Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту панҷ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту панҷ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем».
Душвортарин муаммои мо дар зарфи бист панҷ сол ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарўза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрўза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таькими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.
Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.
Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.
Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Тавассути истиклол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Ҷамил Валиев,Корманди Китобхонаимиллии Тоҷикистон
kmt.tj
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллатамонро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. 25 соли Тоҷикистони соҳибистиқлол собит месозад, ки дар ин давра Ватани мо ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.
Комёбии асосие, ки ба музаффарияти минбаъдаи Тоҷикис-тон боис гашт, ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ин маънои онро дошт, ки Сарвари давлат баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ваъдаи дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) додаи хеш дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вафо карданд.
Аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар баробари хомўш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардан ва навсозии сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ оғоз намуд. Аз соли 1994 ба ислоҳоти ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шурўъ намуд, ки он то имрўз давом дорад.
Дар тўли 25 соли Истиқлолият мо, пеш аз ҳама, ба комёбиҳои бузурги сиёсӣ ноил гашта, рамзҳои давлати мустақил - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул гардиданд. Вақт нишон дод, ки мо истиқлоли сиёсӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро ҳифз намуда, дар як муддати кўтоҳ ба як қатор муваффақият ноил шудем. Хушбахтона, аксарияти кишварҳои дунё ба расмият моро шинохтанд. Сиёсати давлати мо дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз баландтарин минбарҳои сиёсии дунё суханронӣ ва дар сессияи Созмони Милали Муттаҳид раисӣ карда, обрўву эътибори Ватани азизамонро баланд бардоштанд.
Дар ҳақиқат, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад. Баробари ба даст овардани Истиқлолият саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона оғоз гардид.
Аҳамияти таърихии Истиқлолияти Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар тўли 25 соли сипаригашта мардуми кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат пояи мустаҳкамии давлатдориро ба дўш гирифта, пеши роҳи хатари нобудшавии онро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши Миллиро таъсис дод, барои таҳкими давлатдорӣ шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро мустаҳкам кард, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, сулҳи байни тоҷиконро таъмин кард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир буд.
Тоҷикистон имрўз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаи дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш рафта истодааст.
Имсол мардуми Тоҷикистон ба пешвози ҷашни бузурги таърихӣ - 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рўҳияи худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандўстиву ватанпарастӣ омодагӣ дида, айни замон барои боз ҳам ободу зебо шудани Ватани аҷдодиамон саъю кўшиш намуда истодаанд.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушд ва давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳ дар сарзамини бостониамон амалӣ гардид ва мо-ҷавонон, баҳри ободии Ватани азизамон ҳамеша талош варзем ва неъмати беназир-Истиқлолиятро ҳифз намоем.
Фирдавсҷон МУХАДИЯРОВ,муфаттиши Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон дар вилояти Суғд
hakikati-sugd.tj
Истиклолият неъмати бебахо
Накша:
1. Заминахои ба даст омадани истиклолият
2. Ба даст омадани истклолият
Заминахои ба даст омадани истиклолият
Точикон таърихи бою кухан доранд. Хануз дар асрхои IX – VII давлатхои Сугду Бохтар, Порту Маргиёна ва Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар хиссагузори кардаанд. Дар масири таърих борхо тавассути хамлахои давлатхои абаркудрат истиклолияти худро аз даст дода, боз сохиби давлату шахомат гаштаанд.
Хамлахои хахоманишихо, Искандари Макдуни, Сосониён, арабхо, салчукиёну газнавихо, карохонихо, чингизиён боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатхои кухан, сарзаминхои бобои ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки точикон гардид. Хамеша хисси истиклолиятхохи озодидусти ниёгонамонро ба корнамоихою шучоатманди даъват мекард. Мисоли он баъди тасарруфи арабхо хонадонхои маъруфи ибтидои садаи нухум Тохириён, Саффориён, Сомониён муваффак гаштанд,ки ба давлату маданияти милли эхё бахшанд. Абадмардони миллат чун Исмоил ибни Ахмади Сомони тавонистанд аз хайати хилофати араб бурун гашта, давлати мутамаркази сохибихтиёру миллии точиконро асос гузоранд. Ки махз дар хамин давра ташаккули халкияти точик ва тамоми унсурхои он марзи ягона, забони адабии точики, Маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Бехуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халки моро – давраи тиллои меноманд. Дар ин давра илму фарханги мо бисёр нобигахои нотакрорро чун Абунасри Фороби, Абуали Сино, Беруни, Ал Хоразми, Рудакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.
Маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Бехуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халки моро – давраи тиллои меноманд. Дар ин давра илму фарханги мо бисёр нобигахои нотакрорро чун Абунасри Фороби, Абуали Сино, Беруни, Ал Хоразми, Рудакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.
Бинобар ин соли 1999 мо 1100 солагии таъсиси ин давлатро чашн гирифтем, то пояи ифтихори милли,хисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 давлати сомониён зери зарбахои кабилахои турк салчукиёну карохонихо ва газнавиён аз байн рафт. Инони истиклоли точиконро онхо рабуданд.
Солхои 60-80- уми асри 19 Россияи подшохи сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин вакт хам мардуми мо зери зулми дутарафа буд.
Факат соли 1924 дар натичаи таксимоти миллию марзии (инро олимон таърихи табартаксим хам меноманд)Осиёи Миёна дар харитаи сиёсии шурави аввал чун чумхурии мухтор ва аз соли 1929 чун чумхурии шурави арзи хасти кард. Ин зинаи аввали расидан ба истиклолият баъди сукути давлати сомониён буд. Лекин ин истиклоли комил набуд.
Ин истиклолият дар доираи конунхои Иттиходи шурави буд. Дар хайати ин иттиход хар як чумхурии иттифоки бо ичозати давлати шурави сиёсати дохилиро амали мекард. Сиёсати хоричи монополияи давлати шурави буд. Точикистони шурави дар тули мавчудияти худ дар хамаи сохахои хаёти чамъияти нисбати хамсояхои хоричии худ ба комёбихо ноил гашт.
Дар миёнаи солхои 80-ум ба вучуд омадани вазъи бухрони эхсос мешуд, шартномаи иттифоки аз соли 1922 амал мекард ва он вокеияти реалиро инъикос намекард. Аз солхои 80-ум саркарда, чумхурихои назди Балтика баъд Кавказ ва Осиёи Миёна кушиши аз СССР баромадан карданд.
Дар Точикистон истиклолиятхохи аз вокеахои февралии соли 1990 сар шуд.Иборат аз 17 нафар «Комитети халки» таъсис ёфт.
Хизбхои демократи ва назхати ислом, созмонхои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ташкил шуда, минбаъд ситоди «Начоти Ватан » ба вучуд омад.
Сохибистиклоли дар Точикистон хусусияти хос дошта, аз руи накшаю барномаи муайян амали нашуд.
24 –уми августи соли 1990 Ичлосияи дуюми Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар бораи истиклолияти чумхури эъломия кабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард,ки «Чумхурии Точикистон давлати мустакили демократии хукукбунёд мебошад». Дар тамоми СССР чунбише барои дигаргунии сиёси ба вучуд омад. Декабри соли 1990 анчумани чоруми Шурохо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани райъпурсии умумииттифоки карор кард. 71,3 % - и ахоли тарафдори нигох доштани ИЧШС буд.
19 августи соли 1991 дар Москва Комитети давлатии фавкулодда таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда Эстони, Украина, Белоруссия, Озорбойчон, Узбекистон ва дигархо худро сохибистиклол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани СССР - ро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск, дар бораи Иттиходи давлатхои мустакил созишнома бастанд.
Ба даст омадани истиклолият
Cарони 11 чумхурихо дар Олмаато ИДМ ворид шуданд.
25 -уми декабр президенти ИЧШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абаркудрати шурави аз байн рафт.
Дар Точикистон вазъиятии сиёси муташаннич гашт. Хизбу бозмонхои нав барои хокимият мекушиданд.
9- сентябри соли 1991 аввалин маротиба рузи истиклолият кайд карда шуд.
Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорхои пайгиронаи созандаги, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёси, иктисоди ва фархангиро омўзонда, меъёрхои чомеаи шахрвандиро тахким бахшид ва дар як вакт хаёти озодонаи хар фард ва олитарин дарачаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият барои мо нишони барчастаи пойдории давлат, бахои симои миллат, рамзи асолату хувият, мазхари идеалу ормонхои таърихи, шиносномаи байналмилали ва шарафу эътибори ба чахони мутамаддин пайвастани кишвари сохибистиклоли Точикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту як сол кабл аз ин нахустин хиштхои пойдевори истиклолияти вокеи ва давлатдории миллии худро нихода, аз шарофати мустакилият сохиби рамзхои давлати – Парчам, Нишон ва Суруди нави милли гардидем.
tajprog.my1.ru
Истиклолият неъмати бебахо
Накша:1. Заминахои ба даст омадани истиклолият2. Ба даст омадани истклолият
Заминахои ба даст омадани истиклолият
Точикон таърихи бою кухан доранд. Хануз дар асрхои IX – VII давлатхои Сугду Бохтар, Порту Маргиёна ва Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар хиссагузори кардаанд. Дар масири таърих борхо тавассути хамлахои давлатхои абаркудрат истиклолияти худро аз даст дода, боз сохиби давлату шахомат гаштаанд.Хамлахои хахоманишихо, Искандари Макдуни, Сосониён, арабхо, салчукиёну газнавихо, карохонихо, чингизиён боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатхои кухан, сарзаминхои бобои ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки точикон гардид. Хамеша хисси истиклолиятхохи озодидусти ниёгонамонро ба корнамоихою шучоатманди даъват мекард. Мисоли он баъди тасарруфи арабхо хонадонхои маъруфи ибтидои садаи нухум Тохириён, Саффориён, Сомониён муваффак гаштанд,ки ба давлату маданияти милли эхё бахшанд. Абадмардони миллат чун Исмоил ибни Ахмади Сомони тавонистанд аз хайати хилофати араб бурун гашта, давлати мутамаркази сохибихтиёру миллии точиконро асос гузоранд. Ки махз дар хамин давра ташаккули халкияти точик ва тамоми унсурхои он марзи ягона, забони адабии точики, Маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Бехуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халки моро – давраи тиллои меноманд. Дар ин давра илму фарханги мо бисёр нобигахои нотакрорро чун Абунасри Фороби, Абуали Сино, Беруни, Ал Хоразми, Рудакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.Маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Бехуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халки моро – давраи тиллои меноманд. Дар ин давра илму фарханги мо бисёр нобигахои нотакрорро чун Абунасри Фороби, Абуали Сино, Беруни, Ал Хоразми, Рудакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.Бинобар ин соли 1999 мо 1100 солагии таъсиси ин давлатро чашн гирифтем, то пояи ифтихори милли,хисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 давлати сомониён зери зарбахои кабилахои турк салчукиёну карохонихо ва газнавиён аз байн рафт. Инони истиклоли точиконро онхо рабуданд. Солхои 60-80- уми асри 19 Россияи подшохи сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин вакт хам мардуми мо зери зулми дутарафа буд. Факат соли 1924 дар натичаи таксимоти миллию марзии (инро олимон таърихи табартаксим хам меноманд)Осиёи Миёна дар харитаи сиёсии шурави аввал чун чумхурии мухтор ва аз соли 1929 чун чумхурии шурави арзи хасти кард. Ин зинаи аввали расидан ба истиклолият баъди сукути давлати сомониён буд. Лекин ин истиклоли комил набуд. Ин истиклолият дар доираи конунхои Иттиходи шурави буд. Дар хайати ин иттиход хар як чумхурии иттифоки бо ичозати давлати шурави сиёсати дохилиро амали мекард. Сиёсати хоричи монополияи давлати шурави буд. Точикистони шурави дар тули мавчудияти худ дар хамаи сохахои хаёти чамъияти нисбати хамсояхои хоричии худ ба комёбихо ноил гашт. Дар миёнаи солхои 80-ум ба вучуд омадани вазъи бухрони эхсос мешуд, шартномаи иттифоки аз соли 1922 амал мекард ва он вокеияти реалиро инъикос намекард. Аз солхои 80-ум саркарда, чумхурихои назди Балтика баъд Кавказ ва Осиёи Миёна кушиши аз СССР баромадан карданд. Дар Точикистон истиклолиятхохи аз вокеахои февралии соли 1990 сар шуд.Иборат аз 17 нафар «Комитети халки» таъсис ёфт.Хизбхои демократи ва назхати ислом, созмонхои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ташкил шуда, минбаъд ситоди «Начоти Ватан » ба вучуд омад.Сохибистиклоли дар Точикистон хусусияти хос дошта, аз руи накшаю барномаи муайян амали нашуд.24 –уми августи соли 1990 Ичлосияи дуюми Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар бораи истиклолияти чумхури эъломия кабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард,ки «Чумхурии Точикистон давлати мустакили демократии хукукбунёд мебошад». Дар тамоми СССР чунбише барои дигаргунии сиёси ба вучуд омад. Декабри соли 1990 анчумани чоруми Шурохо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани райъпурсии умумииттифоки карор кард. 71,3 % - и ахоли тарафдори нигох доштани ИЧШС буд. 19 августи соли 1991 дар Москва Комитети давлатии фавкулодда таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда Эстони, Украина, Белоруссия, Озорбойчон, Узбекистон ва дигархо худро сохибистиклол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани СССР - ро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск, дар бораи Иттиходи давлатхои мустакил созишнома бастанд.
Ба даст омадани истиклолият
Cарони 11 чумхурихо дар Олмаато ИДМ ворид шуданд. 25 -уми декабр президенти ИЧШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абаркудрати шурави аз байн рафт. Дар Точикистон вазъиятии сиёси муташаннич гашт. Хизбу бозмонхои нав барои хокимият мекушиданд. 9- сентябри соли 1991 аввалин маротиба рузи истиклолият кайд карда шуд.Истиклолият барои мо рамзи олии Ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустакил, кору пайкорхои пайгиронаи созандаги, азму талошхои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёси, иктисоди ва фархангиро омўзонда, меъёрхои чомеаи шахрвандиро тахким бахшид ва дар як вакт хаёти озодонаи хар фард ва олитарин дарачаи бахту саодати вокеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият барои мо нишони барчастаи пойдории давлат, бахои симои миллат, рамзи асолату хувият, мазхари идеалу ормонхои таърихи, шиносномаи байналмилали ва шарафу эътибори ба чахони мутамаддин пайвастани кишвари сохибистиклоли Точикистон мебошад.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту як сол кабл аз ин нахустин хиштхои пойдевори истиклолияти вокеи ва давлатдории миллии худро нихода, аз шарофати мустакилият сохиби рамзхои давлати – Парчам, Нишон ва Суруди нави милли гардидем.
Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями:
avasto.tj
Дар хама дунё ба хар давру замон,Эхтироми нон бувад аз хад колон.Он зи чумла нозу неъмат бехтар аст,Кадри нон болотар аз симу зар аст.
Нон киматтарин ганч, бебахотарин амвол ва мукдддастарин ганчинаи пурарзишу бебахост. Бе нон хаёт нест. Бе нон фарзанди инсонияти бузург арзи хастй карда наметавонад. Нон аст, ки умр пойдор аст, нон аст, ки зиндагй идома дорад. Нон аст, ки офаридаи бузурги инсоният арзи хастй мекунад. Арзиши ин мукаодасоти бузург дар ягон давру замон дигаргун намегардад. Дар зиндагй хамаи хастихо бузурганд, хамаи неъматхо пояндаанд, аммо неъмати бебахои руи замин «нон» аст, ки нихоят пояндаву барчост. Кучактарин ва бузургтарин офаридаи Офаридгори бузург махз тавассути истеъмоли ин ганчинаи бебахо харакат мекунанд, хастиву чон мегирад.
Нон бувад чун чони одам,Куввату дармони одам.Зеби дастурхони одам,Нони гандум, нони гандум.
Ин муъчиза касро тавоноиву мадор мебахшад. Кудрату матонат, зуру тавони хар як банда ба нон вобастагй дорад. Истеъмоли ин гизои бузург хурдонро бузург, нотавононро кудрат, бузургонро хираду фаросати зиёд мебахшад.Пушида нест, ки осон ба даст овардани ин муъчизаи бузург танхо имруз бароямон муяссар аст. Замоне буд, ки ба даст овардани нон хамчун гизо нихоят душвор буд. Аз офаридахои Турсунзодаи бузург:
Гуш мекардам садои марди хирманкубро,Мешунидам зарбахои говрона чубро.Побарахна, дилгурусна, сар-сари куху адир,Хурчин дар даст мегаштам, чу як марди факир.
Ана, ба хамии гуна захмаги фаровону машаккати зиёд пораи нон ба даст меомад. Бечора мардону занон ва кудакони побарахнаву бепуштибои дар куху пуштахо бо мехнати дастй хушаи гандуме парварида, онро орд намуда, нон дастрас гардонида, истеъмол менамуданд. Натичаи ин гуна машаккати зиёд онхоро нотавону дардманд мегардонд.Имруз бо шарофати даврони бузург ва пешравихои зиёди илмиву техники, ба даст овардани нон нихоят осон гардида. Имруз фарзанди инсоният бехтарин нонро истеъмол менамояд. Имруз мардум дар сохахои гуногуни хаёт фаъолият намуда, бегох хангоми баргашт ба хона хама гуна маводи нониро аз бозору растахо ба осонй ба даст оварда метавонанд.
Нонвои шахр меояд кунун дар пушти дар.Нони гарми хешро бардошта вақти сахар.Кучахоро пур кунад аз буи нони ширмол,Пур кунад хони арусон, дар шаби туи висол.
Албатта, хамаи ин пешравию имкониятхо аз сулху субот, пешравию устуворихои давлату даврон гувохй медиханд. Мардуми точик аз кадимулайём фарханги бою ганй дошта, нонро хамчун мукаддасоти бузург эътироф мекунанд. Модари точик аз хурдй тифлашро эхтироми донаи гандуму пораи нон меомузонад. Тифли дилбанд аз хурдй нонпораро муқаддас шумурда, бологузар медонад.
Қиммати нон аз хама волост дар руи чахон.Пиру барно рахравон гардида з-истеьмоли он.Кудрати волои он бахшида тифлонро хаёт,Дар дили хар фард бошад эхтиромаш дар нихон.
Нон муъчизаи хаётофарину кувватдиханда ва воломаком аст. Аз истеъмоли як пораи нон дар дил куввату мадор ва хастиву матонат хосил мегардад. Пас, бевосита метавон нонро муъчизаи хаётбахш номид. Бе истифода аз ин муъчизаи бузург хаёт барои инсон гайриимкои аст. Чои онро ягон хастй, ягон кимати нодир иваз карда наметавонад.Дуруст аст, ки китоб низ нихоят мукаддас ва гавхари дурахшони дурри маънист. Аммо дар холати гуруснагй фарзанди ннсоният онро зери по монда, аз баландие нонро гирифта истеъмол намудааст. Пас, мебояд нонро болотарин маъхаз ва асоситарин эхтиёчи махлукоти зинда шумурд. Онро азиз шумурда, болои дидагон чой кард:
Аз замин нонрезахоро чида мемолам ба чашм,Нони гарми мехнатиро дида мемолам ба чашм.
Хулоса, нонро хамеша эхтиром карда, кимати онро донистан карзи хар як инсони асил аст. Нон чун муъчизаи нодир хаётро офарида, инсониятро тавоноиву мадор мебахшад.
Нон бар мо давлати дунё бувад,Нон бар мо аз хама боло бувад.
Нон давлат, сарват, дорой, кувват ва асоси хастии мост. Нест ба чуз он муъчизаи ноёбу нотакроре. ки инсоният хар нафас ба он эхтиёч дошта бошад.
univer.tj