|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Чавонон ояндаи миллатанд рефератЧавонон ояндасозони мамлакатанд » AvastoҶавонон ояндасозони мамлакатанд Паёми телевизионии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон Муҳтарам ҷавонони кишвар! Фарзандони азиз! Тамоми ҷавонону наврасони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям. Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Ин аст, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман, дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки барои амалӣ гардидани ҳамаи иқдомоти ватандӯстона ҷавонони мо бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии муосир ва ҳисси баланди миллӣ муносибат мекунанд. Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад. Дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд. Ҳамчунин, қобили зикр аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, барои омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ пайваста азму талош мекунанд. Тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза неруманду тавоно мегардад. Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки то имрӯз даҳҳо нафар варзишгарони тоҷик соҳиби он гардидаанд. Маҳз дар давраи истиқ-лолияти давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандӯстонаи худ соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ гардида, ба ифтихори пирӯзии онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон ва дар гӯшаҳои мухталифи олам Суруди миллиамон садо диҳад. Бо вуҷуди ин, ҷавонони моро зарур аст, ки мунтазам ба машқу тамрин машғул шаванд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ ҷиддӣ муносибат кунанд ва бо дастовардҳои хеш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд. Хизмати содиқона кардан ба Ватан — модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад. Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд. Хотиррасон менамоям, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Бо ин мақсад, ҷавонони мо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд. Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад. Зеро мо — насли калонсол ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаем. Дар навбати худ, ҷавонони мо вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Хукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд. Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 насли ҷавонро вазифадор месозад, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату неруи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш раванд. Итминон дорам, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳанд буд. Орзумандам, ки ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ҳамеша ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад. Дар охир ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям. Рӯзи ҷавонон муборак бошад!Если вам помогла данная запись поделитесь им с друзьями: avasto.tj Оё ҷавонони имрӯза воқеъан ояндаи миллатанд?Оё ҷавонони имрӯза воқеъан ояндаи миллатанд?Ҳанӯз аз замони шӯравӣ ибораи забонзадаи «ҷавонон ояндаи давлат», (ин ибора дар замони истиқлол ба «ҷавонон ояндаи миллатанд», табдил шуд), ки бештар аз забони курсинишинон садо медод, дар ёдам ҳаст. Алъон ҳам мансабдорон, ки ҷавононро бо оянда дилпур ва мутмаъин сохтанианд, аз ин ибора истифода мекунанд. Албатта, агар ба маънои зоҳирии ибора таваҷҷуҳ шавад, бешак дуруст аст, ки чун калонсолон умрашон ба ҷое мерасад ва ногузир ба суроғи марг мераванд ва ҷавононанд, ки ҷойи онҳоро ишғол мекунанд. Ин як амри табиъӣ ва ногузир аст.
Вале дар ин фурсат мехостам ба маънои усулии ибора, ки ҷавонон на танҳо маҷозан ояндаи миллат бошанд, балки бояд созандагони ҳақиқӣ ва воқеъии миллат, соҳиби ин сарзамин, нигаҳбони марзу буми кишвар, муҳофизи обрӯ ва ҳаёву номуси занон, зиндакунандаи анъана ва урфу одатҳои гузаштагон ва дар маҷмуъ посбони номусу нангу ори тоҷик бошанд ва битавонанд тоҷикро чун як миллати мутамаддин мутадайин муаррифӣ кунанд, таваҷҷуҳ дошта бошем. Дар такия бар ҷавонони имрӯза, саҳеҳтараш ба насли баъд аз пошхӯрии шӯравӣ тарбиятёфта ва рӯи кор омада, мехостам чанд суолеро мавриди баҳси хонандаи азиз қарор бидиҳам. Оё ба амсоли чунин ҷавонон мешавад кишваре озода ва кишваре, ки тобеъву дармонда ва дастнигари дигарон набошад, сохт? Оё мешавад ба онҳо бовар кард ва ин ҳама амонатро, ки иборат аз миллату забону фарҳанг аст, ба онҳо ба амонат супурд? Оё аз уҳдаи ҳифзи амонат хоҳанд баромад ва бо он муқаддасот хиёнат нахоҳанд кард? Ва оё мешавад ба касоне, ки дар равияи фарҳангҳои ғайритоҷикӣ тарбият мегиранд, ба онҳо бовар кард ва инони сарнавишти миллатро ба дасти онҳо супурд? Оё ояндаи як кишвари соҳибистиқлолро, ки навоҳи ва ҳаволиаш ҳаммарз бо кишварҳоест, ки то ҳанӯз дар бархе ҷойҳо ҳатто хати марзаш муайян нашуда, бо итминон ба онҳо вогузошт? Чун дар рӯ ба рӯи ҷашни ҷавонон қарор дорем, ҳарчанд, ки мехостам ба хотири нозук ва ҳассоси онҳо нарасида бошам, вале намешавад аз воқеъият гурехт. Аз бархӯрди ҳамарӯза ба ҷавонон, ин ҳам ҷавонони пойтахт, ҳар касе ба натиҷа мерасад, ки ояндаи миллатро ба онҳо супурдан ва бовар кардан шубҳанок ба назар мерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба хондану мутолиъа, гӯш надодан ба ҳарфи муаллимон, итоъат накардани падару модар, бекоргардии бе зарурат, дашному ҳақоратҳои фаҳшро ҳар замон ба забон овардан, густохӣ кардан дар баробари калонсолон, бештари авқоти худро дар маконҳои дулхушӣ ва дискоклубҳо (албатта онҳое, ки аз ҷиҳати молӣ каму беш таъминанд) гузаронидан, гувоҳӣ аз ояндасоз набудани насли ҷавон медиҳад. Дар муқоиса бо замони шӯравӣ, чунин рафтору аъмоли ҷавони имрӯза, авбошӣ маҳсуб мешавад. Дар ҷавонони имрӯза ин рафторҳои ношоиста ба як аъмоли муқаррарӣ табдил ёфтаанд. Аллома Иқбол менигорад: Ҷавононро бадомӯз аст ин аср, Шаби Иблисро рӯз аст ин аср. Ба домонаш мисоли шуъла печам, Ки бе нур асту бе сӯз аст ин аср. Он чи моро ба тирарӯзӣ, ноумедӣ ва бовар надоштан ба ояндаи нек, дорад таҳрик медиҳад, ин дар руҳияи фарҳангҳои бегона тарбият ёфтани ҷавонон аст. Чизе, ки дар асри ҳозир миллатҳоро ба нестӣ мебарад, асолатбохтагӣ аст. Маъориф ва мактаби миллате, ки ҷавононашро дар руҳияи дӯст доштани фарҳанги миллӣ, забон, урфу одат, пӯшиши либоси худӣ, эҳтиром доштан ба бовару эътиқодот тарбият ва ташвиқ насозад, мушкил аст ба итминони комил ба ояндасозии ҷавононаш бовар кард. Доранд ҷавононро ба тақлидҳои беҷо ба фарҳангҳои ғайр савқ медиҳанд. Тавассути Интернет ба суоле аз гуруҳи ҷавонони тоҷикистонӣ дар Маскав, ки дар робита ба вохӯрии ҷавонон ба президенти кишвар аст, гӯш андохтам. Суолаш бадин маъно буд: «Ман Абдуллоев Абдулло шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон, дархосте доштам барои сарвари давлат то агар ҳадди ақалл имкон бошад, дар ҳар як ноҳия ва шаҳрҳо нуқтаҳое ташкил кунанд, ки барои омӯзонидани забони русӣ, қонун, қоида ва маданияти дигар миллатро омӯзонанд…». Қазоваташро ҳаволаи хонандаи азиз мекунем. Вақте ки ҷавонон ба ҷойи омӯхтани фарҳангу маданияти худ, ташвиқу тарғиби маданияти ғайрро пеш мегузорад, вақте ки омӯхтани забони бегонаро бар забони худ тарҷеҳ медиҳад, оё умеди сарбонӣ ва созандагии миллатро мешавад аз онҳо кард ва ба онҳо супурд. Пешрафт ва навовариҳои мамолики пешрафта, ҷавононро ҳамчун саробе ба фиреби худ мекашад ва худ доранд ба дасти худ теша ба фарҳанг, забон, урфу одат ва либоспӯшии худ мезананд. Ҳамдӯш гаштан ба пешравиҳои онҳо на аз роҳи тақлид ба фарҳангу ойини онҳо, балки аз роҳи омӯзиши илму техноложӣ даст хоҳад дод. Ба қавли Иқболи лоҳурӣ: Қуввати Афранг аз илму фан аст, Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст. Тарк аз худ рафтаю масти Фаранг, Заҳри нӯшин хӯрда аз дасти Фаранг. Бандаи Афранг аз завқи намуд, Мебарад аз ғарбиён рақсу суруд. Нақди ҷони хеш дарбозад ба лаҳв, Илм душвор аст, месозад ба лаҳв. Аз таносонӣ бигирад саҳлро, Фитрати ӯ дарпазирад саҳлро. Илму фанро эй ҷавони шуху шанг, Мағз мебояд, на малбуси Фаранг. То замоне, ки ҷавонон дар руҳияи эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ тарбият нагиранд, омӯзиши забони модариро аз дигар забонҳо боло надонанд, таълиму тарбия ва ба омӯзиши дастовардҳои илмию техникӣ даст наёбанд, мушкил аст ояндаро бо онҳо тасаввур кардан ва дидан. Шахсан ман аз рафтор ва аъмолу кирдоре, ки аз ҷавони имрӯза мебинам, ба ояндаи Тоҷикистон чандон хушбин нестам. Ба ҳар сурат ин рӯзро табрик мегӯям! Ҷамшеди Қувват www.millat.tj Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд » Ориён«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд. Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд. Устодони донишкада тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар мегарданд. orien.info |
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|