳиши куллии сифатӣ ба шумор меравад.Падару модарон ва даҳҳо ҳазор хатмкунандагони мо бовар ҳосил карданд, ки сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсӣ омили асосии дохил шудан ба мактаби олӣ ва ба ин васила таъмин намудани ояндаи нек барои ҷавонон мебошад.Ҷорӣ гардидани имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ тақозо менамояд, ки мо роҳу равишҳои наву самараноки арзёбии сатҳи дониш ва маҳорату малакаи хонандагонро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайгирӣ кунем.Дар ин замина гузаштан ба низоми нави баҳогузории шаффоф ногузир ба назар мерасад.Бояд тазаккур дод, ки вазифаи Маркази миллии тестӣ танҳо амалӣ гардонидани низоми ягонаи қабули имтиҳонҳо ба мактабҳои олӣ нест.Ин сохтори навтаъсис вазифадор аст, ки баъди анҷоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои омӯзиш ва мониторинги сифати таълими фанҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо, мактабҳои алоҳида ва умуман дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ таҳлилҳо гузаронад ва хулосаҳои худро барои беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд.Дар баробари ин, минбаъд ҳама гуна озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи гуногун бояд дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шаванд ва кафолати шаффофияти онҳо таъмин гардад.Инчунин соли оянда бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ ба сатҳи дониши довталабон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси замонавӣ пешниҳод менамоям, ки қабул ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, донишгоҳҳои пӯлод ва хӯлаи Москва, энергетикаи Москва ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба истиснои муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз тарафи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шавад.Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат муҳимтарин махзани тайёр намудани мутахассисон барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд.Давлату Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо доимо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.Имрӯз замони он расидааст, ки дар асоси истифодаи таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта ба тарбияи мутахассисони зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аҳаммияти бештар зоҳир карда шавад.Дар асоси озмун қабул намудан ба магистратура, аспирантура ва докторантура боиси ҷалби хамткунандагони донишманду болаёқат мегардад, яъне минбаъд афроде бояд ба ин зинаҳои таҳсилот ҷалб карда шаванд, ки ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ҳақиқат шавқу рағбат доранд.Бо вуҷуди он, ки дар замони истиқлолият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ як қатор ихтисосҳои нави замонавӣ кушода шуданд, ҳоло ҳам баъзе ихтисосҳое мавҷуданд, ки ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллии мо ҷавобгӯ нестанд.Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм ва роҳбарони мактабҳои олӣ вазифадоранд, ки тибқи таснифоти қабулшуда ихтисосҳои мавҷударо ба шароити кунунии талаботи иқтисоди миллӣ мувофиқ гардонанд.Дар давраи истиқлолият марбут ба илм ва инноватсия даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки масъалаҳои соҳаро танзим ва ба рушди он мусоидат менамоянд.Татбиқи амалии санадҳои мазкур имконият фароҳам меорад, ки магистрантҳову аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён минбаъд дар дохили кишвар рисолаҳои илмӣ дифоъ намоянд.Алалхусус, қабули қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми таҳсили докторантура PhD (пи эйч ди) шароит фароҳам меоварад, ки кадрҳои илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ дар муассисаҳои олии касбии мамлакат омода карда шаванд.Бо ин мақсад чанд рӯз пеш ман фармонро доир ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардам, ки тибқи он фаъолияти сохтори зикршуда аз моҳи январи соли 2015 оғоз мегардад.Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд.Имсол бори нахуст бо мақсади ҳамгироии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, ҳифзи нерӯи илмиву техникӣ, ҳамчунин ҳал кардани мушкилоти мавҷудаи кормандони соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шӯрои илм ва инноватсия таъсис дода шуд.Шӯрои мазкур имконият медиҳад, ки татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия ба роҳ монда, самтҳои афзалиятноки илми ватанӣ муайян карда шаванд ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ, шаклҳои маблағгузории он ва омода намудани кадрҳои илмӣ танзим гардад.Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии илми мамлакат ҷиҳати тараққӣ додани илмҳои дақиқ ва техникӣ, ҳамоҳангсозии илмҳои академӣ, соҳавӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмиву техникӣ дар қаламрави мамлакат, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Тоҷикистон, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар масъулият дорад.Яке аз вазифаҳои асосӣ ва стратегии Академияи илмҳо ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ мебошад.Боиси хушнудист, ки имрӯз бо амалӣ гардидани принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ сафи ҷавонони соҳибзавқ, соҳибҳунар ва эҷодкор торафт афзуда, ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмиву инноватсионӣ бештари ҷалб карда мешаванд ва сифати корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимиву илмии кишвар сол аз сол беҳтар мегардад.Донишҷӯёни муҳтарам!Даврони донишҷӯӣ на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳимми омӯзиш, азхуд кардани илму дониш, касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ба шумор меравад. Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб аст.Он на танҳо аз ҳар як фарди донишҷӯ, балки аз устодону волидайн низ сабру таҳаммул, серталабӣ ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.Бинобар ин, ман ба ҳамаи шумо муроҷиат менамоям, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми нерӯи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед.Фаромӯш насозед, ки ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагӣ дорад.Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад.Бинобар ин, падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зарароварро дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.Яке аз масъалаҳои доғи дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асолати милливу суннатӣ дур месозанд.Рафтору гуфтори ҷавонон дар миёни ҷомеа ва бетарафии ҷомеаро нисбат ба ин раванд наметавон кори дуруст ҳисобид.Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як нафар шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд.Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беаҳаммиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундраву ифротгаро ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин оқибати хуб надорад.Бинобар ин, аз шумо омӯзгорону устодони муҳтарам, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас ва пешбарандаи маърифати ҷомеа ҳастед, тақозо мегардад, ки насли наврасро ба роҳи рост ва омӯхтани илму дониш ҳидоят намоед.Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти хешро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.Бояд гуфт, ки дар баробари таълим дар ташаккули насли ояндаи кишвар тарбия нақши арзанда дорад.Мутаассифона, имрӯзҳо дар аксар муассисаҳои таълимии кишвар диққати асосӣ ба таълим дода шуда, тарбия то андозае аз мадди назар дур мондааст.Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақшаи дарсҳои тарбиявиро бо мавзӯъҳои мушаххаси рӯзмарра таҳия ва татбиқ намояд.Ва ҳангоми арзёбии фаъолияти роҳбари ин ё он муассисаи таълимӣ дар баробари баҳо додан ба натиҷаҳои таълиму тадриси шогирдон вазъи корҳои тарбиявиро ҳам мавриди санҷиш қарор дода, хулосаҳои зарурӣ барорад.Имрӯз суботу амнияти миллату давлатҳо ба дараҷаи рушди илму маориф ва техникаву технологияҳои онҳо вобаста мебошад.Рӯйдодҳои сиёсӣ ва геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум метавонад ба хатари ҷиддие ба суботу амнияти давлатҳо табдил гардад.Ман қаблан дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта будам ва имрӯз бори дигар таъкид менамоям, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.Дар иртибот ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар омӯзгорон бояд диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир равона созанд.Дар охир мехоҳам иброз намоям, ки мо дар ҷараёни озмоиши бузурги таърихӣ-татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ки омода намудани наслҳои ояндасози давлату миллат қисми таркибии он аст, қарор дорем.Озмоише, ки аз мо шинохт ва диди амиқ, масъулият, талошу заҳмати шабонарӯзӣ, ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳадафмандии хосро тақозо менамояд.Итминони комил дорам, ки бо нерӯи созанда ва эҷодгари шумо - омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз ин озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи шикастнопазири миллӣ хоҳем гузашт ва насли нав ва ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад.Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад.Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.Фарзандони азиз, хонандагону донишҷӯёни муҳтарам!Ояндаи кишвар ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост.Шуморо дар рӯзи дониш бори дигар даъват менамоям, ки ҳар лаҳзаи умри худро сарфи донишомӯзӣ, забономӯзӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва техникаву технологияҳои муосир намоед, то ки ворисони ҳақиқии ин марзу буми пуршарафи аҷдодӣ ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ бошед.Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред, аз ақлу заковат ва ҷаҳонбинии устодону омӯзгорони донишмандамон истифода намуда, бо такя ба фарҳанги оламшумули гузаштагонамон боадаб бошед ва ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо оваред.Ба устодону омӯзгорони азизу арҷманд муроҷиат карда, бори дигар хотирнишон менамоям, ки онҳо шахсони масъулу равшанфикри ҷомеаи мо мебошанд.Ва мо аз шумо - омӯзгорону устодон, умеду итминон дорем, ки ин рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқ саҳми муносиб мегузоред.Дар иҷрои ин кори хайр ба шумо пирӯзиву комёбиҳо орзу дорам.Саломат бошед! 

ktr.tj

Рўзи дониш муборак!

Details Published on Monday, 02 September 2013 18:07

Пагоҳ баъди таътили дуру дароз ва истироҳату меҳнати тобистона хонандагону донишҷўён аз сари нав дар боргоҳҳои маърифат ба азбаркунии илму дониш шурўъ менамоянд.Хеле хурсандибахш аст, ки рўзи аввали оғози соли таҳсили нав ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун Рўзи дониш таҷлил мегардад.Дар ҳамаи мактабҳо Рўзи дониш бо иштироки падару модарон, пирони рўзгордида, сарпарастон, соҳибкорон, намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ботантана қайд карда мешавад.

Ин рўз махсусан барои зиёда аз 43 ҳазор нафар кўдакони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд, фараҳбахш ва фаромўшнашаванда мебошад. Рўзи нахустини ба мактаб омадани онҳо, ботантана таҷлил гардидани Рўзи дониш, оғози солҳои мактабхонӣ, донишандўзӣ, меҳру муҳаббат ва навозиши нахустини устодон дар хотири кўдакон якумр нақш мебандад.

Дар вилоятамон чун дар тамоми ҷумҳурӣ барои рушди илму маърифат ва донишандўзии хонандагон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят, мўҳтарам Қоҳир Расулзода барои пешрафти соҳа пай дар пай ғамхорӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълиму тарбияи насли наврас иқдомҳои шоистаро ба анҷом мерасонанд. Танҳо дар давоми соли гузашта дар вилоят мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 9 865 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби манбаъҳои гуногун сохта ба истифода додани 69 иншооти соҳа барои 13,7 ҳазор ҷои нишаст бо маблағи умумии 102 млн сомонӣ дар солҳои наздиктарин ба нақша гирифта шудааст.

Сохта ба истифода додани Мактаби Президентӣ барои хонандагони боистеъдод, маркази солимгардонӣ ва истироҳатии ҷавонону наврасон, ҳавзҳои шиноварӣ, варзишгоҳҳо барои дарёфти кўдакони болаёқат ва ривоҷ додани истеъдоди онҳо ва умуман барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбияи насли наврас такони бузург бахшид.

Оғози сохтмони муассисаи томактабии инноватсионӣ барои 1000 нафар кўдак дар шаҳри Хуҷанд, мактаб барои хонандагони болаёқат дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як иқдоми хубест барои тарбияи кўдакон, ривоҷу равнақи дониш ва истеъдоди онҳо.

Тарбияи томактабӣ пойдевори тарбия ба ҳисоб рафта, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва солимии кўдак ба сатҳи тарбия дар оила ва муассисаҳои томактабӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин таҳсилоти томактабӣ ва омода намудани кўдакон ба мактаб яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба шумор рафта, таваҷҷўҳи давлату ҳукумат бо сарварии Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи томактабӣ сол аз сол бештар мегардад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба рушди муассисаҳои томактабӣ вусъати тоза бахшида шуд. Айни ҳол дар вилоят 211 муассисаи томактабӣ фаъолият мебарад, ки аз ин миқдор 183 ададаш муассисаҳои таҳсилоти томактабии тобеи шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 19 адад муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 9 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ мебошад.

Имсол дар вилоят 914 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият бурда, зиёда аз 466 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро мегирад, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта миқдори мактабҳо 9 адад ва теъдоди хонандагон наздик 2 ҳазор зиёд мебошад. Аз ҷумла 34 гимназия, 27 литсей, Мактаби Президентӣ, мактабҳои хусусӣ ба донишандўзии зиёда аз 40 нафар хонанда мусоидат менамоянд.

Барои таълиму тарбия ва донишазхудкунии кўдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кўдакони иллатҳои ақлию ҷисмонидошта дар вилоят мактаб-кўдакистон, мактаб-интернатҳои махсус ва парваришгоҳи наздимактабӣ амал менамоянд. Алҳол мактабҳо бо технологияи муосири таълим, китобҳои дарсӣ ва омўзгорони баландихтисос таъмин буда, барои ба хонандагон додани таҳсилоти сифатнок пурра омодаанд.

Имсол ба сохтори соли таҳсил бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2013, № 1918 тағйирот ворид шуд. Машғулиятҳои таълимӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо дарси “Дониш ва Сулҳ” оғоз мешавад. Давомнокии соли таҳсил, ба истиснои рўзҳои ид, барои хонандагони синфи 1 на кам аз 33 ҳафта, барои хонандагони синфҳои 2-11 на кам аз 34 ҳафтаи таълим муқаррар карда шудааст.

Соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ду нимсола: нимсолаи аввал аз 1-уми сентябр то 31-уми декабр ва нимсолаи дуюм аз 1-уми феврал то 7-уми июн ҷудо мешавад. Бинобар сабаби ба рўзи якшанбе рост омадани якуми сентябри соли 2013 ва рўзи дарсӣ эълон шудани он 7 сентябри соли 2013 дар муассисаҳои таълимӣ рўзи истироҳат эълон шудааст.

Зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи хобгоҳи навбунёди Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки барои давлат ва ҷомеаи мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомўзӣ, эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо мебошад. Зеро давлатро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҳар ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.

Ин дастури Сарвари давлат имрўзҳо ба барномаи амалиёти муассисаҳои таълимӣ ва ҳар корманди соҳаи маориф мубаддал гашта, барои амалишавии он аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад.

Кулли кормандони соҳаи маориф ва хонандагони арҷмандро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рўзи дониш аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба хонандагон барои фатҳи қуллаҳои нави илму дониш ва ба устодону омўзгорон барои ноил шудан ба муваффақиятҳои нав дар таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳо орзу менамоям.

Саидмухтор ҶАЛОЛОВ, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

hakikati-sugd.tj

РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ - 1 Сентября 2012

      Субҳи 1 – уми сентябри соли 2012 дар саҳни бинои асосӣ ва сипас дар толори Синои донишгоҳ   вохӯрии ректор бо иштироки намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо донишҷӯёни   курси аввали соли таҳсили 2012 - 2013  доир гардид. Дар ҷамъомад        мудири Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи ДИП ҶТ Бобоҳоҷиева Лола Садриддинова, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ,  оила ва ҳифзи саломатии      Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ, полковники милиса Коров Шоҳусейн,  сардори Раёсати илм ва  таҳсилоти тиббию фармасевтии Вазорати тандурустии      ҶТ Исупов Саломуддин Ҷабборовоич ширкат  намуда, донишҷуёну устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба соли нави таҳсил табрик намуданд. СУХАНОНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ Д.И.Т., ПРОФЕССОР У.А. ҚУРБОНОВ,  БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ     Шогирдони азиз! Сароғоз мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  гардиданатон аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намуда, ба шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муввафақияту бурдбориҳо орзу намоям. Дар ҳақиқат донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гаштан шарафи бузургест, зеро ҳар кадоми шумо дар оянда ба чизи аз ҳама қимматноктарин саломатии одамон сару кор хоҳед гирифт. Барои ин бошад шуморо, шогирдони азиз!  Панҷ-шаш соли бедорхобиҳо, кӯшишу заҳматҳои пайваста баҳри расидан ба ҳадафҳои аслӣ, яъне табиби ҳозиқу донишманд шудан интизор аст.      Дар ҳақиқат ҳаёт исбот намудааст, ки инсон ҳар қадар дар паи иҷрои нияту амали худ қадамҳои аввалинашро устуворона ва бо дили пур гузорад, ҳамон қадар мақсаднок ба ҳадафи худ мерасад. Инак шумо донишҷӯёни соли аввал ба остонаи ин даргоҳи муқаддас қадамҳои нахустини хешро мегузоред ва ман ҳамчун сарвари ин таълимгоҳи олӣ таманнои онро мекунам, ки ҳар кадоми шумо дар фарогирӣ ва азхудкунии донишҳои тиббӣ аз рӯзи аввал ба таври ҷиддӣ муносибат намуда, дар ин роҳ аз ҳар лаҳзаи вақти пурқимататон ба манфиати ояндаи пурифтихори худ самаранок истифода баред.      Президенти мамлакатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон – омӯзгорон  ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 2010  дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз  ҳамин нуқтаро ишора намуда қайд карданд, ки «Аз курсҳои аввал ба қобилият ва зеҳни донишҷӯён таваҷҷуҳ намуда беҳтарини онҳоро ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишиву лабараторӣ ҷалб бояд кард». Зеро ҳамгирони илм бо истеҳсолот тавассути таҳсилот ва аз зиннаҳои аввалини он амалӣ мегардад. Танҳо бо ташкили дурусти ин раванд мо метавонем барои имрӯзу фардои кишвар мутахассисони сазоворро тарбия кунем.     Донишҷӯёни азиз! Бояд ҳар кадоми шумо ба хуби донед, ки тиббӣ тоҷик таърихи бою рангин дорад ва тиббӣ ҳақиқии ояндаро зарур меояд, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тиббӣ муосир инчунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафакирони гузашта баланд бардорад.     Имрӯз илми тиб дар баробари дигар илмҳои таббии бо суръати ниҳоят баланд рушду инкишоф ёфта ба мутахассисони соҳа имкониятҳои нав ба нави табобати бемориҳои гуногунро фароҳам меорад. Аз худ намудани навгониҳои илм ба истифодаи оқилдонаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи толибилмони донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Бояд, қайд кард, ки  солҳои охир вазъияти таълиму тарбия дар донишгоҳамон ба куллӣ тағйир ёфта,  даҳҳо кафедраву озмоишгоҳ ва клиникаҳои ботаҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳаз ба ин мақсад равона карда шудааст.     Воқеан, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таърихи бою рангин дорад. Донишгоҳ ҳамчун маркази ягонаи тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ  дар ҷумҳурӣ фаъолият менамояд. Рисолат ва вазифаи асосии Донишгоҳ ин  тарбия ва тайёр намудани табибони олидараҷа мебошад. Дар тӯли фаъолияти худ  Донишгоҳ зиёда аз 33 ҳазор  мутахассисони варзидаи соҳаро тайёр намудааст, ки онҳо ҳам дар ватани азизамон ва ҳам дар зиёда аз 32 мамлакатҳои дунё сарбаландона кору фаъолият доранд.     Бояд ёдовар шавам, ки Донишгоҳи тиббии имрӯза  бо дархости Шӯрои комисариятҳои халқии РСС Тоҷикистон  соли 1939  дар шаҳри Сталинобод таъсис ёфтааст.     Соли 1952 бо қарори Ҳукумати Шӯравӣ ба донишкада номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд.   Соли 1992 бошад, Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми донишгоҳро гирифт.   Таъсис ёфтани Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон дар китоби таърихи миллати тоҷик дурахшонтарин саҳифаи ташаккул ва таҳаввули илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва хадамоти нигоҳдории тандурустӣ мебошад. Бешубҳа, тамоми дастовардҳои системаи  нигоҳдории тандурустии ҷумҳурӣ бо фаъолияти самараноку пурмаҳсули кормандони ин даргоҳи илму фарҳанг робитаи ногусастанӣ дошт ва дорад.   Ҳайати профессорону омӯзгорони  Донишгоҳ аз  659нафар устодони доимӣ иборат аст, ки аз онҳо  дорои дараҷаи илмидошта - 304 нафар; 89 нафар доктори илм ва профессорон, 215 нафар номзади илм    ва 355   нафар  муаллими    калону   ассистентҳо дар 62 кафедра кору фаъолият менамоянд.       Айни замон донишгоҳ мувофиқи сохтор дорои 17 шӯъба,  8 Шӯро, 10 марказ, 4 факултет, 62 кафедра, китобхона, осорхона, бойгонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва дигар қисмҳои хоҷагидорӣ фаъолият менамоянд.    Дар Донишгоҳ барои донишҷӯён шароити хуби таълимиро аз қабили толорҳои замонавӣ, марказҳои муосири таълимию клиникӣ,  китобхона, қироатхона, маҳфилҳои илмӣ ва мубоҳисавӣ, китобхонаи электорнӣ, шабакаи хобгоҳҳо ва маҷмааи варзишӣ, пойгоҳҳои клиникӣ (25), инчуин имконияти хуби эҷодӣ барои донишҷӯёни  ҳунарманду санъаткор дар назди дастаи  ҳунарии "Шифо”  фароҳам оварда шудааст.   Донишгоҳ  айни замон дорои зиёда аз 800 адад  компютер  мавҷуд аст, ки  600 адади он дар 16 синфхона ва марказҳои компютерӣ, инчунин дар 2 синфхонаи лингафонӣ   дар ҷараёни таълим пурмаҳсул  истифода бурда мешаванд.        Коллективи Донишгоҳ барои комёбиҳои назаррас дар  пешбурди рушди  соҳа ва  барои   тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ  соли 2008  бо дипломи "Сифати аврупоӣ” ва соли 2009 бо Ифтихорномаи ҶТ қадр карда шудааст. Илова бар, ин таи се  соли охир  дар рейтинги муассисаҳои макотиби олии кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад.     Боиси ифтихор аст, ки дар давоми се соли охир   донишҷӯёни Донишгоҳ  дар  Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ   иштирок намуда,  ба гирифтани 26 ҷойи ифтихорӣ (10 ҷои якум, 7 чойи дуюм, 9 ҷойи сеюм)  мувафақ гаштаанд.      Бо маврид аст, ки аз натиҷаи маъракаи қабули довталабони имсола, ба шумо маълумоти мухтасар пешкаш намоям. Бо масъулияти том мехоҳам изҳор намоям, ки имсол низ  мо аз ҳамаи воситаю имокиятҳо истифода бурда дар имтиҳони қабул шаффофияти заруриро таъмин намудем. Натиҷаи ҳамин аст, ки мо тавонистем дар  солҳои охир беҳтарин довталабонро, ки воқеъан ҳам  дониши муккамал доштанд,  донишҷӯи ин даргоҳи бонуфуз гарданд.    Ба донишгоҳ барои таҳсил ба Комиссияи қабул 3240 довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки дар маҷмӯъ  1208 нафар довталабон сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гардиданд. Аз ҷумлаи довталабони дохилшуда 560 нафар ба тариқи буҷавӣ (116 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 2 нафар аз рӯи квотаи барои фарзандони иштирокчии бартарафкунии фоҷеи Чернобил, 24 нафар ғолибони олимпиада хо ва дорандагони медали тилло, 179 шартномавӣ аз шӯъбаи тайёрӣ, 414 нафар тариқи буҷавӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ, 468 нафар тариқи шартномавӣ аз рӯи қоидаҳои умумӣ, 5 нафар маъюбон ва ятимони кулл мебошанд. Лозим ба қайд аст, ки соли ҷорӣ маҳз тавассути коэффисиенти ба ноҳияҳо муқаррарнамуда боис гардид, ки 185 нафар довталаб ба сафи донишҷӯён шомил гарданд.     Ин ҷо бори дигар мехоҳам таъкид  намоям, ки нафарони дар ҳақиқат омодагии мақсадноку ҷиддӣ дошта,  аз ин даргоҳ ноумед нашудаанд. Шогирдони азиз!      Ба шумо маълум аст, ки баъди чанд рӯз мо 21-солагии Истиқлолияти давлатамонро дар вазъияти тантанавӣ ҷашн хоҳем гирифт. Бояд ҳар яки шумо дарк намоед, ки  эъломи истиқлолият муҳимтарин воқеа дар таърихи давлату миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта он ба осонӣ ба даст наомадааст. Душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки истиқлолияти кишвари моро барҳам зада миллати шарифи тоҷикро аз ин неъмати бузург маҳрум созанд. Мардуми тоҷик зери роҳбарии сарвари оқилу хирадманди хеш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар истодагарӣ карда, сулҳу суббот ва як порчагии сарзамини хешро таъмин намоянд. Вале ҳамаи ин набояд мову шуморо ба ғафлат гузорад. Махсусан, шумо донишҷӯёни соли якуми таҳсил, ки ба дунёи васеи илму дониш имрӯз қадамҳои аввалини хешро мегузоред, дар баробари донишомӯзӣ бояд ҳар кадом дустдори ҳақиқии ватани хеш бошед  ва дар ин роҳ аз ҳар гунна амалҳои ифратгарон душманони миллати тоҷик худатонро муҳофизат карда тавонед. Ин ҷо, суханони Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бармаҳал мешуморем, ки чунин баён намудаанд: «Шумо ҷавонон, махсусан донишҷӯёни азизро даъват менамоям, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гунна тарғиботҳои барои фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардуми мо бегонаву харобиовар нашавед, барои шукуфои ва рушду нумӯи Ватани маҳбубамон доимо дар талош бошед».     Давраи донишҷӯёнро давраи пурсамари ҷавонӣ мегӯянд. Зеро солҳои донишҷӯӣ айёми тамаккули шахсият мебошад. Дар ин давра шахс донишҳои илмӣ ва таҷрибаи ҳаётиро аз бар намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд.    Зимнан, ин ҷо бояд қайд намоям, ки  дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қоидаҳои тартиботи дохили донишгоҳӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ амал менамоянд, ки иҷрои онҳо барои ҳар як донишҷӯ ҳатмӣ ҳисоб меёбад.   Донишҷӯёни азиз, Мӯҳтарам устодон ва  ҳозирини гиромӣ! иҷозат диҳед ба муносибати иди пурифтихор - Рӯзи Дониш  ва ҳамзамон ба фарорасии ҷашни 21 – солвгии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушбахтию саодатмандӣ, пирӯзӣ дар зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илми муосири тиб орзу намоям.   Танҳо бо сабру таҳамули матин метавонед Шумо дар ҷоддаи омӯхтани нозукиҳои касби табиб ворисони  арзандаву аслии Синои бузург бошед.

old.tajmedun.tj

Илму дониш мисоли рӯзи пурофтобанд

Details Published on Friday, 30 September 2016 10:43

Итминон дорам, ки ҳамаи аҳли ҷомеа, дар навбати аввал омўзгорон ва падару модарони гиромии мо дар ин кори пурифтихору пурмасъул, яъне таълиму тарбияи насли навраси хушахлоқу боодоб, донишманду ҷўянда ва соҳибкасбу соҳибҳунар саҳми инсонии худро дареғ намедоранд.

 Эмомалӣ Раҳмон

Ташаббус - сарчашмаи дарёи ақл

Шахсони накўниҳод дар ҳар замон нақши тақдирсоз доранд. Хираду дониш, кордониву корбарии онҳо ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар муассир хоҳад буд.

Ҳамин ифодаи маъмулро мо дар арафа ва ҷараёни баргузории ҷашни фархундаву таърихии миллат - биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҳангоми сафари кориашон сурат гирифт, хеле равшан эҳсос намудем. Пешвои миллат ба фаъолият, кор ва истифодабарии як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун ифтитоҳу оғоз бахшиданд. Аз ҷумла, Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен дар ҳамин раванд қарор дошт. Ин бинои мактаби замони муосир, ҷавобгўй ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби шахси саховатманд, дилсўзу дилогоҳи ин ноҳия Анвар Эшонқулов бо сарфи сеюним миллион сомонӣ бунёд шудааст. Мардуми вилоят, алалхусус сокинони ноҳияи Спитамен Анвар Эшонқуловро чун ҷавонмарди ташаббускор, навовар ва накўниҳод ба хубӣ мешиносанд. Хислату рафтори наҷиб дорад ин мард: халқпарвар, ятимпарвар, дасткушод, футувватпеша, дар як вақт ташнаву меҳрпарвари илму китоб, маърифату маънавиёт, дар эътиқоду ақида қавиву якрўй.

- Худро ончунон фараҳманд ва болидарўҳ эҳсос менамоям, ки натиҷаи ниҳоии саъю ҳиммат ва заҳмату садоқатамро Пешвои муаззами халқи тоҷик, Сардори давлати нерўмандамон зикр намуданд. Ифтитоҳ бахшидани Роҳбари хирадмандамон ба Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат ин боиси хурсандӣ, шарафмандӣ ва ифтихормандиам ҳамчун муассиси ин боргоҳи илму дониш, таълиму тарбияи насли наврас шуд. Чаро? Саҳм гузоштан баҳри беҳбудии рўзгор, ободонии кишвар ҳамин шарафмандӣ аст, - гуфт дар сўҳбат Анвар Эшонқулов. – Дар мулоқоти Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияамон ҳамагон шоҳиди он будем, ки мўҳтавои суханрониашон аз аввал то ба охир пур аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан ва мардуми соҳибиқболи Тоҷикистон буд. Дар ҳақиқат, агар ҳар як фарди ҷомеаи муосири мо Ватану миллати худро мисли Президенти мамлакат дўсту азиз дорад, бояд, ки монда нашуда, шабу рўз баҳри ободию гулгулшукуфии он хизмат намояд.

Анвар Эшонқулов нияте дошт, ки дар ноҳияи Спитамен як мактабе аз ҳисоби худ созад ва он барои таҳкими донишу маърифати фарзандони меҳнаткашон хизмат намояд. Ду фарзанд ва наберагони ў дар мактабҳои хусусии шаҳри Хуҷанд таҳсил кардаанд. Худи Анвар Эшонқулов шахси босавод, соҳибдониш, дорои таҷрибаи рўзгор буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заҳмат бурдааст. Давоми фаъолияташ чун соҳибкор сурат гирифтааст. Аз соли ҳазору нўҳсаду наваду панҷ то соли дуҳазору ҳафт дар вазифаи омири бозори марказии шаҳраки Нов -ҳоло Навкат кору фаъолият дошт. Ў чун навовар ва ташкилотчии моҳир он давр симои бозорро ба куллӣ дигаргун сохт, тамоми навиштаҷот, воситаҳои аёнияти таблиғотиро ба забони давлатӣ - тоҷикӣ муаррифӣ намуд, то ин вақт, ки бозор барои савдои нон ҷойи алоҳида надошт, растаи махсуси нон ва маҳсулоти ордӣ ташкил кард. Дар рафти кору пайкораш ў ду байти Ҳазрати Навоиро ҳамеша шиори худ қарор медод:

Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,

Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.

Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,

Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр.

Хайрхоҳию хайрандеширо Анвар Эшонқулов ба дилаш ҷой дод дар ин навбат ҳам. Мактаби сохтаашро барои толибилмони болаёқат, ташнаи илму дониш, китобу маърифат гузошт. Онро дари умеди насли навраси саодатманд хонд. Чун ў накўкорӣ, ростқавлӣ, устувор ва содиқ будан дар паймон, зиндагӣ ва боадолатиро дар худ таҷассум гардонидааст, ҳамин хислатҳои ҳамидаро дар симои ҳар як хонандаи болаёқат, ки имрўз аз ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Спитамен, Кўҳистони Мастчоҳ ба таҳсилу тадрис фаро гирифта шудаанд, мехоҳад бубинад.

- Барои он ки умри инсон беному нишон нагузарад, мебояд тарҳи зиндагии хешро бо дилаш созад ва бо ақл иҷрояш намояд, - сўҳбатро идома медиҳад Анвар Эшонқулов. – Мегўянд, ки зиндагӣ бо кўшиш ва ният тавъам буда, мўътақидиро такон мебахшад. Ана ҳамин тавр зиндагии ҷовид кўшиш аст. Инсон бояд ҳамеша, ё чунонки мегўянд, як умр дар такопў бошад. Ана он вақт ҳаёт маънои болиғ мегирад.

Дар рафти сўҳбат бо ин ҷавонмарди худогоҳу некназар аз фалсафаи кору пайкор, саъю кўшишҳояш огаҳӣ пайдо намудем, ки он рукни «накўгўйи мардумон бош»-ро доштааст.

- Лоиҳаи дақиқи муассисаи таълимиро ташкилоти бонуфузи шаҳри Хуҷанд – Институти «Суғдинтиз» тартиб дода, соли 2014 қувваи амал пайдо намуда буд. Фармоишгари сохтмон бар ўҳдаи ман ва пудратчӣ ҶДММ «Раҳимӣ»-и ноҳияи Спитамен бо роҳбарии Абдуллоҷон Тоҷибоев роҳандозӣ гардиданд, - зикр намуд соҳибкор Анвар Эшонқулов. – Сохтмон моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, августи соли 2016 ба анҷом расид. Ба корҳои сохтмонӣ 100 нафар бинокорон ва дигар кормандони самти ёрирасон ҷалб гардиданд. Бо дастгирӣ ва ҷонибдории Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сохтмон суръат ва сифати баланд гирифт ва дар мўҳлати муайян корҳо бомуваффақият ба анҷом расиданд. Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ҳар ҳафта ба мавзеи сохтмон омада, бо ҷараёни корҳои бинокорӣ шиносоӣ пайдо  менамуд. Мавриди зикр аст, ки муовини раиси ноҳия Илҳом Саидзода ҳамеша аз ҳолу аҳволи бинокорон ва рафти корҳои сохтмонӣ бохабар буд. Ин ҳама созандагӣ аз чист? Ман мегўям: Шукри замони тинҷ, ки имрўзҳо пиру барно ҳамагон дар фазои осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебарем.

Дасту дили пок ба ободкориву созандагӣ доштан ин гувоҳи дилбастагии Анвар Эшонқулов ба амалҳои нек, савобу хайрандешист. Бо ин равия гуфтанием, ки таҷҳизотҳои мактабӣ, воситаҳои таълиму тадрис пурра аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой дастрас карда шудаанд. Мақсади ин ҷавонмарди ободкор хеле равшан аст: писарону духтарон дар ин мактаби сохти нав таҳ- сил карда, номбардори диёри соҳибистиқлол шаванд.

- Пешвои мўҳтарами мо, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намудаанд ва Раиси вилоятамон, инсони хайрандешу маърифатпарвар, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дастур додаанд, ки мактабҳои хусусӣ бештар бунёду ташкил  шаванд, - мегўяд Анвар Эшонқулов. – Ва ман ҳамчун як тан соҳибкор ба ҳамин ният иқдом гирифтам ва имрўз аз корҳои анҷомдодаам қаноатманд ҳастам. Мехоҳам, чунин корҳои хайр минбаъд ҳам зиёдтар шаванд.

Бо шунидани ин суханони ў мо низ иброз намудем: чунин корҳо бисёранд имрўз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ва аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳақ ба ҷониби Ҳаким Фирдавсист, ки хеле хуб гуфтааст:

Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад,

Бо чашми хирад корҳо бингарад.

Оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷ

Мо бо Баҳодур Тўрабоев - мудири шўъбаи маорифи ноҳия сўҳбат доштем. Дар рафти сўҳбат эҳсос бардоштем, ки Баҳодур Мамадҷонович яке аз он мутахассисону роҳбарони некниҳоду нексиришт ва соҳибдониш буда, кору пайкораш ба талаботи замон ҷавобгўй.

Гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Спитамен – шаҳраки Навкат буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат оғози расмӣ бахшид ва мо, маорифчиёнро басо хушҳолу фараҳманд гардонид. Бинед, Пешвои миллат бо шароиту имконоти муосири таълиму тарбия дар ин муассиса шинос шуданд ва бо хонандагон сўҳбати озоду самимӣ доштанд. Ин ҳама ба бахти мо, аҳли мактабу маориф аст.

Дар ноҳияамон айни замон 32 муассисаи таълимӣ, як литсейи рақами 1, даҳ кўдакистони давлатӣ, 2 кўдакистони хусусӣ фаъолият доранд. Бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар давоми чаҳор моҳи соли равон дар деҳаи Дўстии Ҷамоати Сарбанд 1 муассисаи таълимӣ бо 8 синфхона барои 240 хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Боигарии ҳар ташкилоту муассиса ин кормандонаш мебошад. Кадрҳои педагогии ноҳия пешбарандагони маърифату соҳибдонишанд. Муаллимони маълумоти олидор 85 фоизро ташкил медиҳанд. Имсол 90 нафар барои соҳиб шудан ба ихтисоси дуюм ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1684 нафар бо маълумоти олӣ, аз ҷумла 1301 нафар муаллима машғули таълиму тарбияи насли навраси даврони соҳибистиқлолӣ ҳастанд. Соли равон 67 фоизи ҳуҷҷатсупори-дагон ба Маркази миллии тестӣ – хатмкардагони макотиби ноҳия ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуданд. Ҳар сол аз 40 то 45 нафар хатмкардагони мактабҳои мо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино бомуваффақият дохил мешаванд.

Доир ба фаъолият ва рафти таълиму тарбия ва пеш бурдани корҳои педагогӣ Ҷамолиддин Раҳимов - директори Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат чунин ибрози ақида менамояд:

- Мактаби нав аз ду ошёна иборат буда, 25 синфхона, аз ҷумла 4 кабинети фаннӣ, кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ ва тахтаҳои синфии электронӣ дорад. Ҳидоятҳои Пешвои миллат, дастуру супоришҳои Раиси вилоят дар муассисаи таълимӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва адрасу сўзанӣ маҳфили адрас ва қолинбофии дастӣ амал мекунад. Мавриди зикр аст, барои аъзои ин маҳфили ҳунаромўзӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки дар як вақт то 13 нафар дар ин ҷо ҳунарҳои мардумиро азхуд карда метавонанд.

Ба кор қабул кардани омўзгорон мутобиқи озмуни Раёсати маорифи вилоят ба роҳ монда шуд, ки ин раванд ба таъмини муаллимони ихтисосманд мусоидат намуд. Омўзгорони соҳибмалака О.Эрматов, Р.Юсуфова, М.Маннонова, А.Шукурова аз рўзҳои нахустини соли нави таҳсил ин муассисаи нави таълимиро дар қаламрави вилоят муаррифӣ менамоянд. Муаллимаҳои синфҳои ибтидоӣ Шоира Фаёзова, Дилбар Каримова, Саломат Фаттоева, Лола Мамадқулова - омўзгори забони русӣ дар ҳамин синфҳо хонандагони худро гарм бар оғўш гирифтанд. Омўзгорони соҳибмаърифат Ирода Холматова (география-экология), Ҳасан Явқочаров (забони англисӣ), Ҳилола Муродова (забони русӣ), Муқаддас Маликова (забон ва адабиёти тоҷик), Фурқат Умурбоев (ҷонишини директор) суботкорона ҷаҳд мекунанд, то хонандагони болаёқат аз ҳар соати тадрис мафҳум ва маънои тозае бардоранд.

Хониш дар мактаб то нисфи рўз идома меёбад, баъдан бо муҳассилин дарси иловагӣ гузаронида мешавад. Маблағи хониш дар мактаб моҳе аз ҳар хонанда 392 сомониро ташкил менамояд. Маоши моҳонаи омўзгорон дар муассисаи таълимии мазкур 1200 сомониро дарбар мегирад.

Магар асоси ифтихори ҳар фарди худогоҳ нест, ки фарзандони ҳар гўшаи Ватани соҳиб-истиқлоламон дар афзудани обрўву эътибори кишварамон, аз ҷумла ривоҷу равнақи илму фарҳанги он, мактабу маорифи он, худшиносии миллии насли наврас, камолоти маънавии ҷавонони замон хидмати босазое менамоянд. Марди соҳибфазилат Анвар Эшонқулов бо ҳиммат ва ташаббуси худ ба чунин иқдом камар баст ва имрўз мактаб дарашро бар рўи фарзандони меҳнаткашон боз намуд.

Кори пурмасъулият ва шарафнок

Сокини Ҷамоати деҳоти Сарбанд Шавкат Бозоров, ки фарзандаш Фазлиддин дар синфи 1 «б» таҳсил мекунад, мегўяд:

- Ба фаъолият оғоз намудани ин мактаби нави замонавӣ барои мо, мардуми деҳот боиси шарафмандӣ аст. Умеди комил дорам, ки фарзандам дар ин боргоҳи илму дониш тарбияти воло ва маърифати баланд мегирад. Ман ба қадри кору эҷод мерасам. Аз ин лиҳоз, ба омўзгорону хонандагони мактаби тозабунёд барори кору таҳсили аъло таманно менамоям. Орзумандам, хонандагони болаёқат минбаъд дар риштаҳои гуногуни илм шуғл варзанд.

Раъно Ҳазратқулова – сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки духтараш Саида низ дар ҳамин синф таҳсил менамояд, фикрашро чунин иброз дошт:

- Духтарам китобхон аст. Қабл аз он ки ба ин мактаб биёяд, китобхониро ёд гирифта буд. Бинед, аз қадимулайём бузургони мо муҳаббату алоқа ба китобу китобхона доштанд. Ин аъмоли некашон буд, ки шўҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб намуданд. Мактаби нави имрўза китобхонаи хуб дорад. Он чун парвозгоҳи ҷавонони бомаърифат шинохта мешавад.

Сокини ноҳияи Деваштич Қудратулло Иноятов аз таҳсили писараш Шерхон дар ин мактаб қаноатманд аст. Шерхон Иноятов дар синфи 7-ум мехонад. – Мардуми меҳнатқарину бонангу ори Ватани соҳибистиқлоли мо дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Корҳои созандагии соҳибкор Анвар Эшонқулов ана дар ҳамин замина равнақ гирифта, имрўз маҳсули назаррабои он чун «лаъл дар кўҳсор» аст.

Ин мактаб бо заҳмати шоистаи омўзгоронаш насли созандаву бунёдкорро ҳоло аз синфҳои 1 то 9-ум қабул намуда, таълиму тарбият дода, ба камол мерасонад.

Мо зи болоем, боло меравем!...

Баъди анҷоми сўҳбату муошират мо бо синфхонаҳо ва ҳудуди мактаб, дигар самтҳои фаъолияти он шинос шудем.

Мактаб маҷлисгоҳи барҳаво, ошхона барои 100 нафар ва китобхона бо 45 ҷойи нишаст дорад. Дар ошёнаи дуюми он 8 ҳуҷраи хоб барои 50 хонанда, ки аз минтақаҳои дурдаст бо таҳсил фаро гирифта мешаванд, омода аст. Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба варзиш ва хизматрасонии тиббӣ толори замонавӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи тиббӣ бо ҳамаи таҷҳизот муҳайё карда шудааст.

Кабинетҳои фаннии омўзиши забони русӣ, забони англисӣ, химия, физика, биология бо воситаҳои муосири таълим-таҷҳизоти лингофонӣ, телевизорҳо, компютерҳо ва проекторҳо дарҳои худро ба рўи толибилмон боз кардаанд.

– Аз иқдомҳои бунёдкориву созандагии Раиси вилоятамон, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ басо фараҳманд гардидаем. Имрўз дар мактаби замони муосир таҳсил дорем, - гуфтанд хонандагон. – Мо, ҷавонон, - сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи замони соҳибистиқлолиро бо дилу ҷон ҷонибдорему пеш мебарем. Роҳандозии иқдомҳои шоиста минбаъд бар зиммаи мо хоҳад буд.

Дар интиҳо мегўем: Мактаби нави замонавӣ барои хонандагони болаёқат дар роҳи камоли маънавии толибилмон мавқеъ ва манзалати хос дорад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,“Ҳақиқати Суғд”Аҳрорҷон УБАЙДУЛЛОЕВ,мухбири ҷамоатии рўзнома

hakikati-sugd.tj


Смотрите также