Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Пўшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.
Аммо барои як инсони одӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Бояд гуфт, ки мутахассисон дар ин масъала андешаи ягона надоранд. То ҳол таърифи аз тарафи олимон ва таҳлилгарон қабулшудае мавҷуд нест. Ҳар соҳибназар, таҳлилгари касбӣ нисбат ба ин падидаҳо андешаҳои мухталиф дорад.
Вале дар соҳаи омўзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм, шинохти он ҳамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ тадқиқоти ҷиддие ҳанӯз анҷом наёфтаанд. Олимон, соҳибназарону таҳлилгароне, ки ба омўзиши ин се падидаи манфӣ даст ба кор зада бошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нестанд.
Шароит имрўз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи ҳаёту мамот қабул намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хўрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеии он ва ба мубориза бо он таваҷҷуҳи бештаре намоем.
Дар луғат калимаи «ифрот» (арабӣ) аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст». «Ифрот» ба маънои аз ҳаду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад.
Ибораи «ифрот кардан» низ маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст.
Агар шабеҳаи як шахси ифротгароро тасвир карданӣ бошем, пас, ин шабеҳа чунин аст. Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё дар тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Инсоне дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронад, дигаре дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунад. Дар ин маврид амали дуи онҳо ба маънои луғавии «ифрот» мувофиқат мекунад.
«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад.
Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.
Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад.
Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.
Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.
Ифротгароӣ, тундравии динӣ ва даҳшатафкании динӣ нишонаҳои асосии гурўҳҳои ифротгарои динӣ мебошанд.
Маъмулан имрўз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегўянд. Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест.
Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рўҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ў ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.
Агар симои як ифротгароро тасвир карданӣшавем, пас, надоштани саводи комили динӣ ва таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, эътирофи танҳо фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи хурдагирона ба рангу шакли либос, дарозиву кўтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хўрок, маҳдудсозии нақши занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳанд буд.
Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегўяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣҳукм бароварда, онҳоро зуд ба унвонҳои «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат мекунад, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад.
Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман нисбат ба низоми давлатӣ эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, дар муқобили онҳо қарор мегирад.
Ба фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, рўҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ дорад.
Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дўстону ҳамкорон, устодон мисли ў ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зўроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад.
Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, ки гӯё фақат фаҳмишу амали ў дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот ҳама «фосид», уламо ҳама «бидъаткор», дигарандешон ҳама «кофир» мағозаю ошхонаҳо хама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нўшобаву шоколадҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурўғ» мебошанд. Бо мурур ў аз ҷомеа ҷудо шуда, ба инзивои равонӣ гирифтор мешавад ва тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зўровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва барои инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил мешавад.
Бояд зикр кард, ки ифротгароии динӣ ва гўруҳҳои ифротгарои динӣ айни як чиз нестанд. Гурӯҳҳои ифротгарои динӣҷиддитар аз ифротгароии диниянд. Ин ташкилот аст. Ташкилотест, ки дар он шахсони дорои фаҳмиши тангу сахтгиронаи динӣ, барои ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳо ва расидан ба мақсадҳои ифротгароёнаашон ба ҳам меоянд. Гурӯҳҳои ифротгароии динӣ як шакли фаъолияти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ифротгароёни динӣ буда, аз тарафи ягон марказ ё саркардаҳои гурӯҳ барномарезӣ ва идора мешаванд.
Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Ин ҷо масъала аллакай ранги дигар мегирад. Ин ҷо ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як тўфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Як тасаввур кунед, ҳазорон инсонҳои ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сўзанда ва вайронкор табдил мегарданд.
Барои ба як қувваи муташаккили қудратманд табдил ёфтани ифротгароён се унсури муҳим-идея, ташкилот ва силоҳу имконот роли ҳалкунанда доранд.
Киҳо ба гурўҳҳои ифротгароии динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.
Гурўҳҳои ифротии динӣ содиқ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Онҳо ҳамаи ин давлатҳоро маҷбуран ишғол карда, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба хилофати ягонаи худ тобеъ намуданианд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби «хилофат»-и худ маҳв намуданианд. «Ҳизби таҳрири исломӣ», «ДОИШ» ба таври расмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамоянд. Ҳамчун як давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.
Гурӯҳҳои ифротгароёни динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб машғул набуда, нияти бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд.
Дар ниҳояти кор боз ҳамон давлатҳои сарватманду қудратманд ин гурӯҳҳои ифротгароро сохта ва сармоягузорӣ кардаанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва дар ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост. Метавон гуфт, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ буда, ба истиқлолияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад.
Дар раванди мубориза бо ДОИШ фаромўш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрўз дар сафҳои он меҷанганд, таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бармегарданд. Ин шаҳрвандони гумроҳ барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣҳастанд. Ин хатар аз чӣ иборат аст? Ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, мағзшӯӣ шудаанд, идеяҳои ин гурўҳи террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣҳамин идеяҳоро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дўстони худ талқин намоянд. Ин ташвиқу тарғибест, ки ДОИШ барои ҷалби ҷиҳодиёни нав ба кор мебарад. Харчанд ДОИШ зери ниқоби ислом баромад кунад ҳам, ин гурўҳи террористӣ ба ислом ҳеҷ умумият надорад.
Дар лафзи лотинӣ террор (terror) маънои «тарс», «воҳима» ва «даҳшат»-ро дорад. Террористон бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм мақсаду мароми худро амалӣ карданӣ мешаванд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Бо роҳи ғайриқонунии зўрию даҳшатафканӣ тарсондан ва пахш кардани рақибони сиёсӣ терроризм аст. Маҳз созмонҳои экстремистӣ бавуҷудоварандаи терроризманд. Аз ҳама бештар ҳаракату созмонҳои ифротгаро барои ба даст овардани мақсадҳою ҳадафҳои сиёсии худ аз амалҳои террористӣ истифода мекунанд. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зўроварӣ ва қатлу куштор рў овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад. Гурӯҳҳои террористии ал-Қоида, ДОИШ, Ҳизби Таҳрир, Бародарони Мусулмон, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Равияи Салафия, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвону-л-муслимин, Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ номгўи нопурраи ҳаракатҳои террористӣ мебошанд.
Аз амалҳои террористон бештар одамони бегуноҳқурбон мешаванд. Инро мо дар мисоли амалҳои террористии ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав дар Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, ИМА, Африкаи Шимолӣ мушоҳида намудаем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуд, ки: «терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».
Имрўз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст.
Дар қонунгузориҳои кишварҳои гуногун ба симои терроризм шаклан фарқкунанда, вале моҳиятан якхела ва дуруст баҳо додаанд: дар қонуни ҷиноии Фаронса амали террористиро амале медонанд, ки ба василаи он низоми умумӣ халалдор мегардад. Дар қонуни ҷазои Португалия терроризмро таҳдид ба манфиатҳои миллӣ, тағйир ё нобуд кардани ниҳодҳои давлатӣ мешуморанд. Ҳамин гуна таърифи терроризм, ки онро харобкорӣ дар низоми ҳукумат медонанд, дар қонуни ҷазои Италия низ ҷой дорад. Соли 2000 дар Англия қонуни мубориза бар зидди терроризм қабул гардид, ки миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтарин қонуни мубориза бар зидди терроризм ба ҳисоб меравад. Терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил ба яке аз асоситарин хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарноктарин таҳдид ба муқобили сулҳ, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва суботи ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омўзиш қарор гиранд. Бидуни омўзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.
Имрўз терроризм қудрати ҷанги идеологию иттиолотиро дорад ва азми ба даст овардани аслиҳаи биологӣ, кимиёӣ ва ҳастаиро пайгирӣ мекунад. Аз ин рў мубориза бо терроризми байналмилалӣ кори осону саҳл нест. Амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико исбот намуд, ки ягон кишвари дунё аз хатари террористӣ эмин нест. Таърихи терроризм ба таърихи сиёсии башарият ҳамсол аст. Террористон барои ба даст овардани қудрат, амалӣ гардонидани ғаразҳои худ аз гурӯҳҳои сиёсӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ истифода мекунанд.
Терроризми қадим бо воситаҳои сода, бо хушунат ва вайронкорӣ барои ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт, терроризми имрўз аз воситаҳои бисёр пешрафта истифода мекунад ва ташкили амалҳо хеле печ дар печ аст. Дар қадим террористон ба худкушӣ (худро тарконидан) хеле кам даст мезаданд. Имрўзҳо террористон ғолибан худкушанд. Фарогирии ҷуғрофии терроризми қадим маҳдуд буд, ҳоло террористон дар сатҳи ҷаҳонӣ амал менамоянд. Гурӯҳи террористии «Алқоида» дар Олмон, Фаронса, Бритониё, Ҳолланд, Белгия, Испания, Алҷазоир Судон, Марокаш, Тунис, Либия, Нигерия, Кения, Яман, Ироқ, Сурия, Урдун, Туркия, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Малайзия, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш, Покистон ва дар беш аз 61 давлати дунё ниҳодҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ дорад.
Дар таърихи 3500-солаи башар ҳамагӣ 250 сол одамон бе ҷанг дар шароити суботи ҷамъиятӣ ба сар бурдаанд. Шурўъ аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид то имрўз 150 ҷанг рух додааст. Аз соли 1945 то соли 1985 бе назардошти қурбониёни бомбаборони Нагасаки ва Хиросима 23 миллион нафар дар 135 ҷанг кушта ва 12 миллион бе сарпаноҳ монданд. Фаъолияти террористон ба як ё якчанд давлат маҳдуд нагардида, қудрати осебрасонии онҳо хеле паҳновар ва ҷаҳонӣ аст.
Шохаи аврупоии «Алқоида» дар шабакаҳои иҷтимоӣ 27 сомонаи интернетӣ дорад. ки ба воситаи онҳо ташвиқу тарғибро ба роҳ монда, дар миёни шаҳрвандон даҳшату тарс паҳн менамоянд.
Дар таърих боре ҳам нашудааст, ки террористон худро террорист хонда бошанд. Барои асоснок намудани амалҳои худ онҳо далелҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ эҷод менамоянд. Терроризм аз хушунат, таҳдид ва даҳшатафканӣ иборат аст. Бархе аз сарони кишварҳо низ ба терроризм таъриф додаанд.
Нетаняҳу, нахуствазири Исроил терроризмро ҳамлаи омодашуда ва низомӣ барои эҷоди тарс бар зидди шаҳрвандон ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ номидааст. Терроризм сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад. Терроризм як бемории иҷтимоӣ аст. Террористон мекӯшанд, то фазои беамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита бовари мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад. Терроризм ҷиноят аст.
Мутахассисин терроризмро ба намудҳои гуногун тақсим мекунанд. Ба монанди терроризми давлатӣ, терроризми фаромиллӣ, терроризми маҳаллӣ, терроризми фардӣ, нашъатерроризм, терроризми мазҳабӣ, терроризми иттилоотӣ ва терроризми фарҳангӣ.
Дар ҳар сурат терроризм падидаи манфӣ, ҷиноят ва бар зарари ҷомеа, давлату шаҳрвандон буда, суботи кишварҳоро халалдор месозад. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.
Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат, ҳар як давлат арзишҳои умумимиллию умумдавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барўманди он аз як гиребон сар мебароранд.
Мо, тоҷикистониён бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирию кӯлобӣ, ғармию қурғонӣ набинем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишҳою манфиатҳои дигар болою воло бошад.
Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем-ҷамъияти имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ, ҷамъияти босубот- имкони таъмини ҳамаи инро дорем.
Аммо дар он вақт мо бо он таъмин мегардем, ки якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, оқилона ва бомулоҳизаю созанда баҳс намоем. Демократия эътимоди миёни шаҳрвандонро талаб дорад. Агар мухолифини сиёсӣ эҳсоси ватандўстӣ надошта бошанд, агар хоҳиши мадоро (муросо) надошта бошанд, демократия зери хатар мемонад. Барои сиёсати беҳтар ва пешрафти зиёдтар вақт омили муҳим аст.
Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»
www.ruzgor.tj
Мавқеи Тоҷикистон
дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм
Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрўза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омилҳо ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид намудааст.
Ба ин муносибат зарурати ёдрас шудани суханони ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мағз андар мағзи ҳар фарди худогоҳ ҷой гирифта, ба кору пайкор ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ даъват мекунанд, эҳсос мегардад: «…На теғи Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи хунрезии Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, наманораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдодоони моро шикаста натавонист».
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳо баланд додаанд.Аз ҷумла, Сарвари Ассамблеяи байни парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кратов зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 баргузор гардида буд, қайд кард, ки «…Сулҳи бадастовардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Умуман дар тўли панҷоҳ соли охир он назири худро надорад. Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои амалро мебинем…».
Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.
Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дарвоқеъ, сўйистифода аз арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.
Вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Сарвари кишвар чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.
Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рўбарў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистоне мебинем.
Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва эктсремизм бояд номгўи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад.
Яке аз воситаҳои ба гурўҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба психологияи онҳо таъсир расонидани ин гурўҳҳо мебошад.
Аз ин рў, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок ирсол созанд.
Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар аз сатҳи Тоҷикистон ва аз сатҳи минтақа пайдо кардааст.
Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам.
Ин аст, ки имрўз Тоҷикистон ва марзи давлатии Тоҷикистон хатти пеши сангари ҷаҳони мубориза бар зидди ифротгароию экстремизму терроризм, хатти муқаддами ҷабҳаи муборизаи байни амнияту нооромӣ ва рўшанию торикӣ гаштааст. Зеро агар ифротгароӣ аз ин марз гузарад, аз ин ҷо то умқи қаламрави Русия дар баробари он дигар марзи устуворе нахоҳад буд, чунки агар буҳрону бесуботӣ вориди ин ҳавза шавад, аз ин ҷо то саросари Осиёи Марказӣ ва то марзи Чину дохили Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.
Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, қудратҳое чун Русия ва Чин, давлатҳои узви СҲШ, САҲА, кишварҳои ИДМ ва ғайра бояд ин марзи имрўзаи Тоҷикистон ва ин нақши таъйинкунандаи муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароию терроризмро дарёбанд.
Албатта, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин падида дастгир намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васетар аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрўз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.
Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Омўзгори фанни таърих
ва ҳуқуқи литсейи №55-и
ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе
Ҳасанов Дилшод
facebook.comorien.info
Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рўбарў омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Мардуми тоҷик дар шахси намояндагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандўст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамин рўзҳои охири тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст.
Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дўши худ гирифта буд, аз аввалин рўзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеамонро бо роҳӣ зўрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».
Барқарор гаштани сулҳ дар мамлакат нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро сухан бо амал тавъам аст. Зеро ҳамватанон дар хотир доранд, ки ў дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми мамлакат, аз ҷумла, гуфта буд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муққадас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва ба Ҳукумати мамлакат имконият пеш омад, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун бунёдгузор ва роҳбари сиёсати хориҷию дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои умдаи стратегӣ бо Федератсияи Россия ва муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо густаришу тавсеаи равобит бо дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамият дода, барои ҳамаи кишварҳое, ки моил ҳастанд, бо давлати мо муносибатҳои судманду хайрхоҳона дошта бошанд, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон намуд.
Имрўз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, тақрибан бо 130 мамлакати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар саргаҳи пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони имрўз шахсияти муҳташами Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин пайванд буд, ки номи тоҷик ва забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод, ливои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи бонуфузтарин созмонҳои дунё партавафшонӣ кард. Ба шарофати ҳамин пайванд аст, ки имрўз ҳамкориҳои пайванд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса пайдо намуда, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ гардид.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва имрўз ба сўйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба намояндагӣ аз он ниҳоду созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар шахси Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори адолатпарвару ҳақиқатхоҳ, соҳибназару дурбини сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускор ва роҳбари некбину созандаро шинохта, аз рўзҳои нахустини фаъолият дар бунёди ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистон дасти ёрӣ ва мусоидат ба ў дароз намуданд.
Баробари шинохти сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониёнро баромадҳои пурмуҳтаво ва пурифтихор аз миллату давлати хеш ба ҳайрат мегузорад. Маҳз кору фаъолияти заҳматовари ў буд, ки тоҷику тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи тоҷик шинохт ва эътироф намуданд.
Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза алайҳи хатари паҳншавии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ авлавият пайдо кардааст. Ширкат дар конфронси сиёсии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири имзои конвенсияи СММ алайҳи ҷинояткориҳои муташаккили байналмилалӣ, ки моҳи декабри соли 2000 дар Италия баргузор гардид, аз мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии он дар роҳи мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти зўровариву қонуншиканӣ ва амалҳои зидди ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодат медиҳад.
Дар як вақт дар шаҳри Душанбе пазироӣ намудани иштирокчиёни ҳамоишҳои сарони давлатҳои узви се созмони қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СААД дар таърихи 5-6 октябри соли 2007, баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва мулоқоти чаҳорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Россия дар таърихи 30 июли соли 2009, симпозиуми байналмилалии «Таълимоти Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо» дар санаи 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, иҷлосияи 37-умин Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар таърихи 18-20 майи соли 2010, конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди натиҷагирӣ аз нимаи якуми 10-солаи Амалиёти ҷаҳонии «Об барои ҳаёт» ва баррасии нақшаҳо барои панҷсолаи дувумии он дар таърихи 8-9 июни соли 2010 бо ширкати намояндагони воломақом аз 70 кишвари дунё, 65 созмони минтақавии байналмилалӣ ва ҳамчунин, ҳамасола баргузории конфронсу семинар ва симпозиумҳои сершумори дигар далели барҷастаи иртифоъи мақому эътибори Тоҷикистон таҳти раҳбарии ҳакимонаи Сарвари соҳибтадбиру ташаббускори он дар доираҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир мебошад.
Яке аз муҳимтарин таҳавуллоти фарҳангию сиёсии замони муосир руҷуъ ба маънавият ва инсонгароӣ дар умури давлатдорӣ аст, ки дар ҷараёни рушди худ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии инсоният, дар танзими одилонаи таносуби қавму миллатҳо ва эътиқодоту мафкураи онҳо нақши бузурге хоҳад гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумлаи ин сиёсатмадорони фарҳангсолор дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст, дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати хеш шинохта, бузургдошти инсон, одамият ва маънавиятро меҳвари аслии давлатдории худ қарор додааст.
Ҳалқу миллати тоҷикро Худованд назари нек кардааст, зеро ин таъриху фарҳанг, ин миллати куҳанбунёд, воқеан, ниёзманди хамин гуна Сарвару Пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамоӣ созад. Ва имрўз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллати худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кўҳистони моро ба Боми ҷаҳон мубаддал, ба тоҷикон - ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ, муҳаббат ба арзу буми бобоиро ато намуд. Зиҳӣ, Пешвои миллат, зиҳӣ- фарзанди сазовори миллати тоҷик!
Раҳмонзода Азимҷон, аспирант
dmt.tj
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он “Терроризми байналмилалӣ” мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.
Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст.
Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои оли буда, ба меъёрҳои байналмилали мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлати ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористи ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд.
Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.
Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайрави намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.
Мадина БОБОҶОНОВА, аспиранти соли дуюмиДонишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров
hakikati-sugd.tj
Реферат на тему:
Последствия взрыва возле посольства США в Найроби
Исламистский терроризм — тактика насильственных расправ с оппонентами, находящая себе идеологическое обоснование и оправдание в трактовках мусульманского вероучения как направленная на защиту исламского мира против агрессии и влияния немусульманских стран и идеологий, в особенности Западного мира. В настоящее время — наиболее распространённая по числу проявлений форма терроризма.[1] Обычно используется радикальными, экстремистскими исламскими организациями, членов таких организаций и называют исламистами или боевиками-исламистами. Нередко сочетается с этнонационалистическим терроризмом.[2][неавторитетный источник? 249 дней]
Для оправдания этой тактики обычно используются расплывчатые ссылки на предписанную правоверным обязанность вести джихад, хотя многими мусульманскими богословами ставится под сомнение трактовка этой обязанности как надобности в физических расправах.
Часто употребляемый термин исламский терроризм считается неполиткорректным, так как подразумевает связь терроризма и всего ислама в целом, что большинством мусульман воспринимается отрицательно.
Мы говорим об исламизме как о политической практике и разделяем ислам как религию и радикальный ислам как политическую идеологию, которая апеллирует к религии, базируется на каких-то религиозных догматах, но является политической идеологией, а не религией.
— Владимир Каинский. Кавказ: «перезагрузка терроризма». Историк Сергей Маркедонов
По мнению некоторых политиков, термин исламский терроризм не является научным, так, например, Александр Торшин — вице-спикер Совета Федерации России, считает, что исламского терроризма не существует[3].
Также ряд исламских философов и богословов высказываются о невозможности существования «исламистского терроризма», так это противоречит самому исламу, а следовательно сам термин является ложным и неправильным. Известный турецкий писатель Аднан Октар (Харун Яхья) написал книгу «Ислам проклинает терроризм»[4].
Ряд политологов полагает, что исламский терроризм зародился на Ближнем и Среднем Востоке после окончания Первой мировой войны.
Доктор философских наук Игорь Добаев и кандидат социологических наук Вера Немчина в книге «Новый терроризм в мире и на Юге России: сущность, эволюция, опыт противодействия» считают важнейшими предпосылками возникновения исламского терроризма:[5]
Организация «Братья-мусульмане», созданная в 1928—1929 гг. в Египте, организовывала теракты против британских колониальных властей в зоне Суэцкого канала[5].
Исламистский терроризм является одним из вариантов религиозного терроризма[6]. Его характерной чертой является оправдание убийства мирных жителей, включая женщин и детей, поскольку они рассматриваются как составная часть вражеской системы — финансируют армию налогами и «своим молчанием и одобрением»[7], являются потенциальными солдатами[8].
Профессор Дамаскского университета Садик Аль-Азм полагает, что исламизм вводится в практику через «возрождение понятия исламского джихада (священной войны) в его самых сильных формах», а терроризм является неотъемлемой чертой исламизма — как способ наносить врагу максимальный урон без учёта любых долговременных последствий даже для самого ислама[9].
Французский политолог Тьерри Вольтон отмечает, что исламистский терроризм не представляет собой единой структуры с общим управлением. Отдельные группы существуют автономно и не связаны друг с другом. Он считает, что сокращению террористической угрозы может способствовать демократизация арабо-мусульманского региона[10].
Красным выделены страны, подвергавшиеся атакам исламистских террористов начиная с 11 сентября 2001 г. включительно
Центральное разведывательное управление США полагает, что абсолютное большинство террористических организаций в мире имеют отношение к исламизму. Так, по данным ЦРУ в 2004 году из 80 международных террористических организаций 72 представляли воинствующий ислам. В том году они совершили 651 теракт, в которых погибло 1907 человек.[1]
Организаторы современного исламистского терроризма начали активно использовать женщин в качестве террористок-смертниц, так как те легче поддаются манипулированию в силу своей большей по сравнению с мужчинами уязвимостью[11][12][13][14]. К тому же женщины вызывают меньше подозрения чем мужчины, и поэтому им легче проникать в запланированные для осуществления терактов места[15].
Обычной практикой является принуждение женщин-мусульманок, обвинённых во внебрачных связях, к совершению терактов-самоубийств как единственного способа избежать жестокого наказания и не допустить публичного позора для всей её семьи[16][17]. С этой целью также используется и намеренное изнасилование намеченных кандидаток с целью исключить для них возможность отказа от задания под угрозой обнародования факта «обесчещения»[18].
Некоторые из женщин, живущих в мусульманских семьях, соглашаются на теракт-самоубийство, чтобы освободиться от невыносимых условий жизни в семье, поскольку возможность развода для них практически исключена[19].
Организации, признанные рядом стран террористическими:
Руины Всемирного торгового центра после атаки Аль-Каиды
Песня In the Name of God из альбома Attero Dominatus группы Sabaton направлена против исламистского терроризма.
wreferat.baza-referat.ru
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустаъқили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфт.
Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Аз ҷумла экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:
• сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ; моддӣ; идеологӣ; хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ ва монанди инҳо.
Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад. таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.
Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти созмонҳои экстремистӣ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз чандин нафар барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои экстремистӣ боздошт шудаанд.
Таҳлилҳо сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.
Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд.
Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд менамоянд.
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.
Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. ба монанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, Китобхонаи миллӣ бо таҷхизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.
Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Илова бар ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, аксари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун пош мехӯранд, ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.
Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.
Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:
- ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба даст овардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон;
- ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;
-ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди сотсиаликунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;
- баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ;
- ба ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон;
- баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;
- таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;
- баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳамин тариқ, стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад.
Сохтори давлатӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, системаи амалкунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад.
Н.Якубова,М.Исмоилова
hakikati-sugd.tj