Омилҳои абиотӣ ва таъсири он ба табиат. Таъсири инсон ба табиат реферат


Табиат хонаи мост: Ифлосшавии муҳити зист аз ҷониби инсон

Инсон ва табиат бо ҳам алоқамандии зич доранд ва мушкилоти он низ ба ҳамдигар тавъам аст. Инсон аз азал бо табиат муносибати наздик дошта, неъматҳои онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебурду мебарад.

Ҳар давру замон ҷаҳонбинӣ,дониш, таҷриба ва шароити худро дорост ва ҷаҳонбинии мо мувофиқи замону шароит тағйир меёбад, аммо давраҳои тағйироти куллии тараққиёти инсоният вуҷуд дорад, ки имрӯз мо ҳамин давраро аз сар гузаронида истодаем. Мо ояндаро ба таври куллӣ пешгӯӣ карда наметавонем, аммо тағйироти дар муҳити атроф бударо таҳлил карда, то ҳадди имкон тасаввур кардан метавонем. Баробари тараққиёти техникаҳои ҳозиразамон, таъсири инсон ба муҳити атроф кам неву баръакс зиёд мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз инсон худ низ бевосита зарар мерасонд. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳар қадами зист мебошад, ки  ин бевосита ҳам ба инсон, ҳам ба  табиат зарари худро мерасонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “тозагӣ гарави саломатӣ аст”. Аммо, мутаассифона, на ҳама ба ин қоида риоя мекунад. Имрӯзҳо ҳама шоҳиди ҳолатҳое мешавем, ки бо вуҷуди будани қутии партов сокинон партовҳои худро дар ҷойҳои номуайян, гузаргоҳҳо, роҳҳои мошингард ва гирду атроф ҳавола мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки оё ин аз беаҳмиятии худи шаҳрвандон аст ё набудани қутии партов? Назаре андохтем  ба гирду атрофи шаҳри Хуҷанд. Бозори “Панҷшанбе”, ки яке аз калонтарин ва серодамтарин бозор буда, дар он одамон аз тамоми манотиқи вилоят барои хариду фурӯш меоянд. Аммо риоя накардани тозагии атроф аз ҷониби ҳам фурӯшанагон ва ҳам харидорон ба мушоҳида мерасад. Дар як гӯшаи бозор аз ҷониби масъулон огоҳнома насб шудааст, ки ба ҳама чашмрас мебошад ва таъкид намудаанд, ки “дар ҷӯйборҳои Регистон партов ва оби ифлос партофтан қатъиян маън аст. Ҷарима 500 сомонӣ”. Чунин ҳолат гӯё ба чашми онҳо намерасад, ки аз ҷумла, оби ифлоси маҳсулоташон, селофану қоғаз, баклашка, оби хӯриш, ё ин ки “оби салат”-ро ба ҷӯйборҳо сари моҳ мапартоянду кори худро осон мекунанд. Ҳолати дигарро метавон дар истгоҳи назди “Варзишгоҳ марказӣ” маъруф ба “Стадион” мушоҳида кард. Дар ин ҷо ҳамарӯза мошинҳои мусофиркаш ва одамони бисёр гаштугузор мекунанд ва дар сари роҳ партовҳо ҳар рӯз ба мушоҳида мерасанд. Баъзе рӯз истгоҳ ба партовгоҳ табдил меёбад. Буйи ғалиси он касро намегузоранд, ки то омадани мошини мусофиркаш дар ҷойи муайян қарор гирад. Оид ба ин масоил бархе аз шаҳрвандонро пурсон гаштем, ки чӣ сабаб аст?

-Пеш дар ин ҷо ду қутии партов вуҷуд дошт ва тамоми партов то роҳи мошин мерафт. Қуттиҳоро аз инҷо гирифтанд. Имрӯз, чуноне ки мебинем, нест. Сабабаш он аст, ки дар он ҷо партофтани партовҳо манъ карданд. Аммо аҳолии гирду атрофи истгоҳ беаҳмияти зоҳир мекунанд. Ин гуна ҳолат то кай давом мекунад ва кай ҳалли худро меёбад, суолест беҷавоб, — гуфт нафаре аз ҳамсуҳбатонамон. Бархеи дигар аз шаҳрвандон сабабгори ин гуна ҳолатро аз набудани қутии партов ва набудани ҷои асосӣ ва беаҳмиятӣ зоҳир намудани худи атрофиён арёбӣ менамоянд. Дар ҷойҳои сайругашт, аз ҷумла боғҳои фароғатӣ, ҷойҳои таърихи ва фаввораҳо бо вуҷуди мавҷуд будани қуттиҳои партов шаҳрвандон чизи дар даст доштаашонро ба қутӣ неву ба замин мепартоянд. Бояд донем, дар кадом ҳолате, ки набошемва ҳар куҷое, ки қадам мегузорем ва ифлос мекунем, он ҷо хонаи мост. Буҳуда нагуфтаанд, ки “табиат хонаи мост”. Бояд гирду атрофи хонаамонро ободу зебо гардонем, гулҳои хушбӯй рангоранг шинонем, ки баробари дидани чунин ҳолат руҳи кас болида гардад. Набояд фарӯмош кард, ки табиат системаи мураккабест, ки ҳамаи узвҳои он андар инкишофи пай дар пай буда, бо ҳам зич алоқаманд ва ба якдигар таъсир мерасонанд. Ифлосшавии муҳити зисти як маҳал ба маҳали дигар бетаъсир намемонад. Ҳаёт, зиндагӣ ва кору бори ҳар як фарди ҷомеа бо табиат зич вобаста аст. Ҳолати хуби муҳити зист ҳам ҳаёти осоишта ва ҳам саломатию саодати баланди ҳар як шахс мебошад. Вақте ки мо аз табиат об, ҳаво, хӯрок ва манбаъҳои моддиро мегирем ва дар фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода мебар, бояд ҳифзи онро низ аз хотир набарорем. Бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар ободии табиат саҳмгузор бошем.

 

tiroz.org

Омилҳои абиотӣ ва таъсири он ба табиат — Мавзуҳои тоҷикӣ

Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!

Нақша :

  1. Рўшноӣ ва ҳарорат ба ҳайси омили экологӣ
  2. Захираҳои обӣ ва аҳамияти иқтисодии онҳо
  3. Таркиби ҳаво, сабабҳои ифлосшавии атмосфера ва таъсири газҳои кимиёвӣ ба ҳаёти мављудоти зинда
  4. Замин – боигарии миллӣ
  5. Роҳҳои ҳифзи хок аз эрозия ва шўршавӣ

 

Дар байни омилҳои абиотӣ рўшноӣ, ҳарорат ва намӣ бештар аҳамият доранд. Хусусияти муҳими ин омилҳо дар он аст, ки онҳо дар давоми шабонарўз, сол, моҳ вобаста ба минтақаҳои географӣ ва хусусиятҳои мавсимӣ аз рўйи қонуният таѓир меёбанд. Рўшноӣ барои тамоми ҳодисаҳое, ки дар рўйи Замин ба амал меояд, манбаи энергия мебошад. Бо иштироки нури Офтоб дар рустаниҳо фотосинтез мегузарад, ки дар натиљаи он набототи кураи Замин соле  зиёда аз 100 млрд тонна моддаҳои органикӣ ҳосил намуда, қариб 200 млрд. тонна гази карбонро фурў мебарад ва қариб 145 млрд. тонна оксигени озодро људо мекунад. Манбаи рўшноӣ нури Офтоб мебошад, ки 70%-и массаи онро гидроген, 27%-гелий ва 3%-и дигарро элементҳои кимиёвӣ ташкил мекунанд. Нури Офтоб аз чунин нурҳо таркиб ёфтааст: нурҳои ултрабунафш, бунафш, кабуд, нилгун, сабз, зард, норинљӣ, сурх, инфрасурх.

Ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар рўйи Замин мегузаранд ба ҳарорат вобаста мебошанд. Ҳарорат ба равшанӣ зич алоқаманд аст, зеро паҳншавии он дар рўйи Замин ба дохилшавии энергияи нурҳои Офтоб вобаста аст. Ҳарорат ба гузаштани ҳодисаҳои асосии ҳаёти организмҳо — фотосинтез, нафасгирӣ, бухоршавӣ, мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонад.  Он ба сабзишу инкишоф ва ба шаклдарории организм таъсир расонида, яке аз омилҳои ба минтақаҳо тақсимшавии организмҳо мебошад. Аз рўйи қобилияти нигоҳ доштани гармии бадан ҳамаи мављудотро ба пойкилотермҳо ва гомойтермҳо ва нисбати мутобиқша­виашон ба ҳарорат, ба криофилҳо ва термофилҳо тақсим мекунанд.

Об яке аз омилҳои асосии экологӣ буда, манбаи ҳаёт дар рўйи Замин аст. Муайян шудааст, ки 75%  масоҳати Заминро об ишѓол кардааст. Дар муҳити обӣ 150000 намуди ҳайвон ва 10000 намуди растанӣ зист доранд. Об дар таркиби ҳамаи   организмҳои зинда вуљуд дошта аз 2/3 ҳиссаи вазни одам, 90-95% таркиби аксари сабзавоту меваљотро ташкил мекунад.

Љумҳурии Тољикистон дорои 930 дарё, 2000 кўли калону хурд ва 6 обанбор буда, аз љиҳати захираи об дар ИДМ љойи дуюмро соҳиб аст. Ҳамаи обҳои кураи Заминро гидросфера меноманд. Ҳар сол аз ифлосии об дар рўйи Замин 2 млрд. нафар одам ба беморӣ дучор мешавад. Аз рўи маълумоти ташкилоти умумиљаҳонии тандурустӣ ҳар рўз дар рўйи замин 25 ҳазор кас аз нўшидани оби ифлос вафот мекунанд. Организмҳо дар љараёни эволютсия барои сарфакорона истифода бурдани об ва ба дараљаи мўътадил нигоҳ доштани он мутобиқатҳои гуногун пайдо кардаанд. Вобаста ба талаботашон ба об экологи олмонӣ Варминг олами набототро ба 3гуруҳ: гидрофитҳо, меофитҳо ва ксерофитҳо тақсим мекунад. Манбаъҳои асосии ифлосшавии обҳои кураи Замин аз инҳо иборатанд:

— худсарона ба об ҳамроҳ кардани партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва боқимондаи обҳои пурра такшону филтирнашуда;

— бо нақлиёти обӣ кашонидани чўб ва моддаҳои кимиёвӣ, ки миқдоре аз онҳо ҳангоми баровардану фаровардан ва шамолрўбӣ ба об ҳамроҳ мешаванд;

— канализатсияи ҳаммом, рўзгор, ҳавзҳои оббозӣ;

— љойҳои нафтҳосилкунӣ  ва истифодаи маҳсулоти нафтӣ;

— бо моддаҳои радиоактивӣ заҳролуд шудани об, махсусан ҳангоми санљишҳои яроқи атомӣ ва истифодаи реакторҳои атомӣ ҳамчун хунуккунак;

— дар натиљаи ҳодисаҳои табиӣ ба монанди вулқон, сел, гирдоб ва ѓайра.

Дар табиат обҳо ҳам бо роҳи табиӣ ва ҳам бо роҳи сунъӣ тоза мешаванд. Роҳҳои тозашавии обҳо инҳоянд:

— худ аз худ тозашавии обҳо;

— бо роҳи механикию техникӣ;

— бо роҳи физикавӣ- электролитӣ;

— бо роҳи биологӣ.

Ҳаво омехтаи газҳои гуногуне мебошад, ки атмосфераи Замин аз онҳо иборат аст. Таркиби ҳаво аз 79,09%- нитроген, 21%- оксиген, 0,94%- газҳои инертӣ, 0,03%- гази карбон иборат аст. Инкишофи босуръати саноату нақлиёт боиси дар таркиби ҳаво зиёд гардидани ҳар гуна газҳо ва чангу ѓубор гардид. Ман­баъҳои асосии ифлосфшавии сунъии ҳаво нақлиёт, нерўгоҳҳои барқӣ, аловӣ, амалиётҳои ҳарбӣ, саноат, хоса саноати семент ва маталлургия мебошад. Ифлосшавии табиӣ бошад дар натиљаи вулқон, шамол, гирдоб, сўхторҳо ба вуљуд меояд. Қарби 80% ифлосиҳоро ба фазо нақлиёт мебарорад. Танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 ҳазор нақлиёти шахсӣ ҳаст. Мошини ҳозиразамон ҳангоми тай кардани 100км. он миқдори оксигенеро сарф менамояд, ки худи ронанда дар муддати як сол онро нафас мегирад. Танҳо заводи сементи ш. Душанбе дар як шабонарўз 21 тонна чангу ѓубор ба фазо медиҳад, ё миқдори гази аммиак  дар атрофии заводи нуриҳои азотии Вахш 4,5 маротиба зиёд аст. Аз рўйи ҳисоб ба ҳар як сокини пойтахт соле 128 килогрмм партовҳои заҳрнок рост меояд.

Ҳоло инсон 88% хўрокиашро аз заминҳои киштбоб, 10% аз чарогоҳҳои табиию бешаҳо ва 2% уқёнусҳо мегирад. Майдони умумии кураи Замин 510 млн. км. буда, 149 млн. км. хушкӣ мебошад. Масоҳати  Тољикистон 142,6 ҳазор км. буда, 93%-ро кўҳҳо ишѓол мекунанд. Аз рўйи ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолии Тољикистон 0,1га., дар собиқ ИЉШС 0,8га., дар љаҳон 0,4га., дар Хитой 0,23га.замин рост меояд. Яке аз хусусиятҳои хок ҳосилхезии он мебошад. Ҳосилхезӣ ин хусусияти организмҳоро бо обу ѓизо таъмин кардан мебошад. Ба элементҳои муҳимтарини ѓизои хок нитроген, фосфор, калий ва ѓайра дохил мешаванд. Зери таъсири обу ҳаво вайрон шудани љинсҳои кўҳӣ ва хокро эрозия меноманд. Сабабҳои эрозия ноҳамвории релеф, миқдори зиёди боришот, кам шудани љингалзорҳо, марѓзорҳо, бешазорҳо ва аз замин нодуруст истифода бурдани инсон аст. Асосан дар табиат 3 навъи эрозия вуљуд дорад: эрозияи хок аз таъсири об, эрозия хок аз таъсири бод ва эрозияи антропогенӣ.

Скачат

Похожее

tj.allinweb.ru

Асосҳои экологии ҳифзи табиат — Мавзуҳои тоҷикӣ

Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!

 

         Аҳамияти  табиат  дар  ҳаёти  инсон

Табиат  барои  одам  муҳити  ҳаёти  ва  манбаи  зиндаги  аст. Одам, чун  як  намуди  биологи,  муҳтоҷи  ҳавои  тоза, оби  ширин, набототу  ҳайвонот  ва  ҳарорати  муътадил  аст.  Дар  табиат  бошад,  ҷараёни  гардиши  модда  ва  энергия  мунтазам  идома  дорад. Табиат  ин  худ  ба  мисли  китоби  нохонда  мебошад . Мо  то ҳол аз пеш  намедонем, ки ў ба  мо  чи  ҳодисаҳо тайёр карда  истодааст.

Одам дар ҳаёту  фаъолияташ ҳамчун  намуди  биологи мисли дигар организмҳо ба муҳити  зист таъсир мерасонад. Вале  ин  таъсир  назар  ба  таъсироти дигаре, ки ҷомеа ба воситаи меҳнат мерасонад, хеле кам аст. Таъсири  ҷомеа ба табиат ногузир аст ва он дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, зиёдшавии  миқдор  ва массаи  моддаҳои  мавриди истифодаи рўзгор ба амал меояд. Таъсире, ки ҳоло одам ба  табиат мерасонад, ниҳоят зиёд аст ва он метавонад мувозинати  умумии  табиатро  халалдор  созад. Дар  замони   пеш  одамизод  гумон мекард, ки захираҳои  табии беохир  аст ва дар натиҷаи фаъолияти нодурусти  худ  ба табиат  зарари  ҷидди  расонад. Минбаъд  ў маҷбур  шуд, ки барои  истифодаи  оқилона  ва  ҳифзи  табиат  кўшиш  намояд.

Ҳифзи  табиат маҷмўи  системаи  илми  буда, барои истифодаи  оқилона, аз нав барқароркуни ва ҳифзи  захираҳои табии, инчунин барои ҳифзи минбаъдаи  муҳити зист аз ифлосу харобшави равона шудааст. Ҳамаи ин барои наслҳои оянда мебошад. Мақсади асосии ҳифзи  табиат  ташкили  шароити муътадил  барои ҳаёти  одамон, имрўз ва фардои инкишофи  истеҳсолот, илм ва фарҳанги тамоми ҷаҳониён мебошад.

Захираҳои табии ва гуногунии онҳо

Объекту  шароит ва равандҳои табии, ки  инсон дар ҷараёни  корҳои илмию маърифати ва хоҷагиаш истифода мебарад, захираҳои табии ном гирифтаанд. Ҳаво, об, хок, канданиҳо фоиданок, нурҳо Офтоб, иқлим, олами наботот ва ҳайвонот аз ҷумлаи захираҳои табиианд. Захираҳои табии ба ду қисм ҷудо мешаванд: тамомшаванда ва тамомнашаванда.

Захираҳои тамомшаванда дар навбати худ  ба ду гуруҳ тақсим мешаванд: барқароршаванда ва барқарорнашаванда.

Захираҳои  табии барқароршаванда  хок, олами набототу ҳайвонот, инчунин  намакҳои маъдани, оши ва техники мебошанд, ки дар кўлҳо  ва таҳшинхҳои(лагуна) баҳри мавҷуданд. Ин захираҳо  метавонанд дар шароити муътадил ва зиёд набудани меъёри истифодабари аз нав барқарор шаванд. Барқароршавии захираҳо  бо  суръатҳои гуногун мегузарад: барои ҳайвонҳо якчанд сол, барои ҷангалҳо аз 60 то 85 сол, барои хоке, ки ҳосилхезиашро гум кардааст, чандин ҳазор сол лозим меояд. Бартарии ҳадди истифодабари бар суръати пайдошави ё истеҳсолшави ифодагари нишондиҳандаи хароби ё аз  байн рафтани захираҳо мебошад.

Ба  гуруҳи захираҳои  табиии барқарорнашаванда  захираҳое мансубанд, ки аз нав пайдо намешаванд ё бо суръате барқарор мешаванд, ки назар ба истифодаашон садҳо маротиба суст аст. Нефт, газ, ангиштсанг,  хокоҳои металли ва дигар канданиҳои фоиданок аз ҳамин қабиланд. Захираҳои онҳо  маҳдуд буда, ҳифзашон бо роҳи истифодаи оқилона имкон дорад.

Захираҳои  тамомнашаванда аз сарватҳои оби, иқлими ва кайҳони иборатанд. Захираҳои умумии  об дар  табиат  тамомнашаванда аст ва асоси онҳоро  обҳои шўри  уқёнусҳои дунё, ки кам истифода мешаванд, ташкил мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо(ноҳияҳо)  обҳои баҳрҳою уқёнусҳо бо нефт, боқимондаҳои саноату хоҷагиҳо, моддаҳои химиявии заҳрдор, ки шароити сабзиши рустаниҳою  ҳайвонҳои баҳриро  халалдор  мекунанд, ифлос карда  мешаванд. Оби  ширин чун манбаи асосии  ҳаётии одам захираи нотамом  мебошад.  Мушкилоти  обҳои  ширин дар натиҷаи  хушкшавии  дарёву кўлҳо, афзудани  истифодаи заминҳои корам, соҳаҳои  саноат, нақлиёт ва роҳҳои  гуногуни  ифлосшави сол аз сол дучанд мегардад. Зарур аст, ки истифодаи оқилонаи обро  на фақат ба роҳ монем балки  онро  бояд  ҳатми ва ҷидди ҳифз намоем.

Захираҳои  иқлими, ҳавои  атмосфери(фазои) ва энергияи шамол низ тамомнашаванда, лекин  бо инкишофи саноат  ва нақлиёт  ҳаво  бод уд, чанг ва газҳои  гуногун  олуда  мешавад.  Дар  шаҳрҳои  калон  ва марказҳои  саноати олудашавии ҳаво (фазо)  барои  саломатии  инсон  хеле  зараровар   аст.  Тоза  нигоҳ  доштани  муҳити  фазои  яке  аз  вазифаҳои  асосии  ҳифзи  табиат  мебошад.

 

              Усулҳо  ва қонунҳои  ҳифзи  табиат

       Дар  замони  муосир  бо  мақсади  ҳифз  намуданитабиат  аз  усулҳоигуногун истифода  мебаранд.

Усули  якум  муайян  месозад,  ки  ҳамаи  ҳодисаҳо  ва  омилҳои  табии барои  одам  аҳамияти  калон  доранд.  Дар  ин  маврид  нисбар  ба  ҳар  кадоми  онҳо  роҳҳои  хосеро  интихоб  карда,  талаботи  соҳаҳои  гуногуни истеҳсолот  ва  барқароркунии  табиатро  ташкил  кардан  лозим  аст.

Масалан, ҷангал  пеш  аз  ҳама  манбаи  асосии  маҳсулоти  сохтмони  ва  кимиёви  мебошад, лекин  вай  ҳамчунин хусусияти  танзимкунии  об,ҳифзи  хок ва ҳосил  кардани  ҳавои  тозаро  дорад. Бар  замми  ин ҷангал  ҷойи  зисти ҳайвонҳои  гуногун  ва  истироҳати  одамон  ба  ҳисоб  меравад.  Дар  ин  ҳолат аҳамияти  саноатии  ҷангал дар  ҷойи  дуюм  меистад.  Мисоли  дигар  дарёҳо  нафақат  барои  ҳаракати  нақлиёти   оби   ё  манбаи  сохтмони,  неругоҳҳои  барқи   хизмат  мекунанд,   балки  ба  баҳрҳо  моддоҳои  гуногуни  биологиро,  ки   барои  организмҳои  зиндаи  оби  заруранд,  медиҳанд.  Бинобар  ин,  дарёҳоро  танҳо  барои  як  соҳа  истифода  намебаранд.  Онҳоро  барои  соҳаҳои  гуногуни  истеҳсолот,  тандурусти, саёҳат  ва  ѓайра  истифода  мекунанд. Аз  ин  рў,  тоза  нигоҳдории  обҳо  вазифаи  ҷонии  ҳар  як  фарди  сайёра  мебошад.

Усули  дуюми  истифодаи  захираҳои  табии ин шароити муҳити зисти  таҳҷойиро  ба  эътибор  гирифтан лозим аст. Ҳоло дар  табиат минтақаҳое  мавҷуданд, ки аҳолиашон  аз обҳои  тоза танқиси  мекашанд. Серобии  баъзе  мавзеъҳои  камобро  таъмин карда  наметавонад. Дар ҷойҳое, ки майдони ҷангалҳо  зиёданду аз худ  карда  нашудаанд, истифодаи онҳоро иҷозатмедиҳанд, вале дар минтақаҳои  камҷангал онҳоро  мувофиқи мақсад бо назардошти ҷараёни азнавбарқароркуни ва  ҳифзи онҳо истифода кардан мумкин аст.

Қоидаи минтақави (регионали) ҳамчунин  барои  олами ҳайвонот низ мавҷуд аст. Масалан, як намуди  ҳайвони  шикори  дар минтақа  бинобар  кам буданаш  бояд ҷиддан  ҳифз  карда  шавад, дар  минтақаи дигар бошад, аз сабаби  зиёд  будани фардҳояш баръакс, барои  шикор иҷозат дода мешавад. Дар  айни ҳол мувофиқи қоидаи минтақави ва  таҳҷои муносибат ба истифодаи захираҳои табии аз сатҳи умумии  ҷойгиршави ва пайдошавии  онҳо вобастаги дорад.

Усули сеюми истифодаи захираҳои табии мефаҳмонад, ки ҳифзи як объекти табии маънои ҳифзи  объектҳои дигарро  дорад. Аз   ҷумла, ҳифзи обанбор аз ифлоси маънои ҳифзи моҳиҳо ва организмҳои дигари обиро дорад. Ба  воситаи ҷангал на фақат  ҳаво тоза  нигоҳ дошта мешавад, балки хок  низ аз  фарсоиш муҳофизат карда мешавад. Ҳифзи парандаҳои ҳашоротхўр ва макони мўрчаҳо, инчунин ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонҳо ба ин усул дохил мешавад.

Дар  табиат дар бисёр мавридҳо муносибатҳои муқобили ҳамдигари ҷой доранд, ки  ҳифзи як намуд бар  зарари намуди дигар аст. Масалан, ҳифзи оҳу дар як минтақа ба он оварда мерасонад, ки шумораи  он зиёд гардида, ба инкишофи рустаниҳои ҷавон  зарар мерасонад. Дар натиҷаи таъсири сумҳои бақуввати оҳуҳо ин рустаниҳои акнун аз тухм баромада нобуд мешаванд. Чунин ҳолатҳо  асосан дар мавзеъҳои ҳифзшаванда (боѓҳои милли, мамнўъгоҳҳо) низ ҷой доранд. Бинобар ин, бояд ҳифзи як объект дар якҷояги бо дигар ҷузъҳои табиат иҷро гардад.

Ҳифз  ва истифодаи табиат дар назари аввал таъсири мутақобилаи одаму табиат мебошад ва гўё дар байни онҳо ягон зиддият вуҷуд надорад. Саволе пеш меояд, ки ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат баҳри чи зарур аст? Бе  ҳифзу истифодаи оқилонаи табиат инкишофи ҷомеа намумкин аст. Оқилона  истифода бурдани сарватҳои табии гарави ҳифзи  он мебошад.

Асосҳои  ҳуқуқии  ҳифзи табиат

Қоида ва  қонунҳои ҳифзи табиат аз тарафи одамон дар он вақт  иҷро мешаванд, ки пояи қонуни дошта бошанд.

Дар айни замон барои таъмини фаъолият  дар бахши муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии як қатор кодекс ва қонунҳо таҳия ва қабул шудаанд.  Пеш  аз ҳамаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боаи ҳифзи табиат», ки соли 1993 таҳия ва қабул шудааст. Қонуни  мазкур қонуни асосии соҳа буда, дар  асоси он дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамояд, таҳия ва қабул шудаанд. Бо мурури замон ва зарурати воқеи ба ин қонун таѓйироту иловаҳо  ворид  карда шудаанд, ки таҷассумгари замони истиқлолият мебошад. Ба ин қонун солҳои  1994,1996,1997,2002,2004,2007  таѓйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онро боз  ҳам мукаммал намуданд. Соли 2011  қонуни асосии соҳа дар  таҳрири нав  бо номи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия ва қабул гардид, ки  бо қонунгузории байналмилали   мутобиқ ва мувофиқ мебошад. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»  асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро  дар соҳаи  ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба  таъмини рушди устувори иҷитимоию иқтисоди, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқи, пешгирии таъсири  зараровари фаъолияти хоҷагидори ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини  амнияти экологи равона шудааст.  Дар  асоси ин қонун дар Тоҷикистон 40 қонун ва санадҳои ҳуқуқи дар соҳаи экология ва ҳифзи табиат  қабул карда шудааст, ки дар  бораи муҳимтарини онҳо  маълумот  медиҳем.

Соли  1996  Қонуни  Ҷумҳурии Тҷикистон     «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»  таҳия ва қабул гардид.  Мақсад  аз қабули қонуни мазкур  танзими  муносибатҳои  ҷамъияти  дар ин соҳа, муҳайё  сохтани муҳити  табиии мусоид барои  зиндагии   инсон, олами набототу ҳайвонот, ҳифз  ва тозаву  беҳтар  намудани  вазъи  ҳавои атмосфера, муқаррар  намудани  назорати  давлати ба  истифодаи  ҳавои  шаҳрҳо  ва  марказҳои  саноати, дигар  маҳалҳои  аҳолинишин,  манбаъҳои  олудашавии  ҳавои  атмосфера,  инчунин  таҳкими  қонунят дар  соҳаи  ин  муносибатҳо  ба  манфиати  наслҳои  имрўзаю  оянда  мебошад.  Ба  қонун  солҳои  1996,1997,2007,2010  таѓйироту иловаҳо  ворид  карда  шуданд.

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3 майи соли 2006  «Нақшаи  миллии  фаъолият  оид  ба  ҳифзи  муҳити зист»-ро  тасдиқ кард, ки  он  меъёрҳои  асосии  муносибати аҳли  ҷомеаро муҳити  зист муайян  менамояд.

Хулоса

Омўзиши  экологияи муосир нишон дод, ки одам чун як ҷузъи таркибии табиат на фақат онро  ҳаматарафа истифода мебарад, балки вазифадор низ ҳаст, ки қонуниятҳои табиатро меомўзад ва онро оқилона идора  кунад. Аз омўзиши экология ба мо  маълум шуд, ки қонунҳои экологи инсонро барои ба кулли таѓйир додани муносибаташ  нисбат ба табиат водор месозад. Дар минтақаҳои гуногуни географи дар таркиби олами зинда дигаргуниҳои зиёде ба чашм мерасанд ва онро дар давоми сайри кўтоҳ бо мақсади шиносои бо муҳити зист(ҷангалҳо, дарёҳо, кўлҳо) ҳис мекунем. Табиат сирру асрори зиёдде дорад, ки омўхтани ҳаматарафаи онҳо ба мо бо осони  муяссар намегардад. Қонунҳои  экологи аз мо талаб мекунанд, ки муносибати худамонро  нисбат ба табиат ба кулли таѓйир диҳем. Маҳз   табиат инсониятро  дар ҳолати мувозинави нигоҳ медорад. Мо як қисми таркибии табиат ҳастем  ва пурра ба  он вобастагдорем. Маҳз барои ҳамин омили асосии инкишофи инсоният  на аз ҳукмрони ва поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю беѓаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органики ва ѓайриорганики дар рўи замин иборат мебошад. Инсоният  дар айни замон  вазифадор аст, ки тамоми фаъолияти худашро на бар зарари биосфера, балки барои бартараф кардани тамоми зарару  зиёнҳо равона кунад. Фаромўш набояд кард, ки биосфера то пайдоиши  одам вуҷуд дошт ва бидуни  он низ боқи хоҳад монд, вале одамон (ҷомеа) бе биосфера ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Дар ин бора  табиатшинос ва шоири тоҷик Мардон Ашуров(Мутриб) чунин менависад:

Замин ганҷинаи  хайру саховат,

Набототаш  кунад моро  табобат.

Намо ҳифзи ҳавою обу хокаш,

Нигаҳдорад туро доим саломат.

Табиат  мешавад ободу зебо,

Бо дасти фарди боақлу фаросат.

Агар шоҳи ҷаҳонию бузурги,

Ба қонуни табиат кун итоат.

Шиори «Одам шоҳи табиат» бояд ба шиори «табиат-хонаи мо» иваз карда шавад.дар хотир бояд дошт, ки одам бо табиат  зинда аст.

Скачат

Похожее

tj.allinweb.ru

Таъсири антропогенц ба олами ратсанц ва ьайвонот., реферат — allRefers.ru

Таъсири антропогенц ба олами ратсанц ва ьайвонот. - раздел Экология, Таърихи тараыыиёти экология. Наыша: Педмет ва вазифаьои фанни экология. Методьои тадыиыотии экология

Таъсири инсон ба олами ьайвонот хеле зиёд аст, ки он бо ду роь амалц мегардад:

1. Ба воситаи паррандагон, аз як жой ба жои дигар кўчонидани ьайвонот.

2. Бе восита тащйир додани шароити зисти ьайвонот.

Тарафи кам гаштани бисёр намудьо аз худ кардани муьити табиц таъсиркунанда, ки боиси кам шудани шумора мегардад, деградасияи жои зист, васеъ истифодабарии муьити зисти ьайвонот, таъсири интродуксияи намудьо, гум кардан ё худ кам шудани базаи щизоц, нест кардани заррасони бощу саьро, хояндагон. Ин тасъиррасони дар марзьои жаьон гуногун аст.

Таъсиррасонии инсон буд, ки аз соли 1986- 1991 миыдори морж аз 200 то 100 ьазор, чурбаи баьри аз 500 то 300 ьазор, тулени гўшкалон аз 250 то 50 аз сар кам гашт, ки ба ифодашавии соьил, кам шудани щизо, аз ьад зиёд шикор кардан сабаби асосц аст. (дар Руссия).

Инсон бо фаъолияти гуногуни худ ба олами растани ьам мусбц ва ьам манфц таъсир мекунад. Ьамчун объекти ьифзи растани ба чуниньо растании обц, хокц, сатьи заминц, зеризаминц жудо карда мешавда.

1. Растаниьои обц - барои ьаётии бошандагони обьавзьо роли муьим

мебозад, аз тарафи инсон хеле кам истифода бурда мешавад.

2. Растаниьои хокц - бактерияьо, обсабзьо намудьои занбўрущьо

барои бавужуд омадани хок роли муьим мебозад, ьамчунин

танзимгари ьосилхезии он.

3. Растаниьои зериземинц - бактерияьо, ки дар чуыурии зиёда аз 3 км

жойгир аст. Таъсири манфц додани ин гурўьи растаниьо пурра

омўхта шуда набошад ьам лекин таъсири ифлосшавии обьои

зеризаминц аз эътибор дур нест.

4. Растаниьои сатьи заминц - зиёда аз 500 ьаз. намуд ба ыайд гирифта

шудааст, ки аз он 300 ьаз. намудаш растаниьои даражаи олц, аз

тарафи иносн васеъ истифода бурда мешавда.

Имрўз миыдори аз байн рафтани растаниро аниы муайян намудани хеле душвор аст, лекин аз нав барыарорнамоии он хеле душвор ё номумкин аст. Ьоло он, ки аьамияти растанц барои инсон ва табиат беандоза аст.

Ьоло инсон растаниьои табиатро ба мадани иваз намуд муьити растаниро дигаргун карда истодаанд. Ба олами растани ьам ьайвоноти хонагц ва ьам табиц таъсири зиёд мерасонад. Растаниьои барои щизо истифода нагашта зери пойи ьайвонот мегардад. Системаи муайяни чаронидани чорво жорц нест, бинобар ьамин ьам дегенерасияи чарогоь ба амал омада фаъолияти эрозияро метезонад.

Ба инкишофи растани соьаьои саноат манфц таъсир мекунад, ки ьатто ба хушкшудани ратсанц меорад.

Тайёр кардани растаниьои дорувори низ аз рўи меъёр нест, ки ин ба хароб кардани намуди растани меорад.

 

Все темы данного раздела:

Лексия №1 Мавзўъ: Муыаддима. Предмет, вазифа, методьои тадыиыотии он. Таърихи тараыыиёти экология.

Методьои тадыиыотии экология. Экологияи ьозира методьои гуногуни тадыиыотьоро дорост. Асосаш иньо маьсуб мешавад: Методи мушоьида д

Савольои тестц 1. Экология чист? А) Экология илм дар бораи табиати зинда ва щайризинда Б) Экология илм дар бораи ор

Мафьум дар бораи муьити зист ва шароити маьал Муьити зист- он ыисми табиат, ки организи зиндаро иьота мекунад ва ба оньо бевосита ва бавосита т

Савольои тестц 1. Муьити зист чист? А) Муьите, ки организмьо дар он зиндагц мекунанд. Б) Муьите, ки организ

Омильои экологц Элементьои муьит ё хосиятьои алоьида, ки ба организм таъсир мерасонад, омильои экологц номида мешавад.

Таъсири якжояи омильои экологц. Омильои гуногуни экологц дар фазо ва ваыт тащйиротьои гуногунро дорост, яке аз оньо нисбатан доимц ( масала

Савольои тестц 1. Омильои экологц чист? А) Элементи муьите, ки ба организм таъсир мерасонад. Б) Элементи м

Мафьум дар бораи популятсия. Популятсия дар экология гурўьи фардьои як намуд, ки байни худ таъсири ьамдигар дошта ва марзи умумро ишщол

Савольои тестц Лексияи 4 1. Популятсия дар экологияи номида мешавад: А) Гур=ьи фардьои як намуд, ки байни худ таъсири ьам

Мафьум дар бораи биотсеноз Ьар як организм дар иьотаи дигар организмьо зиндагц мекунад, бо оньо ба муносибатьои гуногуншакли мусбц ва

Сохтори биотсеноз Сохтори ьар мажм=ъьо – ин ыонунияти муносибатьо ва ыисмьои алоыаи оньо аст. Дар зери сохтори намуди биогтсе

Муносибатьои организмьо дар жамоа Асоси ба вужудоии ва мавжудияти биотсенозьо муносибати организмьо алоыаи оньо ки дар ва ба ьамдигар меоянд

Ба таркиби биотсеноз кадом компонентьои организмьои дохил мешвад ва оньо чи ном дорад. А) Ба таркиби биотсеноз растаниьо жамоаи растаниьо, ьайвонот жамоаи ьайвоният дохил мешаванд Б) Ба тар

Мафьум дар бораи биосфера. Дар сольои 20-уми асри гузашта дар корьои В.И. Вернадский оид ба фаьмиши биосфера мажмўи ягонаи глобалии Зами

Ыонуниятьои умумии ташкили биосефра. Биосфера экосистемаи глобали маьсуб мешавад. Биосфераро дар даражаи бештар на омильои беруна, балки ыонуия

Консепсияи ноосфера. Характери глобалии муносибати ьамдигарии инсон бо муьити зист оньо ба пайдо шудани мафьуми ноосфера (аз юн.

Савольои тестц 1. Биосфераро В.И.Вернадский номида буд… А) Ьамон минтаыаи ночизи сайёра, ки дар он кам кадоме

Аз нуытаи назари ьозира биосфераро чунин меноманд А) Ьамчун экосистемаи хурд Б) Ьамчун биотсенози бузург В) Ьамчун биогеосенози бузург Г) Ьамчу

Ыонуни констатнноки миыдори моддаьои зиндаро В.И.Вернадский ифода намоед. А) Миыдори зинда ьаст константи биосфера Б) Миыдори моддаьои зиндаи биосфера барои давраи геологии дод

Ыонуни дуюми экодинамикц чунин номида мешавад А) Ыонуни к=шиш ба топератнокц Б) Ыонуни к=шиш ба омильои муайян В) Ыонуни к=шиш ба климакс Г) Ыо

Мафьум дар бораи экосистема.   Мажмўи ьар кадом организмьои зинда ва компонентьои щайризинда, ки дар он гардиши модда ба амал бар

Динамикаи экосистема. Хусусияти бунёди экосистема - ин динамикаии (тащйирёбии) он мебошад, он вобастагии аз мажмўи омильо инъикос

Ами мешавад А) Энергия ба вужуд меояд,лекин гум на мешавад , аз як шакл ба шакли дигар мегузарад. Б) Энергия ба вужуд

Маьсули дуюмини жамоа гуфта чиро мефаьмед А) Афзудани массаи консументьо ва редусентьо дар воьиди ваыт Б) Афзудани массаи продусентьо ва консуме

Давраьои дурусти равандьои суксетсияьоро мувофиыи Ф.Климентсномбар кунед. А) 1. Ба вужуд омадани ыитъаьои холи ьаёт. 2. К=чидани организмьои гуногуни организмьо ё заминьо ба он. 3. Зиста

I.Намудьои асосии таъсири антропогенц ба биосфера Инсон аз давраи пайдоиши худ то замони ьозира ба табиат таъсир мерасонад, ки оньо ба гур=ььои зерин таысим м

Савольои тестц Лексияи 8 1. Таъсири инсоният ба табиат дар чанд давраьо мегузарад? А) Се. Б) Чор. В) Шаш. Г)

Манбаьои ифлосшавии атмосфера. 2.Сарчашмаьо ва таркиби ифлосиьои атмосферц. Ду намуди ифлосшавии атмосфераро фары мекунанд: табии ва

Оыибати ифлосшавии атмосфера ва муьофиэати атмосфера аз ифлосшавц +Ифлосшавиьои антропогении атмосфера натаньо ба саломатии одам, ьайвонот ва наботот, балки ба иыл

Оыибатьои таъсири баъзе ифлосиьои атмосфера ба саломатии одам Моддаьо Оыибатьои таъсири моддаьо Манъбаьо Консентратсияьои бениьоят

Муьофизати атмосфера аз ифлосшавц Барои баьо додан ба вазъияти атмосфера меъёрьои консентратсияьои моддаьои ифлоскунанда ва даражаи таъсир

Савольои тестц 1. Таркиби атмосфера аз кадом газьо иборат аст? А) Гази карбон, гази сульфур, газьои наылиётц.

Маълумоти умумц дар бораи обьо.   Об дар табиат дар се холат, сахт (барф, ях), моеъ ва газмонанд (бущ) вучуд дорад. Сарватхои об хел

Захирахои обхои ширин ва истифодаи онхо Намуди манбаъ Ьажм км3 % аз ьажми умумц Дарёхо 10,2

Бахри Арал, Кули Сарез ва проблемахои оби ширин   То солхои охир Арал аз бахри Азол ду баробар калон буд, дар худуди он белгия ва Холанд чо мегирифтан

Компонентьои физикавии об чандто А) Чор. Б) Панж. В) Шаш. Г) Даь. 3. Дар табиат моыдори обьои н=шокц чи ыадар мебошад?

Оыилона истифодабарц ва ьифзи олами растанц. Ьифз, ва оыилона истифодабарию аз нав барыарор намудани шумораи гуногуншакли ва намуди ьайвоноту ратснц му

Оыилона истифодабарц ва ьифзи олами ьайвонот. Ьифзи олами ьайвонот низ масъалаи асоси ьифзи табиат аст, ки миыдори камшудаистодаи он ба фоида мавжудати х

Дар натичаи фаъолияти инсон чунин хайвонотхо аз байн рафтаанд. А) Тур ,тарпан, говхои бахри ,квагга,гагаркаи бебол, паланги турони,гагаи лабрадор …. Б) Паланги турони,

Сарватьои заминии жаьон ва Жумьурии Тожикситон, сохтор ва проблемаи ьифз. Фоиди замини жаьон аз сарвтьои заминии ьамаи жаьон шакл мегирад, ки ба он одатан масоьати Антрактидаро низ

Истифодаи оыилонаи сарвтаьои заминц. Барои истифодаи оыилонаи замин дар навбати аввал бояд чунин чорабиниьо ижро намудан лозим аст: мукамал гар

Тасниф, истеьсол ва истифодаи канданиьои фоиданок. Дар зери мафьуми канданиьои зеризаминц ыисми болои ыишри Замин, ки дар ьудуди он истеьсоли канданиьои фоид

Таъсири фаъолияти хожагии кишоварзии инсон ба муьити атроф. Инсон бо фаъолияти хожагии кишоварзц, истифодаи сарвтаьои заминц, обц, растанигц, ьайвонот ва энергетикц ху

Заминдории алтернативц, методьои биологц дар хожагии кишоварзц. Оыибатьои манфии интенсификатсияи заминдорц ба инкишофи аз ибтидои сольои 60-уми асри XX мусоидат карда буд.

Истифодаи энергия ва функтсиянокии экосистемаи саноат. Экосистемаи шаьрьо ва корхонаьои саноати ба антопогенни дохил карда мешавда, энергияи тайёре (газ, ангиштс

Проблемаьои ьифзи муьити атроф, бо алоыамандии афзудани шаьрьо ва истеьсоли саноатц. Яке аз проблемаьои мураккаби охири асри XX ва ибтидои асри XXI – ин афзудани шаьрьо, ва васеъшавии марзьои он

Ба щайр аз энергияи офтоб агросистемаьо боз чигуна энергияро мегиранд. А) Ьеж энергияро намегиранд Б) Энергияи шамол В) Энергияи иловагц аз тарафи инсон Г) Энергияи

Этомофаг чц гунна организм аст А) Танзимгари расиш Б) Ьашаротьои фоидаовар ьашаротьои зарароварро мех=рад В) Растаниьои алафи бе

Табиати биоижтимоии инсон ва экология. Инсон - даражаи ташаккуёфтаи организми зинда дар сайёраи Замин аст. Ба тавре, ки И.Т. Фролов (1985) баьо дода буд

Экология ва саломатии инсон. Аз давраьои ыадим иносн (инсои боаыл Homosapiens- мешмуориданд) дар муьити табии ьамчун консументьои дигари экос

Муьимтраин проблемаьои экологии муосири жамъият. Яке аз муьимтарин проблемаи экологии муосир ин афзоиши аьоли аст. Афзоиши аьоли дар натижаи афзудани тавал

Мухимтарин омили махдудкунанда барои хаети инсон. А) Марг, таваллуд Б) Махорати сохтани мухити зист. В) Гипердинамия, норасогии гизо, ба сери хурок на

Проблемаи афзудани миыдори аьолц дар жумьурии Тожикстон.   Яке аз муьимтарин проблемае, ки инсоният ин ьал намудани афзоиши аьолц мебошад. Дар давраи тўлони м

Проблемаьои партавьои сахт ва хатарнок, таъсир он ба муьити зист. Партовьо ба чунин гурўььо жудо карда мешавад: 1. Маишц. 2. Саноатц, бо истеьсоли канданиьои фоиданок

Раванди интенсивии техногени ва табии инкишофи хок ба чунин фаъолияти хожагии инсон вобастааст. А) Обёрии дурударозц сунъц, шўршавц, аз худ кардани замин,

Барои халли проблемаи бехатари радиатсони зарур аст. А) Гузаронидани таткикотхо , лоихаи руйпушнамоиро анчом додан. Б)Сарчашмаи нави шуодихии радиоактиви б

Танзими тавлид. Чор омили асоси нуфуси аьолиро ва суръати тащйирёби онро муайян мекунад: фарыитяти байни коэффитсенти тавл

Идоракунии оыилонаи сарватьои табиц. Маьдудияти сарватьио Замин дар остонаи асри XXI яке аз пролемаьои актуалли инсоният маьсуб мегардад. Бо алоы

Стратегияи инкишофи хожагии кишоварзц. Дар охирьои асри XX ьажми истеьсоли жаьонии хожагии кишоварзц нисбат ба аьолц хеле бо суръат афзуд. Ин а

Нигоь доштани жамоаьои табиц. Асоси беьбудии инсоният дар оянда - нигоь доштани гуногуншаклии биологц аст. Устувории ва вазифанокии биос

Савольои тестц 1.Баробар кардани тараыыиёти инсоният ин А) Роь ба ьалли проблемаи алоьидаи экологц Б) Ро

Амалан манбаьои тамомнашаванда доимц ва барыароршаванда сарватьо иньо мебошанд. А) Нафт, газ, ангиштсанг, шамол, офтоб ва щайра Б) Газ, ангиштсанг, шамол, офтоб ва щайра В) Газ, ангиш

Баланд бардоштани ьосилнокии хожагии кишоварзц иньо мебошанд. А) Киштгардонц ва гузаштан аз поликултура ба монокултура Б) Гузаштан аз монокултура ба поликултура

allrefers.ru

Омилҳои биотӣ ва антропогенӣ — Мавзуҳои тоҷикӣ

Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!

Нақша:

  1. Роҳҳои ҳифзи наботот ва ҳайвонот.
  2. Аҳамияти наботот ва ҳайвонот дар табиат ва ҳаёти инсон.
  3. Омилҳои биотӣ ва таснифи онҳо.
  4. Муносибати организмҳои зинда байни худ ва бо муҳити зист.
  5. Роҳҳо ва шаклҳои таъсири инсон ба муҳит.

 

Рустаниҳо як ҷузъи олами органикӣ мебошанд. Олами ҳайвонот ва одам бе рустанӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз байни организмҳои зинда танҳо рустаниҳо энергияи Офтобро захира карда метавонанд ва тавассути он аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикиро ҳосил мекунанд. Наботот  на танҳо ҳаворо сероксиген мегардонад, балки барои ҳайвоноти сершумор паногоҳ ва умуман барои ҳаётгузаронии ҳама гуна организмҳо дар рўйи Замин шароити мусоид ба вуҷуд меоваранд. Дар тибби мамлакат беморонро ба 220 намуд рустаниҳои дармонӣ табобат мекунанд. Мувофиқи таҳқиқотҳои олимон аз қадимулайём мардуми тоҷик бештар аз 350 намуди рустаниро ҳамчун манбаи ғизо истифода мебаранд. Ҳаштод — навад фоизи доруҳои барои муолиҷаи заъфи рагу дил, меъдаву рўда, асаб, ҷигар, гурда  истифодашавандаро аз гиёҳ мегиранд. Ҳар сол зиёда аз 60000 тонна рустаниҳои шифобахшро меғундоранд ва сол аз сол талабот ба онҳо хело зиёд шудааст.

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон ғанӣ мебошад. Дар ҳудуди он 49 намуд моҳӣ, 346 намуди парранда, 83 намуди ширхўрҳо зиндагӣ мекунанд. Хоҷагии халқ аз ҳайвонҳои шикорӣ маҳсулоти моҳӣ, молҳои мўинадор, пўст, гўшт, маҳсулоти дорувориро истеҳсол мекунанд. Ҳайвонҳо дар ҳаёти рустаниҳо нақши муҳимро мебозанд. Онҳо набототро гардолуд карда (ҳашаротҳо,паррандаҳо), тухмашонро паҳн мекунанд (паррандаҳо, ширхўрон). Ҳайвонҳо низ дар гардиши моддаҳо дар табиат иштирок менамоянд ва ба тамоми инсоният зебоӣ ва овозҳои дилчаспи шапалакҳо, моҳиву паррандаҳо, хазандаҳо   маълум аст.

Тарзи ҳаётгузаронӣ ва рушду инкишофи организмҳо дар табиат на танҳо ба ҳарорат, рўшноӣ, об, хок ва таъсири онҳо, балки ба олами набототу ҳайвонот вобаста аст.

Таъсири мутақобилаи организмҳои зиндаро байни худ ва бо муҳити атроф омилҳои биотӣ меноманд. Ин омилҳо таъсирҳои гуногун дошта, дар вақти ҳамроҳ ҳаётгузаронии организмҳо зоҳир карда мешаванд. Омўзиши таъсири омилҳои биотӣ ба организмҳои зинда дар аввал хусусияти амалӣ дошт ва бо мақсади мубориза ва зараррасонҳои кишоварзӣ, паразитҳо, (муфтхўрҳо) муайян кардани хўроки ҳайвонҳои дарранда ва ғайра омўхта мешуд. Дар замони муосир таҳқиқотҳо оид ба омилҳои биотӣ ва таъсири онҳо ба организмҳои зинда ба таври васеъ ҳам дар шароити табиӣ ва ҳам дар лабораторияҳои илмӣ гузаронида мешавад. Организмҳои зинда байни ҳамдигар ва бо мавҷудоти муҳити атроф бевосита ва бавосита таъсир мерасонанд.

Маҷмўи таъсироти омилҳои биотиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд:

  1. Омилҳои фитогенӣ— таъсиротҳои гуногуни рустаниҳо байни худ ва ба организмҳои муҳити атроф;
  2. Омилҳои зооогенӣ – таъсиротҳои васеъ, серсоҳаи ҳайвонот байни ҳамдигар ва ба мавҷудоти зиндаи муҳити зист;
  3. Омилҳои нитрогенӣ таъсироти серсоҳаи микро­орга­низмҳо ба табиат.

Ба рустаниҳо на фақат омилҳои ғайризинда, балки ҳудуди рустаниҳо ҳам ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Таъсиррасонӣ бевосита ва бавосита мешавад. Таъсири бевосита дар мубориза барои ғизо, равшанӣ, инчунин ба шаклҳои паразитизм, аллелопатия, симбиоз, аменсализм ва ғайраҳо зоҳир   мешавад.

Таъсири ҳайвонҳо дар ҷамеа ба роҳҳои даррандагӣ, зоохария, мутализм, комменсализм, синейкия, конкуренсия, паразитизм ва ғайраҳо зоҳир мешавад.

Инсонҳо ҳамчун ҷузъи табиат аз аввалҳои пайдоиши худ ба муҳити атроф алоқаи мустаҳкам пайдо карда, барои пурмазмун ва зеботар гардонидани зиндагии хеш аз сарватҳои он истифода мебаранд. Инсон алҳол барои истифодаи сарватҳои тайёри табиат бо дигаргуниҳои баамаловардаи худ табиатро ба хизмат кардан дар роҳи мақсадҳои худ маҷбур менамояд, бар вай ҳукм меронад. Ва баробари васеъ гардонидани майдони фаъолияти инсон таъсироти он ба муҳити атроф ҳамчун омили антропогенӣ пурзўр гашта талаботи ў аз табиат низ меафзояд. Таъсири одам чун омили экологӣ ба муҳит гуногун ва калон аст. Аз рўйи ҳисоби мутахассисон, қариб 56 фоиз масоҳати кураи Замин дар зери таъсири бевоситаи инсон қарор гирифтааст. Таъсири инсон ба муҳит бошуурона ва тасодуфӣ мешавад. Таъсири бошуурона ба вуҷуд овардани навъҳои серҳосил, сернасл ва ба касалиҳо тобовари рустнию ҳайвонҳо мебошад, ки роҳҳои он интродуксия аст. Ба таъсири тасодуфӣ ҳама гуна таъсирҳое, ки бо воситаи одам ба амал меояд, вале аз ин худи инсон бехабар мебошад, дохил мешаванд. Масалан овардани организмҳои гуногун ҳамроҳи маҳсулоти хўрокворӣ, паҳншавии зараррасонҳои гуногун, паразитҳо ва ғайраҳо.

Атропохория низ як шакли таъсири инсон ба муҳит мебошад. Дар асоси таҳқиқотҳои бисёрсола А. Г. Воронов ба хулоса омадааст, ки инсон бо роҳҳои зерин ба фитосенозҳо таъсир мерасонад:

— аз дигар ҷо (маҳал, ноҳия, мамлакат) овардани рустанӣ;

— кам шудани минтақаи рустаниҳо ва нест кардани онҳо;

— буридани дарахтҳо, буттаҳо ва ҷангалҳо;

— таъсири бевосита ба ҷамоаи рустаниҳо;

— сўзонидани ҷангалҳо;

— бетартибона чаронидани ҳайвонҳо;

— таъсири чангу ғубор ва дигар газҳои кимиёвӣ;

— ба вуҷуд овардани фитосенозҳои сунъӣ ва ғайраҳо.

Аз сабаби нодуруст ҷамъоварӣ кардани рустаниҳои ғизоӣ, давоӣ, ороишӣ ва ғайраҳо шумораи зиёди онҳо аз байн рафта истодааст. Дар хусуси намудҳои азбайнрафтаистода ва нодир муҳимаш он аст, ки ба онҳо зарар нарасонда ариалашонро нигоҳ дошта, ҷамъоварӣ ва фурўши онҳо катъиян манъ карда шавад. Ба ин мақсад дар Тоҷикистон се мамнуъгоҳ ва 13 парваришгоҳ ташкил шудааст. Барои нигоҳдорӣ ва афзун гардонидан чораҳои зеринро пешбинӣ намудан зарур аст:

— ташкил намудани мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва парваришгоҳҳо бо реҷаи қатъӣ;

—  буридани ҷангалзорҳо ва намудҳои дарахтҳои худрўй (чормағз, писта, арча, дўлона) ва ғайраҳо қатъиян манъ карда шаванд;

—  чарогоҳҳо оқилона, бошуурона истифода бурда шавад;

— ба мақсади зиёд намудани рустаниҳои камёфт ва нодир дар ҳудуди ноҳияҳое, ки ба худ иқлими хос доранд, боғҳои ботаникӣ ва плантасияи рустаниҳои нодир ташкил карда шавад.

Яке аз чорабиниҳои муҳими давлатӣ оид ба муҳофизати набототу ҳайвоноти нодир   нашри «Китоби Сурхи СССР» буд, ки соли 1978 аз чоп баромад. Ба ин китоб  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 намуди ширхўрон, 22 намуди паррандагон, 17 намуди хазандаҳо, 5 намуди моҳиён ва чандин намуди дигар ҳайвонҳо дохил шудаанд. Барои ҳифз кардан ва афзун гардонидани ҳайвонҳои нодир чораҳои зеринро бояд андешид.

— қатъиян манъ намудани шикори ҳайвонҳое, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуданд;

— ташкил намудани мамнўъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои нав;

— кам кардани душманони ҳайвонҳои камшудаистода ва нодир;

— мубориза бурдан бар зидди ифлоскунии ҳаво, замин, дарёҳою ҳавзҳо ва баҳрҳо;

— ёрӣ расонидан ба ҷонварҳо аз ҷиҳати зимистонгузарониашон.

Дар экология организмҳоро аз рўйи ҳаётгузаронӣ, тарзи ғизогирӣ, ҳаракат, муносибаташон, ҳарорат, намӣ, муҳит ва ғайраҳо ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд. Аз рўйи паҳншавиашон дар рўйи Замин организмҳоро ба гуруҳҳои эврибионтҳо ва стено­бионтҳо, нисбати ғизогириашон бошад ба автотрофҳо ва гетеротрофҳо тақсим мекунанд.

Скачат

Похожее

tj.allinweb.ru


Смотрите также