Имкониятҳои системаи оператсионии WINDOWS. Системаи оператсионии windows реферат


Имкониятҳои системаи оператсионии WINDOWS | MAKTAB.TJ:

Системаи оператсионии графикии Windows барои компютерҳои ҳозиразамони IBM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад. Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд. Windows то имрӯз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Ҳар як варианти

баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳанд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештараи Windowsро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд. Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS-программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз командаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа ба воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад. Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз рӯйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.

Аз тарафи дигар, ҳар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо ба ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест. Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин ҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, системаи оператсионии Windows: • Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд. • Таъминоти программавии базавӣ ба шумор меравад, ки дар асоси он таҳриргарони матнӣ (масалан, Microsoft Word), таблитсаҳои электронӣ (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотҳо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программаҳои амалӣ кор мекунанд. • Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсияро ба ӯҳдаи худ мегирад. • Программаҳои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии худи система, программаҳои он, файлҳо, каталогҳо ва дискҳоро месанҷанд ва ба онҳо хизмат мерасонанд.

ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифодабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед – Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пӯшида шавад – Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурӯъ менамояд.

Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол – Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо ама лиёт гузаронида шаванд. Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомӯш карда шавад. Асосан ду тарзи анҷомдиҳии кори система ва хомӯшгардонии компютер ҷой дорад:

1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан; 2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.

Microsoft WINDOWS Завершение работы Windows (Анҷоми кори Windows ) Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомӯш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад: Теперь питание компьютера можно отключить (Акнун компютерро хомӯш кардан мумкин аст). Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомӯш кардан мумкин аст. Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд. Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ менамояд. Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.

www.maktab.tj

Системаи оператсионии Windows

Инсон ҳамеша ба сабабҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. Дар замонҳои қадим одам дар ҳисобкуниҳо аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Чӯбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сурохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайра намунаи ихтирооти ҳамон давраҳо ба ҳисоб меравандСарсуханИнсон ҳамеша ба сабабҳои ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. Дар замонҳои қадим одам дар ҳисобкуниҳо аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Чӯбчаҳои нишонадор, тасмаҳои сурохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайра намунаи ихтирооти ҳамон давраҳо ба ҳисоб мераванд. Дар пайдоиш ва барқароршавии техникаи ҳисоббарор ҷаҳиши асосӣ дар қарнҳои XVII-XVIII гузошта шудааст. Миошинҳои аввалини арифметикӣ ба маҳсули афкори олимони ин асрҳо мансуб дода мешаванд. Гарчанде он таҷҳизотҳо дар ихтирои компютер ҳамчун замина саҳми беандоза бузург гузошта бошанд ҳам, вале ягонтои он хосияти асосии компютер – ба таври автоматӣ иҷро кардани амалҳоро надошт. Компютери аввалин дар нимаи дуюми асри XX дар ИМА сохта шудааст, ки дарозии он зиёда аз 30 метр ва вазнаш 30 тонна буд. Дар даврони мо компютерҳое сохта шудаанд, ки онҳо озодона дар кафи дасти инсон меғунҷанд, вале зудкорӣ ва маҳсулнокиашон аз компютери аввалин чандин маротиба зиёдтар аст.Системаи оператсионии WindowsИмкониятҳои WindowsСистемаи оператсионии Windows системаи графикӣ буда, барои компютерҳои IBM PC системаи стандартӣ ба хисоб меравад. Калимаи Windows ( Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд.Windows то имрӯз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Вариантҳои Windows 3.1 ва Windows 3.11-ро қабатҳои оператсионии графикӣ ном мебаранд. Чаро ин программаҳоро на системаҳои оператсионӣ, балки кабатҳои программавӣ мегӯянд? Барои он ки пеш аз омодаи кор гаштани онҳо, бояд системаи оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ намояд ва баъд онҳоро ин система ба хотира ҷеғ занад.Вариантҳои баъдинаи Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows XP, Windows me бошад, системаи оператсионии графикии мустақил ба ҳисоб мераванд, чунки ҳангоми компютерро ба қувваи барқ пайваст намудан, онҳо ба кор оғоз менамоянд. Ҳар як варианти баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештари Windows-ро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд.Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро азёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS – программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз камандаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа бо воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешавад. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS –программа аз сифр сар карда шавад.Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз руйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.Аз тарафи дигар, ҳар як Windows –программа дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо бар ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест.Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар инҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.Файлҳо ва папкаҳоБо мафҳумҳои файлҳо ва каталогҳо мо аз системаи оператсионии MS DOS шинос ҳастем. Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки файлҳо ва каталогҳо дар дискҳо ҷойгир карда мешаванд. Мафҳумҳои файл ва каталогро дар системаи Windows бештар ҳуҷҷат ва папка ном мебаранд. Аниқтараш, бо ҳуҷҷатҳо файлҳои матнӣ, графикӣ, мусиқӣ, садоӣ, тасвири видеоӣ ва ба инҳо монанд дохил мешаванд. Ин гуна файлҳо бо ёрии программаҳое сохта мешаванд, ки онҳоро программа-таҳриргарҳо меноманд. Масалан, ҳуҷҷатҳои матнӣ бо ёрии таҳриргарҳои матнӣ (ба мисли Лексикон, Microsoft Word) сохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои графикӣ бошанд, бо ёрии таҳриргарони графикӣ (масалан, Paint) сохта мешаванд. Файлҳое, ки матни программаҳоро дар бар гирифтаанд, файлҳои программавӣ ё худ программа номида мешаванд. Ин гуна файлҳо одатан бо ёрии ягон забони алгоритмӣ сохта мешаванд. Ба ғайр аз ин, боз файлҳое мавҷуданд, ки онҳо ахбороти махсусро дар бар мегиранд. Масалан, файлҳои ҳуруфӣ номидашаванда, ягон намуд ҳуруфро дар бар мегиранд.Тарзи нигоҳдории файлҳоро дар дискҳои компютер системаи файлӣ мегӯянд. Файҳо одатан дар дохили ягон папка нигоҳ дошта мешавад. Папка дар навбати худ метавонад объекти ягон папкаи дигар бошад ё дигар папкаро дар бар гирифта бошад. Тарзи ҷойгиршавии папкаҳоро дар дохили ҳамдигар иерархияи папкаҳо мегӯянд. Сохтори иерархии нигоҳдороии файлу папкаҳоро дар дискҳо бошанд, сохтори файлӣ ном мебаранд. Ба мисли MS DOS дар Windows низ воситаҳои пуриқтидори идоракунии сохтори файлӣ мавҷуд аст. Амалиёти асосие, ки бо сохтори файлӣ мегузаронанд, инҳоянд:1) Азназаргузаронии (навигатсия) сохтори файлӣ;2) Бакордарории программаҳо ва кушодани ҳуҷҷатҳо;3) Сохтани папкаҳо;4) Нусхабардории файлу папкаҳо;5) Ҷойивазкунии файлу папкаҳо;6) Несткунии файлу папкаҳо;7) Номивазкунии файлу папкаҳо.Нишонаҳо ва ярликҳоНишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектҳои асосии Windows-ро программаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳад. Ҳар он амалиёте, ки гӯё бо нишонаи объекти гузаронида мешавад, дар асл бо худи объект иҷро карда мешавад. Масалан, нусхабардорӣ намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро нест намудан-ин объектро нобуд сохтан аст.Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гӯё тасвири графикии ягон объекти Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад , он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онро тасвир мекунад. Ярликҳоро асосан барои зуд кушодани папкаю ҳуҷҷатҳо ва бакор даровардани программаҳо истифода мебаранд. Барои ҳар як объект, бо номҳои гуногун, якчанд ярлик сохтан мумкин аст. Онҳоро дар як равзана ё равзанаҳои гуногун ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ярликро нишондиҳандаи суроғаи объект низ номидан мумкин аст. Агар мо ярликро нест кунем, он гоҳ дар асл на худи объект, балки нишондиҳандаи суроғаи он нест карда мешавад. Адабиётҳо1.“Информатикаи татбиқӣ” Комилов Файзалӣ С, Шарипов Дилшод С. ш. Душанбе-2009. 2.“Информатика” Гадоев Сайвалӣ ш.Душанбе-2002.3. Шабакаи интернет.

Просмотрено: 3

lib.infopage.tj

Системаи оператсионии Windows

Кор бо системаи оператсионии MS DOS одатан, тавассути интерфейси матнӣ амалӣ мегардад, ки дар фармонҳои аз клавиатура дохилшавандаи системаи оператсионӣ асос ёфтааст. Фармонҳои системаи оператсионии MS DOS зоҳиран ба пайдарпаии рамзҳо монанд буда, аз истифодабаранда аниқ донистани синтаксиси фармонҳоро талаб мекунандСИСТЕМАХОИ ОПЕРТСИОНӢ. СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Таърихи пайдоишКор бо системаи оператсионии MS DOS одатан, тавассути интерфейси матнӣ амалӣ мегардад, ки дар фармонҳои аз клавиатура дохилшавандаи системаи оператсионӣ асос ёфтааст. Фармонҳои системаи оператсионии MS DOS зоҳиран ба пайдарпаии рамзҳо монанд буда, аз истифодабаранда аниқ донистани синтаксиси фармонҳоро талаб мекунанд. Зеро, дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои синтаксисии фармонҳо муоширати истифодабаранда бо компютер амалӣ намегардад.Чӣ тавре, ки маълум аст, бо мақсади осон намудани муоширати истифодабаранда бо MS DOS барномаҳои махсус, масалан, – Norton Commander кор карда баромада шудааст, ки истифодабарандаро аз муҳити фармонии MS DOS озод намуда метавонад.Ҳоло бошад, интерфейсҳои графикии муширати истифодабаранда бо компютер мақоми аввалиндараҷа доранд ва яке аз системаҳои оператсионии графикии хеле паҳншуда – системаи оператсионии Windows аз корпоратсияи Microsoft мебошад. Интерфейси графикии Windows дар мафҳуми «оина» асос ёфтааст ва баъзан, онро интерфейси оинавӣ низ меноманд. Нақши марказии оинаҳо дар номи худи системаи оператсионӣ (Windows – оинаҳо) таҷассум ёфтааст. Хусусияти хоси чунин интерфейсро қабл аз ҳама оинаҳо ва инчунин, тасвирҳои хурди бо осонӣ дар хотир нигоҳдошташаванда – рамзҳо (тугмачаҳо, пиктограммаҳо) ташкил медиҳанд. Тавассути пахши чунин тугмачаҳои виртуалӣ амалиётҳои мувофиқ иҷро мешаванд ва чунин ташкили одии кор ба аксарияти истифодабарандагон маъқул шудааст.Он солҳое, ки тартибдиҳии Windows оғоз шуда истода буд, аҳамияти махсус ба муҳитҳои муттаҳидшуда дода мешуд. Масалан, ширкати VisiCorp – тартибдиҳандаи ҷадвали электронии VisiCalc бо тартибдиҳии бастаи Vision машғул буд, ки дар реҷаи матнӣ кор карда бо мушак низ идора карда мешуд. Баста бо мақсади муттаҳид намудани якчанд барномаҳо пешбинӣ шуда буд. Ширкати Quarterdesk бошад, муҳити бисёрвазифагии DESQView-ро кор карда мебарояд.Корпоратсияи Microsoft дар ин самт роҳи дигарро интихоб менамояд. Microsoft дар назди худ мақсади тартибдиҳии муҳити графикиро мегузорад, ки барои таҳиягарони барномаҳои амалӣ асоси (платформа) стандартӣ бошад. Ба таҳиягарони барномаҳо пешниҳод намудани тамоми функсияҳои насбшуда барои амалигардонии интерфейси муоширатӣ ва ҷузъҳои он – оинаҳо, меню, лавҳаҳои муоширатӣ ва ғ. пешбинӣ шуда буд.Баромадани аввалин навъи Windows хеле тўл кашида буд ва якчанд маротиба намоиши он ба дигар вақт гузаронида мешуд. Дар ниҳоят вақте, ки корпоратсияи Microsoft дар намоишгоҳи Comdex моҳи ноябри соли 1985 дар Лас-Вегас конфронс ташкил менамояд, навъи аввалини системаи оператсионии – Windows 1.0 пешниҳод мешавад.Лекин, дар муқоиса бо интерфейси Macintosh, ки он вақт ҳаводорони худро пайдо намуда буд, ояндаи муҳити акнун тавлидёфтаи Windows 1.0 на он қадар дурахшон менамуд. Масалан, дар Windows 1.0 оинаҳо аз болои ҳамдигар ҷойгир шуда наметавонистанд ва инчунин, мафҳуми мизи корӣ (desktop) амалӣ нагашта буд.Соли 1987 навъи Windows 2.0 мебарояд, ки нисбати навъи ибтидоии он Windows 1.0 як қатор имкониятҳои иловагиро соҳиб шуда буд. Оинаҳои аз болои ҳамдигар ҷойгиршаванда, тугмачаҳои барқароркунӣ ва кушодани оинаҳо, имконияти ҷойивазкунии оинаҳо дар экран, ҷорӣ намудани тарзҳои клавиатурии иҷроиши фармонҳои стандартӣ ва функсияҳои меню ва ғ. номбар намудан мумкин аст.Моҳи майи соли 1990 навъи Windows 3.0 пешниҳод шуд. Дар он дастгирии реҷаи ҳифзшуда амалӣ гашта буд, ки дар натиҷа имконияти ба барномаҳои амалӣ пешниҳод намудани фазои нисбатан зиёди хотиравӣ (то 16 Мб) пайдо шуда буд. Имконияти дар оина иҷро намудани DOS-барномаҳо ва бисёрмасъалагии шартӣ (псевдомногозадачность) татбиқ шуда буд. Интерфейси система низ мукаммалтар буд; дар ин қатор барномаи идоракунии файлҳо – File Manager ва Program Manager, воситаи омодасозии система – Control Panel, илованамоии шрифтҳои мутавозеъ, тасмаҳои варақгардонӣ ва ғ. номбар намудан мумкин аст.Маҳз аз ҳамин навъ оғоз карда, аксарияти ширкатҳо-истеҳсолкунандагон маҳсулотҳои худро бо ибораи «for Windows» ишора менамуданд.Ба мукаммалии худ нигоҳ накарда Windows 3.0 як қатор норасоиҳо дошт: нокифоягии захираҳои системавӣ, хатогиҳои системавии зиёд ва ғ. Ҳалли масаъалаҳои мазкур ба пайдоиши навъи Windows 3.1 оварда расонид, ки дар ибтидо танҳо ҳамчун навъи мукаммалгаштаи Windows 3.0 пешбинӣ шуда буд. Лекин, навъи мазкур, ки дар он дастгирии шрифтҳои масштабиронишавандаи технологияи TrueType татбиқ шуда, як қатор хатогиҳо назаррас ислоҳ шудаанд, онро ба маҳсулоти мукаммал табдил медиҳанд. Бинобар он, аксарияти мутахассисони солҳои 90-уми бо системаҳои оператсионии Windows кор карда, навъи Windows 3.1-ро беҳтар мешиносанд. Дар навъи мазкур татбиқи протоколи ҳуҷҷатҳои таркибии OLE, протоколи Drag-and-Drop ва дигар имкониятҳо оғоз шуда буд.Моҳи ноябри соли 1992 корпоратсияи Microsoft навъи нисбатан мукаммалшудаи Windows – Windows for Workgroups 3.11-ро мебарорад, ки аввалин системаи Windows бо дастгирии воситаҳои шабакавӣ буд. Системаи мазкур имконияти ба як шабака (шабакаи яксатҳӣ) муттаҳид намудани якчанд компютерҳоро пешниҳод менамуд. Акнун, барои ташкил намудани шабака аз ҷиҳати барномавӣ имкониятҳои танҳо Windows кифоя мешуданд. Дар Windows for Workgroups аввалин маротиба драйверҳои 32-разрядии таҷҳизотҳои виртуалӣ (VxD) истифода мешуданд. Инчунин, системаи мазкур дар реҷаи ҳифзшудаи микропротсессорҳои 386-ум кор карда, бо ҳамин давраи микропротсессорҳои 286-ум ба анҷом расонида мешавад.Моҳи июли соли 1993 Windows NT (3.51) ҳамчун системаи оператсионии сатҳи баланд барои компютерҳои навъи high-end бароварда мешавад. Системаи оператсионии мазкур аз ибтидо ҳамчун системаи оператсионии шабакавӣ пешбинӣ шуда буд, ки ҳам ба сифати сервер ва ҳам ба сифати стансияи корӣ кор карда метавонист. Windows NT–ро ҳамчун идомаи силсилаи Windows 3.х қабул намудан на он қадар саҳеҳ мешавад, зеро ба монандии зоҳирии онҳо нигоҳ накарда, системаи мазкур моҳиятан дигар аст. Windows NT ҳамчун система бо муътамадӣ ва устувории баланд тартиб дода шудааст ва гуфтан мумкин аст, ки чунин нақшаи таҳиягарон асосан амалӣ гаштааст.Моҳи августи соли 1995 системаи оператсионии Windows 95 бароварда шуд. То баромадани он садҳо ҳазор beta-навъҳои системаи оператсионӣ фурўхта мешаванд. Баромадани Windows 95 ба як ҳодисаи марказии соли 1995 табдил меёбад. Воситаҳои ахбороти умумӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва тамоми ширкатҳои компютерӣ чунин навоварии соҳаи информатикаро пешвоз мегирифтанд. Ширкатҳо-истеҳсолкунандагон барои соҳиб шудан ба тамғаи “Designed for Windows 95” талош мекарданд. Сабаби чунин овозаҳо оддӣ буд – пайдоиши системаи оператсионии дар ҳақиқат мукаммал.Ба истифодабарандагон афзалиятҳои интерфейси ба объект нигаронидашуда, аз ҷумла мизи корӣ ва рамзҳои ҳақиқӣ, нусхагирӣ ва ҷойивазкунӣ тавассути технологияи drag-and-drop, бастаҳои қабатнок, системаи файлӣ, ки номҳои дарози файлҳоро дастгирӣ мекунад ва ғ. пешниҳод шуданд. Инчунин, интерфейси барноманависии амалии 32-разрядӣ (API), фазоҳои ҳифзшудаи суроғавӣ барои барномаҳои 32-разрядии хоси система, ба равандҳо тақсим намудани барномаҳои амалӣ ва истифодабарии васеи драйверҳои виртуалиро номбар намудан мумкин аст, ки ба қатори афзалиятҳои Windows 95 дохил мешуданд.Системаҳои оператсионии MS DOS, Windows 95 ва Windows NT (инчунин, OS/2) дар ҷадвали ҷойгиршавии файлҳо майдонҳои 16-разрядиро амалӣ мегардонанд. Чунин системаи файлӣ FAT 16 номида мешавад. Он имконият медиҳад, ки дар FAT-ҷадвалҳо на зиёда аз 65536 сабтҳо (216) оиди мавқеи қиматҳо ҷойгир карда шаванд. Аз ҳамин сабаб навъҳои ибтидоии системаҳои оператсионии мазкур одатан, бо дискҳои сахти ҳаҷми зиёда аз 2 Гб дошта кор карда наметавонистанд.Аз навъи Windows 98 оғоз шуда, системаҳои оператсионии Windows системаи файлии нисбатан мукаммали FAT 32-ро бо майдонҳои 32-разрядии ҷадвали ҷойгиршавии файлҳо таъмин менамоянд. Чунин хусусияти системаҳои оператсионӣ имконияти истифодабарии дилхоҳ диски сахти ҳозираро медиҳанд.Ҳамин тавр, корпоратсияи Microsoft соли 1998 системаи оператсионии Windows 98–ро пешниҳод менамояд. Система ҳам барои компютери фардӣ ва ҳам барои ташкил намудани шабакаи локалӣ имкониятҳои кифоя дорад. Ғайр аз ин, дар системаи мазкур ба истифодабарандагон имконияти пайваст намудани компютерҳо ба шабакаи глобалии Интернет пешниҳод шудааст.Пас аз ин, системаҳои оператсионии Windows Ме/2000 мебароянд. Вале, дар амал истифодабарандагон асосан Windows 98-ро истифода менамуданд.Дар ниҳоят соли 2001 аз тарафи корпоратсияи Microsoft навъи охирини Windows – Windows ХР пешниҳод мешавад, ки ҳоло яке аз системаҳои оператсионии паҳншудатарин мебошад. Дар Windows ХР тамоми норасоиҳои системаҳои гузашта то ҳадди имкон ислоҳ шуда, як қатор имкониятҳои нав илова шудаанд.Тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои кори системаҳои оператсионии муосири навъи Windows-ро як қатор маводҳо ба забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба таври мушаххас муҳокима намудаанд. Дар ин қатор мафҳумҳои мизи корӣ, баста (папка, каталог), кор бо файлу бастаҳо, идоракунии хусусиятҳои файлҳо, насбнамоӣ, иҷроиш ва хориҷ намудани барномаҳо, насб намудани таҷҳизотҳои нав ва дигар имкониятҳои системаҳои оператсиониро номбар намудан мумкин аст.Ғайр аз функсияҳои асосӣ, системаҳои оператсионии муосир функсияҳои иловагии гуногунро пешниҳод намуда метавонанд. Масалан:• имконияти дастгирии шабакаи локалии компютерӣ бе истифодабарии таъминоти барномавии махсус;• таъмин намудани дастрасшавӣ ба имкониятҳои асосии Интернет бо ёрии воситаҳое, ки ба системаи оператсионӣ насб шудаанд;• бо воситаҳои системавӣ имконияти тартибдиҳии сервери Интернет, идоранамоӣ ва омоданамоии он;• мавҷудияти воситаҳои ҳимоякунандаи маълумотҳо аз дастрасшавӣ, азназаргузаронӣ ва тағйирдиҳии беиҷозат;• имконияти ба таври махсус ба танзим даровардани намуди зоҳирии муҳити корӣ;• имконияти таъмин намудани кори новобастаи якчанд истифодабарандагон дар як компютер бо нигоҳдории омоданамоии шахсии муҳитҳои кории ҳар яке аз онҳо;• имконияти иҷроиши автоматикии амалиётҳои омоданамоии компютер мувофиқи нақшаи додашуда ё таҳти идораи сервери дар масофаи калон воқеъбуда;• имконияти кор бо компютер барои шахсоне, ки нуқсонҳои ҷисмӣ доранд.Ғайр аз имкониятҳои номбаршуда, системаҳои оператсионии муосир дорои бастаи таъминоти барномавии амалӣ мебошанд, ки онҳоро дар масъалаҳои оддитарини ҳаррўза истифода намудан мумкин аст:• хониш, муҳаррирӣ ва чопи ҳуҷҷатҳои матнӣ;• тартибдиҳӣ ва муҳарририи тасвирҳои оддӣ;• иҷроиши ҳисобкуниҳои арифметикӣ ва математикӣ;• ташкил намудани рўзномаҳо ва қайдҳои корӣ;• тартибдиҳӣ, ирсолнамоӣ ва қабулнамоии ахборотҳои почтаи электронӣ;• тартибдиҳӣ ва муҳарририи ахборотҳои факсӣ;• хониш ва муҳарририи сабтҳои овозӣ;• хониши видеосабтҳо;• тартибдиҳӣ ва хониши ҳуҷҷатҳои электронии комплексӣ, ки матн, графика, сабтҳои овозӣ ва видеоро дар бар мегиранд.Бо ин, имкониятҳои системаҳои оператсионӣ ба охир намерасанд. Бо баробари тараққиёти воситаҳои таҷҳизотии технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои алоқа функсияҳои системаҳои оператсионӣ бефосила васеъ шуда истода, воситаҳои иҷрокунандаи онҳо мукаммал шуда истодаанд.

Барномаҳои стандартии WindowsБа таркиби системаи оператсионии Windows гурўҳи калони барномаҳои стандартӣ дохил мешаванд. Онҳо барои иҷроиши намудҳои гуногуни амалиётҳои ҳаррўзаи истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ, барномаҳои стандартӣ ба чунин қисмҳо ҷудо мешаванд:• барномаҳои стандартӣ;• барномаҳои хидматӣ;• барномаҳои мултимедиавӣ;• воситаҳои махсус.

Ба қатори барномаҳои стандартӣ барномаҳои тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои оддитарин, тартибдиҳӣ, коркард ва намоиши тасвирҳои на он қадар мураккаб, ҳисобкуниҳои оддии математикӣ ва ғ. дохил мешаванд.

Просмотрено: 3

lib.infopage.tj

Системаҳои оператсионӣ. Системаи оператсионии Windows — Мавзуҳои тоҷикӣ

Дар шабакаҳои зерин паҳн кунед!

Системаҳои оператсионӣ. Системаи оператсионии Windows

Нақша:

  1. Системаҳои оператсионӣ. Сохтори файлӣ.
  2. Намудҳои системаҳои оператсиони.
  3. Системаи оператсионии Microsoft Windows.
  4. Имкониятҳои Win­dows.
  5. Объектхои Windows ва хосиятҳои онҳо. Тарзҳои ба кор андозии барномаҳо дар Win­dows

1.Муқаддимаисистемаиоператсионии Microsoft Windows

Маҷмӯи программаи гуногун мавҷуданд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Программамиамалй Ин қабили программа барои ҳалли як ё якчанд масъалаи соҳаҳои муайяни математика, иқтисодиёт, мухандиси ва ғайра кор фармуда мешаванд.
  2. Программаи системавй. Онхо на чандон зиёд буда хеле муҳиманд, чунки бе онҳо ягон программаи амалй кор карда наметавонад. Ин программаҳо ҳамаи қисмҳои компютерро ба як системаи том алокаманд мекунанд ва барои хамин ҳам системавй номида мешаванд.

Комплекси программаи системавӣ системаи оператсионй номида мешавад.

Дар замони хозира даҳҳо системаи оператсионӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо системаҳои оператсионии MS DOS, Unix, Windows 3.1, Windows NT, Windows 95 ва ғайра маълуманд. Барои компютерҳои IBM PC системаи оператсионии асосй аз соли 1981 то соли 1995 MS DOS буданд. Дар ин муддат онҳо аз версияи MS DOS l .0 то MS DOS 6.22 инкишоф ёфтаанд.

Яке аз хусусиятҳои компютерҳои IBM PC аз он иборат буд, ки дар онҳо реҷаҳои матнӣ ва графикии экранро дар як вақт истифода бурдан мумкин нест. Масалан, як қисми экранро матнӣ ва дигарашро графики карда кор кардан имконпазир нест. Фирмаи Microsoft аз соли 1981 оиди системаи оператсионии графики барои компютерҳои IBM PC кор мебурд. Чунин система соли 1995 бо номи Microsoft Windows 95 пайдо шуд. То пайдоиши Microsoft Windows 95 компютерҳои IBM PC бо системаи оператсионии тайёр графикии MS DOS кор мекарданд, аммо барои онҳо якчанд абрчахои графикии Windows (Bepcnflx,OH 1-0, 2.0, 3.0. 3.1, 3.11) ташкил дода буданд. Онҳо ҳамчун программаи мукаррарии MS DOS ба кор андохта мешаванд, яъне системаҳои оператсионии мустақил набуданд. Аз сабаби бо пайдоиши абрчахои графикии Windows имкониятҳои нав ба вучуд омад онро на абрча, балки мухит меномидагӣ шуданд.

Мафҳуми асосии муҳити Windows — оина аст. Оина ин сегменти росткунҷашакли экран мебошад, ки бештар вакт бо чорбуча махдуд аст. Ҳар як илова (программа) дар оинаи алоҳида ки як қисми ё тамоми экранро ишғол карданаш мумкин аст, иҷро мешавад программаи амалиро ба кор андохтан—ин кушодани оинаи-иловаро мефаҳмонад. Махкам кардани онинаи илова ба итмомрасии программаро мефахмонад. Дар як вакт акчанд   илова иҷро шуданаш мумкин аст.  Бо ёрии мушак аз як илова ба иловаи дигар гузаштан мумкин аст.

Асбоби асосии кор дар муҳити Windows мушак ва клавистура мебошад.

Баъзе аз хусусияти Windows-ро номбар мекунем

1)Бисёрвазифа, яъне он имконияти  дар як вақт  бакорандозии якчанд программаро соҳиб аст.

2)Интерфейси программавии ягонаро дорад, яъне ҳамкории байни программаҳо ҳаминтавр ташкил шудааст, ки имконияти ташкили маълумот дар як программа ва гузуронидани онҳо дар программаҳои дигар мавҷуд аст.

3) Он касе, ки як программаи Windows навиштаро таҳлил кунад, программаи дигарро омӯхтанаш мумкин аст.

4)Интерфейси графики истифодабарандаро соҳиб аст, яъне системаи операсиониро бо ёрии мушак идора кардан мумкин аст.

Системаи оператсионии Windows 95 инкишоф ёфта тобистони 1998 системаи оператсионии Windows 98 пайдо гашт. Вай бештар боэътимоднок буда, ороишаш хушруйтар аст. Хусусияти мухимтарини Windows 98 он аст, ки ба Интернет равона карда шудааст.

Ҳоло системаи оператсионии Windows Millenium Edition (мухтасар Windows Me), Windows NT  ва  Windows ХР кор карда шудааст. Дар ҳамаи компутерҳои намуди Pentium ин гуна системами оператсионй кор фармуда мешавад. Ҳамаи версияхои Windows аз рўи интерфейси худ ба ҳамдигар монанд буда, ба хамон як мафҳуми оина асос карда шудааст. Версияи пештара ба версияи сонитараш мегузарад (на баръакс). Мо дар ин васоит бо системаи оператсионии Windows 98 ошно хоҳем гашт.

Программаи дар Windows мавҷуда қисми бештари амалҳоро бо якчанд тарз ичрокарданашон мумкин аст:  бо ёрии командахои сатри меню; бо ёрии

кнопкахои панели асбобхо;  бо ёрии менюи контекстӣ; бо ёрии командаҳои клавиатуравӣ. Таваҷҷухи моро бештар сатри менюҳо ҷалб мекунад. Бандхои аввали сатри менюро стандартӣ ҳисобидан мумкин аст.

Бандҳои Файл барои кор бо файлхо, воситаи идоракунии чопкунӣ , командаи баитмомрасии кор пешбини шудааст. Дар банди Правка командаҳо барои кор бо буфери ивазкунӣ, бекоркунӣ ва баркароркунии амалҳо чустучӯ ва иваз мавҷуд мебошанд.

  1. Объектҳои системаи оператсионии Windows

Дар системаи оператсионии Windows дар зери калимаи объект, он чӣ ки бо  вай системаи оператсионӣ кор мекунад, фахмида мешавад. Объект ин мафҳум аст, лекин мафхумро муайян намекунанд, балки дохил мекунанд. Дар системаи оператсионй таърифи аниқи объект мавҷуд нест, ба монанди  таърифхои нуқта, мачмуъ ва алгоритм дар математика  мавчуд нестанд. Ба объект мафҳуми хосият -у алокаманд аст. Объект бе хосиятхо ва хосият бе объект вучуд дошта наметавонад. Ҳамаи объектхо бо хосиятхои худ фарқ мекунанд.

Хамон як предмет дар як маврид объекти системаи оператсионй ба хисоб рафтанаш мумкин аст ва дар мавриди дигар обьектро ифоданакарданаш мумкин аст. Масалан, диски сахти дар руи миз гузоштаро дида мебароем. Вай ба хосиятхои зерин соҳиб аст: масса нарх, санаи истехсол, гунҷоиши номиналӣ, хосиятхои номбаршуда барои системаи оператсионӣ Windows фарқ надорад ва аз ин лихоз объект ба шумор намеравад. Лекин агар ҳамон диски сахти дар компутер васлшударо, ки дар системаи оператсионии Windows ба кайд гирифта шудааст, дида бароем, онро чун объекти системаи оператсионй дида баромадан мумкин аст, чунки вай дар мухити система дорой хосиятхои фарккунанда аст: ном, андозаи пурра, андозаи фазой озод, санаи тачдид ва ғайра.

Файл ва папка ҳамчун объекти системаи оператсионин Windows ба ҳисоб меравад. Онҳоро дар экрани компютер бо нишонаҳои махсус бо номашон тасвир кардан мумкин аст. Масалан: —   ин нишонаи Корзина мебошад. Мо-бо нишона кор карда, дар асл бо объектҳо сарукор дорем. Намуди дигари нишона папка/ярлык буда, он объектро тасвир намекунад. Агар дар кунҷи поёнии чапи нишона тирча     мавҷуд бошад, он гоҳ ин тамғаро муайян мекунад.

Tамға — ин мурочиат ба папка ё файл аст. Масалан,        — муроҷиат ба программаи Microsoft Word аст. Папка ё файл дар ягон чои диск чойгир шудааст, тамгаро бошад, дар кучое ки кулай ҳисоб меёбад, ҷойгир кардан мумкин аст. Бо максади ҷустуҷуи файли зарурй ҳамаи диск ва папкахоро кофтуков накарда, истифодаи тамга хеле қулай аст. Якчанд тамга дар чойхои гуногуи ба хамон як объект муроҷиат карданаш мумкин аст. Агар тамғаро хориҷ кунем, он гоҳ на худи объект, балки мурочиат ба объектро хориҷ мекунем.

Нуқтаи назари физики тамға файли на чандон калонро ифода мекунад ва гўё адреси объектро муайян мeкунад. Бо тамга кор кардан барои мо хеле кулай аст. Умуман бе тамга ҳам кор кардан мумкин аст. Лекин тамғаи дар папкаи дилхоҳ ҷойгиршударо аз зарурати то объекти даркорӣ рафтаи, ҷустуҷу ё дар хотир нигохдории ҷои ислохшудаи вай озод мекунад.

Тамғаҳои х имконияти дастраси: обьектхоро аз ҷойҳои гуногун доранд. Tамгахоро барои программахо, хуҷҷатҳо ё принтер дар ҳар гуна; папка ташкил додан мумкин аст.

Taғмapo бо ёрии кашолакунии тугмачаи чапи мушак бо ёрии менюи контекстӣ ташкил додан мумкин аст.

 

  1. Кнопкаи Пуск ва Менюи асосӣ

Дар кисми  чапи панели масъалаҳо кнопкаи пуск  мавҷуд аст. Дар вақти қарсоси мушак ба ин кнопка менюи асосии Windows — Главное меню (менюи асосй) пайдо мешавад. Менюи асосй аз бандҳо иборат аст. Аз х,ама мухимаш барои мо банди Программы аст. Бо ёрии он программахоеро ба кор меандозем. Дар тарафи рости банд рамзи ► мавҷуд аст. Вай мефаҳмонад, ки банди менюи асосй соҳиби зерменюи дохили он хобида аст. Дар вакти курсорро ба ин сатр овардан папка кушода шуда, ҳар он чизе ки дар дохили он аст — программахо, ҳуччатхо ва ғайра мебарояд. Дар банди Программы ҳамаи программаҳоеро, ки дар системаи Windows  баробар карда шудааст, мавчда аст. Курсорро ба ин банд оварда, мушакро қарсос кунем, хамаи он чизе ки дар он  мавҷуд аст пайдо мешавад. Дар менюи Документы (ҳуччатҳо) руй ҳуччатҳо рӯи охирини коркардаамон аз руи алифбое нигоҳ дошта мешавад. Хуҷҷати ихтиёрӣ аз ин руӣхат бо карсоси мушак ба редактораш гузаронида мешавад.

Менюи Справка (маълумот) имконияти муроҷиат ба системаи маълумотии Windows — ро медиҳад.

0 Загрузки

Похожее

tj.allinweb.ru

Имкониятҳои системаи оператсионии WINDOWS

Системаи оператсионии графикии Windows барои компютерҳои ҳозиразамони IBM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад. Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад.Имкониятҳои системаи оператсионии WINDOWSСистемаи оператсионии графикии Windows барои компютерҳои ҳозиразамони IBM PC системаи стандартӣ ба ҳисоб меравад. Калимаи Windows (Виндовз) дар забони тоҷикӣ тарҷумаи тирезаҳо, равзанаҳоро дорад. Барои чӣ ин системаро Windows номидаанд? Гап дар он аст, ки дар ин система ҳар як программа дар экран дар дохили равзанаи худ тасвир карда мешавад. Бо ёрии элементҳои равзанаҳо бошад, программаҳо идора ва иҷро карда мешаванд. Windows то имрӯз аз вариантҳои аввалаи худ хеле мукаммалтар гардонида шудааст. Ҳар як варианти

баъдинаи Windows аз вариантҳои пештарааш имкониятҳои зиёдтар дорад. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳанд. Масалан, Windows 98 соли 1998 ихтироъ карда шуда, ба ғайр аз функсияҳои системаи оператсионии MS DOS ва вариантҳои пештараи Windowsро дар бар гирифтанаш, боз имкониятҳои алоқаи шабакавии компютериро таъмин менамояд. Кор дар ҳар гуна варианти Windows аз системаи оператсионии MS DOS дида осонтар ва қулайтар аст. Чаро? Аввалан, барои ба воситаи DOS идора намудани компютер бо ёрии клавиатура командаҳои зиёди англисиро ба хотираи он дохил намудан зарур аст. Худи командаҳо, вазифаҳои онҳо, параметрҳояшон ва ғайраро аз ёд донистан лозим аст, вагарна барои иҷро намудани ягон амалиёт ҳуҷҷатҳои техникии зиёдро доимо мутолиа намудан ва дар назди худ нигоҳ доштан лозим меояд. Баъдан, ҳар як DOS-программа дар экран намуди зоҳирии ба худ хос ва маҷмӯи командаҳои хоси худро дорад, ки онҳо аз командаҳои программаҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалиёти якхелаи нусхабардорӣ ё несткунии фрагменти матни ҳуҷҷат ва ё гирифтани маълумот оиди ин ё он ҷабҳаи программа, ки қариб барои ҳамаи программаҳо хос мебошанд, дар ҳар як программа ба воситаи командаҳои гуногун иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам лозим меояд, ки омӯзиши ҳар як DOS-программа аз сифр сар карда шавад. Чунин норасоӣ ва камбудиҳо дар системаи оператсионии графикии Windows ҳалли худро ёфтаанд. Windows барои ҳамаи программаҳои худ муҳити ягонаи кориро (интерфейс) таъмин менамояд. Яъне амалиёти якхела дар ҳамаи программаҳо бо ёрии командаҳои якхела иҷро карда мешаванд. Ҳатто командаҳои Windows ҳам аз командаҳои DOS ба куллӣ фарқ доранд. Дар Windows ҳар як команда аз рӯйхати махсуси меню номидашаванда, бо ёрии муш интихоб ва иҷро карда мешавад ва ҳамин тариқ, зарурати командаро аз ёд донистан аз байн меравад.

Аз тарафи дигар, ҳар як Windows-парограмма дар экран дар шакли нишонае инъикос карда мешавад ва барои онро ба кор даровардан танҳо ба ҳамон нишона таъсир расонидан кифоя аст. Азбаски нишонаҳо доимо дар экран намудоранд, бинобар ҳамин номи программаҳоро аз ёд донистан шарт нест. Бартарии дигари системаи оператсионии Windows аз DOS дар он аст, ки дар ин ҷо якбора якчанд программаро ба кор дароварда, бо онҳо кор кардан мумкин аст. Илова бар ин информатсияи як программаро дар программаҳои дигар истифода бурдан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, системаи оператсионии Windows:• Интерфейси графикии байни компютер ва истифодабарандаро таъмин менамояд.• Таъминоти программавии базавӣ ба шумор меравад, ки дар асоси он таҳриргарони матнӣ (масалан, Microsoft Word), таблитсаҳои электронӣ (масалан, Microsoft Excel), базаи маълумотҳо (масалан, Microsoft Access) ва дигар программаҳои амалӣ кор мекунанд.• Идоракунии хотираи компютер ва амалиёти дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсияро ба ӯҳдаи худ мегирад.• Программаҳои хидматии махсусро дар бар мегирад, ки онҳо доимо дурустии худи система, программаҳои он, файлҳо, каталогҳо ва дискҳоро месанҷанд ва ба онҳо хизмат мерасонанд.

ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWSОғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифодабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед – Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пӯшида шавад – Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурӯъ менамояд.

Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол – Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо ама лиёт гузаронида шаванд.Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомӯш карда шавад. Асосан ду тарзи анҷомдиҳии кори система ва хомӯшгардонии компютер ҷой дорад:

1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан;2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.

Microsoft WINDOWSЗавершение работы Windows (Анҷоми кори Windows )Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомӯш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад:Теперь питание компьютера можно отключить (Акнун компютерро хомӯш кардан мумкин аст). Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомӯш кардан мумкин аст. Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд. Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурӯъ менамояд. Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.Имкониятҳои системаи оператсионии WINDOWS

Просмотрено: 2

lib.infopage.tj


Смотрите также