Кимиёи саодат. Реферат забон хастии миллат


ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО

ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО

ХАТИ САБЗИ МИЛЛАТ

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Ҳастии ҳар як халқу миллат пеш аз ҳама ба забони ӯ марбут аст. Забон шиносномаи миллат ва сарвати беназири ҳар як халқу давлат аст. Забон воситаи муошират ва пайвандгари наслҳои гузашта бо наслҳои имрӯзист. Оид ба забон ва аҳамияти он дар ҷаҳон нависандагон, адибону мутафаккирон ва шоирону орифон матолиби фаровонеро нақл кардаанд.

Аз он ҷо, ки ҷашни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сол дар таърихи 22-юми июл Рӯзи Забон истиқбол гирифта мешавад, таърихи 20- сола дорад. Яъне 22-июли соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Забон қабул карда шуд. Бо эълони қабули қонун дар таърихи мазкур барои тоҷикон он рӯз, рӯзи таърихӣ гардид. Мақоми давлатӣ пайдо кардани қонуни забон бори дигар собит намуд, ки тоҷикон агарчи дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз забони худ маҳрум буданд ва бо забони русӣ тамоми халқияту миллатҳо гуфтугӯ мекарданд ва дар натиҷаи талошу заҳматҳои зиёд саранҷом ин дастовард ва муваффақият насиби миллати тоҷик гашт. Бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандид ва шеъри Мавлоно, ки фармудааст:

Ҳар касе к-у дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Оини зиндагӣ ва рӯзгори тираву тор дар давраҳои таърихӣ ва нобарориҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштагони моро ҳамеша водор месохт то рӯи ин матлаб, ки оё рӯзе мешавад, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кунад ва дар як сарзамини муайян бо ҷуғрофиёи муайян миллати тоҷик дорои сарзамин, парчам ва соҳиби нишони миллӣ гардад, андеша кунанд. Гузаштагони пурифтихори мо дар ҳасрат ва орзуи ин андешаҳо мурданду рафтанд ва дар ин роҳ чӣ қадар мубориза ва ҷоннисориҳо накарданд?

Оре, об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност.

Ин ошноӣ боз дубора ғалаба кард ва парокандагӣ ва адами якпорчагӣ нисбати забонро муттаҳид сохт. Таваҷҷӯҳ ва диққати махсус нисбати забон торафт бештар шуд. Қонуни забон заминаҳои истиқлолияти сиёсиро фароҳам сохт, зеро истиқлолияти сиёсӣ бе доштани забони давлатӣ фароҳам намегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд.

Тадбиқи ҳамаҷонибаи қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мову Шумо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст:

1. Забони форсии қадим.

2. Забони форсии миёна.

3. Забони форсии нав.

Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳо¬физ, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шӯҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд.

Ҷашни забон, ки ба ҳукми анъана ва ҷашни миллӣ даромадааст, аз тасвиби Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Он рӯз, яъне 22-юми июли соли 1989, ки Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълом дошт, барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад. Аз ин рӯ, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд. Илова бар ин лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Абдуллоҳи ҚОДИРӢ,

сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ,

шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

www.millat.tj

Умри миллат ба забон вобаста аст

Яке аз муқаддасоте, ки муаррифгари миллат асту моро бо ҷаҳониён мепайвандад, забон мебошад. Аз санаи қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” (22.07.1989) сол то сол мавқеъ ва нуфузи он афзун гардида, ҷиҳати рушду инкишоф ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии вайрон кардани он чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудаааст. Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр қайд карда мешавад, бо Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кардем.

- Муаллимаи азиз! Дар ибтидо Шуморо бо фарорасии Рӯзи забони тоҷикӣ табрик мегӯем. Шумо ҳамчун роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳот вазъи имрӯзаи забони тоҷикиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ташаккур! Рӯзи забони давлатӣ ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад. Зеро ин забон забони тамоми тоҷикони рӯйи олам аст ва бо ифтихор гуфта ме¬тавонам, ки зиёда аз 247 миллион на¬фар дар рӯйи олам бо ин забон сухан мегӯянд. Таманнои онро дорам, ки дар ҳар хонаводаи тоҷик ва тоҷикистонӣ на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз рӯзи забон бошад. Гузаштагони мо ҳам танҳо ба хоти¬ри донистани забон ва арҷ гузоштан ба он бо ашъори хеш оламро такон доданд. Имрӯз аҳли фарҳанги ҷаҳон, ки аз адабиёт ва забони гузаштагони мо мехоҳанд сухан бигӯянд, ба гузаш¬таи мо назар мекунанд ва аз ашъори классикони мо огаҳ мешаванд. Имрӯз ҳастанд мардуме, ки дар рӯйи олам кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки аз латофату назокати забони тоҷикӣ бар¬хурдор бошанд.

Ваъзи имрӯзаи забон нисбат ба солҳои пеш хеле хуб аст. Имрӯз ҷавонони мо бисёр озоду зебо метаво¬нанд сухан бигӯянд. Мардум имрӯз ба ин забон арҷ мегузорад. Намояндагони аққалиятҳои миллие, ки дар ҷумҳурии мо ҳастанд, бо ин забон сухан мегӯянду онро эҳтиром менамоянд. Ваъзи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ алаккай дар як қолаби муайян ҷо шуда¬аст ва аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба он эҳтиром гузошта мешавад.

Мутаассифона, вазъи забон дар китобҳои таълимӣ ва бадеию илмӣ хуб нест. Тарҷумонҳои мо бисёр вақт ба¬рои пайдо намудани истилоҳи зарурӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, аз ин хотир онҳо бемашаққат истилоҳи ғайрро дар тарҷумаҳояшон ҷо медиҳанд, ки мута¬ассифона оҳиста-оҳиста ин ба захмӣ шудани пайкараи бузурги забон ме¬расонад. Мо имрӯз вазифадор ҳастем, кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки аз ҳамон тарҷумонҳо сар карда, то хурду пири хонавода рӯ орем ба истилоҳҳои худӣ. Зеро фарзанд ҳангоми суҳбат кардан ва ҳангоми бо ашъор шинос шудан та¬вонад, ки бо як забони бисёр шевою фаҳмо сухан гӯяд.

- Ҷиҳати ба тоҷикӣ баргардонидани шиору овезаҳо то имрӯз аз ҷониби ку¬мита чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? - Барои назорати лавҳаю овезаю шиорҳо ва номгузории нуқтаҳои сав¬дою марказҳои хизматрасонӣ дар наз¬ди Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе ва дар ба¬робари ин намояндагони мақомоти қудратӣ кор карда истодаанд. Дар шаҳри Душанбе лавҳаю овеза ва ном¬гузории марказҳои хизматрасонӣ ал¬лакай рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар натиҷаи санҷишҳо чандин марказҳои хизматрасонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Чанде аз онҳо барои дуруст нагузошта¬ни номи лавҳаҳо ва марказҳо огоҳӣ ги¬рифтанд ва нисбат ба қисми зиёдашон парванда боз шудааст.

- Кумитаи забон ва истилоҳот дар асоси қарори Маҷлиси намояндагон Феҳристи номҳои миллии тоҷикиро таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Ҳадаф аз таҳияи чу¬нин як феҳрист дар чист ва он то кадом андоза метавонад ба эҳёи арзишҳои маънавӣ мусоидат намояд?

- Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27-уми июли соли 2016, №325 “Феҳристи номҳои миллӣ” (номҳои писарона ва духтарона) тасдиқ гар¬дид, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шудааст. 7500 ном пешниҳод шуд. Ҳадаф аз таҳияи “Феҳристи номҳои миллӣ” эҳёи арзишҳои миллӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллии тоҷикӣ та¬вассути забони миллӣ, инчунин ном¬гузории суннатии тоҷикӣ мебошад, ки 3500 номро дар бар мегирад. Минбаъд номҳои тозаэҷоде, ки дар Феҳристи номҳои миллӣ ва Фарҳанги номҳои миллӣ ворид нагардидаанд, дар асоси хулосаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд ва тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати кишвар пешниҳод меша¬ванд. Ин номҳо поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон набуда, баръакс ба пеш¬вози онҳост. Зеро ҳастанд падару модароне, ки ба фарзандон номҳое мегузоранд, ки он номҳо шахсияти инсонро таҳқир мекунад. Дар бароба¬ри ин, номҳое ҳастанд, ки барои мил¬лат ва барои забон бегонаанд. Чун ба сарчашмаҳо ворид мешавед мебинед, ки маънии он ном тамоман қабеҳ аст. Аз ин хотир як дастурамали бисёр хуб аст, барои падару модарон. Гурӯҳи корӣ вобаста ба ин масъала тамоми дунёро омӯхтанд ва дар натиҷа маълум гардид, ки дигар кишварҳо низ чунин феҳристи номҳои миллии худро до¬ранд. Аз ҷумла Олмону Португалия до¬рои чунин дастурамал мебошанд. Ин албатта муваффақият аст. Ба хотири он ки суннати номгузории миллии тоҷикӣ эҳё гардад. Чунки дар пайи ҳуҷуми Ис¬кандару арабу турку муғул суннати зе¬бои номгузориро аз даст додем. Ҳар номе, ки пеш меомад, ба фарзанди хеш мегузоштем. Ба монанди Хораливу Ха¬скашу Сангалӣ, Тешаву Табару Ҷорӯбу ғайраҳо. Аз маънии номҳо бархурдор набуда, онро ба фарзанд мегузоранд. Номҳое мегузоранд, ки меъёри забони моро вайрон карда истодаанд. Мисол, ба ҷойи “Парвин” “Парвина” мегӯем, ки алаккай меъёрро вайрон сохтааст. Во¬баста ба ин масъала дар моҳи гузашта аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз 200 муроҷиатнома гирифтем, ки ду нафа¬ри онҳо ҳамин гуна савол доштанд, ки шумо ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунед. Аммо пас аз ҳамсуҳбат шудан ба онҳо фаҳмондем, ки чунин нест. Дар пайи муроҷиатҳо аз мо пурсон шуданд, ки ба фарзандонашон чӣ ном гузоранд. Аз дугоникҳо сар карда, то духтаронаву писарона. Кумита ҳар сол вазифадор шудааст, ки номҳои нав эҳёшударо, ки решаи тоҷикӣ доранд, дар мувофиқа пешниҳод намояд. Дар натиҷа ҳар сол бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ин феҳрист бозбинӣ мешавад.

- Мавқеи забонро дар шароити имрӯза чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо ин забон сухан мегӯянд. Ин аллакай гувоҳи он аст, ки ҷаҳон ин забонро эътироф кардааст. Зеро аз ин забон асарҳои хеле машҳур бо забонҳои дигар тарҷума шудаанд. Яъне оламиён мутахассисо¬ни худашонро дар соҳаи тарҷумаи за¬бони тоҷикӣ доранд. Дар худамон низ ҷавонон бо ифтихор бо ин забон суҳбат менамоянд. Ҳатто кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳангоми ҷаҳонишавӣ тоҷикона ҷаҳонӣ шаванд. Зеро яке аз рисолатҳои тоҷикона ҷаҳонӣ шудан арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон дар баробари дониста¬ни забони модарии худ ба омӯхтани дигар забонҳо машғуланд. Сиёсати донистани чандин забон, ки Сарвари давлат аз тамоми ҷавонон ва корман-дони мақомоти идораи давлатӣ тақозо мекунад, барои рушди солими шахсият, ҷомеа ва дастрасии ҳар фард ба итти¬лооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегар¬дад.

- Ҷиҳати танзими номгузории воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва иваз на¬мудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии киш¬вар то имрӯз чӣ корҳо ба анҷом расони¬да шуданд?    - Дар асоси супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми ин масъалаҳо бо Ку¬митаи забон ва истилоҳот мувофиқа мешаванд. Як гурӯҳи бисёр калони корӣ, аз ҳисоби олимони кишвар бо мо ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар ибтидо гурӯҳи корӣ сарчашмаҳоро меомӯзанд, фикрҳояшонро баён месо-занд. Дар ҳолати бисёр асоснок кардан ва пешниҳод кардани фикри олимон мо дар мувофиқа бо гурӯҳи корӣ хуло¬саи худро доир ба гузоштани номи ин ва ё он мавзеъ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамоем.

- Чӣ корҳоро анҷом додан зарур аст, то меъёрҳои забони адабӣ дар муоши¬рати сокинон риоя шавад?

- Мардум бояд пеш аз ҳама эҳсос кунад, ки забон дар қатори дигар муқаддасот яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст. Аз ин хотир Президенти кишвар ҳанӯз соли 2010 гуфта буданд, ки умри миллат ба умри забон вобаста¬аст. Падару модарон ва тамоми тоҷику тоҷикистониён бояд эҳсос кунанд, ки то кадом андоза забон дар доираи меъёри худ бошад ва бегонапарастӣ накунаду истилоҳоти бегона кам во¬рид гардад, забон ҳамон қадар умри дарози бобаракат дорад. Чун забон умри дароз дошта бошад, миллат ҳам ҷовидон аст. Дурнамои кумита доир ба ин масъала тарҳрезӣ шуда истодааст бо номи “Консепсияи миллии рушди забони давлатӣ барои солҳои 2016-2027”, ки тамоми шаҳрвандон метаво¬нанд фикрҳояшонро пешниҳод намо¬янд, то мо тавонем, консепсияи миллӣ ё дурнамои рушди забони давлатиро дар давоми даҳ сол ба шаҳрвандони азиз пешниҳод кунем ва тавонем ҳама дастаҷамъона барои ривоҷу равнақи ин забон кӯшиш ба харҷ бидиҳем.

- Баъзе аз шаҳрвандон ҳангоми суҳбат бо омехтагии чандин забон гуфтугӯ менамоянд, ки ин албатта баҳри ҳифзу гиромидошти забони миллӣ хуб нест. Роҷеъ ба ин масъала чӣ назар до-ред?

- Донистани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим аст. Ҳатто дар гузашта бузурго¬ни мо дигар забонҳоро медонистанд. Бахусус Рӯдакӣ забонҳои юнонию ара¬биро медонистааст. Пас маълум меша¬вад, ки дар ниёкони мо низ донистани забон маъмул буд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи ҳамватанон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд ва аслан ҷавонон вазифадор шудаанд, ки чандин забонро омӯзанду бо он сухан бигӯянд. Лекин ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, фалсафаи чуқур аст. Ба хотири он ки муҳаббату самимият ва эҳсоси ифтихори миллиро дар забони хеш дида тавонем, пас метавонем, ки ди¬гар забонҳоро низ осон аз худ намоем. Бартараф намудани ин масъала бояд аз боғча оғоз шавад. Боғчаҳо бояд хеле фаъол бошанд. Мураббие, ки аз саҳар то бегоҳ бо кӯдакон сари кор дорад, ӯ бояд бо забони шевою дилнишин ва пур аз муҳаббат сухан бигӯяд, то ҳамон муҳаббату садоқат дар қалби тифлон ҷо гирад. Инчунин дар мактаби миёна¬ву олӣ риояи ин масъала хеле муҳим аст. Бинобар ин, омехта ҳарф задан дар ҳолати ҷаҳонишавӣ хуб нест. Ба забон, агар калимаҳои хориҷӣ зиёд ворид ша¬вад, он барои мо як забони бегона ме¬гардад. Омехтагии зиёд дар забон мил¬латро аз байн мебарад. Пас месазад, мо талош бар он кунем, ки омехташавии забонро пешгирӣ кунем. Тарҷумонҳо кӯшиш ба харҷ бидиҳанд, ки истилоҳоти зиндониро ки тоҷикӣ ҳастанд, рӯйи кор оваранд.

- Нафароне ёфт мешаванд, ки мегӯянд, забони имрӯзаи тоҷикӣ забони шахшуда аст...

- Дар ягон давру замон забони тоҷикӣ шахшуда набуд ва намемонад. То он даме, ки сарчашмаҳои таърихии мо, фарзандҳои фарзонаи ин миллат қалам доранд ва менависанду эҷод мекунанд, ин забон забони шахшуда намешавад. Зеро тибқи сарчашмаҳо, агар дар олам шаш ҳазор забон бошад, забони тоҷикӣ дар зинаи 27-ум қарор дорад. Дар баробари ин, дар олам 100 забон, агар мақоми давлатӣ дорад, яке аз онҳо забони тоҷикӣ аст ва имрӯз бо ин забон қариб 250 миллион нафар дар рӯйи олам сухан мегӯянд.

- Роҷеъ ба масъалаи риояи асола¬ти забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони адабӣ ва риояи он дар забони воситаҳои ахбори омма чӣ андеша доред? - Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо васоити ахбори омма меъёри забони давлатиро риоя намекунанд. Қисме аз онҳо, ба монанди шабакаҳои телевизи¬ониву чанде аз радиёҳо кӯшиш карда истодаанд, то қоидаҳои забонро исти¬фода баранд. Гурӯҳи кории Кумитаи за¬бон ва истилоҳот сари ин масъала кор карда истодааст. Мо ҳатман бо соҳибони ВАО ва рӯзноманигорон мулоқот меку¬нем. Гурӯҳи корӣ вазифадор шудааст, ки забони барномаҳои телевизионию ра-диоиро омӯзад ва ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намояд. Дар асоси он мо бо муҳаррирони барномаҳо ҳамсуҳбат ме¬шавем.

Ҳар шаҳрванд бояд худшинос бошад. Инсон то он даме, ки худашро ҳамчун инсони комил намешиносад, ҳеҷ вақт ба ягон муқаддасот арҷ гузошта наметаво¬над. Аз ин хотир худшинос будан ва иф¬тихори миллию ватандориро дар қалбҳо парваридан, метавонад муқаддасоти моро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дорад. Ман аз ҳамаи хонандагони арҷманду гиромӣ даъват мекунам, ки худшинос бошанд ва бо ифтихор гуфта тавонанд, ки тоҷик ҳастанду забони модариашон тоҷикист.

javonon.tj

Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Забон ҳастии миллат аст

«Эй забон, эй ганҷи бепоёни мо…»

№142 (3288) 26.11.2014

«Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро  аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои  соҳибистиқлолӣ оид ба  эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи  тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013

Таъкиду роҳбаладии  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар бораи  таъриху  забон ва дигар арзишҳои миллӣ  таҳлилу тадқиқотҳои зиёде дошта бошем, ки ба воситаи онҳо дар замири  ҷавонон худшиносӣ ва худогоҳии миллиро мустаҳкам намоем.

Маълум аст, ки забон аз бузургтарин  омилҳоест, ки натанҳо бартарияти инсонро  аз дигар махлуқоти олам  фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории  ҳар як миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Дар  бораи  таърих, мақом ва бузургии  забонҳо тадқиқотҳои  хеле гуногун мавҷуд аст. Масалан, дар нимаи дуюми асри  ХХ археолог ва  этнографи боливиягӣ Дик  Грассо дар пойтахти Боливия  шаҳри  Ла-Пас  бо нафароне вохӯрд, ки онҳо  хатҳои  иероглифиро, ки таърихи 400-сола доштанд, хонда метавонистанд. Сухан дар бораи  тамаддуни инкҳо меравад, ки ғасбгарони испанӣ маданияти онҳоро  дар асри  XV несту нобуд  карда буданд. Он нафаронеро, ки  Дик Грассо  пайдо карда  буд, алифбои лотинӣ  ва  забони испаниро намедонистанд, аммо ба усулҳои  авлодии ниёгонашон системаи  хати  иероглифиро, ки решаҳои он  то ба ҳазораи пеш аз аз мелод  мерасад, озодона  мехонданд.

Бояд  тазаккур дод, ки имрӯз ҳам  бо забонҳои хеле қадимаи мурда  мутахассисону коршиносон суҳбат карда метавонанд, мехонанд  ва таҳлилу баррасӣ менамоянд, аз ҷумла бо забонҳои қадимаи юнонӣ, қадимаи славянӣ, забони қадимаи русӣ ва форсии  миёна (паҳлавӣ). Забонҳои номбаршуда дар айни ҳол забонҳои мурда ба ҳисоб мераванд, зеро бо ин забонҳо дар дунё  одамон муошират намекунанд. Вале, сарфи назар аз ин, мутахассисон онҳоро меомӯзанд ва хусусиятҳои онҳоро  ба мардум пешниҳод менамоянд.

Аз ин бармеояд, ки мафҳуми забон барои дарки миллату ҷомеа  муҳимияти махсус дорад, ки онро  бо шаклҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Масалан, забони модарӣ, забони дӯстӣ ва бародарӣ, забони миллат, забони  давлатӣ, забони шеър ва ғайра…

Мо бештар дар мақолаву китобҳо бо чунин  мафҳумҳо  рӯ ба рӯ мегардем: забони маданияти мо, донишкадаи забонҳо, алоқаи байни забон ва тафаккур, забони аҳли биҳишт, забони илм ва ғайра. Ҳамзамон бо рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мафҳумҳои забонҳои иттилоотӣ, алгоритмӣ ва техникӣ ба миён омадаанд, ки бе онҳо имрӯз ҷомеаи инсонӣ   худро тасаввур  карда наметавонад.

Мувофиқи тадқиқотҳои Академияи илмҳои Франсия дар дунё зиёда  аз 2796 забон мавҷуд аст, ки  онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва  понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо гап мезананд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор  диалектҳоро  истифода мебаранд. Олимони немис тасдиқ менамоянд, ки  халқҳои  ҷаҳони имрӯза  бо чор ҳазор  забон суҳбат мекунанд. Дар тадқиқотҳои илмӣ  қариб, ки  5600 забонҳои зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд.  Умуман, дар  илмҳои  забоншиносию ҷомеашиносӣ дар бораи шумораи умумии забон ва диалектҳои гуногуни мардумони  кураи замин баҳсҳои  хеле шавқоваре мавҷуд аст, ки  диққати   ҳаводорони ин мавзӯъро ба худ ҷалб  менамояд.

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 130 забон ба ҳисоб гирифта шуда буд, вале ин маънои онро  надошт, ки  дар кишвар  130 миллат умр ба сар мебурд. Масалан, черкесу кабардинҳо ин ду халқият, вале як забон доштанд. Мордовҳо, комҳо ва марисҳо се халқият, аммо ду забони адабӣ доштанд. Барои он ки  забонро  ҳамчун забон ё диалект эътироф намоем, шумораи одамоне, ки бо он ҳарф мезананд, нақши муҳим надорад. Бо забони хитойӣ зиёда аз як миллиард одамон муошират менамоянд, бо забони англисӣ дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон қариб ним миллиард одамон гап мезананд ва онро ҳамчун забони модарӣ ва забони муоширати байналмилалӣ  истифода мебаранд. Ё ки якчанд миллион  дигар бошандагони кураи замин забони русиро меомӯзанд ё медонанд.

Имрӯз барои мардумони мо ноил гардидан ба дастовардҳои илмию фарҳангӣ  бе  донистани забони  русӣ  хеле душвор аст. Ҳамин тавр, ҳамаи инҳо забонҳои  бузурги ҷаҳонианд, ки бо мурури замон ва хусусиятҳои диалектикӣ  инкишоф меёбанд ва ё мавқеашонро аз даст медиҳанд.

Дар  баъзе  кишварҳои на чандон калони дигар  забон ва диалектҳои зиёде мавҷуд аст, ки  ҳар кадом ба худ хусусиятҳои  гуногун доранд. Чунончӣ, дар Доғистони  Федератсияи Роосия  тахминан 30 забон мавҷуд аст. Аз ҷумла аварӣ, лезгинӣ, даргинӣ, лакӣ, табосаронӣ (ҳамаи ин забонҳохат доранд), инчунин андийгс, картинӣ, ахвахӣ, багвалинӣ ва ғайра… Дар байни ин забонҳо ҳам  равандҳои гуногуни диалектикӣ ба амал меоянд, ки боиси омезиш, рушд ва аз байн рафтани баъзе аз онҳо шуда метавонад.

Дар  Тоҷикистони офтобии мо низ забон ва диалектҳои  зиёде ҳаст, ба монандӣ яғнобӣ, шуғнонӣ, бартангӣ, сариколӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, вахонӣ, ринӣ, сангличӣ ва ғайра…

Бар замми ин,  боз дигар  равандҳои тағйирёбандае  маълум аст, ки  забони гуфтугӯйи одамон  аз хотираҳо ба фаромӯшӣ мераванд. Масалан, тоҷикони  бумии Ҷумҳурии Халқии Хитой забони тоҷикиро  қариб, ки фаромӯш  кардаанд. Забони муоширати онҳо  дар раванди таълиму тарбия забони уйғурӣ ҳаст ва дар вақти суҳбат  вожаҳои зиёди архаистиеро  истифода мебаранд, ки онҳо бо мурури замон шакл ва мазмуни дигар гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ  ормуриҳо ва пошоиҳо, ки бо забони форсӣ гап мезананд, худро тоҷик  меҳисобанд.

Бояд гуфт, ки  этноними тоҷик дар чунин ҳолат бештар бо ду маънӣ  истифода бурда мешавад.  Якум, ҳамчун умумияти генетикию этнозабонии одамонро, ки забони тоҷикӣ, форсӣ барои онҳо забони модарӣ мебошад. Дувум,  мафҳуми «тоҷик» бештар умумияти генетикӣ ва мадании як қатор халқҳои Осиёи  Миёнаро ифода менамояд. Барои мисол, мо метавонем инро ба мафҳуми «славян» ё «миллатҳои славянӣ» муқоиса намоем. Яъне,  ҳамчун мафҳуми «тоҷик»  ва  «тоҷиктаборон».

Сарфи назар аз ин омилҳо замони  соҳибистиқлолӣ  барои рушду пешравии  забону анъанаву дигар суннатҳои  миллӣ имконоти навро фароҳам намуда, барои  устувории хотираи таърихӣ ва  аз нав барқарор намудани саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърихӣ мусоидат кард.

Дар баробари ин,  забони модарии мо тӯли таърихи чанд ҳазорсола бисёр  миллату халқият, қавмҳои саҳронишину  таҳҷоиро ба ҳам оварда, ба онҳо маданияти  гуфтор, рафтор ва кирдори некро  омӯхт. Баъзе  миллатҳои ҷавон бо ин забон худро ҳамчун миллати  алоҳида ташаккул дода тавонистанд. Аз ин рӯ,   эҳтиром ва донистани забони давлатӣ ин  кушодани пайраҳа барои аз бар  намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули  миллат мусоидат менамоянд.

Гулчеҳра Ҳоҷиматова, доктори илмҳои педагогӣ,профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

sadoimardum.tj

Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст

Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.

Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.

Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст. Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре ки таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

Бори дигар кулли ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, яъне воситаи муҳимтарини муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати фарҳангии тоҷик табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми тоҷик суботу оромӣ, ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун ва ба забони давлати соҳибистиқлоламон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

javonon.tj

Саратони забони миллат — Кимиёи саодат

 

Ба қалами муаррих Устод Луқмон Бойматов

Фоҷиъае, ки мероси гаронмоя шудааст

Чӣ қадр зишт аст, ки донишмандон қабл аз ин ки таҳқиқи амиқ анҷом бидиҳанд, дунболи таҳаввулот мешаванд ва чӣ қадр аблаҳона аст масъулин қабл аз ин ки ба сухане гӯш бияндозанд, ба он ҷавоб медиҳанд! Иштибоҳи кӯчаки сарварону масъулин дар андак замон ба осонӣ метавонад ҷомеъаи ноогоҳро аз авҷи рифъати зоҳирӣ ба умқи манзалати воқеъӣ биафканад.

Борҳо гуфта шуда, ки дар асри гузашта мардуми тоҷик дар маърази хатар қарор дошт. Сиёсати ҳукумати вақт дар таъйини сарнавишти миллатҳои ғайри рус, аз ҷумла, барои миллати тоҷик зиёда дардовар буд. Ҷудо кардани миллати мутамаддин аз хатту савод ва суннати таърихии хеш ва бар қасд дар тӯли чанд даҳа иваз кардани хатти миллӣ, ба гунаи маснӯъӣ сода кардани гуфтори адабӣ ва ноогоҳона заъиф сохтани пояҳои забони миллӣ тавассути сарсупурдагони ”тамаддуни пролетарӣ”, дар воқеъ, натоиҷи сиёсати боғараз ва ҳисобшудаи ҳукумати вақт дар сарнавишти қарни бисти тоҷикони Моваруннаҳр буданд.

Агар забони форсӣ (тоҷикии) даврони гузаштаро бо забони адабии замони Шӯравӣ муқоиса кунем, хоҳем дид, бар ниҳоди миллат, чӣ ҷавру ситамҳое фурӯ рехтааст. Забони адабии даврони Шӯравӣ, бахусус, дар мароҳили аввали ҳукумати шӯроҳо, чӣ аз назари сохтор ва чӣ назари қавонини забон дучори дигаргуниҳои ҷиддӣ шудааст. Кош ин дигаргуниҳо мусбат мебуданд. Чунончӣ, забони адабӣ ва матбуъоти замони Шӯравӣ ”ба далели оммиёна шуданаш ” (ибораи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ) на танҳо аз асолаташ фосила гирифт, балки рӯз аз рӯз фасоҳату латофати худро ба андозаи ҳузнангез аз даст дод.

Мардумӣ кардани қавоиду қавонини забон ва аносури марбут ба пояи он боиси мунҳариф шудани забони адабӣ аз роҳи табиии худ хоҳад шуд. Агар забон аз роҳи мантиқӣ ва табиии худ, мардумӣ гардад, ҷойи хушҳолист, вале агар ин амр бо зӯри қудрату сиёсати худкомагиву худхоҳиҳои сарварон сурат бигирад, айни тахриби забони миллӣ ва шояд аз бадтарин тахрибҳо гардад!

Пеш гирифтани чунин сиёсат дар замони Шӯравӣ ба қавли устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ”муборизаи ду гуна дар забон, яке гунаи мардумӣ ва дигари гунаи адабӣ оғоз ёфт. Миллатҳои сиёсӣ дар қарни бист ин ду гуна забонро ба ҳам ҷанг андохт.” Дар ҳақиқат, сиёсати ноболиғи миллӣ заҳре дар сиришти миллат шуд.

Воқеъан, сиёсӣ кардани сохтори забон ва аносури марбут ба пояҳои он, хатарноктарин раванд дар давлату ҷомеъа аст. Баррасӣ, таҳлил ва ҳатто тағйир додани қавоид, қавонин ва сохтори забони адабӣ фақат кори илм бояд бошад ва фақат аз роҳи илм метавон ба дигаргун сохтани забони миллӣ даст ёзид. Сиёсате, ки шабеҳи илм аст (на худи илм), ҳаргиз рӯҳия ва тавони кори илмро надорад! Ҳар гоҳ, ки сиёсати ноболиғу нопухта даст ба анҷоми чунин кори сарнавиштсоз бизанад, натиҷааш танҳо зиёну нокомиҳо хоҳад буд.

Ибораи пирӯз гардидани ”гуфтори омиёна бар забони классикӣ”-и устод Муҳаммадҷон Шакуриро бад-ин маънӣ бояд фаҳмид, ки масъулини вақт забони содаи мардумиро бо зӯри қудрат бар забони солиму асили адабӣ пирӯз гардониданд. Моҳиятан, сиёсат ғолиб ва забону фарҳанг мағлуб шуд. Ба далели шикасти маънавиёт ва фарҳанги мардумӣ буд, ки дар фосилаи саршумориҳои 1926 то 1979 таъдоди миллатҳои мавҷуд дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз 194 ба 101 миллат коҳиш ёфт. Сиёсати ”ба зӯр мардумӣ кардани забону суннатҳои миллӣ”, дар амал нобуд кардани фарҳангҳои миллӣ буд. Аз миён рафтани 93 забони миллатҳои ”кӯчак” дар замони Шӯравӣ, моҳиятан, нобудии шакле аз фарҳанги ҷомеъа буд.

Бо зӯри қудрат мунҳариф кардани забони миллӣ аз раванди табиӣ ва таърихии худ, ба иҷбор таъйин намудани роҳу равиш ва ”тарвиҷ”-и забони адабии форсӣ — тоҷикӣ шояд ҷонкоҳтарин зарбае бошад, ки ба ниҳоди фарсудаи миллати тоҷик дар гузаштаи начандон дур ворид кардаанд.

Тахриби забони миллӣ ва латма задан ба сохтори он кори мардуми оддӣ нест, балки натоиҷи сатҳинигариҳои рӯшанфикарону масъулин аст. Масъулини вақт дар рӯзгори ҳукумати шӯроҳо кореро анҷом доданд, ки дар тамоми шуъунаш ғалат буд. Вуҷуди силсилаи иштибоҳоти таърихӣ нишонгари онанд, ки масъулияти рӯшанфикрон ва аҳли илму адаб дар таъйини сарнавишти миллат ва ҷомеъа бештар аз сиёсатмадорон будааст.

Дар воқеъ, забони миллӣ нодиртарин ганҷе аст, ки аҷдодон барои ворисон ба ёдгор монданд. Забон асоситарин нишонаи ҳувият ва рӯҳи фарҳанги миллат аст. Хушбахтона, ҳамаи тоҷикзабонон, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, соҳиб ва ҳомии ин ганҷи беназиранд. Пас чаро пос доштани забони миллӣ ва тақвияти он фақат марбут ба донишмандон, устодони забону адабиёт ва забоншиносону шоирону адибон бошад?! Магар ақшор ва табақоти дигари ҷомеъаи тоҷикон бо ин забон ҳарф намезананд ва ё забони тоҷикӣ забони модариашон нест?

Тавваҷӯҳ кунед, дар ҳамаи ҷаласот ва нишастҳо, ки марбут ба масоъили забони модарӣ баргузор мешавад, ғолибан, ҳузури забоншиносон, адибону шуаро ва гоҳе ширкати файласуфон қобили мушоҳида аст. Чунин ба назар мерасад, ки баррасии тақдири забони миллӣ ва ҳимоят аз ояндаи он танҳо ба онҳое марбут аст, ки нигаронанд. Аммо миллат бояд аз худ бипурсад, ки ин ҳама беэътиноиҳо нисбати ояндаи забони модариаш сарнавишташро ба куҷо хоҳад кашонд?

Решаҳои фаҷоеъи миллӣ

Аҳли илму фарҳанг дар бораи аксуламалҳои расонаҳо пиромуни назароти ислоҳталабонаи бархе аз устодон ба хубӣ огоҳанд. Сар задани ҳамчунин иттифоқоти номуносиб дар маҳдудаи сарои илм, дақиқан паёми ҳушдордиҳандае аст ҷиҳати огоҳии донишмандон. Донишмандон ба ҷои ин ки аз назароти илмӣ ва мантиқӣ дифоъ бикунанд, бо сукут ва бетарафии худ бар ҷароҳатҳои маънавиёти миллӣ намак мерезанд. Решаи бисёре аз фаҷоеъву шикастҳо ҳамоно бетавваҷуҳӣ аст.

Дар сарои аслии улуми ҷумҳурӣ, яъне дар Акедемияи илмҳо ҳамеша шоҳиди залил кардани забони модарӣ тавассути худи сарварони улум ва донишмандони «парчамбардори илм» ҳастем.

Ошкору ниҳон руасои бахшҳои улуми Академия, муҳаққиқони барҷаставу шинохта аз матраҳ кардани манзалати забони модарӣ ба унвони забони илм канорагирӣ мекунанд. Кас дар ҳайрат мемонад, ҳатто донишмандони дараҷаи аввал, ки боғурур аз ҳувият ва таърихи мардуми тоҷик сухан мегӯянд, нисбат ба сарнавишти забони миллӣ хунсарданд ва ба ин роҳатӣ чашм аз ҳаққи таърихии забони модариашон пӯшидаанд.

Фазои ҳузноваре, ки ҳамакнун домани фазлу донишро фаро гирифтааст, бар он дорад, ки гӯӣ миллат таърих дораду, вале безабон аст. Баҳси забони илмии таърихнигориии миллӣ, бидуни шакк густарда аст. Вале, барои тақвияти ҳарфи хеш ба унвони як муаррих мегӯям, ки агар гурӯҳи бисёр хурди донишмандонро сарфи назар кунем, шоҳиди он мешавем, ки ҳанӯз ҳам ағлаби таърихнигорони кишварамон нисбат ба ояндаи забони миллӣ бетафовутанд. Чунончӣ, сарварони радаи болои улуми таърих, ба ҷои ин ки дар ҳассостарин марҳилаи таърихи миллӣ, ҳимоят аз ҷойгоҳи таърихии забони форсӣ (тоҷикӣ) намоянд, хешро бештар побанди суннати замони шӯроҳо карда ва хоставу нохоста таъкидҳои беҷо бар забони русӣ мекунанд.

Дар воқеъ, изҳори ҳақиқати таърих ба забони модарӣ чӣ мушкиле доштааст, ки ҳамагон ба ақди забони русӣ даромадаанд? Барои наслҳои имрӯз, ки ғолибан русиро намедонанд, аз манзалати таърихи дирӯзи гузаштагон ба русӣ гуфтан мояи ифтихор илм нест! Бояд бифаҳмем, ки ҳақиқати таърихро фақат ба забони русӣ намешавад ошкор намуд. Гурӯҳе аз муаррихонро ҳам медонем, ки мехоҳанд ҷомеъаашон огоҳ бошад, вале аз чӣ сабаб бошад, ҳарос аз талошҳои миллат ба расидани асли хешанд.

Мушкилӣ на дар тавоноии забони миллӣ, балки дар заъфи иродаи худи донишмандон аст, ки намепазиранд. Донишмандоне, ки заъфи худро қабул надоранд, саранҷом рӯ ба нокомиҳои илмӣ қадам мениҳанд. Шояд ҳам посухи иддае аз руасои муттассиб ва ҷабҳагаро ин бошад, ки забони форсӣ (тоҷикӣ) ҳанӯз забони илм нашудааст! Аммо ин фикр ба куллӣ ботил аст. Тавонои забони форсӣ (тоҷикӣ) дар улум, ҳеч камӣ аз забонҳои дигари ба истилоҳ «илмӣ» надорад.

Чунончӣ, ганҷинаи таърихнигории ҷаҳони исломро, ки бахше аз ҷавомеъи башарист, бидуни забони форсӣ наметавон тасаввур кард. Гузашта аз ин, бояд дар назар дошта бошем, ки тамоми мутахассисони мактабҳои шарқшиноси дунё ва муасиссоти илмӣ ва пажӯҳишии марбут ба Шарқ форсиро медонанд ва ин забон барои онон аслиҳаи аслӣ ва корбурдаш муҳимтар аз забони русӣ мебошад.

Оре, ҳақиқатро метавон бо ҳар забон гуфт. Муҳим ин аст, ки он гуфта шавад. Аз ин назар, мавқеъи имрӯзии муаррихон ва улуми дигари инсонӣ дар робита бо масъалаи забони модарӣ, ба ростӣ хиҷолатовар аст.

Албатта, мо тоҷикон ифтихори онро дорем, ки дар ҷавомеъи байналмилалӣ ба унвони миллати мустақил шинохта шудаем. Аммо мутаассифона, фаромӯш кардаем, ки забон аслитарин нишони миллат аст. Хоставу нохоста ба қадри забони миллии хеш ба дурустӣ намерасем. Шиори ”Порсиро пос бидорем!”, агарчӣ маълум аст, вале дар ҷомеъаи мо ба гунае, ки лозиму шоиста бошад, ҷо наяфтодааст.

Далели беэътиноӣ нисбат ба забони миллӣ фақат як чиз аст ва он ҳам огоҳ набудани миллат ва бетафовут будани ҷомеъа нисбат ба сарнавишти хеш! Ҳанӯз ҳам фурсатро аз даст медиҳем. Мо аз таърих панд нагирифтаем, онро бохтаем! Хароб кардан осон аст ва созандагӣ душвор. Набояд ба рӯйдодҳову дигаргуниҳо сар-сарӣ нигоҳ кард. Вонамуд мекунем, ки таърих ва забони миллиро медонем, вале дар асл аз таъриху забони хеш ба ҷуз боландагиву болидан фаромӯш кардаем.

Аз сароҳат бояд гуфт, ки нигарониҳое, ки гурӯҳе аз аҳли илму фарҳанг, ахиран, дар робита бо ояндаи забони миллӣ доранд, ба ҳеч ваҷҳ, эҳсосот нестанд, балки дурнигариҳоеанд, ки бар пояи фикри амиқ ва мантиқи солим шакл гирифтаанд.

Гуфтан ва навиштан дар бораи фаҷоеъи миллӣ ҳамеша дардовар аст. Аммо таърих ба мо мегӯяд, ки бидуни огоҳӣ наметавон аз фаҷоеъи ҷадид пешгирӣ кард. Вазифаи рӯшанфикрону донишмандон аст, ки ҷомеъаро аз раванд ва таҳавуллоти иҷтимоъӣ огоҳ намояд.

Ҳар чиз ва ҳар масъала ва ҳар мушкилот, билохира, қобили ҳалл аст ва басо, ки кор ғайри мумкин набошад. Аммо агар ҳамаи тарҳҳо ва пешниҳодҳоро дар тӯли таърихи муъосир муқоисаву татбиқ намоем, хоҳем дид, ки забони расмии миллат, ки баъдҳо ба он забони модарӣ ном ниҳоданд, дар вазъи бисёр мазлум қарор доштааст.

Таносуби ду унсур ва заъфи фарҳангиён

Набояд фаромӯш кард, ки забони оммаи мардум фақат ва фақат аз авомили ҳастӣ ва аз заминаҳои такомули забони милливу адабӣ аст, вале вуҷуди забони мардумӣ (манзур, лаҳҷаҳо) айни такомули забони миллӣ нест. Бегумон, забони оммаи мардум бо тамоми анвоъ ва зуҳуроташ махзани беназири ганҷ мебошад, вале василаи такомул ва сайқалдиҳандаи ганҷи маънавиёт ҳамоно забони адабӣ аст.

Агар василаи сайқалдиҳандаи забон заъфу нотавон аст, тавоноӣ ва арзишҳои ганҷ камранг хоҳад шуд. Дурустии ин назарро аз шавоҳиди адвори таърихи забон ва адабиёти тамомии миллатҳо возеҳ метавон мушоҳида кард. Адабиёти катбии миллат ҳар чӣ қадр равнақ ёфта бошад, забони мардум ба унвони махзани ганҷ ба маротиб зиндаву фаъол аст. Ин ду унсур, дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи хеш на танҳо мукаммали якдигар будаанд, балки гоҳе таъсири мутақобилае ба ҳам доштанд.

Натиҷаи сиёсати вежаи ”мардумӣ кардани забони адабӣ” беҳтарин намунаи ин иддаъост. Муҳимтарин шарти пешрафт ва такомули забони миллӣ, дар хидмати якдигар қарор додани ин ду унсур (забони адабӣ ва гуфтори мардумӣ) мебошад. Мутаассифона, имрӯз ҳам на танҳо аз тавоноии ҳар ду унсур барои такомул ва пешрафт ба дурустӣ истифода намешавад, балки моҳиятан ин ду унсур дар рӯ ба рӯи якдигар қарор дода шудаанд. Мисоли рӯшани ин амр, батадриҷ «ҳоким шудани лаҳҷаи қудратхоҳ» дар ҷомеъаи имрӯзи тоҷикон метавонад бошад. Ҳамакнун, шоҳидем, ки гӯийишҳо ва лаҳҷаҳои хушку бе рӯҳ дар ҷомеъа расмӣ ва нохоста паҳнаи забони адабӣ рӯз аз рӯз тангтар мешаванд. Ҳушёр бояд шуд, ки ин фақат оғози фоҷиъаи забони миллӣ аст!

Муҳаққиқону пажӯҳишгарон тоҷик аз қабили: Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шерзод Абдуллоҳзода, Мукаррама Қосимова, Додхудо Саймуддинов ва бисёр дигарон таъкидҳои мукаррар бар ҷойгоҳи забони модарӣ карда ва ба таври мустақим ишора бар он доштанд, ки унсури воқеъии забони миллӣ гӯишҳо нест, балки забони адабист, ки ягона барои ҳамаи форсигӯён аст. Ин назарро ҳама мепазиранд, вале барои тақвияти забон пазируфтан муҳим нест, балки амал кардан муҳимтар аст.

Ҳамон гуна ки дар навиштаҳои профессор Мукаррама Қосимова дуруст ишора шудааст, иллати амалӣ нашудани тасмимоти масъулини қаблӣ дар мавриди ҳимояту тақвияти забони миллӣ, дар заъфи ирода ва нотавонии масъулияти устодону равшанфикарон ва аҳли илми Тоҷикистон будааст.

Дар ҳақиқат, зуҳури заъфи созмонҳои давлатӣ, идороти расмӣ ва ғайри расмӣ, расонаҳо (радио, телевизион, матбуъот ва ғ.), ба дурустӣ надонистани забони модарӣ таввассути масъулин ва афроди воломақом, адами салоҳият дар тадвини китобҳои дарсӣ, вусъати бесаводии мардум, ҳама дар маҷмӯъ нишондиҳандаи заъфи тадобири рӯшанфикарону асотид ва муҳаққинону коршиносони ҷомеъаанд.

Чаро бояд нодида гирифт? Муҳити забони адабӣ ҳамакнун табдил ба ҳавзаи фасодзо шудааст. Бисёре аз донишмандон, муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳатто муаллимони забон ва адабиёти форсӣ, ҳозир нестанд заъфи дониши хешро бипазиранд. Иддае ҳам, бидуни ин ки пардаи хиҷолат бар рӯи амалашон бикашанд, дар пеши шогирдону ҳамкоронашон, ба гӯйиш ва лаҳҷаи маҳалии худ ҳарф мезананд. Онон шояд бар ин боваранд, ки лаҳҷаашон бозгӯкунандаи асли насабашон дар ин рӯзгори лаҳҷагароӣ аст.

Мутасссифона, рӯҳияи ҷомеъаи мо бо ин падидаи ашғолу гандидаҳо хӯ гирифта ва наметавонад домани худро аз фарҳанги бефарҳангӣ ба осонӣ пок намояд! Камоли донишу фарҳанг ин аст, ки ҳудуди ҳар фарҳанг ва меъёри арзишҳои он риъоят гардад, на ин ки волотарин арзишҳо зери по шаванд.

Бемаврид ба ҳам омезиш додани вожаҳои забонҳо (манзур, истифодабарии калимоти русӣ дар тоҷикӣ) ва ба забони шикастаи миллати дигар сӯҳбат кардани як нафар фарҳангӣ, таҷаллии фарҳанг нест, балки нишонаи бефарҳангии миллат аст.

Агар ин ”фарҳангиён” воқеъан огоҳу фарҳангиянд, бояд саъй бикунанд, то ҳамаи забонҳоро, ки медонанд, дар ҷояш ва бо назокату латофаташ ба кор бибаранд. Фарҳангиён бояд ҳамчунон ҳарф бизананд, то афроде, ки дар муқобилашон қарор дошта бошанд, аз сӯҳбати онон лаззат бибаранд ва аъмолашонро дар зиндагиашон улгу қарор бидиҳанд. Бояд бидонем, ки истифодаи калимоти русӣ дар ҷумалоти форсӣ (тоҷикӣ) нишонаи арҷгузорӣ ба забоне нест, балки тавҳин бар ҳар ду забон аст.

Хиҷолатовар аст, ки мардуми мо, агарчӣ форсизабонанд, вале барои ироаи андешаҳояшон дар қолаби забони модариашон фикр намекунанд. Таваҷҷӯҳе ба навиштаҳои муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони Академияи улум кунед, возеҳ мебинед, ки тарзи тафаккури ағлаби нависандагон ва муаллифони мо ҳанӯз ҳам дар қолаб ва меъёрҳои забони русӣ сурат мегирад. Яъне, онон ғолибан, ба русӣ фикр мекунанд, сипас онро ба зӯр ба забони форсӣ (тоҷикӣ) тарҷума мекунанд. Изҳори назари бархе аз донишмандони тоҷик, ҳатто ба масоиле, ки худ сару кор доранд, ба ҳадди ифтизоҳ хароб аст. Дар воқеъ, бо ин тарзи тафаккур чӣ мавқеъ мо ”тоҷик” мешавем?

Борҳо таъкид шудааст, ки яке аз роҳҳои муаассири тақвияти забони модарӣ анҷоми тарҷумаҳои мутуни илмӣ аст. Бидуни шакк, тарҷумаҳо нақши бисёр муҳим дар интиқол ва фаҳми мафоҳими ҷадид дар ҳамаи ҳавзаҳои улум доранд, аз ҷумла, дар улуми инсонӣ. Мутаассифона, тарҷумаи осори таърихӣ, фалсафӣ, мардумшиносӣ ва ғ. дар ҷумуҳурии мо дар сатҳи бисёр пойин қарор дорад. (Ин масъала дар чанде аз навиштаҳои нигоранда ба форсӣ нақду баррасӣ шудааст).

Метавон гуфт, ки ба далели густариши заъф ва аз ҳадди зиёд «мардумӣ» (лаҳҷаӣ) будани забони миллат, зеҳни миллии мо ҳанӯз ҳам усул ва зарофатҳои илми байналмиллиро дарк намекунад. Барои дарки пешрафт бояд муҳити муносиб ва барои тавсеъаи илму фарҳанг заминаҳои лозим фароҳам гарданд.

Саратони забони миллат

Бояд мутазаккир бошем, ки яке аз масоили бисёр муҳим, масъалаи ҳаллу фасл намудани шароит ва муҳити гузаштан ба хатти ниёгон аст. Албатта, дар ин замина донишмандону ва муҳаққиқин, бахусус, адибону адабиётшиносон, файласуфону ҷомеъшиносони ҷумуҳурӣ изҳори назар карда ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо миёни рӯшанфкарон ва аҳли зиё идома дорад.

Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст. Бо камоли таъассуф, ағлаби муаррихин ва нависандагони таърихи миллӣ аз ҳаллу фасли ин масъала боз ҳам ба наҳве канорагирӣ мекунанд. Шояд ин фирқа аз аҳли илм «сукут ва бепарвоиҳо»-ро нисбат ба ҳассостарин ва дар айни ҳол, муаассиртарин омили пойдории ҳувияти миллӣ, иқдоме аз «дурнигарӣ», «эҳтиёткорӣ» ва ё «дурандешиҳо»-и сиёсии хеш бидонанд. Аммо ин дидгоҳ на «дурандешӣ ва на «эҳтиёткорӣ» аст, балки бо тамоми маъно, беэҳтиромӣ ва шояд дуруст бошад бигӯем, ки навъе аз хиёнатҳо нисбат ба вазоифи илмиву миллӣ хеш аст. Дар зимн, бояд огоҳ бошем, ки сафаҳоти таърих пур аз он чизе, ки ба ғалат бетаваҷҷӯҳӣ мехонданд, дар асл хиёнат будааст! Надониста хомӯш ва бетафовут будани олим далели заъфи хирадаш, вале дониста хомӯш ва бетафовут будан — хиёнати ақлаш аст.

Дар кишварҳое, ки бӯҳрони ҳувияти миллии худро паси сар намуда ва истиқлоли воқеъиро касб кардаанд (мисли Эрон, Туркия, Миср ва ғ.) муаррихин ва пажӯҳишгарони масоили таърих буданд, ки қабл аз ақшори дигари ҷомеъа назари хешро нисбат ба таъйини авомили сарнавиштсози миллаташон эълом намуда буданд, чун онон хуб медонистанд, ки роҳҳои ҳалли ҳар гуна масоили фарҳангӣ, беш аз пеш реша дар умқи таърих дорад.

Муаррихине, ки баъд аз ҳаллу фасли муҳимтарин масоили таърихӣ ва тақдирсоз, изҳори назар мекунанд ва «тарафдорӣ» аз таҳвуллоту ислоҳоти анҷом шуда менамоянд, дар воқеъ, беш аз почалесону чоплусони қудрат нахоҳанд буд.

Боиси хушнудист, ки иддае аз муаррихон ва пажӯҳишгарони таърихи миллӣ бо дарки масъулияти илмӣ, гузаштан ба хатти ниёконро аз муҳимтарин ва муаассиртарин омили пешрафти миллат медонанд. Онон дуруст мегӯянд, ки миллат бидуни хатти аслӣ ва суннатии хеш наметавонад ояндаи худро бисозад.

Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик — русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селлулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳувият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Оре, ҳар чиз ба асли худ муроҷиъа менамояд ва руҷӯъ ба асл низ аз фитрати вижаи инсон аст. Чун забон ҳам аз аносири аслии инсон аст, пас чаро гуфта нашавад, ки такомулаш аз роҳи расидан ба аслаш бошад?

Барои пешрафту такомул ба коргирии унсури асл муҳим аст, на фаръ. Ағлаби рӯшанфикарону фарҳангиён, чӣ дар гузашта ва чӣ дар муъосир аслро раҳо мекарданду дунболи фаръ мегардиданд ва ин суннат, бо камоли таъассуф, ҳанӯз ҳам побарҷост. Фарҳангиёни миллӣ, мисли гузашта амали худро намебинанд, фақат илалу авомили сонавиву атрофро ба ҳисоб меоваранд.

Воқеъияти талхи таърихи муъосири миллӣ ин аст, ки ислоҳоти сарнавиштсоз ҷиҳати ҳимояти забони миллӣ ҳанӯз, ки ҳанӯз сурат нагирифтааст! Масъала бо интиқоди андешаву дидгоҳҳо ҳалл намешавад. Роҳи ҳалл фақат якест ва он ҳам анҷоми ислоҳоти решаиву сарнавиштсоз аст.

Оқил бошем ва бояд бипазирем, ки мабдаъ ва роҳи ислоҳи аслии ҳар гуна мушкилот худ ҷомеъа аст ва дар амри ислоҳ донишмандон ва фарҳанигён, ки масъулияти бештареро бар ӯҳда доранд, боястӣ иродаву ҷасорат аз худ нишон бидиҳанд. Агар марди донишманд иродаву ҷасорат надошта бошад ва сухани ҳаққро напазирад, вай фақат дузди босавод аст. Вақте ки дар миёни рӯшанфикрони миллат дуздони андеша ва дар миёни андешмандон чоплусони қудрат зиёд мешаванд, дар ҷомеъа фақру бенавоии маънавият ҳоким мегардад. Фақри маънавият модари ҳамаи фасодҳои ҷомеъа аст. Пас, нахуст бояд илали фақрро аз миён бардошт!

Биёд, бо афкор ва андешаи нек баҳри пешрафт ва саъодати ҷомеъа як дилу як тан бошем ва бо пиндору гуфтору кирдорамон забони модариро пос дошта бошем ва ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки рӯйдодҳои фардоро аз кайфияти имрӯз метавон пешбинӣ кард. Хостан тавонистан аст!

Луқмон Бойматов, Суис (Шветсария)

Поделиться ссылкой:

Понравилось это:

Нравится Загрузка...

‹ Таҷрубаи муваффақи ҳамкории исломгароён ва секулорҳоМуруре бар торихчаи қиёми Имом Ҳусайн (алайҳис салом) — 5 ›

Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: Забони порсӣ, Луқмон Бойматов, асосӣ, забони модарӣ

ksaadat.co

РУСТАМИ ВАҲҲОБ: «ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ»

РУСТАМИ ВАҲҲОБ: «ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ»

Мақолаи президенти АИ Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ «Забони миллати тоҷик — забони тоҷикист!», ки АМИТ «Ховар» нашр намуд (ниг.:www.Khovar.tj, 14 декабри соли 2017),  миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мубоҳиса ва мунозараи васеъ гардид. Ағлаби онҳое, ки бо ҳам баҳс оростаанд, аз мавқеи академик Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳоло як мақолаи дигарро бо номи «Забон асоси ҳастии миллат аст», ки ба қалами яке аз забоншиносони маъруфи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва  далели нишонаи ҳувияти миллӣ будани забони тоҷикиро  собит месозад, пешкаши хонандагон менамоем. Ин мақола се сол пеш дар «Садои Шарқ» ба табъ расидааст.

1908207 1625699924310239 7946861967491501068 nБисту се сол аз замони эълони  Истиқлолияти Тоҷикистон  сипарӣ мегардад. Дар ин муддати аз назари таърихӣ кӯтоҳ тағйироти мушаххасе дар тамоми соҳаҳои зиндагии иҷтимоии кишварамон ба назар мерасад. Ин тағйиру таҳаввулот, албатта, дар забони мо, ки чун забони давлатӣ аз соли 1989 бар маснади шоиста ва пурифтихори худ барқарор гардид, инъикос ёфтааст. Ҷойи ниҳон  доштан нест, афроде ҳастанд, ки ба назари онҳо дар ин замон забони адабии тоҷик танҳо коҳиш ёфта ва аз асолати худ дур гардидааст, унсурҳои ғайриадабӣ ва ба назари баъзеҳо унсурҳои ғайритоҷикӣ дар он нуфузи бештар пайдо намудаанд. Аммо агар бо дидаи таҳқиқ ва одилона ба ин масъала назар карда шавад, ба равшанӣ ошкор мегардад, ки дар ин давра забони тоҷикӣ ба таври бесобиқа рушд намуда ва бештар пурбору коромад гардидааст. Даҳҳо ва шояд садҳо калимаҳо ва истилоҳоти хориҷӣ ва бегона ҷои худро ба калимаҳои тоҷикӣ додаанд, мардуми саросари кишвар ба ин калимаҳо ва истилоҳоти худӣ одат кардаанд, яъне онҳо ҷузъи саводи умумӣ гардидаанд. Аз ҷумла забони матбуоти мо, бо таваҷҷӯҳ ба намунаҳои беҳтари он, имрӯз таврест,ки баъзан бидуни ҳеч навъ таҳриру тасҳеҳи хос дар доираи забони матбуоти ҳамзабононамон интишор меёбад, мақолаҳо ва таҳқиқоти донишмандонамон ҳамчунин. Дар ин замина шояд намунаи беҳтарин матолиб ва суханрониҳои мақомоти олии расмии кишварамон бошад, ки воқеан рушди забони адабии моро дар ин марҳала таҷассум менамояд. Осори шоирон ва нависандагони муваффақи мо имрӯз дар фазои умумии ҳамзабонон интишор меёбад. Дар айни ҳол бояд таъкид намуд, ки ҳифзи вижагиҳои хосси забони тоҷикӣ дар баробари фарогир кардани он яке аз вазифаҳои муҳимтарин шинохта шудааст ва адои ин вазифаи муқаддас, ҳамон тавре ки аз тарафи устод Айнӣ дар нахустин давраҳои баҳс бар сари гузиниши забони меъёр дар оғози қарни 20 тарҳ гардида буд ва минбаъд ин дидгоҳ аз ҷониби маъруфтарин донишмандони кишварҳои ҳамзабони мо ва ҳамчунин ховаршиносони сатҳи ҷаҳонӣ мавриди ҳимоят қарор гирифт,  яке аз муҳимтарин корҳо мебошад. Эҳё ва густариши дороиҳои забони тоҷикӣ на танҳо ба суди тоҷикистониён, балки ҳамаи ҳамзабонони мо дар ҷаҳон мебошад.

Гузашта аз ин, забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят кишвар аст, агарчи гоҳо дар ин қоида истисное ҳам ҷой дорад, ба ҳар сурат асли қазия чунин мебошад. Бино бар ин забони тоҷикӣ бо он ки истилоҳи маслиҳатист ва бо ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст, бар пояи ин асл устувор ва илман саҳеҳ мебошад ва метавонад барои таъйини забони ҳамаи осори куҳан ва наве, ки онро дарӣ ва порсӣ ҳам меномем, ба кор гирифта шавад, чун дар матни ҳамин осор вожаи «тоҷик» фарогири ҳамаи ақвоми даризабон ва порсизабон мебошад. Дар қадим будан ва асолат доштани истилоҳи «тоҷик» ба унвони номи як миллати муаззам ва куҳанбунёд ҳеч шакку тардиде нест ва таҳқиқоти пуршумори донишмандони дохиливу хориҷӣ, ки устод Айнӣ аз ин зумра мебошад, ин ҳақиқатро ба субут расонааст. Ҳамчунин ба номи миллатҳо ва ақвом айният ёфтан ва ҳамгун шудани номи забонҳояшон як воқеияти инкорнашуданист. Тавре ки маълум аст, истилоҳи «забонҳои эронӣ» дар илми забоншиносӣ як истилоҳи роиҷ ва пазируфташуда мебошад. Дар айни ҳол вожаи «тоҷик» дар матни таърих, фарҳанг ва адабиёти беш аз ҳазорсолаамон яке аз истилоҳоти таъйинкунандаи нажоди ориёӣ дар баробари ақвоми ғайриориёӣ, аз ҷумла румиву тозиву турк будааст, ки ин маъно аз байти зерини Саъдии Шерозӣ равшан аст:

Араб дидаву Турку Тоҷику Рум,

Зи ҳар навъ дар нафси покаш улум.

Ин истилоҳ («тоҷикӣ») дар ҳоле ки ҳамзамон худвижагии миллии моро дар бар мегирад ва барои тоҷикони кишварҳои ҳамсоя низ  метавонад пазируфтанӣ бошад. Барои як сӯ ниҳодани сӯитафоҳумҳо ва ихтилофоти бесуди назарӣ сари баҳси истилоҳот танҳо кофист ин аслро зеҳнан, ва ҷойе ҳам ки лозим аст, ба сурати навишта ва расман ёддошт намоем, ки тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ номҳои як забон ҳастанд. Бо баёни ин нукта, албатта, худвижагӣ ва имтиёзоти ҳар яке аз ин мафҳумҳо инкор намешавад, вале дар айни ҳол масоили зиёде, аз қабили тасдиқи муштаракоти воқеӣ, ҳаққи воқеии мо ба адабиёте, ки дар ҷаҳон умдатан бо унвонҳои порсӣ ва дарӣ ном бурда мешавад, таъкид мегардад. Гузашта аз ин, дар ниҳодҳои пуршумори илмию омӯзишӣ, ки дар саросари ҷаҳон мавриди аслии омӯзиш ва таҳқиқашон ба истилоҳи «порсӣ» шинохта мешавад, мо саҳми худро ба сурати табиитар пайдо менамоем.  Вуҷуди бахшҳои тоҷикӣ дар баданаи барномаҳои радиёӣ ва телвизиёнии байналмилаллии форсӣ, ишорати сареҳе ба ҳақиқати ин андеша мебошад.

Ин нукта шоёни таваҷҷуҳи махсус аст, ки баҳсу баррасиҳои перомуни таъйини меъёрҳои забони адабии муосири тоҷик дар солҳои аввали пас аз инқилоб дар сатҳ ва фазои муштараки забонӣ бо Эрону Афғонистон сурат гирифтааст. Яъне нависандагон ва донишмандоне, ки дар ин масъала доварӣ бар дӯши онҳо будааст, ҳатман уфуқҳои густариш ва короии забони тоҷикиро дар ниҳояти қаламрави ин забон (порсӣ ва дарӣ низ) дар назар гирифтаанд. Аз як тараф ин ҷо маҷоли ёдоварӣ ва иқтибос аз ин баёнот нест ва аз тарафи дигар ин андешаҳо борҳо ёдоварӣ шудаанд ва дар сурати зарурат метавон аз ҷумла ба мақолаҳои марбутаи устод Айнӣ дар ҷилди нуҳуми «Куллиёт»-и ишон (аз с.200 ба баъд) муроҷиат намуд. Ба сурати мухтасар ва фишурда тавсияи устод Айнӣ ин аст, ки дар интихоби меъёрҳо ва моддаи аслии забони адабии муосири тоҷик таваҷҷуҳи асосӣ ба забони зинда ва роиҷе шавад, ки дар рӯзгори мардум ҷорист ва агар паҳнаи густариши ин забонро аз назари устод Айнӣ дар ҳудуди ҷуғрофии имрӯзӣ дар назар бигирем, тақрибан сартосари Тоҷикистони имрӯзиро фаро мегирад.

Назари устод Айнӣ дар ниҳоят ин аст, ки нигориши китобҳо ва матбуоти тоҷик бар асли забони зиндаи мардуми Тоҷикитон дар сурати татбиқи он бо қоидаҳо ва меъёрҳои забони адабиёти қадимамон, воситае мешавад барои эҷоди як забони намуна на танҳо барои тоҷикҳо, балки тамоми порсизабонони ҷаҳон. Дар ҳамин  росто посухи устод Айнӣ ба номаи шахсияти барҷастаи фарҳангии Эрон Алиасғари Ҳикмат, ки пешниҳоди қабули забони матбуоти Эрони он давронро ба унвони меъёри забони адабӣ дода буд, бисёр ҷолиб ва омӯзанда аст. Устод Айнӣ таъкид менамояд, ки дар матни худи ҳамин номаи пешниҳодӣ 70 дарсади калимаҳо арабии барои ҳам як эронии одӣ ва ҳам як тоҷики одӣ номафҳум мебошанд. Дар ҳоле ки мақсади мо акси ин аст, яъне забони адабии мо дар баробари он, ки мутобиқ бо меъёрҳои забони осори муштараки куҳани мо бошад, ҳамчунин барои аксари соҳибони ин забон, чи дар Мовароуннаҳр ва чи дар Эрону Афғонистон қобили фаҳм бошад. Мутаассифона, устод Айнӣ имкони ба сурати ниҳоӣ амалӣ кардани ин назарияро дар осори адабии худ надоштааст ва гоҳо бо эродҳои бемаврид ва шояд ҳам муғризона дар ин кор ба вай монеъ мешуданд. Аз ҷумла ба ёд биёред, номаи шикоятомези ӯро ба Абулқосим Лоҳутӣ аз қазовати ҷоҳилонаи масъулини Нашриёти давлатии Тоҷикистон нисбат ба забони «Достони Вахш» («Ҷанги Одаму Об»), ки дақиқан эродҳои масъули нашриёт ба ҳамон мавридҳое дахл дорад, ки онҳоро намунаи амалии назариёти устод Айнӣ дар хусуси такмил ва ислоҳи забон метавон номид.

Вале меъёрҳои назарие, ки устод Айнӣ онро муқаррар кардааст, имрӯз ҳам асосӣ мебошанд ва ҳар қадр замон мегузарад, воқеият ва ҳаққонияти онҳо бештар падидор мегардад. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон. Танҳо ошноӣ бо ду асари барҷастаи насри бадеии муосири Эрон ҳикояҳои Содиқ Ҳидоят «Меҳанпараст» ва Муҳамадалии Ҷамолзода «Порсӣ шакар аст», кофист, то бидонем, ки ин назари устод Айнӣ дар миёни намояндагони барҷастаи адабиёти асили порсизабон, ки даст рӯйи набзи забони зиндаи порсӣ доштанд, чӣ тарафдороне доштааст. Мухтасар, онҳо низ аз муғлақ ва печидаву мураккаб шудани забон ва бегонагии он бо мардум шадидан норозиянд ва тарафдори ба забони зиндаи мардум ҳамоҳанг кардани он мебошанд, забони мардуми одӣ ва бумии кишвари худро ганҷинаи бебадали порсии сара медонанд.

Барои беҳтар шинохтани мавқеъи устод Айнӣ дар ин масъала, мулоҳизаи баҳсҳои намунае аз назариёти ишон дар ин хусус аз фоида холӣ нест. Ин навиштаи устод Айнӣ бисёре аз нуктаҳои баҳсҳои имрӯзӣ бар сари забонро фаро гирифтааст ва як сабақи бузурги диққату ҳавсала ва дирояту огоҳӣ дар ҳифзи забон мебошад.

 «Самарқанд, 21 июли 1946

 Фозили муҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!

 … Аз рӯйи гуфтаи Камол (Айнӣ), дар байни Шумо ва баъзе эрониён бар болои калимаи «ҷангара» мубоҳаса рӯй додааст. Онҳо гӯё ба Шумо эътироз мекардаанд, ки калимаи мазкур сирф калимаи тоҷикист, ба забони форсӣ – Эрон ҳеч алоқае надорад.

Фақир ин гуна эътирози ишонро шунида тааҷҷуб кардам. Ҳарчанд дар «Шоҳнома» ва дар дигар ашъори шоирон ва устодони форсизабон диданам ин калимаро дар ёдам нест, аммо бо далелҳои раднопазир исбот карда метавонам, ки ин калима моли холиси умуми форсизабонон аст.

Далели ман ба тарзи зерин аст: ҷойи инкор нест, ки калимаи «ҷанг», ки решаи калимаи мазкур аст, аз рӯзи баромадани форсии ҷадид то имрӯз ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тӯрон кор фармуда шуда омадааст. Инчунин муштақоти калима масалан «ҷанговар», ки исми сифатии мусбати ин калима аст, инчунин «ҷанггоҳ», ки исми макон аст ва инчунин «ҷангҷӯй», ки исми сифатии манфии ин калима аст, умумианд.

Акнун мо калимаи «ҷангара»-ро таҳлил карда мебинем: «ҷанггар» монанди «коргар» исми сифатии умумии ин калима аст, ки тамоман ба қоидаи забони форсӣ мувофиқ аст ва ҳар касеро (ки) ҷанг мекунад, «ҷанггар» гуфтан мумкин аст.

Қоидаи дигаре дар забони форсӣ ҳаст, ки мувофиқи он ҳар гоҳ исм ё сифати умумиро ба як чиз ё ба ягон гурӯҳ махсус кардан хоҳанд, дар охири он калима часпаки «а» ё «ак»-ро мечаспонанд. Чунончи «девор», ки маънии маълум дорад, вақте ки вайро ба иҳотаи даруни чоҳ ё ба давродаври кӯҳ махсус кардан хостанд, «девора» гуфтанд, ки мо ҳеч гоҳ аз ин калима маънии «девор»-и маълумро намефаҳмем ё ин ки калимаи «оташгир» ба ҳар чизу ба ҳар касе, ки қобилияти оташро гирифтан дошта бошад, содиқ меояд. вақте хостанд ин калимаро ба олати оҳанин маълуми оташбардор махсус кунанд, бо иловаи «ак» «оташгирак»  гуфтаанд. Инчунин калимаи тар ба ҳар чизе ки тарӣ, обият дошта бошад, рост меояд. Вақте ки мардум хостанд ин калимаро ба сабзавоти махсус хос кунанд, «тара» гуфтанд.

Монанди ин калимаи «ҷангара», «ҷангар», ки маънии умумии «ҷангкунанда» дошт, хостанд ба касе, ки бебоис ё бо сабабҳои сохта бо одамон ҷанг мекунад ва ҳамеша барои ҷанг сабабҳо омода менамояд, хос гардонанд, ба охири ин калима часпаки «а»  илова намуда «ҷанггара» — «ҷанг-гара» гуфтанд.

Мувофиқи қоидаи дигари забони форсӣ, ки ҳар гоҳ дар калимаҳои мураккаб ду ҳарф аз як ҷинс ё ду ҳарфиқарибалмахраҷ дар як ҷо оянд, яке аз онҳоро ҳазф мекунанд, чунончи сафедор ба маънои дарахти маълум, ки дар асл«сафеддор» буд ё ин ки «ягона», ки дар асл «як-гона» буд  (яке аз ҳарфҳои «г»-ро ҳазф карда «ҷангара» гуфтанд ва аз ин калима маънии ҷангкунандаи манфӣ – бадро ифода намуданд) тоҷикон ин калимаро чунон ки ба одами ҷангҷӯй ба маънои манфияш кор мефармуданд, инчунин ба хурӯс, ба тагал (қӯч) ва монанди ин гуна парандагон ва ҳайвонот ҳам, ки зиёда ҷангдӯст бошанд, кор мефармоянд.

Дар ҳар ҳол ин гуна калимаро, ки ҳеч набошад ҳамаи муштақоташ дар адабиёт ва гуфтугузори ҳамаи форсизабонон кор фармуда мешавад ва сохташ тамоман мувофиқи қоидаи форсист, аз оилаи забони форсӣ бароварда партофтан– дониста ё надониста забони худро танг кардан аст.

Ман дар тааҷҷуб мондам, ки Шумо то ҳол китобчаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» навиштаи маро надидаед. Ман дар охири ин китобча як қисм луғатҳоеро, ки баъзе эрониён махсуси тоҷикӣ медонанд, аз «Шоҳнома» ёфта дарҷ кардаам, ки аз назар гузаронданаш бефоида нест…

 Бо салом ва эҳтиром Айнӣ».[1]

Дар фазои забони  муштарак доварӣ кардан дар хусуси ояндаи забони тоҷикӣ, ҳатто дар мақолаҳое, ки перомуни табдили алифбои форсӣ ба лотинӣ навишта шудаанд, ошкор аст. Аз ҷумла дар мақолаи рӯзноманигори маъруфи тоҷик Собит Манофзода «Тоҷикон ва алифбои нав»[2] чунин нигариш мушоҳида мешавад. Дар ин мақола Собит Манофзода яке аз далелҳои зарурати гузариш ба олифбои навро дар он медонад, ки форсизабонони Эрон ва Ҳинд ҳам дар садади гузаштан ба алифбои лотинӣ мебошанд ва модом, ки мо вазифадорем забони муштаракро барои интиқоли афкори пешрафта бо онҳо нигоҳ дорем, бояд пештар аз онҳо ин корро амалӣ созем. Яъне мақсад на ҷудоӣ аз дигар ҳамзабонон, балки ҳамсон будан бо онҳост. Тавре ки медонем, ин пешбинии Собит Манофзода амалӣ нашуд ва порсизабонони Ҳинду Эрон афкори пешрафтаро бо ҳамон алифбои форсӣ (тоҷикӣ) фаро гирифтанд. Аммо муҳим ин нукта аст, ки манзури Манофзода ҳамсон будани забон ҳам дар навиштор ва ҳам дар гуфтор бо ҳамзабонони саросари дунёст ва беш аз ин ҷолиб он аст, ки Манофзода дар таъйини ҳувияти забонии ҳамзабонони ҷаҳон, аз ҷумла Ҳинду Эрон аз истилоҳи «тоҷикизабон» кор мегирад:  «Фақат назарияи мо ин аст, ки Тоҷикистони сурх дар ин роҳ зудтар аз дигар мамлакатҳои тоҷикизабон мувафаққият хоҳад дошт ва барои онҳо намуна хоҳад шуд».

Аз як сӯ захираҳои китобӣ ва зиндаи мардумии забон ва аз тарафи дигар шароит ва фазои муносиби фарҳангию сиёсӣ дар мавриди забон, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, сол ба сол таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ)-ро ба Тоҷикистон ҷалб менамояд. Албатта, масъалаи тавонафзоии забон ва поксозию рушди он, пеш аз ҳама бояд бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои дохилии кишвар сурат бигирад ва вижагиҳои хоси забони тоҷикӣ ҳифз шавад, вале дар айни ҳол ин раванд бо густариши доираи мақбулияти забони адабии тоҷикӣ зиддият надорад. Сол ба сол мушоҳида мешавад, ки ҳарчи бештару бештар забони матбуот, адабиёти бадеӣ ва илмии тоҷик, ҳамчунин забони суханрониҳо ва гузоришҳои расмӣ дар дунёи  ҳамзабон ба сурати пазиротар ва ошнотар густариш пайдо мекунад ва аз ҳудуди барномаҳои махсуси хориҷӣ ҳам фаротар меравад, бидуни он ки ҳувияти тоҷикии он коҳиш ёбад. Чунин сурат гирифтани раванди мазкур далели дигарест барои тасдиқи ин ҳақиқат, ки забони адабии тоҷик бар тибқи меъёрҳоест, ки барои ҳамаи ҳамзабонон пазируфтанӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки ҳувияташ бо номи забон муштарак аст, ин як амри табиӣ ва рисолати пурифтихор мебошад.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон ба ҷуз баъзе аз сӯитафоҳумҳои дохилӣ, ки ҳосили танҳо завқу салиқаҳои гуногун мебошанд ва як падидаи табиӣ ва ногузир ҳам ҳастанд, ҳеч навъ ситез ва фишори барномарезишуда ва ҳадафманд бар сари забон вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт. Таъкиди ин нуктаи бадеҳӣ ба хотири он аст, ки дар хеле аз маҳдҳои куҳани ин забон ситезҳо ва фишорҳои пайваста то ҳаддест, ки ба қавли раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар яке аз нишастҳои илмию адабӣ дар тобистони соли гузашта, ҳатто ҳодисаи шадидтарин муҷозот барои ҳимоят аз ин забон дар сарзаминҳои куҳани ин забон сурат гирифтааст. Бино бар ин ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ имрӯз ба яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва аслии адабиёти пойдорӣ (муқовимат) табдил шудааст.

Забони модарӣ, агар хурд аст ё бузург, пурмоя аст ва ё тунукмоя барои ҳар миллате аз муқаддасот аст ва фарзандони худро пеш аз ҳама дар домани он парвариш медиҳад. Дар дунёи муосир касоне ҳастанд, ки барои ояндаи фарзандони худ забонҳои ҷаҳониро барои онҳо чун забони асосӣ интихоб менамоянд. Албатта, ин як иштибоҳи азим  аст, агар касе аз забони модарии худ тамоман сарфи назар намояд, аммо ҳадафи онҳо мушаххас ва маълум аст: ҳарчи беҳтар мусаллат ва мусаллаҳ шудан ба забони ҷаҳонӣ. Аммо зулми чанд баробар аст, агар ҷойе бар фарзандони ин мардум забоне ба зӯр бор карда шавад, ки доманаи густариш ва бори маънавию фарҳангии он садҳо ва ҳазорон маротиба камтар аз забони модарии худи онҳо бошад. Аз ин лиҳоз оё кадом забонеро метавон бо забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) иваз кард? Дар кадом забон шумо манбаъҳои илмию таърихию адабии оламшумулеро пайдо мекунед, ки бо умри беш аз даҳасрии худ барои соҳибони имрӯзии он забон комилан фаҳмо бошанд ва ба хусус, ки он забон паймонаи муносиби андешаҳои олӣ (дорои рифъат) шинохта шуда бошад?

Порсӣ аз рифъати  андешаам,

Дархӯрад бо фитрати андешаам.

(Иқболи Лоҳурӣ)

Агар  сухан сари муосир будан аст, яке аз мизонҳои маъруфи он фазои барномаҳои радиоиву телевизиёнӣ ва ба хусус фазои маҷозӣ (интернет)  мебошад, ки агар ҳардуи ин фазоҳоро низ имтиҳон кунед, уфуқҳои густариши забони модарии мо камтар аз забонҳои ҷаҳонӣ нест.

Мавзӯъи дигаре аз матни забон, ки ба ҳувияти миллатҳо робитаи мустақим дорад, мавзӯъи ҷойномҳо (топонимика) мебошад. Дар Тоҷикистон пас аз дастёбӣ ба Истиқлол ба ин мавзӯъ аҳаммияти хос дода шудааст. Мисли Русия ва дигар кишварҳои Шуравии собиқ бисёр номҳои муваққат бардошта шуда ва номҳои таърихии маҳалҳо барқарор гардидааст, ки қобили таҳсин мебошад. То чи ҳад муҳим будани ин мавзӯъ ва нақши сарнавиштсоз доштани онро метавон, масалан, дар моҷарои баҳси Эрон ва кишварҳои Халиҷ бар сари соҳибият бар Халиҷи Форс ба равшанӣ мушоҳида кард. Агар номи ин халиҷ ба унвони «Халиҷи Форс» решаи куҳан ва қавии таърихӣ намедошт, ин моҷаро хеле печидатар мешуд. Ҳифзи номи таърихии ин маҳал бо ҳифзи худи он ҳаммаъно шудааст.

Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар матни суханронии худ ба муносибати бузургдошти забони давлатӣ ба ин масъала ба таври вижа таваҷҷуҳ намудааст:

«Номҳои ҷуғрофии минтақа ба таъриху сарнавишти миллат иртибот  дошта, таърихи рушду такомули забони моро инъикос менамоянд.

Номҳои ҷуғрофии ҳар  мавзеъ ва ҳар минтақа арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии ин сарзамин дониста мешаванд. Ин номҳо таърихи зиндаи миллат буда, бештари онҳо аз гузаштаи дур маншаъ мегиранд. Аз ин рӯ ба Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки таҳқиқи илмии номҳои таърихиюҷуғрофиро ба роҳ монад. Яке аз хусусиятҳои ин номҳо дар он аст, ки ба давраҳои гуногун ва забонҳои маҳаллии ин сарзамин мансуб мебошанд. Аммо, мутаассифона, теъдоде аз ин номҳо дар тӯли таърих бо номҳои бегона иваз карда шудаанд, ки имрӯз аз рӯи адолату ҳақиқати таърих бояд эҳёи тоза ёбанд».[3]

Топонимикаи тоҷикӣ агарчи бидуни дахолат ба мавзӯъҳои марзӣ дар   вусъати хеле бузургтаре аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯзӣ қобили омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ мебошад, аммо ин кор дар дохили ҳудуди Тоҷикистон бояд дар ояндаи ҳарчи наздиктар амалӣ шавад. Назокати масъала дар ин ҷост, ки хеле аз ҷойномҳои бисёр куҳан, ки асолати авастоию, суғдию паҳлавӣ ва ғ. доранд бо андаке тағйир дар талаффуз ва ҳатто баъзан бидуни тағйир ба сабаби камиттилоъии мардум номҳои ғайритоҷикӣ (аксаран туркӣ) дониста шудаанд ва ба тахмин маънододе ҳам барои онҳо сохтаанд. Ончи ба шӯхӣ «эҳтимология» (зидди этимология) номида мешавад. Дар ин мавридҳо, табиист, суоле ба миён меояд, ки чи тавр шуда, ки дар сартосари Осиёи Марказӣ ва бештар аз он аксари ҷойномҳо асолати тоҷикӣ доранд ва дар хостгоҳи ин забон, ки ҳамеша маскану маъвои тоҷик буд, масъала баракс сурат гирифтааст? Чунин пиндорҳо баъзан боиси он шудааст, ки ҷойномҳои бисёр куҳану асил (ҳатто авастоӣ) бо пешниҳоди афроди ғайримутахассис дар маҳалҳои гуногун иваз карда шаванд. Ин номҳои нав ҳам аксаран такрорӣ мебошанд, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар чандин маҳал гузошта шудаанд. Ба ҷойи чунин иқдом лозим аст, ки агар дар талаффузи асли таърихии ин ҷойномҳо тағйире ва таҳрифе рух додаст, он тағйиру таҳриф бартараф ва асли илмии ном барқарор гардад (мисли Шаҳритуз – Шаҳритус). Албатта, ин мавзӯъ дар оянда гуфтугӯи муфассалтареро мехоҳад.

Тоҷикистон бо ҷойномҳои куҳани худ мисли як девони шеъри барҷаста аст ва ба ҳар маҳале, ки сафар мекунед, аз мутолиаи он лаззати фаровон мебаред. Таърих сафҳа-сафҳа дар назари шумо боз мешавад ва жарфои бепоёни осмонии онро мушоҳида мекунед. Ин ҷойномҳо қосидони забон, таърих, фарҳанг, ойинҳо, ормонҳо.., дар ниҳоят ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, ки бо касби Истиқлол аз хатари нобудӣ эмин шудаанд ва ин ғанимати бузургест. Ба назари инҷониб заруртарин иқдом нахуст ин аст, ки ҳар чи зудтар «Донишномаи бузурги ҷойномҳои Тоҷикистон» ҳамроҳ бо харитаи комилу дақиқи ҷойномҳо тартиб дода шавад. Ин Донишномаи ҷомеъ дар баробари он, ки симои топонимикаи мавҷуди Тоҷикистонро барои ҳамеша маҳфуз медорад, муҳимтарин манбаъ барои пажӯҳишҳои васеъ ва дақиқи илмӣ дар ин замина мегардад. Аз ҷумла муҳимтарин манбаъ барои илмҳои таърих, таърихи забон ва умуман забоншиносӣ мегардад.

Аз тарафи дигар, агар ба мавзӯъи аслии матлаб баргардем, маҷмӯаи ҷойномҳои ба меъёрҳои илмӣ мураттабшуда, воситаи муносиби дигаре хоҳад буд, барои собит  намудани асолати куҳани бисёре аз калимаҳою таъбирҳо ва ҳатто сохторҳои забонӣ дар забони муосири тоҷик, ки мифтоҳе хоҳад шуд барои кушодани розу румузи мероси фарҳангии мо ва ҳамзабонони мо.

Таълифу танзими чунин донишномаи ҷойномҳо дар таҷрибаи илмии халқҳои дигар ҷой дорад ва аз ҷумла дар ҳамин даҳсолаи охир донишномаи ҷойномҳои Санкт Петербург аз тарафи донишмандони рус мураттаб гардидааст.

Дар айни ҳол ҳанӯз ҷойномҳои береша ва тасодуфӣ, ки ба маҳзи мулоҳизаҳои сиёсӣ замоне дар ҷо-ҷои сарзамини мо рӯйи номҳои бостонӣ ва таърихиро пӯшондаанд, дигар бе ҳеч дудилагӣ бояд канор зада шаванд ва қабл аз ҳама ҳамон номҳои таърихӣ барқарор гардад ва агар номи таърихии маълум ва ё номи шоистае нест, номи нави муносиб бар ин ҷойҳо дода шавад. Имрӯз барои иҷрои ин кори муҳим ҳеч монеае вуҷуд надорад ва хушбахтона ин иқдомот амалӣ мегардад. Дар айни ҳол бояд таъкид намуд, ки дар ин иқдомҳо ҳеч гуна ситез ба фарҳангҳои дигар вуҷуд надорад, балки ҳанӯз ҳам ойини неки арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги фарҳангии ҷаҳон дар кишвари мо пос дошта мешавад.

Бино бар ин мулоҳизот, бояд ифтихори барҳаққи мо аз забони модарӣ, забони давлатӣ ҷанбаи амалӣ ва воқеӣ дошта бошад. Андешае, ки тавону қудрати забони мо танҳо ба шеъру адабиёт ихтисос дорад, аз нигоҳи мантиқӣ ва илмӣ беасос аст. Агар забони мо дар тамоми бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба авҷи қудрату шукуфоӣ намерасид, наметавонист замина ва пайкари чунон адабиёти оламшумул гардад, зеро ин адабиёт бо ин забон тамоми ҷанбаҳои зеҳниву айнии ҷомеа ва фардро таҷассум намудааст. Донистани забонҳои дигар, хусусан забонҳое, ки дар паҳнаи бузургтаре аз ҷаҳони имрӯз густариш ёфта ва воситаи муҳими ҳамкорӣ ва муошират мебошанд, як амри зарурӣ ва барои ҳама маълум аст. Аммо ҳеч забони дигар наметавонад таъминкунандаи ҳувият ва истиқлоли воқеии мо бошад. Аз тарафи дигар донистани забонҳои дигар ҳам танҳо дар сурати хубу аъло донистани забони модарии худ муяссар мегардад, ки ин як ҳақиқати ошкор аст.

Хусусан, ҳифз ва афзоиши тавоноиҳои забони давлатӣ дар бахши корҳои пажӯҳишӣ ва илмӣ имрӯз фавқулода муҳим мебошад. Имрӯз вақте, ки дар хусуси истилоҳсозӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ дар ҳамаи фанҳо чун муҳимтарин вазифа ва зарурат сухан меравад, суоле ба миён меояд, ки агар донишмандон ва муҳаққиқони мо рисолаҳо ва китобҳои илмии худро, ки воситаи унвон гирифтан ва расмият ёфтани мақоми илмӣ ва тахассусии онҳо мебошад, ба забони тоҷикӣ нанависанд, дар ҳар яке аз ин корҳои илмӣ чандин истилоҳи куҳнаву навро ба забони модарии худ ба кор набаранд, чи тавр ва дар кадом муддате ин вазифаи муҳим ва муқаддас амалӣ мегардад? Ё як ҷавоне, ки мактаби миёна ва донишгоҳро ба забони модарии худ хондааст, агар мехоҳад мутахассиси ягон бахши илм шавад, чаро натавонад ба он забоне, ки дарс хондааст ва забони расмии кишвараш аст, таҳқиқоти илмии худро бинависад? Дар ҳоле ки дар ин масъала имрӯз ҳеч навъ маҳдудият ва маҷбурияти хориҷӣ ва дохилӣ вуҷуд надорад. Чунон ки дар идомаи суханронии мазкури Райиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

«Чунон ки аз таҷрибаи гузаштаи ҷомиаи форсизабонон маълум аст, истилоҳоти илмии асрҳои миёна асосан аз забони арабӣ ё тавассути забони арабӣ ворид мешуданд, ки ин ба мақоми забони арабӣ дар он замон иртибот дошт. Аммо имрӯз, ки манбаи истилоҳоти илмӣ забонҳои аврупоист, лозим аст, ки бо дарназардошти мушаххасоти илмиву фанноварии муосир дар бахши истилоҳот аз имконоти дохилии забон, яъне аз қолабҳои суннатии калимасозии забони тоҷикӣ истифода шавад….Мо ҳеч гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд  дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархурдор мебошад.»[4]

Хушбахтона, дар як фосилаи кутоҳи замонӣ ин мавқеъ ба тадбири амалӣ пайваст, ки метавонад ба таври бесобиқа дар такомул ва рушди забони илмии тоҷикӣ мусоидат намояд ва ҳимояту дастгирии густардаи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон дар ин замина амри зарурӣ мебошад. Манзур муроҷиати дигарбораи Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ ба ин мавзӯи муҳим мебошад:

“Чанд рӯз пеш ман фармонро доир ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардам, ки тибқи он фаъолияти сохтори зикршуда аз моҳи январи соли 2015 оғоз мегардад.

Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.

Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат

мусоидат намояд.”[5]

Ин ҷо мавзӯъи дигаре ба миён меояд, ки эҳтиром ва эътимод ба худ ва ба забони модарии худ мебошад. Шояд истифода аз истилоҳот ва андешаҳои қолабии омодаи хориҷӣ ва баъзан бештар аз ин ҳам, кори хеле осонтар аз таълифи таҳқиқоти илмӣ ва асноди расмиву дигар навъ матнҳо ба забони

модарӣ ва расмии кишвари худ бошад. Аммо ин мавриде нест, ки дар хусуси осон кардани кори худ биандешем, балки масъалаи ҳифзи ҳувият ва истиқлоли маънавию фарҳангӣ мебошад, ки ин ҳақро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам барои мо қойил шудааст ва дар воқеъ ба таври ниҳоӣ ва барои ҳамеша амалӣ сохтани он вазифаи муқаддас ва пурифтихори худи мо мебошад.

Маҷаллаи “Садои Шарқ”, №10, 2014

 Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ. – Душанбе: Дониш, 1978, с.79-80.

  1. Собит Манофзода. Тоҷикон ва алифбои нав// Раҳбари дониш, 1927, №2.
  2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ. 04.10. 2012, ш.Душанбе//Масъалаҳои маориф, № 5, 2012 сентябр-октябр.
  3.  Ҳамон манбаъ.
  4. Суханронии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш//.Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 01.09.2014

АМИТ «Ховар»

 

www.ruzgor.tj

Шинохти миллат ё андарзи зиндагӣ?

Details Published on Thursday, 02 October 2014 10:29

Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои шўравӣ яке аз аввалинҳо шуда, қонун дар бораи забонро қабул карда буд, ки мувофиқи он шурўъ аз замони шўравӣ ҳар сол моҳи июл Рўзи забон таҷлил мегардид. Фарорасии даврони Истиқлолияти миллӣ бошад, тақозо намуд, ки бояд қонуни мазкур аз нав дида баромада шавад. Ҳамин тавр, Қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳам ба тасвиб расид, ки тибқи он минбаъд ҳар сол рўзи қабул гардиданаш, яъне 5-уми октябр Рўзи забони тоҷикӣ дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

 Ин чунин маънӣ дорад, ки акнун давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамчун соҳибони ин забони миллӣ оё ба қадру манзалати он мерасанд? Оё шинохти миллати мо дар рисолати забони он таҷассум ёфтааст? Оё забони адабии мо имрўз бо асолати миллиамон ҳам бархўрд мекунад? Ана, ҳамин гуна суолҳои як навъ ҷонхарош имрўз аз мо ҷавобҳои ҷиддӣ металабанд.

1. Айби худ иқрор кардан мушкил аст…

Мутаассифона, танҳо соле як маротиба дар арафаи Рўзи забон мо аз қадру қимати забони модариамон ёд мекунем ва бо ҳамин гўё онро гиромӣ доштан мехоҳем. Дигар ба худамон номаълум қариб ҳар рўз онро донис-таву надониста (албатта, маъзарат мехоҳам, барои чунин муҷаррадбаёнӣ) таҳқир мекунем. Масалан, дар барномаҳои иттилоотии ШТР «СМ-1» қариб ҳар рўз як бонуи кушодчеҳра ва равонгуфтор худро чунин муаррифӣ мекунад: «дар студия бо шумо Манижа Юсупова». Инро ҳама медонем, ки ба ҷои «Юсуфова» бе эҳсоси ягон масъулият худро «Юсупова» муаррифӣ кардани ин ровии хушсухан ва забондони яке аз расонаҳои мустақили маҳаллӣ кам андар камаш беҳурматӣ нисбат ба забон аст. Вале, ба пиндори инҷониб, дар ин маврид танҳо бо ҳукми «беҳурматӣ» иктифо кардан кам аст, балки онро рўирост метавон таҳқир номид. Зеро агар алайҳи он чун эрод суол пеш оварем, ки «наход бобо ё падари Шумо Юсуф неву Юсуп ном дошта бошанд?», ҳамоно ин ҷавоб тайёр аст: «Насаби ман дар шиноснома ҳамин тавр навишта шудааст!»

Ин ҷо, албатта, ман фақат ба як худи ҳамин Манижа не, балки ба дигар Босолиеву Шарипову Зарипову Орипову Маҳмадову Атаевҳо низ таъкид карданиам, ки барои ҳар кас, билхоса, барои зиёиёну эҷодкорон зоднома ва ё шиносномаашон оинаи савод ва фаросати худи онҳост.

Воқеан, агар дар мактаб хонандае вақти навиштани иншо ё нақли хаттӣ ба ҷои «Юсуф» иштибоҳан «Юсуп» қаламдод кунад, албатта, муаллим онро ислоҳ ва барои ба чунин хато роҳ доданаш баҳояшро як хол кам мегардонад.

Ҳоло, афсўс, аксар вақт гуноҳи чунин ғалатҳоро ба кормандони масъули мақомоти САҲШ ҳавола мекунем. Аз як ҷиҳат, шояд ин дуруст ҳам бошад, вале, ба гумони камина, ин ҷо айби асосӣ боз дар худи ҳар соҳибном аст, зеро инсони ҳақиқӣ бояд, қабл аз ҳама, худшинос бошад. Пас, айбро ба дигарон ҳавола карда, бепарво гаштан яке аз нишонҳои фориғболӣ ва беҳавсалагист.

Аз ин рў, барои ҳар кадоми мо айби худро иқрор накарда, онро ба дигарон мансуб шумурдан ҳам гуноҳест азим. Аз он вақте ки бо ибрати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тоҷикони асил рў ба ному насаби миллӣ оварданд, беш аз ҳафт сол мегузарад. Аз як ҷиҳат, айни замон, хушбахтона, зумраи калони мансабдорон ба Ҷаноби Олӣ пайравӣ намуда, ному насабашонро миллӣ карда истода бошанд ҳам, сад таассуф, ки қисме аз эҷодкорон ҳанўз зери нақораи «ФИО»-и шўравӣ рақс мекунанду худро нисбати он ғафлатзада низ намепиндоранд.

Воқеан, шояд фақат як чиз барои гузариш аз «ФИО»-и шўравӣ ба ному насаби миллӣ монеа эҷод кунад, зеро қаблан боистӣ чунин тағйир ба зоднома ворид карда шавад, ки барои иҷрои он пардохти миқдори муайяни боҷи давлатӣ талаб карда мешавад. Дар ин бобат хуб мешуд, агар мақомоти дахлдор тадбир андешанд.

Бо вуҷуди ин, бо чунин суръати шабеҳ ба роҳравиҳои сангпушт аз ҷониби зумраи соҳибони забони модарӣ мо кай аз банди «ов»-у «ев»-ҳои насабсози бегона худро раҳо мекарда бошем?

2. Чаро ба ҷои «Осиё» ғофилона «Азия» мегўем?

Солҳои тўлонист, ки телевизион, яъне симои маҳаллии ба истилоҳ «Азия» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад ва ҳоло яке аз расонаҳои писандида низ ба ҳисоб меравад.

То ҷое ки медонем, он бо ибтикори соҳибкори номдори хуҷандӣ Абдураҳим Исмоилов таъсис гардида, аз ибтидо чунин ном гузошта буданд. Вале, рисолати ин иқдом чист, ҳанўз барои мо маълум нест.

Шояд дар ибтидо бо забони русӣ низ барнома пахш карда бошанд, вале ҳоло ҳамаи барномаҳои ин симо бо забони тоҷикӣ ва хеле тоҷикона ҳам буда (масалан, барномаи нави «Фараҳ», ки ба тозагӣ пахш мешавад), ифтихори миллати тоҷик шуда метавонанд, вале… Воқеан, ин симо пас аз чанд соли ШТР «СМ-1» арзи ҳастӣ карда буд.

Боре, рўзи таҷлили яке аз ҷашнҳои телевизиони вилоят камина ба сарвари имрўзаи он суол карда будам, ки номи ин симо кай ислоҳ мешавад? Ў бо табассум ҷавоб дода буд, ки «бигузор, ин ном чун нишонае аз дўстии интернатсионалии замони шўравӣ боқӣ монад». Оё ҳамин «дўстии интернатсионалӣ» набуд, ки метавон иқрор кард, моро аз асолати миллиамон натанҳо солҳо, балки як қарн ҳам дуртар андохта, бо гузаштагонамон бегона гардонд.

Агар бо забони нобу шевои тоҷикона номи ин симои мустақили воқеан арзандаро «Осиё» гўем, ягон рукни «дўстии интернатсоналӣ» коҳиш меёбад? Ҳол он ки симои мазкур бо забони русӣ ва ё дигар забонҳои ғайритоҷикӣ ягон барномаи ҷолиб надорад.

Гузашта аз ин, ҷиҳати фарқият аз ин симо дар шабакаҳои якуми телевизиони Тоҷикистон ва ба ҳамин монанд дар телевизиони вилояти Суғд ҳам барномаҳои ҷолибе ҳастанд, ки бо забони русӣ пахш гардида, мухлисони зиёди хешро доранд, вале ягон бор на дидаву на шунидаем, ки муаллифони онҳо маҳз ба хотири «дўстии интернатсионалӣ» номи симои хешро чун «ТВ Таджикистан» ё ки «ТВ Согд» муаррифӣ карда бошанд.

Аслан, инҷониб хуб дарк менамоям, ки бо вуҷуди чунин як андоза дағалона ҳам гуфтан метавон, эродгириҳо гумон аст, ки маъмурияти имрўзаи симои номбурда ё беэътиборона ё ақаллан ба он андак эътибор зоҳир кунанд ҳам, шояд бо баҳонаи он ки барои ивази номи расмӣ як миқдор маблағ сарф кардан лозим меояд, унвони симояшонро ҳамин тавр боз бетағйир боқӣ мегузоранд. Инро, албатта, ҳавола мекунем ба виҷдони тоҷиконаи худи онҳо.

Фақат як чиз моро андак озурда месозад, ки ин масъалаи тарбияи насли наврас аст. Магар мо барои онҳое, ки забони адабии тоҷикиро нав меомўзанд, ба ҷои вожаи тоҷиконаи «Осиё» ҳар рўзу ҳар соат истилоҳи сохтаву бегонаи «Азия»-ро талқин накарда истодаем?!

3. Саргардониҳои ҳуруфи «Ў» ва «ӣ» то ба кай?

Баъди он ки бо талқини як гурўҳ забоншиносон нисбат ба ҳарфу садоноки мустақили «Ў» ва ҳарфи хеле ҳам қиматбаланди «ӣ» (яъне, ба истилоҳ «и»-и дароз ё ки «и»-и заданок) мавқеи ин ду ҳарф ва садонок дар забони мо андаке коҳид, ба гурўҳи чаласаводон гўё ки имкониятҳои хеле фаровон пеш омад. Ҳоло қариб дар ҳама ҷо намояндагони ҳамон қавме, ки садоноки, ба қавли профессор Абдуҷамол Ҳасанов, саргардони «ў»-ро талаффуз карда наметавонанд, онро «у» навиштан мегиранд, ки дар раванди таълими насли наврас таъсири манфӣ дорад. Вақте гўё асосҳои илмро пеш оварда, ба воситаи мақомоти расмӣ маҷбур карданд, ки дар як идда калимоти аз забони арабӣ қабулшуда пеш аз ҳарфҳои «ҳ» ва «ъ» ба ҷои «ў» ҳатман бояд «у» навишта шавад, як чизи хеле оддиро ба ҳисоб нагирифтанд: магар барои чопи китобҳои дарсии теъдодашон хеле зиёд, ки бе назардошти чунин як таҳаввули навбаромад аз нашр баромадаанд, маблағи кам сарф шудааст? Гузашта аз ин, зиёни маънавии ба насли наврас зарбазанандаро кӣ бояд ба эътибор гирад?

Дар бораи истифодаи аксаран ноҷояи ҳарфи сифатсози «ӣ» ва онро махлут гардонидан бо «и»-и оддӣ низ на як бору ду бор олимони асили забоншинос масъалагузориҳо кардаанд. Хосатан, мақолаи хеле маъруфи ҳанўз замони шўравӣ навишта ва дар китоби маъруфи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-и устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ нашргардидаро, метавон гуфт, ягон пажўҳиши дигар иваз карда наметавонад.

Дар чунин маврид аз таҷриба мисоле оварда метавонам. Чанде пеш як нафар устоди мактаби олӣ барои таҳрир мақолае манзур кард, ки бо чунин ҷумла оғоз мешуд: «Дар давраи ҳисоботӣ ман корҳои зеринро анҷом додам»… Аз ҳамин ҷумла таъбири «давраи ҳисоботӣ»-ро ба «даври ҳисобот» тағйир додем, ки метавон гуфт, он як андоза равону саҳеҳ ҳам гардид. Албатта, чунин мисолҳо зиёданд, вале мо ин ҷо бо ҳамин иктифо мекунем.

Воқеан, фасоҳату балоғати забон ба ақлу тамизи соҳибони он сахт вобастагӣ ва, гузашта аз он, пайвастагӣ ҳам дорад.

Аз ин рў, барои он ки забонамон тозаву равон, фаҳмо ва салис ҳам бошад, қабл аз ҳама, худи ҳар фарди тоҷик масъулият ҳис кунад. Бешак, шоири абадзинда Лоиқ фармуда буд:

Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ў забони модарӣ гум кардааст.

Абдулмаҷиди БОБОҶОНИЁН, собиқадори матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

hakikati-sugd.tj


Смотрите также