Ҳанӯз аз замони шӯравӣ ибораи забонзадаи «ҷавонон ояндаи давлат», (ин ибора дар замони истиқлол ба «ҷавонон ояндаи миллатанд», табдил шуд), ки бештар аз забони курсинишинон садо медод, дар ёдам ҳаст. Алъон ҳам мансабдорон, ки ҷавононро бо оянда дилпур ва мутмаъин сохтанианд, аз ин ибора истифода мекунанд. Албатта, агар ба маънои зоҳирии ибора таваҷҷуҳ шавад, бешак дуруст аст, ки чун калонсолон умрашон ба ҷое мерасад ва ногузир ба суроғи марг мераванд ва ҷавононанд, ки ҷойи онҳоро ишғол мекунанд. Ин як амри табиъӣ ва ногузир аст.
Вале дар ин фурсат мехостам ба маънои усулии ибора, ки ҷавонон на танҳо маҷозан ояндаи миллат бошанд, балки бояд созандагони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат, соҳиби ин сарзамин, нигаҳбони марзу буми кишвар, муҳофизи обрӯ ва ҳаёву номуси занон, зиндакунандаи анъана ва урфу одатҳои гузаштагон ва дар маҷмуъ посбони номусу нангу ори тоҷик бошанд ва битавонанд тоҷикро чун як миллати мутамаддин мутадайин муаррифӣ кунанд, таваҷҷуҳ дошта бошем. Дар такия бар ҷавонони имрӯза, саҳеҳтараш ба насли баъд аз пошхӯрии шӯравӣ тарбиятёфта ва рӯи кор омада, мехостам чанд суолеро мавриди баҳси хонандаи азиз қарор бидиҳам. Оё ба амсоли чунин ҷавонон мешавад кишваре озода ва кишваре, ки тобеъву дармонда ва дастнигари дигарон набошад, сохт? Оё мешавад ба онҳо бовар кард ва ин ҳама амонатро, ки иборат аз миллату забону фарҳанг аст, ба онҳо ба амонат супурд? Оё аз уҳдаи ҳифзи амонат хоҳанд баромад ва бо он муқаддасот хиёнат нахоҳанд кард? Ва оё мешавад ба касоне, ки дар равияи фарҳангҳои ғайритоҷикӣ тарбият мегиранд, ба онҳо бовар кард ва инони сарнавишти миллатро ба дасти онҳо супурд? Оё ояндаи як кишвари соҳибистиқлолро, ки навоҳи ва ҳаволиаш ҳаммарз бо кишварҳоест, ки то ҳанӯз дар бархе ҷойҳо ҳатто хати марзаш муайян нашуда, бо итминон ба онҳо вогузошт?
Чун дар рӯ ба рӯи ҷашни ҷавонон қарор дорем, ҳарчанд, ки мехостам ба хотири нозук ва ҳассоси онҳо нарасида бошам, вале намешавад аз воқеъият гурехт. Аз бархӯрди ҳамарӯза ба ҷавонон, ин ҳам ҷавонони пойтахт, ҳар касе ба натиҷа мерасад, ки ояндаи миллатро ба онҳо супурдан ва бовар кардан шубҳанок ба назар мерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба хондану мутолиъа, гӯш надодан ба ҳарфи муаллимон, итоъат накардани падару модар, бекоргардии бе зарурат, дашному ҳақоратҳои фаҳшро ҳар замон ба забон овардан, густохӣ кардан дар баробари калонсолон, бештари авқоти худро дар маконҳои дулхушӣ ва дискоклубҳо (албатта онҳое, ки аз ҷиҳати молӣ каму беш таъминанд) гузаронидан, гувоҳӣ аз ояндасоз набудани насли ҷавон медиҳад. Дар муқоиса бо замони шӯравӣ, чунин рафтору аъмоли ҷавони имрӯза, авбошӣ маҳсуб мешавад. Дар ҷавонони имрӯза ин рафторҳои ношоиста ба як аъмоли муқаррарӣ табдил ёфтаанд. Аллома Иқбол менигорад:
Ҷавононро бадомӯз аст ин аср,
Шаби Иблисро рӯз аст ин аср.
Ба домонаш мисоли шуъла печам,
Ки бе нур асту бе сӯз аст ин аср.
Он чи моро ба тирарӯзӣ, ноумедӣ ва бовар надоштан ба ояндаи нек, дорад таҳрик медиҳад, ин дар руҳияи фарҳангҳои бегона тарбият ёфтани ҷавонон аст. Чизе, ки дар асри ҳозир миллатҳоро ба нестӣ мебарад, асолатбохтагӣ аст. Маъориф ва мактаби миллате, ки ҷавононашро дар руҳияи дӯст доштани фарҳанги миллӣ, забон, урфу одат, пӯшиши либоси худӣ, эҳтиром доштан ба бовару эътиқодот тарбият ва ташвиқ насозад, мушкил аст ба итминони комил ба ояндасозии ҷавононаш бовар кард. Доранд ҷавононро ба тақлидҳои беҷо ба фарҳангҳои ғайр савқ медиҳанд.
Тавассути Интернет ба суоле аз гуруҳи ҷавонони тоҷикистонӣ дар Маскав, ки дар робита ба вохӯрии ҷавонон ба президенти кишвар аст, гӯш андохтам. Суолаш бадин маъно буд: «Ман Абдуллоев Абдулло шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон, дархосте доштам барои сарвари давлат то агар ҳадди ақалл имкон бошад, дар ҳар як ноҳия ва шаҳрҳо нуқтаҳое ташкил кунанд, ки барои омӯзонидани забони русӣ, қонун, қоида ва маданияти дигар миллатро омӯзонанд…». Қазоваташро ҳаволаи хонандаи азиз мекунем. Вақте ки ҷавонон ба ҷойи омӯхтани фарҳангу маданияти худ, ташвиқу тарғиби маданияти ғайрро пеш мегузорад, вақте ки омӯхтани забони бегонаро бар забони худ тарҷеҳ медиҳад, оё умеди сарбонӣ ва созандагии миллатро мешавад аз онҳо кард ва ба онҳо супурд. Пешрафт ва навовариҳои мамолики пешрафта, ҷавононро ҳамчун саробе ба фиреби худ мекашад ва худ доранд ба дасти худ теша ба фарҳанг, забон, урфу одат ва либоспӯшии худ мезананд. Ҳамдӯш гаштан ба пешравиҳои онҳо на аз роҳи тақлид ба фарҳангу ойини онҳо, балки аз роҳи омӯзиши илму техноложӣ даст хоҳад дод. Ба қавли Иқболи лоҳурӣ:
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Тарк аз худ рафтаю масти Фаранг,
Заҳри нӯшин хӯрда аз дасти Фаранг.
Бандаи Афранг аз завқи намуд,
Мебарад аз ғарбиён рақсу суруд.
Нақди ҷони хеш дарбозад ба лаҳв,
Илм душвор аст, месозад ба лаҳв.
Аз таносонӣ бигирад саҳлро,
Фитрати ӯ дарпазирад саҳлро.
Илму фанро эй ҷавони шуху шанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.
То замоне, ки ҷавонон дар руҳияи эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ тарбият нагиранд, омӯзиши забони модариро аз дигар забонҳо боло надонанд, таълиму тарбия ва ба омӯзиши дастовардҳои илмию техникӣ даст наёбанд, мушкил аст ояндаро бо онҳо тасаввур кардан ва дидан.
Шахсан ман аз рафтор ва аъмолу кирдоре, ки аз ҷавони имрӯза мебинам, ба ояндаи Тоҷикистон чандон хушбин нестам. Ба ҳар сурат ин рӯзро табрик мегӯям!
Ҷамшеди Қувват
www.millat.tj
«Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».
Ин нукта аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Медиапортали «Тироз» тасмим гирифт, ки ба ифтихори «Соли ҷавонон» бахши наверо бо номи «Баҳори зиндагӣ» омода ва дар саҳифаи аслии сомонаи хеш ҷой диҳад. Минбаъд дар бахши «Баҳори зиндагӣ» аз ҳаёту фаъолият ва дастоварду музаффариятҳои ҷавонони синну сол ва касбу кори мухталиф маводҳои ҷолибу хонданӣ пешниҳоди Шумо-хонандагони арҷманди Медиапортали «Тироз» мегарданд.Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Дар ҳақиқат, татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд.Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Яке аз омилҳои асосии эълон гардидани соли 2017 — Соли ҷавонон ин рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон аст.Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 55 дарсади аҳолии қобили меҳнат ва 80 дарсади шаҳрвандони ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
Бояд гуфт, ки давлати Тоҷикистон ҷавон буда, синну соли миёнаи мардум 24,5 сол мебошад. Ҳамзамон шумораи зиёди аҳолии Тоҷикистонро шахсони синну соли 14-30 сола ташкил медиҳанд, ки аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони ҷавон ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон — насли идомадиҳанди миллат, таърих, фарҳанг, анаъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Рамзи «Соли ҷавонон»Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳе қабл аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад.Дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад.Дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли ҷавонон» васеъ истифода баранд.
tiroz.org
Чавонон кувваи бузург хастанд ва хар миллат дар хар давру замон аз чавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Умуман, чавонон дар маркази хама гуна таъгироту табаддулотхои чидди ва хам нек дар кишварашон буданд. Масалан, чавонон ба мисли Сухробу Сиёвуш дар таърихи мо дар дифои манфиатхои миллат хамеша омода буданд ва мубориза мебурданд, Жанна д-Арк барои истиклоли Ватанаш чонашро фидо карда буд, гурухи чавонон инкилобхои демократиро дар кишвархои Аврупову Осиё ба вучуд оварданд ва имрузхо чавонони ба идораи давлати чалбшуда дар кишвархои собик Шурави, аз чумла Казокистону Руссия, ба пешрафти нисбии сарзаминашон хизмати назаррас менамоянд. Хатто дар Амрико махз чавонон барои раисчумхури нави ин кишвар интихоб шудани Борак Обамо аз хама таъсири бештаре доштанд. Бинобарин, таърихи инсоният аз гувохи он, ки чавонон неруи созандаи бузург хастанд, саршор аст.
Аммо, имрузхо ваъияти миллату кишвари мо новобаста аз баъзе пешравихо умуман вазнин арзёби мешавад ва чавонони Точик, ки агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро инчо ба назар гирем, муттаасифона, аз мактабу донишгох ва фаъолияти сиёсиву ичтимои дилсард гашта дар кучаву бозорхо мегарданд ё бештарашон ба хаёти сангини мухочирати мехнати гаравгон гашта, аз оилаву фарзандон ва тахсилу такмили ихтисос дур мондаанд. Хол он, ки мувофики оморхои расми бештар аз нисфи ахолии чумхури ва инчунин, мухочирони мехнатии Точикистонро чавонон ташкил медиханд.
Агар чавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории муносибе барои татбики илми худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, пас чи гуна миллат аз чавонони дилсарду мухочиру мардикораш умедвори ояндаи нек бошад? Бале, мушкилихои чавонон то хол хеле зиёданд. Сар карда аз он, ки устодони мактабу донишгоххо маоши ночиз мегиранд ва бо ин сабаб ба сифати омузиш ахмияти кофи дода наметавонанд ва дар натича аксари чавонон саводи хеле кам мегиранд. Баъдан, чун онхо мувофики илму касби худ корхои бо шароити мувофике ёфта наметавонанд, аксаран бекор ё мухочири мехнати хастанд, ки таъсири манфие ба мафкура ва рушди кобилиятхои чавонон мегузорад. Ин дар холест, ки дастраси доштан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофике ба касбу зиндаги шарти асосии муваффакияти хар як яъзои чомеа ва рушди миллат аст.
Албатта, дар хама кишвархо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои чавонон фарк мекунад ва агар чамъияти имрузаи мо чунин имкониятхои заруриро барои чавонон мухайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне, агар имконият ба суи мо наояд, мо ба суи имконият бояд харакат бикунем.
Гарчанде, ки чавонон кувваи бузург шуда метавонанд, вале ин кувваро танхо дар ягонаги ва хамрох будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, ин андешаву хулосахо моро водор мекунад, ки боз хам хамкориву хамохангсозии фаъолиятхои ниходхои давлати ва гайридавлатиро ба хотири бехбудии вазъи чавонони имруз, ки фардои миллат аз онхо вобастаги дорад, таракки бидихем. Таълиму тарбияти чавонон дар рухияи механпарвари, илму фархангдусти ва арзишхои демократи бояд дар хукумат ва чомеа диккати аввалиндарача дошта бошад.
Дар ин чодда пешниходи таъсиси як созмони наве бо номи Анчумани Чавонони Точик (АЧТ) пуштибони пайдо кардаат, ки кори худро ба наздики шуруъ хохад кард. Максади асосии АЧТ ин баёнгари масъалахову манфиатхои чавонони Точик будан ва кумак намудан ба эхё ва рушди фархангу иктисоду сиёсати Ватани мо – Точикистон аст. Хамчун як икдоми нахустин, АЧТ аллакай баъзе пешниходхои мушаххаси зеринро барои пешрафти сохаи чавонон тартиб додааст ва омода аст, ки барои амали гардонидани онхо мусоидат намояд:
Чалб кардани чавонони то 35 сола, ки дониш ва тачрибаи ватани ва хоричи дошта бошанд, ба вазифахои мухими идоракуни дар хар як вазорату кумитаву хокимияти шахру вилоятхо. Умуман, то 30% зиёд намудани шумораи кормандони чавон дар хама сохахои давлатдори, аз чумла дастгохи раисчумхур.Таъсиси додани бунёди (фонд) милли махсус барои тайёр намудани кадрхои нави чавон дар кишвархои пешрафтаи чахон дар сохахои мухимтарин барои кишвар. Гузаронидани озмуни кушод ва шаффоф барои чудо кардани кумаку бурз (стипенд) давлати барои аккалан 500 нафар довталабони бехтарин бо сафарбар намудани онхо ба омузишхои касбии аз 1 то 10 моха.То 50% зиёд кардани маблаггузории марказхои чавонон дар хама шахру нохияхо ва тартиб додани барномахои нави омузиши, варзиши ва фарханги барои чавонони кишварТаъсис додан ё дастгири намудани 10 созмони калонтарини чавонон дар саросари чумхури
Бинобарин, биёед хамрох бошем, ки хамрох мо нерумандем ва кувваи мо дар ягонагист.
Рохбарияти АЧТ
Like Loading...
ajtojik.wordpress.com
Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрўзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдўсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Аз ин рў, комилан табиист, ки вазъи имрўзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи давлати миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, идҳою маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Гузашта аз ин воқеияти миллии ҳар як халқ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба омезиш ёфта бо равандҳои умумиинсонӣ пайваст мешавад.
Ҳамаи мо шоҳидем, ки таърихи башарият тамаддунҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки нақши бузурги онҳо дар рушду такомули маънавии инсоният эҳсос магардад. Тамаддуни ориёӣ низ дар таърихи инсоният таъсири амиқ гузошта бо осори гаронбаҳои худ шўҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Аз ин рў, шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд робитаи хунии моро бо тамаддуни ориёӣ ба таври сунъӣ қатъ намуда, таърихи гузаштаи хешро ба фаромўшӣ ҳавола кунем. Бале, имрўз беш аз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд ва аҷдодони ба ору номуси мо тибқи тавону истеъдоди фитрии хеш саҳми хешро дар рушду пешрафти дини мубини Ислом бо ҳарфҳои заррин навиштаанд. Бале, имрўз мо ҳама мусулмонему аз сарчашмаи ноби таълимоти Ислом ва Пайғамбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам оби илҳом мехўрем, вале ҳеҷ кас ба мо дар ҳеҷ давру замон иҷозат намедиҳад, ки таърихи аҷдодони хешро дидаву дониста аз лавҳи хотираи таърих маҳв созем. Ба мо касе чунин ҳуқуқи маънавиро дода наметавонад ва ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавии онро надорем, ки фарҳанги миллии худро ҷудо аз фарҳанги ориёии аҷдодон арзёбӣ намоем ва ё аз ҳама бадаш ба он муқобил гузорем. Дуруст аст, ки халқи бузургвори мо дар тўли таърихи зиёда аз ҳазору сесадсолаи хеш таълимот ва шароити ноби исломиро пазируфта дар пўсту хуну устухони хеш ҷойгузин кардааст ва касе дигар наметавонад онро аз мо ҷудо созад.
Таърихи ҳар миллат, ки решаи амиқи таърихӣ дорад, хазинаи бебаҳои маърифат ва манбаи тиллоии сабақомўзиро фарогир аст. Қатъи назар аз он, ки миллат кўчак аст ё бузург, тақдири ҳалкунандаро дар давру замонҳо дар радифи давлатҳои мавҷуда бозидааст ё не, таърихи он барои инкишофи ояндаи ҳамон миллат аз ҳар ҷиҳат ибратомўз аст.
Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихии миллати тоҷик возеҳ таъкид шудааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонем…»
Мо тоҷикон бо вуҷуди таърихи ғанию фарҳанги оламгирамон борҳо дар айёми гардишҳои куллӣ дар интихоби арзишҳои тақдирсоз ба хатоиҳо роҳ додаем… ва ҳар хатои кардаи аҷдодони мо ба завол ёфтани истиқлолият ва давлатдорӣ мусоидат кардааст. Бурду бохти тақдирсозу тақдирсўзи давлатдории аҷдоди мо бо бунёд ва заволи давлати Сомониён вобаста аст.
Маҳз чунин хатоҳое буд, ки чароғи давлатдории халқи тоҷик ба мўҳлати ҳазор сол хомўш гардид. Ин шикасти давлатдории сеҳазорсолаи Форсҳо дар Туронзамин буд. Яке аз ин хатоҳои нобахшиданӣ ва бузурги таърихӣ интихоби роҳ ва арзишҳои миллӣ буд.
Хизмати Сомониён ва таърихии фарзандони фарзонаи миллат чун Муҳаммад Исмоили Бухороӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Низомумулки Тўсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо каси дигар буд, ки забони модарии мо ҳифз шуда, то замони мо расидааст. Таърихи халқҳои ҷаҳон шоҳиди он воқеияти таърихиест, ки бурду бохти ҳар як миллат аз он вобастагӣ дорад, ки дар чунин давраҳои тақдирсоз фарзандони ба ору баномуси он ба ин даъватҳои бузург чӣ гуна посух медиҳанд.
Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз манфиатҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки бедории миллӣ ва худшиносии миллатро дар қалби мардумон кишт намоем ва аз Худованди бузург илтиҷо намоем, ки моро дар ин кори хайр ҳидояту раҳнамоӣ намояду ба мо қудрату тавони амалӣ намудани ин нияти хайрро ато намояд.
Шумо огоҳед, ки имрўзҳо даҳҳо ташкилотҳои ифротӣ ва террористӣ аз номи ислом ҳадс мезананд. Ҳар кадом худро ҳомии дини ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн менамоянд. «Ҳизби Таҳрир», «Давлати исломӣ», «Салафияи ҷиҳодӣ», «Ҷабҳату-н-нусра», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва даҳҳо ташкилотҳои террористии дигар танҳо як ақида ва як ҳадаф доранд: инкори арзишҳои миллӣ, барҳам задани сарҳадоти давлатӣ, фарҳангиву миллӣ. Ҳадафи онҳо бо эҷоди таҳаввулоти фикрӣ дар афроди ҷомеа ба сўи инқилоби сиёсӣ кашондан ва бо истифода аз нерўи онҳо ҳукуматро ба даст овардан аст.
Яке аз таълимоти ин ташкилотҳо ин аст, ки дунёро ба дору–л–куфр ва дору–л–ислом тақсим мекунанд (сарзаминҳои кофирӣ ва сарзаминҳои мусулмонӣ). Ба ақидаи онҳо ҳамаи кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто кишварҳои мусулмоннишину исломӣ дору – л – куфр ба ҳисоб мераванд, зеро кишварҳои ғарбӣ аслан кофирҳо буда, ҳокимони кишварҳои мусулмонӣ бошанд, бар асоси барномаҳои куфр амал мекунанд. Бинобар ин, ин дору–л–куфрҳо (яъне, кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои мусулмоннишин ва ҳатто кишварҳои исломӣ) бояд бо роҳи зўроварӣ ва «ҷиҳод» ба дору–л–ислом табдил дода шаванд.
Мақсади асосии ин ташкилотҳои террористӣ ба воситаи барҳам додани миллатҳо, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ба даст овардани ҳокимияти мутлақ аст. Аз ин бармеояд, ки дигар миллатҳо ҳуқуқи арзи вуҷуд надоранд. Аз ин рў, пайравони салафия урф, истеҳсон, қиёс ва дигар қоидаҳои фиқҳиро қабул надоранд ва анъанаҳои миллиро бидъат мехонанд.
Дар заминаи таълимоти салафия “Давлати исломӣ” ақидаҳои худро такмил ва тундтар намуда, мардумеро, ки онҳоро қабул надоранд, кофир эълон менамояд. Агар ба аъмоли “Давлати исломӣ” таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки мақсади асосии онҳо кам кардани сафи мусулмонон аст. Аз ҷониби давлатҳои ҳадафманд ду гурўҳи мусулмон: шиа ва суннӣ муқобили якдигар барангезонида шуданд. Ҳарду гурўҳ иддао дорад, ки мазҳаби ў ҳақ аст.
Аслан ихтилофоти шиаву суннӣ 1300 сол қабл оғоз шудаву то ба имрўз роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Дар ин муддат садҳо муқовиматҳои мусаллаҳонаву ҷангҳои ақидавӣ ба вуқуъ пайвастаанд, аммо роҳи ҳалли масъаларо пайдо карда натавонистанд. Идеологҳои “Давлати исломӣ” мехоҳанд тавассути куштори бераҳмонаи ақаллиятҳои мазҳабӣ, ҳарчи бештар одамон ва давлатҳои ҳамсояро ба муҳориба шомил намоянд. Мутаассифона як идда одамони бефаҳм, гумроҳ, ҷиноятпеша ва бефарҳанг ба дурўғи “Давлати исломӣ” бовар кардаанд. Гумон мекунанд, ки ба ҷиҳод мераванд ва шаҳид мешаванд. Аммо оқибати ҳамаи онҳо як аст – мисли саг куштаву хору залил шудан аст.
Намунаи барҷастаи чунин гумроҳӣ қатли шаҳрванди Тоҷикистон Нусрат Назаров, маъруф бо лақаби Абўхолиди Кўлобӣ мебошад. Ин шахси бесаводе буд, ки аз таълиму тарбия, аз илму фарҳанг дур буда, аз Ироқ ба ватану модари худ таҳдид мекард, мегуфт идораатонро бо ҳамаи кормандонатон оташ мезанем! Дар натиҷа хоҷагони худаш ўро мавриди ҳамла қарор дода, ба қатл расониданд. Оқибати кори ҳар гумроҳ чунин аст. Устод Рўдакӣ дар ҳаққи чунин хунхорон хуб фармудааст:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!
Боиси хушнудист, ки мардум аз симои воқеии террористон ва ҳадафҳои аслии онҳо огоҳӣ пайдо намуда, дигар ба шиорҳои бардурўғашон бовар надоранд. Аммо ҳанўз ҳам моро лозим аст, ки ба мардум ҳақиқатро баён намоем ва ҷавононро аз доми тазвир ва талбиси иблис наҷот диҳем.
Ҳар миллат дар ислом ҳуқуқи арзи вуҷуд дорад, соҳиби забон, тамаддун, урфу оджат ва анъанаҳо будан шараф аст ва мо мардуми шарифи тоҷик аз миллати худ ва аҷдодони бонуфузамон мефахрем, ки илмро аз Сурайё дарёфта, дар замин тадвин намуданд. Беш аз ҳазор сол аст, ки аҳли олам аз осори Бухориву муслим, Марғелониву Ҷомӣ ва садҳо фарзандони барўманди миллати тоҷик илми исломӣ ва забони арабӣ меомўзанд.
Ҳамагуна истиқлолият аз худшиносию ватандўстӣ ибтидо мегирад, барои ҳамин биёед аз даргоҳи Худованди мутаол илтиҷо намоем, ки роҳи интихобшудаи моро дар масири худшиносӣ ва ватандўстӣ ва таҳкиму тақвияти давлатдорӣ бобаракату пурфайз равшан намояд. Худованд мададгорамон бошад, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар ин масири тақдирсоз саҳме ба андозаи тавону масъулияти хеш гузошта бошад.
Саидчон Нозимӣ номзади илмҳои Ҳуқуқшиноси устоди ДДХБСТ
hakikati-sugd.tj
Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!
Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд
«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.
Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.
Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд. Устодони донишкада тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар мегарданд.
Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.Эмомалӣ РАҲМОН
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мо, ҷавонони давлати Соҳибистиқлолро хеле хушнуд гардонид, ки боиси ҷонибдории самимонаи мо гашт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ дар ин мақом ҳақиқат арзанда аст. Зеро дар ин рӯзгор, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, аз туфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошанд.
Бо дастгирии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд.
Агар ба саҳифаи 25-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст.
Хуш он рӯзе, ки баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубора субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуълаафшон шуд. Мардуми мамлакат ин идро бо масъулияти баланди ватандорӣ бо дастовардҳои бузург ва интизориҳои беандоза пешвоз мегиранд. Дар зарфи 25-соли Истиқлолият давлати мо чӣ қадар рушду нумуъ ёфтааст.
Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем.
Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.
Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.
Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.
Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи охири асри 20-ум барои халқи тоҷик хадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод.
Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” қабул намуд, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти зиёд дошт.
Зеро, маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар баробари нерӯи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгони худ афзун гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯйи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷои коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия бояд барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин ҳадаф пеш аз ҳама таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ аст.
Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Пас вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобастааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.
Дар нахуст анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ба нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: “Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем”. Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.
Муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷавонон пеш аз ҳама инъикоси равшан ва воқеии худро дар фаъолияти табақаи ҷавонони кишвар пайдо мекунад. Зеро ҷавонон дар ҳама гуна муносибатҳои сиёсӣ зиёдтар аз қувваҳои дигари иҷтимоӣ таъсиргузор мебошанд. Таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, истифодаи неруҳои мухталифи сиёсӣ ва гуруҳҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ, ҳатто ҳизбҳои навтаъсиси сиёсӣ нақши ҷавононро дар амалӣ шудани ҳадафҳои сиёсӣ мушаххас менамояд. Дигаргуниҳои ҷомеа ба маънои томаш дар навбати аввал ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд. Ин вобаста ба он аст, ки ҷавонон ҳассостарин табақаи аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз зеҳну мавқеи дар ҷомеа доштаи онҳо қувваҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои худ истифода кардани мешаванд.
Моҳияти ин самти сиёсатро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин тавзеҳ дода буд: “Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд… Бинобар ин, Шумо бояд дар маҷмуъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсади он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти Шумо – ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст”.
Давлат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ тадбирҳо меандешад, то ки таълиму тарбия ва кадрҳои тайёрнамудааш дар солҳои минбаъда барои идоракунии соҳаҳои гуногун бо омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ хизмат намояд. Вале дар замони муосир амалӣ гардидани якчанд мушкилоти ҷавонон моро дар ҳолати бояду шояд қаноатманд карда наметавонад. Масалан, дар сатҳи маҳал мушкилоти бекорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мушкилоти манзилӣ ва тарбияи ахлоқии онҳо ба миён меояд. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ, мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, таъминоти онҳо бо манзили истиқоматӣ, таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиро муайян кардаанд.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурусти¬ву саноат ба монанди инҳо саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад.
9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Ҳамин тавр пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири неруҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти тозападиди мо зери хатар монд. Ниҳоят гурӯҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирузӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши меҳварӣ мутааллиқ ба Пешвои милат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд. Истиқлолияти миллию давлатӣ ҳодисаи бошарофат аст. 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он ватани моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиклолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати Соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳала ба марҳала меафзояд. Ҳарчанд эъмо¬ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеъи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун мамлакати озод эътироф кардааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.
Аммо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашми камбинону бадхоҳонашро тира сохт ва аз бухлу ҳасад шаҳрвандони моро ба ҳам муқобил гузош¬та, ҷанги бародаркуширо таҳмил карданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буҳрони сиёсӣ ба амал омад ва ин вазъият халқи мо, хоса равшанфикронро водор сохт, ки сарвари нави давлатро интихоб намоянд.
Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале ба майдони сиёсат ворид гашт он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Ҳаёти осоишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ва¬килони мардумӣ, аъзои парлумон, намо¬яндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва ороми оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.
Ба ҳамин хотир Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ва тӯли чанд сол пас аз баргузории он исбот намуд, ки Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷиконро бадурустӣ ҳал карда буд. Ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт. Ва имрӯз мо бо фахр гуфта метавонем, ки мо ворисони Сомониёнем.
Ба ҷасорат ва диди фарохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ надодан камоли инсонӣ нест. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.
Мо метавонем танҳо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии ватан бошем.
Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 кишвари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурусти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими киш¬вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки месозад ва эҷод мекунад то ба ола¬миён нишон диҳад, ки дари хонааш барои ҳама дӯстон кушодаю чеҳрааш хандон, меҳмондӯст асту дӯстию сулҳ шиори ягонааш. Халқи муаззами мо мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро ҷаннати рӯйи замин гардондаанд. Ин худ рамзи бофарҳангии мардуми тоҷик аст.
Дар он замони тақдирсози халқи тоҷик интихоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун Сардори давлат аҳамияти бузург дошт. Мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарвари оқил, ҷасур, савобҷӯй, хирадманд ва маҳбуби худ шуданд. Ҳама фитнаю найранги душманони дохилию хориҷӣ дар бораи он, ки миллати тоҷик бе роҳбари оқил мемонанду давлати Тоҷикистон пош мехӯрад, барбод рафт.
Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Ху¬довандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизу арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушод, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватан-Модар ва миллатамон хизмат кунем.
Дар даврони 25-солагии Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 25 сол халқамон ба шарофати меҳнати бунёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишва¬ри азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо кӯпрӯкҳои боҳашамат сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра¬вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то¬беъи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё¬на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпайкараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 25 соли Истиқлолият соҳаи кишоварзӣ ҳам рушду нумуъ карда, боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.
Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон бахусус донишҷӯёни зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.
Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмат хоҳем кард.
1 Скачать
tj.allinweb.ru
Ҷавонон ва наврасон ояндаи миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли Ҷавонон эълон намуданд. Аксарияти аҳолии Точикистонро ҷавонон ташкил намуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонон имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Ба саъю кўшишҳои ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватанамон, ҳамчун нерўи бузурги пешбарандаи миллати тоҷик ҳамеша диққати ҷиддӣ дода мешавад. Рушду нумўи ояндаи Ватану миллат дар дасти ҷавонони соҳибфикру созанда хоҳад буд. Барои сазовор гаштан ба ояндаи нек ҷавононро зарур аст, ки донишҳои худро дар самти касбу ҳунарҳои муосир қавӣ гардонанд.
Ҷавонон зинаи ҷудонашавандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон ҳамчун пайвандгари таърихи маънавиёти аҷдодӣ, ҳастии имрўза ва фардои ободи миллат медошанд. Навгонӣ - хусусияти намоён ва пурзўри ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҷаҳишҳои калони сиёсиву иқтисодӣ дар тараққиёти инсоният ба ҳамин хусусияти ҷавонон вобаста мебошад. Ҳастии ҷавонон ҳассос мебошад ва доимо дар зиддиятҳо қарор дорад, ки онҳоро ба офариниши нав водор месозад. Айнан ҳамин хусусияти ҷавонон ҳамчун нерўи созанда, бунёдкор ва навовар қадр карда мешавад. Пас ибораи «ҷавонон ояндаи миллатанд» гуфтан, бешубҳа, асоси худро дорад.
Ҷавонони тоҷик имрўз аз раванди илму техника ва технологияҳо, ки дорои имкониятҳои васеъ мебошанд, ҳамаҷониба истифода мебаранд.
Бинобар ин раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, мавқеи Тоҷикистон дар он муайян гардидааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, баҳри поянда доштани миллат дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ҷавонон парчамбардор ва муаррифгари Ватан мебошанд.
Одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми тоҷик ҳамеша, дар ҳар давру замон ҳамчун арзиши олӣ ба насли оянда яъне ҷавонон мерос гузошта мешуд.
Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд ин илму дониши хуб мебошад. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад.
Имрўз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ дар байни бархе аз наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд. Мутассифона, ин падидаи номатлуб ҷомеаро ба изтироб меорад. Паст рафтани ахлоқи ҷавононро танҳо ба худи ҷавонон мансуб донистан хато мебошад, ин равандро ягона дар муттаҳид намудани саъю кушиши ҷомеа ва диққати ҷиддӣ дар тарбияи ҷавонон ва раҳсипор намудани онҳо ба роҳи дуруст дида мешавад.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳаргуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳо аз беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад. Гарчанд ки Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, то ҳол ба чашм мерасад, ки баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд.
Бинобар ҳамин, Ҳукумати Тоҷикистон ба сарчашмаи ҷомеа яъне оила, алалхусус тарбияи падару модарон ва ҷавобгарии онҳо нисбати фарзандони худ диққати ҷиддӣ дода истодааст. Ҳуқуқ ва озодии кўдакон, наврасон ва ҷавонон дар маркази эътибори давлат қарор дорад.
Таъмини тарбияи кўдакон, таҳсил дар мактаб ва омўзиши касбу ҳунар масъалаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҷавобгар донистани падару модар, тарбиятгарон ва омўзгорон дар назди ҳар як насли тоҷик беҳуда муайян карда нашудааст.
Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва чойи кории арзанда барои татбиқи орзуҳои худ пайдо карда натавонанд, пас чӣ гуна миллат аз ҷавонони дилсарду ноумед умедвори ояндаи нек гардида метавонад? Бале, мушкилиҳои ҷавонон то ҳол хеле зиёданд. Таъмин ва дастрас намудан ба дониши сифатнок ва пайдо кардани кори мувофиқе ба касбу зиндагӣ шарти асосии муваффақияти ҳар як яъзои ҷомеа ва рушди миллат аст.
Албатта, дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва давлат имрўз чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё карда истодааст.
Ҷавононро мебояд, ки дар ин самт тамоми қувва, ақлу заковат ва лаёқати худро зоҳир намоянд, то ки ҳамчун фарзанди арзандаи миллати тоҷик содиқ ва фархунда гарданд. Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор месозад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии якҷояи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро барои беҳдошти вазъи ҷавонон, ки фардои миллат танҳо аз ин нерўи бузург вобастагӣ дорад, тараққӣ диҳем.
Таълиму тарбияи ҷавонон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, илму фарҳанг ва арзишҳои демократӣ аз ҷониби ҳукумат ва ҷомеа масъалаи аввалиндараҷа дониста шудааст.
Мардуми тоҷик аз рўзҳои аввали истиқлолият мактаби ибрат аз азобу шиканҷа ва хонавайрониро аз худ намуд. Ба саҳнаи сиёсат сиёсатмадор пайдо шуд, ки абрҳои тираву торикро пароканда намуда, осмонро пур аз нури офтоб гардониданд. Пас сулҳи деринтизор, соҳибкорӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо қадам ниҳод. Ин дастоварди бебаҳо, ки бо ягон неъмати рўи замин баробар карда намешавад, сулҳ ва раҳо ёфтан аз ҷанг аст.
Ҷавононро зарур аст, ки ин неъматро қадр кунанд зарур аст, ки барои рушди иқтисодӣ, устувории сиёсӣ ва таъмини иҷтимоии миллат мубориза баранд. Дар ҳама самтҳои хоҷагии халқамон мароқ зоҳир намуда, содиқона ба Ватан меҳнат кунанд.
Аммо бархе аз ҷавонон дар айёми истиқлол, ки имкон дод соҳаҳои алоҳида, ҳамчун технологияҳои компутерӣ ва телефонҳо ҳамроҳ рушд намоянд, аз ҷаҳони ҳақиқӣ, аз илм дур монданд.
Он ҷавононе, ки ба илму маърифат рӯ меорандмавқеи худро дар ҷомеа зуд меёбанд. Ҷомеа низ ба ин гуна ҷавонони қавиирода, соҳибҳунар ва навовар ниёз дорад. Ҷавонони дорои илму ҳунари комилдошта муаррификунандаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳони муосир хоҳанд буд.
М.Носирҷонова,Ф.Ҳомидов,устодони Донишгоҳи давлатииҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
hakikati-sugd.tj
Равзанаи ошноӣ:
Сатторбекзода Умеда Саттор - муовини раиси ноҳияи Сангвор соли 1987 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 2005 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 шаҳри Душанбе ва соли 2010 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро аъло хатм намудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
ҚАВЛУ ВАФО
- Ёдам ҳаст дар синфи якум мехондам. Дар маҷлиси падару модарон муаллима дар назди дигар волидайн ба падарам гилагузорӣ намуданд, ки ман ниҳоят суст мехонам. Падарам хиҷолат кашид, аз мактаб то ба хона сархаму сокит роҳ мерафт. Роҳравон реб-реб ба сӯи қиблагоҳ интизори сарзаниш дида медодам. Падарам чизе нагуфтанд, вале ман ба худ қавл кардам, ки бо рафтори беҳ ва хониши аъло ғубори хиҷолатро аз дилаш мезудоям, - мегӯяд Умеда.
Ӯ ба қавли худ вафо кард. Минбаъд танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуд. Мактабро аъло хатм карду аз донишгоҳ низ дипломи сурх гирифт.
- Волидайни мо дар тарбияамон ҷиддӣ ва сахтгир буданд. Дар баробари модарам падарам низ дар ташаккулёбии мо нақши созгор доранд. Модарам мудири боғча буданду бештари вақташон дар кор мегузашт. Падарам, ки ба соҳибкорӣ сарукор доштанд, имкони бо мо буданашон бештар буд. Маҳз аз падарамон пухтани нону таомҳоро омӯхтаем - иброз медорад ӯ.
РӮ БА ДЕҲ
Умеда дар аҳду овони донишҷӯияш бо Меъроҷ ном ҷавоне, ки дар як донишгоҳ таҳсил менамуд, ошноӣ пайдо мекунад. Ва ин иттифоқ ҳаёти Умедаро ба куллӣ тағйир медиҳад. Соли 2008 дар курси сеюм онҳо бо ҳам издивоҷ намуданд. Пас аз арӯсӣ ӯ ҳамроҳи шавҳараш ба ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) меояд ва муқимӣ мешавад.
- Танҳо тавассути васоити ахбор ва китобу интернет дар бораи ин ноҳия иттилоъ доштаму бас. Бори аввал рӯзи тӯй Тавилдараро дидан баробар дӯст доштам. Бисёр макони зебо ва тоза, мардумонаш самимӣ. Ҳурмати калонсолон дар гап неву дар амал аст. Ва боз ҳангоме салому алайк дарҳол худро муаррифӣ мекунанд. Хуллас, маро, ки сунҳори шаҳрӣ мегуфтанд, хуш пазируфтанд.
Умеда дар ивази меҳру самимияти хонадони шавҳар ва сокинони русто бо кору рафтори хуб амалан ҷавоб медод. Духтари шаҳрие, ки оғилу сутургоҳ ва кори саҳрову рӯзгори деҳро надида буд, тез ҳама чизро аз худ кард. Имрӯз барои Умеда говдӯшиву тапаккунӣ ва алафдаравиву ғунучини ҳосили боғу саҳро дар баробари дигар корҳои хона амали маъмулист. Ба иқрори ӯ заминҳои ин ноҳия бисёр ҳосилхезу пурбаракатанд. Баҳорон ним рӯз дар саҳро картошка мешинонанду тирамаҳ як ҳафта ҳосилашро ҷамъоварӣ мекунанд.
- Зимнан, волидайни ман мардуми шимоланд ва мо дар хона «дадо» ва «бува» гуфта, ба онҳо муроҷиат мекунем. Дар ин макон ман низ мисли шавҳарам ва дигар аъзои оила «оча» ва «аво»-гӯиро ёд гирифтам, - мегӯяд бо табассум ҳамсуҳбати ман.
ЗИНАҲОИ ФАЪОЛИЯТ
- Фаъолияти меҳнатиямро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз мактаби рақами 1 оғоз намудам. Дуруст аст, ки пас аз хатми мактаби олӣ пешниҳодҳо буданд, то дар худи донишгоҳ ё дар шаҳрҳои Норак, Роғун ё донишкадаи Рашт бо ваъдаи таъмини хона ва шароитҳои зарурии дигар корро шурӯъ кунам, вале ман рад кардам, - иброз медорад Умеда.
Тарзи дарсдиҳии интерактивӣ, ки Умеда бо ин усул ба кӯдакон сабақ мегуфт, барои ин минтақа равиши нав буд. Дарсҳои кушоди муаллима дар гирдаҳо сабт шуда, ба омӯзгорони дигар мактабҳо барои таҷриба тақсим мегардид. Ҳамин буд, ки Умеда ҷавонтарин омӯзгор дар таҷрибаи бесобиқаи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» ҳамагӣ бо ду соли собиқаи корӣ иштирок намуд ва сазовори мақоми сеюм гардид.
Баъди ду соли кор дар мактаб Умедаро ба мақомоти маҳаллӣ даъват мекунанд ва ба вазифаи мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила таъйин менамоянд. Баъдан дар шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва котиби Ҷамоати шаҳраки Тавилдара масруф мешавад. Ӯ дар ин вазифаҳо фаъолияти хуб нишон дода, худро фидоии содиқи хизмати давлатӣ муаррифӣ менамояд. Маҳз барои масъулиятшиносиву уҳдабароияш, кордониву корбарӣ ва зиракиву ҳушёриаш ӯро моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Сангвор таъйин мекунанд.
НЕКРОЙ
Умеда нуҳ моҳ боз ифои ин вазифаро бар дӯш дорад ва пешравиҳо дар самти фаъолияташ назаррасанд. Аз даромадгоҳи ноҳия то дурдасттарин деҳа шиору овезаҳо, парчаму лавҳаҳо бо навиштаҳои пурмазмуну ғояҳои раҳнамосоз ба назар мерасанд. Даромадгоҳҳои ҳар як ҷамоат дар шакли дарвоза меҳмононро бо чеҳраи кушод истиқбол мегиранд. Сокинони ноҳияи Сангвор ва бахусус бонувон, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кор мекунанд, нисбат ба амалу ғайрати Умеда Сатторбекзода баҳои баланд дода, бештар аз самимият ва некройии ӯ ҳарф мезананд. «Муаллима бисёр зани чаққону нисбат ба хурдон дилсӯзай. Хурду бузурга якранг ҳурмат мекунаву бисёр ширинзабонай»,- мегӯянд онҳо.
Бо ҷидду ҷаҳди Умеда моҳҳои охир дар коргоҳи хурди адрасбофӣ, сехи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои қолинбофӣ ҷараёни кор ҷоннок гардида, даҳҳо нафар занони маҳаллӣ барои худ на танҳо шуғл ёфтанд, балки бо омӯзиш фаро гирифта шуданд. Инчунин, дар моҳи октябри соли равон дархости сокинон ба инобат гирифта шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдараву Сангвор кӯдакистонҳо барои 25 нафарӣ ба истифода дода шуданд.
- Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои амалии Сарвари кишварамон бо ҳисси баланди масъулиятнокиву кордӯстӣ, ватанпарастиву ободкорӣ, зиракиву ҳушёрии амиқи сиёсӣ зери шиори «Ҷавонон ояндаи миллатанд» устувор ва боматонат гомҳои пурқувват мениҳанд, - самимона мегӯяд ӯ.
Умеда Сатторбекзода низ аз зумраи ин ҷавонони хуштолеи даврони истиқлол аст, ки бо вазифа хидмати мардумро ба ҷо меорад. Тавре ӯ мегӯяд, ноҳияи Сангвор, ки бо баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр ободу зебо гаштааст, бо меҳнати фидокорона ва зарбдоронаи ҷавонон дар ояндаи наздик боз ҳам шукуфтатар хоҳад шуд.
Сабрина Сафарова, ноҳияи Сангвор
bonuvon.tj